Уммифарва духтари Имом Содиқ (а)
Бо Уммифарва модари Имом Содиқ (а) иштибоҳ нашавад.
| Куния | Уммифарва |
|---|---|
| Маҳалли зиндагӣ | Мадина |
| Насаб | Банӣ Ҳошим |
| Зодгоҳ | Мадина |
| Хешовандон | Имом Содиқ (падар), Ҳусайн ибни Зайд ибни Алӣ (ҳамсар) |
Уммифарва (форсӣ: امفروه) духтари Имом Содиқ (а) буд. Модараш Фотима, духтари Ҳусайн ибни Алӣ ибни Ҳусайн (а) аст. Исмоил ва Абдуллоҳ бародарони тании ӯ буданд.[1]
Бар асоси назари Ибни Шаҳрошӯб, номи ӯ Асмо ва куняаш Уммифарва будааст. Ҳарчанд ӯ аз Асмо, Уммифарва ва Фотима ҳамчун се духтари Имом Содиқ (а) низ ном бурдааст.[2]
Уммифарва бо писараммааш Ҳусайн ибни Зайд ибни Алӣ издивоҷ кард.[3] Аммо Фахри Розӣ, аз уламоии аҳли суннат, ҳамсари ӯро Абдулазиз ибни Суфёни Марвонӣ донистааст.[4]
Бар асоси ривояте ки дар Равзаи ал-Кофӣ нақл шудааст, Имом Содиқ (а) аз Суфён ибни Мусъаб хост ки марсияе дар азои Имом Ҳусайн (а) бихонад ва дастур дод, ки Уммифарва низ дар маҷлис ҳозир шавад. Бо оғоз шудани марсия, Уммифарва ба гиря афтод. Ин марсия бо хитоб ба Уммифарва оғоз шудааст:
فَرْوُ جُودِي بِدَمْعِكِ اَلْمَسْكُوبِ: «Эй Уммифарва! Нисор кун ашки резонатро».[5]
Эзоҳ
Сарчашма
- Ибни Шаҳрошӯб, Муҳаммад ибни Алӣ, Маноқиби Оли Абитолиб, Қум, Нашри Аллома, 1379ҳ.қ.
- Кулайнӣ, Муҳаммад ибни Яъқуб, Равзаи Кофӣ, таҳқиқ ва таълиқ: Алиакбар Ғаффорӣ, Теҳрон, Дор-ул-кутуб-ил-исломия, 1362ҳ.ш.
- Муфид, Муҳаммад ибни Муҳаммад, ал-Иршод фи маърифати ҳуҷаҷ-ил-лоҳи ала-л-ибод, таҳқиқ: Муассисату Ол-ил-байт (а), Қум, Конфронси Шайхи Муфид, 1413ҳ.қ.
- Фахри Розӣ, Муҳаммад ибни Умар, аш-Шаҷарат-ул-муборака фи ансоб-ит-толибия, Қум, Китобхонаи Оятуллоҳ Мараъшии Наҷафӣ, чопи дуюм, 1419ҳ.қ.
- Шабровӣ, Ҷамолуддин, ал-Итиҳоф би ҳубб-ил-ашроф, Қум, Дор-ул-кутуб, чопи аввал, 1423ҳ.қ.