Сиқли акбар

Аз wikishia

Сиқли акбар (арабӣ: ثِقْل اکبر) васфе, ки Пайғамбар (с) дар ҳадиси Сақалайн барои Қуръон ба кор бурда аст. Сиқл/арабӣ: ثِقْل ба маънои бори сангин[1] ва сақал/арабӣ: ثَقَل ба маънои ҳар чизи боарзишу гаронбаҳо аст.[2] Ба гуфтаи Фирӯзободӣ, олими луғавии қарни нуҳуми қамарӣ, калимаи сақалайн дар ҳадиси Сақалайн аз сақал гирифта шуда аст.[3]

Бино бар бархе нақлҳои ҳадиси Сақалайн, Пайғамбар дар ин ҳадис, Қуръонро сиқли акбар ва Итратро сиқли асғар муаррифӣ карда, гуфтааст, агар умматаш ба он ду тамассук кунанд, ҳаргиз гумроҳ нахоҳанд шуд.[4] Пайғамбар (с) ҳамчунин дар хутбаи Ғадир, Қуръонро сиқли акбар ва Алӣ (а) ва поконе аз фарзандонашро сиқли асғар муаррифӣ карда аст.[5]

Имоми Алӣ (а) низ дар мавориде худро сиқли асғар ва Қуръонро сиқли акбар муаррифӣ карда аст; аз ҷумла дар яке аз хутбаҳояш[6] ва низ дар тавсияе, ки ба Кумайл ибни Зиёд дошта аст.[7]

Дар бораи чароии тавсиф шудани Қуръон ба сиқли акбар гуфтаанд, аз онҷо ки Итрат тобеъ ва пайрави Қуръон аст, Қуръон бузургтар аз он муаррифӣ шуда аст.[8] Бархе низ гуфтаанд: чун Қуръон муъҷизаи Пайғамбар ва асоси дин ба ҳисоб меояд, аз Итрат бузургтар аст.[9]

Ҷусторҳои вобаста

Сиқли асғар

Эзоҳ

  1. Ибни Манзур, Лисон-ул-араб, 1414ҳ.қ., ҷ.11, саҳ.85 (зайли калимаи сиқл).
  2. Фирӯзободӣ, ал-Қомус-ул-муҳит, 1426ҳ.қ., саҳ.972 (зайли калимаи сиқл).
  3. Фирӯзободӣ, ал-Қомус-ул-муҳит, 1426ҳ.қ., саҳ.972 (зайли вожаи сақал).
  4. Айёшӣ, Тафсир-ул-Айёшӣ, 1380ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.5.
  5. Яъқубӣ, Таърихи Яъқубӣ, ҷ.2, саҳ.112/ Ибни Товус, Иқбол-ул-аъмол, 1409ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.456.
  6. Наҳҷ-ул-балоға, хутбаи 87.
  7. Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1390ҳ.қ., ҷ.74, саҳ.375.
  8. Баҳронӣ, Шарҳи Наҳҷ-ул-балоға, 1404ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.187.
  9. Хуӣ, Минҳоҷ-ул-бароат, 1400ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.234.

Сарчашма

  • Ибни Товус, Алӣ ибни Мусо, Иқбол-ул-аъмол, Теҳрон, Дор-ул-кутуб-ил-исломийя, 1409ҳ.қ.
  • Ибни Манзур, Муҳаммад ибни Мукаррам, Лисон-ул-араб, тасҳеҳи Аҳмад Форис, Бейрут, Дор-ул-фикр-ит-табоъати ва-н-нашри ва-т-тавзиъ ва Дору содир, 1414ҳ.қ.
  • Баҳронӣ, Ибни Майсам, Шарҳи Наҳҷ-ул-балоға, Қум, матбаъаи Ҳайдарӣ, 1404ҳ.қ.
  • Хуӣ, Мирзоҳабибуллоҳ, Минҳоҷ-ул-бароат фи шарҳи Наҳҷ-ул-балоға, тасҳеҳи Сайидиброҳими Миёнаҷӣ, Теҳрон, Мактабат-ул-исломийя, 1400ҳ.қ.
  • Айёшӣ, Муҳаммад ибни Масъуд, Тафсир-ул-Айёшӣ, таҳқиқи Сайидҳошим Расулии Маҳаллотӣ, чопхонаи Илмийя, Теҳрон, 1380ҳ.қ.
  • Фирӯзободӣ, Муҳаммад ибни Яъқуб, ал-Қомус-ул-муҳит, Бейрут, Муассисат-ур-рисолат, 1426ҳ.қ./2005м.
  • Маҷлисӣ, Муҳаммадбоқир, Биҳор-ул-анвор-ил-ҷомеъа лидурари ахбор-ил-аиммат-ил-атҳор, Теҳрон, Дор-ул-кутуб-ил-исломийя, 1390ҳ.қ.
  • Яъқубӣ, Аҳмад, Таърихи Яъқубӣ, Бейрут, Дору содир, (бе то).