Үндана:Ҷумҳурии исломӣ
Ҷумҳурии Исломӣ (форсӣ: جمهوری اسلامی) навъе аз низоми ҳукуматӣ бар асоси ду унсури мардум ва Ислом аст. Тарафдорони ин навъи низоми сиёсӣ шакли ин ҳукуматро ҷумҳурӣ ва мӯҳтавои онро исломӣ талаққӣ мекунанд. Онҳо ҷумҳурии исломиро ба маънои дахолат додани хосту иродаи мардум дар ҳукуматдорӣ, дар чорчӯби қонунҳои Ислом ба шумор меоваранд. Сайид Алӣ Хоманаӣ, дувумин Раҳбари Ҷумҳурии исломии Эрон, дар таҳлили ҷумҳурии исломӣ, аз ибораи мардумсoлории динӣ баҳра мебарад, ки ба маънои дахолат ва таъсири мардум дар тамоми соҳаҳои ҳокимият, дар чорчӯби қонуну муқаррароти исломӣ аст.
Ба ақидаи баъзе, ҷумҳурии исломӣ бо ҳаққи ҳокимияти мардум созгор нест; зеро дар ҷумҳурии исломӣ, бояд ба қонунҳои Ислом пойбанд буд, ҳарчанд бо хоҳиши мардум мухолиф бошад. Муртазо Мутаҳҳарӣ, андешманди динӣ, ба ин эрод чунин посух дода: демократия ба маънои пазириши ҳар идеология нест, балки таҳаққуқи хоҳиши мардум дар чорчӯби як мактаби пазируфташуда аст.
Дар баъзе аз кишварҳои мусалмоннишин монанди Эрон, Покистон ва Мавритания низоми сиёсии ҷумҳурии исломӣ барқарор аст.
Муаррифӣ ва ҷойгоҳ
«Ҷумҳурии исломӣ» навъе аз сохтори сиёсии ҳокимият бар асоси ду унсури ҷумҳурият ва исломият аст.[1] Ҳукумати ҷумҳурӣ ҳукумате таъриф мешавад, ки раиси он аз ҷониби мардуми кишвар, барои муддати маҳдуд интихоб мешавад.[2] Имом Хумайнӣ (1902 - 1989), бунёнгузори Ҷумҳурии исломии Эрон ва Муртазо Мутаҳҳарӣ (ваф.1979), андешманди шиа, ҷумҳурии исломиро низоме медонанд, ки шакл ва қолаби он ҷумҳурӣ ва мӯҳтавои он баромада аз Ислом аст.[3]
Сайид Муҳаммад Биҳиштӣ (ваф.1981) низомҳои сиёсии ҷумҳурӣ дар дунёро ба ду даста тақсим кардааст: дастаи нахуст низомҳое ҳастанд, ки танҳо бар як асл устувор ҳастанд ва он раъйи мардум аст. Ин низомҳо низомҳои демократикӣ ҳастанд, ки бар асоси идеологияи хосе нестанд. Дастаи дувум низомҳое ҳастанд, ки бар асоси идеологияи хосе ҳастанд. Дар ин навъи низомҳо, хосту назари мардум дар чорчӯби он идеологияи пазируфтаи мардум маъно пайдо мекунад. Ҷумҳурии исломӣ аз ин синфи низомҳост.[4]
Созгории исломӣ будани ҳукумат бо ҳаққи ҳокимияти мардум
Баъзе соҳибназарон ин эродро пешниҳод кардаанд, ки мафҳуми «Ҷумҳурии исломӣ» бо ҳаққи ҳокимияти мардум дар тазодд аст; чун дар ҷумҳурии исломӣ, заруратан қонунҳо ва усули исломӣ бояд пазируфта шавад; аммо дар демократия, мардум бояд ҳаққи интихоби сарнавишташонро дошта бошанд. Муртазо Мутаҳҳарӣ, андешманди динӣ, дар посух ба ин эрод мегӯяд, ки демократия ба маънои пазириши ҳар идеология нест, балки таҳаққуқи хоҳиши мардум дар чорчӯби як мактаби пазируфташуда аст.[5] Сайид Алӣ Хоманаӣ, дувумин Раҳбари Ҷумҳурии исломии Эрон ҳам, дар ташреҳи ин сохтори сиёсӣ, онро таҳаққуқи ҳамзамони иродаи мардум дар умури сиёсӣ ва қонунҳои Ислом талаққӣ карда ва аз он бо унвони мардумсолории динӣ ёд кардааст.[6]
Кишварҳое, ки низоми ҷумҳурии исломӣ доранд
Ҷумҳурии исломӣ, ҳамчун яке аз намудҳои ҳукумати ҷумҳурӣ дар адабиёти сиёсии ҷаҳон, дар асри XX ба миён омад ва ҳамчун низоми сиёсии ҳукмрон дар чанд кишвар муаррифӣ шуд: Ҷумҳурии исломии Туркистони Шарқӣ аввалин ҳукумат бо ин ном муаррифӣ шудааст. Ин ҳукумат дар солҳои 1930-юм, дар минтақаи ғарбии Чин дар шаҳри Кошғар аз ҷониби ҳаракати исломии Туркистон Шарқӣ таъсис ёфт, ки албатта чандон давом накард.[7] Дар 28 ноябри соли 1960-ум, пас аз истиқлоли Мавритания аз Фаронса, низоми расмии ҳукмрон дар ин кишвар ҷумҳурии исломӣ эълон гардид.[8]
Соли 1973 ҳам дар қонуни асосии Покистон, низоми сиёсии ҷумҳурии исломӣ, ҳамчун режими ҳоким бар ин кишвар муаррифӣ шуд ва барои татбиқи қонунҳо бо Ислом, «Шӯрои ақоид ва аҳкоми исломӣ» дар қонуни асосӣ дарҷ шуд.[9] Пас аз Инқилоби исломии Эрон, ба пешниҳоди Имом Хумайнӣ ва бо ҳамапурсӣ аз мардум, дар 1 апрели 1979, ҷумҳурии исломӣ ҳамчун низоми сиёсии ҳоким бар Эрон интихоб шуд.[10] Дар кишварҳои Афғонистон[11] ва кишвари африқоии Гомбиё[12] низ замоне ҷумҳурии исломӣ вуҷуд доштааст.
Эзоҳ
- ↑ Муттаҳарӣ, Маҷмуаи осор, ҷ.24, саҳ.329 - 330.
- ↑ «معنی "جمهوری" در "لغتنامۀ دهخدا"», Сайти муассисаи Луғатномаи Деҳхудо.
- ↑ Хумайнӣ, Саҳифаи Имом, ҷ.5, саҳ.398; Муттаҳарӣ, Маҷмуаи осор, ҷ.24, саҳ.329 - 330.
- ↑ Ҳусайнии Биҳиштӣ, Сурати машруҳи музокироти Маҷлиси баррасии ниҳоии Қонуни асосии Ҷумҳурии исломии Эрон, ҷ.1, саҳ.380.
- ↑ Муттаҳарӣ, Маҷмуаи осор, ҷ.24, саҳ.330 - 331.
- ↑ Хоманаӣ, «سخنرانی تلویزیونی به مناسبت سیودومین سالگرد رحلت امام خمینی (رحمهالله)», Пойгоҳи иттилоърасонии Дафтари ҳифз ва нашри осори Оятуллоҳ Хоманаӣ; «بیانات در دیدار اعضای مجلس خبرگان رهبری», Пойгоҳи иттилоърасонии Дафтари ҳифз ва нашри осори Оятуллоҳ Хоманаӣ.
- ↑ Гладней, «کاشغر، دروازه غربی چین», саҳ.133; «نگاهی به تاریخ تمدن و فرهنگ اویغورها و ترکستان شرقی», Хабаргузории Анатоли.
- ↑ «درباره مورتانی، اطلاعات کلی», Сомонаи Сафорати Ҷумҳурии исломии Эрон дар Нуакшот.
- ↑ Асадӣ, Ҷаҳони Ислом, ҷ.2, саҳ.137.
- ↑ Имом Хумайнӣ, Саҳифаи Имом, ҷ.3, саҳ.486; Рӯзҳо ва рӯйдодҳо, ҷ.1, саҳ.81
- ↑ Баҳманӣ Қоҷор, Шиаёни Афғонистон; равобит, ҷойгоҳ, ҷараёнҳо ва аҳзоб, саҳ.43 ва 44.
- ↑ «گامبیا، جمهوری اسلامی شد», Хабаргузории Ҷумҳурии исломӣ.
Сарчашма
- Асадӣ, Муртазо, Ҷаҳони Ислом, Теҳрон, Маркази нашри донишгоҳӣ, 1366ҳ.ш.
- Баҳмании Қоҷор, Муҳаммадалӣ, Ҷойгоҳи сиёсӣ ва иҷтимоии шиаён дар Афғонистон, Теҳрон, Муассисаи мутолиоти андешасозони нур, 1392ҳ.ш.
- Гладней, Дрюси, «کاشغر، دروازه غربی چین» (Кошғар, дарвозаи ғарбии Чин), тарҷумаи форсии Муҳсин Ҷаъфарӣ Мазҳаб, маҷаллаи фарҳангӣ-ҳунарии Бухоро, №36, хуpдоди 1383ҳ.ш.
- Дафтари ақидатӣ-сиёсии Фармондеҳии муаззами кулли қуво, Рӯзҳо ва рӯйдодҳо, таҳия ва танзими дафтари ақидатӣ-сиёсии Фармондеҳии муаззами кулли қуво, Теҳрон, нашри Ромин, 1378ҳ.ш.
- Имом Хумайнӣ, Руҳуллоҳ, Саҳифаи Имом, Теҳрон, Муассисаи танзим ва нашри осори Имом Хумайнӣ, 1378ҳ.ш.
- Муттаҳарӣ, Муртазо, Маҷмуаи осор, Теҳрон, Садро, 1384ҳ.ш.
- Хоманаӣ, Сайид Алӣ, «بیانات در دیدار اعضای مجلس خبرگان رهبری» (Баёнот дар дидори аъзои Маҷлиси хубрагони Раҳбарӣ), санаи дарҷи матлаб: 8 марти 2012, санаи боздид: 27 сентябри 2026.
- Хоманаӣ, Сайид Алӣ, «سخنرانی تلویزیونی به مناسبت سیودومین سالگرد رحلت امام خمینی (رحمهالله)» (Суханронии телевизионӣ ба муносибати сию дувумин солгарди реҳлати Имом Хумайнӣ (раҳматуллоҳи алайҳ)); санаи дарҷи матлаб: 4 июни 2021, санаи боздид: 27 сентябри 2026.
- Ҳусайнии Биҳиштӣ, Сайид Муҳаммад, صورت مشروح مذاکرات مجلس بررسی نهایی قانون اساسی جمهوری اسلامی ایران (Сурати машруҳи музокироти Маҷлиси баррасии ниҳоии Қонуни асосии Ҷумҳурии исломии Эрон), Теҳрон, Идораи умури фарҳангӣ ва равобити умумии Маҷлиси шӯрои исломӣ, 1364ҳ.ш.
- «معنی "جمهوری" در "لغتنامۀ دهخدا"» (Маънои "ҷумҳурӣ" дар "Луғатномаи Деҳхудо"), муассисаи Луғатномаи Деҳхудо, санаи боздид: 27 сентябри 2026.
- «درباره مورتانی، اطلاعات کلی» (Дар бораи Мавритания, иттилооти куллӣ), Сайти сафорати Ҷумҳурии исломии Эрон дар Нуокшот, санаи боздид: 27 сентябри 2026.
- «تاریخچه قانون اساسی جمهوری اسلامی ایران» (Таърихчаи Қонуни асосии Ҷумҳурии исломии Эрон), Муассисаи мутолиот ва пажӯҳишҳои сиёсӣ, санаи боздид: 27 сентябри 2026.
- «نگاهی به تاریخ تمدن و فرهنگ اویغورها و ترکستان شرقی» (Нигоҳе ба таърихи тамаддун ва фарҳанги уйғурҳо ва Туркистони Шарқӣ), Хабаргузории Анатоли, санаи дарҷи матлаб: 16 январи 2021, санаи боздид: 27 сентябри 2026.