Үндана:Ҳамсардорӣ
Ҳамсардорӣ (форсӣ: همسرداری) маҳоратест, ки бар асоси он зану шавҳар бо шинохти тафовутҳо, тавонмандӣ ва ҳассосиятҳои якдигар ниёзҳои ҷисмӣ, эҳсосӣ, равонӣ ва ҷинсии ҳамдигарро бароварда мегардонанд.
Олимони мусалмон бо истинод ба Қуръон ва ривоятҳо, одоб ва вазифаҳое барои ҳар яке аз зану шавҳар муайян кардаанд ва риояти онҳоро барои доштани зиндагии муштараки солим, пойдор ва босифат зарурӣ медонанд. Ин вазифаҳо шомили амонатдорӣ, таъмини ниёзҳои молӣ, риояти одоби хушрафторӣ, посухгӯӣ ба ниёзҳои эҳсосӣ ва ҷинсӣ ва ҳамкорӣ дар умури зиндагӣ мебошад.
Ислом бар муҳаббат ва дӯстӣ миёни зану шавҳар таъкид дорад. Олимони мусалмон Пайғамбар (с) ва имомони маъсум (а)-ро ба унвони намунаҳои муваффақ дар ин замина муаррифӣ мекунанд.
Ин мафҳум ҳамчунин дар қолаби ҳуқуқи зану шавҳар ва одоби оиладорӣ мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифтааст.
Мафҳумшиносӣ
Ҳамсардорӣ маҳоратест, ки тибқи он зану шавҳар бо шинохти тавонмандӣ, тафовутҳо ва ҳассосиятҳои якдигар битавонанд ба ниёзҳои ҷисмӣ, эҳсосӣ, равонӣ ва ҷинсии якдигар посух диҳанд.[Ниёзманди манбаъ] Ба гуфтаи пажӯҳишгарон, огоҳӣ ва амал ба маҳоратҳои ҳамсардорӣ боиси оромиши оила, боло бурдани сифати зиндагӣ ва кам кардани ихтилофот миёни зану шавҳар мешавад.[1]
Ҷойгоҳи ҳамсардорӣ дар манобеи исломӣ
Гуфта мешавад оятҳое аз Қуръон аз ҷумла ояти 19 сураи Нисо ва ояти 228 сураи Бақара бар риояи ҳамсардорӣ ишора доранд.[2] Ҳамчунин дар манобеи ривоии шиа ва аҳли суннат, ривоёти фаровоне аз Пайғамбар (с) ва имомони маъсум (а) дар бораи вазифаҳои зану шавҳар нақл шудааст.[3] Барои намуна, дар китоби ал-Кофӣ, ривоёти марбут ба ҳамсардорӣ дар зери унвонҳои «Эҳтироми шавҳар ба зани худ»,[4] «Ҳаққи зан бар шавҳари худ»[5] ва «Мудоро бо ҳамсар»[6] гирдоварӣ шудааст.
Дар осори мутақаддими исломӣ, ин мавзуъ ғолибан бо унвонҳое монанди «Ҳуқуқи зану шавҳар нисбат ба якдигар» матраҳ шудааст.[7] Ҳамчунин дар бархе осори ахлоқии уламои мусалмон бахшҳое ба ин мавзуъ равона шудааст.[8] Барои намуна Табарсӣ дар Макорим-ул-ахлоқ ва Сайид Абдуллоҳи Шуббар дар ал-Ахлоқ, бахшҳое бо ҳамин унвон оварда ва бар асоси ривоёт тавсияҳое дар бораи ҳамсардорӣ ироа кардаанд.[9]
Дар қарни понздаҳуми ҳиҷрии қамарӣ, ҳамсардорӣ бо унвони «Одоби оиладорӣ» мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифта[10] ва дар баҳсҳои равоншиносии оила низ дар бораи усул ва нақши он дар зиндагии солим ва пойдор баҳс шудааст.[11]
Ҳуқуқ ва вазифаҳои дуҷонибаи зану шавҳар
Муҳаққиқон бо такя ба Қуръон, ҳадис ва сираи маъсумон, вазифаҳое барои зану шавҳар дар зиндагии муштарак баршумурдаанд. Вазифаҳои зан шомили амонатдорӣ, риояи иффат[12] ва итоат аз шавҳар[13] дар ҳуқуқи заношӯӣ монанди тамкин ва баромадан аз хона.[14] Дар бархе ривоёт шавҳардории некӯ (ҳусн-ут-табаъъул) барои зан ба манзилаи ҷиҳод тавсиф шудааст.[15] Вазифаҳои шавҳар низ шомили таъмини ниёзҳои динӣ ва молии оила (нафақа)[16] ва сарпарастию ҳимоят аз ҳамсар ва дигар аъзои оила[17] мебошад.
Одоби ҳамсардорӣ
Барои беҳбуди сифати зиндагии муштарак одобе тавсия шудааст, аз ҷумла: хушрафторӣ,[18] посухгӯӣ ба ниёзҳои эҳсосӣ ва ҷинсӣ,[19] ороиши зоҳирӣ барои якдигар,[20] ҳамкорӣ дар умури зиндагӣ,[21] эҳтиром,[22] вафодорӣ,[23] қаноат,[24] чашмпӯшӣ аз хатоҳо ва парҳез аз айбҷӯӣ.[25]
Муҳаббат ва раҳмат
Олимони мусалмон бар инанд, ки дини Ислом бар муҳаббат ва раҳмат миёни зану шавҳар таъкид дорад.[26] Аз Пайғамбар (с) ривоят шудааст, ҳар гоҳ зану шавҳар ба якдигар бо нигоҳе пур аз муҳаббат назар кунанд ё дасти якдигарро бигиранд, Худованд бо меҳрубонӣ ба онҳо менигарад ва гуноҳонашон бахшида мешавад.[27] Ҳамчунин ояти «وَجَعَلَ بَيْنَكُمْ مَوَدَّةً وَرَحْمَةً» («Ва ҷаъала байнакум маваддатан ва раҳматан» - Ва байни шумо ҳамсарон маваддату раҳмат қарор додем) баёнгари аҳамияти муҳаббат ва раҳмат дар устувории зиндагии муштарак дониста мешавад.[28]
Идоракунии ихтилофот дар ҳамсардорӣ
Дар ривоёт зану шавҳар ба сабр, таҳаммул ва гузашт аз лағзишҳои якдигар тавсия шудаанд.[29] Дар сурати рӯй додани ихтилофу нофаҳмӣ худи зану шавҳар аввал бо гуфтугӯ ва иртиботи муассир талош ба ҳал кардани он намоянд. Агар ихтилофот бо ин роҳ ҳал нашавад, ояти 35 сураи Нисо доварии дилсӯзон аз хонаводаҳои зан ва мардро барои ислоҳи умур тавсия мекунад.[30]
Сармашқҳои ҳамсардорӣ дар таърихи Ислом
Мусалмонон Пайғамбари Ислом (с)-ро аввалин сармашқ дар ҳамсардорӣ муаррифӣ мекунанд. Дар бораи сираи ӯ гузориш шудааст, ки бо ҳамсарони худ хушрафтор буд ва беҳтарин мардумро касоне муаррифӣ менамуд, ки бо занонашон хушрафтор бошанд.[31] Дар умури хона ба онҳо кӯмак мекард[32] ва аз хатоҳои онҳо дармегузашт.[33]
Имомони маъсум (а) низ ба унвони намунаҳои муваффақи ҳамсардорӣ муаррифӣ шудаанд ва ба ҳамаи паҳлуҳои зиндагии хонаводагӣ таваҷҷуҳ доштаанд; аз вафодорӣ ва муҳаббат миёни зану шавҳар то нақшҳо ва вазифаҳои онҳо дар хона ва оила ва тарбияти фарзандон.[34]
Бархе муҳаққиқон низ зиндагии муштараки уламои дин ва ҳамсаронашонро намунаҳои муваффақи ҳамсардорӣ дар Ислом муаррифӣ кардаанд.[35]
Эзоҳ
- ↑ Аминӣ, Ҳамсардорӣ, 1389ҳ.ш., саҳ.10
- ↑ Сураи Нисо, ояти 19; Сураи Бақара, ояти 228; Макорими Шерозӣ, Тафсири намуна, 1374ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.156 ва ҷ.3, саҳ.320; Муҳаммадии Райшаҳрӣ, Таҳкими хонавода аз нигоҳи Қуръон ва ҳадис, 1389ҳ.ш., саҳ.383
- ↑ Барои намуна ниг.: Аллома Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.103, саҳ.228; Нурӣ, Мустадрак-ул-васоил, ҷ.14, саҳ.249–250; Абудовуд, Сунани Абудовуд, ал-Мактабат-ул-асрия, ҷ.2, саҳ.244–245
- ↑ Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.509
- ↑ Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.510
- ↑ Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.513
- ↑ Барои намуна ниг.: Ғазолӣ, Иҳёу улум-ид-дин, Дор-ул-китоб-ил-арабӣ, ҷ.4, саҳ.133–147; Шуббар, ал-Ахлоқ, 1429ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.299
- ↑ Барои намуна ниг.: Ғазолӣ, Иҳёу улум-ид-дин, Дор-ул-китоб-ил-арабӣ, ҷ.4, саҳ.133–147; Шуббар, ал-Ахлоқ, 1429ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.299
- ↑ Табарсӣ, Макорим-ул-ахлоқ, 1370ҳ.ш., саҳ.213; Шуббар, ал-Ахлоқ, 1429ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.299
- ↑ Барои намуна ниг.: Аминӣ, Ҳамсардорӣ, 1389ҳ.ш., саҳ.11; Ҷамъе аз нависандагон, Ахлоқи хонавода, 1391ҳ.ш., саҳ.15–17
- ↑ Маликӣ, Равоншиносии хонавода, 1395ҳ.ш., саҳ.12 ва 15
- ↑ Таботабоӣ, ал-Мизон, 1393ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.344; Муҳаммадии Райшаҳрӣ, Таҳкими хонавода аз нигоҳи Қуръон ва ҳадис, 1389ҳ.ш., саҳ.407; Макорими Шерозӣ, Тафсири намуна, 1374ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.371
- ↑ Фохирӣ, Ахлоқи хонавода, 1378ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.117
- ↑ Макорими Шерозӣ, Аҳкоми бонувон, 1386ҳ.ш., саҳ.175
- ↑ Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.507
- ↑ Муҳаммадии Райшаҳрӣ, Таҳкими хонавода аз нигоҳи Қуръон ва ҳадис, 1389ҳ.ш., саҳ.398
- ↑ Таботабоӣ, ал-Мизон, 1393ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.215
- ↑ Шайхи Садуқ, Уюну ахбор-ир-Ризо, Маншуроти Ҷаҳон, ҷ.2, саҳ.38; Муҳаммадии Райшаҳрӣ, Таҳкими хонавода аз нигоҳи Қуръон ва ҳадис, 1389ҳ.ш., саҳ.382
- ↑ Муҳаммадии Райшаҳрӣ, Таҳкими хонавода аз нигоҳи Қуръон ва ҳадис, 1389ҳ.ш., саҳ.386–391
- ↑ Поянда, Наҳҷ-ул-фасоҳат, Дунёи дониш, саҳ.226; Аскарӣ, «Сираи пешвоён дар рафтор бо ҳамсар», саҳ.76
- ↑ Муҳаммадии Райшаҳрӣ, Таҳкими хонавода аз нигоҳи Қуръон ва ҳадис, 1389ҳ.ш., саҳ.392–394
- ↑ Муҳаммадии Райшаҳрӣ, Таҳкими хонавода аз нигоҳи Қуръон ва ҳадис, 1389ҳ.ш., саҳ.394–396
- ↑ Аминӣ, Ҳамсардорӣ, 1389ҳ.ш., саҳ.152–153
- ↑ Муҳаммадии Райшаҳрӣ, Таҳкими хонавода аз нигоҳи Қуръон ва ҳадис, 1389ҳ.ш., саҳ.397
- ↑ Аминӣ, Ҳамсардорӣ, 1389ҳ.ш., саҳ.113–116; Муҳаммадии Райшаҳрӣ, Таҳкими хонавода аз нигоҳи Қуръон ва ҳадис, 1389ҳ.ш., саҳ.397
- ↑ Муҳаммадии Райшаҳрӣ, Таҳкими хонавода аз нигоҳи Қуръон ва ҳадис, 1389ҳ.ш., саҳ.380–381
- ↑ Муҳаммадии Райшаҳрӣ, Таҳкими хонавода аз нигоҳи Қуръон ва ҳадис, 1389ҳ.ш., саҳ.381
- ↑ Кошонӣ, Манҳаҷ-ус-содиқин, Теҳрон, ҷ.7, саҳ.170
- ↑ Муҳаммадии Райшаҳрӣ, Таҳкими хонавода аз нигоҳи Қуръон ва ҳадис, 1389ҳ.ш., саҳ.237–240; Ҳусайнии Баҳорончи, Оини ҳамсардорӣ ва одоби зиндагӣ дар Ислом, 1385ҳ.ш., саҳ.118
- ↑ Таботабоӣ, ал-Мизон, 1393ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.346
- ↑ Барои намуна ниг.: Поянда, Наҳҷ-ул-фасоҳат, саҳ.472
- ↑ Ҳиндӣ, Канз-ул-уммол, 1401ҳ.қ., ҷ.16, саҳ.408; Муҳаммадии Райшаҳрӣ, Таҳкими хонавода аз нигоҳи Қуръон ва ҳадис, 1389ҳ.ш., саҳ.220
- ↑ Обидинӣ, «Шеваи ҳамсардории Пайғамбар (с) ба гузориши Қуръон», саҳ.177
- ↑ Муқаддасӣ, Сираи ҳамсардории имомони маъсум (а), 1401ҳ.ш., саҳ.13–14; Кариминиё ва дигарон, «Баррасии шеваи рафтории аимма (а) дар зиндагии муштарак», саҳ.204–207
- ↑ Барои намуна ниг.: Озод, «Шеваҳои ҳамсардории ҳамсарони уламо», саҳ.25–26
Сарчашма
- Қуръони карим.
- Абудовуд, Сулаймон ибни Ашъас, Сунани Абудовуд, Бейрут, ал-Мактабат-ул-асрия, бетаърих.
- Аллома Маҷлисӣ, Муҳаммадбоқир, Биҳор-ул-анвор, Бейрут, Дор-ул-вафо, 1403ҳ.қ.
- Аминӣ, Иброҳим, Ҳамсардорӣ, Қум, Бӯстони китоб, 1389ҳ.ш.
- Аскарӣ, Исломпур, «Сираи пешвоён дар рафтор бо ҳамсар», Нашрияи Фарҳанги Кавсар, №59, тирамоҳи 1383ҳ.ш.
- Кариминиё ва дигарон, «Баррасии шеваи рафтории аимма (а) дар зиндагии муштарак», Маҷаллаи Пешрафтҳои навин дар равоншиносӣ, улуми тарбиятӣ ва омӯзиш, №44, баҳмани 1400ҳ.ш.
- Кулайнӣ, Муҳаммад ибни Яъқуб, ал-Кофӣ, тасҳеҳи Алиакбар Ғаффорӣ ва Муҳаммад Охундӣ, Теҳрон, Дор-ул-кутуб-ил-исломия, 1407ҳ.қ.
- Макорими Шерозӣ, Носир, Аҳкоми бонувон, Қум, Мадрасаи Имом Алӣ ибни Абитолиб (а), 1386ҳ.ш.
- Макорими Шерозӣ, Носир, Тафсири намуна, Теҳрон, Дор-ул-кутуб-ил-исломия, 1374ҳ.ш.
- Макорими Шерозӣ, Носир, Шеваи ҳамсарӣ дар хонавода, Қум, Интишороти Насли ҷавон, 1381ҳ.ш.
- Маликӣ, Ҳасан, Равоншиносии хонавода, Теҳрон, Интишороти Овои нур, 1395ҳ.ш.
- Муттақии Ҳиндӣ, Алӣ ибни Ҳусомуддин, Канз-ул-уммол фи сунан-ил-ақвол ва-л-аъмол, Бейрут, Дор-ул-кутуб-ил-илмия, 1419ҳ.қ.
- Муқаддасӣ, Ядуллоҳ, Сираи ҳамсардории имомони маъсум (а), Қум, Пажӯҳишгоҳи фарҳанг ва улуми исломӣ, 1401ҳ.ш.
- Муҳаммадии Райшаҳрӣ, Муҳаммад, Таҳкими хонавода аз нигоҳи Қуръон ва ҳадис, Қум, Интишороти Дор-ул-ҳадис, чопи дувум, 1389ҳ.ш.
- Нурӣ, Мирзоҳусайн, Мустадрак-ул-васоил, Қум, Муассисаи Ол-ул-байт (а), 1408ҳ.қ.
- Обидинӣ, Аҳмад, «Шеваи ҳамсардории Пайғамбар (с) ба гузориши Қуръон», Нашрияи Байинот, №52, зимистони 1385ҳ.ш.
- Поянда, Абулқосим, Наҳҷ-ул-фасоҳат, Қум, Интишороти Дунёи дониш, бетаърих.
- Табарсӣ, Ҳасани ибни Фазл, Макорим-ул-ахлоқ, Қум, аш-Шариф ар-Разӣ, 1370ҳ.ш.
- Таботабоӣ, Сайид Муҳаммадҳусейн, ал-Мизон фи тафсир-ил-Қуръон, Бейрут, Муассисат-ул-аъламӣ ли-л-матбуот, 1393ҳ.қ.
- Шайхи Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, Уюну ахбор-ир-Ризо, Қум, Маншуроти Ҷаҳон, бетаърих.
- Шуббар, Сайид Абдуллоҳ, ал-Ахлоқ, Карбало, Мактабат-ул-атабат-ил-ҳусайният-ил-муқаддаса, 1429ҳ.қ.
- Ғазолӣ, Абуҳомид, Иҳёу улум-ид-дин, Бейрут, Дор-ул-китоб-ил-арабӣ, бетаърих.
- Ҳусайнии Баҳорончӣ, Сайид Муҳаммад, Оини ҳамсардорӣ ва одоби зиндагӣ дар Ислом, Қум, Нашри Атри итрат, 1385ҳ.ш.
- Ҷамъе аз нависандагон, Ахлоқи хонавода, Қум, Дафтари нашри маориф, 1391ҳ.ш.