Үндана:Ихтилофу умматӣ раҳма
| Содиршуда аз | Пайғамбари Ислом |
|---|---|
| Эътибори санад | Заиф |
| Сарчашмаи шиа | Маони-ул-ахбор |
| Ҳадисҳои машҳур | |
| Ҳадиси Силсилат-уз-заҳаб ● Ҳадиси Сақалайн ● Ҳадиси Кисо ● Мақбулаи Умар ибни Ҳанзала ● Ҳадиси Қурби навофил ● Ҳадиси Меъроҷ ● Ҳадиси Вилоят ● Ҳадиси Висоят ● Ҳадиси Ҷунуди ақлу ҷаҳл ● Ҳадиси Шаҷара | |
Ихтилофу умматӣ раҳма (арабӣ: اخْتِلافُ اُمّتي رَحمَةٌ ба маънои «Ихтилофи уммати ман раҳмат аст») ҳадисе мансуб ба Пайғамбари Ислом (с) аст, ки дар байни мусулмонон шуҳрат ёфтааст. Ин ҳадис дар кутуби арбааи шиа ва сарчашмаҳои ҳадисии аслии аҳли суннат нақл нашуда ва аз назари санадӣ заиф дониста шудааст. Бо ин ҳол, баъзе пажӯҳишгарон шуҳрати ҳадис ва созгории маънои он бо омӯзаҳои Қуръонро аз омилҳои пазириши он донистаанд.
Барои ин ҳадис маъниҳои мухталифе баён шудааст; аз ҷумла рафтуомад барои фаро гирифтан ва омӯзиши дин, ихтилоф дар фурӯи дин ва тақия. Ҳамчунин, баъзе онро ба давраи ҳаёти Пайғамбар маҳдуд донистаанд.
Ҷойгоҳ ва эътибор
Ихтилофу умматӣ раҳма, ҳадисе мансуб ба Пайғамбари Ислом аст,[1] ки дар байни мусалмонон шуҳрат ёфтааст.[2] Ин ҳадис дар кутуби арбааи шиа ва сарчашмаҳои аслии ҳадисии аҳли суннат нақл нашудааст.[3] Бо ин ҳол, дар баъзе шарҳҳои ҳадисӣ, тафосир ва манобеи ирфонӣ аз он истифода шудааст.[4]
Баъзе ровиёни ҳадис қобили эътимод ва баъзе заиф дониста шудаанд ва дар натиҷа, ривоят аз назари санадӣ заиф арзёбӣ шудааст.[5] Баъзе пажӯҳишгарон низ онро мақтуъ-ус-санад ё беэътибор донистаанд.[6] Дар муқобил, баъзе пажӯҳишгарон, шуҳрати ҳадис ва мувофиқати маънои он бо омӯзаҳои Қуръонро аз омилҳое донистаанд ки метавонад заъфи санади онро ҷуброн кунад.[7]
Шуморе аз уламои аҳли суннат низ ин ҳадисро аз назари санадӣ напазируфта[8] ва онро мавзуъ,[9] марфуъ[10] ё бесанад[11] донистаанд. Рашид Ризо, аз уламои аҳли суннат, бар ин бовар аст ки афроди мутаассиб нисбат ба мазҳаби худ, аз пазириши ин таъбир ки ихтилоф раҳмат аст, худдорӣ мекунанд.[12]
Ривояти Ихтилофу асҳобӣ лакум раҳма
Дар манобеи ривоии шиа[13] ва аҳли суннат[14] ривояте бо ибораи «Ихтилофу асҳобӣ лакум раҳма; ихтилофи асҳоби ман раҳмат аст» низ нақл шудааст. Ин ривоят аз назари санадӣ заиф дониста шудааст.[15] Шайхи Садуқ дар идомаи ин ривоят нақл мекунад ки аз Пайғамбари Ислом пурсиданд, ки асҳоби ӯ киҳо ҳастанд ва Пайғамбар, аҳли байти худро муаррифӣ кард.[16]
Тафсирҳои мухталиф аз ҳадис
Ихтилофу умматӣ раҳма ба маънои ихтилофи уммати ман раҳмат аст, аммо барои он тафсирҳои мухталифе баён шудааст. Баъзе, маънои ихтилофро ба далели носозгории он бо омӯзаҳои исломӣ, аз ҷумла даъвати Қуръон ба парҳез аз тифрақа, напазируфтаанд.[17] Дар муқобил, баъзе бо таваҷҷуҳ ба нақши ихтилоф дар ҳаракат, рушди фикрӣ ва таҳаввули иҷтимоӣ, маъниҳои дигаре барои он баён кардаанд:[18]
Ихтилоф ба маънои рафтуомад барои фаро гирифтани илм
Баъзе ихтилофи умматро ба маънои рафтуомад[19] ва марбут ба ояти нафр маъно кардаанд.[20] Ин маъно ба ривояте аз Имом Содиқ (а) мустанад шудааст. Дар ин ривоят Имом Содиқ (а) ҳадиси «Ихтилофи уммати ман, раҳмат аст»-ро бар асоси ояти нафр тафсир мекунад. Бинo бар ривоят, Худованд фармон додааст гурӯҳе аз минтақаҳои мухталиф назди Пайғамбари Ислом бираванд, омӯзиш бубинанд ва пас аз бозгашт, динро ба мардум биомӯзанд; аз ин рӯ, мақсуд аз «ихтилоф» дар ҳадис, ҳамин рафтуомадҳо будааст.[21] Баъзе пажӯҳишгарон ин ривоятро тасҳеҳи фаҳми нодуруст аз ҳадиси мансуб ба Пайғамбари Ислом донистаанд.[22]
Аз ин ривоят барои тарғиб ба таълими улуми динӣ истифода шудааст.[23] Ҳамчунин, таъсиси ҳавзаҳои илмия дар шаҳрҳои мухталифро бар асоси он, дорои тавҷеҳи таърихӣ ва иҷтимоӣ донистаанд.[24] Ғаззолӣ, олими аҳли суннат, рафтани асҳоби Пайғамбар ба шаҳрҳои мухталиф ва нақли ҳадис дар онҳоро ба ривояти ихтилофу умматӣ раҳма марбут донистааст.[25]
Ихтилоф дар фуруъ
Мулло Фатҳуллоҳи Кошонӣ, аз муфассирони шиа, ихтилоф дар фуруи дин ва масоили иҷтимоиро аз мавориде донистааст, ки метавон ҳадисро бар он ҳамл кард.[26] Бар асоси ин дидгоҳ, ривояти ихтилофи уммат шомили ихтилоф дар усули дин намешавад.[27] Ҳамчунин, ояти 105 суари Оли Имрон ки аз тифрақа ва ихтилоф наҳй кардааст ба ихтилоф дар усули дин марбут мешавад.[28] Баъзе аҳли суннат низ муътақиданд агар ҳадис бар ихтилофоти фиқҳии бархоста аз иҷтиҳод ҳамл шавад, метавон муҳтавои онро пазируфт.[29] Ба гуфтаи онон, ихтилофи олимон дар масоили илмӣ, агар ба китоб ва суннат баргардад, раҳмат аст.[30]
Тафсири ҳадис бар асоси тақия
Дар баъзе манобеи шиа, ҳадис дар иртибот бо тақия тафсир шудааст. Ин тафсир ба шеваи идора ва сиёсатварзии Пайғамбар ва имомон марбут дониста шудааст.[31] Дар ривояте аз Имом Козим (а), ихтилоф миёни пайравони аҳли байт (а) раҳмат дониста шуда ва ба ҳифзи онон аз душманон иртибот ёфтааст.[32] Шайхи Садуқ, асҳоб дар ин ривоятро ба аҳли байт (а) тафсир карда ва баён намудааст, ки онон дар воқеъ ихтилофе надоранд ва тафовути суханонашон ба хотири риояти тақия аст; аз ин рӯ, тақия барои шиаён раҳмат аст.[33]
Тафсири ҳадис ба давраи Пайғамбар
Муҳаммад ибни Ҷарири Табарӣ, олими шиа дар қарни сеюми ҳиҷрӣ, ривояти ихтилофу умматӣ раҳмаро маҳдуд ба давраи ҳаёти Пайғамбар донистааст; зеро мусалмонон дар сурати ихтилоф метавонистанд ба Пайғамбар муроҷиа кунанд ва аз ӯ роҳнамоӣ бигиранд.[34]
Эзоҳ
- ↑ Табарии Омулӣ, ал-Мустаршид, саҳ.572.
- ↑ Рашидризо, Маҷаллат-ул-манор, ҷ.26, саҳ.276.
- ↑ Сипоҳӣ ва дигарон, «بررسی تطبیقی روایت «اختلاف امتی رحمة» در منابع فریقین», саҳ.10.
- ↑ Сипоҳӣ ва дигарон, «بررسی تطبیقی روایت «اختلاف امتی رحمة» در منابع فریقین», саҳ.7.
- ↑ Сипоҳӣ ва дигарон, «بررسی تطبیقی روایت «اختلاف امتی رحمة» در منابع فریقین», саҳ.16.
- ↑ Камолии Дизфулӣ, Шинохти Қуръон, саҳ.148.
- ↑ Сипоҳӣ ва дигарон, «بررسی تطبیقی روایت «اختلاف امتی رحمة» در منابع فریقین», саҳ.19.
- ↑ Аффона, Ясъалунак, ҷ.7, саҳ.276; ал-Лаҷнат-уд-доима ли-л-буҳус-ил-илмия ва-л-ифто, Фатово ал-Лаҷнат-ид-доима ли-л-буҳус-ил-илмия ва-л-ифто, ҷ.3, саҳ.212.
- ↑ Маҷмуа мин-ал-муаллифин, Фатово аш-шабакат-ил-исломия, ҷ.24, саҳ.85.
- ↑ Рашидризо, Маҷаллат-ул-манор, ҷ.26, саҳ.276.
- ↑ Даштӣ, ан-Нафис фи баёни разият-ил-хамис, ҷ.2, саҳ.161.
- ↑ Рашидризо, Маҷаллат-ул-манор, ҷ.26, саҳ.276.
- ↑ Саффор, Басоир-уд-дараҷот фи фазоили Оли Муҳаммад саллаллоҳу алайҳим, ҷ.1, саҳ.11.
- ↑ Суютӣ, ад-Дурар-ул-мунтасира фи-л-аҳодис-ил-муштаҳира, ҷ.1, саҳ.44.
- ↑ Суютӣ, Ҷомеъ-ул-аҳодис, ҷ.2, саҳ.39.
- ↑ Шайхи Садуқ, Маони-ул-ахбор, саҳ.157.
- ↑ Ансориён, Тафсири Ҳаким, ҷ.3, саҳ.106.
- ↑ Довaрпаноҳ, Анвор-ул-ирфон фи тафсир-ил-Қуръон, ҷ.6, саҳ.319.
- ↑ Ансориён, Тафсири Ҳаким, ҷ.3, саҳ.106.
- ↑ Файзнасаб, Оёт-ул-аҳком қабасот мин турос ал-Имом ал-Хумайнӣ, саҳ.614.
- ↑ Шайхи Садуқ, Маони-ул-ахбор, саҳ.157.
- ↑ Мустафо Солеҳ Маҳдӣ, «تصحیح مظاهر الانحراف فی فهم الحدیث الشریف حدیث رسول الله(ص) (اختلاف امتی رحمة) موضوعا دراسة تحقیقیة فی ضو المنهج التحلیلی», саҳ.223.
- ↑ Сипоҳӣ ва дигарон, «بررسی تطبیقی روایت «اختلاف امتی رحمة» در منابع فریقین», саҳ.18.
- ↑ Сипоҳӣ ва дигарон, «بررسی تطبیقی روایت «اختلاف امتی رحمة» در منابع فریقین», саҳ.18.
- ↑ Ғаззолӣ, Эҳёу улум-ид-дин, ҷ.1, саҳ.27.
- ↑ Кошонӣ, Манҳаҷ-ус-содиқин, ҷ.2, саҳ.296.
- ↑ Ансорӣ, Майбудӣ, Хулосаи тафсири адабӣ ва ирфонии Қуръони маҷид, ҷ.1, саҳ.152.
- ↑ Шариф Лоҳиҷӣ, Тафсири Шариф Лоҳиҷӣ, ҷ.1, саҳ.361.
- ↑ Аффона, Ясъалунак, ҷ.7, саҳ.277.
- ↑ ал-Лаҷнат-уд-доима ли-л-буҳус-ил-илмия ва-л-ифто, Фатово ал-Лаҷнат-ид-доима ли-л-буҳус-ил-илмия ва-л-ифто, ҷ.3, саҳ.212.
- ↑ Сипоҳӣ ва дигарон, «بررسی تطبیقی روایت «اختلاف امتی رحمة» در منابع فریقین», саҳ.20.
- ↑ Алломаи Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, ҷ.2, саҳ.236.
- ↑ Шайхи Садуқ, Маони-ул-ахбор, саҳ.157.
- ↑ Табарии Омулӣ, ал-Мустаршид, саҳ.572.
Сарчашма
- Алломаи Маҷлисӣ, Муҳаммадбоқир, Биҳор-ул-анвор, Бейрут, Дор эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, чопи дувум, 1403ҳ.қ.
- ал-Лаҷнат-уд-доима ли-л-буҳус-ил-илмия ва-л-ифто, Фатово ал-Лаҷнат-ид-доима ли-л-буҳус-ил-илмия ва-л-ифто, ҷамъоварӣ: Аҳмад ибни Абдурраззоқ ад-Давиш, ар-Риёз, Риосату идорат-ул-буҳус-ил-илмия ва-л-ифто, 1426ҳ.қ.
- Ансориён, Ҳусайн, Тафсири Ҳаким, муҳаққиқ: Ҳамид Аҳмадӣ Ҷулфоӣ, Муҳаммадҷаводи Собириён, Сайид Алӣ Ғазанфарӣ, Қум, Дор-ул-ирфон, 1398ҳ.ш.
- Ансорӣ, Абдуллоҳ ибни Муҳаммад, Майбудӣ, Аҳмад ибни Муҳаммад, Хулосаи тафсири адабӣ ва ирфонии Қуръон, хулосакунанда: Ҳабибуллоҳи Омӯзгор, Теҳрон, Иқбол, 1383ҳ.ш.
- Аффона, Ҳусомуддини ибни Мусо, Ясъалунак, Фаластин, Мактаба Дандис, 2007.
- Ғаззолӣ, Муҳаммад ибни Муҳаммад, Эҳёу улум-ид-дин, Бейрут, Дор-ул-кутуб-ил-арабӣ, чопи аввал, бетаърих.
- Даштӣ, Абдуллоҳ, ан-Нафис фи баёни разият-ил-хамис, Кувайт, беном, 2002.
- Довaрпаноҳ, Абулфазл, Анвор-ул-ирфон фи тафсир-ил-Қуръон, Теҳрон, интишороти Садр, чопи аввал, 1375ҳ.ш.
- Камолии Дизфулӣ, Сайид Алӣ, Шинохти Қуръон, Теҳрон, Усва, 1370ҳ.ш.
- Кошонӣ, Мулло Фатҳуллоҳ, Тафсири Манҳаҷ-ус-содиқин фи илзом-ил-мухолифин, Теҳрон, китобфурӯшии Муҳаммад Ҳасани Илмӣ, 1336ҳ.ш.
- Маҷмуа мин-ал-муаллифин, Фатово аш-шабакат-ил-исломия, бемакон, беном, 2009.
- Мустафо Солеҳ Маҳдӣ, «تصحيح مظاهر الانحراف في فهم الحديث الشريف حدیث رسول الله(ص) ( اختلاف امتی رحمة) موضوعا دراسة تحقیقیة في ضو المنهج التحلیلی» («Тасҳеҳ мазоҳир-ил-инҳироф фи фаҳм-ил-ҳадис-иш-шариф ҳадиси Расулуллоҳ (с) (ихтилофу умматӣ раҳма) мавзуан диросатун таҳқиқия фи зав-ил-манҳаҷ-ит-таҳлилӣ»), Одоб-ул-Куфа, №44, ас-Сайф 1441ҳ.қ.
- Рашидризо, Муҳаммад, Тафсир-ул-Манор, Бейрут, Дор-ул-маърифа, 1414ҳ.қ.
- Саффор, Муҳаммад ибни Ҳасан, Басоир-уд-дараҷот фи фазоили Оли Муҳаммад саллаллоҳу алайҳим, муҳаққиқ ва мусаҳҳеҳ: Муҳсин ибни Аббосалӣи Кӯчабоғӣ, Қум, Мактаба Оятуллоҳ ал-Маръашӣ ан-Наҷафӣ, чопи дувум, 1404ҳ.қ.
- Сипоҳӣ, Раҳмонбахш ва Ҳусайн Хокпур ва Ҳодии Зинии Маликободӣ, «بررسی تطبیقی روایت «اختلاف امتی رحمة» در منابع فریقین» («Баррасии татбиқии ривояти "Ихтилофу умматӣ раҳма" дар манобеи фариқайн»), Мутолиоти маорифи ҳадисӣ, давраи аввал - №4, зимистони 1402ҳ.ш.
- Суютӣ, Ҷалолуддини Абдурраҳмон ибни Абибакр, ад-Дурар-ул-мунтасира фи-л-аҳодис-ил-муштаҳира, муҳаққиқ: Муҳаммад ибни Лутфии Соббоғ, Риёз, Ҷомеаи Малик Сауд, бетаърих.
- Суютӣ, Ҷалолуддини Абдурраҳмон ибни Абибакр, Ҷомеъ-ул-аҳодис, гирдоваранда ва мусаҳҳеҳ: Аббос Аҳмад Сaқр, Бейрут, Дор-ул-фикр, 1994ҳ.қ.
- Табарии Омулӣ, Муҳаммад ибни Ҷарир ибни Рустам, ал-Мустаршид фи имомати Алӣ ибни Абитолиб алайҳиссалом, муҳаққиқ ва мусаҳҳеҳ: Аҳмад Маҳмудӣ, Қум, Кӯшонпур, чопи аввал, 1415ҳ.қ.
- Файзнасаб, Аббос, Оёт-ул-аҳком қабасот мин турос ал-Имом ал-Хумайнӣ, Теҳрон, Муассисаи танзим ва нашри осори Имом Хумайнӣ, 1384ҳ.ш.
- Шайхи Садуқ, Маони-ул-ахбор, муҳаққиқ ва мусаҳҳеҳ: Алиакбари Ғаффорӣ, Қум, Дафтари интишороти исломӣ, чопи аввал, 1403ҳ.қ.
- Шариф Лоҳиҷӣ, Муҳаммад ибни Алӣ, Тафсири Шариф Лоҳиҷӣ, таҳқиқ: Мирҷалолуддин Ҳусайнии Армуӣ (Муҳаддис), Теҳрон, Дафтари нашри Дод, чопи аввал, 1373ҳ.ш.