Үндана:Ирҳос
Ирҳос (форсӣ: ارهاص) ба рухдодҳои хориқулодае гуфта мешавад, ки пеш аз беъсати пайғамбарон, аз ҷумла ҳамзамон бо таваллуд ё дар давраи кӯдакии онон рух медиҳад[1] ва заминасоз[2] ё нишонае барои нубуввати онон дониста мешавад.[3] Муртазо Мутаҳҳарӣ ирҳосотро пешаломатҳо номида ва шикасти сипоҳи Абраҳа дар ом-ул-филро[4] аз пешаломатҳои зуҳури Пайғамбари Ислом (с) донистааст.[5]
Аз намунаҳои ирҳос, наҷоти Мусо (а) аз дарёи Нил,[6] таваллуди Исо (а) бидуни падар[7] ва сухан гуфтани ӯ дар гаҳвора[8] ёд шудааст. Ҳамчунин хомӯш шудани оташкадаи Форс, афтидани бурҷҳои айвони Касро[9] ва сарнагун шудани бутҳо,[10] ҳамзамон бо таваллуди Пайғамбари Ислом аз ирҳосот шумурда шудааст.
Ирҳос бо муъҷиза ва карамот тафовут дорад. Ирҳос рухдоди хориқулодаест, ки пеш аз беъсат[11] ва дар иртибот бо нубуввати ояндаи Пайғамбар рух медиҳад[12] ва бидуни даъвои нубувват ва таҳаддӣ аст.[13] Муъҷиза низ амри хориқулодаест, ки Пайғамбар барои исботи нубуввати худ ва ҳамроҳ бо таҳаддӣ пешниҳод мекунад.[14] Карамот, рухдоди хориқулодаест, ки аз ғайрипайғамбар содир мешавад ва бидуни таҳаддӣ аст ва заруратан иртиботе бо даъват ё исботи нубувват надорад.[15]
Баъзе мутакаллимон ирҳосро навъе муъҷиза донистаанд.[16] Дар баъзе сарчашмаҳо низ унвони ирҳос барои рухдодҳои хориқулодаи марбут ба ғайрипайғамбарон ба кор рафтааст; аз ҷумла хондани сураи Муъминун тавассути Имом Алӣ (а) ҳангоми таваллуд ва сухан гуфтани ҳазрати Фотима (с) дар шиками модар.[17]
Эзоҳ
- ↑ Ҷаъфарӣ, Тафсири Кавсар, ҷ.3, саҳ.300; Теҳронӣ, Меҳри тобон, Боқир-ул-улум, саҳ.329 - 330.
- ↑ Файёзи Лоҳиҷӣ, Сармояи имон дар усули эътиқодот, саҳ.94.
- ↑ Таҳонавӣ, Мавсуъаи кашшофи истилоҳот, Мактабаи Лубнон, ҷ.1, саҳ.141.
- ↑ Маҷлисӣ, Лавоеъи соҳибқиронӣ, ҷ.7, саҳ.243.
- ↑ Мутаҳҳарӣ, Маҷмуаи осор, ҷ.28, саҳ.786.
- ↑ Ҷаъфарӣ, Тафсири Кавсар, ҷ.3, саҳ.300.
- ↑ Алавии Омилӣ, Алоқат-ут-таҷрид, ҷ.2, саҳ.926.
- ↑ Фахри Розӣ, ат-Тафсир-ул-кабир, ҷ.21, саҳ.534.
- ↑ Файёзи Лоҳиҷӣ, Сармояи имон дар усули эътиқодот, саҳ.94.
- ↑ Расулии Маҳаллотӣ, Таърихи таҳлилии Ислом, ҷ.1, саҳ.145.
- ↑ Тӯсӣ, Талхис-ул-муҳассал, ҷ.1, саҳ.350; Тафтозонӣ, Шарҳ-ул-мақосид, ҷ.5, саҳ.13.
- ↑ Файёзи Лоҳиҷӣ, Сармояи имон дар усули эътиқодот, саҳ.94.
- ↑ Тафтозонӣ, Шарҳ-ул-мақосид, ҷ.5, саҳ.11.
- ↑ Файёзи Лоҳиҷӣ, Сармояи имон дар усули эътиқодот, саҳ.94.
- ↑ Макорими Шерозӣ, Тафсири намуна, ҷ.13, саҳ.45.
- ↑ Тафтозонӣ, Шарҳ-ул-мақосид, ҷ.5, саҳ.13.
- ↑ Теҳронӣ, Меҳри тобон, Боқир-ул-улум, саҳ.329-330.
Сарчашма
- Алавии Омилӣ, Мир Сайид Муҳаммад, Алоқат-ут-таҷрид, Теҳрон, Нашри Анҷумани осор ва мафохири фарҳангӣ, чопи аввал, 1381ҳ.ш.
- Макорими Шерозӣ, Носир, Тафсири намуна, Теҳрон, Дор-ул-кутуб-ил-исломия, чопи сию дувум, 1374ҳ.ш.
- Маҷлисӣ, Муҳаммадтақӣ ибни Мақсудалӣ, Лавоеъи соҳибқиронӣ, Қум, Муассисаи Исмоилиён, чопи дувум, 1414ҳ.қ.
- Расулии Маҳаллотӣ, Сайид Ҳошим, Дарсҳое аз Таърихи таҳлилии Ислом, Қум, Посдори Ислом, 1371ҳ.ш.
- Тафтозонӣ, Саъдуддин, Шарҳ-ул-мақосид, таҳқиқ: Абдурраҳмони Умайра, Қум, аш-Шариф ар-Разӣ, чопи аввал, 1409ҳ.қ.
- Таҳонавӣ, Муҳаммадалӣ ибни Алӣ, Мавсуъаи кашшофи истилоҳот-ил-фунун ва-л-улум, таҳқиқ: Алӣ Фариде Даҳруҷ, Бейрут, Мактабаи Лубнон Ноширун, бетаърих.
- Теҳронӣ, Сайид Муҳаммадҳусайн, مهر تابان (Меҳри тобон), Боқир-ул-улум.
- Тӯсӣ, Хоҷа Насируддин, Талхис-ул-муҳассал, Бейрут, Дор-ул-азво, чопи дувум, 1405ҳ.қ.
- Файёзи Лоҳиҷӣ, Сармояи имон дар усули эътиқодот, Теҳрон, Интишороти Заҳро, чопи севум, 1372ҳ.ш.
- Фахри Розӣ, Муҳаммад ибни Умар, ат-Тафсир-ул-кабир, Дор эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, Бейрут, чопи севум, 1420ҳ.қ.
- Ҷаъфарӣ, Яъқуб, Тафсири Кавсар, Қум, Интишороти Ҳиҷрат, 1377ҳ.ш.