Тафаъул

Аз wikishia

Тафаъул (форсӣ: تَفَأُّل) фоли хуб задан ва пешбинии хушбинона аст. Дар ривоёт ба ин кор супориш шуда ва дар муқобил аз татайюр; яъне фоли бад задан, наҳй шудааст.

Гуфтаанд, Пайғамбари Ислом (с) умури бисёреро ба фоли нек мегирифт; аз ҷумла дар моҷарои сулҳи Ҳудайбия, вақте намояндаи сарони Макка назди ӯ омад, ин масъаларо ба фоли нек гирифту ба ёронаш гуфт: «ҳоло дигар кор бар шумо осон шуд!».

Сабаби супориш ба тафаъул ва наҳй аз татайюрро он донистаанд, ки тафаъул бар хилофи татайюр, умедофарин аст ва осори равонии мусбат дорад.

Дар ривоёте аз тафаъули ба Қуръон наҳй шудааст, аммо бархе аз олимон гуфтаанд, манзури ин ривоёт, пешбинии ҳаводиси оянда ба василаи Қуръон аст, на ҳар навъ тафаъуле ба Қуръон.

Тафаъул ва истихора аз якдигар фарқ доранд. Истихора он аст, ки вақти шак дар чизе, ташхиси он ба Худо вогузор шавад.

Тафаъул ба Девони Ҳофиз байни мусулмонони форсизабон марсум аст.

Таърифи тафаъул ва фарқи он бо истихора

Тафаъул ба маънои фоли хуб задан ва пешбинии хушбинона аст, хоҳ дар дил ва хоҳ ба забон; бархилофи татайюр, ки фоли бад задан маъно медиҳад.[1] Тафаъул бо истихора фарқ дорад. Тафаъул, умед доштан ва ба диди мусбат нигаристан дар корҳо ва иттифоқот аст,[2] аммо истихора вогузор кардани коре, ки дар он шакку тардид вуҷуд дорад ва хубию бадии он бо машварати дигарон ҳам қобил ташхис нест, ба Худованд аст.[3]

Супориш ба тафаъул

Дар ривоёт, фоли хуб задан, як амре шоиста ба шумор омадааст. Барои мисол дар ҳадисе аз Пайғамбар (с) нақл шудааст: «ҳамвора фоли нек бизанед, то онро биёбед!».[4] Ҳамчунин гуфтаанд, Пайғамбари Ислом (с) тафаъулро дӯст медошт ва аз татайюр безор буд[5] ва умури бисёреро ба фоли нек мегирифт.[6]

Дар моҷарои сулҳи Ҳудайбия вақте Суҳайл ибни Амр аз тарафи сарони Макка барои музокира омад, Пайғамбар (с) фоли нек заду гуфт: «ҳоло дигар амр бар шумо осон шуд!».[7] Ҳамчунин замоне, ки ба Пайғамбар (с) хабар доданд, Хисрав Парвиз номаи ӯро пора карда ва дар ҷавоби он муште хок фиристодааст, Пайғамбар (с) ин амалро ба фоли нек гирифту гуфт: «ба зудӣ мусулмонон хоки ӯро молик мешаванд!».[8]

Дар ҳадисе аз Имом Алӣ (а) ҳам фоли нек задан амре ба ҳаққу дуруст дониста шудааст.[9]

Сабаби супориш ба тафаъул

Дар Тафсири Намуна дар хусуси тафаъул омадааст, фоли нек задан асари табиъӣ надорад, аммо аз онҷо ки умедофарин аст, осори равонии мусбате дорад ва ба ин ҷиҳат Ислом бархилофи татайюр аз он наҳй накардааст.[10]

Тафаъул дар фарҳанги омма

Фол задан дар ҷаҳон як амри марсум аст, пешинае дароз дорад ва ба шеваҳои мухталифе анҷом мешавад.[11] Мусулмонон ба Қуръон тафаъул мекунанд. Мусулмонони форсизабон илова бар Қуръон, бо Девони Ҳофиз ва Маснавии маънавии ҳам тафаъул мезананд.[12]

Тафаъул дар адабиёти форсӣ ҳам инъикос ёфтааст. Аз ҷумла Ҳофиз сурудааст:

رخ تو در دلم آمد، مراد خواهم یافت

چرا که حال نکو در قفای فال نکوست[13]

Рухи ту дар дилам омад, мурод хоҳам ёфт

Чароки ҳоли накӯ дар қафои фоли накӯст.

Ҷусторҳои вобаста

Татайюр

Истихора

Эзоҳ

  1. Тариқадор, Кандукове дар бораи истихора, 1377ҳ.ш., саҳ.117.
  2. Ниг.: Зузанӣ, ал-Масодир, 1345ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.586; Макорими Шерозӣ, Тафсири Намуна, 1361ҳ.ш., ҷ.6, саҳ.317.
  3. Замирӣ ва Ҳусайнизода, “Истихора”.
  4. Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1390ҳ.қ., ҷ.20, саҳ.333.
  5. Ибни Манзур, Лисон-ул-араб, 1411ҳ.қ., ҷ.10, саҳ.168.
  6. Таботабоӣ, ал-Мизон, 1394ҳ.қ., ҷ.19, саҳ.86.
  7. Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1390ҳ.қ., ҷ.20, саҳ.381.
  8. Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1390ҳ.қ., ҷ.20, саҳ.381.
  9. Наҳҷ-ул-балоға, ҳикмати 400.
  10. Макорими Шерозӣ, Тафсири Намуна, 1361ҳ.ш., ҷ.6, саҳ.317.
  11. Тариқадор, Кандукове дар бораи истихора, 1377ҳ.ш., саҳ.118.
  12. Тариқадор, Кандукове дар бораи истихора, 1377ҳ.ш., саҳ.120.
  13. Ҳофиз, Ғазалиёт, ғазали 58.

Сарчашма

  • Замирӣ, Муҳаммадтақӣ ва Сайидабдуррасул Ҳусайнизода, “Истихора”, дар Доиратулмаорифи бузурги Қуръон, таърихи боздид: 7 хурдоди 1401ҳ.ш.
  • Зузанӣ, Ҳусайн ибни Аҳмад, китоби ал-Масодир, тасҳеҳи Тақӣ Биниш, Машҳад, китобфурушии Бостони Машҳад, 1340ҳ.ш.
  • Ибни Манзур, Муҳаммад ибни Мукаррам, Лисон-ул-араб, Бейрут, Дору эҳёл-туросил-арабӣ, 1411ҳ.қ.
  • Макорими Шерозӣ, Носир, Тафсири Намуна, Теҳрон, Дорул-китобил-исломийя, 1361ҳ.ш.
  • Маҷлисӣ, Муҳаммадбоқир, Биҳор-ул-анвор-ил-ҷомеъа лидурари ахбор-ил-аиммат-ил-атҳор, Теҳрон, Дорул-кутубил-исломийя, 1390ҳ.қ.
  • Наҳҷ-ул-балоға, тасҳеҳи Субҳӣ Солеҳ, Бейрут, Дорул-китобил-лубнонӣ, бе то.
  • Таботабоӣ, Сайид Муҳаммадҳусайн, ал-Мизон фи тафсир-ил-Қуръон, муассисатул-Аъламӣ, Бейрут, 1394ҳ.қ.
  • Тариқадор, Абулфазл, Кандукове дар бораи истихора ва тафаъул, Қум, Маркази интишороти дафтари таблиғоти исломӣ, 1377ҳ.ш.
  • Ҳофиз, Девони Ҳофиз, Ғазали 58, вебгоҳи Ганҷур, таърихи боздид: 28 фарвардини 1399ҳ.ш.