Издивоҷ

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Издивоҷи доим)
Рисолаи амалия

Ин мақола як навиштори тавсифӣ дар бораи як мафҳуми фиқҳист ва наметавонад меъёре барои аъмоли динӣ бошад. Барои аъмоли динӣ ба манобеи дигар муроҷиа кунед.

Издивоҷ (форсӣ: ازدواج) ё никоҳ (арабӣ: النّکاح) пайванди заношӯие аст, ки бо ҷорӣ шудани сиғаи ақди никоҳ эҷод мешавад. Қуръон издивоҷ ва қарор гирифтани мардон дар канори ҳамсаронашонро мояи оромиш дониста ва ба мусулмонон тавсия кардааст, ки мардон ва занони беҳамсарро ҳамсар диҳанд. Тибқи ривоёт, издивоҷ бузургтарин неъмат, баъд аз неъмати Ислом, нигаҳдорандаи нисф ё аз се ду ҳиссаи дин ва суннати Пайғамбари Ислом (с) аст.

Диндорӣ, хушахлоқӣ ва хонаводаи хуб аз милокҳои супоришшуда дар ривоёт барои интихоби ҳамсар аст. Аз дидгоҳи фуқаҳо издивоҷ ба худии худ мустаҳаби муаккад аст, аммо барои касе ки бо издивоҷ накардан ба гуноҳ меафтад, воҷиб аст.

Дар мазҳаби шиаи имомӣ, издивоҷ ду сурат дорад: 1- доим, 2-муваққат; дар сиғаи ақди издивоҷи муваққат, таъйини муддати издивоҷ ва миқдори маҳрия шарт аст ва баъд аз итмоми он муддат, зану шавҳар бидуни талоқ аз ҳам ҷудо мешаванд.

Дар китобҳои Тавзеҳ-ул-масоил, аҳкоми фиқҳии фаровоне барои издивоҷ омадааст, ки аз муҳимтарини онҳо лузуми хондани сиғаи ақд аст ва сирфи ризояти зану мард, дар таҳаққуқи издивоҷ кофӣ нест ва ин ки духтари бокира барои издивоҷ бояд аз падар ё ҷади падарии худ иҷоза бигирад.

Издивоҷ, бо лиъон, талоқ, марг, тағйири ҷинсият, иртидод ва вуҷуди яке аз авомили фасхи никоҳ поён меёбад ва баъд аз ҷудоӣ, зан бояд идда нигаҳ дорад.

Таъриф ва ақсом

Издивоҷ, эҷоди пайванди заношӯӣ бо сиғаи ақд аст. Дар мазҳаби шиаи имомӣ издивоҷ ду сурат дорад: доим ва муваққат; дар сиғаи ақди издивоҷи муваққат, муддати муайяне дар назар гирифта мешавад ва баъд аз итмоми он муддат, зану шавҳар бидуни талоқ аз якдигар ҷудо мешаванд.[1]

Издивоҷи муваққат

Мақолаи аслӣ: Издивоҷи муваққат

Издивоҷи муваққат дар замони Пайғамбари Ислом (с) ҷоиз буд, аммо аз замони халифаи дуввум, ҳаром эълом шуд.[2] Аз миёни мазоҳиби исломӣ танҳо мазҳаби шиаи имомия, издивоҷи муваққатро ҷоиз медонад.[3] Муҳимтарин фарқи издивоҷи муваққат бо издивоҷи доим, муддати муайян доштани он аст; ба гунае ки таъйини муддат дар сиғаи ақди муваққат лозим ва зарурӣ аст.[4]

Фарқҳои издивоҷи доиму муваққат

Издивоҷи доим ва издивоҷи муваққат аҳкоми муштараки бисёре доранд; аз ҷумла, хондани сиғаи ақд дар ҳар ду лозим аст. Ин ду издивоҷ фарқҳое низ бо якдигар доранд, ки ба шарҳи зер аст:

  • Дар издивоҷи доим, бар хилофи издивоҷи муваққат, мард бояд нафақаи занро бипардозад.
  • Дар издивоҷи доим зан бидуни иҷозати шавҳар наметавонад аз хона берун равад, аммо дар издивоҷи муваққат иҷозати мард лозим нест.
  • Дар издивоҷи доим бар хилофи издивоҷи муваққат, зану мард аз якдигар ирс мебаранд.[5]
  • Агар дар сиғаи ақди издивоҷи муваққат, маҳрия зикр нашавад, ақд ботил мешавад, аммо дар издивоҷи доим, ақд саҳеҳ аст ва дар сурати наздикӣ, мард бояд ба зан маҳрулмисл пардозад.[6]

Ҷойгоҳ

Дини Ислом ба издивоҷ аҳамияти фаровоне дода ва онро суннате аз суннатҳои Пайғамбари Ислом (с) муаррифӣ кардааст.[7] Ҳамчунин Қуръони Карим издивоҷро мояи оромиш дониста[8] ва ба мусулмонон тавсия кардааст, ки мардон ва занони беҳамсарро ҳамсар диҳанд.[9]

Дар ривоёт, вижагиҳо ва имтиёзоти фаровоне барои издивоҷ зикр шудааст, ки аз ҷумлаи онҳо метавон ба бузургтарин неъмати баъд аз неъмати Ислом,[10] сабаби хайр дар дунёву охират,[11] нигаҳдорандаи нисф ё аз се ду ҳиссаи дин[12] ва афзоишдиҳандаи ризқу рӯзӣ ишора кард.[13] Ҳамчунин пасттарин мурдагони мусулмонон, касоне муаррифӣ шудаанд, ки издивоҷ накарда аз дунё бираванд.[14]

Аҳком

Устод Муртазо Мутаҳҳарӣ - исломпажӯҳ, дар бораи нақши тарбиятии издивоҷ:

Дар Ислом издивоҷ (бо ин ки аз мақулаи лаззот ва шаҳавот аст) як амри муқаддас ва як ибодат талаққӣ шуда; яке аз иллатҳои он ин аст ки издивоҷ аввалин қадаме аст, ки инсон аз худпарастӣ ва худдӯстӣ ба сӯи ғайрдӯстӣ бармедорад. То қабл аз издивоҷ, фақат «ман» вуҷуд дошт ва ҳама чиз барои «ман» буд. Аввалин марҳалае ки ин ҳисор шикаста мешавад, яъне бо издивоҷ як мавҷуди дигаре ҳам дар канори ин «ман» қарор мегирад ва барои ӯ маънӣ пайдо мекунад; кор мекунад, заҳмат мекашад, хизмат мекунад на барои «ман» балки барои «ӯ»

Мутаҳҳарӣ, Таълиму тарбият дар Ислом, саҳ.267

Дар Тавзеҳ-ул-масоили мароҷеъи тақлид аҳкоми фиқҳии фаровонӣ барои издивоҷ омадааст, ки бархе аз муҳимтарини онҳо ба шарҳи зер аст:

  • Аз дидгоҳи фуқаҳо издивоҷ ба худии худ мустаҳаби муаккад аст, аммо барои касе ки бо издивоҷ накардан ба гуноҳ меафтад, воҷиб аст.[15]
  • Дар издивоҷи доиму муваққат, лозим аст сиғаи ақд хонда шавад ва сирфи ризояти зану мард кофӣ нест.[16]
  • Зану мард метавонанд худ сиғаи ақдро бихонанд, ё касеро вакил кунанд, ки аз тарафи онҳо сиғаи ақдро бихонад.[17]
  • Агар зану марди тавоноии хондани сиға ба забони арабиро доранд, бояд онро арабӣ бихонанд.[18]
  • Духтари бокира барои издивоҷ бояд аз падар ё ҷадди падарии худ иҷозат бигирад.[19]
  • Издивоҷ бо маҳорим монанди модар, хоҳар ва модарзан барои мард, ҳаром аст.[20]
  • Издивоҷи доим ва муваққати зани мусулмон бо марди ғайримусулмон ҷоиз нест.[21]
  • Издивоҷи муваққати марди мусулмон бо зани ғайримусулмон, агар аз аҳли китоб бошад, ҷоиз аст.[22]

Милокҳои ривоии интихоби ҳамсар

Намунае аз санади издивоҷи доим дар Эрон.

Дар бархе аз ривоёт, милокҳое барои издивоҷ баён ва тавсия шудааст, ки дар интихоби ҳамсар дар назар гирифта шаванд; бинобар ривояте, Пайғамбари Ислом шахсеро ба издивоҷ бо афроди диндор супориш кардааст.[23] Дар китоби Макорим-ул-ахлоқ, Имом Содиқ (а) дар ривояте мефармоянд: бо хонадони шоиста издивоҷ кунед; чароки вижагиҳои хонаводагӣ ба фарзандон мегузарад.[24] Аз Имом Ризо (а) ҳам нақл шудааст, ки аз издивоҷ бо фарди бадахлоқ бипарҳезед.[25] Зайд ибни Собит гӯяд Расули Худо (с) ба ман фармуд: эй Зайд ҳамсар гирифтаӣ? Гуфтам: на. Фармуд: зан бигир, то иффате, ки дорӣ маҳфуз нигаҳ дорӣ, вале бо панҷ гурӯҳ аз занон издивоҷ макун. Гуфтам: он занон каёнанд? Фармуд ҳеч гоҳ издивоҷ макун бо «шаҳбара» ва «лаҳбара» ва «наҳбара» ва «ҳайдара» ва «лафут». Гуфтам ё Расулаллоҳ ҳеҷ нафаҳмидам чӣ фармудед ва маънои ҳеҷ як аз ин луғотро намедонам. Расули Худо фармуд: магар шумо араб нестед? Аммо шаҳбара зани чашмкабуди бадзабон аст, ва аммо лаҳбара зани қадбаланди лоғарандом, ва аммо наҳбара зани кӯтоҳқади бадсиришт ва аммо ҳайдара пиразани гужпушт ва аммо лафут зане аст, ки аз шавҳари дигар фарзанд дошта бошад.[26]

Авомили поён ёфтани издивоҷ

Беҳтарини занони шумо заноне ҳастанд, ки бисёр фарзанд оваранду сахт меҳрубон бошанд. Дар аҳли худ азизу пӯшида ва нисбат ба шавҳар фурӯтану бепарда бошад ва аз ғайри шавҳар худро сахт пӯшида дорад; сухани шавҳарро бишнаваду фармонашро итоат кунад ва дар хилват он чиро ки шавҳар мехоҳад ба ӯ арзонӣ дорад ҳамроҳ бо латофати занона. Сипас фармуд: оё бигӯям бадтарини занон шумо кист? Гуфтанд: оре! Фармуданд: он зане ки бо аҳли худ мутавозеъ ва фурутан асту нисбат ба ҳамсар саркаш, нозо ва кинатуз аст, аз зиштӣ намепарҳезад ва чун шавҳараш нест бепарво, ва дар хилват аз шавҳар хештандорӣ мекунад, ҳамчун маркаби чамуш, ва узре аз шавҳар намепазираду гуноҳи ӯро намебахшад.

Ҳурри Омилӣ, Васоил-уш-шиа, ҷ.20, саҳ.30

Авомили поён ёфтани издивоҷ аз назари фақеҳон иборатанд аз: тағйири ҷинсият,[27] марг, талоқ ва чизҳое, ки муҷиби фасхи никоҳ мешаванд.[28] Баъди аз байн рафтани издивоҷ зан бояд идда (муддат замони муайяне, ки зан ҳаққи издивоҷ надорад) нигаҳ дорад.[29]

Монеъаҳои издивоҷ

Дар фиқҳи исломӣ ба далели доштани монеаҳое издивоҷ бо бархе аз занон ҳаром аст:

  • Монеъаҳои муваққат: шароите, ки дар он, издивоҷи зану мард ба наҳви мақтаъӣ ҳаром аст ва бо зоил шудани ин шароит, ҳаром будан низ бардошта мешавад.[30] Монанди:
  1. Истифои адад: [Ёддошт 1] яъне мард наметавонад бештар аз чаҳор зани озодро ба ақди доими худ даровард.[31] Ва бо доштани ду каниз бо ақди доим, наметавонад канизи зани сеюмро ба ақди худ даровард.[32]
  2. Ҷамъ байни ду хоҳар: издивоҷ бо ду хоҳар дар замони воҳид ҳаром аст, аммо агар марде, занаш фавт карда бошад ва ё бо талоқ аз якдигар ҷудо шуда бошанд, метавонад бо хоҳари он зан издивоҷ кунад.[33] [Ёддошт 2]
  3. Куфру иртидод: издивоҷи доим ё муваққати зани мусулмон бо кофири ҳарбӣ ё китобӣ ва ҳамчунин бо муртад, ҷоиз нест[34] ва ҳамчунин бар марди мусулмон ҷоиз нест бо кофири ғайрикитобӣ ва муртад издивоҷ кунад.[35]

Қонуни сабти издивоҷ

Дар бисёре аз кишварҳо издивоҷ ба сурати қонунӣ сабт мешавад.[45] Дар Тоҷикистон низ бар асоси Боби 4 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шарвандӣ, сабти ақди никоҳ барои завҷ муқаррар гардидааст.[46] Бархе аҳдофи сабти қонунии издивоҷ иборат аст аз: итминон аз сиҳҳати никоҳ, пешгирӣ аз ихтилоф ва суҳулати исботи ҳуқуқи завҷайн.[47]

Ҷусторҳои вобаста

Эзоҳ

  1. Муассисаи доиратулмаорифи фиқҳи исломӣ, фарҳанги фиқҳ, 1392ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.390.
  2. Субҳонӣ, “Издивоҷи муваққат дар китобу суннат”, саҳ.125, 126.
  3. Субҳонӣ, “Издивоҷи муваққат дар китобу суннат”, саҳ.63.
  4. Ҳусайнӣ, Аҳкоми издивоҷ, 1389ҳ.ш., саҳ.121.
  5. Ҳусайнӣ, Аҳкоми издивоҷ, 1389ҳ.ш., саҳ.120 - 121.
  6. Акбарӣ, Аҳкоми хонавода, 1393ҳ.ш., саҳ.26.
  7. Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.5, боби кароҳатулъазба/ باب کراهة العزبه, саҳ.329.
  8. Сураи Рум, ояти 21.
  9. Сураи Нур, ояти 32; Ҳусайнӣ, Аҳкоми издивоҷ, 1389ҳ.ш., саҳ.39 - 40.
  10. Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.5, бобу ман вуффиқа лаҳу-з-завҷатуссолеҳа/ بَابُ مَنْ وُفِّقَ لَهُ الزَّوْجَةُ الصَّالِحَة, саҳ.327.
  11. Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.5, боби ман вуффиқа лаҳуз завҷатус солеҳа/ بَابُ مَنْ وُفِّقَ لَهُ الزَّوْجَةُ الصَّالِحَة, саҳ.327.
  12. Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.5, боби кароҳатуъазаба, саҳ.329.
  13. Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.5, боби аннат тазвиҷа язиду фирризқ/ باب ان التزویج یزید فی الرزق, саҳ.330 - 331.
  14. Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.5, бобу кароҳатулъазаба, саҳ.329.
  15. Ҳусайнӣ, Аҳкоми издивоҷ, 1389ҳ.ш., саҳ.39, 40.
  16. Имом Хумайнӣ, Тавзеҳулмасоил (Муҳашшо), 1424ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.450.
  17. Имом Хумайнӣ, Тавзеҳулмасоил (Муҳашшо), 1424ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.450.
  18. Имом Хумайнӣ, Тавзеҳулмасоил (Муҳашшо), 1424ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.453.
  19. Имом Хумайнӣ, Тавзеҳулмасоил (Муҳашшо), 1424ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.458.
  20. Имом Хумайнӣ, Тавзеҳулмасоил (Муҳашшо), 1424ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.464.
  21. Имом Хумайнӣ, Тавзеҳулмасоил (Муҳашшо), 1424ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.468.
  22. Имом Хумайнӣ, Тавзеҳулмасоил (Муҳашшо), 1424ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.468.
  23. Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.332.
  24. Табарсӣ, Макорим-ул-ахлоқ, 1370ҳ.ш., саҳ.203.
  25. Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.563.
  26. Садуқ, ал-Хисол, 1362ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.316
  27. Имом Хумайнӣ, Таҳрир-ул-васила, 1384ҳ.ш., саҳ.992 - 993.
  28. Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1404ҳ.қ., ҷ.32, саҳ.211.
  29. Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1404ҳ.қ., ҷ.32, саҳ.211.
  30. Сордуинасаб ва дигарон, “Воковии татбиқии ҳурматҳои абадии издивоҷ дар фиқҳи имомия ва зайдия бо рӯйкарди ҳуқуқӣ”, саҳ.86.
  31. Муҳаққиқи Ҳиллӣ, Шароеъ-ул-Ислом, 1408ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.236.
  32. Муҳаққиқи Ҳиллӣ, Шароеъ-ул-Ислом, 1408ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.237.
  33. Шаҳиди Аввал, ал-Лумъат-уд-Димишқия, 1410ҳ.қ., саҳ.164.
  34. Хумайнӣ, Таҳрир-ул-васила, 1434ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.305.
  35. Хумайнӣ, Таҳрир-ул-васила, 1434ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.305.
  36. Сордуинасаб ва дигарон, “Воковии татбиқии ҳурматҳои абадии издивоҷ дар фиқҳи имомия ва зайдия бо рӯйкарди ҳуқуқӣ”, саҳ.86.
  37. Шайхи Муфид, ал-Муқниъа, 1413ҳ.қ., саҳ.501.
  38. Муҳаққиқи Ҳиллӣ, Шароеъ-ул-Ислом, 1408ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.237; Фозили Миқдод, Канз-ул-ирфон, 1425ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.295.
  39. Аллома Ҳиллӣ, Таҳрир-ул-аҳком, 1420ҳ.қ., саҳ.583.
  40. Ибни Идриси Ҳиллӣ, ас-Сароир, 1410ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.526.
  41. Шайхи Муфид, ал-Муқниъа, 1413ҳ.қ., саҳ.501.
  42. Аллома Ҳиллӣ, Таҳрир-ул-аҳком, 1420ҳ.қ., саҳ.465; Шайхи Муфид, ал-Муқниъа, 1413ҳ.қ., саҳ.501.
  43. Шайхи Муфид, ал-Муқниъа, 1413ҳ.қ., саҳ.501; Фозили Обӣ, Кашф-ур-румуз, 1417ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.216.
  44. Баҳҷат, Маносики ҳаҷ, Қум, саҳ.100; Субҳонӣ, Маносики ҳаҷ, 1388ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.91.
  45. Асадӣ, “Нақд ва баррасии қавонини сабти издивоҷ”, саҳ.103.
  46. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шарвандӣ - Боби 4
  47. Асадӣ, “Нақд ва баррасии қавонини сабти издивоҷ”, саҳ.106 - 109.

Ёддошт


Сарчашма

  • Акбарӣ, Маҳмуд, Аҳкоми хонавода, Қум, Фатаён, 1393ҳ.ш.
  • Асадӣ, Лайлосодот, “Нақд ва баррасии қавонини сабти издивоҷ”, дар маҷаллаи мутолиоти роҳбурдии занон, Теҳрон, шӯрои фарҳангии иҷтимои занон ва хонавода, тобистони 1387, шумораи 40.
  • Имом Хумайнӣ, Сайидрӯҳуллоҳ, Тавзеҳулмасоил (Муҳашшо), таҳқиқи Сайид Муҳаммадҳусайн Баниҳошимии Хумайнӣ, Қум, дафтари интишороти исломӣ, чопи ҳаштум, 1424ҳ.қ.
  • Имом Хумайнӣ, Сайидрӯҳуллоҳ, Таҳрир-ул-васила, Теҳрон, муассисаи танзим ва нашри осори Имом Хумайнӣ, 1384ҳ.ш./1426ҳ.қ.
  • Кулайнӣ, Муҳаммад ибни Яъқуб, ал-Кофӣ, таҳқиқи Алиакбари Ғаффорӣ, Теҳрон, Дорулкутубил-исломия, чопи чаҳорум, 1407ҳ.қ.
  • Мансур, Ҷаҳонгир, Қонуни маданӣ бо охирин ислоҳияҳо ва илҳоқоти ҳамроҳ бо қонуни масъулияти маданӣ, Теҳрон, нашри дидор, 1391ҳ.ш.
  • Наҷафӣ, Муҳаммадҳасан, Ҷавоҳир-ул-калом фи шарҳи шароеъ-ил-Ислом, Бейрут, Дору эҳёилтуросилъарабӣ, чопи ҳафтум, 1404ҳ.қ.
  • Санъонӣ, Абдурразоқ ибни Ҳамом, ал-Мусаннаф, маҷлиси илмӣ, беҷо, 1390ҳ.қ./1970м.
  • Субҳонӣ, Ҷаъфар, «Издивоҷи муваққат дар китоб ва суннат», фиқҳи Аҳли Байт, шумораи 48, 1385ҳ.ш.
  • Табарсӣ, Фазл ибни Ҳасан, Макоримул-ахлоқ, Қум, аш-Шарифи-р-Разӣ, чопи чаҳорум, 1412ҳ.қ./1370ҳ.ш.
  • Тӯсӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, ал-Мабсут фи фиқҳ-ил-имомия, тасҳеҳи Муҳаммадтақии Кашфӣ, Теҳрон, алмактабатул-Муртазавия ли эҳёилосорил-Ҷаъфария, 1387ҳ.қ.
  • Ҳошимии Шоҳрудӣ, Сайидмаҳмуд, Фарҳанги фиқҳи мутобиқ бо мазҳаби Аҳли Байт алайҳимуссалом, Қум, муассисаи доиратулмаорифи фиқҳи исломӣ, чопи аввал, 1392ҳ.ш.
  • Ҳусайнӣ, Сайид Муҷтабо, Аҳкоми издивоҷ (мутобиқ бо назари даҳ тан аз мароҷеъи изом), Қум, дафтари нашри маориф, чопи ҳафтум, 1389ҳ.ш.
  • Шаҳиди Сонӣ, Зайниддин ибни Алӣ, Масолик-ул-афҳом ило танқеҳи шароеъ-ил-Ислом, Қум, муассисаи алмаъорифул-исломия, чопи аввал, 1413ҳ.қ.


Хатои ёдкард: <ref> tags exist for a group named "Ёддошт", but no corresponding <references group="Ёддошт"/> tag was found