Масҳ бар хуффайн
Ин мақола як навиштори тавсифӣ дар бораи як мафҳуми фиқҳист ва наметавонад меъёре барои аъмоли динӣ бошад. Барои аъмоли динӣ ба дигар сарчашмаҳо муроҷиат кунед.
Масҳ бар хуффайн (форсӣ: مَسح بر خُفَّيْن) ба маънои масҳ кашидан бар рӯи маҳсӣ ё кафш дар ҳангоми вузуъ (таҳорат), тибқи фатвои фақеҳони шиа ботил аст ва бояд бар рӯи пӯсти пой масҳ шавад. Албатта, дар сурати тақия ва зарурат масҳ бар маҳсиро ҷоиз донистаанд.
Фақеҳони шиа барои мамнуъият масҳ бар маҳсӣ ба ояти 6 сураи Моида истинод кардаанд: «وَ امْسَحُوا بِرُؤُسِکُمْ وَ أَرْجُلَکُمْ إِلَی الْکَعْبَیْنِ»; ва сару пойҳоро то буғумҳо масҳ кунед!» Бар асоси ин оят, онҳо бар ин боваранд, ки масҳ бояд бар пой бошад ва пойафзол, по ба ҳисоб намеравад.
Бар мамнуъият ва ҳаром будани масҳи маҳсӣ ва кафш, ривоятҳое ба хусус аз ҳазрати Алӣ (а) низ нақл шудааст. Тибқи ин ҳадисҳо, иҷозати масҳ кардани маҳсӣ бо ояти вузуъ насх шудааст.
Дар муқобил, аҳли суннат иҷмоъ доранд, ки масҳ бар рӯи маҳсӣ ҳатто дар ҳолати оддӣ ҷоиз аст. Аҳли суннат бар ин боваранд, ки дар вузуъ ё бояд пойҳо шуста шавад (масҳ бар пой дуруст нест) ва ё масҳ бар маҳсӣ анҷом шавад.
Мафҳумшиносӣ
Масҳ ба маънои масҳ кашидан аст.[1] Хуффайн ба маънои ду «хуф», попӯш ва кафше аст, ки рӯй поро комил бипӯшонад.[2] Дар муқобили хуф, наъл қарор дорад, ки тамом рӯй поро дарбар намегирад.[3]
Ҳукми шаръӣ
Ба фатвои фақеҳони шиа, масҳи по дар вузӯъ бояд бар рӯи пӯст бошад[4] ва масҳ бар рӯй хуффайн ё ҳамон маҳсӣ ҷоиз нест.[5] Албатта онҳо ду мавридро аз ҳукми манъи масҳ бар хуффайн истисно кардаанд ва масҳ бар хуффайнро дар сурати тақия[6] ва зарурат[7] ҷоиз медонанд. Аз ин рӯ, аз назари онон дар сурате, ки тарс аз чизе монанди сармо вуҷуд дошта бошад, масҳ бар кафш ҷоиз аст.[8]
Аҳли суннат иҷмоъ доранд, ки масҳ бар хуффайн ҷоиз аст; чи дар сурати зарурат ва чи дар ҳолати оддӣ.[9]
Далоили шаръӣ
Фақеҳон барои мамнуъияти масҳ бар хуффайн ба ояти «وَ امْسَحُوا بِرُؤُسِکُمْ وَ أَرْجُلَکُمْ إِلَی الْکَعْبَیْنِ; ва сару пойҳоро то мафсал масҳ кунед»[10] истинод кардаанд.[11] Шиа бар асоси ин оят муътақид аст, масҳ бояд бар рӯи пой бошад ва кафшу масҳӣ, по ба ҳисоб намеояд;[12] ҳамон гуна ки масҳи сар бояд бар рӯи сар анҷом шавад ва агар бар рӯи салла ё кулоҳ бошад, кифоят намекунад.[13] Дар ривоёт низ Аҳли Байт (а) ин оятро далел бар ҷоиз набудани масҳ бар рӯи масҳӣ донистаанд.[14]
Бар асоси ривоёт, Имом Алӣ (а) муътақид буд Пайғамбар (с) то қабл аз нузули сураи Моида бар рӯи кафш масҳ мекард, аммо баъд аз нузули ин оят, масҳ бар рӯи кафш анҷом надод[15] ва ҷавози масҳ бар кафш ба василаи ояти Вузӯъ насх шудааст.[16] Ривоёти бисёре бар мамнуъияти масҳ бар кафшҳо ворид шудааст.[17]
Аҳли суннат барои исботи муддаои худ мабнӣ бар ҷавози масҳ бар хуффайн ё ҳамон маҳсӣ муътақиданд, Пайғамбар (с) баъд аз нузули ояти шашуми сураи Моида, боз бар кафш масҳ мекард.[18] Бархе аҳли суннат ин оятро муқайяд ба ғайри маънои зоҳири он карда ва онро барои шахсе донистаанд, ки кафш бар по надорад.[19] Фахри Розӣ, муфассири аҳли суннат, низ муътақид аст, ки бархе саҳоба муътақид буданд, ки масҳ бар кафш ишкол надорад ва дигар саҳоба низ мухолифате бо ин ҳукм накардаанд ва ин муҳимтарин далел бар ин матлаб аст.[20]
Эзоҳ
- ↑ Қурашӣ, Қомуси Қуръон, 1371ҳ.ш., ҷ.6, саҳ.256.
- ↑ Муассисаи Доиратулмаорифи фиқҳи исломӣ, фарҳанги фиқҳ, 1426ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.473.
- ↑ Муассисаи Доиратулмаорифи фиқҳи исломӣ, фарҳанги фиқҳ, 1426ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.473.
- ↑ Барои намуна нигоҳ кунед ба Рӯҳонӣ, Фиқҳ-ус-Содиқ (а), 1412ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.292.
- ↑ Омадӣ, ал-Масҳ фи вузу-ир-Расул (а), саҳ.132.
- ↑ Рӯҳонӣ, Фиқҳ-ус-Содиқ (а), 1412ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.294.
- ↑ Хуӣ, Мавсуъат-ул-имом-ил-Хуӣ, 1418ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.207.
- ↑ Омулӣ, ал-Маъолим-ул-маъсура, 1406ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.298.
- ↑ Нававӣ, ал-Минҳоҷ шарҳ Саҳеҳ Муслим ибни-л-Ҳаҷҷоҷ, 1392ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.164.
- ↑ Сураи Моида, ояти 6.
- ↑ Субҳонӣ, Силсилат-ул-масоил-ил-фиқҳия, Қум, ҷ.2, саҳ.9 - 12.
- ↑ Шайхи Тусӣ, ал-Тибён, Бейрут, ҷ.3, саҳ.457.
- ↑ Шайхи Тусӣ, ал-Тибён, Бейрут, ҷ.3, саҳ.457.
- ↑ Мусавии Сабзаворӣ, Мавоҳиб-ур-Раҳмон, 1409ҳ.қ., ҷ.11, саҳ.44.
- ↑ Айёшӣ, ал-Тафсир, 1380ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.302.
- ↑ Таботабоӣ, ал-Мизон, 1417ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.234.
- ↑ Шаҳиди Аввал, Зикро-ш-шиъа фи аҳком-иш-шариъат, 1419ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.157.
- ↑ Ибни Касир, Тафсир-ул-Қуръон-ил-Азим, 1419ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.52.
- ↑ «Масҳи хуффайн», сайти ал-Муфлиҳун.
- ↑ Фахри Розӣ, Мафотиҳ-ул-ғайб, 1420ҳ.қ., ҷ.11, саҳ.307.
Сарчашма
- Айёшӣ, Муҳаммад ибни Масъуд, ал-Тафсир, таҳқиқ ва тасҳеҳи Сайидҳошим Расулии Маҳаллотӣ, ал-матбаъатул-илмия, Теҳрон, чопи аввал, 1380ҳ.қ.
- Қурашӣ, Сайид Алиакбар, Қомуси Қуръон, Теҳрон, Дорул-кутубил-исломия, чопи шашум, 1371ҳ.ш.
- «Масҳи хуффайн», сайти ал-Муфлиҳун, таърихи боздид: 16 мурдоди 1400ҳ.ш.
- Муассисаи Доиратулмаорифи фиқҳи исломӣ, фарҳанги фиқҳ мутобиқ бо мазоҳиби Аҳли Байт, зериназари Сайидмаҳмуд Ҳошимии Шоҳрудӣ, Қум, муассисаи Доиратулмаорифи исломӣ, 1426ҳ.қ.
- Мусавии Сабзаворӣ, Сайид Абдулаъло, Мавоҳиб-ур-Раҳмон фи тафсир-ил-Қуръон, Бейрут, муассисаи Аҳли Байт (а), чопи дувум, 1409ҳ.қ.
- Нававӣ, Яҳё ибни Шараф, ал-Минҳоҷ шарҳ Саҳеҳ Муслим ибни-л-Ҳаҷҷоҷ, Бейрут, Дору эҳёил-туросил-арабӣ, 1392ҳ.қ.
- Омадӣ, Муҳаммадҳасан, ал-Масҳ фи вузу-ир-Расул (с), бено, бе то.
- Омулӣ, Мирзоҳошим, ал-Маъолим-ул-маъсура, тақрири Муҳаммадалӣ Исмоилпӯр Қумшаӣ, Қум, нашри муаллифул-китоб, чопи аввал, 1406ҳ.қ.
- Рӯҳонӣ, Сайидсодиқ, Фиқҳ-ус-Содиқ (а), Қум, Дорул-китоб, 1412ҳ.қ.
- Субҳонӣ, Ҷаъфар, Силсилат-ул-масоил-ил-фиқҳия, Қум, бено, бе то.
- Таботабоӣ, Сайид Муҳаммадҳусайн, ал-Мизон фи тафсир-ил-Қуръон, Қум, дафтари интишороти исломӣ, чопи панҷум, 1417ҳ.қ.
- Фахри Розӣ, Муҳаммад ибни Умар, Мафотиҳ-ул-ғайб, Бейрут, Дору эҳёил-туросил-арабӣ, чопи сеюм, 1420ҳ.қ.
- Хуӣ, Сайид Абулқосим, Мавсуъат-ул-имом-ил-Хуӣ, Қум, муассисаи эҳёу осор-ил-имоми-л-Хуӣ, чопи аввал, 1418ҳ.қ.
- Ҷазирӣ, Абдурраҳмон ва Сайид Муҳаммад Ғаравӣ ва Ёсир Мозиҳ, ал-Фиқҳу ала-л-мазоҳиб-ил-арбаъа ва мазҳаби Аҳли-л-Байт вифқан ли мазҳаби Аҳли-л-Байт (а), Бейрут, Дорул-сақалайн, чопи аввал, 1419ҳ.қ.
- Шайхи Тусӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, ал-Тибён фи тафсир-ил-Қуръон, муқаддимаи Шайх Оқобузурги Теҳронӣ, таҳқиқи Аҳмад Қусайр Омилӣ, Бейрут, Дору эҳёил-туросил-арабӣ, бе то.
- Шаҳиди Аввал, Муҳаммад ибни Маккӣ, Зикро-ш-шиъа фи аҳком-иш-шариъа, Қум, муассисаи Олулбайт (а), чопи аввал, 1419ҳ.қ.