Ҳамосаи Имом Саҷҷод (китоб)
![]() | |
| Нависанда | Сайид Алии Хоманаӣ |
|---|---|
| Мавзуъ | Сираи сиёсӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоии Имом Саҷҷод (а) |
| Сабк | Таърихӣ-таҳлилӣ |
| Забон | Форсӣ |
| Ба кӯшиши | Интишороти Инқилоби исломӣ |
| Теъдоди ҷилд | 1 |
| Маҳалли нашр | Теҳрон |
Ҳамосаи Имом Саҷҷод (форсӣ: حماسه امام سجاد) китобест иборат аз суханрониҳо ва назароти Сайид Алии Хоманаӣ дар бораи сираи сиёсӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоии Имом Саҷҷод (а). Дар ин асар ба мавзуъҳое чун назарияи инсони 250-сола, шарҳи вазъияти эътиқодии мардум ва шиаён пас аз воқеаи Карбало ва назароти муаллиф дар бораи зиндагии Имом Саҷҷод (а) пардохта шудааст.
Аҳамият ва ҷойгоҳ
Ин китоб дар 282 саҳифа дар бораи сираи фарҳангӣ ва сиёсии Имом Саҷҷод (а) аз манзари Сайид Алии Хоманаӣ раҳбари Ҷумҳурии исломии Эрон, пардохтааст. Ба гузориши рӯзномаи Хуросон, пайвастагӣ ва ҳампӯшонии мундариҷаи ин китоб боис мешавад, то хонанда битавонад фасл ба фасл, омӯхтаҳои худ дар бораи сираи Имом Саҷҷод (а)-ро такмил диҳад ва ибҳомотеро, ки аҳёнан дар фарозҳое аз китоб барояш пайдо шудааст, бартараф созад.[1] Бар асоси нақди ин рӯзнома, тадвингарони китоб, асарро тавре танзим кардаанд, ки сайри мутолиотии марбут ба сираи муборизотии Имом Саҷҷод (а) дар канори мурури сираи сиёсӣ ва фарҳангии ӯ, интизоми вижае ба худ бигирад ва боиси сардаргумии мухотаб нашавад.[2] Содагӯӣ, таҳлил ва ҳамчунин рӯзомадии фазои таҳлил, аз вижагиҳои ин асар баршумурда шудааст.[3]
Мундариҷа
Китоб иборат аз се бахш аст.
- Бахши нахуст: Ба мавзуи назарияи инсони 250-сола ва шарҳи суханрониҳои Сайид Алии Хоманаӣ дар соли 1986 дар Конгресси ҷаҳонии Имом Ризо (а) пардохтааст.[4]
- Бахши дувум: Иборат аз чаҳор гуфтори муаллиф дар масҷиди Каромати Машҳад дар феврали соли 1974 аст. Масъалаҳое чун вазъияти эътиқодии мардум ва шиаён пас аз воқеаи Карбало, баёни вазифаҳои Имом Саҷҷод (а) ва азми он ҳазрат барои анҷоми ин вазифаҳо, душманӣ ва бархе таҳрифоти анҷомёфта тавассути Банӣ Умайя, ишора ба нақши раҳбарии фикрии Имом, ташреҳ ва тавзеҳи робитаи Имом бо шиаёни хос, сомондеҳӣ ва тарбияти шиаён ва фиристодани эшон ба ақсо нуқоти ҷаҳони Ислом, бархӯрди шадиди Имом бо олимони дарборӣ ва ҳамчунин истифодаи Имом (а) аз қолаби дуо барои интиқоли маорифи ноби Ислом аз ҷумлаи мавзуъҳои мавриди таваҷҷуҳ дар ин бахши китоб омадааст.[5]
- Бахши севум: Маҷмуаи мусоҳибаҳои муаллиф бо маҷаллаи Посдори Ислом дар соли 1982-ро дар бар мегирад, ки дорои назароти муаллиф дар бораи зиндагии Имом Саҷҷод (а) мешавад.[6]
Интишор
Маросими рӯнамоӣ аз китоби Ҳамосаи Имом Саҷҷод (а), дар 3 марти соли 2021 дар Донишгоҳи улуми исломии Разавӣ дар Машҳад баргузор шуд.[7] Ин асар аз тарафи интишороти Инқилоби исломӣ вобаста ба Дафтари ҳифз ва нашри осори Оятуллоҳ Сайид Алии Хоманаӣ нашр гардидааст.[8] Китоб аввалин бор дар соли 2021 чоп шуд ва то моҳи сентябри ҳамон сол ба чопи шашум расид ва зиёда аз 10 ҳазор нусха аз он ба чоп расид.[9]
Эзоҳ
- ↑ «روایتی متفاوت از «حماسه امام سجاد(ع)»», Рӯзномаи Хуросон
- ↑ «روایتی متفاوت از «حماسه امام سجاد(ع)»», Рӯзномаи Хуросон
- ↑ «روایتی متفاوت از «حماسه امام سجاد(ع)»», Рӯзномаи Хуросон
- ↑ «کتاب حماسه امام سجاد(ع) تجدید چاپ شد», Хабаргузории АБНО
- ↑ «کتاب حماسه امام سجاد(ع) تجدید چاپ شد», Хабаргузории АБНО
- ↑ «کتاب حماسه امام سجاد(ع) تجدید چاپ شد», Хабаргузории АБНО
- ↑ ««حماسه امام سجاد (ع)» از منظر رهبر معظم انقلاب», Хабаргузории Тасним
- ↑ «کتاب حماسه امام سجاد(ع) تجدید چاپ شد», Хабаргузории АБНО
- ↑ «کتاب «حماسه امام سجاد (ع)» به چاپ ششم رسید», Хабаргузории Китоби Эрон
Сарчашма
- «کتاب حماسه امام سجاد(ع) تجدید چاپ شد» («Китоби Ҳамосаи Имом Саҷҷод (а) таҷдиди чоп шуд»), Хабаргузории АБНО, санаи дарҷи матлаб: 11 марти 2023, санаи боздид: 1 июли 2023
- «کتاب «حماسه امام سجاد (ع)» به چاپ ششم رسید» («Китоби «Ҳамосаи Имом Саҷҷод (а)» ба чопи шашум расид»), Хабаргузории китоби Эрон, санаи дарҷи матлаб: 31 августи 2022, санаи боздид: 1 июли 2023
- «روایتی متفاوت از «حماسه امام سجاد(ع)»» («Ривояте мутафовут аз «Ҳамосаи Имом Саҷҷод (а)»»), рӯзномаи Хуросон, санаи дарҷи матлаб: 10 августи 2022, санаи боздид: 1 июли 2023
- ««حماسه امام سجاد (ع)» از منظر رهبر معظم انقلاب» (««Ҳамосаи Имом Саҷҷод (а)» аз манзари Раҳбари муаззами инқилоб»), Хабаргузории Тасним, санаи дарҷи матлаб: 1 марти 2021, санаи боздид: 1 июли 2023
