Jump to content

Үндана:Қавми Нӯҳ

Аз wikishia
Қавми Нӯҳ
Дар ин миниётюра ҳазрати Нӯҳ дар оғози тӯфон дар ҳоли нигоҳ кардан ба қавми худ ва ғарқ шудани онон дар умури дунявӣ аст — китоби хурди мураққаи «Гулистон»-и Саъдӣ (1014–1039ҳ.қ.)
Дар ин миниётюра ҳазрати Нӯҳ дар оғози тӯфон дар ҳоли нигоҳ кардан ба қавми худ ва ғарқ шудани онон дар умури дунявӣ аст — китоби хурди мураққаи «Гулистон»-и Саъдӣ (1014–1039ҳ.қ.)
Иттилооти куллӣ
Ном дар ҚуръонҚавми Нӯҳ (قوم نوح)
Оятҳои марбутОяти 7 сураи Нӯҳ, ояти 9 сураи Қамар ва ояти 46 сураи Зориёт
ПайғамбарҲазрати Нӯҳ алайҳиссалом
ДинПарастиши худоёни гуногун ва саркашию инкори яктопарастие, ки пайғамбарашон ҳазрати Нӯҳ ба он даъват мекард
Вижагии муҳимБутпарастӣ
СаранҷомАзоби Илоҳӣ
Шахсиятҳо
Шахсиятҳои машҳурҲазрати Нӯҳ, писари Нӯҳ, ҳамсари Нӯҳ


Қавми Нӯҳ (форсӣ: قوم نوح) яке аз қавмҳои ёдшуда дар Қуръон аст, ки ба сабаби мухолифат бо пайғамбари худ дучори азоби Худо шуданд. Ҳикояти қавми Нӯҳ бештар аз 70 бор дар сураҳои гуногуни Қуръон омадааст.

Қавми Нӯҳ бо вуҷуди солҳо даъват ва кӯшиши ҳазрати Нӯҳ (а), ҷуз гурӯҳи каме, ба ӯ имон наоварданд. Онҳо бутпараст буданд ва пайғамбарашонро ба дурӯғгӯӣ, девонагӣ, ҷинзадагӣ ва ҷидолталабӣ муттаҳам мекарданд. Ин қавм муъминони Нӯҳ (а)-ро содалавҳу нодон медонистанд ва мардумро ба мухолифату озор додани ӯ водор мекарданд.

Ба фармони Худо, Нӯҳ (а) ба сохтани киштӣ маъмурият ёфт. Қавми ӯ вайро масхара мекарданд, аммо бо оғози тӯфон, муъминон бо Нӯҳ наҷот ёфтанд ва мункирони ӯ, аз ҷумла ҳамсар ва яке аз фарзандони ӯ, дар тӯфон ғарқ шуданд.

Муаррифӣ ва ҷойгоҳ

Ҳикояти қавми Нӯҳ (а) бештар аз ҳафтод бор дар Қуръон ёд шуда[1] ва дар сураҳое мисли Аъроф, Юнус, Ҳуд, Анбиё, Муъминун, Шуаро ва сураи мустақилле бо номи Нӯҳ омадааст.[2] Ривояти саргузашти онҳо дар Таврот, Инҷил ва ҳамчунин дар афсонаҳои қавмҳои гуногуни ҷаҳон низ нақл шудааст.[3] Қавми Нӯҳ пеш аз қавмҳои Од, Самуд ва Лут зиндагӣ мекарданд.[4]

Қуръон қавми Нӯҳро бутпараст муаррифӣ мекунад.[5] Онҳо Худоҳои гуногунро парастиш мекарданд, ки панҷ бути: Вадд, Сувоъ, Яғус, Яъуқ ва Наср дар миёни онҳо эҳтироми хос доштанд.[6] Ибни Асир, таърихнигори аҳли суннат, дар бораи эътиқод ва рафторҳои қавми Нӯҳ ду назария овардааст: гурӯҳе онҳоро ба гуноҳҳое мисли фаҳшо ва шаробхорӣ мутаҳам медонистанд ва гурӯҳи дигар бовар доштанд, ки баъзе аз онҳо ба оини Собеиён пайваста ва аҳли итоат буданд.[7]

Вокуниш ба даъвати Нӯҳ (а)

Муфассирони Қуръон, қавми Нӯҳро мардуми нодон ва ноогоҳ шумурдаанд[8] ки бар гуноҳони худ пойфишорӣ мекарданд.[9] Онҳо пайғамбарашонро дурӯғгӯ меномиданд[10] ва ҳушдорҳои ӯро нодида мегирифтанд. Қавми Нӯҳ (а) он ҳазратро инсони оддӣ мешумурданд ва бовар доштанд, ки агар расуле аз тарафи Худо бошад, бояд бар дӯши фариштагон бошад.[11] Вайро аҳли ҷидол меномиданд[12] ва гоҳ ба сангсор таҳдид мекарданд[13] ва ба ҷунун ва ҷинзанӣ муттаҳам месохтанд.[14] Дар китоби Тафсир Намуна омадааст, ки қавми Нӯҳ дар озори ӯ то он дараҷа пеш мерафтанд, ки гоҳ гарданашро мефишурданд ва беҳӯш шуда рӯи замин меафтод.[15]

Қавми Нӯҳ, боваркунандагони Нӯҳро содалавҳу бефикр мешумурданд[16]. Бузургону сарватмандони қавм низ монеи таблиғи ӯ мешуданд ва мардумро ба пайравӣ аз худоёни онҳо даъват мекарданд[17] ва дигаронро ба муқобила ва озори пайғамбарашон ҳидоят мекарданд[18].

Сайид Муҳаммадҳусайни Таботабоӣ, бо такя ба ояти 7 сураи Нӯҳ, менависад, ки ҳангоми даъвати ҳазрат Нӯҳ (а), қавмаш ангуштони худро дар гӯш мегузоштанд, то овози ӯро нашунаванд ва либосҳояшонро болои сар мекашиданд, то ӯро набинанд; онҳо бо ҷидду ҷаҳд ва такаббур даъвати ӯро рад мекарданд.[19] Бо вуҷуди даъвати дарозмуддат, ки дар Қуръон муддати он 950 сол зикр шудааст,[20] шумораи боваркунандагон ба ӯ кам буд ва дар манбаъҳои гуногун миёни 7 то 80 нафар хабар дода шудааст.[21] Қавми Нӯҳ на танҳо ӯ, балки ҳамаи пайғамбаронро инкор карданд.[22]

Сарнавишти қавми Нӯҳ

Қавми Нӯҳ, пас аз шунидани ваъдаи азоб аз пайғамбарашон,[23] аз ӯ талаб карданд, ки онро амалӣ кунад.[24] Нӯҳ пас аз ноумедӣ аз ҳидояташон, онҳоро нафрин кард ва аз Худо дархост намуд, ки интиқом гирад.[25] Ба фармони Худо, Нӯҳ вазифадор шуд, ки киштӣ созад[26] ва дар замони сохтани он, сарварони қавм ӯро тамасхур мекарданд.[27]

Бо оғози фармони Худо барои азоб, об аз танӯр шурӯъ ба ҷӯшидан кард[28] ва Нӯҳ (а) ба ҳамроҳи муъминон ба киштӣ савор шуд,[29] аммо қавми Нӯҳ, ҳамсар ва яке аз фарзандонаш ба киштӣ савор нашуданд[30] ва дар тӯфон ҳалок шуданд.[31] Ба гуфтаи Сайид Муҳаммад Ҳусайн Таботабоӣ, борони шадид ва пайваста аз осмон борид ва ҳамзамон аз замин чашмаҳо ҷорӣ шуданд, то ки оби осмон ва замин ба ҳам пайваст[32] ва ҳамаи кӯҳҳо, дарахтон ва хонаҳо зери об рафтанд.[33] Табарсӣ, муфассири шиа, аз Имоми Содиқ (а), нақл кардааст, ки чил сол пеш аз тӯфони Нӯҳ, занони он қавм ақиму нозо шуданд ва фарзанде аз онҳо таваллуд нашуд; ин амр пешзамина барои муҷозоти онон буд.[34]

Ҷусторҳои вобаста

Эзоҳ

  1. Ибни Асир, ал-Комал фи-т-таърих, 1385ҳ.қ, ҷ.1, саҳ.102-105
  2. Ибни Касир, ал-Бидоя ва-н-ниҳоя, Бейрут, ҷ.1, саҳ.101
  3. Маҳдавирод ва дигарон, «Таҳлили таъбири тӯфони Нӯҳ дар Таврот ва Қуръон», саҳ.60
  4. Тайиб, Атяб-ул-баён, 1378ҳ.ш, ҷ.8, саҳ.233-234
  5. Ибни Асир, ал-Комал фи-т-таърих, 1385ҳ.қ, ҷ.1, саҳ.67
  6. Таботабоӣ, ал-Мизон, 1390ҳ.қ, ҷ.20, саҳ.34
  7. Ибни Асир, ал-Комал фи-т-таърих, 1385ҳ.қ, ҷ.1, саҳ.67
  8. Макорими Шерозӣ, Қиссаҳои Қуръон, 1382ҳ.ш., саҳ.44
  9. Қироатӣ, Тафсири Нур, 1388ҳ.ш., ҷ.9, саҳ.263
  10. Макорими Шерозӣ, Қиссаҳои Қуръон, 1382ҳ.ш., саҳ.43
  11. Макорими Шерозӣ, Қиссаҳои Қуръон, 1382ҳ.ш., саҳ.41
  12. Макорими Шерозӣ, Тафсир Намуна, 1371ҳ.ш., ҷ.9, саҳ.81
  13. Макорими Шерозӣ, Тафсир Намуна, 1371ҳ.ш., ҷ.23, саҳ.30
  14. Макорими Шерозӣ, Тафсир Намуна, 1371ҳ.ш., ҷ.23, саҳ.30
  15. Макорими Шерозӣ, Тафсир Намуна, 1371ҳ.ш., ҷ.23, саҳ.30
  16. Макорими Шерозӣ, Қиссаҳои Қуръон, 1382ҳ.ш., саҳ.43
  17. Таботабоӣ, ал-Мизон, 1390ҳ.қ., ҷ.20, саҳ.33
  18. Таботабоӣ, ал-Мизон, 1390ҳ.қ., ҷ.20, саҳ.33
  19. Таботабоӣ, ал-Мизон, 1390ҳ.қ., ҷ.20, саҳ.29
  20. Қироатӣ, Тафсири Нур, 1388ҳ.ш., ҷ.9, саҳ.263
  21. Ибн Асир, ал-Комил фи-т-таърих, 1385ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.70
  22. Таботабоӣ, ал-Мизон, 1390ҳ.қ., ҷ.19, саҳ.67
  23. Майбудӣ, Кашф-ул-асрор ва иддат-ул-аброр, 1371ҳ.ш., ҷ.10, саҳ.244
  24. Макорими Шерозӣ, Қиссаҳои Қуръон, 1382ҳ.ш., саҳ.46
  25. Ибни Касир, ал-Бидоя ва-н-ниҳоя, Бейрут, саҳ.109
  26. Макорими Шерозӣ, Қиссаҳои Қуръон, 1382ҳ.ш., саҳ.48
  27. Макорими Шерозӣ, Қиссаҳои Қуръон, 1382ҳ.ш., саҳ.48
  28. Макорими Шерозӣ, Тафсир Намуна, 1371ҳ.ш., ҷ.9, саҳ.97
  29. Макорими Шерозӣ, Қиссаҳои Қуръон, 1382ҳ.ш., саҳ.51
  30. Макорими Шерозӣ, Қиссаҳои Қуръон, 1382ҳ.ш., саҳ.51
  31. Шоҳабдулазимӣ, Тафсири Исноашарӣ, 1363ҳ.ш., ҷ.12, саҳ.278
  32. Таботабоӣ, ал-Мизон, 1390ҳ.қ., ҷ.19, саҳ.68
  33. Таййиб, Атяб-ул-баён, 1369ҳ.ш., ҷ.12, саҳ.352
  34. Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1372ҳ.ш., ҷ.5, саҳ.242

Сарчашма

  • Ибни Асир, Алӣ ибни Муҳаммад, ал-Комил фи-т-таърих, Бейрут, Дор содир, 1385ҳ.қ.
  • Ибни Касир, Ҳофиз Ибни Касир, ал-Бидоя ва-н-ниҳоя, Бейрут, Дор-ул-фикр, бетаърих.
  • Қироатӣ, Муҳсин, Тафсири Нур, Теҳрон, Маркази фарҳангии Дарсҳое аз Қуръон, 1388ҳ.ш.
  • Қутбуддин Ровандӣ, Саид ибни Ҳибатуллоҳ, Қасас-ул-анбиё, муҳаррир: Ғуломризо Ирфониён Яздӣ, Машҳад, Маркази пажӯҳишҳои исломӣ, чопи аввал, 1409ҳ.қ.
  • Майбудӣ, Ахмад ибни Муҳаммад, Кашф-ул-асрор ва иддат-ул-аброр (маъруф ба Тафсири Хоҷа Абдуллоҳи Ансорӣ), таҳқиқ: Алиасғари Ҳикмат, Теҳрон, Амири Кабир, чопи панҷум, 1371ҳ.ш.
  • Макорими Шерозӣ, Насер, Қиссаҳои Қуръон, Теҳрон, Дор-ул-кутуб-ил-исломия, чопи севум, 1382ҳ.ш.
  • Макорими Шерозӣ, Носир, Тафсир Намуна, Теҳрон, Дор-ул-кутуб-ил-исломия, чопи даҳум, 1371ҳ.ш.
  • Маҳдавирод, Муҳаммадалӣ ва Ҷалил Парвин ва Фарибо Шуҷоӣ, «Таҳлили татбиқии тӯфони Нӯҳ дар Таврот ва Қуръон», Дуфаслномаи Пажӯҳишномаи тафсир ва забони Қуръон, соли ҳафтум, №13, 1397ҳ.ш.
  • Маҷлисӣ, Муҳаммад Боқир, Биҳор-ул-анвор, муҳаққиқ, ҷамъе аз муҳаққиқон, Бейрут, Дор эхё-ит-турос-ил-арабӣ, чопи дувум, 1403ҳ.қ.
  • Табарсӣ, Фазл бин Ҳасан, Маҷмаъ-ул-баён фи тафсир-ил-Қуръон, таҳрир: Фазлуллоҳ Яздии Таботабоӣ ва Ҳашими Расулӣ, Теҳрон, Насири Хусрав, чопи севум, 1372ҳ.ш.
  • Таботабоӣ, Сайид Муҳаммадҳусайн, ал-Мизон фи тафсир-ил-Қуръон, Бейрут, Муассисат-ул-аъламӣ ли-л-матбуот, чопи дувум, 1390ҳ.қ.
  • Таййиб, Абдулҳусайн, Атяб-ул-баён фи тафсир-ил-Қуръон, Теҳрон, Ислом, 1378ҳ.ш.
  • Ҳоирии Теҳронӣ, Алӣ, Муқтаниёт-уд-дурар, Теҳрон, Дор-ул-кутуб-ил-исломия, чопи аввал, 1338ҳ.ш.
  • Шоҳабдулазимӣ, Ҳусайн, Тафсири Исноашарӣ, Теҳрон, Миқот, 1363ҳ.ш.