Үндана:Ояти 29 сураи Фатҳ
| Маълумот дар бораи оят | |
|---|---|
| Воқеъ дар сураи | Фатҳ |
| Шумораи оят | 29 |
| Ҷузъ | 26 |
| Шаъни нузул | дорад |
| Макони нузул | Мадина |
| Дар бораи | хусусиятҳои Пайғамбар ва муъминон |
| Оёти муртабит | Ояти 9 сураи Моида |
Ояти 29 сураи Фатҳ (форсӣ: آیه ۲۹ سوره فتح) Пайғамбар (с) ва ёронашро бо панҷ хусусият тавсиф мекунад: сарсахтӣ дар баробари куффор, меҳрубонӣ бо якдигар, ибодати пайваста, талаби фазл ва ризои Илоҳӣ, ва намоён будани асари саҷда бар чеҳраҳояшон.
Ҳамчунин ишора мекунад, ки ин сифатҳо дар Таврот ва Инҷил низ баён шудаанд, аммо баъзе пажӯҳишгарон муътақиданд ба далели таҳрифҳои суратгирифта дар кутуби пешин, татбиқи дақиқи ин авсоф бо сарчашмаҳои ҳозира мушкилсоз шуда, аз ин рӯ баъзе аз муфассирон танҳо ба тавзеҳи он бар асоси Қуръон басандa кардаанд.
Муфассирони аҳли суннат бо истинод ба ваъдаи мағфират дар ин оят, адолати ҳамаи саҳобаро натиҷа мегиранд; дар ҳоле ки ба бовари баъзе, ин умумият бидуни дар назар гирифтани шарти бардавомии имон ва амали солеҳ, бо мантиқи куллии таклифгарои Қуръон дар тазод аст.
Бар асоси ривояте, ки Шайхи Тӯсӣ аз Пайғамбар (с) нақл кардааст, мисдоқи фарози поёнии оят, Имом Алӣ (а) ва пайравонаш ҳастанд.
Муаррифии оят
Ояти 29 сураи Фатҳ, ба тавсифи Пайғамбар (с) ва ёрони боимонаш бо хусусиятҳое мепардозад,[1] ки пештар дар Таврот ва Инҷил баён шудааст.[2] Ҳамчунин ҷомеаи муъминонро ба киштзори пурбор ташбеҳ мекунад, ки хашми кофиронро бармеангезад. Ба гуфтаи Сайид Муҳаммадҳусайни Фазлуллоҳ (ваф.1389ҳ.ш), аз муфассирони Қуръон, ин оят тасвире аз як ҷомеаи имониро пешниҳод медиҳад, ки дар он аъзо ба сурати ҷамъӣ рушд карда ва бо тақвияти якдигар, ба нерӯе азим аз лиҳози каммӣ ва кайфӣ табдил шуда ва мӯҷиби хашми кофирон мегардад.[3] Дар поёни оят, ваъдаи омурзиш ва подоши бузурги Илоҳӣ машрут ба имон ва амали солеҳ баён шудааст. Баъзе муфассирони аҳли суннат аз ин оят барои исботи назарияи адолати саҳоба истифода кардаанд.
| “ | Муҳаммад [с] паёмбари Худост ва касоне, ки бо ӯянд, бар кофирон сахтгир [ва] бо якдигар меҳрубонанд. Ононро дар рукуъ ва саҷда мебинӣ, фазлу хушнудии Худоро хосторанд. Аломати [вижагии] онон бар асари саҷда дар чеҳраҳояшон аст. Ин сифати эшон аст дар Таврот ва мисли онҳо дар Инҷил чун киште, ки ҷавонаи худ бароварад ва онро бор диҳад, то ситабр шавад ва бар соқаҳои худ биистад ва деҳқононро ба шигифт оварад, то аз [анбӯҳии] онон [Худо] кофиронро ба хашм дароварад. Худо ба касоне аз онон, ки имон оварда ва корҳои шоиста кардаанд, омурзиш ва подоши бузурге ваъда додааст.[Фатҳ: 29] |
” |
Хусусиятҳои Пайғамбар (с) ва ёронаш
Ояти 29 сураи Фатҳ ба тавсифи Пайғамбар (с) ва ёрони боимонаш бо панҷ хусусият мепардозад: онон дар баробари куффор сарсахт, дар миёни худ меҳрубон, ҳамеша дар ҳоли ибодат, ҷӯяндаи фазл ва ризои Илоҳӣ ва дорои нишони асари саҷуд бар чеҳраҳояшон ҳастанд.[4] Ба гуфтаи Муҳаммадҳусайни Фазлуллоҳ, ин оят бо муаррифии Пайғамбар (с) ҳамчун Расулуллоҳ, бар тадовуми рисолат пас аз реҳлати вай аз роҳи намунагирӣ аз сираи ӯ ва нақши пайравонаш дар идомаи даъвати Илоҳӣ таъкид дорад.[5] Ҳамчунин сахтгирӣ дар баробари куффор, на маънои бераҳмӣ, балки ҳамчун муқовимате дар ҷиҳати ҳифзи арзишҳои Илоҳӣ аст ва меҳрубонӣ миёни муъминон низ нишон аз пайванди иҷтимоии бархоста аз раҳмату ҳамдилӣ миёни онҳо дорад.[6]
Дар Тафсири намуна, ибораи «симоҳум фи вуҷуҳиҳим» нишонае аз хушуъи онон дар баробари Худо тафсир карда, ки дар шууни мухталифи зиндагиашон таҷаллӣ меёбад.[7] Албатта ин ибора ба доштани асари саҷда бар пешонӣ[8] ё аломате дурахшон дар саҷдагоҳи муъминон дар қиёмат низ тафсир шудааст.[9] Тибқи нақли Табарсӣ аз Атои Хуросонӣ (ваф.165ҳ.қ), ин хусусият шомили тамоми намозгузороне мешавад, ки ба адои намозҳои панҷгона пойбанд ҳастанд.[10]
Муфассирон ҷумлаи «тароҳум руккаан суҷҷадан ябтағуна фазлан миналлоҳи ва ризвоно»-ро ба зиёд намоз хондан ва бардавомии он тафсир кардаанд.[11]
Баррасии хусусиятҳо дар Таврот ва Инҷил
Дар хусуси ишораи Қуръон ба вуҷуди сифоти Пайғамбар (с) ва ёронаш дар кутуби осмонии пешин, миёни муфассирон ихтилофи назар вуҷуд дорад. Баъзе муътақиданд Таврот ва Инҷил ба сурати ҷудогона ба ин сифот ишора кардаанд,[12] дар ҳоле ки гурӯҳи дигар онҳоро муштарак дар ҳар ду китоб медонанд.[13] Ба унвони намуна Макорими Шерозӣ фарқи муҳтавоӣ қоил шуда ва тавсифоти Тавротро дар бораи абъоди вуҷудӣ ва зоҳирӣ, ва Инҷилро дар бораи фароянди рушд ва пӯёии онон дар ҷанбаҳои мухталиф медонад.[14]
Бо ин ҳол, гузоришҳо ҳокӣ аз он аст, ки ин сифот ба таври мушаххас дар сарчашмаҳои ҳозираи Таврот ва Инҷил ёфт намешавад.[15] Ин амр боиси шудааст муфассироне, монанди Аллома Таботабоӣ ва Макорими Шерозӣ дар тафсири худ, сирфан ба мустанадоти қуръонӣ басандa кунанд ва ба кутуби пешин истинод накунанд.[16] Ба бовари баъзе пажӯҳишгарон, таҳрифҳои суратгирифта дар сарчашмаҳои муқаддаси пешин тайи қарнҳои гузашта, имкони татбиқи дақиқи ин хусусиятҳоро бо мазмуни Таврот ва Инҷили кунунӣ бо мушкил мутaвоҷеҳ сохтааст.[17]
Оё ҳамаи саҳоба мисоли оят ҳастанд?
Муфассирони шиа бо истинод ба далелҳои адабӣ ва ақлӣ муътақиданд ин оят ҳукми куллӣ дар бораи тамоми саҳобаи Пайғамбар (с) намедиҳад,[18] балки танҳо гурӯҳи хоссе аз муъминонро, ки дар андеша ва амал ҳамсӯ ва ҳамчиҳат бо Пайғамбар будаандро шомил мешавад.[19] Онон истидлол мекунанд, ки агар оят ба ҳамаи саҳоба далолат кунад, дарбаргирандаи мунофиқон низ мешавад ва ин бо омӯзаҳои динӣ дар тазод аст, зеро ваъдаи мағфират ва подоши бузург бидуни шарти имон ва амали солеҳ, таклифгароии диниро бемаъно мекунад.[20] Дар муқобил, муфассирони аҳли суннат ин оятро ба тамоми саҳоба шомил дониста[21] ва аз он адолати ҳамаи ононро натиҷа мегиранд.[22]
Бар асоси ривояте, ки Шайхи Тӯсӣ аз Пайғамбар (с) нақл кардааст, мисдоқи фарози поёнии оят, Имом Алӣ (а) ва пайравонаш ҳастанд. Дар ин ривоят, қиёми Имом Алӣ (а) дар рӯзи қиёмат бо парчаме аз нури сафед тавсиф шуда, ки пешгомони муҳоҷир ва ансор таҳти ливои ӯ гирд меоянд ва ӯ масъулияти санҷиши аъмол ва таъйини ҷойгоҳи муъминон дар биҳиштро бар ӯҳда дорад.[23]
Эзоҳ
- ↑ Макорими Шерозӣ, Тафсири намуна, ҷ.22, саҳ.113 ва 114.
- ↑ Аллома Таботабоӣ, ал-Мизон, ҷ.18, саҳ.299.
- ↑ Фазлуллоҳ, Мин ваҳй-ил-Қуръон, ҷ.21, саҳ.129.
- ↑ Макорими Шерозӣ, Тафсири намуна, ҷ.22, саҳ.113 ва 114.
- ↑ Фазлуллоҳ, Мин ваҳй-ил-Қуръон, ҷ.21, саҳ.127.
- ↑ Фазлуллоҳ, Мин ваҳй-ил-Қуръон, ҷ.21, саҳ.128.
- ↑ Макорими Шерозӣ, Тафсири намуна, ҷ.22, саҳ.115.
- ↑ Ризоӣ Исфаҳонӣ, Тафсири Қуръони Меҳр, ҷ.19, саҳ.232.
- ↑ Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, ҷ.9, саҳ.192.
- ↑ Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, ҷ.9, саҳ.192.
- ↑ Сивосӣ, Уюн-ут-тафосир, ҷ.4, саҳ.131; Табарсӣ, Тафсири Ҷавомеъ-ул-ҷомеъ, ҷ.4, саҳ.147; Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, ҷ.9, саҳ.192.
- ↑ Макорими Шерозӣ, Тафсири намуна, ҷ.22, саҳ.115 ва 116; Табарӣ, Ҷомеъ-ул-баён, ҷ.26, саҳ.72.
- ↑ Фазлуллоҳ, Мин ваҳй-ил-Қуръон, ҷ.21, саҳ.129; Таботабоӣ, ал-Мизон, ҷ.18, саҳ.300.
- ↑ Макорими Шерозӣ, Тафсири намуна, ҷ.22, саҳ.117.
- ↑ Пурмуҳаммад, «پیامبر اکرم(ص) در عهدین», саҳ.90; پیامبر اسلام در تورات و انجیل», Сомонаи Муассисаи таҳқиқотӣ ва нашри маорифи Аҳли Байт (а).
- ↑ Макорими Шерозӣ, Тафсири намуна, ҷ.22, саҳ.115 - 124; Таботабоӣ, ал-Мизон, ҷ.18, саҳ.299 - 303.
- ↑ Пурмуҳаммад, «پیامبر اکرم(ص) در عهدین», саҳ.90.
- ↑ Фазлуллоҳ, Мин ваҳй-ил-Қуръон, ҷ.21, саҳ.130.
- ↑ Макорими Шерозӣ, Тафсири намуна, ҷ.22, саҳ.116.
- ↑ Фазлуллоҳ, Мин ваҳй-ил-Қуръон, ҷ.21, саҳ.130.
- ↑ Тантовӣ, ат-Тафсир-ул-васит ли-л-Қуръон-ил-карим, ҷ.13, саҳ.286; Ибни Ҷазaрӣ, ат-Тасҳил ли улум-ит-танзил, ҷ.2, саҳ.292.
- ↑ Некзод, «عدالت صحابه در ترازوی تحقیق», саҳ.25 ва 26.
- ↑ Шайхи Тӯсӣ, Амолӣ, саҳ.378.
Сарчашма
- Ибни Ҷазaрӣ, Муҳаммад ибни Аҳмад, ат-Тасҳил ли улум-ит-танзил, муҳаққиқ, Абдуллоҳ Холидӣ, Бейрут, Дор-ул-Арқам ибни Абил-Арқам, бетаърих.
- Макорими Шерозӣ, Носир, Тафсири намуна, Теҳрон, Дор-ул-кутуб-ил-исломия, чопи даҳум, 1371ҳ.ш.
- Некзод, «عدالت صحابه در ترازوی تحقیق» («Адолати саҳоба дар тарозуи таҳқиқ»), маҷаллаи Ривoқи андеша, №28, фарвардини 1383ҳ.ш.
- Пурмуҳаммад, Муҳсин, «پیامبر اکرم(ص) در عهدین» (Пайғамбари акрам (с) дар Аҳдайн), маҷаллаи Маърифат, №25, тобистони 1377ҳ.ш
- Ризоӣ Исфаҳонӣ, Муҳаммадалӣ, Тафсири Қуръони Меҳр, Қум, Пажӯҳишҳои тафсир ва улуми Қуръон, 1387ҳ.ш.
- Сивосӣ, Аҳмад ибни Маҳмуд, Уюн-ут-тафосир, муҳаққиқ: Баҳоуддини Дортамa, Бейрут, Дор Содир, чопи аввал, 1427ҳ.қ.
- Табарӣ, Муҳаммад ибни Ҷарир, Ҷомеъ-ул-баён фи тафсир-ил-Қуръон, Бейрут, Дор-ул-маърифа, чопи аввал, 1412ҳ.қ.
- Табарсӣ, Фазл ибни Ҳасан, Маҷмаъ-ул-баён фи тафсир-ил-Қуръон, тасҳеҳ: Фазлуллоҳи Яздии Таботабоӣ, Ҳошими Расулӣ, Теҳрон, Носири Хусрав, чопи сеюм, 1372ҳ.ш.
- Табарсӣ, Фазл ибни Ҳасан, Тафсири Ҷавомеъ-ул-ҷомеъ, тасҳеҳ: Абулқосим Гурҷӣ, Қум, Маркази идораи Ҳавзаи илмияи Қум, чопи аввал, 1412ҳ.қ.
- Таботабоӣ, Сайид Муҳаммадҳусайн, ал-Мизон фи тафсир-ил-Қуръон, Бейрут, Муассисат-ул-аъламӣ ли-л-матбуот, чопи дувум, 1390ҳ.қ.
- Тантовӣ, Сайид Муҳаммад, ат-Тафсир-ул-васит ли-л-Қуръон-ил-карим, Қоҳира, 1997.
- Фазлуллоҳ, Муҳаммадҳусайн, Мин ваҳй-ил-Қуръон, Бейрут, Дор-ул-малок, чопи аввал, 1419ҳ.қ.
- Шайхи Тӯсӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, Амолӣ, тасҳеҳ: Муассисат-ул-беъса, Қум, Дор-ус-сақофа, чопи аввал, 1414ҳ.қ.
- پیامبر اسلام در تورات و انجیل» (Пайғамбари ислом дар Таврот ва Инҷил), Сомонаи Муассисаи таҳқиқотӣ ва нашри маорифи Аҳли Байт (а), санаи дарҷи матлаб: 28 сентябри 2023, санаи боздид: 3 октябри 2026.