Үндана:Васиятҳои ҳазрати Фотима (с)

Васиятҳои ҳазрати Фотима (с) (форсӣ: وصیتهای حضرت فاطمه(س)) шомили васиятҳои мактуб ва шифоҳии ҳазрати Фотима (с) хитоб ба Имом Алӣ (а) ва дигарон аст. Дар васиятҳои мактуб, он ҳазрат сарпарасти иҷрои васиятҳо ва идораи амволи худро ба тартиб Алӣ (а), Ҳасан (а) ва Ҳусайн (а) муаррифӣ кард ва барои ҳамсарони Пайғамбар (с), духтари Абузари Ғифорӣ ва гурӯҳе аз ниёзмандон саҳмҳое мушаххас намуд.
Дар бархе сарчашмаҳои ривоӣ омадааст, ки ӯ дар васиятҳои шифоҳии худ хостори маҳдудияти ҳузури ашхос дар маросими ташйиаш шуд ва васият кард маҳалли қабраш пинҳон бимонад. Ҳамчунин дар нақлҳое тасреҳ шудааст, ки аз ҳузури бархе шахсон дар ташйиъ ҷилавгирӣ шавад. Ин гузоришҳо дар манобеи шиа ва бархе манобеи аҳли суннат нақл шудаанд.
Васияти Фотима (с) ба кафну дафни шабона ва махфиёна навъе эътироз ба ғасби хилофат ва мубориза бо касоне дониста шудааст, ки ба бовари шиаён ба ӯ ситам рово доштанд.
Анвоъи васиятҳои ҳазрати Фотима
Бар асоси ривоёти воридшуда дар манобеи ривоии шиа ва аҳли суннат, гуфта шудааст, ки ҳазрати Фотима (с) чанд васият ба сурати мактуб ё шифоҳӣ доштааст; ки як васият нозир ба таъйини таклифи амволаш буд ва ду васият низ дар бораи чигунагии дафн, кафан ва ташйиъ ба Имом Алӣ (а) ва Асмо бинти Умайс дошт.[1]
Васиятҳои мактуби ҳазрати Фотима (с) махсуси амвол ва умури марбут ба онҳост, ки бино бар нақлҳо, ё ба хатти худи ӯ навишта шудаанд ё ҳазрати Алӣ (а) онро ба дархости вай навиштааст.[2]
Васият дар бораи чигунагии кафну дафн
Ҳазрати Фотима (с) дар рӯзҳои поёнии умри худ, ду васият - яке ба сурати мактуб ва дигаре ба сурати шифоҳӣ - дар бораи чигунагии кафан, дафн ва ташйиаш хитоб ба ҳазрати Алӣ (а) дошт.[3] Дар ин васиятҳо, Алӣ (а)-ро донотарин ва парҳезгортарин бандагони Худо муаррифӣ карда ва тавсияҳое ба ӯ фармуд. Илова бар васият дар бораи дафн ва кафани шабона, ӯ хост пас аз вафоташ, Имом Алӣ бо Умома, духтари Абулъос ибни Рабиъ издивоҷ кунад, зеро ӯ бо фарзандони Фотима (с) ҳамонанди худи вай рафтор мекунад.[4]
Дафни шабона ва манъи ҳузури бархе шахсон дар ташйиъ
Бар асоси гузориши манобеи ҳадисӣ, Фотима ҳам дар васияти мактуб ва ҳам ба сурати шифоҳӣ ба Имом Алӣ (а) тавсия кард, ки касоне, ки ба ӯ ситам кардаанд, дар ташйиъи ҷанозааш ширкат накунанд.[5] Ӯ Алӣ (а)-ро савганд дод, ки Абубакр ва Умар[6] ва пайравонашон бар ӯ намоз нахонанд.[7] Танҳо касони маҳдуд, аз ҷумла Уммисалама, Уммиайман, Физза, Ҳасан ва Ҳусайн, Абдуллоҳ ибни Аббос, Салмони Форсӣ, Аммар ибни Ёсир, Миқдод, Абузар ва Ҳузайфа огоҳ шаванд ва дар маросим ҳузур ёбанд.[8] Яке дигар аз тавсияҳои Фотима (с) дафни шабона[9] ва махфӣ нигоҳ доштани маҳалли қабраш[10] буд.
Ҳамчунин васият кард, ки Алӣ (а) мутаваллии ғусл, кафн, намоз ва дафн бошад ва пас аз вафот, дар канори ҷанозааш ба тиловати Қуръон ва хондани дуо бипардозад, то боиси оромиши рӯҳаш гардад. Дар поён, Алӣ (а)-ро ба Худо супурд ва тавсия кард бо фарзандонаш ба некӣ рафтор кунад.[11]
Чаро Фотима васият кард шабона ва махфиёна дафн шавад?
Васияти ҳазрати Фотима (с) дар хусуси кафну дафни шабона ва пинҳон мондани қабраш, эътирози ӯ ба касоне дониста шудааст, ки ба бовари шиаён, хилофатро ғасб карда ва дар ҳаққи ӯ ситам раво доштанд. Гуфтаанд Фотима (с), пас аз ноумедӣ аз ёрии мусалмонон дар бозгардондани ҳаққи худ ва Алӣ (а), хост то қабраш махфӣ бимонад ва халифаи мусалмонон дар намози ӯ ҳозир нашавад, то ин пурсиши таърихӣ ҳамвора барҷой бимонад.[12] Дар ривоёти Аҳли Байт (а) низ бар норозигии ӯ аз шайхайн (Абубакр ва Умар) таъкид шудааст; чунонки Имом Алӣ (а) иллати дафни шабонаро хашми Фотима аз бархе мардум донистааст.[13] Ибни Абилҳадид, аз уламои аҳли суннат, низ гузориш кардааст, ки ӯ ба нишонаи эътироз ба рафтори бархе саҳоба васият кард шабона дафн шавад ва онон дар намоз ва ташйиаш ҳозир нашаванд.[14] Ба гуфтаи Мишел Каъдӣ, нависандаи масеҳии аҳли Лубнон, ин васиятро авҷи эътирози ҳазрати Фотима донистааст.[15] Ҳамчунин ин васият ба унвони санаде бар мазлумияти ӯ муаррифӣ шудааст[16] ва дар маросимҳои марбут ба ҳазрати Фотима низ ба он дар қолаби равзахонӣ, марсия ва суханронӣ пардохта мешавад.
Васият ба Асмо бинти Умайс
Бар асоси нақли манобеъ, Фотима (с) ба Асмо бинти Умайс дар бораи ҳамли баданаш бар тахта пас аз вафот ва намоён шудани он изҳори нигаронӣ кард. Асмо тобутеро, ки дар Ҳабаша мушоҳида карда буд ва тамоми баданро мепӯшонд,[17] барои Фотима (с) омода кард. Ҳангоме ки Фотима онро дид, барои Асмо дуои хайр кард.[18] Бархе муҳаққиқон ин тобутро нахустин тобути сохташуда дар Ислом донистаанд.[19]
Ҳамчунин гуфта шудааст, Фотима (с) васият кард, ки пас аз вафоташ, танҳо Асмо ва Алӣ ӯро ғусл диҳанд ва ҳеҷ кас ворид нашавад. Бар ин асос, замоне ки Фотима (с) вафот ёфт ва Оиша қасди вуруд дошт, Асмо монеъи ӯ шуд. Оиша назди Абубакр шикоят бурд ва изҳор дошт, ки Асмо монеъи вуруди ӯ шудааст ва тобуте барои ташйиъи Фотима омода кардааст. Абубакр дар муқобили дари хона истод ва Асморо барои монеъ шудан аз вуруди Оиша ва сохтани тобут сарзаниш кард. Асмо посух дод, ки Фотима (с) ба ӯ дастур додааст пас аз вафот иҷозаи вуруди касе дода нашавад ва тобутро ба дастури Фотима (с) сохтааст. Абубакр сипас баргашт ва гуфт ҳар он чи васият шудааст, анҷом шавад.[20] Дар нақли дигаре омадааст, ки Салмо, хидматгори Пайғамбар, ҳамроҳи Асмо дар ҳангоми ғусли Фотима (с) ҳузур дошта ва Алӣ (а)-ро ёрӣ кардааст.[21]
Саҳмбандии амвол ва вақфи дороиҳо
Бар тибқи он чи дар васиятномаи мактуби ҳазрати Фотима (с) дар бораи амволаш омадааст, саҳмҳое аз он барои ҳамсарони Пайғамбар ва ниёзмандони Банӣ Ҳошим таъйин шуд ва ӯҳдадории иҷрои васият ба тартиб Алӣ (а), Ҳасан (а), Ҳусайн (а) ва бузургтарини фарзандони писараш муаррифӣ гардид.[22] Бар асоси ин васият, ҳаштод уқия[Ёддошт 1] аз боғҳои ӯ ба унвони садақа вақф мешуд, то ҳар сол дар моҳи раҷаб, пас аз касри хароҷоти боғдорӣ, суди он миёни гурӯҳҳои ёдшуда тақсим шавад; 45 уқия барои ҳамсарони Пайғамбар ва боқимонда барои ниёзмандон.[23]
Дар ин васият ҳамчунин саҳме барои духтари Абузари Ғифорӣ дар назар гирифта шуда ва бахше аз амвол ва асбобу анҷом ба ӯ вогузор шудааст. Афзун бар ин, қарор шуд либосҳои Фотима (с) ба яке аз ду духтараш бирасад.[24] Ҳамчунин тасмимгирӣ дар бораи вазъияти заминҳои кишт дар сурати рӯйдоди ҳодиса, ба Алӣ (а) супурда шуд. Дар поён, Худо, Миқдод, Зубайр ва Алӣ (а) ба унвони шоҳидони васият зикр шуда ва тасреҳ гардидааст, ки васият дар ҳолати саломат танзим шудааст.[25]
Ҳайтони сабъа
Ҳайтони сабъа, ҳафт замини киште буд, ки ба яҳудие ба номи Мухайриқ тааллуқ дошт ва онҳоро ба Пайғамбар (с) бахшид.[26] Пайғамбар низ онҳоро вақфи Фотима кард.[27] Бар асоси ривояте аз Имом Боқир (а), даромади ин мазореъ барои умури хайрия ва нусрати Ислом сарф мешуд ва идораи он ба тартиб ба Алӣ (а), Ҳасан (а) ва Ҳусайн (а) вогузор шуд ва пас аз онон ба бузургтарини фарзандони Фотима (с) мерасид.[28]
Умму-л-аёл
Умму-л-аёл деҳае миёни Макка ва Мадина буд.[29] Ин деҳ дорои чашмаи ҷӯшон буд, ки беш аз бист ҳазор нахлро об медод. Даромади солонаи ин деҳа тақрибан ҳаштод ҳазор динор баровард мешуд.[30] Умму-л-аёл ба Фотима (с) тааллуқ дошт ва ӯ васият кард даромади он ба сурати садақа сарф шавад.[31]
Эзоҳ
- ↑ Замонӣ, «Васиятҳои ҳазрати Фотима (с)» саҳ.70; Ошурии Лангарудӣ, «Муруре бар васиятномаи ҳазрати Фотимаи Заҳро (а)» саҳ.68
- ↑ Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.100, саҳ.184; Нурӣ, Мустадрак-ул-васоил, 1408ҳ.қ., ҷ.14, саҳ.54; Муиззии Малоирӣ, Ҷомеъ-ул-аҳодис-иш-шиа, 1411ҳ.қ., ҷ.19, саҳ.106
- ↑ Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.43, саҳ.178
- ↑ Фаттоли Нишобурӣ, Равзат-ул-воизин, 1375ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.151
- ↑ Фаттоли Нишобурӣ, Равзат-ул-воизин, 1375ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.151
- ↑ Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.29, саҳ.112; ҷ.31, саҳ.619; Омилӣ, ас-Саҳеҳ мин сират-ил-Имом Алӣ, 1430ҳ.қ., ҷ.10, саҳ.296
- ↑ Фаттоли Нишобурӣ, Равзат-ул-воизин, 1375ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.151
- ↑ Табарӣ, Далоил-ул-имома, 1413ҳ.қ., саҳ.133; Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.43, саҳ.208
- ↑ Фаттоли Нишобурӣ, Равзат-ул-воизин, 1375ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.151; Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.31, саҳ.619
- ↑ Табарӣ, Далоил-ул-имома, 1413ҳ.қ., саҳ.133; Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.43, саҳ.208
- ↑ Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.79, саҳ.27; Нурӣ, Мустадрак-ул-васоил, 1408ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.316
- ↑ Қоимӣ, Дар мактаби Фотима (а), 1377ҳ.ш., саҳ.313–314; Замонӣ, «Васиятҳои ҳазрати Фотима (с)» саҳ.72
- ↑ Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.43, саҳ.209
- ↑ Ибни Абилҳадид, Шарҳи Наҳҷ-ул-балоға, 1385ҳ.қ., ҷ.16, саҳ.214
- ↑ «کاتب المسیحی: الزهراء عارضت الظلم وانتفضت لحمایة سیاسة الحق الإلهی», вебгоҳи шабакаи ал-Кавсар
- ↑ «استاد عندلیب همدانی در گفت وگو با شفقنا: دفن مخفیانه و شبانه حضرت زهرا(س) بزرگترین سند «مظلومیت و اعتراض» است», Хабаргузории Шафақно
- ↑ Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.43, саҳ.189
- ↑ Шайхи Тӯсӣ, Таҳзиб-ул-аҳком, 1364ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.469; Ҳурри Омилӣ, Васоил-уш-шиа, 1414ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.220
- ↑ Нуъмон Мағрибӣ, Даоим-ул-Ислом, Дор-ул-маориф, ҷ.1, саҳ.233; Шайхи Тӯсӣ, Таҳзиб-ул-аҳком, 1364ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.469
- ↑ Байҳақӣ, ас-Сунан-ул-кубро, Дор-ул-фикр, ҷ.4, саҳ.35; Дулобӣ, аз-Зуррият-ут-тоҳират-ин-набавия, 1407ҳ.қ., саҳ.154; Ибни Абдулбарр, ал-Истиоб, 1412ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.1898; Муттақии Ҳиндӣ, Канз-ул-уммол, 1409ҳ.қ., ҷ.13, саҳ.687
- ↑ Ибни Абдулбарр, ал-Истиоб, 1412ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.1862; Ибни Асир, Усуд-ул-ғоба, Дор-ул-китоб-ил-арабӣ, ҷ.5, саҳ.478; Алмиззӣ, Таҳзиб-ул-камол, 1413ҳ.қ., ҷ.35, саҳ.197; Сафадӣ, ал-Вофӣ би-л-вафаёт, 1420ҳ.қ., ҷ.15, саҳ.190
- ↑ Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.100, саҳ.184
- ↑ Нурӣ, Мустадрак-ул-васоил, 1408ҳ.қ., ҷ.14, саҳ.54; Муиззии Малоирӣ, Ҷомеъ-ул-аҳодис-иш-шиа, 1411ҳ.қ., ҷ.19, саҳ.106
- ↑ Нурӣ, Мустадрак-ул-васоил, 1408ҳ.қ., ҷ.14, саҳ.54
- ↑ Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.100, саҳ.184; Нурӣ, Мустадрак-ул-васоил, 1408ҳ.қ., ҷ.14, саҳ.54; Муиззии Малоирӣ, Ҷомеъ-ул-аҳодис-иш-шиа, 1411ҳ.қ., ҷ.19, саҳ.106
- ↑ Ибни Исҳоқ, Таракат-ун-набӣ, 1404ҳ.қ., саҳ.78; Ҳамавӣ, Муъҷам-ул-булдон, 1399ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.241; Азимободӣ, Авн-ул-маъбуд, 1415ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.137
- ↑ Ҳамирии Қумӣ, Қурб-ул-иснод, 1413ҳ.қ., саҳ.363; Кулайнӣ, Усули кофӣ, 1367ҳ.ш., ҷ.7, саҳ.47
- ↑ Кулайнӣ, Усули кофӣ, 1367ҳ.ш., ҷ.7, саҳ.48; Нуъмон Мағрибӣ, Даоим-ул-Ислом, Дор-ул-маориф, ҷ.2, саҳ.344
- ↑ Ҳамавӣ, Муъҷам-ул-булдон, 1399ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.254
- ↑ Ибни Ҳазм, Ҷамҳарату ансоб-ил-араб, 1403ҳ.қ., саҳ.140
- ↑ Ҳамавӣ, Муъҷам-ул-булдон, 1399ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.254; Ибни Ҷавзӣ, ал-Мунтазам, 1412ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.145
Ёддошт
- ↑ Ҳар уқия наздик ба 7 мисқол аст.
Сарчашма
- Алмиззӣ, Юсуф, Таҳзиб-ул-камол фи асмо-ир-риҷол, таҳқиқи Башшор Аввод, Бейрут, ар-Рисола, чопи чорум, 1413ҳ.қ.
- Байҳақӣ, Аҳмад ибни Ҳусайн, ас-Сунан-ул-кубро, бемакон, Дор-ул-фикр, бетаърих,
- Замонӣ, Раҷабалӣ, «وصایای حضرت فاطمه(س)», дар маҷаллаи Фарҳанги Кавсар, №69, 1386ҳ.ш.
- Ибни Абдулбарр, Юсуф ибни Абдуллоҳ, ал-Истиоб фи маърифат-ил-асҳоб, таҳқиқи Алӣ Муҳаммад, Бейрут, Дор-ул-ҷил, 1412ҳ.қ.
- Ибни Абилҳадид, Абдулҳамид ибни Ҳиббатуллоҳ, Шарҳи Наҳҷ-ул-балоға, Бейрут, Дор-ул-эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, 1385ҳ.қ.
- Ибни Асир, Алӣ ибни Муҳаммад, Усуд-ул-ғоба, Бейрут, Дор-ул-китоб-ил-арабӣ, бетаърих,
- Ибни Аҳмади Дулобӣ, Муҳаммад, аз-Зуррият-ут-тоҳират-ин-набавия, таҳқиқи Саъди муборак Ҳасан, Кувайт: Дор-ус-салафия, 1407ҳ.қ.
- Ибни Исҳоқ, Ҳамод, Таракат-ун-набӣ, таҳқиқи Акрам Зиёъулумарӣ, бемакон, беном, 1404ҳ.қ.
- Ибни Ҳазм, Алӣ ибни Аҳмад, Ҷамҳарату ансоб-ил-араб, таҳқиқи Луҷнат мин-ал-уламо, Бейрут, Дор-ул-кутуб-ил-илмия, 1403ҳ.қ.
- Ибни Ҷавзӣ, Абдурраҳмон ибни Алӣ, ал-Мунтазам фӣ таърих-ил-умам ва-л-мулук, таҳқиқи Муҳаммад Абдулқодир ва Мустафо Абдулқодир, Бейрут, Дор-ул-кутуб-ил-илмия, 1412ҳ.қ.
- Кулайнӣ, Муҳаммад ибни Яъқуб, Усули кофӣ, таълиқи Алиакбари Ғаффорӣ, бемакон, Дор-ул-кутуб-ил-исломия, 1367ҳ.ш.
- Маҷлисӣ, Муҳаммадбоқир, Биҳор-ул-анвор, Бейрут, Муассисат-ул-вафо, 1403ҳ.қ.
- Муиззии Малоирӣ, Исмоил, Ҷомеъ-ул-аҳодис-иш-шиа фи аҳком-иш-шариа, таҳти назари Оятуллоҳ Буруҷердӣ, Қум, Муаллиф, 1412ҳ.қ.
- Муртазо Омилӣ, Сайид Ҷаъфар, ас-Саҳеҳ мин сират-ил-Имом Алӣ, Қум, Вило-ул-Муртазо, 1430ҳ.қ.
- Муттақии Ҳиндӣ, Алоуддин, Канз-ул-уммол, тасҳеҳи Бакрӣ Ҳаёнӣ Сахват-ус-сафо, Бейрут, Муассисат-ур-рисола, 1409ҳ.қ.
- Нурӣ, Ҳусайн, Мустадрак-ул-васоил ва мустамбат-ул-масоил, таҳқиқи Муассисаи Ол-ул-байт, Бейрут, Муассисаи Ол-ул-байт, чопи дувум, 1408ҳ.қ.
- Нуъмон Мағрибӣ, Даоим-ул-Ислом, таҳқиқи Осиф ибни Алӣ, Қоҳира, Дор-ул-маориф, 1383ҳ.қ.
- Ошурии Лангарудӣ, Ҳасан, «مروری بر وصیتنامه حضرت فاطمه زهرا(س)», Фаслномаи Раҳтуша, №11, 1401ҳ.ш.
- Сафадӣ, Салоҳуддин, ал-Вофӣ би-л-вафаёт, таҳқиқи Аҳмад Арнаут ва Турки Мустафо, Бейрут, Дор эҳё-ит-турос, 1420ҳ.қ.
- Сиддиқии Азимободӣ, Муҳаммад Ашраф, Авн-ул-маъбуд: шарҳи Сунани Абӯдовуд, Бейрут, Дор-ул-кутуб-ил-илмия, чопи севум, 1415ҳ.қ.
- Табарӣ, Муҳаммад, Далоил-ул-имома, таҳқиқи Қисм-уд-дирасот-ил-исломия, Қум, Муассисат-ул-биъса, 1413ҳ.қ.
- Фаттоли Нишобурӣ, Муҳаммад ибни Аҳмад, Равзат-ул-воизин ва басират-ул-муттаизин, Қум, Интишороти Разӣ, чопи аввал, 1375ҳ.ш.
- Шайхи Тӯсӣ, Муҳаммад, Таҳзиб-ул-аҳком фи шарҳ-ил-муқниъа ли-ш-Шайхи Муфид, таҳқиқи Ҳасани Мусавӣ, Теҳрон, Дору-л-кутуби исломия, чопи чорум, 1364ҳ.ш.
- Қоимӣ, Алӣ, Дар мактаби Фотима (а): маҷмӯае аз мақолот ва суханрониҳо, Теҳрон, Нашри Амирӣ, 1377ҳ.ш.
- Ҳамавӣ, Ёқут, Муъҷам-ул-булдон, Бейрут, Дор эҳё-ит-турос, 1399ҳ.қ.
- Ҳамирӣ, Абдуллоҳ ибни Ҷаъфар, Қурб-ул-иснод, таҳқиқи Муассисаи Ол-ул-байт, Қум, Муассисаи Ол-ул-байт, 1413ҳ.қ.
- Ҳурри Омилӣ, Муҳаммад, Васоил-уш-шиа ило таҳсили масоил-иш-шариа, таҳқиқи Муассисаи Ол-ул-байт, Қум, Муассисаи Ол-ул-байт, 1414ҳ.қ.
- «کاتب المسیحی: الزهراء عارضت الظلم وانتفضت لحمایة سیاسة الحق الإلهی», вебгоҳи шабакаи ал-Кавсар, санаи боздид: 9 озари 1404ҳ.ш.
- «استاد عندلیب همدانی در گفت وگو با شفقنا: دفن مخفیانه و شبانه حضرت زهرا(س) بزرگترین سند «مظلومیت و اعتراض» است», Хабаргузории Шафақно.