Мухайриқ

Аз wikishia

Мухайриқ донишманди яҳудие дар асри Паёмбари Ислом (с) буд, ки дар ҷанги Уҳуд шаҳид шуд. Ӯ аз қавми худ хоҳиш кард, то дар ҷанги Уҳуд ба Пайғамбар (с) ёрӣ расонанд, аммо онҳо қабул накарданд ва ӯ танҳо ба ёрии Паёмбар (с) рафт.

Мухайриқ молу мулки худро, ки ҳитони сабъа (ҳафт боғ)-ро дарбар мегирифт, ба Паёмбар (с) бахшид. Паёмбар низ ин боғҳоро вақф кард ё садақа дод.

Баъд аз вафоти Паёмбар (с), ҳазрати Фотима (а) аз Абубакр (р) талаб кард, ки молу мулки боқимондаи Паёмбар (с), аз ҷумла Фадак ва ин боғҳоро дар ихтиёри ӯ гузорад, аммо халифа мухолифат кард. Албатта, баъдҳо бо талаби Имом Алӣ (а) ва Аббос ибни Абдулмутталиб идораи ин боғҳоро Умар ибни Хаттоб ба Имом Алӣ (а) вогузор кард.

Бино ба маъхазҳои таърихӣ, Мухайриқ мусулмон аз дунё рафт, аммо тибқи нақле, ӯ бар дини Ислом намурдааст. Ситоиши Пайғамбар (с) ки ӯро талоядор ва беҳтарини яҳуд медонистро нишонае бар Ислом ва мусулмон будани ӯ медонанд.

Табор ва ҷойгоҳ

Мухайриқро аз бузургони яҳуд,[1] шахсе олим[2] ва аз аҳбор ба маънои донишмандони аҳли китоб[3] қаламдод кардаанд.[4] Пайғамбар (с) ӯро аз беҳтарини яҳудиён донистааст.[5] Зириклӣ - шахсиятнигори қарни чаҳордаҳуми қамарӣ ва дигарон ӯро аз асҳоби Паёмбар шуморидаанд.[6] Ва дар ал-Исоба фи тамйиз-ис-саҳоба - манбаи саҳобанигорӣ, шарҳи ҳоли ӯ омадааст.[7]

Мухайриқро шахсе сарватманд донистаанд,[8] ки амволи фаровон[9] ва боғҳои зиёде[10] доштааст.

Мухайриқ аз қабилаи Банӣ Назир[11] ё Банӣ Фитявн[12] ва ба сурати ҷузъитар аз Банӣ Саълаба ибни Фитявн[13] шуморида шудааст. Бархе низ ӯро аз Банӣ Қайнуқоъ[14] ва ҳатто раиси ин қабила[15] донистаанд. Аз ӯ бо лақаби Назрӣ,[16] Исроилӣ[17] ва яҳудӣ[18] ёд шудааст.

Ширкат дар ҷанги Уҳуд ва шаҳодат

Бар асоси гузоришҳои манобеи таърихӣ, Мухайриқ дар ҷанги Уҳуд ширкат кард.[19] Ибни Ҳишом - таърихнигори қарни дувум ва сеюми қамарӣ гузориш кардааст, ки Мухайриқ пеш аз ҷанги Уҳуд аз қавми худ хост, ки Паёмбарро ёрӣ кунанд. Онон дар ҷавоб гуфтанд, ки имрӯз шанбе аст ва мо коре анҷом намедиҳем. Мухайриқ ҷавоб дод, ки риояти рӯзи шанбе дар чунин шароите лозим нест ва ба ёрии Паёмбар шитофт.[20]

Воқидӣ ва Балозурии таърихнигор овардаанд, ки Мухайриқ дар ин гуфтугӯ қасам хӯрд, ки яҳудиён медонанд Муҳаммад Расули Худост.[21]

Мухайриқ дар ҷанги Уҳуд ба шаҳодат расид.[22] Бо ин ҳол дар тарҷумаи китоби ат-Тариф фи маърифати мазҳаб-ил-тавоиф навиштаи Сайид ибни Товус омадааст, ки Мухайриқ ба марги табиъӣ аз дунё рафт,[23] албатта чунин матлабе дар матни арабӣ ёфт нашуд.

Супурдани молу мулк ба Паёмбари Ислом

Мухайриқ васият намуд амволаш ба Паёмбари Ислом (с) бирасад.[24] Бар асоси гузориши манобеъ, Мухайриқ ин васиятро дар ҳангоми ҳаракат барои ҷанги Уҳуд анҷом дод, ки дар сурати марг, амволаш ба Паёмбар мунтақил гардад.[25] Албатта бархе гуфтаанд, ки васияти амвол дар ҳангом шаҳодат будааст.[26] Балозурӣ дар Ансоб-ул-ашроф гузорише овардааст, ки Мухайриқ дар ҳоли ҳаёт, амволи худро ба Паёмбар бахшид.[27] Ин гузориш дар Қомус-ур-риҷоли Муҳаммадтақии Шуштарӣ (ваф.1416ҳ.қ.) низ нақл шудааст.[28] Баъзе аз муҳаққиқон ҳам овардаанд, ки ӯ дар ҳангоми эълони Исломи худ, тамомии амволи худро ба Паёмбар бахшид.[29]

Паёмбари Ислом (с) амволи Мухайриқро ба унвони садақа қарор дод.[30] Чунонки як бахш[31] ва ҳатто қисмати умдае[32] аз садақоти Расули Худо (с)-ро ҳамин амвол донистаанд. Баъзе иддао кардаанд, ки тамоми садақоти Паёмбар, қаблан мутааллиқ ба Мухайриқ будааст.[33] Ҳамчунин бархе гуфтаанд, ки Паёмбар амволи Мухайриқро вақф кард.[34] Ба ин сабаб аввалин вақфро ҳамин амвол донистаанд, ки ба дасти Расули Худо (с) аз тарафи Мухайриқ[35] ё мустақиман тавассути Мухайриқ анҷом гирифт.[36]

Боғҳои ҳафтгона

Мақолаи аслӣ: Ҳитони сабъа

Амволи Мухайриқро ҳафт боғ донистаанд, ки иборат буданд

аз: мийсаб, софия, аддалол, ҳусно, бурқу, аъвоф ва машрабаи Уммииброҳим.[37] Боғҳои фавқ, ки бо номи ҳавоити Расули Худо (с) шинохта мешуд,[38] шомили беҳтарин нахлҳои минтақаи Мадина буд.[39] Бар асоси гузоришҳо, ҳазрати Фотима (с) баъд аз вафоти Паёмбари Ислом (с) аз Абубакр хост то амволи ба ҷоймондаи Паёмбарро ба ӯ таслим кунад, ки аз ҷумлаи онҳо Фадак ва боғҳои ҳафтгона буданд, ки бо мухолифати Абубакр мувоҷеҳ шуд.[40] Ин масъала сабаби ғазаби Фотимаи Заҳро (с) гардид.[41] Дар даврони халифаи дувум, Имом Алӣ (а) ва Аббос ибни Абдулмуталлиб ин амволро аз Умар мутолиба карданд, ки халифа ба ғайр аз мазраъаҳои минтақаи Фадаку Хайбар, амволи дигар аз ҷумла ин боғҳоро ба Имом вогузор кард.[42] Баъдҳо ин боғҳо ба фарзандони ҳазрати Фотима (с) мунтақил шуд.[43]

Абубасир аз Имом Боқир (а) ривоят кардааст, ки ҳазрати Фотима (с) идораи боғҳои ҳафтгонаро ба Имом Алӣ (а) ва сипас Имом Ҳасан (а) ва Имом Ҳусайн (а) ва сипас бузургтарин набера аз насли худ дар ҳар замон васият карда буд. Мушобеҳи ин ривоят аз Имом Содиқ (а) низ гузориш шудааст.[44]

Дин

Бино бар гузориши манобеи таърихӣ, Мухайриқ Паёмбари Ислом (с)-ро бо тавваҷуҳ ба илми худ нисбат ба китобҳои осмонӣ ба сурати комил мешинохт, аммо алоқа ба яҳудият иҷозаи ибрози ҳақиқатро ба ӯ намедод.[45] Баъзе бар ин эътиқоданд, ки вай бар асоси башорати китобҳои осмонӣ ба хотамияти Паёмбари Ислом муътақид буд ва алоқа дошт то аввалин мусулмон бошад, вале ба сабаби ҷилавгирӣ аз даргирӣ бо бузургони яҳуд аз ин кор имтиноъ кард[46] то инки дар рӯзи ҷанги Уҳуд мусулмон шуд.[47] Манобеи пуршуморе ба Ислом овардани ӯ тасреҳ кардаанд.[48] Гуфта шудааст, ӯ баъд аз имон ба Расули Худо (с)[49] аз қабилааш - Банӣ Қақнуқоъ хост то ба Паёмбар имон биоваранд, аммо онҳо имтиноъ карданд.[50]

Дар муқобил, Ибни Саъд (ваф.230ҳ.қ.) дар китоби Табақот гузорише овардааст, ки Мухайриқ ҳеҷгоҳ мусулмон нашуд, вале дар рӯзи ҷанги Уҳуд ба ёрии Паёмбари Ислом (с) шитофт.[51] Барои ҳамин пас аз шаҳодат ҳам бар ӯ намози ҷаноза хонда нашуд ва дар гӯшае аз қабристони мусулмонҳо мадфун гардид.[52] Ин мавзӯъ ба Воқидӣ ҳам нисбат дода шудааст.[53] Албатта Ибни Ҳаҷар - саҳобанигори қарни нуҳум, гузориши Исломи Мухайриқро ҳам ба Воқидӣ мунтасаб кардааст.[54] Ҳамчунин гуфта шудааст, ки Паёмбари Ислом (с) беш аз онки Мухайриқро беҳтарин яҳудӣ бидонад, чизе нагуфта ва на, дар замони ҷанги Уҳуд ва на, баъд аз он барои ӯ талаби раҳмат накардааст.[55] Баъзе бар ин боваранд, ки тавсифи Мухайриқ ба унвони собиқ (ҷилавдори) яҳуд аз сӯи Паёмбар ва қарор додани ӯ дар канори Салмон ба унвони ҷилавдори форсизабонон ва Билол бо васфи ҷилавдори аҳли Ҳабаша,[56] бар Исломи Мухайриқ далолат дорад.[57]

Эзоҳ

  1. Балозурӣ, Ансоб-ул-ашроф, 1996м., ҷ.1, саҳ.285.
  2. Ибни Ҳишом, ас-Сират-ун-набавийя, бе то, ҷ.1, саҳ.518; Балозурӣ, Ансоб-ул-ашроф, 1996м., ҷ.1, саҳ.325, 518; Ибни Ҳаҷар, ал-Исоба, 1415ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.46.
  3. Фароҳидӣ, ал-Айн, бе то, ҷ.3, саҳ.218.
  4. Ибни Ҳишом, ас-Сират-ун-набавийя, бе то, ҷ.1, саҳ.514, 518; Балозурӣ, Ансоб-ул-ашроф, 1996м., ҷ.1, саҳ.325, 518.
  5. Ибни Ҳишом, ас-Сират-ун-набавийя, бе то, ҷ.1, саҳ.518, ҷ.2, саҳ.89; Ибни Саъд, ат-Табақот-ул-кубро, 1990м., ҷ.1, саҳ.389; Табарӣ, Таърихи Табарӣ, 1967м., ҷ.2, саҳ.531.
  6. Зириклӣ, ал-Аълом, 1989м., ҷ.7, саҳ.194; Сабрипошо, Мавсуъаҳту миръот-ил-Ҳарамайни-ш-Шарифайн, 1424ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.805.
  7. Ибни Ҳаҷар, ал-Исоба, 1415ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.46 - 47.
  8. Мақризӣ, Имтоъ-ул-асмоъ, 1999м., ҷ.3, саҳ.353; Ибни Сайидуннос, Уюн-ул-асар, 1993м., ҷ.1, саҳ.240.
  9. Ибни Касир, ал-Бидоя ва-н-ниҳоя, 1407ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.237; Табарсӣ, Эълом-ул-варо, 1390ҳ.қ., саҳ.69.
  10. Табарсӣ, Эълом-ул-варо, 1390ҳ.қ., саҳ.69.
  11. Балозурӣ, Ансоб-ул-ашроф, 1996м., ҷ.1, саҳ.285, 325, 518; Ибни Сайидуннос, Уюн-ул-асар, 1993м., ҷ.1, саҳ.240; Солеҳии Шомӣ, Субул-ул-ҳудо, 1993м., ҷ.4, саҳ.212.
  12. Балозурӣ, Ансоб-ул-ашроф, 1996м., ҷ.1, саҳ.325; Ибни Ҳаҷар, ал-Исоба, 1415ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.46; Мақризӣ, Имтоъ-ул-асмоъ, 1999м., ҷ.14, саҳ.370.
  13. Ибни Ҳишом, ас-Сират-ун-набавийя, бе то, ҷ.1, саҳ.514, ҷ.2, саҳ.88; Табарӣ, Таърихи Табарӣ, 1967м., ҷ.2, саҳ.531; Заҳабӣ, Таърих-ул-Ислом, 1993м., ҷ.2, саҳ.205.
  14. Ибни Саъд, ат-Табақот-ул-кубро, 1990м., ҷ.1, саҳ.389; Балозурӣ, Ансоб-ул-ашроф, 1996м., ҷ.1, саҳ.285, 325, 518; Ибни Ҳаҷар, ал-Исоба, 1415ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.46, 47.
  15. Табарсӣ, Эълом-ул-варо, 1390ҳ.қ., саҳ.69.
  16. Ибни Ҳаҷар, ал-Исоба, 1415ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.46; Солеҳии Шомӣ, Субул-ул-ҳудо, 1993м., ҷ.4, саҳ.212; Зириклӣ, ал-Аълом, 1989м., ҷ.7, саҳ.194.
  17. Ибни Ҳаҷар, ал-Исоба, 1415ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.46; Солеҳии Шомӣ, Субул-ул-ҳудо, 1993м., ҷ.4, саҳ.212.
  18. Ибни Асир, ал-Комил, 1965м., ҷ.2, саҳ.162; Ёқути Ҳамавӣ, Муъҷам-ул-булдон, 1995м., ҷ.5, саҳ.241.
  19. Барои намуна ниг.: Балозурӣ, Ансоб-ул-ашроф, 1996м., ҷ.1, саҳ.285; Мақризӣ, Имтоъ-ул-асмоъ, 1999м., ҷ.1, саҳ.160 - 161, ҷ.14, саҳ.369.
  20. Ибни Ҳишом, ас-Сират-ун-набавийя, бе то, ҷ.1, саҳ.518, ҷ.2, саҳ.88 - 89.
  21. Воқидӣ, ал-Мағозӣ, 1409ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.263; Балозурӣ, Ансоб-ул-ашроф, 1996м., ҷ.1, саҳ.325.
  22. Ибни Ҳишом, ас-Сират-ун-набавийя, бе то, ҷ.1, саҳ.518, ҷ.2, саҳ.88; Ибни Саъд, ат-Табақот-ул-кубро, 1990м., ҷ.1, саҳ.389; Балозурӣ, Ансоб-ул-ашроф, 1996м., ҷ.1, саҳ.325; Табарӣ, Таърихи Табарӣ, 1967м., ҷ.2, саҳ.531.
  23. Ибни Товус, ат-Тароиф, Тарҷумаи Довуди Илҳомӣ, 1374ҳ.ш., саҳ.392.
  24. Ибни Саъд, ат-Табақот-ул-кубро, 1990м., ҷ.1, саҳ.388 - 389.
  25. Ибни Ҳишом, ас-Сират-ун-набавийя, бе то, ҷ.1, саҳ.518, ҷ.2, саҳ.89; Балозурӣ, Ансоб-ул-ашроф, 1996м., ҷ.1, саҳ.325; Табарӣ, Таърихи Табарӣ, 1967м., ҷ.2, саҳ.531.
  26. Ибни Ҳаҷар, ал-Исоба, 1415ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.47; Самҳудӣ, Вафо-ул-вафо, 2006м., ҷ.3, саҳ.151.
  27. Балозурӣ, Ансоб-ул-ашроф, 1996м., ҷ.1, саҳ.285.
  28. Шуштарӣ, Қомус-ур-риҷол, 1410ҳ.қ., ҷ.10, саҳ.22.
  29. Сабрипошо, Мавсуъаҳту миръот-ил-Ҳарамайни-ш-Шарифайн, 1424ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.805.
  30. Ибни Ҳаҷар, ал-Исоба, 1415ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.46; Балозурӣ, Ансоб-ул-ашроф, 1996м, ҷ.1, саҳ.325; Шуштарӣ, Қомус-ур-риҷол, 1410ҳ.қ., ҷ.10, саҳ.22.
  31. Мақризӣ, Имтоъ-ул-асмоъ, 1999м., ҷ.1, саҳ.191.
  32. Воқидӣ, ал-Мағозӣ, 1409ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.263; Ибни Ҳишом, ас-Сират-ун-набавийя, бе то, ҷ.1, саҳ.518; Ибни Саъд, ат-Табақот-ул-кубро, 1990м., ҷ.1, саҳ.389.
  33. Ибни Шаббаҳ, Таърих-ул-Мадинат-ил-мунаввара, 1410ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.173; Шарроб, ал-Маъолим-ул-асира фи-с-суннати ва-с-сира, 1411ҳ.қ., саҳ.156; Сабрипошо, Мавсуъаҳту миръот-ил-Ҳарамайни-ш-Шарифайн, 1424ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.805.
  34. Ибни Касир, ал-Бидоя ва-н-ниҳоя, 1407ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.37; Сабрипошо, Мавсуъаҳту миръот-ил-Ҳарамайни-ш-Шарифайн, 1424ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.806.
  35. Ибни Саъд, ат-Табақот-ул-кубро, 1990м., ҷ.1, саҳ.388; Солеҳии Шомӣ, Субул-ул-ҳудо, 1993м., ҷ.8, саҳ.407; Хатиби Умарӣ, ар-Равзат-ул-фиҳо фи таворих-ин-нисо, 1420ҳ.қ., саҳ.231.
  36. Курдъалӣ, Хутат-уш-Шом, 1403ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.90.
  37. Ибни Ҳаҷар, ал-Исоба, 1415ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.46; Ёқути Ҳамавӣ, Муъҷам-ул-булдон, 1995м., ҷ.5, саҳ.241, 290 - 291.
  38. Солеҳии Шомӣ, Субул-ул-ҳудо, 1993м., ҷ.8, саҳ.407; Ибни Саъд, ат-Табақот-ул-кубро, 1990м., ҷ.1, саҳ.389.
  39. Курдъалӣ, Хутат-уш-Шом, 1403ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.90.
  40. Хатиби Умарӣ, ар-Равзат-ул-фиҳо фи таворих-ин-нисо, 1420ҳ.қ., саҳ.230 - 231; Сабрипошо, Мавсуъаҳту миръот-ил-Ҳарамайни-ш-Шарифайн, 1424ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.807 - 808; Самҳудӣ, Вафо-ул-вафо, 2006м., ҷ.3, саҳ.155.
  41. Самҳудӣ, Вафо-ул-вафо, 2006м., ҷ.3, саҳ.155; Сабрипошо, Мавсуъаҳту миръот-ил-Ҳарамайни-ш-Шарифайн, 1424ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.808.
  42. Самҳудӣ, Вафо-ул-вафо, 2006м, ҷ.3, саҳ.155.
  43. Сабрипошо, Мавсуъаҳту миръот-ил-Ҳарамайни-ш-Шарифайн, 1424ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.807.
  44. Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.7, саҳ.49.
  45. Барои намуна ниг.: Ибни Ҳишом, ас-Сират-ун-набавийя, бе то, ҷ.1, саҳ.518; Мақризӣ, Имтоъ-ул-асмоъ, 1999м., ҷ.3, саҳ.353; Солеҳии Шомӣ, Субул-ул-ҳудо, 1993м., ҷ.4, саҳ.212.
  46. Сабрипошо, Мавсуъаҳту миръот-ил-Ҳарамайни-ш-Шарифайн, 1424ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.805.
  47. Ибни Касир, ал-Бидоя ва-н-ниҳоя, 1407ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.236, 237.
  48. Ибни Ҳишом, ас-Сират-ун-набавийя, бе то, ҷ.1, саҳ.514; Балозурӣ, Ансоб-ул-ашроф, 1996м., ҷ.1, саҳ.266, 285, 518; Мақризӣ, Имтоъ-ул-асмоъ, 1999м., ҷ.1, саҳ.65 - 66, ҷ.14, саҳ.369.
  49. Ибни Сайидуннос, Уюн-ул-асар, 1993м., ҷ.1, саҳ.240; Ёқути Ҳамавӣ, Муъҷам-ул-булдон, 1995м., ҷ.5, саҳ.290; Шуштарӣ, Қомус-ур-риҷол, 1410ҳ.қ., ҷ.10, саҳ.22.
  50. Табарсӣ, Эълом-ул-варо, 1390ҳ.қ., саҳ.69 - 70.
  51. Ибни Саъд, ат-Табақот-ул-кубро, 1990м., ҷ.1, саҳ.389.
  52. Ибни Саъд, ат-Табақот-ул-кубро, 1990м., ҷ.1, саҳ.389.
  53. Сабрипошо, Мавсуъаҳту миръот-ил-Ҳарамайни-ш-Шарифайн, 1424ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.806; Самҳудӣ, Вафо-ул-вафо, 2006м., ҷ.3, саҳ.150 - 151.
  54. Ибни Ҳаҷар, ал-Исоба, 1415ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.46.
  55. Ибни Саъд, ат-Табақот-ул-кубро, 1990м., ҷ.1, саҳ.389.
  56. Ибни Шаббаҳ, Таърих-ул-Мадинат-ил-мунаввара, 1410ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.173; Ибни Ҳаҷар, ал-Исоба, 1415ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.47; Шарроб, ал-Маъолим-ул-асира фи-с-суннати ва-с-сира, 1411ҳ.қ., саҳ.156.
  57. Сабрипошо, Мавсуъаҳту миръот-ил-Ҳарамайни-ш-Шарифайн, 1424ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.806.

Ёддошт


Сарчашма

  • Балозурӣ, Аҳмад ибни Яҳё, Ансоб-ул-ашроф, таҳқиқи Суҳайл Заккор ва Риёз Зириклӣ, Бейрут, 1996м.
  • Воқидӣ, Муҳаммад ибни Умар, ал-Мағозӣ, таҳқиқи Морседен Ҷонс, Бейрут, муассисатул-Аъламӣ, чопи сеюм, 1409ҳ.қ.
  • Ёқути Ҳамавӣ, Ёқут ибни Абдуллоҳ, Муъҷам-ул-булдон, Бейрут, Дорусодир, чопи дувум, 1995м.
  • Заҳабӣ, Шамсиддин Муҳаммад ибни Аҳмад, Таърих-ул-Ислом ва вафаёт-ул-машоҳири ва-л-аълом, таҳқиқи Умар Абдуссалом Тадмурӣ, Бейрут, Дорул-китобил-арабӣ, чопи дувум, 1993м.
  • Зириклӣ, Хайриддин, ал-Аълом қомуси тароҷим ли ашҳар-ир-риҷоли ва-н-нисо мин-ал-араби ва-л-мустаърабина ва-л-мусташриқин, Бейрут, Дорул-илми лил-малоин, чопи ҳаштум, 1989м.
  • Ибни Асир, Алӣ ибни Абикарам, ал-Комилу фи-т-таърих, Бейрут, Дорусодир, 1965м.
  • Ибни Касир, Исмоил ибни Умар, ал-Бидоя ва-н-ниҳоя, Бейрут, Дорул-фикр, 1407ҳ.қ.
  • Ибни Сайидуннос, Абулфатҳ Муҳаммад, Уюн-ул-асар фи фунуни-л-мағозӣ ва-ш-шамоили ва-с-сайр, таълиқи Иброҳим Муҳаммад Рамазон, Бейрут, Дорул-қалам, 1993м.
  • Ибни Саъд, Муҳаммад ибни Муниъ, ат-Табақот-ул-кубро, таҳқиқи Муҳаммад Абдуқодир Ато, Бейрут, Дорул-кутубил-илмийя, 1990м.
  • Ибни Товус, Алӣ ибни Мусо, ат-Тароиф, Тарҷумаи Довуди Илҳомӣ, Қум, Навиди Ислом, чопи дувум, 1374ҳ.ш.
  • Ибни Ҳаҷар, Аҳмад ибни Алӣ, ал-Исоба фи тамйиз-ис-саҳоба, таҳқиқи Одил Аҳмад Абдулмавҷуд ва Алӣ Муҳаммад Муъавваз, Бейрут, Дорул-кутубил-илмия, 1415ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.46.
  • Ибни Ҳишом, Абдулмалик ибни Ҳишоми Ҳимярӣ, ас-Сират-ун-набавийя, таҳқиқи Мустафо ас-Саққо ва дигарон, Бейрут, Дорул-маърифат, бе то.
  • Ибни Шаббаҳ, Умар ибни Шаббаҳ Намирӣ, Таърих-ул-Мадинат-ил-мунаввара, таҳқиқи Фаҳим Муҳаммад Шалтут, Қум, Дорул-фикр, 1410ҳ.қ.
  • Кулайнӣ, Муҳаммад ибни Яъқуб, ал-Кофӣ, таҳқиқи Алиакбари Ғаффорӣ ва Муҳаммади Охундӣ, Теҳрон, Дорул-кутубил-исломия, чопи чаҳорум, 1407ҳ.қ.
  • Курдъалӣ, Муҳаммад, Хутат-уш-Шом, Бейрут, Мактабатун-Нур‏, чопи сеюм, 1403ҳ.қ.
  • Мақризӣ, Аҳмад ибни Алӣ, Имтоъ-ул-асмоъ бимо ли-н-набии мин-ал-аҳволи ва-л-амволи ва-л-ҳафадати ва-л-матоъ, таҳқиқи Муҳаммад Абдулҳамид ал-Намисӣ, Бейрут, Дорул-кутубил-илмийя, 1999м.
  • Сабрипошо, Айюб, Мавсуъаҳту миръот-ил-Ҳарамайни-ш-Шарифайн ва Ҷазират-ил-араб, Қоҳира, Дорул-офоқил-арабия, 1424ҳ.қ.
  • Самҳудӣ, Алӣ ибни Аҳмад, Вафо-ул-вафо би ахбори дори-л-Мустафо, таҳқиқи Холид Абдулғанӣ Маҳфуз, Бейрут, Дорул-кутубил-илмийя, 2006м.
  • Солеҳии Шомӣ, Муҳаммад ибни Юсуф, Субул-ул-ҳудо ва-р-рашод фи сирати хайр-ил-ибод, таҳқиқи Одил Аҳмад Абдулмавҷуд ва Алӣ Муҳаммад Муъавваз, Бейрут, Дорул-кутубил-илмийя, 1993м.
  • Табарӣ, Муҳаммад ибни Ҷарир, Таърихи Табарӣ, таҳқиқи Муҳаммад Абулфазл Иброҳим, Бейрут, Дорул-турос, чопи ҳаштум, 1967м.
  • Табарсӣ, Фазл ибни Ҳасан, Эълом-ул-варо би аълом-ил-ҳудо, Теҳрон, Исломия, чопи сеюм, 1390ҳ.қ.
  • Фароҳидӣ, Халил ибни Аҳмад, ал-Айн, Қум, нашри Ҳиҷрат, чопи дувум, бе то.
  • Хатиб Умарӣ, Ёсин, ар-Равзат-ул-фиҳо фи таворих-ин-нисо,таҳқиқи Ҳисом Риёз Аъбдулҳаким, Бейрут, муассисатул-кутубис-сақофия, 1420ҳ.қ.
  • Шарроб, Муҳаммад Муҳаммадҳасан, ал-Маъолим-ул-асира фи-с-суннати ва-с-сира, Бейрут - Димишқ, Дорул-қалам – дорул-шомия, 1411ҳ.қ.
  • Шуштарӣ, Муҳаммадтақӣ, Қомус-ур-риҷол, Қум, муассисаи Нашри исломӣ, чопи дувум, 1410ҳ.қ.