Бисмиллоҳир-Раҳмонир-Раҳим

Аз wikishia
Бисмиллоҳир-Раҳмонир-Раҳим ба хати Ғуломҳусайн Амирхонӣ

Бисмиллоҳир-Раҳмонир-Раҳим (بسم الله الرَّحمن الرَّحیم) ё Басмала, ояти Қуръон аст, ки дар аввали ҳамаи сураҳо ба ғайр аз сураи Тавба омадааст.

Дар ривоёт, фазилатҳое барои ин оят баён шудааст; аз ҷумла инки он, бокароматтарин ва бузургтарин ояти Қуръон аст.

Олимони мусулмон Бисмиллоҳир-Раҳмонир-Раҳимро яке аз муҳимтарин шиорҳои исломӣ дониста, тавсия мекунанд, онро дар оғози сухан гуфтан ё анҷоми ҳар коре бихонанд.

Тибқи фатвои фақеҳон, даст задани бетаҳорат ба Басмала дар шакли хаттӣ ҳаром аст. Инчунин ҳангоми шикор ва забҳи шаръии ҳайвонот фарз аст Бисмиллоҳир-Раҳмонир-Раҳим гуфта шавад.

Имомия ва бархе аз уламои аҳли суннат бар ин боваранд, ки Басмала дар ҳар сура як ояти мустақил аст ва ҷузъи ҳамон сура аст, аммо бархе аз аҳли суннат мегӯянд, танҳо дар сураи ал-Ҳамд ояти мустақил буда, бахше аз он аст ва бархеи дигарашон муътақиданд, ки дар сураи Ҳамд низ Басмала мустақил нест, балки дар оғози ҳамаи сураҳо (ба ғайр аз сураи Тавба) барои табаррук хонда мешавад.

Ба гуфтаи бархе муаррихон, Салмони Форсӣ аввалин касе буд, ки ин оятро бо дигар оятҳои сураи ал-Ҳамд ба форсӣ тарҷума кард. Бисмиллоҳир-Раҳмонир-Раҳим ба форсӣ тарҷумаҳои гуногуне дорад, ки "Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон" яке аз тарҷумаҳои роиҷи он аст.

Аҳамияти Бисмиллоҳ дар фарҳанги исломӣ

Муҳаммадҷавод Муғния дар тафсири ал-Кошиф гуфтааст «Бисмиллоҳир-Раҳмонир-Раҳим», пас аз шаҳодатайн, шиори мусулмонон ба шумор меравад ва онон гуфтор ва корҳои худро бо гуфтани он оғоз мекунанд.[1] Ба гуфтаи Муртазо Мутаҳҳарӣ низ ин ҷумла аз муҳимтарин шиорҳои Ислом аст ва барои инки фаромӯш нашавад, хуб аст, ки мусулмонон дар таблоҳои зебою зариф онро навишта ва бар рӯи девори хонаҳояшон насб кунанд ва дар ибтидои корҳои худ бо овози баланд бигӯянд.[2]

Гуфта мешавад, яке аз корҳои роиҷ байни мардуми мусулмони Эрон ин буд, ки барои табаррук ҷустан ба номи Худо ва эман шудани аҳли хона аз балоҳо, ин иборатро бар рӯи санг ё кошӣ менавиштанд ва бар сардари хонаҳо насб мекарданд.[3] Ба иллати корбурди бисёри «Бисмиллоҳ» дар оғози корҳо, ин иборат дар забони форсӣ ва фарҳанги омма, гоҳе ба ҷои афъоле аз қабили «бифармоед», «бишитобед» ва «шурӯъ кунед» ба кор меравад.[4] Ҳамчунин дар ибтидои поёни нома ва китобҳо «Бисмиллоҳир-Раҳмонир-Раҳим» ё тарҷумаи он (ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон) ё таъбирҳое монанд ба он навишта мешавад.[5]

Гуфта мешавад, Пайғамбар (с) низ дар ибтидои Беъсат, ҳамин иборатро дар ибтидои номаҳо ва умуре монанди он ба кор мебурд[6] то инки ояти «وَ قَالَ ارْكَبُوا فِيهَا بِسْمِ اللَّهِ مَجْرَاهَا وَ مُرْسَاهَا»[7] нозил шуд ва ӯ «Бисмиллоҳ/ بسم‌الله» ба кор мебурд ва пас аз нузули ояти 110-и сураи Исро, «Бисмиллоҳир-раҳмон/ بسم الله الرحمن» мегуфт, аммо дар ниҳоят, пас аз нузули ояти «إِنَّهُ مِنْ سُلَيْمَانَ وَإِنَّهُ بِسْمِ اللَّهِ الرَّحْمَٰنِ الرَّحِيمِ»,[8] «Бисмиллоҳир-Раҳмонир-Раҳим»-ро ба таври комил ба кор бурд.[9] Бархе бар ин боваранд, ки «Бисмиллоҳир-Раҳмонир-Раҳим» аввалин ояте аст, ки ба ҳамроҳи оёти сураи Алақ бар Пайғамбар нозил шудааст.[10]

Аз Бисмиллоҳир-Раҳмонир-Раҳим, бо номҳои «Басмала»[11] ва «тасмия»[12] низ ёд мешавад.

Оғози кор бо номи Худо

Пайғамбар (с):

كلُّ أمر ذي بالٍ لمْ يُذكَر فيه بسم الله فهو أبتر

Ҳар кори арзишманде, ки бо Бисмиллоҳ оғоз нашавад, ноқис аст.

Аллома Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, ҷ.76, саҳ.305.

Муфассирон мегӯянд, «Бисмиллоҳир-Раҳмонир-Раҳим» дар оғози корҳо, барои онки бо ном ва ёди Худо ҳамроҳ бошад, гуфта мешавад.[13] Ба гуфтаи Сайид Муҳаммадҳусайн Таботабоӣ дар тафсири ал-Мизон, Худованд Қуръонро бо номи худ, ки азизтарини номҳост оғоз кард, то каломаш нишона ва ёди Ӯро дошта бошад. Ҳамчунин бо ин кор, ба бандагонаш омӯхтааст, то аъмол ва гуфторашонро бо номи Ӯ оғоз кунанд, рафтору гуфторашон худоӣ шавад ва нишони Худо дар он бошад.[14]

Маънои Бисмиллоҳ

Бархе аз муфассирон бар ин назаранд, ки ҳарфи бо дар «бисми» ба маънои «ибтадаъту» аст; яъне вақте касе мегӯяд, «Бисмиллоҳ», маънояш ин аст, ки корашро бо номи Худо оғоз кардааст.[15] Гуруҳи дигаре мегӯянд, маънои хоссе аз ҳарфи бо мадди назар нест, балки гуфтани Бисмиллоҳ сирфан ба ангезаи ёдоварии номи Худо ва табаррук ҷустан ба он дар оғози сухан ва анҷоми корҳост.[16]

Дастаи дигаре аз муфассирон ҳарфи боро ба маънои «истионат» (ёрӣ ҷустан) донистаанд.[17] Дар ин сурат, «Бисмиллоҳ» ба маънои «астаъину бисмиллоҳ; ёрӣ меҷӯям бо номи Худо» аст.[18] Бархе муфассирони шиа[19] ин маъноро бо истинод ба ривоёте аз аимма (а)[20] пазируфтаанд.

Бархеи дигар аз муфассирон мегӯянд, аз онҷо ки дар Қуръон такрор роҳ надорад, «Бисмиллоҳир-Раҳмонир-Раҳим» дар ҳар сура, маънои хоссе дорад, ки бо мазмуни ҳамон сура муртабит аст.[21] Дар тафсири Айёшӣ, ривояте аз Имом Содиқ (а) дар тафсири Бисмиллоҳ нақл шудааст, ки дар он бо дар «бисми»-ро «баҳоуллоҳ: равшании Худо», синро «саноуллоҳ: рафъати Худо» ва мимро «маҷдуллоҳ: бузургвории Худо», маъно кардааст.[22]

Аҳкоми фиқҳии Басмала

Фуқаҳо дар бобҳое ҳамчун таҳорат, намоз, никоҳ, сайду забоҳа ва атъимаю ашриба, аҳкоме дар робита бо Басмала баён кардаанд, ки бархе аз онҳо ба баёни зер аст:

  • Ламси Басмала: бино ба дидгоҳи машҳури фуқаҳои шиа, даст задани бетаҳорати Басмалае ки навишта шудааст, аз онҷо ки ояте аз оятҳои Қуръон аст[23] ва исму сифоти Худованд дар он ба кор рафтааст, ҳаром аст.[24] Ҳамчунин гуфтаанд, ламси Басмалаи мактуб, бар шахси ҷунуб ҳаром аст.[25]
  • Басмала дар қироати намоз: ба иҷмоъи фуқаҳои шиа, Басмалаи ҷузве аз ҳамаи сураҳо, ғайр аз сураи Тавба аст ва лизо қироати он дар сураҳои намоз воҷиб аст.[26]
  • Шикор ва забҳи шаръӣ: ба фатвои фақеҳон, гуфтани Бисмиллоҳ аз шароити таҳаққуқи забҳи шаръӣ аст.[27] Ҳамчунин дар шикор, ҳангоми фиристодани саги шикорӣ ба сӯи сайд ё партоби тир ба сӯи он, бояд бисмллоҳ гуфта шавад ва чунончи амдан гуфта нашавад, гӯшти ончи сайд шудааст, ҳалол нест.[28]

Гуфтани Бисмиллоҳ дар ҳангоми вузу гирифтан,[29] аввали алоқаи ҷинсӣ[30] ва низ пеш аз хӯрдану нӯшидан[31] мустаҳаб аст.

Оё Басмала як ояти мустақил аст?

Ба гуфтаи Рашид Ризо (1282 - 1354ҳ.қ.) - муфассири аҳли Лубнон, аз онҷо ки Басмала бахше аз ояти 30-и сураи Намл аст, ҳамаи мусулмонон иттифоқи назар доранд дар инки ҷузви оёти Қуръон аст,[32] аммо дар инки дар ибтидои соири сураҳо низ ояти мустақиле шуморида шавад, ихтилофи назар вуҷуд дорад.[33] Олусӣ - муфассири аҳли суннат, дар тафсири Руҳ-ул-маъонӣ, даҳ дидгоҳ зикр кардааст,[34] ки бархе ба шарҳи зер аст:

  • Имомия, бархе аз саҳоба ва тобеъин, Шофеӣ ва бештари пайравонаш ва аз миёни қориёни ҳафтгона, Осим ва Касоӣ бар ин ақидаанд, ки Басмала як ояти мустақил ва ҷузви ҳамаи сураҳо ғайр аз сураи Тавба аст.[35] Бархе аз далелҳои инҳо ибората аст аз:
  1. Иҷмоъи саҳоба бар инки дар мусҳафи аввал, дар ибтидои ҳар сурае ғайр аз сураи Тавба, Басмала ворид шудааст.[36]
  2. Ривоёте дар манобеи аҳли суннат ва шиа аз Пайғамбар (с) ва имомони шиа (а) нақл шудааст, ки Басмаларо ояти мустақил ва ҷузве аз ҳар сура донистаанд.[37]
  3. Сираи мусулмонон аз замони ҳаёти Пайғамбар (с) бар ин будааст, ки дар оғози ҳамаи сураҳо, ғайр аз сураи Тавба, Басмаларо қироъат мекардаанд ва агар Басмала ҷузви Қуръон намебуд, бар Пайғамбар лозим буд то ба ин амр тасреҳ кунад, то сабаби гумроҳии мусулмонон нагардад.[38]
  • Молик ибни Анас, Абуҳанифа ва пайравонаш, Абуумар ва Яъқуб ибни Исҳоқ - қориёни Басра ва бархеи дигар аз олимон, Басмаларо ояти мустақиле медонанд, ки сирфан барои табаррук ва баёни оғози сураҳо ва ҳамчунин фосилаи байни онҳо омадааст[39] ва ҷузви ҳеҷ сурае ғайр аз ончӣ дар ояти 30-и сураи Намл омадааст, ба шумор намеравад.[40]
  • Аҳмад ибни Ҳанбал, Ҳамза аз қориёни ҳафтгона ва бархеи дигар муътақиданд, ки Басмала фақат дар сураи Ҳамд ояти мустақил аст ва ҷузве аз ин сура ба шумор меравад.[41]

Фазилат

Имом Алӣ (а):

Дар оғози ҳар кори майда ё калон бигӯед: «Бисмиллоҳир-Раҳмонир-Раҳим». Шайх Садуқ, китоби ат-Тавҳид, саҳ.232.

Ривоёте дар баёни фазилати Басмала дар манобеи тафсирӣ ва ривоии шиа ва аҳли суннат омадааст. Қуртубӣ дар тафсираш аз Имом Алӣ (а) нақл кардааст, ки Басмала шифои ҳар беморӣ ва ёрикунандаи ҳар доруе аст.[42] Бар пояи ривояте дар тафсири Айёшӣ ба нақл аз Имом Ризо (а) ин оят, бокароматтарин ва бузургтарин ояти Қуръон аст.[43] Ҳамчунин дар бархе ривоёт, навиштани зебои он барои таъзими Худованд, мӯҷиби ғуфрону бахшиш[44] ва қироати он раҳоӣ ва наҷот аз оташи дузах аст.[45] Дар ривояте чунин нақл шудааст, ки асрори ҳамаи китобҳои осмонӣ дар Қуръон ҷамъ аст ва ҳамаи ончӣ дар Қуръон аст дар сураи Фотиҳа ва ҳамаи ончӣ дар сураи Фотиҳа аст, дар Басмалаи он ҷамъ шудааст.[46]

Корбурд дар осори ҳунарӣ

Хушнивисии Бисмиллоҳ ба хати сулс, ба қалами Муҳаммад Ӯзчой, хушнависи кишвари Туркия

Басмала аз ҷумлаи оятҳое аст, ки навиштани он бисёр мавриди таваҷҷуҳи ҳунармандони хушнивисӣ қарор гирифта ва дар тӯли таърих, осори мутанаввеъе бо анвоъи мухталифи хат, аз он навишта шудааст.[47] Навиштани Басмала дар ҳунари кошикорӣ низ, ба унвони яке аз ҳунарҳои тазйинӣ ва меъмории Эрон намуд ёфта ва осори мухталифи он дар сардари хонаҳо, меҳроби масҷидҳо ва дар маконҳои муқаддас насб мегардад.[48] Ҳамчунин осори мухталифе аз ҳак ва навиштани Басмала ба дасти ҳунармандони мусулмон дар муаррақкорӣ ва қаламзанӣ падид омадааст.

Басмала дар шеър ва адаби форсӣ гоҳе дар мисраи як байт қарор гирифта[49] ва гоҳе низ дар бораи мазмун ва муҳтавои он ва супориш ба оғоз намудани корҳо бо номи Худо, шеърҳоие суруда шудааст.[50]

Бисмиллоҳ дар адабиёти форсӣ, дар истилоҳоте монанди «мурғи бисмил» ба маънои мурғи сарбурида ва «мурғи нимбисмил» ба маънои мурғи нимаҷон ва ҳамчунин «бисмилгоҳ» ба маънои қурбонгоҳ ҳам роҳ ёфтааст.[51]

Тарҷумаи форсии Бисмиллоҳир-Раҳмонир-Раҳим

Гуфта мешавад Басмала нахустин бор ба ҳамроҳи соири оёти сураи Ҳамд тавассути Салмони Форсӣ ба дархости форсизабонон, ба форсӣ тарҷума шуд.[52] Ӯ ин ояро ба ин сурат тарҷума кард: «ба номи Яздони бахшоянда».[53] Бархеи дигар аз тарҷумаҳои ин оят ба забони форсӣ, ба сурати зер аст:

  • Исфароинӣ - муфассири аҳли суннат дар қарни панҷуми қамарӣ: «ибтидо кардам ба номи Худои қодир бар офариниши халқон, хоҳони рӯзӣ додани халқон, хоҳони омурзидани мутиъон!».[54]
  • Рашидуддин Абулфазл Мибадӣ - муфассири Қуръон дар қарни шашуми ҳиҷрӣ: «ба номи Худованди ҷаҳондори душманпарвар ба бахшояндагӣ ва дӯстбахшой ба меҳрубонӣ».[55]
  • Абулфутуҳи Розӣ - муфассири шиа дар қарни панҷуми ҳиҷрӣ: «ба номи Худои меҳрубони бисёр бахшанда».[56]
  • Муллоҳусайн Воъизи Кошифӣ - муфассири шиа дар қарни нуҳуми ҳиҷрӣ: «ба номи Худои сазои парастиш ва бахшанда бар халқ ба вуҷуд ва ҳаёт бахшидану бахшоянда бар эшон ба бақо ва зинда доштан ба қудрату ҳикмат, аз офот муҳофизат намудан».[57]
  • Тарҷумаи тафсири Табарӣ, ки аз куҳантарин тарҷумаҳои тафсири Қуръон ба забони форсӣ аст: «ба номи Худои меҳрубони бахшоянда».[58]
  • Дар тарҷумаҳои имрӯзини Қуръон (яъне қарнҳои чаҳордаҳум ва понздаҳуми қамарӣ), тарҷумаҳои гуногуне аз ин оят шудааст, ки «ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон» аз тарҷумаҳои шоеъи ин оят аст.[59]

Фарқи раҳмон бо раҳим дар Басмала

Кошинавиштаи Басмала бар сардари хонаи қадимӣ

Раҳмон ва раҳим ду сифат аз сифатҳои Худованд ҳастанд, ки аз назари бештари муфассирон,[60] аз модаи «раҳмат» иштиқоқ ёфтаанд.[61] Бештари муфассирон[62] гуфтаанд, ки «раҳмон» сифати махсуси Худост[63] ва ба маънои раҳмати оме аст, ки аз ҷониби Худованд, ҳамаи бандагон, кофиру муъминро дарбар мегирад ва сифати «раҳим» бар раҳмати пайваста ва доими Ӯ далолат мекунад, ки танҳо ба бандагони муъмин ихтисос дорад.[64]

Аз назари бархе муфассирон, ваҷҳи умумияти сифати раҳмоняти Худованд нисбат ба ҳамаи бандагонаш ин аст, ки Ӯ онҳоро офарида ва ризқашонро медиҳад.[65] Ва ваҷҳи ихтисос ёфтани раҳимияти Ӯ ба муъминон ин аст, ки дар зиндагии дунё ононро тавфиқ медиҳад ва дар охират, биҳиштро насибашон мекунад ва гуноҳони ононро мебахшад.[66]

Тафсири ирфонӣ

Дар мутун ва тафосири ирфонӣ, барои ҳуруфи Басмала маъонӣ ва тафсирҳои ботиние баён кардаанд.[67] Бархе гуфтаанд, Худованд ба воситаи бои Бисмиллоҳ, ҳамаи мавҷудотро ба вуҷуд овард.[68] Ибни Арабӣ, шакли бо ва нуқта ва ҳаракати онро бар аволими сегона татбиқ намудааст; ба ин баён, ки шакли бо олами малакут аст, нуқтаи он олами ҷабарут ва ҳаракати он, олами шаҳодат аст.[69] Абдурразоқи Кошонӣ низ дар тафсири худ, ҳарфи бо дар «Бисмиллоҳ»-ро ишора ба ақли аввал ё содири аввал донистааст.[70]

Бино ба назари Муллоҳусайн Воъизи Кошифӣ дар Ҷавоҳир-ут-тафсир, ҳарфи алиф ишора ба зоти муқаддас дорад ва аз онҷо ки аввалин ҳарф аз ҳуруфи алифбост, бо Ҳақ Таъоло ба унвони зоте, ки аввали ашё аст, муносибат дорад ва аз он ҷиҳат, ки холӣ аз нуқта аст, бо вуҷуди мутлақ, ки муҷаррад аз ҳама тақайюдот аст, муносиб аст.[71]

Дар бархе мутун ва тафосири ирфонӣ, «раҳмон» ба маънои бахшанда ва ифозакунандаи вуҷуду камол ба ҳамаи мавҷудот, бар асоси ҳикмат ва қобилияти онҳо омада[72] ва «раҳим» ба маънои ифозакунандаи камоли маънавии махсус ба инсон баён шудааст.[73]

Эзоҳ

  1. Муғния, ат-Тафсир-ул-кошиф, Дорул-анвор, дори алонвор, ҷ.1, саҳ.24.
  2. Мутаҳҳарӣ, Понздаҳ гуфтор, 1389ҳ.ш., саҳ.162 - 163.
  3. Мусавии Омулӣ, “Сардарнавиштаҳои Қуръон”, сайти портали Улуми исломӣ.
  4. Муинӣ, Фарҳанги амсол ва таобири қуръонӣ, 1394ҳ.ш., саҳ.153 - 155.
  5. “Тартиби поённоманависӣ”, сайти Каломи сабз.
  6. Қалқашандӣ, Субҳ-ул-аъшо фи саноъат-ил-иншо, Дорул-кутубил-илмийя, ҷ.1, саҳ.480.
  7. Сураи Ҳуд, ояти 41.
  8. Сураи Намл, ояти 30.
  9. Ҷассос, Аҳком-ул-Қуръон, 1415ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.7.
  10. Барои намуна ниг.: Табарӣ, Ҷомеъ-ул-баён, 1412ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.38.
  11. Барои намуна ниг.: Ҳушангӣ, “Басмала”, саҳ.426.
  12. Барои намуна ниг.: Абулфутуҳи Розӣ, Равз-ул-ҷанон, 1376ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.41; Замахшарӣ, ал-Кашшоф, 1407ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.1.
  13. Барои намуна ниг.: Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1415ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.54; Фахри Розӣ, ат-Тафсир-ул-кабир, 1420ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.103; Таботабоӣ, ал-Мизон, 1363ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.15 - 17; Тайиб, Атяб-ул-баён, 1378ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.93.
  14. Таботабоӣ, ал-Мизон, 1363ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.15.
  15. Барои намуна ниг.: Ибни Қутайба, тафсири Ғариб-ул-Қуръон, 1411ҳ.қ., саҳ.39; Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1415ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.54; Таботабоӣ, ал-Мизон, 1363ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.17; Ҳаким, Тафсири Сурат-ул-Ҳамд, 1420ҳ.қ., саҳ.152 - 153.
  16. Хумайнӣ, Тафсир-ул-Қуръон-ил-Карим, 1418ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.95.
  17. Барои намуна ниг.: Арусии Ҳувайзӣ, Тафсири Нур-ус-сақалайн, 1415ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.12 - 13; Тайиб, Атяб-ул-баён, 1378ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.93.
  18. Арусии Ҳувайзӣ, Тафсири Нур-ус-сақалайн, 1415ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.12 - 13; Тайиб, Атяб-ул-баён, 1378ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.93; Ҳаким, Тафсири Сурат-ул-Ҳамд, 1420ҳ.қ., саҳ.152.
  19. Барои намуна ниг.: Арусии Ҳувайзӣ, Тафсири Нур-ус-сақалайн, 1415ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.12 - 13; Тайиб, Атяб-ул-баён, 1378ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.93.
  20. Аллома Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1983м., ҷ.3, саҳ.41.
  21. Қушайрӣ, Латоиф-ул-ишорот, 2000м., ҷ.1, саҳ.44; Хумайнӣ, Тафсир-ул-Қуръон-ил-Карим, 1418ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.96.
  22. Айёшӣ, Тафсир-ул-Айёшӣ, 1380ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.22.
  23. Ҳаким, Мустамсак-ул-урва, 1391ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.272.
  24. Таботабоии Яздӣ, ал-Урват-ул-вусқо, 1417ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.352.
  25. Таботабоии Яздӣ, ал-Урват-ул-вусқо, 1417ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.509.
  26. Ҳаким, Мустамсак-ул-урва, 1391ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.174 - 175.
  27. Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1362ҳ.ш., ҷ.36, саҳ.113.
  28. Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1362ҳ.ш., ҷ.36, саҳ.30.
  29. Шаҳиди Сонӣ, ар-Равзат-ул-баҳийя, ҷ.1, саҳ.79.
  30. Таботабоии Яздӣ, ал-Урват-ул-вусқо, 1417ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.482; Ҳаким, Мустамсак-ул-урва, 1391ҳ.қ., ҷ.14, саҳ.10.
  31. Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1362ҳ.ш., ҷ.36, саҳ.451.
  32. Рашид Ризо, Тафсири ал-Минор, 1990м., ҷ.1, саҳ.33.
  33. Рашид Ризо, Тафсири ал-Минор, 1990м., ҷ.1, саҳ.33.
  34. Олусӣ, Руҳ-ул-маъонӣ, 1415ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.41.
  35. Рашид Ризо, Тафсири ал-Минор, 1990м., ҷ.1, саҳ.33; Олусӣ, Руҳ-ул-маъонӣ, 1415ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.41.
  36. Рашид Ризо, Тафсири ал-Минор, 1990м., ҷ.1, саҳ.33.
  37. Барои намуна ниг.: Ҳокими Нишобурӣ, ал-Мустадраку ала-с-саҳиҳайн, 1411ҳ.қ., ҷ.1, 356 - 357; Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.3, 312 - 313; Байҳақӣ, ас-Сунан-ул-кубро, 1424ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.67; Буруҷердӣ, Ҷомеъ-ул-аҳодис-иш-шиъа, 1415ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.128 - 130.
  38. Хуӣ, ал-Баён, Муассисату эҳёи осорил-имомил-Хуӣ, саҳ.447 - 448.
  39. Рашид Ризо, Тафсири ал-Минор, 1990м., ҷ.1, саҳ.34; Олусӣ, Руҳ-ул-маъонӣ, 1415ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.41.
  40. Фахри Розӣ, ат-Тафсир-ул-кабир, 1420ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.172.
  41. Рашид Ризо, Тафсири ал-Минор, 1990м., ҷ.1, саҳ.34; Олусӣ, Руҳ-ул-маъонӣ, 1415ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.41.
  42. Қуртубӣ, ал-Ҷомеъу ли аҳком-ил-Қуръон, 1364ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.107.
  43. Айёшӣ, Тафсир-ул-Айёшӣ, 1380ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.21.
  44. Суютӣ, Дурр-ул-мансур, Дорул-фикр, ҷ.1, саҳ.27.
  45. Баҳронӣ, ал-Бурҳон фи тафсир-ил-Қуръон, 1415ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.99.
  46. Қундузӣ, Янобиъ-ул-маваддат, 1422ҳ.қ., ҷ.1, 213.
  47. Мутиъ, “Тасмия”, саҳ.326.
  48. Мутиъ, “Тасмия”, саҳ.326.
  49. Барои намуна ниг.: Низомӣ, Куллиёти девони Ҳаким Низомии Ганҷавӣ, 1335ҳ.ш., саҳ.9.
  50. Мутиъ, “Тасмия”, саҳ.326.
  51. Муинӣ, Фарҳанги амсол ва таобири қуръонӣ, 1394ҳ.ш., саҳ.159; Мутиъ, “Тасмия”, саҳ.326.
  52. Сарахсӣ, ал-Мабсут, 1414ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.37.
  53. Шуайбӣ, Муъҷаму мусаннафот-ил-Қуръон, 1403ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.12.
  54. Исфароинӣ, Тоҷ-ут-тароҷим, 1375ҳ.ш., саҳ.39.
  55. Мибадӣ, Кашф-ул-асрор, 1371ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.2.
  56. Розӣ, Равз-ул-ҷанон, 1376ҳ.ш., ҷ.15, саҳ.182.
  57. Кошифӣ, Ҷавоҳир-ут-тафсир, 1379ҳ.ш., саҳ.330.
  58. Табарӣ, тарҷумаи Тафсири Табарӣ, 1356ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.10.
  59. Барои намуна ниг.: Соҷидӣ, “Муодили форсии “Бисмиллоҳир-Раҳмонир-Раҳим” дар тарҷумаҳои қадим ва ҷадиди Қуръон”, саҳ.26 - 30.
  60. Қуртубӣ, ал-Ҷомеъу ли аҳком-ил-Қуръон, 1364ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.104.
  61. Ибни Қутайба, тафсири Ғариб-ул-Қуръон, 1411ҳ.қ., саҳ.12; Таботабоӣ, ал-Мизон, ҷ.1, саҳ.18; Қуртубӣ, ал-Ҷомеъу ли аҳком-ил-Қуръон, 1364ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.104.
  62. Қуртубӣ, ал-Ҷомеъу ли аҳком-ил-Қуръон, 1364ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.105.
  63. Шайх Тусӣ, ат-Тибён, Дору эҳёил-туросил-арабӣ, ҷ.1, саҳ.29; Таботабоӣ, ал-Мизон, 1363ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.18 - 19; Арусии Ҳувайзӣ, Тафсири Нур-ус-сақалайн, 1415ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.12.
  64. Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1415ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.54; Фахри Розӣ, ат-Тафсир-ул-кабир, 1420ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.166.
  65. Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1415ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.54.
  66. Барои намуна ниг.: Қушайрӣ, Латоиф-ул-ишорот, 2000м., ҷ.1, саҳ.44; Ибни Арабӣ, Футуҳот-ул-маккийя, Дору эҳёил-туросил-арабӣ, ҷ.1, саҳ.102; Кошонӣ, тафсири Ибни Арабӣ (таъвилоти Абдурразоқ), 1422ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.7.
  67. Барои намуна ниг.: Қушайрӣ, Латоиф-ул-ишорот, 2000м., ҷ.1, саҳ.44; Ибни Арабӣ, Футуҳот-ул-маккийя, Дору эҳёил-туросил-арабӣ, ҷ.1, саҳ.102.
  68. Ибни Арабӣ, Футуҳот-ул-маккийя, Дору эҳёил-туросил-арабӣ, ҷ.1, саҳ.102.
  69. Ибни Арабӣ, Футуҳот-ул-маккийя, Дору эҳёил-туросил-арабӣ, ҷ.1, саҳ.102.
  70. Кошонӣ, тафсири Ибни Арабӣ (таъвилоти Абдурразоқ , 1422ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.7.
  71. Кошифӣ, Ҷавоҳир-ут-тафсир, 1379ҳ.ш., саҳ.334 - 335.
  72. Кошонӣ, тафсири Ибни Арабӣ (Таъвилоти Абдурразоқ), 1422ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.7; Қунавӣ, Эъҷоз-ул-баён, 1381ҳ.ш., саҳ.173; Султон Алишоҳ, Баён-ус-саъодат, 1408ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.28.
  73. Кошонӣ, тафсири Ибни Арабӣ (Таъвилоти Абдурразоқ), 1422ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.7.

Сарчашма

  • Абулфутуҳи Розӣ, Ҳусайн ибни Алӣ, Равз-ул-ҷинон ва руҳ-ул-ҷанон фи тафсир-ил-Қуръон, Машҳад, Бунёди пажӯҳишҳои исломӣ, 1376ҳ.ш.
  • Айёшӣ, Муҳаммад ибни Масъуд, Тафсир-ул-Айёшӣ, Теҳрон, ал-Матбаъатул-илмийя, чопи аввал, 1380ҳ.қ.
  • Аллома Маҷлисӣ, Муҳаммадбоқир, Биҳор-ул-анвор, Бейрут, муассисатул-Вафо, 1983м.
  • Арусии Ҳувайзӣ, Абдуалӣ ибни Ҷумъа, Тафсири Нур-ус-сақалайн, Қум, Исмоилиён, чопи чаҳорум, 1415ҳ.қ.
  • Байҳақӣ, Аҳмад ибни Ҳусайн, ас-Сунан-ул-кубро, Бейрут, Дорул-кутубил-илмийя, 1424ҳ.қ.
  • Баҳронӣ, Ҳошим ибни Сулаймон, ал-Бурҳон фи тафсир-ил-Қуръон, Қум, муассисатул-Беъсат, 1415ҳ.қ.
  • Буруҷердӣ, Сайидҳасан, Ҷомеъ-ул-аҳодис-иш-шиъа, Қум, интишороти Меҳр, 1415ҳ.қ.
  • Замахшарӣ, Маҳмуд ибни Умар, ал-Кашшоф ан ҳақоиқи ғавомиз-ит-танзил, Бейрут, Дорул-китобил-арабӣ, 1407ҳ.қ.
  • Ибни Арабӣ, Муҳаммад ибни Алӣ, ал-Футуҳот-ул-маккийя, Бейрут, Дору эҳёил-туросил-арабӣ, бе то.
  • Ибни Қутайба, Абдуллоҳ ибни Муслим, тафсири Ғариб-ул-Қуръон, Бейрут, Дору мактабатил-ҳилол, 1411ҳ.қ.
  • Исфароинӣ, Шаҳфур ибни Тоҳир, Тоҷ-ут-тароҷим, тасҳеҳи Алиакбар Илоҳии Хуросонӣ, Теҳрон, ширкати Интишороти илмӣ ва фарҳангӣ, 1375ҳ.ш.
  • Кошифӣ, Ҳусайн ибни Алӣ, Ҷавоҳир-ут-тафсир, Теҳрон, Маркази пажӯҳишии Мероси мактуб, 1379ҳ.ш.
  • Кошонӣ, Абдурразоқ, тафсири Ибни Арабӣ (Таъвилоти Абдурразоқ), Бейрут, Дору эҳёил-туросил-арабӣ, 1422ҳ.қ.
  • Кулайнӣ, Муҳаммад ибни Яъқуб, ал-Кофӣ, тасҳеҳи Алиакбари Ғаффорӣ, Дорул-кутубил-исломийя, 1407ҳ.қ.
  • Қалқашандӣ, Аҳмад ибни Алӣ, Субҳ-ул-аъшо фи саноъат-ил-иншо, Бейрут, Дорул-кутубил-илмийя, бе то.
  • Қунавӣ, Муҳаммад ибни Исҳоқ, Эъҷоз-ул-баён фӣ тафсири умми-л-Қуръон, Қум, Бустони китоб, 1381ҳ.ш.
  • Қундузӣ, Сулаймон ибни Иброҳим, Янобиъ-ул-маваддат, Қум, Дорул-Усва, 1422ҳ.қ.
  • Қуртубӣ, Муҳаммад ибни Аҳмад, ал-Ҷомеъу ли аҳком-ил-Қуръон, Теҳрон, интишороти Носир Хисрав, 1364ҳ.ш.
  • Қушайрӣ, Абдукарим ба Ҳавозан, Латоиф-ул-ишорот, Қоҳира, ал-Ҳайатул-мисрийятил-ома лил-китоб, 2000м.
  • Мибадӣ, Аҳмад ибни Муҳаммад, Кашф-ул-асрор, Теҳрон, интишороти Амири Кабир, 1371ҳ.ш.
  • Муғния, Муҳаммадҷавод, ат-Тафсир-ул-кошиф, Бейрут, Дорул-анвор, бе то.
  • Муинӣ, Муҳсин, Фарҳанги амсол ва таобири қуръонӣ, Теҳрон, нашри фарҳанги муосир, чопи сеюм, 1394ҳ.ш.
  • Мусавии Омулӣ, Сайидмуҳсин, “Сардарнавиштаҳои Қуръон”, сайти портали улуми исломӣ, таърихи боздид: 17 дейи 1402ҳ.ш.
  • Мутаҳҳарӣ, Муртазо, Понздаҳ гуфтор, Қум, интишороти Садро, 1389ҳ.ш.
  • Мутиъ, Меҳдӣ, “Тасмия”, дар Доиратулмаорифи бузурги исломӣ, Теҳрон, маркази доиратулмаорифи бузурги исломӣ, 1387ҳ.ш.
  • Наҷафӣ, Муҳаммадҳасан, Ҷавоҳир-ул-калом, Бейрут, Дору эҳёил-туросил-арабӣ, 1362ҳ.ш.
  • Низомӣ, Абумуҳаммад Илёс ибни Юсуф, Куллиёти девони Ҳаким Низомии Ганҷавӣ, Теҳрон, интишороти Амир Кабир, 1335ҳ.ш.
  • Олусӣ, Маҳмуд ибни Абдуллоҳ, Руҳ-ул-маъонӣ фи тафсир-ил-Қуръон-ил-Азим ва-с-сабъ-ул-масонӣ, Бейрут, Дорул-кутубил-илмийя, 1415ҳ.қ.
  • Рашид Ризо, Муҳаммад, Тафсири ал-Минор, Миср, ал-Ҳайатул-мисрийятул-ома лил-китоб, 1990м.
  • Сарахсӣ, Муҳаммад ибни Аҳмад, ал-Мабсут, Бейрут, Дорул-маърифат, 1414ҳ.қ.
  • Соҷидӣ, Акбар, “Муодили форсии “Бисмиллоҳир-Раҳмонир-Раҳим” дар тарҷумаҳои қадим ва ҷадиди Қуръон”, Ҳусно, № 34, баҳор ва тобистони 1397ҳ.ш.
  • Султон Алишоҳ, Султон Муҳаммад ибни Ҳайдар, Баён-ус-саъодат фи мақомот-ил-ибодат, Бейрут, муассисатул-Аъламӣ лил-матбуъот, 1408ҳ.қ.
  • Суютӣ, Ҷалолиддин, ад-Дурр-ул-мансур, Бейрут, Дорул-фикр, бе то.
  • Табарӣ, ибни Ҷарир, Ҷомеъ-ул-баён фи тафсир-ил-Қуръон, Бейрут, Дорул-маърифат, 1412ҳ.қ.
  • Табарӣ, Муҳаммад ибни Ҷарир, тарҷумаи тафсири Табарӣ, Теҳрон, интишороти Тус, 1356ҳ.ш.
  • Табарсӣ, Фазл ибни Ҳасан, Маҷмаъ-ул-баён, Бейрут, муассисатул-Аъламӣ лил-матбуъот, 1415ҳ.қ.,
  • Таботабоӣ, Сайид Муҳаммадҳусайн, ал-Мизон фи-т-тафсир-ил-Қуръон, Қум, интишороти Исмоилиён, 1363ҳ.ш.
  • Таботабоии Яздӣ, Сайидмуҳаммадкозим, ал-Урват-ул-вусқо, Қум, муассисаи ал-Нашрул-исломӣ, 1417ҳ.қ.
  • Тайиб, Абдулҳусайн, Атяб-ул-баён, Теҳрон, интишороти Ислом, 1378ҳ.ш.
  • "Тартиби поённоманависӣ", сайти Каломи сабз, таърихи дарҷи матлаб: 18 фарвардини 1402ҳ.ш., таърихи боздид: 10 дейи 1402ҳ.ш.
  • Фахри Розӣ, Муҳаммад ибни Умар, ат-Тафсир-ул-кабир, Бейрут, Дору эҳёил-туросил-арабӣ, 1420ҳ.қ.
  • Хуӣ, Сайид Абулқосим, ал-Баён, Қум, Муассисату эҳёи осорил-имомил-Хуӣ, бе то.
  • Хумайнӣ, Сайидмустафо, Тафсир-ул-Қуръон-ил-Карим, Қум, Муассисаи танзим ва нашри осори имом Хумайнӣ, 1418ҳ.қ.
  • Ҳаким, Сайид Муҳаммадбоқир, Тафсири Сурат-ул-Ҳамд, Қум, Маҷмаъул-фикрил-исломӣ, 1420ҳ.қ.
  • Ҳаким, Сайидмуҳсин, Мустамсак-ул-урва, Бейрут, Дору эҳёил-туросил-арабӣ, 1391ҳ.қ.
  • Ҳокими Нишобурӣ, Муҳаммад ибни Абдуллоҳ, ал-Мустадраку ала-с-саҳиҳайн, Бейрут, ал-Мактабатул-асрийя, 1420ҳ.қ.
  • Ҳушангӣ, Лайло, “Басмала”, дар Донишномаи ҷаҳони Ислом, Теҳрон, Бунёди Доиратулмаорифи исломӣ, чопи сеюм, 1386ҳ.ш.
  • Ҷассос, Аҳмад ибни Алӣ, Аҳком-ул-Қуръон, Бейрут, Дорул-кутубил-илмийя, 1415ҳ.қ.
  • Шайх Тусӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, ат-Тибён фи тафсир-ил-Қуръон, Бейрут, Дору эҳёил-туросил-арабӣ, бе то.
  • Шаҳиди Сонӣ, Алӣ ибни Зайниддин, ар-Равзат-ул-баҳийя, Қум, Интишороти дафтари таблиғоти исломии ҳавзаи илмияи Қум, чопи аввал, 1412ҳ.қ.
  • Шуайбӣ, Алӣ Шаввох Исҳоқ, Муъҷаму мусаннафот-ил-Қуръон, Риёз, Дорул-рафоъӣ, 1403ҳ.қ.