Сураи Моъун
Қурайш Сураи Моъун Кавсар | |
Рақами сура | 107 |
---|---|
Ҷузъ | 30 |
Нузул | |
Тартиби нузул | 17 |
Маккӣ/Маданӣ | Маккӣ |
Иттилооти оморӣ | |
Теъдоди оятҳо | 7 |
Теъдоди калимаҳо | 25 |
Теъдоди ҳарфҳо | 114 |
Сураи Моъун ё сураи араайта-л-лазӣ (арабӣ: أَرَأَيْتَ الَّذِي) яксаду ҳафтумин сура ва аз сураҳои маккии Қуръон аст, ки дар ҷузъи сиюм ҷой дорад.
Номи Моъун аз калимаи охири ин сураи гирифта шуда ва ба маънои закот ё ҳар чизи муфиде аст. Дар ин сура сифоти мункирони қиёмат омада аст. Қуръон мегӯяд ин афрод инфоқ намекунанд, намозро сарсарӣ мегиранд ва риё мекунанд.
Гуфта шуда аст сураи Моъун дар бораи Абусуфён нозил шуд.
Фазилатҳое барои тиловати ин сура зикр шудааст, аз ҷумла инки ҳар кас сураи Моъунро пас аз намози хуфтан қироат кунад, Худованд ӯро мебахшад ва то вақти азони субҳ ӯро нигоҳубин мекунад.
Муаррифӣ
* Номгузорӣ
Ин сураро Моъун ва сураи «араайта-л-лазӣ» номидаанд. Номи Моъун аз интиҳои сура ва номи «араайта-л-лазӣ/ أَرَأَيْتَ الَّذِي» аз оғози сура гирифта шуда аст.[1] Дар бораи маънои моъун гуфта шудааст, дар замони ҷоҳилият ба ҳар манфиате (ё ҳар василаи муфид) моъун гуфта мешуд ва баъд аз Ислом ба закот, моъун гуфтанд.[2] Номҳои дигари ин сураро «дин» ва «такзиб» гуфтаанд. Зеро ин ду мавзуъ, аз мазомини ин сураанд.[3]
* Маҳал ва тартиби нузул
Сураи Моъун ҷузви сураҳои маккӣ ва дар тартиби нузул, ҳабдаҳумин сурае аст, ки бар Пайғамбар (с) нозил шуда аст. Ин сура дар чиниши кунунии Мусҳаф, яксаду ҳафтумин сура аст[4] ва дар ҷузъи сиюми Қуръон ҷой дорад. Аллома Таботабоӣ ҳар ду эҳтимоли маккӣ ва маданӣ будани сураро мумкин дониста, гуфта аст, ки бархе низ нисф онро маккӣ ва нисфи дигарро маданӣ донистаанд.[5]
* Теъдоди оёт ва дигар вижагиҳо
Сураи Моъун 7 оят, 25 калима ва 114 ҳарф дорад. Ин сура ба лиҳози ҳаҷмӣ ҷузви сураҳои Муфассалот (дорои оёти кӯтоҳ) аст.[6]
Муҳтаво
Дар ин сура сифот ва аъмоли мункирони қиёмат дар панҷ марҳала баён шудааст, инки ба далели инкори ин рӯзи бузург, аз инфоқ дар роҳи Худо ва кумак ба ятимону мискинон сар боз мезананд ва намозро сарсарӣ мегиранд ва риёкоранд ва ба ниёзмандон кумак намекунанд.[7] Ал-Мизон меҳвари сураро таҳдиди касоне дониста аст, ки иддаои дин доранд, вале бархӯрдор аз вижагиҳои мунофиқон ҳастанд, вижагиҳое, ки бо имони ба маъод ва кайфару подош созгорӣ надорад монанди: ғафлат аз намоз, риё дар аъмол ва маҳрум сохтани дигарон ҳатто аз васоили зарурии зиндагӣ.[8]
Муҳтавои сураи Моъун[9]
Нишонаҳои муддаиёни дуруғини имон
Нишонаи сеюм: ояти 7
Бетаваҷҷӯҳӣ ба ниёзи дигарон
Нишонаи дувум: ояти 4 - 6
Риоят накардани ҳаққи ибодати Худо
Нишонаи аввал: ояти 2 - 3
Риоят накардани ҳуқуқи ақшори заъифи ҷомеъа
Муқаддима : ояти 1
Мазаммати мусулмононе, ки ба вазоифи динии худ амал намекунанд Дареғ кардани амволи камарзиши худ аз дигарон Рафтори аввал: ояти 4 - 5 Саҳлингорӣ дар намоз Рафтори аввал: ояти 2 Дур кардни ятим аз худ Рафтори дувум: ояти 6 Риё дар намоз ва соири ибодот Рафтори дувум: ояти 3 Ташвиқ накардани дигарон ба итъоми масокин
Шаъни нузул
Дар бораи шаъни нузули сураи Моъун омада аст, ин сура дар бораи Абусуфён нозил шуд, ки ҳар рӯз ду шутури бузург барои худ ва ёронаш наҳр мекард, аммо рӯзе ятиме омаду чизе талабид, аммо Абусуфён ӯро бо асо заду аз худ ронд.[10]
Фазилат ва хавос
Навиштори аслӣ: Фазоили сувар
Аз Пайғамбари Худо ҳазрати Муҳаммади Мустафо (с) ривоят шудааст, ҳар кас сураи Моъунро пас аз намози хуфтан бихонад, Худованд ӯро мебахшад ва то вақти азони субҳ ӯро нигаҳ медорад.[11] Аз Имом Содиқ (а) низ нақл шудааст ҳар кас сураи Моъунро баъд аз намози аср бихонад, то асри рӯзи баъд дар ҳифз ва амони Худованд хоҳад буд.[12] Дар ривоёти дигар омадааст хондани сураи Моъун дар намози фарзу мустаҳаб мӯҷиб мешавад Худованд намозу рӯзаи фардро бипазирад ва [дигар] корҳояшро ҳисобрасӣ накунад.[13]
Матн ва тарҷума
متن عنوان | متن عنوان |
---|---|
Ба номи Худованди раҳматгари меҳрубон | |
Оё касеро ки (рӯзи) ҷазоро дурӯғ мехонад, дидӣ? (1) | |
Ин ҳамон касе аст, ки ятимро бо қаҳр меронад (2) | |
Ва ба хӯрок додани ятим ташвиқ намекунад (3) | |
Пас, вой бар намозхонане (4) | |
ки аз намозашон ғофиланд (5) | |
касоне ки риё мекунанд (6) | |
ва аз (додани) закот (ва васоил ва ниёзи хона) худдорӣ мекунанд. (7) |
Эзоҳ
- ↑ Донишномаи Қуръон ва қуръонпажуҳӣ, 1377ҳ.ш., саҳ.1269.
- ↑ Турайҳӣ, Маҷмаъ-ул-баҳрайн, 1375ҳ.ш., ҷ.6, саҳ.316.
- ↑ Донишномаи Қуръон ва қуръонпажуҳӣ, 1377ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.1269.
- ↑ Маърифат, Омузиши улуми Қуръон, 1371ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.168.
- ↑ Таботабоӣ, ал-Мизон, ҷ.20, саҳ.367.
- ↑ Донишномаи Қуръон ва қуръонпажуҳӣ, 1377ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.1269.
- ↑ Макорими Шерозӣ, Баргузидаи тафсири Намуна, 1382ҳ.ш., ҷ.5, саҳ.602
- ↑ Таботабоӣ, ал-Мизон, ҷ.20, саҳ.368.
- ↑ Хомагар, Муҳаммад, Сохтори сураҳои Қуръони Карим, таҳияи Муассисаи фарҳангии Қуръону итрати Нур-ус-сақалайн, Қум, нашри Нашро, ҷ.1, 1392ҳ.ш.
- ↑ Макорими Шерозӣ, Тафсири Намуна, ҷ.27, саҳ.356.
- ↑ Баҳронӣ, ал-Бурҳон фи тафсир-ил-Қуръон, 1415ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.767.
- ↑ Баҳронӣ, ал-Бурҳон фи тафсир-ил-Қуръон, 1415ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.767.
- ↑ Шайхи Садуқ, Савоб-ул-аъмол ва иқоб-ул-аъмол, 1382ҳ.ш., саҳ.126.
Сарчашма
- Қуръони Карим, тарҷумаи Муҳаммадмаҳдии Фулодванд, Теҳрон, Дор-ул-Қуръон-ил-карим, 1418ҳ.қ./1376ҳ.ш.
- Баҳронӣ, Сайидҳошим, ал-Бурҳон фи тафсир-ил-Қуръон, Бунёди беъсат, 1416ҳ.қ.
- Донишномаи Қуръон ва қуръонпажуҳӣ, ҷ.2, ба кӯшиши Баҳоуддини Хуррамшоҳӣ, Теҳрон, Дӯстон - ноҳид, 1377ҳ.ш.
- Шайхи Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, Савоб-ул-аъмол ва иқоб-ул-аъмол, ба таҳқиқи Содиқи Ҳасанзода, Теҳрон, Армағони тубо, 1382ҳ.ш.
- Табарсӣ, Фазл ибни Ҳасан, Маҷмаъ-ул-баён фи тафсир-ил-Қуръон, тарҷума: Бесутунӣ, Машҳад, Остони қудси Разавӣ, 1390ҳ.ш.
- Турайҳӣ, Фахриддин ибни Муҳаммад, Маҷмаъ-ул-баҳрайн, ба таҳқиқи Аҳмад Ҳусайнии Ашкурӣ, Теҳрон, нашри Муртазавӣ, чопи сеюм, 1375ҳ.ш.
- Маърифат, Муҳаммадҳодӣ, Омузиши улуми Қуръон, [бе ҷо], Маркази чоп ва нашри созмони таблиғоти исломӣ, ҷ.1, 1371ҳ.ш.
- Макорими Шерозӣ, Носир, тафсири Намуна, Теҳрон, Дор-ул-кутуб-ил-исломийя, чопи даҳум, 1371ҳ.ш.