Сураи Аср

Аз wikishia
Сураи Аср
Сураи Аср
Рақами сура103
Ҷузъ30
Нузул
Тартиби нузул13
Маккӣ/МаданӣМаккӣ
Иттилооти оморӣ
Теъдоди оятҳо3
Теъдоди калимаҳо14
Теъдоди ҳарфҳо73


Сураи Аср (форсӣ: سوره عصر) ё Ва-л-Аср (арабӣ: وَالْعَصْر) яксаду сеюмин сура ва аз сураҳои Маккии Қуръон аст, ки дар пораи сиюми Қуръон ҷой дорад.

Номи сура аз ояти аввали он гирифта шудааст. Дар ин сура Худованд ба аср қасам мехурад, ки инсонҳо дар зарару зиёнанд, магар касоне ки аҳли имон ва амали солеҳ бошанд ва якдигарро ба ҳаққ ва сабр супориш кунанд.

Дар ривоёт омадааст, мурод аз аҳли имон, касонеанд ки ба вилояти Имом Алӣ (а), имон доранд. Аз Пайғамбар (с) нақл шудааст, ҳар касе ин сураро бихонад, оқибати кори ӯ ба сабру шикебе хатм хоҳад шуд ва дар рӯзи қиёмат ҳамроҳ бо ёрони ҳақ маҳшур хоҳад шуд.

Муаррифӣ

Сураи Аср ба хати сулс

Номгузорӣ

Ин сураро аср номидаанд; зеро дар аввалин ояти он ба «аср: замон» қасам ёд шудааст. Номи дигари ин сура, «Ва-л-Аср» аст.[1]

Тартиб ва макони нузул

Сураи Аср аз сураҳои маккӣ ва дар тартиби нузул, сездаҳумин сурае аст, ки бар Пайғамбар (с) нозил шудааст. Ин сура дар мусҳафи кунннӣ яксаду сеюмин сура аст[2] ва дар ҷузъи сиюми Қуръон ҷой дорад.

Теъдоди оёт ва дигар вижагиҳо

Сураи Аср 3 оят, 14 калима ва 73 ҳарф дорад. Ин сура аз назари ҳаҷмӣ, ҷузви сураҳои муфассалот (дорои оёти кӯтоҳ) аст. Сураи Аср бо савганд оғоз мешавад.[3]

Мазмун

Дар ин сура, Худованд ба аср, савганд ёд карда мегӯяд, бе гумон инсонҳо дар зарару зиёнкорианд, магар касоне ки имон овардаанд ва корҳои шоиста кардаанд ва ҳамдигарро ба ҳақ ва сабр супориш кардаанд.[4]

Мазмуни сураи Аср[5]

Сураи Аср

Роҳи пешгирӣ аз хусрон ва табоҳии инсон

Матлаби дувум; ояти 3

Авомили наҷоти инсон аз хусрону табоҳӣ матлаби аввал; ояти 1 - 2

Гароиши инсон ба хусрону табоҳӣ

Омили аввал; ояти 3

Имон ба Худо нуктаи аввал; ояти 1

Савганд ба сахтиҳои муъминони асри Пайғамбар

Омили дувум; ояти 3

Амали солеҳ нуктаи дувум; ояти 2

Инсонҳо дар ҳоли хусрон


Омили сеюм; ояти 3

Тавсия ба ҳақ

Омили чаҳорум; ояти 3

Тавсия ба сабр

Хусрон дар дунё ва охират

Зиёнкор будани инсон дар дунёву охират аз таълимоти мавриди таъкид дар ин сура дониста шудааст.[6] Дар бораи калимаи «хуср» ва муштаққоти он гуфта шудааст, ки беш аз 60 бор дар Қуръон ба кор рафтааст.[7] Манзур аз хусрон дар умури моддиро костӣ ва зарар, ва дар умури маънавию рӯҳӣ гумроҳӣ ва нобудӣ донистаанд, ки албатта бештарин корбариаш дар Қуръон дар маънои зарари рӯҳӣ ва маънавӣ аст.[8] Ба гуфтаи Роғиби Исфаҳонӣ, замоне аз калимаи хусрон истифода мешавад, ки асли сармоя дучори нуқсон шавад.[9]

Тафсири Нур ба нақл аз Фахр Розӣ мегӯяд: инсон дар дунё монанди яхфурӯше аст, ки ҳар лаҳза сармояаш об мешавад ва бояд ҳарчӣ зудтар онро бифурӯшад, вагарна зарар кардааст.[10]

Аллома Таботабоӣ дар тафсири ин сура, зиндагонӣ ва ҳаёти дунёро сармояи инсон медонад, ки бояд бо он барои зиндагӣ дар ҷаҳони охират талош кард; агар дар эътиқодоту аъмол аз ҳақ пайравӣ кард, тиҷораташ сӯдовар аст ва ояндааш холӣ аз шарру бадист, вале агар аз ботил пайравӣ карда, аз имон ва амали солеҳ рӯйгардон шуд, бешак тиҷораташ хасоратбор ва натиҷааш маҳримият дар ҷаҳони охират аст.[11]

Замахшарӣ иллати истиснои солеҳонро аз хасорат ин медонад, ки солеҳон ба василаи дунё охиратро харидорӣ мекунанд, дар натиҷа ҳам тиҷораташон сӯдманд ва ҳам саъодатмандонанд ва дигарон бар хилофи онҳо амал мекунанд ва дар хусрон ҳастанд.[12]

Фазоил ва ҷойгоҳ

Таблуи муъаррақи сураи Аср

Дар бораи аҳамият ва ҷойгоҳи сураи Аср чанд хусусияте дар ривоёти зикр шудааст.

Пайғамбари Ислом (с) дар хутбаи Ғадирияи худ савганд ёд кардааст, ки ин сура дар шаъни Имом Алӣ (а) нозил шудааст.[13] Аз Имом Содиқ (а) низ нақл шудааст, ки фарози «иллаллазина оману/الّا الّذینَ آمَنوا», касоне ҳастанд, ки ба вилояти Имом Алӣ (а), имон овардаанд.[14] Дар манобеи аҳли суннат ҳам омадааст, ки ин сура дар фазилати Имом Алӣ (а) аст.[15]

Сураи Аср байни саҳобаи Пайғамбари Ислом ба қадре муҳим буд, ки бар асоси бархе манобеъ ҳаргоҳ онон бо якдигар дидор мекарданд, то сураи Асрро барои якдигар намехонданд, аз якдигар ҷудо намешуданд.[16]

Аз Имом Содиқ (а) нақл шудааст, ҳар касе сураи Асрро дар намозҳои нофила бихонад, Худованд дар рӯзи қиёмат, чеҳраашро нуронию хандон ва чашмашро равшан мекунад то ӯро вориди биҳишт кунад.[17]

Дар ривояте аз Пайғамбар (с) нақл шудааст: ҳар касе ин сураро бихонад, оқибати кори ӯ ба сабру шикеб хатм хоҳад шуд ва дар рӯзи қиёмат ҳамроҳ бо ёрони ҳақ маҳшур хоҳад шуд.[18]

Ҳамчунин бибинед: Фазоили сураҳо

Матн ва тарҷума

Матн

بِسْمِ اللَّهِ الرَّحْمَٰنِ الرَّحِيمِ وَالْعَصْرِ «۱» إِنَّ الْإِنْسَانَ لَفِي خُسْرٍ «۲» إِلَّا الَّذِينَ آمَنُوا وَعَمِلُوا الصَّالِحَاتِ وَتَوَاصَوْا بِالْحَقِّ وَتَوَاصَوْا بِالصَّبْرِ «۳»

Матн / тарҷума

Тарҷума

Ба номи Худованди раҳматгари меҳрбон, савганд ба аср [ ғалабаи ҳақ бар ботил ] « 1 » ки воқеани инсони дастхуш зиёнаст « 2 » магари касоне ки гиравида ва корҳои шоиста кардау ҳамдигарро ба ҳақи сифориш ва ба шикебе тавсия кардаанд « 3 »

Эзоҳ

  1. Донишномаи Қуръон ва қуръонпажуҳӣ, 1377ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.1268.
  2. Маърифат, Омӯзиши улуми Қуръон, 1371ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.166.
  3. Донишномаи Қуръон ва қуръонпажуҳӣ, 1377ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.1268.
  4. Донишномаи Қуръон ва қуръонпажуҳӣ, 1377ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.1268.
  5. Хомагар, Муҳаммад, Сохтори сураҳои Қуръони Карим, таҳияи муассисаи фарҳангии Қуръон ва Итрати Нурус-сақалайн, Қум, нашри Нашро, ҷ.1, 1392ҳ.ш.
  6. Донишномаи Қуръон ва қуръонпажуҳӣ, 1377ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.1268.
  7. Юсуфзода, “Хусрон”, саҳ.104.
  8. Юсуфзода, “Хусрон”, саҳ.104.
  9. Роғиби Исфаҳонӣ, ал-Муфрадот фи ғариб-ил-Қуръон, ҷ.17, саҳ.281.
  10. Қироатӣ, Тафсири Нур, 1383ҳ.ш., ҷ.10, саҳ.585
  11. Таботабоӣ, ал-Мизон, 1390ҳ.қ., ҷ.20, саҳ.356 - 357.
  12. Замахшарӣ, ал-Кашшоф ан ҳақоиқи ғавомиз-ит-танзил, ҷ.4, саҳ.794.
  13. Балозурӣ, Ансоб-ул-ашроф. Тирмизӣ, Сунан
  14. Қумӣ, Тафсири Қумӣ, Дорул-китоб, Қум, 1367ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.441.
  15. Суютӣ, ад-Дурр-ул-мансур, 1404ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.392.
  16. Суютӣ, ад-Дурр-ул-мансур, 1404ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.391.
  17. Шайхи Садуқ, Савоб-ул-аъмол ва иқоб-ул-аъмол, 1382ҳ.ш., саҳ.125.
  18. Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1372ҳ.ш., ҷ.10, саҳ.434.

Сарчашма

  • Абдулбоқӣ, ал-Муъҷам-ул-муфаҳрас ли алфоз-ил-Қуръон-ил-Карим.
  • Донишномаи Қуръон ва қуръонпажуҳӣ, ба кӯшиши Баҳоуддин Хуррамшоҳӣ, Теҳрон, Дӯстон - Ноҳид, 1377ҳ.ш.
  • Замахшарӣ, ал-Кашшоф ан ғавомизи ҳақоиқ-итанзил.
  • Қироатӣ, Муҳсин, Тафсири Нур, Теҳрон, Маркази фарҳангии дарсҳое аз Қуръон, чопи ёздаҳум, 1383ҳ.ш.
  • Қумӣ, Алӣ ибни Иброҳим, Тафсири Қумӣ, Қум, Дорул-китоб, 1367ҳ.ш.
  • Қуръони Карим, тарҷумаи Муҳаммадмаҳдии Фулодванд, Теҳрон, Дорул-Қуръонил-Карим, 1418қ./1376ҳ.ш.
  • Маърифат, Муҳаммадҳодӣ, Омӯзиши улуми қуръонӣ, тарҷумаи Абумуҳаммад Вакилӣ, [беҷо], маркази чоп ва нашри Созмони таблиғоти исломӣ, 1371ҳ.ш.
  • Роғиби Исфаҳонӣ, ал-Муфрадот фи ғариб-ил-Қуръон.
  • Суютӣ, Абдурраҳмон ибни Аби‎бакр, ад-Дурр-ул-мансур фи тафсир-ил-маъсур, Қум, китобхонаи Оятуллоҳ Маръашии Наҷафӣ, 1404ҳ.қ.
  • Табарсӣ, Фазл ибни Ҳасан, Маҷмаъ-ул-баён фи тафсир-ил-Қуръон, Фазлуллоҳ Яздии Таботабоӣ ва Ҳошими Расулӣ, Теҳрон, Носири Хусрав, чопи сеюм, 1372ҳ.ш.
  • Таботабоӣ, Муҳаммадҳусайн, ал-Мизон фи тафсир-ил-Қуръон, Бейрут, муассисатул-Исмоилӣ лил-матбуъот, 1390ҳ.қ.
  • Шайхи Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, Савоб-ул-аъмол ва иқоб-ул-аъмол, ба таҳқиқи Содиқ Ҳасанзода, Теҳрон, Армағони тубо, 1382ҳ.ш.