Сураи Кофирун

Аз wikishia
Сураи Кофирун
Сураи Кофирун
Рақами сура109
Ҷузъ30
Нузул
Тартиби нузул18
Маккӣ/Маданӣмаккӣ
Иттилооти оморӣ
Теъдоди оятҳо6
Теъдоди калимаҳо27
Теъдоди ҳарфҳо99


Сураи Кофирун (арабӣ: سورة الکافرون) яксаду нуҳумин сура ва аз сураҳои маккии Қуръон аст, ки дар ҷузъи сиюм ҷой дорад. Далели номгузории ин сура ба номи Кофирун сухан гуфтан дар бораи кофирон аст. Худованд дар ин сура ба Пайғамбар (с) дастур медиҳад безории худро аз оини бутпарастӣ ошкор кунад ва бигӯяд, ки ба дини онон гароиш пайдо намекунад ва бо онон созиш нахоҳад кард. Гуфта шудааст, ин сура ҳангоме нозил шуд, ки гурӯҳе аз кофирон пешниҳод карданд муддате онон бар дини Пайғамбар (с) бошанд ва муддате Пайғамбар (с) аз оини бутпарастӣ пайравӣ кунад.

Дар фазилати тиловати ин сура дар ривоёт омадааст, агар пеш аз хоб хонда шавад, мӯҷиби эминӣ аст ва агар дар намозҳои фарз қироат шавад, мӯҷиби бахшида шудани шахс, падару модар ва фарзандони ӯ хоҳад шуд.

Муаррифӣ

Номгузорӣ

Ин сураро Кофирун номидаанд; зеро дар бораи кофирон нозил шуда ва бо хитоб ба онон оғоз шудааст. Номҳои дигаре низ барои ин сура баён шудааст, аз ҷумла «ибодат» ва «ҷаҳд». Ибодат номидани ин сура ба ин далел аст, ки калимаи ибодат ва муштақоти он дар ин сура бисёр ба кор рафтааст ва «ҷаҳд» ба маънои инкор аст ва ба ин далел ба кор рафтааст, ки сураи Кофирун дар бораи касоне сухан мегӯяд, ки дини Худоро инкор мекунанд.[1]

Маҳал ва тартиби нузул

Сураи Кофирун ҷузви сураҳои маккӣ ва дар тартиби нузул, ҳаждаҳумин сурае аст, ки бар Пайғамбар (с) нозил шудааст. Ин сура дар чиниши кунунии Қуръон, яксаду нуҳумин сура аст[2] ва дар ҷузъи 30 Қуръон ҷой дорад. Нависандаи тафсири ал-Мизон маккӣ ва маданӣ будани сураро ихтилофӣ донистааст, вале мӯътақид аст, ки аз сиёқ ва назми ҳоким бар он маккӣ буданаш зоҳир аст.[3]

Теъдоди оёт ва дигар вижагиҳо

Сураи Кофирун 6 оят, 27 калима ва 99 ҳарф дорад. Ин сура аз сураҳои кӯтоҳи Қуръон ва ҷузви сураҳои муфассалот (дорои оёти кӯтоҳ) аст. Сураи Кофирун яке аз чаҳорқул аст, чаҳор сурае ки бо «қул» шурӯъ мешаванд.[4]

Мазмун

Худованд дар сураи Кофирун ба расулаш дастур медиҳад бароат ва безории худро аз оини бутпарастӣ аланӣ кунад ва хабар диҳад, ки кофирон низ пазирои дини ӯ нестанд; пас на дини Муҳаммад (с) мавриди истифодаи онон аст ва на дини онон, Пайғамбар (с)-ро маҷзуб мекунад; бино бар ин кофирон бояд аз ин маъюс шаванд, ки Пайғамбар бо онон созшкорӣ кунад.[5]


Шаъни нузул

Муфассирон (аз ҷумла Табарӣ, Тӯсӣ, Мебадӣ, Замахшарӣ, Табарсӣ ва Абулфутуҳ) дар шаъни нузули ин сура навиштаанд, иддае аз бузургони Қурайш, ки пешвоёни куфру гумроҳӣ буданд аз Валид ибни Муғира, Ос ибни Воил, Умайя ибни Халаф, Асвад ибни Абдулмуталлиб ва Ҳорис ибни Қайс назди Пайғамбар (с) омада буданд ва пешниҳоди созшкории дуҷониба медоданду мегуфтанд, муддате (соле) ту бар дини мо бош ва бутҳову худоёни моро бипараст ва муддате (соле) мо ба дини ту дармеоем ва худои туро мепарастем, Пайғамбар (с) қотеъона пешниҳоди ононро рад кард ва ин сура нозил шуд.[7]

Ваҷҳи такрори мазмун дар оёт 2 ва 3 ва ва 4 ва 5

Оёти 4 ва 5 «وَلَا أَنَا عَابِدٌ مَا عَبَدْتُمْ* وَلَا أَنْتُمْ عَابِدُونَ مَا أَعْبُدُ» метавонад таъкиди мазмуни оёти 2 ва 3 «أَعْبُدُ مَا تَعْبُدُونَ* وَلَا أَنْتُمْ عَابِدُونَ مَا أَعْبُدُ» бошад ва метавонад ба маънои ин бошад, ки пайғамбар аз сӯи Худованд маъмур аст, ки ба ин кофирон бигӯяд, ки ҳеҷ мушорикат ва нуқтаи иштироке байни ӯ ва кофирон вуҷуд надорад, на дар ибодат ва на, дар маъбуд; зеро маъбуди Пайғамбар Аллоҳ аст ва маъбуди кофирон бут аст ва ибодати Пайғамбар бар асоси ташреъ ва қонуни Худост ва ибодати кофирон бидъате бархоста аз ҷаҳлу дурӯғбофӣ аст.[8] Имом Содиқ (а) дар посух ба саволе дар бораи иллати такрори мазмуни ибодат накардани Пайғамбар ва кофирон дар ин сура фармудааст, ки чун манзури Қурайш, парастиши бутҳо тавассути Пайғамбар дар яксол ва мутақобилан парастиши Худованд тавассути онон дар соли баъд ва такрору истимрори ин кор буда, Худованд ҳам ба Пайғамбараш дастур додааст, ки ба ин гурӯҳ аз кофирон бигӯяд, ин пешниҳод ҳечгоҳ таҳаққуқ нахоҳад ёфт ва Пайғамбар ҳеҷ замоне бутҳояшонро ибодат нахоҳад кард ва ҷуз Аллоҳ маъбудеро нахоҳад парастид ва онҳо ҳам ҳечгоҳ Аллоҳро нахоҳанд парастид. (Ба дигар сухан, чун кофирони Қурайш пешниҳоди истимрори бутпарастии Пайғамбар ва Худопарастии худашонро ба навбат дар ҳар сол такрор карда буданд, Қуръон ҳам барои радди пешниҳодашон посухро такрор кардааст).[9]

Ояти шашум ва бардошти нодуруст аз он

Аллома Таботабоӣ дар тафсири ояти шашум, ки мегӯяд «дини шумо барои худатон, ва дини ман барои худам» менависад дар инҷо мумкин аст ба зеҳни касе бирасад, ки ин оят мардумро дар интихоби дин озод гузошта ва гуфта ҳар касе дилаш хост метавонад ширкро интихоб кунад, ё ба зеҳн бирасад, ки оят мехоҳад ба Пайғамбар (с) дастур диҳад коре ба дини мушрикон надошта бошад, аммо ин бардошт, нодуруст аст, балки оят мехоҳад бигӯяд, Пайғамбар (с) ҳаргиз ба дини онон гароиш пайдо намекунад ва онон низ ҳечгоҳ даъвати ҳаққро намепазиранд. Ва асосан даъват ба дини ҳақ, ки Қуръон ба он даъват мекунад, ин бардоштро рад мекунад.[10]

Сайдмуҳаммадҳусайн Таботабоӣ дар идома менависад, бархе аз муфассирон барои дафъи ин бардошти нодуруст гуфтаанд, калимаи «дин» дар оят ба маънои подош аст; яъне подоши ман барои ман ва подоши шумо барои шумост, ё калимаи «ҷазо: подош» дар оят ҳазф шудааст; яъне манзури оят ин аст, ки подоши дини ман, аз они ман ва подоши дини шумо, аз они шумост. Аллома Таботабоӣ ин суханро наме пазирад ва онро дур аз зеҳн медонад.[11]

Фазилат ва хавос

Мақолаи аслӣ: Фазоили сураҳо

Дар фазилати тиловати ин сура омадааст, шахсе ба Пайғамбари Ислом (с) гуфт, ба ман чизе ёд деҳ, ки вақти хоб бигӯям. Пайғамбар (с) супориш кард, ҳаргоҳ мехоҳӣ бихобӣ, сураи Кофирунро бихону бихоб, ки он мояи эминӣ аз ширк аст.[12] Ҳамчунин аз Имом Содиқ (а) ривоят шудааст, савоби тиловати ин сура баробар бо тиловати як чаҳоруми Қуръон аст. Ҳар касе сураи Кофирун ва Ихлосро дар намозҳои фарзи худ бихонад, Худованд ӯ ва падару модару фарзандонашро мебахшад.[13] Аа эшон боз фармуда: дар ду ракъати намози субҳ, ҳар сураеро, ки дӯст медорӣ бихон, вале ман дӯст медорам сураи Ихлос ва Кофирунро бихонам!.[14] Хондани сураи Кофирун дар ракъати аввал аз нофилаи мағриб низ тавсия шудааст.[15]

Дар ривоёт барои тиловати ин сура хосиятҳое чун дур шудани шайтон аз хонандаи он[16], истиҷобати дуо агар даҳ бор ҳангоми тулӯъи офтоб хонда шавад,[17] ё дидани Пайғамбар (с) дар хоб агар дар шаби ҷумъа сад бор тиловат шавад,[18] зикр шудааст.

Ҳукми фиқҳӣ

Тибқи фатвои фуқаҳои шиаа, агар намозгузор баъд аз хондани сураи Ҳамд, сураи Кофирун ё Тавҳидро оғоз карда бошад, наметавонад онро қатъ кунад ва сураи дигаре бихонад, аммо дар соири сураҳо агар ба нисфи сура нарасида бошад, метавонад онро қатъ кунад ва сураи дигаре бихонад.[19]

Матн ва тарҷума

Бигӯ: «эй кофирон, (1) ончӣ мепарастед, намепарастам. (2) Ва ончӣ мепарастам, шумо намепарастед. (3) Ва на ончи парастидед ман мепарастам. (4) Ва на ончӣ мепарастам шумо мепарастед. (5) Дини шумо барои худатон ва дини ман барои худам!» (6)

Эзоҳ

  1. Донишномаи Қуръон ва қуръонпажӯҳӣ, 1377ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.1270 - 1269.
  2. Маърифат, Омӯзиши улуми Қуръон, 1371ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.166.
  3. Таботабоӣ, ал-Мизон, ҷ.20, саҳ.373.
  4. Донишномаи Қуръон ва қуръонпажӯҳӣ, 1377ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.1270 - 1269.
  5. Таботабоӣ, ал-Мизон, 1974м., ҷ.20, саҳ.373.
  6. Хомагар, Муҳаммад, Сохтори сураҳои Қуръони карим, таҳияи Муассисаи фарҳангии Қуръон ва итрати Нур-ус-сақалайн, Қум, нашри Нашро, 1392ҳ.ш.
  7. Қуръони Карим, тарҷума, тавзеҳот ва вожанома, зайли сураи Кофирун.
  8. Таботабоӣ, ал-Мизон, ҷ.20, саҳ.374.
  9. Таботабоӣ, ал-Мизон, 1394ҳ.қ., ҷ.20, саҳ.375.
  10. Таботабоӣ, ал-Мизон, 1974м., ҷ.20, саҳ.374.
  11. Таботабоӣ, ал-Мизон, 1974м., ҷ.20, саҳ.375.
  12. Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1372ҳ.ш., ҷ.10, саҳ.550.
  13. Шайхи Садуқ, Савоб-ул-аъмол, 1406ҳ.қ., саҳ.127.
  14. Шайхи Тӯсӣ, Таҳзиб-ул-аҳком, 1378-1382ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.136.
  15. Қумӣ, Шайх Аббос, Мафотиҳ-ул-ҷинон, таъқиби намози мағриб, 1390ҳ.ш.
  16. Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1372ҳ.ш., ҷ.10, саҳ.552.
  17. Кафъамии Омилӣ, Мисбоҳ-ул-Кафъамӣ, саҳ.461.
  18. Муҳаддиси Нурӣ, Мустадрак-ул-васоил, муассисаи Олулбайт, ҷ.6, саҳ.105.
  19. Барои намуна муроҷиа кунед ба: имом Хумайнӣ, Рисолаи амалия, масъалаи 990.

Сарчашма

  • Донишномаи Қуръон ва қуръонпажӯҳӣ, ҷ.2, ба кӯшиши Баҳоуддини Хуррамшоҳӣ, Теҳрон: дустон - ноҳид, 1377ҳ.ш.
  • Кафъамии Омилӣ, Иброҳим ибни Алӣ, Ҷуннат-ул-амон-ил-воқия ва ҷуннат-ул-имон-ил-боқия (маъруф ба Мисбоҳ), Наҷаф, Дорулкутубилъилмия, 1349ҳ.ш.
  • Маърифат, Муҳаммадҳодӣ, Омӯзиши улуми Қуръон, [беҷо], маркази чоп ва нашри созмони таблиғоти исломӣ, чопи аввал, 1371ҳ.ш.
  • Муҳаддиси Нурӣ, Ҳусайн ибни Муҳаммадтақӣ, Мустадрак-ул-васоил ва мустанбат-ул-масоил, Бейрут, муассисаи Олулбайт (а).
  • Табарсӣ, Фазл ибни Ҳасан, Маҷмаъ-ул-баён фи тафсир-ил-Қуръон, таҳқиқ ва муқаддимаи Муҳаммадҷаводи Балоғӣ, интишороти Носири Хисрав, Теҳрон, ҷ.10, 1372ҳ.ш.
  • Таботабоӣ, Сайид Муҳаммадҳусайн, ал-Мизон фи тафсир-ил-Қуръон, Бейрут, муассисатул-Аъламӣ лилматбуъот, чопи дувум, 1974м.
  • Хомагар, Муҳаммад, Сохтори сураҳои Қуръони Карим, таҳияи муассисаи фарҳангии Қуръон ва Итрати Нуруссақалайн, Қум, нашри нашро, ҷ.1, 1392ҳ.ш.
  • Шайхи Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, Савоб-ул-аъмол ва иқоб-ул-аъмол, Қум, Доруш-Шариф-ир-Разӣ, ҷ.2, 1406ҳ.қ.
  • Шайхи Тӯсӣ, Таҳзиб-ул-аҳком, Наҷаф, чопи Ҳасан Мӯсавии Хирсон, 1378-1382ҳ.қ.
  • Қуръони Карим, тарҷума, тавзеҳот ва вожанома: Баҳоуддини Хуррамшоҳӣ, Теҳрон: Ҷомӣ, Нилуфар, 1376ҳ.ш.
  • Қуръони Карим, тарҷумаи Муҳаммадмаҳдии Фулодванд, [Теҳрон, Дорул-Қуръон-илкарим, 1418ҳ.қ./1376ҳ.ш.