Сураи Ҳумаза
Аср Сураи Ҳумаза Фил | |
Рақами сура | 104 |
---|---|
Ҷузъ | 30 |
Нузул | |
Тартиби нузул | 32 |
Маккӣ/Маданӣ | Маккӣ |
Иттилооти оморӣ | |
Теъдоди оятҳо | 9 |
Теъдоди калимаҳо | 33 |
Теъдоди ҳарфҳо | 134 |
Сураи Ҳумаза (سوره هُمَزَه) ё Лумаза (لُمَزه), яксаду чаҳорумин сура ва яке аз сураҳои маккии Қуръон аст, ки дар пори сиюми Қуръон ҷойгир аст.
"Ҳумаза" ва "Лумаза" ба маънои айбҷӯ ва туҳматгар аст. Худованд дар ин сура сарватандузонеро ки бо айбҷӯӣ аз мардум, мехоҳанд бар онон бартарӣ ҷӯянд, таҳдид ба оташи хурдкунанда мекунад.
Баъзе муфассирон муътақиданд, ки ин сура дар бораи Валид ибни Муғира нозил шудааст, ки ба Пайғамбар (с) туҳмат мезаду бадгӯӣ мекард. Гурӯҳи дигар онро дар бораи ҷамъе медонанд, ки мехостанд Пайғамбар (с)-ро бадном кунанд.
Дар фазилати хондани сураи Ҳамаза омадааст, ки ҳар кас дар намози фарз онро бихонад, фақри ӯ аз байн меравад ва ризқу рӯзӣ ба тарафаш меояд ва маргҳои бад аз ӯ дур мешавад ё дар ривояте омадааст, ба андозаи дуён ба ӯ савоб дода мешавад.
Муаррифӣ
Номгузорӣ
Сураи Ҳумазаро ба ин муносибат ҳумаза меноманд, ки дар ояти аввали он ин калима ба кор рафтааст. Номи дигари ин сура лумаза аст. Ин калима низ дар ҳамин оят ба кор рафтааст. [ 1 ] Ҳумаза ва лумаза ба маънои касе аст, ки айбҷӯӣ ва ғайбат мекунад. Дар бораи маънои дақиқи ин ду калима ихтилоф аст. Масалан бархе гуфтаанд, ҳумаза айбҷӯӣ дар рӯбарӯ ва лумаза айбҷӯӣ дар пушти сар аст ё баръакс. [ 2 ]
Макон ва тартиби нузул
Сураи Ҳумаза ҷузви сураҳои маккӣ ва дар тартиби нузул сиюдуюмин сурае аст, ки бар Пайғамбар (с) нозил шудааст. Ин сура дар чиниши кунунии Мусҳаф, яксаду чаҳорумин сура аст [ 3 ] ва дар ҷузъи сиюми Қуръон ҷой дорад.
Теъдоди оёту калимот
Сураи Ҳумаза 9 оят, 33 калима ва 134 ҳарф дорад. Ин сура ҷузви сураҳои муфассалот (дорои оёти кӯтоҳ) ва аз сураҳои кӯтоҳи Қуръон аст. [ 4 ]