Оёти шайтонӣ (китоб)

Аз wikishia
Китоби Оёти шайтонӣ
НависандаСалмони Рушдӣ
МавзуъРоман
СабкРеализми ҷодуӣ
ЗабонАнглисӣ
НоширВайкинг
Санаи нашр1988


Оёти шайтонӣ (ба англисӣ: The Satanic Verses) як романи таҳқиромез алайҳи Паёмбари Ислом (с) ва Қуръон аст, ки Салмон Рушдӣ (тав.1947) - нависандаи ҳиндиюласли бритониёӣ навиштааст. Унвони роман ишора ба афсонаи ғарониқ аст, ки мусалмонон онро беэътибор медонанд. Тибқи афсонаи ғароник, Паёмбар (с) ҳангоми қироати оятҳои 19 ва 20 сураи Наҷм мазмунҳоеро ба забон ҷорӣ кард, ки васвасаҳои шайтонӣ будааст.

Ба эътиқоди бисёре аз мунаққидон ва хонандагон, романи Оёти шайтонӣ Паёмбари Исломро бо номи таҳқиромези Моҳванд хонда ва Қуръони Каримро омехтае аз достонҳо, афсона ва пиндорҳои шайтонӣ медонад. Ҳамчунин дар ин роман аз бархе саҳобаи Паёмбар бо иборатҳои тавҳиномез ном бурда ва туҳмати сабукпоӣ ба ҳамсарони Паёмбар ворид шудааст.

Чоп ва интишори романи «Оёти Шайтонӣ» дар 26-уми сентябри соли 1988 боиси эътирози зиёди мусалмонон, насрониён ва яҳудиён шуд; мусулмонон дар кишварҳое, аз ҷумла Ҳинд, Покистон, Итолиё, Канада ва Миср, дар ҳоле ки алайҳи Салмон Рушдӣ ва китоби ӯ гирдиҳамоӣ мекарданд, баъзе дӯконҳои китобфурӯширо, ки ин китобро паҳн мекарданд, оташ заданд. Ҳамчунин, рӯзномаи расмии Ватикан, Салмон Рушдӣ ва романи ӯро маҳкум кард. Эфраим Шабира - раввини яҳудиёни ашкеназӣ, хостори манъи нашри Оёти шайтонӣ дар Исроил шуд.

Имом Хумайнӣ - раҳбари Инқилоби Исломии Эрон дар 14-уми феврали соли 1989, нависандаи китоби "Оёти шайтонӣ"-ро ба марг маҳкум кард ва ҳар касеро, ки дар роҳи қатли Салмони Рушдӣ кушта шавад, шаҳид эълон кард. Дар эълони дигар, тавбаи Салмон Рушдӣ, ғайри қобили қабул дониста шуд. Пас аз судури ҳукми Имом Хумайнӣ, Салмон Рушдӣ маҷбур шуд, ки зиндагии пинҳонӣ дар пеш гирад ва узрхоҳии ӯ ҳам барои нороҳат кардани мардуми мусалмон ӯро аз паёмадҳои ҳукми қатл раҳоӣ надод.

Китоби «Нақди тавтеъаи оёти шайтонӣ» навиштаи Атоуллоҳ Муҳоҷиронӣ, мақолае аз Насруллоҳ Пӯрҷаводӣ ва ду китобча аз Муҳаммад Содиқии Теҳронӣ ва Мустафо Ҳусайнии Таботабоӣ, асарҳои интиқодӣ дар бораи китоби Оёти шайтонӣ мебошанд.

Нависанда

Мақолаи аслӣ: Салмон Рушдӣ

Салмон Рушдӣ дар соли 1947 дар Бамбейи Ҳинд ба дунё омад.[1] Таҳсилоти ибтидоиро дар мактаби мубаллиғони масеҳии англисизабон гузаронд ва дар пайи муҳоҷирати хонаводааш ба Англия, дар коллеҷи Кембриҷ машғул ба таҳсил шуд. Рушдӣ дар соли 1968 ба Покистон рафт ва дар телевизион машғул ба кор шуд, аммо пас аз як сол ба Англия бозгашт ва шаҳрвандии Британияро дарёфт кард.[2]

Салмон Рушдӣ, ки дар як хонаводаи мусулмон ба дунё омада буд, то пеш аз китоби Оёти шайтонӣ, се романи дигар навишт: Бачаҳои нимашаб, Шарм ва Охирин оҳи мӯр.[3] Ҳар чаҳор асар, марбут бо фарҳанг ва таърихи мардуми шибҳи қорраи Ҳинд дониста шудааст.[4] Маҳдии Саҳобӣ (ваф.1388ҳ.ш.) романи Шарм, навиштаи Салмон Рушдиро ба форсӣ тарҷума кард, ки дар соли 1364ҳ.ш., барандаи ҷоизаи беҳтарин романи хориҷии Китоби соли Ҷумҳурии исломӣ Эрон шуд.[5]

Салмон Рушдӣ дар пайи фатвои қатл аз ҷониби Имом Хумайнӣ, солҳо дар паноҳгоҳҳои мухталиф ва дур аз хонаводааш зиндагӣ кард.[6]

Чоп ва интишори китоб

Китоби Оёти шайтонӣ - навиштаи Салмон Рушдӣ, аввалин бор 26-уми сентябри 1988 аз сӯи интишороти Пингвини Англия ва ба забони англисӣ дар 547 саҳифа чоп шуд[7] ва то кунун беш аз 140 бор дар нуқоти мухталифи ҷаҳон ва ба забонҳои мухталифе аз ҷумла арабӣ, испанияӣ, олмонӣ, чинӣ, русӣ ва форсӣ чоп шудааст.[8] Оёти шайтонӣ, дар ҳамон сол барандаи ҷоизаи адабии Косто шуд.[9] Ин роман ҳамчунин яке аз 5 номзади ҷоизаи адабии муътабари Букер дар соли 1988 буд, ки муваффақ ба дарёфти ҷоизаи ниҳоӣ нашуд.[10]

Бинобар он чи аз маҷаллаи Шпигел нақл шудааст, Салмон Рушдӣ пеш аз чоп ва интишори китоби худ, ҳудуди 1.5 миллион марк ба унвони пешпардохт аз ношири китоби худ дарёфт кардааст ки ин маблағ, то он рӯз бесобиқа будааст.[11]

Мазмун ва муҳтаво

Номи китоби Оёти шайтонӣ, ишорае ба афсонаи ғарониқ аст. Бар пояи ривояти мазкур, Пайғамбар (с) ҳангоми хондани оёти 19 ва 20-и сураи Наҷм, оятҳоеро тиловат кард, ки сухан аз шафоати бутҳо менамуд ва ҳамон шаб Ҷабраил бар Пайғамбар нозил шуда, ба ӯ тазаккур дод, ки он оятҳо васвасаҳои шайтонӣ будааст.[12] Бисёре аз уламои шиа ва аҳли суннат, ривояти ғарониқро афсона донистаанд.[13]

Оёти шайтонӣ, 9 фасл дорад; 1 - Ҷабраили фиришта, 2 - Моҳванд, 3 – Алвун ва деун, 4 - Оиша, 5 - Шаҳри пайдо ва нопайдо, 6 - Бозгашт ба ҷоҳилият, 7 - Азроили фиришта, 8 - Шикофтани дарёи араб, 9 - Чароғи шигифтангез.[14] Дар ин роман, аз Паёмбари Ислом бо унвони моҳванд ёд мешавад; номе ба маънои таҷассуми шайтон, ки дар асрҳои миёна, душманони Ислом барои туҳмати дурӯғин будани паёмбарии ҳазрати Муҳаммад (с) ба кор мебурдаанд.[15] Ҳамчунин Қуръони Карим дар китоби Оёти шайтонӣ, омезае аз достон, афсона ва пиндорҳои шайтонӣ қаламдод шудааст.[16] Дар бахши дигаре аз Оёти шайтонӣ, туҳмати сабукпоӣ ба ҳамсарони Пайғамбар (с) ворид шудааст.[17] Нависанда, тавофи гирди Каъбаро ба шакли як сафи тӯлонӣ тасвир мекунад, ки муроҷиткунандагон ба фоҳишахона дар интизори вуруд ба он ҳастанд.[18] Дар ин китоб ҳамчунин бархе саҳобаи Пайғамбар (с) аз ҷумла: Билол ва Салмони Форсӣ, бо таъбирҳое монанди ҳаюлои сиёҳ, ва низ падидаи пасти ҷаҳони одамият муаррифӣ шудаанд.[19]

Вокунишҳо

Интишори романи Оёти шайтонӣ, вокунишҳои бисёре барангехт; аз эътирозоти мусулмонон дар кишварҳои мухталифи ҷаҳон, мамнуъияти интишори китоб ва таҳдид ё кушта шудани мутарҷимони китоб, то маҳкумияти Салмон Рушдӣ тавассути усқуфи Ню-йорк, рӯзномаи расмии Вотикон, ва ҳамчунин раввинҳои баландпояи яҳудӣ.

Судури ҳукми қатл тавассути Имом Хумайнӣ, таъйини ҷоиза барои қатли Салмон Рушдӣ аз сӯи Бунёди 15 хурдод ва ҳамчунин интишори осори интиқодӣ дар бораи романи Оёти шайтонӣ, бархеи дигар аз ин вокунишҳо будаанд.[20]

Эътирозоти мусулмонон

Тасвири роҳпаймоии мусулмонони Лубнон алайҳи Салмон Рушдӣ баъд аз фатвои Имом Хумайнӣ

Мусулмонон дар нуқоти мухталифе аз ҷаҳон, аз ҷумла Ҳинд, Покистон, Кашмир, Тойланд, Олмони ғарбӣ, Италия, Канада, Судон ва Миср, эътирозоте алайҳи Салмон Рушдӣ баргузор карданд ва бархе аз китобфурӯшиҳои пахшкунандаи Оёти шайтониро ба оташ кашиданд.[21] Шуморе аз эътирозкунандагон дар эътирозоти умумӣ, кушта ё захмӣ шуданд.[22] Интишори романи Оёти шайтонӣ дар 5-уми октябри 1988, дар Ҳинд мамнуъ шуд ва давлати Ҳиндустон, китобро ба далели мазмунҳои зиддимазҳабиаш хатарнок донист.[23]

Интишори тарҷумаи китоби Оёти шайтонӣ дар нуқоти мухталифи ҷаҳон, вокуниши мусулмононро дар пай дошт; аз ҷумла Бармаки Беҳдод - мутарҷими курди китоб, аз таҳдиди худ ба марг сухан гуфта ва маҷаллаи Халқ, чопи Сулаймонияи Курдистони Ироқ, пас аз интишори бахши аввали тарҷумаи курдии Оёти шайтонӣ, худро маъзур аз идомаи интишори он донистааст.[24] Азиз Насин - мутарҷими туркӣ, Ҳитушӣ Аигоришӣ - мутарҷими ҷопонӣ ва Довуди Неъматӣ - ношири тарҷумаи форсӣ дар Олмон, мавриди таҳдид қарор гирифта ё кушта шудаанд.[25]

Маҳкумият тавассути масеҳиёну яҳудиён

Кардинал Аукунур - усқуфи Ню-йорк ва барҷастатарин чеҳраи католик дар Амрико, дар вокуниш ба китоби Оёти шайтонӣ, бо тасреҳ ба ин ки романро нахонда ва нахоҳад хонд, онро маҳкум кард.[26] Рӯзномаи расмии давлати Вотикон, Салмон Рушдӣ ва романи ӯро маҳкум кард.[27] Лорд Ҳартлӣ Шовкерс - ҳуқуқдони англисӣ, Салмон Рушдиро ба сӯистифода аз озодӣ муттаҳам кард.[28] Эфраим Шабиро – раввини яҳудиёни ашкеназӣ дар Исроил, Оёти шайтониро чи аз назари динӣ ва чи аз манзари ғайридинӣ маҳкум кард ва хостори мамнуияти он дар кишвари худ шуд.[29]

Ҳамчунин Эмануел Жакобу Витз – раввини тавоифи ибронӣ, хостори тасвиби қонуне шуд, ки бар асоси он, тавҳин ба ақоид мамнуъ шавад.[30] Ба илова, конгресси солонаи усқуфҳои католик дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, конгресси калисои таъмидии ҷануби Амрико, калисои муттаҳиди методики Амрико, калисои протестани сенатории Амрико ва Гарӣ Волвейл - раҳбари ҷунбиши аксарияти тарафдори ахлоқ дар Амрико, китоби Оёти шайтониро маҳкум карданд.[31]

Ҳукми Имом Хумайнӣ ба воҷибулқатл будани Салмон Рушдӣ

Инно лиллоҳ ва инно илайҳи роҷиъун
Ба итnилоъи мусулмонони ғаюри саросари ҷаҳон мерасонам! Муаллифи китоби «Оёти шайтонӣ» ки алайҳи Ислом ва Пайғамбару Қуръон, танзим ва чопу мунташир шудааст, ҳамчунин ноширини мутталеъ аз муҳтавои он, маҳкум ба эъдом мебошанд. Аз мусулмонони ғаюр мехоҳам то дар ҳар нуқта ки ононро ёфтанд, сариъан онҳоро эъдом намоянд, то дигар касе ҷуръат накунад ба муқаддасоти муслимин тавҳин намояд ва ҳар кас дар ин роҳ кушта шавад, шаҳид аст иншоаллоҳ! Зимнан агар касе дастрасӣ ба муаллифи китоб дорад, вале худ қудрати эъдоми ӯро надорад, ӯро ба мардум муаррифӣ намояд то ба ҷазои аъмолаш бирасад. Вассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳ!


Ҳукми эъдом

Имом Хумайнӣ, 25 баҳмани соли 1367ҳ.ш. (баробар бо 7-и раҷаби 1409ҳ.қ.) дар паёме, муаллифи китоби Оёти шайтонӣ ва ноширони бохабар аз муҳтавои китобро маҳкум ба эъдом донист ва аз мусулмонон хост дар ҳар нуқта ки онҳоро ёфтанд, сареъ эъдомашон кунанд, то касе ҷуръати тавҳин ба муқаддасоти мусулмононро пайдо накунад.[33] Дар ин ҳукм омадааст, касе ки дар ин роҳ кушта шавад, шаҳид аст.[34]

Дар як эълоне дигар, ки аз сӯи Дафтари Имом Хумайнӣ дар 29-и баҳмани 1367ҳ.ш., ахбори бархе расонаҳои байналмилалӣ дар бораи лағви ҳукми эъдоми Салмон Рушдӣ дар сурати тавбаи ӯ, такзиб ва таъкид шудааст, ки «Салмон Рушдӣ агар тавба кунад ва зоҳиди замон ҳам гардад, бар ҳар мусулмон воҷиб аст бо ҷону мол, тамомии ҳамми худро ба кор гирад, то ӯро ба дарак восил гардонад!».[35] Дар бахши дигаре аз ин эълон омадааст, ки агар ғайримусулмоне аз макони зиндагии Салмон Рушдӣ огоҳ шавад ва битавонад ӯро пеш аз мусулмонон эъдом кунад, бар мусулмонон воҷиб аст, ки ба ӯ ҷоиза ё музди корашро бидиҳанд.[36]

Ҳукми Имом Хумайнӣ дар бораи лузуми эъдоми Салмон Рушдӣ, бозтобҳои густардае дар кишварҳои мухталифи ҷаҳон дошт; аз ҷумла: роҳпаймоии мардуми Эрон, Лубнон, мусулмонони Англия[37] ва Туркия дар дифоъ аз ин ҳукм.[38] Ҳамчунин Мустафо Маҳмуд Мозеҳ - ҷавони 21- солаи лубнонӣ, пас аз судури ҳукми Имом Хумайнӣ, дар 14-и мурдоди 1368ҳ.ш., талош кард Салмон Рушдиро ба қатл бирасонад, аммо пеш аз расидан ба ҷои истиқомати Салмон Рушдӣ, бо инфиҷори маводи мунфаҷирае ки ба ҳамроҳ дошт, кушта шуд.[39] Салмон Рушдӣ баъд аз интишори ҳукми қатл аз сӯи Имом Хумайнӣ, водор ба зиндагии махфӣ шуд ва чунонки худ дар китоби хотироташ навиштааст, ҳатто равобити шахсиаш бо ҳамсару фарзандаш низ таҳти таъсири ҳукми эъдом қарор гирифт[40] ва ҳатто узрхоҳии ӯ аз нороҳат кардани мардум ҳам суде надошт.[41]

Бо ин ҳоли маркази «Робитат-ул-олам-ил-исломӣ» дар Макка, гарчи китоби Оёти шайтониро ҳовии куфр ва истиҳзои Ислом донист, аммо аз эъдоми ӯ сухане ба миён наёвард.[42] Ҳамчунин Абдуллоҳ Муршидӣ - раиси ҳайати фатво дар Ҷомеъат-ул-Азҳар, дар баёнияе, рехтани хуни муаллифи китоби Оёти шайтониро мухолифи қавоид ва усули исломӣ донист.[43] Шайх Муҳаммад Сайид Тантовӣ, беҳтарин роҳ дар баробари Салмон Рушдиро хондани китоби ӯ ва навиштани осоре барои равшан сохтани хатоҳояш донист.[44]

Таъйини ҷоиза

Бунёди 15 хурдод, баъд аз судури ҳукми Имом Хумайнӣ дар бораи Салмон Рушдӣ, барои касе ки ҳукми эъдоми нависандаи китоби Оёти шайтониро иҷро кунад, ду миллион доллар ҷоиза таъйин кард.[45]

Ҳасани Сонеъӣ - намояндаи валии фақиҳ ва сарпарасти Бунёди 15 хурдод, дар шаҳривари 1391ҳ.ш., зимни вокуниш ба филми иҳонатомез алайҳи Паёмбари Ислом, аз афзоиши ҷоизаи эъдоми Салмон Рушдӣ ба 3 миллиону 300 ҳазор доллар хабар дод.[46] Ба бовари ӯ, иҷрои ҳукми қатли Салмон Рушдӣ метавонад иҳонатҳо ба Ислом ва Паёмбари Акрам дар қолаби карикатурҳо, мақолот ва филмҳоро поён диҳад.[47]

Қатъи равобити Эрону Англия

Баъд аз интишори ҳукми эъдоми Салмон Рушдӣ аз сӯи Имом Хумайнӣ, давлати Англия, дар эътироз ба ҳукми мазкур алайҳи яке аз шаҳрвандони худ, дипломатҳои худро аз Эрон фаро хонд ва 12 кишвари узви Иттиҳодияи иқтисодии Аврупо аз ҷумла: Испания, Фаронса ва Италия низ сафирони худро аз Теҳрон фарохонданд. Ҳамчунин Маҷлиси Эрон, дар исфанди 1367, тарҳи қатъи комили равобит бо Англияро тасвиб кард.[48]

Бо ин ҳол, 5-уми меҳри 1369ҳ.ш., равобити ду кишвар бо истинод ба тасреҳи нахуствазир ва вазири хориҷаи Англия дар бораи эҳтиром ба дини Ислом, дубора барқарор шуд.[49]

Осори интиқодӣ

Китоби Нақди тавтеъаи Оёти шайтонӣ, навиштаи Атоуллоҳ Муҳоҷиронӣ, муфассалтарин ва пурфурӯштарин асар дар нақд ва радди китоби Оёти шайтонӣ будааст.[50] Китоби мазкур дар соли 1368ҳ.ш., тавассути интишороти Муассисаи иттилоот интишор ёфт[51] ва то соли 1386ҳ.ш., 25 бор таҷдиди чоп шуд[52] ва дар соли 1371ҳ.ш., ба забони англисӣ тарҷума шуд. Ба бовари Муҳоҷиронӣ, Салмон Рушдӣ ҳамонанди чор ховаршиноси машҳур; яъне Теодор Нулдка, Вилиям Муер, Монтигмарӣ Вот ва Гулдзиҳер, бо қабули афсонаи ғарониқ асолати Қуръони Каримро зери савол бурдааст.[53] Насруллоҳ Пӯрҷаводӣ - устоди фалсафа дар Эрон, дар баҳори 1368ҳ.ш., романи Оёти шайтониро малоловар ва мушмаизкунанда хонд ва онро ҳовии тамасхури фариштагон, носазо гуфтан ба паёмбарони Илоҳӣ, ба хусус Паёмбари Ислом, саҳоба ва ҳамсарони Паёмбар донистааст.[54] Пӯрҷаводӣ бо ишора ба бахше аз китоби Оёти шайтонӣ, муътақид аст, Салмон Рушдӣ дар ин китоб ишорот ва киноёте барои таҳқири Инқилоби Исломии Эрон ба кор бурдааст.[55]

Муҳаммад Содиқии Теҳронӣ дар китобчае 40-саҳифаӣ ки дар 26-уми моҳи рамазони 1409ҳ.қ., нигошта шудааст, Салмон Рушдиро шайтони муосир хондааст.[56] Содиқии Теҳронӣ муътақид аст, Салмон Рушдӣ натанҳо дар бораи Паёмбари Ислом, балки дар бораи Ҷабраил, саҳобаи Паёмбар ва ҳамчунин занони Паёмбар, газофагӯӣ карда ва онҳоро мавриди ифтироъ қарор додааст.[57]

Мустафо Ҳусайнии Таботабоӣ дар поизи 1368ҳ.ш., китобчае 40-саҳифаӣ бо номи «Ҳақорати Салмон Рушдӣ» мунташир кард ва кори Салмон Рушдиро навъе тавтеъаи сиёсӣ донист, ки ба дур аз олами илму таҳқиқ аст.[58] Ҳусайнии Таботабоӣ, китоби Оёти шайтониро идомаи душмании дерина бо Ислом, баъд аз ҷангҳои салибӣ донистааст, ки дар пайи он, масеҳиён афсонаҳои дурӯғину зананда дар бораи Паёмбари Ислом сохтаанд, то чеҳраи Ислом ва фарҳанги мусулмононро зишт созанд.[59]

Ҷусторҳои вобаста

Эзоҳ

  1. Спракман, “Оятҳои шайтонӣ ва тарҷумаҳои форсии он дар Эрон”, саҳ.810.
  2. Воъизизодаи Хуросонӣ, “Семинари муқаддимотии табйини ҳукми имом..”, саҳ.1.
  3. Спракман, “Оятҳои шайтонӣ ва тарҷумаҳои форсии он дар Эрон”, саҳ.810.
  4. Спракман, “Оятҳои шайтонӣ ва тарҷумаҳои форсии он дар Эрон”, саҳ.810.
  5. “Равнақи осори бадили “Салмон Рушдӣ” дар сукут ва инфиоли Вазорати иршод”, Машриқнюз.
  6. Спракман, “Оятҳои шайтонӣ ва тарҷумаҳои форсии он дар Эрон”, саҳ.811.
  7. .«The Satanic Verses»
  8. .«The Satanic Verses > Editions»
  9. «Rushdie's Banned Novel Gets Whitbread Prize»
  10. «The Man Booker Prize».
  11. Абуҳусайн, Озодии ибрози ақида, 1371ҳ.ш., саҳ.21.
  12. Макорими Шерозӣ, Яксаду ҳаштод пурсишу посух, 1386ҳ.ш., саҳ.679.
  13. Олусӣ, Тафсири Руҳ-ул-маъонӣ, 1415ҳ.қ., ҷ.17, саҳ.177; Сайид Қутб, Фи зилол-ил-Қуръон, 1412ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.2432; Макорими Шерозӣ, Носир, Яксаду ҳаштод пурсишу посух, 1386ҳ.ш., саҳ.679.
  14. Дарвешии Сеталонӣ, “Рафторшиносии сиёсии имом Хумайнӣ дар бархӯрд бо китоби Оёти шайтонӣ”, саҳ.126.
  15. Порсо, “Рӯҳонияти масеҳӣ ва тадовуми рӯйкарди ҷадалӣ нисбат ба Қуръони Карим”, саҳ.146.
  16. Дарвешии Сеталонӣ, “Рафторшиносии сиёсии имом Хумайнӣ дар бархӯрд бо китоби Оёти шайтонӣ”, саҳ.126.
  17. Рушдӣ, Оёти шайтонӣ, муқаддама, саҳ.3.
  18. Абуҳусайн, Озодии ибрози ақида, 1371ҳ.ш., саҳ.17.
  19. Абуҳусайн, Озодии ибрози ақида, 1371ҳ.ш., саҳ.17.
  20. Дар мавриди Оёти шайтонӣ дар викитобнок бештар бихонед, хабаргузории Тобнок.
  21. Спракман, “Оятҳои шайтонӣ ва тарҷумаҳои форсии он дар Эрон”, саҳ.810; Ризвонӣ, Баррасии ҳукми имом Хумайнӣ дар бораи Салмон Рушдӣ, 1388ҳ.ш., саҳ.126 - 127.
  22. Спракман, “Оятҳои шайтонӣ ва тарҷумаҳои форсии он дар Эрон”, саҳ.810; Ризвонӣ, Баррасии ҳукми имом Хумайнӣ дар бораи Салмон Рушдӣ, 1388ҳ.ш., саҳ.126.
  23. Спракман, “Оятҳои шайтонӣ ва тарҷумаҳои форсии он дар Эрон”, саҳ.810.
  24. “Оятҳои шайтонӣ, таҳти таъқиб дар Сулаймония!”, сайти Дойчавела.
  25. “Оятҳои шайтонӣ, таҳти таъқиб дар Сулаймония!”, сайти Дойчавела.
  26. Ҷалол ал-Азм, Салмон Рушдӣ ва ҳақиқат дар адабиёт, 1378ҳ.ш., саҳ.123.
  27. Ҷалол ал-Азм, Салмон Рушдӣ ва ҳақиқат дар адабиёт, 1378ҳ.ш., саҳ.123.
  28. Ҷалол ал-Азм, Салмон Рушдӣ ва ҳақиқат дар адабиёт, 1378ҳ.ш., саҳ.123.
  29. Ҷалол ал-Азм, Салмон Рушдӣ ва ҳақиқат дар адабиёт, 1378ҳ.ш., саҳ.123.
  30. Ҷалол ал-Азм, Салмон Рушдӣ ва ҳақиқат дар адабиёт, 1378ҳ.ш., саҳ.124.
  31. Ҷалол ал-Азм, Салмон Рушдӣ ва ҳақиқат дар адабиёт, 1378ҳ.ш., саҳ.124.
  32. Хумайнӣ, Саҳифаи Имом, 1389ҳ.ш., ҷ.21, саҳ.263.
  33. Хумайнӣ, Саҳифаи имом, 1389ҳ.ш., ҷ.21, саҳ.263.
  34. Хумайнӣ, Саҳифаи имом, 1389ҳ.ш., ҷ.21, саҳ.263.
  35. Хумайнӣ, Саҳифаи имом, 1389ҳ.ш., ҷ.21, саҳ.268.
  36. Хумайнӣ, Саҳифаи имом, 1389ҳ.ш., ҷ.21, саҳ.268.
  37. Шералиниё, Ривояте аз зиндагӣ ва замонаи Ҳошимии Рафсанҷонӣ, 1395, саҳ.528.
  38. Абуҳусайн, Озодии ибрози ақида, 1371ҳ.ш., саҳ.170.
  39. “Тире ки бар ҳадаф хоҳад нишаст”, сайти Дафтари ҳифз ва нашри осори Оятуллоҳ Хоманаӣ.
  40. Азизпӯр, “Салмон Рушдӣ 24 сол пас аз Оёти шайтонӣ”.
  41. Азизпӯр, “Салмон Рушдӣ 24 сол пас аз Оёти шайтонӣ”.
  42. Ризвонӣ, Баррасии ҳукми имом Хумайнӣ дар бораи Салмон Рушдӣ, 1388ҳ.ш., саҳ.129.
  43. Ризвонӣ, Баррасии ҳукми имом Хумайнӣ дар бораи Салмон Рушдӣ, 1388ҳ.ш., саҳ.129.
  44. Ризвонӣ, Баррасии ҳукми имом Хумайнӣ дар бораи Салмон Рушдӣ, 1388ҳ.ш., саҳ.130.
  45. Молунӣ, “Бунёдҳои мувозии давлат ва чолиши тавсеа дар Эрон”, саҳ.11.
  46. “Афзоиши ҷоизаи иҷрои ҳукми эъдоми Салмон Рушдӣ тавассути бунёди 15 хурдод”.
  47. “Афзоиши ҷоизаи иҷрои ҳукми эъдоми Салмон Рушдӣ тавассути бунёди 15 хурдод”, хабаргузории Эсно.
  48. Муҳиббиниё, “Равобити синусии Эрон ва Англия пас аз Инқилоби Исломӣ”, саҳ.58.
  49. Муҳиббиниё, “Равобити синусии Эрон ва Англия пас аз Инқилоби Исломӣ”, саҳ.58.
  50. Спракман, “Оятҳои шайтонӣ ва тарҷумаҳои форсии он дар Эрон”, саҳ.815.
  51. “Нақди тавтеъаи Оёти шайтонӣ”, сайти китобхонаи Миллӣ.
  52. “Нақди тавтеъаи Оёти шайтонӣ”, сайти китобхонаи Миллӣ.
  53. “Нақди тавтеъаи Оёти шайтонӣ”, сайти китобхонаи Миллӣ.
  54. Пурҷаводӣ, “Оятҳои шайтонӣ ва масъалаи тамаддуни ғарб”, саҳ.3.
  55. Пурҷаводӣ, “Оятҳои шайтонӣ ва масъалаи тамаддуни ғарб”, саҳ.3.
  56. Содиқии Теҳронӣ, Оёти раҳмонӣ, 1409ҳ.қ., саҳ.13.
  57. Содиқии Теҳронӣ, Оёти раҳмонӣ, 1409ҳ.қ., саҳ.13.
  58. Ҳусайнии Таботабоӣ, Ҳақорати Салмон Рушдӣ, 1368ҳ.ш., саҳ.9.
  59. Ҳусайнии Таботабоӣ, Ҳақорати Салмон Рушдӣ, 1368ҳ.ш., саҳ.11.

Сарчашма

  • Абуҳусайн, Озодии ибрози ақида, тарҷумаи Аҳмади Беҳпӯр, Теҳрон, Созмони таблиғоти исломӣ, поизи 1371ҳ.ш.
  • Азизпӯр, Масъуд, “Салмон Рушдӣ 24 сол пас аз Оёти шайтонӣ”, сайти Би-би-сии форсӣ, таърихи дарҷи матлаб: 27 шаҳривари 1391ҳ.ш., таърихи боздид: 28 обони 1397ҳ.ш.
  • "Афзоиши ҷоизаи иҷрои ҳукми эъдоми Салмон Рушдӣ тавассути бунёди 15 хурдод”, сайти хабаргузории Эсно, таърихи дарҷи матлаб: 25 шаҳривари 1391ҳ.ш., таърихи боздид: 2 озари 1397ҳ.ш.
  • Воъизизодаи Хуросонӣ, Муҳаммад, «Семинари муқаддимотии табйини ҳукми имом дар бораи нависандаи китоби Оёти шайтонӣ», дар маҷаллаи Мишкот, № 30, баҳори 1370ҳ.ш.
  • Дар мавриди Оёти шайтонӣ дар викитобнок бештар бихонед, хабаргузории Тобнок, таърихи дарҷи матлаб: бе то, таърихи боздид: 28 обони 1397ҳ.ш.
  • Дарвешии Сеталонӣ, Фарҳод, “Рафторшиносии сиёсии имом Хумайнӣ дар бархӯрд бо китоби Оёти шайтонӣ”, дар фаслномаи Мутолиъоти инқилоби исломӣ, № 9 ва 10, тобистон ва поизи 1386ҳ.ш.
  • Имом Хумайнӣ, Руҳуллоҳ, Саҳифаи имом, Теҳрон, Муассисаи танзим ва нашри осори имом Хумайнӣ, вироиши сеюм, 1378ҳ.ш.
  • Макорими Шерозӣ, Носир, Яксаду ҳаштод пурсишу посух, Теҳрон, Дорул-кутубил-исломийя, чопи чаҳорум, 1386ҳ.ш.
  • Молунӣ, Сузон, “Бунёдҳои мувозии давлат ва чолиши тавсеа дар Эрон”, дар маҷаллаи Гуфтугӯ, № 39, исфанди 1382ҳ.ш.
  • Муҳиббиниё, Ҷаҳонбхш ва дигарон, “Равобити синусии Эрон ва Англия пас аз Инқилоби Исломӣ”, дар фаслномаи Мутолиъоти равобити байналмилал, № 26, тобистони 1393ҳ.ш.
  • "Оёте, ки шайтон навишт», сайти Машриқнюз, таърихи дарҷи матлаб: 29 баҳмани 1390ҳ.ш., таърихи боздид: 28 обони 1397ҳ.ш.
  • Олусӣ, Сайид Маҳмуд, Руҳ-ул-маъонӣ фи тафсир-ил-Қуръон-ил-Азим, таҳқиқи Алӣ Абдулборӣ Атийя, Бейрут, ношири Дорул-кутубил-илмийя, чопи аввал, 1415ҳ.қ.
  • Порсо, Фурӯғ, “Рӯҳонияти масеҳӣ ва тадовуми рӯйкарди ҷадалӣ нисбат ба Қуръони Карим”, дар маҷаллаи Баййинот, № 66, тобистони 1389ҳ.ш.
  • Пурҷаводӣ, Насруллоҳ, “Оятҳои шайтонӣ ва масъалаи тамаддуни ғарб”, дар маҷаллаи Нашри дониш, № 51, фарвардин ва урдибиҳишти 1368ҳ.ш.
  • "Равнақи осори бадили “Салмон Рушдӣ” дар сукут ва инфиоли Вазорати иршод”, Машриқнюз, интишор: 11 обони ‍‍1398ҳ.ш., мушоҳида: 23 мурдоди 1‍401ҳ.ш.
  • Ризвонӣ, Алиасғар, Баррасии ҳукми имом Хумайнӣ дар бораи Салмон Рушдӣ, Қум, масҷиди муқаддаси Ҷамкарон, 1388ҳ.ш.
  • Рушдӣ, Салмон, Оёти шайтонӣ, тарҷумаи Равшанаки Эронӣ, беҷо, бе то, бено.
  • Сайид Қутб, Фи зилол-ил-Қуръон, Бейруту Қоҳира, Дорул-шуруқ, чопи ҳабдаҳум, 1412ҳ.қ.
  • Содиқии Теҳронӣ, Муҳаммад, Оёти раҳмонӣ, 1409ҳҳ.қ.
  • Спракман, Пол, «Ояҳои шайтонӣ ва тарҷумаҳои он дар Эрон », дар маҷаллаи Эроншиносӣ, № 56, зимистони 1381ҳ.ш.
  • "Тире ки бар ҳадаф хоҳад нишаст”, сайти Дафтари ҳифз ва нашри осори Оятуллоҳ Хоманаӣ, таърихи дарҷи матлаб: 25 баҳмани 1394ҳ.ш., таърихи боздид: 2 озари 1397ҳ.ш.
  • Ҳусайнии Таботабоӣ, Мустафо, Ҳақорати Салмон Рушдӣ, Теҳрон, ширкати саҳҳомии интишор, поизи 1368ҳ.ш.
  • Ҷалол ал-Азм, Содиқ, Салмон Рушдӣ ва ҳақиқат дар адабиёт, тарҷумаи Туроби Ҳақшинос, Ҳамбург, Сунбула, озари 1378ҳ.ш.
  • Шералиниё, Ҷаъфар, Ривояте аз зиндагӣ ва замонаи Ҳошимии Рафсанҷонӣ, Теҳрон, нашри Соя, 1395ҳ.ш.