Вуҷуби шукри мунъим
Вуҷуби шукри мунъим (форсӣ: وجوب شکر مُنعِم) ба маънои зарурати сипосгузорӣ аз касе, ки ба инсон неъмат додааст. Вуҷуби шукри мунъимро қоидае ақлӣ ё ҳукме шаръӣ донистаанд, ки ақл, Қуръон ва аҳодис ба он ҳукм мекунанд. Аз ҷумла, ба ояти 7 сураи Иброҳим ишора шуда, ки ба баёни таъсири шукри неъмат бар пойдории неъматҳо ишора мекунад ва дар муқобил куфри неъматро заминасози азоби шадиди Худованд мехонад.
Уламои мусулмон, дар бораи он ки қоидаи вуҷуби шукри мунъим аз ақл дарёфт мешавад ё фақат дар шариат бар он таъкид шудааст, ихтилофи назар доранд; адлия (муътазила ва имомия) муътақиданд ин қоида, ақлӣ аст, ҳарчанд дар Қуръон ва ривоят ҳам ба он ҳукм шудааст. Онон аҳкоми шаръ дар ин робитаро иршодӣ медонанд. Инҳо, барои исботи сухани худ, мегӯянд ин амре бадеҳист, ки сипосгузорӣ аз касе ки ба инсон неъмате дода, лозим аст. Ҳамчунин ба сираи уқало дар ин замина истиндод мекунанд. Дар муқобил, ашоира, фирқае каломӣ мансуб ба аҳли суннат, бо истиндод ба оятҳои Қуръон ва зикри далелҳои дигар, муътақиданд ки қабл аз шаръ ва беъсати анбиё наметавон ба зарурати шукри мунъим ҳукм дод.
Уламои шиа, дар шохаҳои мухталифи улуми исломӣ аз ҷумла калом, усули фиқҳ ва фиқҳ аз ин қоида баҳра гирифтаанд, ки намунаи он вуҷуби таҳқиқ дар масоили эътиқодӣ ва исботи зарурати иҷтиҳод, тақлид ё эҳтиёт аст.
Муаррифӣ ва ҷойгоҳ
Вуҷуби шукри мунъим ба маънои зарурати ақлӣ ё шаръии сипосгузорӣ аз касест ки ба инсон неъмат додааст.[1] Ҷойгоҳи аслии ин қоидаро илми калом донистаанд; аммо фақиҳон низ аз он дар истинботи баъзе аҳком баҳра гирифтаанд.[2]
Муфассирон оятҳоеро далолат бар ин қоида донистаанд. Барои намуна зайли оятҳои 11 то 15 сураи Зухруф,[3] ояти 107 сураи Аъроф,[4] ояти 109 сураи Анъом,[5] ояти 164 сураи Бақара[6] ва ояти 7 сураи Иброҳим[7] аз он сухан гуфтаанд. Дар ривоёт низ ба масъалаи зарурати шукри неъматҳои Илоҳӣ таъкид шудааст. Барои мисол, дар ҳадисе аз Имом Алӣ (а) омадааст: «Агар Худованд ҳеҷ ҳушдоре ба азоб барои гуноҳон надода буд, боз аз боби шукри неъмат воҷиб буд, ки гуноҳе сурат нагирад.»[8]
Қоидаи вуҷуби шукри неъмат дар ашъор низ тарҳ шудааст; масалан Мавлавӣ (ваф.672ҳ.қ.) чунин сурудааст:
Саъдии Шерозӣ (ваф.691ҳ.қ.) низ дар шеъре чунин баён кардааст:
Қоидае ақлӣ ё шаръӣ
Яке аз ихтилофот миёни адлия ва ашоира, ду мазҳаби каломӣ миёни мусулмонон, ақлӣ ё шаръӣ будани вуҷуби шукри мунъим аст.[11] Ба бовари адлия, яъне муътазила[12] ва имомия,[13] ин қоида ақлӣ аст ва амру наҳйҳои шаръӣ дар ин робита сирфан иршодӣ аст.[14] Шайхи Ансорӣ (ваф.1281ҳ.қ.) фақиҳ ва усулии шиа, бар ин бовар аст, ки ин масъала реша дар ихтилоф дар масъалаи ҳусну қубҳ миёни адлия ва ашоира дорад; яъне агар касе ақлро манбаи ташхиси ҳусну қубҳ бидонад, зарурати ақлии шукри мунъимро хоҳад пазируфт; вале агар ҳамчун ашоира, ҳусну қубҳро сирфан шаръӣ бидонад, дар ин масъала низ вуҷубро сирфан шаръӣ хоҳад донист.[15]
Далели ақлӣ будан
Баъзе аз мутакаллимон, барои исботи ақлӣ будани вуҷуби шукри мунъим, бадеҳӣ будани онро тарҳ карда ва гуфтаанд ақл, ба сурати бадеҳӣ, аксуламал дар муқобили неъматро воҷиб медонад.[16] Кароҷакӣ (ваф.449ҳ.қ.) аз мутакаллимони шиа гуфтааст зарурати шукри мунъим мавриди иттифоқи уқалост ва миёни уқало, ихтилофи назаре дар бораи он вуҷуд надорад.[17] Барои исботи ин қоида, истидлолҳое низ тарҳ шудааст. Барои намуна Алломаи Ҳиллӣ (ваф.726ҳ.қ.) мутакаллим ва фақиҳи шиа, чунин истидлол карда, ки агар шукри мунъим зарурӣ набошад, шинохти ӯ низ зарурӣ нахоҳад буд. Зарурӣ набудани шинохти неъматдиҳанда низ ба маънои бефоида будани беъсати анбиёст. Дар натиҷа, шукри мунъим зарурӣ аст.[18]
Далели шаръӣ будан
Бар хилофи адлия, ашоира муътақиданд, ки зарурати шукри мунъим аз шаръ истинбот мешавад, на ақл. Барои исботи ин даъво истидлолҳое аз сӯи ин гурӯҳ тарҳ шудааст:
- Оятҳое, монанди 15 Исро ва 165 Нисо, нишон медиҳанд, ки қабл аз беъсати анбиё ва шариат, инсон мустаҳаққи азоб нест. Ин нишон медиҳад, ки ақл наметавонад ба сурати мустақил, ба зарурати шукр ҳукм кунад.[19] Дар посух гуфтаанд, ин оятҳо дар бораи азоби дунёист, на ухравӣ. Илова бар ин, иллати азоб, мухолифати шахс бо Худованд аст ва агар касе ба ҳукми ақл, ин заруратро дарк кард ва ба он пойбанд нашуд, сазовори азоб аст.[20]
- Маънои вуҷуб бо дастури Худованд дарк мешавад ва қабл аз дастури Худо вуҷуб ҳеҷ маъное надорад; зеро подош, ки натиҷаи итоат аст, ва иқоб, ки натиҷаи осиён аст, баъд аз амру наҳйи Худо маъно пайдо мекунад.[21] Дар посух гуфта шуда мурод дар ин мақом вуҷуб ва зарурати ақлӣ аст, на вуҷуби шаръӣ, ки боиси итоат аз фармони Илоҳӣ аст.[22]
Намунаҳои корбурди қоида дар улуми динӣ
Вуҷуби шукри мунъим дар улуми мухталифи динӣ, мутаносиб бо мавзуъ ва масоили он илм, ба кор гирифта шудааст. Баъзе аз корбурдҳои он ба шарҳи зерин аст:
Зарурати таҳқиқ дар эътиқодот
Мутакаллимон, барои исботи зарурати таҳқиқ дар бораи вуҷуди Худо ва масоили марбут ба ақоид, дар канори қоидаи вуҷуби дафъи зарари муҳтамал,[23] ба вуҷуби шукри мунъим ҳам ба унвони қонуни ақлӣ истиндод мекунанд.[24] Истиндод ба ин қоида ба ин сурат аст: вуҷуби шукри мунъим, аз назари ақлӣ, воҷиб аст. Шукри мунъим бидуни шинохти ӯ муҳаққақ намешавад. Шинохт дар натиҷаи таҳқиқ ба даст меояд. Дар натиҷа, таҳқиқ дар бораи мунъим зарурӣ аст.[25]
Мабнои каломии усули фиқҳ
Баъзе усулиён вуҷуби шукри мунъимро аз мабонии каломии илми усул донистаанд. Гуфтаанд Алломаи Ҳиллӣ ин қоидаро яке аз мабонии каломии илми усул дониста ва ба сурати мустақил, ба баҳс дар бораи он пардохтааст.[26] Шайхи Баҳоӣ усулии дигаре, ки ин қоидаро ба унвони яке аз мабонии каломии усули фиқҳ тарҳ ва баррасӣ кардааст.[27]
Мустанди сегонаи иҷтиҳод, эҳтиёт, тақлид
Яке аз истиндодҳо ба ин қоида, дар баҳс аз зарурати иҷтиҳод, эҳтиёт ё тақлид аст. Бар асоси ин қоида гуфта шуда, ки ақл вуҷуби шукри мунъимро воҷиб медонад. Шукри мунъим низ дар сурате таҳаққуқ меёбад, ки аҳком ва қонунҳои мунъимро дониста ва бар асоси он амал карда бошем. Дар натиҷа, ё бояд худамон қувваи истинботи аҳком аз динро ба даст биёварем, ки ҳамон иҷтиҳод аст; ё тавре амал кунем ки яқин дошта бошем ҳукми Худо иҷро шуда, ки ҳамон эҳтиёт аст; ё аз муҷтаҳиди дорои шарoит тақлид кунем.[28]
Эзоҳ
- ↑ Ҳошимӣ Шоҳрӯдӣ, Фарҳанги фиқҳ, ҷ.6, саҳ.447; Сону, Муъҷам мусталаҳот усул-ил-фиқҳ, саҳ.250.
- ↑ Ҳошимӣ Шоҳрӯдӣ, Фарҳанги фиқҳ, ҷ.6, саҳ.447.
- ↑ Ҳоким Ҷушамӣ, ат-Таҳзиб фӣ-т-тафсир, ҷ.9, саҳ.6287.
- ↑ Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, ҷ.4, саҳ.701.
- ↑ Абулфатҳи Розӣ, Равз-ул-ҷинон, ҷ.7, саҳ.410.
- ↑ Фахри Розӣ, ат-Тафсир-ул-кабир, ҷ.4, саҳ.173.
- ↑ Таботабоӣ, ал-Мизон, ҷ.12, саҳ.23.
- ↑ Наҳҷ-ул-балоға, ҳикмати 290.
- ↑ Мавлоно, Маснавии маънавӣ: Дафтари севум ва чорум, саҳ.136.
- ↑ Саъдӣ, Бӯстон, саҳ.245.
- ↑ Шаҳристонӣ, ал-Милал ва-н-ниҳал, ҷ.1, саҳ.55 - 56; Усмон, ал-Қомус-ул-мубин, саҳ.192.
- ↑ Ниг.: Қозӣ Абдулҷаббор, ал-Муғнӣ, ҷ.15, саҳ.27.
- ↑ Ниг.: Оли Кoшифулғито, Асл-уш-шиа ва усулуҳо, саҳ.76; Субҳонӣ Табрезӣ, ал-Инсоф, ҷ.3, саҳ.37.
- ↑ Оли Толиқонӣ, аш-Шайхия нашъатуҳо ва татаввуруҳо ва масодиру диросатиҳо, саҳ.299.
- ↑ Шайхи Ансорӣ, Маториҳ-ул-анзор, саҳ.231.
- ↑ Ниг.: Кароҷакӣ, Канз-ул-фавоид, ҷ.1, саҳ.221; Шайхи Тусӣ, ат-Тибён, ҷ.7, саҳ.340; Алломаи Ҳиллӣ, Мабодӣ-ул-вусул, саҳ.93.
- ↑ Ниг.: Кароҷакӣ, Канз-ул-фавоид, ҷ.1, саҳ.221.
- ↑ Алломаи Ҳиллӣ, Таҳзиб-ул-вусул, саҳ.54.
- ↑ Фахри Розӣ, ал-Маҳсул фи илми усул-ил-фиқҳ, ҷ.1, саҳ.67.
- ↑ Кoшифулғито, Ғоят-ул-маъмул, саҳ.199.
- ↑ Ғазолӣ, ал-Мустасфо, саҳ.49.
- ↑ Музаффар, Далойил-ус-сидқ, ҷ.2, саҳ.159.
- ↑ Ниг.: Ибни Майсам, Қавоид-ул-маром, саҳ.28 - 29.
- ↑ Ҳошимӣ Шоҳрӯдӣ, Фарҳанги фиқҳ, ҷ.6, саҳ.447.
- ↑ Ибни Навбахт, ал-Ёқут, саҳ.27; Шайхи Тусӣ, Тамҳид-ул-усул, саҳ.206; Ибни Майсам, Қавоид-ул-маром, саҳ.29; Фозили Миқдод, ал-Иътимод, саҳ.48.
- ↑ Замирӣ, Донишномаи усулиёни шиа, саҳ.323.
- ↑ Замирӣ, Донишномаи усулиёни шиа, саҳ.518.
- ↑ Ҳаким, Мустамсак ал-Урват-ул-вусқо, ҷ.1, саҳ.6; Муваҳҳидӣ Наҷафӣ, ал-Бурҳон-ус-садид фӣ-л-иҷтиҳод ва-т-тақлид, саҳ.34 - 36; Сайфӣ Мозандаронӣ, Далели таҳрир-ул-васила, саҳ.3; Санд, Санд ал-Урват-ул-вусқо (ал-Иҷтиҳод ва-т-тақлид), ҷ.1, саҳ.23 - 24.
Сарчашма
- Абулфатҳи Розӣ, Ҳусайн ибни Алӣ, Равз-ул-ҷинон ва равҳ-ул-ҷанон фи тафсир-ил-Қуръон, Машҳад, Остони Қудси Разавӣ. Бунёди пажӯҳишҳои исломӣ, 1371ҳ.ш.
- Алломаи Ҳиллӣ, Ҳасан ибни Юсуф, Мабоди-ул-вусул ило илм-ил-усул, Қум, Матбаъат-ул-илмия, 1404ҳ.қ.
- Ғазолӣ, Муҳаммад ибни Муҳаммад, ал-Мустасфо фи илм-ил-усул, Бейрут, Дор-ул-кутуб-ил-илмия, 1413ҳ.қ.
- Замирӣ, Муҳаммадризо, Донишномаи усулиёни шиа, Қум, Бӯстони китоб, 1387ҳ.ш.
- Ибни Майсам, Майсам ибни Алӣ, Қавоид-ул-маром фи илм-ил-калом, Қум, Мактаба Оятуллоҳ ал-узмо ал-Маръашӣ ан-Наҷафӣ (раҳ), 1406ҳ.қ.
- Ибни Навбахт, Иброҳим ибни Навбахт, ал-Ёқут фи илм-ил-калом, Қум, Мактаба Оятуллоҳ ал-узмо ал-Маръашӣ ан-Наҷафӣ (раҳ), 1413ҳ.қ.
- Ибни Фаҳди Ҳиллӣ, Аҳмад ибни Муҳаммад, Уддат-уд-доӣ, Қум, Дор-ул-китоб-ил-исломӣ, 1407ҳ.қ.
- Иштиҳордӣ, Алипаноҳ, Мадорик-ул-урва, Теҳрон, Муназзамат-ул-авқоф ва-ш-шуун-ил-хайрия, Дор-ул-усва ли-т-тибоа ва-н-нашр, 1417ҳ.қ.
- Кароҷакӣ, Муҳаммад ибни Алӣ, Канз-ул-фавоид, Қум, Дор-уз-захоир, 1410ҳ.қ.
- Кoшифулғито, Ҷаъфар ибни Хизр, Ғоят-ул-маъмул, бемакон, беном, бетаърих.
- Қозӣ Абдулҷаббор, Абдулҷаббор ибни Аҳмад, ал-Муғнӣ фи абвоб-ит-тавҳид ва-л-адл, таҳқиқи Қосим Маҳмуд Муҳаммад, бемакон, беном, бетаърих.
- Мавлоно, Ҷалолуддин Муҳаммади Балхӣ, Маснавии маънавӣ: Дафтари севум ва чорум, муҳаррир Мубашшир Акбарзод, Душанбе, Адиб, 2013.
- Мозандаронӣ, Муҳаммадсолеҳ, Шарҳи усули ал-Кофӣ, Бейрут, Дор эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, 1429ҳ.қ.
- Муваҳҳидӣ Наҷафӣ, Муҳаммадбоқир, ал-Бурҳон-ус-садид фи-л-иҷтиҳод ва-т-тақлид, Қум, Дор-ут-тафсир, 1387ҳ.ш.
- Музаффар, Муҳаммадҳасан, Далоил-ус-сидқ ли-наҳҷ-ил-ҳақ, Қум, Муассиса Ол-ил-Байт (алайҳимуссалом) ли-эҳё-ит-турос, 1422ҳ.қ.
- Оли Кoшифулғито, Муҳаммадҳусайн ибни Алӣ, Асл-уш-шиа ва усулуҳо, Бейрут, ал-Аъламӣ ли-л-матбуот, 1413ҳ.қ.
- Оли Толиқонӣ, Муҳаммадҳасан, аш-Шайхия нашъатуҳо ва татаввуруҳо ва масодиру диросатиҳо, Бейрут, ал-Омол ли-л-матбуот, 1420ҳ.қ.
- Сайид Разӣ, Муҳаммад ибни Ҳусайн, Наҳҷ-ул-балоға, тасҳеҳи Субҳӣ Солеҳ, Қум, Ҳиҷрат, 1414ҳ.қ.
- Сайфӣ Мозандаронӣ, Алиакбар, Далели таҳрир-ул-васила (ал-Иҷтиҳод ва-т-тақлид), Қум, Муассисаи танзим ва нашри осори Имом Хумайнӣ (қуддиса сирруҳ), 1436ҳ.қ.
- Санд, Муҳаммад, Санд ал-Урват-ул-вусқо (ал-Иҷтиҳод ва-т-тақлид), Бейрут, Дор-ул-кух, 1394ҳ.ш.
- Саъдӣ, Муслиҳуддин, Бӯстон, Душанбе, Маориф ва фарҳанг, 2008.
- Сону, Қутб Мустафо, Муъҷам мусталаҳот усул-ил-фиқҳ, Димишқ, Дор-ул-фикр, 1427ҳ.қ.
- Субҳонӣ Табрезӣ, Ҷаъфар, ал-Инсоф фи масоил дома фиҳа-л-хилоф, Қум, Муассиса ал-Имом ас-Содиқ (а), 1381ҳ.ш.
- Табарсӣ, Фазл ибни Ҳасан, Маҷмаъ-ул-баён фи тафсир-ил-Қуръон, Бейрут, Дор-ул-маърифа, 1408ҳ.қ.
- Таботабоӣ, Сайид Муҳаммадҳусайн, ал-Мизон фи тафсир-ил-Қуръон, Бейрут, ал-Аъламӣ фи-л-матбуот, 1352ҳ.ш.
- Усмон, Маҳмуд Ҳомид, ал-Қомус-ул-мубин фи истилоҳот-ил-усулийин, Риёз, Дор-уз-зоҳим, 1423ҳ.қ.
- Фахри Розӣ, Муҳаммад ибни Умар, ат-Тафсир-ул-кабир, Бейрут, Дор эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, 1420ҳ.қ.
- Фозили Миқдод, Миқдод ибни Абдуллоҳ, ал-Иътимод фи шарҳи воҷиб-ил-иътиқод, Машҳад, Остонат-ур-разавият-ил-муқаддаса. Маҷмаъ-ул-буҳус-ил-исломия, 1412ҳ.қ.
- Ҳаким, Сайид Муҳсин, Мустамсак ал-Урват-ул-вусқо, Қум, Дор-ут-тафсир, 1374ҳ.ш.
- Ҳоким Ҷушамӣ, Муҳсин ибни Муҳаммад, ат-Таҳзиб фи-т-тафсир, Қоҳира, Дор-ул-китоб-ил-мисрӣ, 1440ҳ.қ.
- Ҳошимӣ Шоҳрӯдӣ, Маҳмуд, Фарҳанги фиқҳ мутобиқи мазҳаби Аҳли Байт (алайҳимуссалом), Қум, Муассисаи Доират-ул-маорифи фиқҳи исломӣ бар мазҳаби Аҳли Байт (алайҳимуссалом), 1382ҳ.ш.
- Шайхи Ансорӣ, Муртазо ибни Муҳаммадамин, Маториҳ-ул-анзор, Қум, Муассиса Ол-ил-Байт (алайҳимуссалом) ли-эҳё-ит-турос, 1404ҳ.қ.
- Шайхи Баҳоӣ, Муҳаммад ибни Ҳусайн, Зубдат-ул-усул маъа ҳавош-ил-мусаннаф алайҳо, Қум, Дор-ул-башир, 1383ҳ.ш.
- Шайхи Тусӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, ат-Тибён фи тафсир-ил-Қуръон, Бейрут, Дор эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, бетаърих.
- Шайхи Тусӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, Тамҳид-ул-усул фи илм-ил-калом, Теҳрон, Интишороти Донишгоҳи Теҳрон, 1362ҳ.ш.
- Шаҳристонӣ, Муҳаммад ибни Абдулкарим, ал-Милал ва-н-ниҳал, Бейрут, Дор-ул-маърифа, 1415ҳ.қ.