Имом Ҳодӣ алайҳиссалом

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Алий-ин-Нақӣ)
Имом Ҳодӣ алайҳиссалом
даҳумин имоми шиаён
Марқади Имом Ҳодӣ алайҳиссалом
НақшИмоми даҳуми шиаён
КунияАбулҳасани Солис
Зодрӯз15 зилҳаҷҷа, соли 212ҳ.қ.
Муддати имомат34 сол (220 то 254ҳ.қ.)
Шаҳодат3 раҷаб, соли 254ҳ.қ.
МадфанСомиро, Ироқ
Маҳалли зиндагӣМадина, Сомиро
ЛақабҳоҲодӣ, Нақӣ
хешу табор
ПадарИмом Ҷавод (а)
МодарСамонаи Мағрибия
ҲамсаронҲудайс
ФарзандонҲасан, Муҳаммад, Ҳусайн, Ҷаъфар
Тӯли умр42 сол
Имомони шиа
‌‌Имом Алӣ . Имом Ҳасани Муҷтабо . Имом Ҳусайн . Имом Саҷҷод . Имом Боқир . Имом Содиқ . Имом Козим . Имом Ризо . Имом Ҷавод . Имом Ҳодӣ . Имом Ҳасани Аскарӣ алайҳиссалом . Имом Маҳдӣ


Алӣ ибни Муҳаммад (арабӣ: علی بن محمد) маъруф ба Имом Ҳодӣ (форсӣ: امام هادی) ё Имом Алии Нақӣ (212-254ҳ.қ.) даҳумин имоми шиаён ва писари Имом Ҷавод (а) аст. Аз соли 220 то 254 ҳиҷрии қамарӣ 34 сол мақоми имоматро ба уҳда дошт. Давраи имоматии Имом Ҳодӣ бо хилофати чанд халифаи Аббосӣ, аз ҷумла Мутаваккил ҳамзамон буд. Ӯ бештари солҳои имоматашро дар Сомирро таҳти назорати ҳокимони Аббосӣ гузаронд.

Аз Имом Ҳодӣ (а) дар масъалаҳои эътиқодӣ, тафсир, фикҳ ва ахлоқ ҳадис ривоят кардаанд. Дар бархе аз ин ривоёт мавзуъҳои каломие ҳамчун ташбеҳу танзиҳ ва ҷабру ихтиёр мавриди баҳс қарор гирифтааст. Зиёрати Ҷомеаи Кабира ва зиёрати Ғадирия низ аз ӯ ривоят шудааст.

Халифаҳои Аббосӣ, Имом Ҳодӣ (а)-ро маҳдуд мекарданд ва аз иртибот бо шиаён монеъ мешуданд. Ба ҳамин далел, ӯ бештар аз тариқи созмони ваколат, ки аз як гурӯҳ вакилони Имом ташкил шуда буд, бо шиаён иртибот дошт. Абдулазим Ҳасанӣ, Усмон ибни Саид, Айюб ибни Нуҳ ва Ҳасан ибни Рошид аз ёрони ӯ будаанд.

Мазори Имом Ҳодӣ дар Сомирро, зиёратгоҳи шиаён аст. Ин зиёратгоҳ ба хотири дафни ӯ ва писараш Имом Ҳасани Аскарӣ (а), Ҳарами Аскарияйн номида шудааст. Ҳарами Аскарияйн дар ҳамлаи террористии солҳои 2004 ва 2006 вайрон гашт. Он, аз соли 2009 то соли 2014 аз ҷониби Ситоди Атаботи Олиёти Эрон таъмир карда шуд.

Ном, насаб ва лақабҳо

Мақолаи аслӣ: Феҳристи куняҳо ва лақабҳои Имом Ҳодӣ (а)

Алӣ ибни Муҳаммад, машҳур ба Имом Ҳодӣ ва Алӣ ал-Нақӣ, имоми даҳуми шиаён аст. Падараш, Имом Ҷавод (а), имоми нуҳуми шиаён, модараш канизе[1] ба номи Самона Мағрибия[2] ё Савсан[3] буд.

Аз машҳуртарин лақбҳои имоми даҳуми шиаён, Ҳодӣ ва Нақӣ аст.[4] Гуфтаанд, иллати лақаби Ҳодӣ гирифтанаш ин аст, ки дар замони худ, беҳтарин ҳидояткунандаи мардум ба сӯи хайр буд.[5] Лақабҳои дигаре ҳамчун Муртазо, Олим, Фақеҳ, Амин, Носеҳ, Холис ва Таййиб низ барои ӯ зикр шудааст.[6]

Шайхи Садуқ (ваф.381ҳ.қ.) аз устодонаш нақл кардааст, ки Имом Ҳодӣ ва фарзандаш Имом Ҳасани Аскарӣ (а)-ро ба далели ин ки дар минтақае ба номи Аскар дар Сомирро сокин буданд, Аскарӣ мехонданд.[7] Ибни Ҷавзӣ (ваф. 654ҳ.қ.) аз уламои аҳли суннат низ дар китоби «Тазкират-ул-хавос» нисбати Аскарӣ ба Имом Ҳодиро ба ҳамин далел донистааст.[8]

Кунияи ӯ Абулҳасан аст[9] ва дар манобеи ҳадисӣ, Абулҳасани сеюм хонда шудааст[10] то бо Абулҳасани аввал; яъне Имом Козим ва Абулҳасани дувум; яъне Имом Ризо иштибоҳ нашавад.[11]

Зиндагинома

Бинобар назари Кулайнӣ,[12] Шайхи Тусӣ,[13] Шайхи Муфид[14] ва Ибни Шаҳрошуб,[15] Имом Ҳодӣ дар 15 зилҳаҷҷаи соли 212ҳ.қ., дар Сарё (минтақае дар наздикии Мадина) таваллуд шуд. Бо ин ҳол, таваллуди ӯро дувум ё панҷуми раҷаби ҳамон сол,[16] раҷаби соли 214ҳ.қ., ва ҷамодиссонии соли 215ҳ.қ.,[17] низ сабт кардаанд.

Ба гузориши Масъудӣ - таърихнигори қарни чаҳорум, дар соле, ки Имом Ҷавод ҳамроҳи ҳамсараш, Уммулфазл ҳаҷ ба ҷой овард, Имом Ҳодиро дар ҳоле ки хурдсол буд, ба Мадина овараданд[18] ва ӯ то соли 233ҳ.қ., дар Мадина зиндагӣ кард. Яъқубӣ, таърихнигори қарни сеюми қамарӣ навиштааст, дар ин сол, Мутаваккили Аббосӣ Имом Ҳодиро ба Сомирро эҳзор кард[19] ва дар минтақае ба номи Аскар таҳти кантроли худ иқомат дод ва ӯ то поёни умр дар он ҷо буд.[20]

Аз зиндагии Имом Ҳодӣ, Имом Ҷавод ва Имом Аскарӣ дар муқоиса бо дигар имомони шиа, иттилооти чандоне вуҷуд надорад. Муҳаммадҳусайн Раҷабии Давонӣ (тав.1339ҳ.ш.), таърихпажӯҳ, далели ин масъаларо умри кӯтоҳи ин имомон, маҳсур будани онон ва ғайришиъӣ будани нависандагони китобҳои таърих дар он рӯзгор медонад.[21]

Моҷарои шиа шудани Ҷунайдӣ

Бар пояи гузорише, ки дар «Исбот-ул-васият» нақл шудааст, баъд аз шаҳодати Имом Ҷавод, аз сӯи ҳукумати Аббосӣ шахсе ба номи Абуабдулло Ҷунайдӣ, ки мутаассиб ва дар душманӣ бо Аҳли Байт забонзад буд, маъмур шуд, то Имом Ҳодиро таълим диҳад ва ӯро зери назар дошта бошад ва аз иртиботи шиаён бо ӯ пешгирӣ кунад, аммо пас аз чанде ин шахс таҳти таъсири илм ва шахсияти имом шиа шуд.[22]

Фарзандон

Дар манобеи шиа аз чаҳор писар ба номҳои Ҳасан, Муҳаммад, Ҳусайн ва Ҷаъфар барои Имом Ҳодӣ ёд шудааст.[23] Ҳамчунин аз духтаре барои ӯ ёд шудааст, ки Шайх Муфид номашро Оиша[24] ва Ибни Шаҳрошуб[25] Иллия (ё Алия) зикр кардаанд. Дар «Далоил-ул-имомат» ду духтар ба номҳои Оиша ва Даллола барои вай зикр шудааст.[26] Ибни Ҳаҷари Ҳайсамӣ, олими аҳли суннат низ дар «ас-Савоъиқ-ул-муҳриқа» фарзандони имоми даҳуми шиаёнро чаҳор писару як духтар донистааст.[27]

Шаҳодат ва оромгоҳ

Ба гузориши Шайхи Муфид (ваф.413ҳ.қ.), Имом Ҳодӣ дар моҳи раҷаби соли 254ҳ.қ., баъд аз 20 солу 9 моҳ иқомат дар Сомирро, дар 41-солгӣ реҳлат кард.[28] Ҳамчунин дар «Далоил-ул-имомат» ва «Кашф-ул-ғумма» омадааст, ки имоми даҳум дар замони ҳукумати Муътаззи Аббосӣ (252 - 255ҳ.қ.), заҳролуд шуд ва ба ҳамин иллат ба шаҳодат расид.[29] Ибни Шаҳрошуб (ваф. 588ҳ.қ.), бар ин бовар аст, ки вай дар авохири ҳукумати Муътамид (ҳукумат: 256 - 278ҳ.қ.) шаҳид шудааст ва аз Ибни Бобавайҳ нақл кардааст, ки Муътамид ба ӯ заҳр додааст.[30]

Бархе манобеъ, рӯзи шаҳодати ӯро 3 раҷаб[31] ва бархеи дигар 25 ё 26 ҷамодиссонӣ зикр кардаанд.[32] Дар тақвими расмии Ҷумҳурии исломии Эрон, сеюми раҷаб ба унвони рӯзи шаҳодати ӯ сабт шудааст.

Ба гузориши Масъудӣ - таърихнигори қарни чаҳоруми қамарӣ, Имом Ҳасани Аскарӣ дар ташйиъи ҷанозаи падараш иштирок кард. Ҷанозаро бар роҳе, ки баробари хонаи Мусо ибни Бағо буд, қарор доданд ва қабл аз он ки халифаи аббосӣ дар ташйиъ ширкат кунад, Имом Аскарӣ бар ҷанозаи падараш намоз хонд. Масъудӣ аз издиҳоми ҷамъият дар ташйиъи ҷанозаи Имом Ҳодӣ гузориш кардааст.[33]

Ҳарами Аскарияйн

Мақолаи аслӣ: Ҳарами Аскарияйн

Имом Ҳодӣ (а) дар хонае, ки дар Сомирро дар он сокин буд, дафн шуд.[34] Макони дафни Имом Ҳодӣ (а) ва фарзандаш Имом Ҳасани Аскарӣ (а) дар Сомирро ба Ҳарами Аскарияйн шинохта мешавад. Баъд аз дафни Имом Ҳодӣ (а) дар хонааш, Имом Аскарӣ (а) барои мақбараи ӯ ходиме таъйин кард. Дар соли 328ҳ.қ., нахустин гунбад бар қабри он ду сохта шуд.[35] Ҳарами Аскарияйн дар давраҳои мухталиф, мараммат ва такмилу навсозӣ шудааст.[36] Ҳарсола шиаён барои зиёрати Имом Ҳодӣ ва Имом Ҳасани Аскарӣ, аз манотиқи мухталиф ба Сомирро мераванд.

Мақолаи аслӣ: Тахриби Ҳарами Аскарияйн

Дар солҳои 1384 ва 1386 шамсӣ, қисматҳое аз Ҳарами Аскарияйн дар инфиҷорҳои террористӣ тахриб шуд.[37] Ситоди Бозсозии Атаботи Олиёт дар соли 1394 шамсӣ бозсозии онро ба поён расонд.[38] Зариҳи ҳарам низ бо ҳимояти Оятуллоҳ Систонӣ сохта шудааст.[39]

Давраи имомат

Имом Ҳодӣ (а):

«Мардум дар дунё бо амвол сару кор доранд ва дар охират бо аъмолашон».

Алӣ ибни Муҳаммад, дар соли 220ҳ.қ., дар ҳаштсолагӣ ба имомат расид.[41] Ба гузориши манобеъ, синни ками Имом Ҳодӣ (а) дар оғози имомат, сабаби шакку шубҳаи шиаён нашуд; чароки имомати Имом Ҷавод - падари ӯ, низ дар хурдсолӣ оғоз шуд.[42] Ба навиштаи Шайхи Муфид, шиаён баъд аз имоми нуҳум, ба истиснои иддаи андаке, имомати Имом Ҳодӣ (а)-ро пазируфтанд.[43] Он иддаи андак Мусои Мубарқаъро имом медонистанд. Бо ин ҳол, баъд аз муддате аз эътиқоди худ баргаштанд ва ба умуми шиаён пайвастанд.[44]

Саъд ибни Абдуллоҳи Ашъарӣ, бозгашти он идда ба Имом Ҳодӣ (а)-ро дар пайи безорӣ ҷустани Мусои Мубарқаъ аз онон донистааст.[45] Шайхи Муфид[46] ва Ибни Шаҳрошуб,[47] иттифоқи назари шиаён бар имомати Имом Ҳодӣ (а) ва иддаои имомат накардани ҳеч кас ба ҷуз вайро далели муҳкаме бар исботи имоматаш донистаанд.[48] Муҳаммад ибни Яъқуби Кулайнӣ ва Шайхи Муфид, насҳои марбут ба исботи имомати вайро дар осори худ баршумурдаанд.[49]

Имом Ҳодӣ (а):

«Ҳикмат дар сириштҳои фосид асар намекунад».

Бино ба гуфтаи Ибни Шаҳрошуб, шиаён аз тариқи нусуси имомони пешин, бар имомати Алӣ ибни Муҳаммад огоҳ шуданд; нусусе, ки тавассути ровиёне аз ҷумла: Исмоил ибни Меҳрон ва Абуҷаъфари Ашъарӣ нақл шудаанд.[51]

Хулафои ҳамаср

Имом Ҳодӣ (а), 33 сол (220ҳ.қ.-254ҳ.қ.), имоматро бар уҳда дошт.[52] Дар ин муддат, чанд халифаи Аббосӣ бар сари кор омаданд. Оғози имомати ӯ бо хилофати Муътасим ва поёни он бо хилофати Муътазз ҳамзамон будааст.[53] Албатта Ибни Шаҳрошуб, поёни умри Имом Ҳодӣ (а)-ро дар замони хилофати Муътамиди Аббосӣ донистааст.[54]

Хилофат дар давраи Имом Ҳодӣ (а)

Халифаҳои даврони пеш аз имомат
(212–220ҳ.қ.)

халифа


Маъмун
Муътасим

сол


212–218ҳ.қ.
218–227ҳ.қ.

Халифаҳои давраи имомат
(220-254ҳ.қ.)

халифа


Муътасим
Восиқ
Мутаваккил
Мунтасир
Мустаин
Муътазз

сол


218–227ҳ.қ.
227–232ҳ.қ.
232–247ҳ.қ.
247 (6 моҳ)
248252.қ.
252–255ҳ.қ.

Имом даҳуми шиаён, ҳафт сол аз имомати худро дар давраи хилофати Муътасими Аббосӣ сипарӣ кард.[55] Ба гуфтаи Ҷосим Ҳусайн, нависандаи китоби Таърихи сиёсии ғайбати имоми дувоздаҳум (аҷ), Муътасим дар замони Имом Ҳодӣ дар муқоиса бо даврони Имом Ҷавод, сахтгирии камтаре ба шиаён раво медошт ва мудорои бештаре бо алавиён дошт ва ин тағйири рӯйкарди ӯ, ба хотири беҳбуди вазъияти иқтисодӣ ва коҳиш ёфтани қиёмҳои алавиён будааст.[56] Ҳамчунин ҳудуди панҷ сол аз даврони имомати имоми даҳум, бо хилофати Восиқ, чаҳордаҳ сол бо хилофати Мутаваккил, шаш моҳ бо хилофати Мустансир, ду солу нуҳ моҳ бо хилофати Мустаъин ва беш аз ҳашт сол бо хилофати Муътазз ҳамзамон будааст.[57]

Эҳзор ба Сомирро

Мутаваккили Аббосӣ дар соли 233ҳ.қ., Имом Ҳодӣ (а)-ро водор кард аз Мадина ба Сомирро равад.[58] Шайхи Муфид ин иқдоми Мутаваккилро марбут ба соли 243ҳ.қ., гузориш кардааст,[59] аммо аз назари Расули Ҷаъфариён - пажӯҳишгари таърихи Ислом, ин таърих саҳеҳ нест.[60] Гуфта шудааст, далели ин кори Мутаваккил, бадгӯии Абдуллоҳ ибни Муҳаммад, коргузори ҳукумати аббосӣ дар Мадина[61] ва Бурайҳаи Аббосӣ, имом ҷамоати мансуби халифа дар Маккаву Мадина, алайҳи Имом Ҳодӣ[62] ва ҳамчунин гузоришҳое аз майли мардум ба имоми даҳуми шиаён будааст.[63]

Ба гузориши Масъудӣ, Бурайҳа, дар номае ба Мутаваккил гуфт: «агар Маккаву Мадинаро мехоҳӣ, Алӣ ибни Муҳаммадро аз он ҷо берун кун; зеро ӯ ба сӯи худ даъват мекунад ва шумори зиёдеро гирди худ ҷамъ кардааст!»[64] Бар ҳамин асос, Яҳё ибни Ҳарсама аз ҷониби Мутаваккил, маъмури интиқоли Имом Ҳодӣ ба Сомирро шуд.[65] Имом Ҳодӣ (а) дар номае ба Мутаваккил, бадгӯиҳо алайҳи хешро рад кард,[66] аммо Мутаваккил дар посух, бо эҳтиром аз ӯ хост ба самти Сомирро ҳаракат кунад.[67] Матни номаи Мутаваккил, дар осори Шайхи Муфид ва Кулайнӣ нақл шудааст.[68]

Ба гуфтаи Расули Ҷаъфариён, Мутаваккил барномаи интиқоли Имом Ҳодӣ (а) ба Сомирроро ба гунае тарроҳӣ карда буд, ки эҳсосоти мардум барангехта нашавад ва мусофирати иҷбории Имом, паёмаде ба дунбол надошта бошад,[69] аммо Сибт Ибни Ҷавзӣ, олими аҳли суннат гузорише аз Яҳё ибни Ҳарсама нақл кардааст, ки бар асоси он мардуми Мадина бисёр нороҳату барошуфта шуданд ва нороҳатии онон ба ҳадде расид, ки нолаю шеване ба роҳ андохтанд, ки Мадина то он замон чунин вазъе ба худ надида буд.[70] Имом Ҳодӣ (а) пас аз хуруҷ аз Мадина, вориди Козимайн шуд ва дар онҷо бо истиқболи мардум мувоҷаҳ гардид.[71] дар Козимайн, ба хонаи Хузайма ибни Ҳозим рафт ва аз он ҷо ба тарафи Сомирро ҳаракат дода шуд.[72]

Ба навиштаи Шайхи Муфид, Имом Ҳодӣ ба зоҳир мавриди эҳтироми Мутаваккил буд, аммо Мутаваккил алайҳи ӯ дасиса мекард.[73] Ба гузориши Табарсӣ, ҳадафи Мутаваккил аз ин кор ин буд, ки аз убуҳҳат ва азамати он ҳазрат дар чашми мардум бикоҳад.[74] Ба гуфтаи Шайхи Муфид, нахустин рӯзе, ки Имом вориди Сомирро шуд, ба дастури Мутаваккил, як рӯз ӯро дар «Хони саъолик» (маҳалли истиқомат ва таҷаммуъи гадоёну мустамандон) нигоҳ доштанд ва рӯзи баъд ба хонае, ки барои истиқомати он ҳазрат дар назар гирифта шуда буд, бурданд.[75] Ба назари Солеҳ ибни Саид, ин иқдом ба қасди таҳқири Имом Ҳодӣ (а) анҷом шудааст.[76]

Ҳокимони аббосӣ дар муддати иқомати Имом Ҳодӣ бар ӯ сахт мегирифтанд. Барои намуна: қабре дар утоқи ҷои истиқомати ӯ канда буданд. Ҳамчунин ӯро шабона ва бехабар ба кохи халифа эҳзор мекарданд ва аз иртиботи шиаён бо ӯ пешгирӣ мекарданд.[77] Бархе аз нависандагон далоили бархӯрди хасмонаи Мутаваккил бо Имом Ҳодиро чунин навиштаанд:

  1. Мутаваккил аз назари каломӣ ба аҳли ҳадис, ки зидди муътазила ва шиа буданд, гароиш дошт ва аҳли ҳадис Мутаваккилро алайҳи шиаён таҳрик мекарданд.
  1. Мутаваккил нигарони ҷойгоҳи иҷтимоии худ буд ва аз иртиботи мардум бо имомони шиа ҳарос дошт. Аз ин рӯ, мекӯшид ин пайвандро қатъ кунад.[78] Мутаваккил дар ҳамин росто, марқади Имом Ҳусайн (а)-ро тахриб кард ва ба зоирони Имом Ҳусайн сахтгирӣ мекард.[79]

Баъд аз Мутаваккил фарзандаш Мунтасир ба қудрат расид. Дар ин давра аз фишори ҳукумат бар хонадони алавӣ, аз ҷумла Имом Ҳодӣ (а) коста шуд.[80]

Бархурд бо ғолиён

Ғолиён дар замони имомати Имом Ҳодӣ фаъол буданд. Онон худро аз асҳоб ва наздикони ҳазрати Ҳодӣ муаррифӣ карда, матолиберо ба имомони шиа, аз ҷумла Имом Ҳодӣ, нисбат медоданд, ки бар асоси номаи Аҳмад ибни Муҳаммад ибни Исои Ашъарӣ ба Имом Ҳодӣ, дилҳо аз шунидани онҳо нафрат пайдо мекард. Аз тарафе чун ба имомон мансуб мешуд, ҷуръати инкор ва радди онҳоро ҳам надоштанд. Онҳо фаризаҳо ва муҳаррамотро таъвил мекарданд, барои намуна: манзур аз салоту закотро дар ояти «وَأَقِيمُواْ الصَّلاَةَ وَآتُواْ الزَّكَاةَ»[81] афроде хос медонистанд, на хондани намоз ва пардохти мол. Имом Ҳодӣ дар посухи Аҳмад ибни Муҳаммад навишт, ки ингуна таъвилот аз дини мо нест, аз онҳо парҳез кунед![82] Фатҳ ибни Язиди Ҷурҷонӣ бар ин бовар буд, ки хӯрдану ошомидан бо имомат созгор нест ва имомон ниёзе ба хӯрдану ошомидан надоранд. Имом Ҳодӣ дар посухи ӯ, ба хӯрдану ошомидани пайғамбарон ва роҳ рафтани онон дар бозор истинод карда фармуд: «ҳар ҷисме чунин аст, ҷуз Худо, ки ҷисмро ҷисмият бахшидааст!»[83]

Имоми даҳуми шиаён, дар посух ба номаи Саҳл ибни Зиёд, аз ғулуви Алӣ ибни Ҳаска хабар дода буданд, вобастагии Алӣ ибни Ҳаска ба Аҳли Байтро рад кард, суханони ӯро ботил шуморид ва аз шиаён хост аз ӯ дурӣ кунанд ва ҳукми қатлашро низ содир кард. Бар асоси ин нома, Алӣ ибни Ҳаска ба улуҳияти Имом Ҳодӣ муътақид буд ва худро боб ва пайғамбар аз ҷониби ӯ муаррифӣ мекард.[84] Имом Ҳодӣ ғолиёне ҳамчун: Муҳаммад ибни Нусайри Намирӣ, бунёнгузори фирқаи нусайрия,[85] Ҳасан ибни Муҳаммад маъруф ба Ибни Бобо ва Форис ибни Ҳотами Қазвиниро низ лаън кардааст.[86]

Аз дигар ғолиёне, ки худро аз асҳоби Имом Ҳодӣ (а) муаррифӣ мекард, Аҳмад ибни Муҳаммади Сайёрӣ буд,[87] ки бештари риҷолиён ӯро ғолӣ ва фосидулмазҳаб донистаанд.[88] Китоб-ул-қирооти ӯ аз сарчашмаҳои аслии ривоёте аст, ки бархе дар таҳрифи Қуръон ба он истинод кардаанд.[89] Имом Ҳодӣ (а) зимни рисолае ки Ибни Шуъбаи Ҳарронӣ онро нақл кардааст, бар асолати Қуръон таъкид карда онро дар мақоми санҷиши ривоёт ва ташхиси саҳеҳ аз носаҳеҳ меъёре дақиқ муаррифӣ кард.[90] Дар канори ин, Имом Ҳодӣ аз шиаёне, ки ба иштибоҳ, ба ғулув муттаҳам мешуданд, дифоъ мекард. Масалан ҳангоме, ки қумиҳо Муҳаммад ибни Аврамаро ба иттиҳоми ғулув аз Қум ихроҷ карданд, номае хитоб ба аҳли Қум навишт ва ӯро аз туҳмати ғулув табриа кард.[91]

Иртибот бо шиаён

Бо вуҷуди ин ки дар замони Имом Ҳодӣ ихтиноқи шадиде аз сӯи хулафои аббосӣ ҳоким буд, байни Имом Ҳодӣ (а) ва шиаёни Ироқ, Яман, Миср ва навоҳии дигар робита барқарор буд.[92] Ӯ аз тариқи созмони ваколат ва номанигорӣ, бо шиаён дар иртибот буд. Ба гуфтаи Расули Ҷаъфариён, дар замони Имом Ҳодӣ (а) Қум, муҳимтарин маркази таҷаммуъи шиаёни Эрон буд ва равобити мустаҳкаме байни шиаёни ин шаҳр ва имомон (а) вуҷуд дошт.[93] Муҳаммад ибни Довуди Қумӣ ва Муҳаммади Талҳӣ аз Қум ва шаҳрҳои атрофи он, хумс, ҳадяҳо ва суолоти мардумро ба Имом Ҳодӣ мерасонданд.[94]

Ба гуфтаи Ҷаъфариён, вакилон илова бар ҷамъоварии хумс ва фиристодани он барои Имом, дар ҳалли муъзалоти каломӣ, фиқҳӣ ва ҳамчунин дар тасбити имомати имоми баъдӣ дар минтақаи худ, низ нақш доштанд.[95] Муҳаммадризо Ҷабборӣ, нависандаи китоби Созмони ваколат, аз Алӣ ибни Ҷаъфари Ҳамонӣ, Абуалӣ ибни Рошид ва Ҳасан ибни Абдураббиҳ ба унвони вакилони Имом Ҳодӣ ном бурдааст.[96]

Масъалаи халқи Қуръон

Имом Ҳодӣ (а) дар номае ба яке аз шиаён аз ӯ хост, дар масъалаи халқи Қуръон изҳори назар накунад ва ҷониби ҳеҷ як аз назарияи ҳудус ва қидами Қуръонро нагирад. Ӯ дар ин нома, масъалаи халқи Қуръонро фитна хонда, вуруд ба ин баҳсро ҳалокат донистааст. Ҳамчунин бар каломи Худо будани Қуръон таъкид карда, гуфтугӯ дар бораи онро бидъате донистааст, ки ҳам саволкунанда ва ҳам ҷавобдиҳанда дар гуноҳи он шариканд.[97] Дар он давра, ҷидол бар сари масъалаи ҳудусу қидами Қуръон, мӯҷиби пайдоиши фирқаҳо ва гурӯҳҳое байни аҳли суннат шуда буд. Маъмун ва Муътасим ҷониби назарияи халқи Қуръонро гирифта буданд ва мухолифонро таҳти фишор қарор медоданд, ба гунае ки аз он, ба «давраи меҳнат» ёд мешавад, аммо Мутаваккил аз қадим будани Қуръон ҳимоят карда, мухолифон, аз ҷумла шиаёнро бидъатгузор муаррифӣ менамуд.[98]

Ҳадис

Дар манобеи равоии шиа, ҳамчун кутуби арбаа, Туҳаф-ул-уқул, Мисбоҳ-ул-мутаҳаҷҷид, ал-Эҳтиҷоҷ ва Тафсири Айёшӣ, ҳадисҳое аз Имом Ҳодӣ нақл шудааст. Ҳадисҳое, ки аз вай нақл шудааст, нисбат ба имомони пеш аз ӯ камтар аст. Уторидӣ иллати онро иқомати иҷбории ӯ дар Сомирро таҳти назари ҳукумати аббосӣ медонад, ки фурсати интишори улум ва маорифро ба вай надодааст.[99] Дар ривоёти манқул аз Имом Ҳодӣ, аз ӯ бо номҳои мухталифе ҳамчун Абилҳасани-л-Ҳодӣ, Абилҳасани-с-Солис, Абилҳасани-л-Охир, Абилҳасани-л-Аскарӣ, ал-Фақиҳул-Аскарӣ, ар-Раҷул, ат-Таййиб, ал-Охир, ал-Содиқ ибни-с-Содиқ ва ал-Фақиҳ ёд шудааст, ки гуфтаанд, сабаби ба кор бурдани ин номҳои мухталиф тақия будааст.[100]

Ривоёти манқул аз Имом Ҳодӣ дар заминаҳои тавҳид, имомат, зиёрат, тафсир ва бобҳои мухталифи фиқҳ монанди таҳорат, намоз, рӯза, хумс, закот, издивоҷ ва низ одоб аст. Беш аз 21 ривоят аз Имом Ҳодӣ (а) дар боби тавҳид ва танзиҳ нақл шудааст.[101]

Рисолае аз Имом Ҳодӣ (а) дар бораи ҷабру ихтиёр ба ҷо мондааст. Дар ин рисола, ҳадиси «ло ҷабра ва ло тафвиз, бал амрун байна-л-амрайн», бар асоси Қуръон табйин шуда ва мабонии каломии шиа дар масъалаи ҷабр ва тафвиз ироа гардидааст.[102] Дар миёни ривоёте, ки ба унвони эҳтиҷоҷоти Имом Ҳодӣ (а) нақл шудааст, бештаринашон дар бораи ҷабру тафвиз аст.[103]

Зиёрот

Мақолаи аслӣ: Зиёрати Ҷомеъаи кабира

Зиёрати Ҷомеъаи кабира[104] ва зиёрати Ғадирия аз Имом Ҳодӣ (а) нақл шудааст.[105] Зиёрати Ҷомеъаи кабираро як давраи имомшиносӣ медонанд.[106] Меҳвари зиёрати Ғадирия, тавалло ва табарро ва муҳтавои он баёни фазоили Имом Алӣ (а) аст.[107]

Шеъри Имом Ҳодӣ дар маҷлиси Мутаваккил

Ба гузориши Масъудӣ, таърихнигори қарни чаҳоруми қамарӣ, ба Мутаваккил гузориш дода буданд, ки дар хонаи Имом Ҳодӣ (а) адавоти ҷангӣ ва номаҳое аз шиаён ба ӯ вуҷуд дорад. Ба ҳамин далел, ба дастури Мутаваккил, теъдоде аз маъмурон ғофилгирона ба хонаи Имом Ҳодӣ ҳамла бурданд.[108] Ҳангоме, ки имомро ба маҷлиси Мутаваккил бурданд, зарфи шаробе дар дасти халифа буд ва ӯ онро ба Имом таоруф кард.[109] Имом бо баёни ин ки гӯшту хуни ман ба шароб олуда нашудааст, дархости Мутаваккилро рад кард.[110] Онгоҳ Мутаваккил аз ҳазрат хост шеъре бихонад, ки ӯро ба ваҷд оварад.[111] Имом дар ибтидо дархости ӯро қабул накард, аммо бо исрори Мутаваккил ин ашъорро суруд:

باتوا علی قُلَلِ الأجبال تحرسهم
غُلْبُ الرجال فما أغنتهمُ القُللُ
واستنزلوا بعد عزّ عن معاقلهم
فأودعوا حُفَراً، یا بئس ما نزلوا
ناداهُم صارخ من بعد ما قبروا
أین الأسرة والتیجان والحلل؟
أین الوجوه التی کانت منعمة
من دونها تضرب الأستار والکللُ
فأفصح القبر عنهم حین ساء لهم
تلک الوجوه علیها الدود یقتتل (تنتقل)
قد طالما أکلوا دهراً وما شربوا
فأصبحوا بعد طول الأکل قد أُکلوا
وطالما عمروا دوراً لتحصنهم
ففارقوا الدور والأهلین وانتقلوا
وطالما کنزوا الأموال وادخروا
فخلفوها علی الأعداء وارتحلوا
أضحت مَنازِلُهم قفْراً مُعَطلة
[112]ساکنوها إلی الأجداث قد رحلوا
Тарҷумаи мазмуни шеър:
Бар қуллаи кӯҳҳо ба сар мебурданд ва мардони нерӯманд онҳоро ҳаросат мекарданд, аммо қуллаҳо коре барои онҳо насохт. Аз паси иззат аз паноҳгоҳҳои худ берун оварда шуданд ва дар ҳуфраҳо ҷояшон доданд ва чӣ фуруд омадани баде буд. Аз паси он ки дар гур шуданд, яке бар онҳо бонг зад: «тахтҳову тоҷҳо ва зеварҳо куҷо рафт? Чеҳраҳое, ки ба неъмат одат карда буду пардаҳо пеши рӯи он овехта мешуд чӣ шуд?» Ва қабр ба сухан омаду гуфт: «кирмҳо бар ин чеҳраҳо кашокаш мекунанд. Рӯзгоре дароз бихӯрданду бипӯшиданд ва аз паси хӯрокии тӯлонӣ хӯрда шуданд. Муддатҳо хонаҳо сохтанд то дар он ҷо маҳфуз монанд ва аз хонаҳову касони хеш дур шуданду бирафтанд. Муддатҳо мол андӯхтанду захира карданд ва барои душманон гузоштанду бирафтанд. Манзилҳояшон холӣ монду сокинонаш ба гур сафар карданд».[113]

Масъудӣ нақл кардааст, ки ашъори Имом Мутаваккил ва атрофиёни ӯро таҳти таъсир қарор дод, ба гунае, ки рӯи Мутаваккил аз гиря тар шуд ва дастур дод бисоти шаробро барчинанд ва Имомро бо эҳтиром ба хонааш баргардонанд.[114]

Асҳоб ва ровиён

Мақолаи аслӣ: Феҳристи асҳоби Имом Ҳодӣ (а)

Сайид Муҳаммадкозими Қазвинӣ (ваф.1415ҳ.қ.) дар китоби ал-Имом-ул-Ҳодӣ мин-ал-маҳди ила-л-лаҳад, 346 танро ба унвони асҳоби Имом Ҳодӣ муаррифӣ кардааст.[115] Ба гуфтаи Расули Ҷаъфариён, теъдоди ровиёни шинохташудаи Имом Ҳодӣ (а) ҳудуди 190 тан аст, ки аз ҳудуди 180 тани онҳо ҳадисҳое вуҷуд дорад.[116]

Бар асоси Риҷоли Шайхи Тусӣ, теъдоди касоне ки аз он ҳазрат ҳадис нақл кардаанд, беш аз 185 нафаранд.[117] Уторидӣ дар Муснад-ул-Имом-ил-Ҳодӣ аз 179 тан ба унвони ровӣ аз Имом Ҳодӣ ном бурда гуфтааст, дар миёни онон сиқа, заиф, ҳасан, матрук ва маҷҳул ёфт мешавад.[118] Ба гуфтаи Уторидӣ, бархе аз ровиёне, ки худ ном бурдааст дар Риҷоли Шайхи Тусӣ нест ва бархе аз ровиёнеро, ки Шайхи Тусӣ дар риҷолаш овардааст, дар Муснади Уторидӣ наёмадааст.[119]

Абдулазими Ҳасанӣ, Усмон ибни Саид,[120] Айюб ибни Нуҳ,[121] Ҳасан ибни Рошид ва Ҳасан ибни Алии Носир[122] аз ҷумлаи асҳоби ӯ ба шумор мерафтанд. Ибни Шаҳрошуб аз вакилони Имом, аз Ҷаъфар ибни Суҳайли ал-Сайқал ном бурда ва Муҳаммад ибни Усмонро ба унвони боби Имом Ҳодӣ муаррифӣ кардааст.[123]

Расули Ҷаъфариён барои исботи эронӣ будани бархе аз асҳоби Имом Ҳодӣ (а) ба пасвандҳои онон истинод кардааст. Ӯ ҷои истиқмати касоне ҳамчун Бишр ибни Башшори Нишобурӣ, Фатҳ ибни Язиди Ҷурҷонӣ, Ҳусайн ибни Саиди Аҳвозӣ, Ҳамдон ибни Исҳоқи Хуросонӣ, Алӣ ибни Иброҳими Толиқонӣ, Муҳаммад ибни Алии Кошонӣ,[124] Иброҳим ибни Шайбаи Исфаҳонӣ ва Абумақотили Дайламӣ[125] аз асҳоби ҳазратро дар Эрон донистааст.[126] Ҷаъфариён бо истинод ба номаи Имом Ҳодӣ ба вакили худ дар Ҳамадон, ки дар он омадааст «Ман супориши шуморо ба дӯстони худам дар Ҳамадон кардаам!»[127] гуфтааст, бархе аз асҳоби он ҳазрат дар Ҳамадон ва низ бар асоси шавоҳиде, бархе аз асҳоби Имом дар Қазвин сокин будаанд.[128]

Китобшиносӣ

Дар бораи Имом Ҳодӣ (а) китобҳое ба забонҳои арабӣ ва форсӣ навишта шудааст. Дар мақолаи китобшиносии Имом Ҳодӣ, сӣ китоб дар ин замина ба забонҳои форсӣ ва арабӣ муаррифӣ шудааст.[129] Бархе аз ин осор иборатанд аз:

  1. Муснад-ул-Имом-ил-Ҳодӣ, навиштаи Азизуллоҳ Уторидӣ (ваф.1393ҳ.ш.), дар ин китоб, ҳудуди 350 ҳадис аз Имом Ҳодӣ гирд омадааст;
  2. Ҳаёт-ул-Имом Алӣ ал-Ҳодӣ, асари Боқиршарифи Қурашӣ (ваф.1433ҳ.қ.), ин китоб ба зиндагии Имом Ҳодӣ мепардозад;
  3. Ан-Нур-ул-ҳодӣ ило асҳоб-ил-Имом-ил-Ҳодӣ, асари Абдулҳусайни Шабистарӣ (ваф. 1395ҳ.ш.), дар ин китоби 193 нафар аз асҳоби Имом Ҳодӣ муаррифӣ шудааст;
  4. Мавсуъату Имом-ил-Ҳодӣ, дар чаҳор ҷилд ва 2019 саҳифа.

Ҳамчунин китоби Шукуҳи Сомирро, дарбардорндаи маҷмӯаи мақолоте дар бораи Имом Ҳодӣ ва Имом Аскарӣ (а) аст, ки онро интишороти Донишгоҳи Имом Содиқ (а) дар соли 1390ҳ.ш., дар 508 саҳифа чоп кардааст.[130]

Эзоҳ

  1. Муфид, ал-Иршод, 1413ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.297; Масъудӣ, Исбот-ул-васият, 1426ҳ.қ., саҳ.228.
  2. Муфид, ал-Иршод, 1413ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.297.
  3. Навбахтӣ, Фирақ-уш-шиъа, Дорул-азвоъ, саҳ.93.
  4. Ибни Шаҳрошуб, Маноқибу оли Абитолиб, 1379ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.401.
  5. Қаршӣ, Ҳаёт-ул-Имом Алӣ ал-Ҳодӣ, 1429ҳ.қ., саҳ.21.
  6. Ибни Шаҳрошуб, Маноқибу Оли Абитолиб, 1421ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.401.
  7. Садуқ, Илал-уш-шароиъ, 1385ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.241.
  8. Ибни Ҷавзӣ, Тазкират-ул-хавос, 1426ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.492.
  9. Ибни Шаҳрошуб, Маноқибу оли Абитолиб, 1379ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.401; Тусӣ, Таҳзиб-ул-аҳком, 1418ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.104.
  10. Барои намуна нигоҳ кунед ба: Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.97, 341.
  11. Қаршӣ, Ҳаёт-ул-Имом Алӣ ал-Ҳодӣ, 1429ҳ.қ., саҳ.21.
  12. Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.497.
  13. Тусӣ, Таҳзиб-ул-аҳком, 1418ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.104.
  14. Муфид, ал-Иршод, 1413ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.297.
  15. Ибни Шаҳрошуб, Маноқибу оли Абитолиб, 1379ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.401.
  16. Масъудӣ, Исбот-ул-васият, 1426ҳ.қ., саҳ.228.
  17. Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.497.
  18. Масъудӣ, Исбот-ул-васият, 1426ҳ.қ., саҳ.228.
  19. Яъқубӣ, Таърихи Яъқубӣ, Бейрут, ҷ.2, саҳ.484.
  20. Ниг.: Ибни Ҷавзӣ, Тазкират-ул-хавос, 1426ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.492.
  21. Илали маҳдуд будани иттилооти торихӣ дар бораи Имом Ҳодӣ (а), вебгоҳи таҳлилии Нухбагон.
  22. Масъудӣ, Исбот-ул-васият, 1426ҳ.қ., саҳ.231 - 230.
  23. Муфид, ал-Иршод, 1413ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.311 - 312; Ибни Шаҳрошуб, Маноқибу оли Абитолиб, 1379ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.402.
  24. Муфид, ал-Иршод, 1413ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.312.
  25. Ибни Шаҳрошуб, Маноқибу оли Абитолиб, 1379ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.402.
  26. Табарӣ, Далоил-ул-имомат, 1413ҳ.қ., саҳ.412.
  27. Ибни Ҳаҷари Ҳайсамӣ, ас-Савоъиқ-ул-муҳриқа, мактабатул-Қоҳира, саҳ.207.
  28. Муфид, ал-Иршод, 1413ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.311 ва 312; Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.1, 497 - 498; Тусӣ, Таҳзиб-ул-аҳком, 1418ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.104.
  29. Табарӣ, Далоил-ул-имомат, 1413ҳ.қ., саҳ.409; Ирбилӣ, Кашф-ул-ғумма, 1381ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.375.
  30. Ибни Шаҳрошуб, Маноқибу оли Абитолиб, 1379ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.401.
  31. Навбахтӣ, Фирақ-уш-шиъа, Дорул-азвоъ, саҳ.92; Ибни Шаҳрошуб, Маноқибу оли Абитолиб, 1379ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.401.
  32. Ирбилӣ, Кашф-ул-ғумма, 1381ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.375.
  33. Масъудӣ, Исбот-ул-васият, 1426ҳ.қ., саҳ.243.
  34. Тусӣ, Таҳзиб-ул-аҳком, 1418ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.104.
  35. Маҳаллотӣ, Маосир-ул-кубро, 1384ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.318.
  36. Ниг.: Маҳаллотӣ, Маосир-ул-кубро, 1384ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.318 - 393.
  37. Хомаёр, Тахриби зиёратгоҳҳои исломӣ дар кишварҳои арабӣ, 1393ҳ.ш., саҳ.29 ва 30.
  38. Амалиёти бозсозии гунбади Ҳарами Имомайни Аскарияйн поён ёфт, хабаргузории Элно.
  39. «Охирин вазъияти проекти сохти зариҳи Ҳарами Имомайни Аскарияйн (а)», хабаргузории Форс.
  40. Уторидӣ, Муснад-ул-Имом-ил-Ҳодӣ, 1410ҳ.қ., саҳ.304
  41. Қумӣ, Мунтаҳа-л-омол, 1379ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.1878
  42. Ҳусайн, Таърихи сиёсии ғайбати Имоми дувоздаҳум, 1385ҳ.ш., саҳ.81.
  43. Муфид, ал-Иршод, 1413ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.300.
  44. Навбахтӣ, Фирақ-уш-шиъа, Дорул-азвоъ, саҳ.91 - 92.
  45. Ашъарии Қумӣ, ал-Мақолоту ва-л-фирақ, 1361ҳ.ш., саҳ.99.
  46. Муфид, ал-Иршод, 1413ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.300.
  47. Ибни Шаҳрошуб, Маноқибу оли Абитолиб, 1379ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.402.
  48. Уторидӣ, Муснад-ул-Имом-ил-Ҳодӣ, 1410ҳ.қ., саҳ.20.
  49. Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.323 - 325; Муфид, ал-Иршод, 1413ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.298.
  50. Уторидӣ, Муснад-ул-Имом-ил-Ҳодӣ, 1410ҳ.қ., саҳ.304
  51. Ибни Шаҳрошуб, Маноқибу Оли Абитолиб, 1379ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.402.
  52. Муфид, ал-Иршод, 1413ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.297; Табарсӣ, Эълом-ул-варо, 1417ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.109.
  53. Табарсӣ, Эълом-ул-варо, 1417ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.109.
  54. Ибни Шаҳрошуб, Маноқибу Оли Абитолиб, 1379ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.401.
  55. Пешвоӣ, Сираи пешвоён, 1374ҳ.ш., саҳ.595.
  56. Ҷосим, Таърихи сиёсии ғайбати Имоми дувоздаҳум, 1376ҳ.ш., саҳ.81.
  57. Табарсӣ, Эълом-ул-варо, 1417ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.109 ва 110.
  58. Яъқубӣ, Таърихи Яъқубӣ, Бейрут, ҷ.2, саҳ.484.
  59. Шайхи Муфид, ал-Иршод, ҷ.2, саҳ.310.
  60. Ҷаъфариён, Ҳаёти фикрӣ ва сиёсии аимма, 1381ҳ.ш., саҳ.503.
  61. Муфид, ал-Иршод, 1413ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.309.
  62. Масъудӣ, Исбот-ул-васият, 1426ҳ.қ., саҳ.233.
  63. Ибни Ҷавзӣ, Тазкират-ул-хавос, 1426ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.493.
  64. Масъудӣ, Исбот-ул-васият, 1426ҳ.қ., саҳ.233.
  65. Масъудӣ, Исбот-ул-васият, 1426ҳ.қ., саҳ.233.
  66. Муфид, ал-Иршод, 1413ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.309.
  67. Муфид, ал-Иршод, 1413ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.309.
  68. Муфид, ал-Иршод, 1413ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.309; Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.501.
  69. Ҷаъфариён, Расул, Ҳаёти фикрӣ ва сиёсии аимма, 1381ҳ.ш., саҳ.505.
  70. Ибни Ҷавзӣ, Тазкират-ул-хавос, 1426ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.492.
  71. Масъудӣ, Исбот-ул-васият, 1426ҳ.қ., саҳ.236 - 237.
  72. Масъудӣ, Исбот-ул-васият, 1426ҳ.қ., саҳ.237.
  73. Муфид, ал-Иршод, 1413ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.311.
  74. Табарсӣ, Эълом-ул-варо, 1417ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.126.
  75. Муфид, ал-Иршод, 1413ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.311.
  76. Муфид, ал-Иршод, 1413ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.311.
  77. Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.59, саҳ.20.
  78. Табарсӣ, Эълом-ул-варо, 1417ҳ.қ., саҳ.438.
  79. Абулфараҷи Исфаҳонӣ, Мақотил-ут-толибин, 1987м., саҳ.478.
  80. Ҷаъфариён, Ҳаёти фикрӣ - сиёсии имомони шиа, 1381ҳ.ш., саҳ.511.
  81. Сураи Бақара, ояти 43.
  82. Кашшӣ, Риҷол-ул-Кашшӣ, 1409ҳ.қ., саҳ.517.
  83. Ирбилӣ, Кашф-ул-ғумма, 1381ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.338.
  84. Кашшӣ, Риҷол-ул-Кашшӣ, 1409ҳ.қ., саҳ.518 - 519.
  85. Навбахтӣ, Фирақ-уш-шиъа, Дорул-азвоъ, саҳ.93.
  86. Кашшӣ, Риҷол-ул-Кашшӣ, 1409ҳ.қ., саҳ.520.
  87. Уторидӣ, Муснад-ул-Имом-ил-Ҳодӣ, 1410ҳ.қ., саҳ.323.
  88. Нигоҳ кунед ба: Наҷҷошӣ, Риҷол-ун-Наҷҷошӣ, 1365ҳ.ш., саҳ.80, Тусӣ, Феҳрист, 1420ҳ.қ., саҳ.57.
  89. Ҷаъфариён, Акзубату таҳриф-ил-Қуръон байна-ш-шиъати ва-с-сунна, 1413ҳ.қ., саҳ.76-77.
  90. Ибни Шуъбаи Ҳарронӣ, Туҳаф-ул-уқул, 1404ҳ.қ., саҳ.459 - 458
  91. Наҷҷошӣ, Риҷол-ун-Наҷҷошӣ, 1365ҳ.ш., саҳ.329.
  92. Ҷаъфариён, Ҳаёти фикрӣ - сиёсии имомони шиа, саҳ.631.
  93. Ҷаъфариён, Ҳаёти фикрӣ - сиёсии имомони шиа, саҳ.654.
  94. Уторидӣ, Муснад-ул-Имом-ил-Ҳодӣ, 1410ҳ.қ., саҳ.45.
  95. Ҷаъфариён, Ҳаёти фикрӣ - сиёсии имомони шиа, саҳ.631.
  96. Ҷабборӣ, Созмони ваколат, 1382ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.513-514, 537.
  97. Шайхи Садуқ, ат-Тавҳид, 1398ҳ.қ., саҳ.224.
  98. Ҷаъфариён, Ҳаёти фикрӣ - сиёсии имомони шиа, 1393ҳ.ш., саҳ.650.
  99. Уторидӣ, Муснад-ул-Имом-ил-Ҳодӣ, саҳ.10.
  100. Уторидӣ, Муснад-ул-Имом-ил-Ҳодӣ, саҳ.10.
  101. Уторидӣ, Муснад-ул-Имом-ил-Ҳодӣ, 1410ҳ.қ., саҳ.84 - 94.
  102. Уторидӣ, Муснад-ул-Имом-ил-Ҳодӣ, 1410ҳ.қ., саҳ.198-213.
  103. Уторидӣ, Муснад-ул-Имом-ил-Ҳодӣ, 1410ҳ.қ., саҳ.198-227.
  104. Садуқ, Ман ло яҳзуруҳу-л-фақиҳ, 1413ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.609.
  105. Ибни Машҳадӣ, ал-Мазор, 1419ҳ.қ., саҳ.263.
  106. Зиёрати Ҷомеъаи кабира, як давраи комили имомшиносӣ аст, ИКНА.
  107. Зиёрати Ҷомеъаи кабира, як давраи комили имомшиносӣ аст, ИКНА.
  108. Масъудӣ, Муруҷ-уз-заҳаб, 1409ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.11.
  109. Масъудӣ, Муруҷ-уз-заҳаб, 1409ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.11.
  110. Масъудӣ, Муруҷ-уз-заҳаб, 1409ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.11.
  111. Масъудӣ, Муруҷ-уз-заҳаб, 1409ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.11.
  112. Масъудӣ, Муруҷ-уз-заҳаб, 1409ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.11.
  113. Поянда, Тарҷумаи Муруҷ-уз-заҳаб, 1374ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.503.
  114. Масъудӣ, Муруҷ-уз-заҳаб, 1409ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.12.
  115. Қазвинӣ, ал-Имом-ул-Ҳодӣ мин-ал-маҳди ила-л-лаҳад, 1413ҳ.қ., саҳ.140 - 467.
  116. Ҷаъфариён, Ҳаёти фикрӣ - сиёсии имомони шиа, 1381ҳ.ш., саҳ.512.
  117. Тусӣ, Риҷол-ут-Тусӣ, 1373ҳ.ш., саҳ.383 - 393.
  118. Уторидӣ, Муснад-ул-Имом-ил-Ҳодӣ, 307
  119. Уторидӣ, Муснад-ул-Имом-ил-Ҳодӣ, 307.
  120. Тусӣ, Риҷол-ут-Тусӣ, 1373ҳ.ш., саҳ.401 - 389.
  121. Тусӣ, Риҷол-ут-Тусӣ, 1373ҳ.ш., саҳ.384.
  122. Тусӣ, Риҷол-ут-Тусӣ, 1373ҳ.ш., саҳ.385.
  123. Ибни Шаҳрошуб, Маноқибу Оли Абитолиб, 1379ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.402.
  124. Садуқ, ат-Тавҳид, 1398ҳ.қ., саҳ.101.
  125. Уторидӣ, Муснад-ул-Имом-ил-Ҳодӣ, 1410ҳ.қ., саҳ.317.
  126. Ҷаъфариён, Ҳаёти фикрӣ - сиёсии имомони шиа, 1381ҳ.ш., саҳ.530 - 533.
  127. Кашшӣ, Риҷол-ул-Кашшӣ, 1409ҳ.қ., саҳ.612.
  128. Ҷаъфариён, Ҳаёти фикрӣ - сиёсии имомони шиа, 1381ҳ.ш., саҳ.530 - 533.
  129. Караҷӣ, «Китобшносии Имом Ҳодӣ (а)», саҳ.197 - 199.
  130. Шукуҳи Сомирро: маҷмӯаи мақолот дар бораи Имом Ҳодӣ ва Имом Аскарӣ алайҳимоссалом, потуқи китоби фардо.

Сарчашма

  • Абулфараҷи Исфаҳонӣ, Алӣ ибни Ҳусайн, Мақотил-ут-толибин, Бейрут, муассисатул-Аъламӣ лилматбуъот, 1987м.
  • Амалиёти бозсозии гунбади Ҳарами Имомайни Аскарияйн поён ёфт, хабаргузории Элно, интишор: 7 шаҳривари 1394ҳ.ш., мушоҳида: 13 мурдоди 1402ҳ.ш.
  • Ашъарии Қумӣ, Саъд ибни Абдуллоҳ, ал-Мақолоту ва-л-фирақ, Теҳрон, интишороти илмӣ ва фарҳангӣ, 1361.
  • Зиёрати Ҷомеъаи кабира як давраи комили имомшиносӣ аст, ИКНА, 16 баҳмани 1400ҳ.ш., мушоҳида: 13 мурдоди 1402ҳ.ш.
  • Ибни Ҳаҷари Ҳайсамӣ, Аҳмад ибни Муҳаммад, ас-Савоъиқ-ул-муҳриқа ала аҳл-ир-рафзи ва-з-залоли ва-з-зиндиқа, Қоҳира, мактабтул-Қоҳира, бе то.
  • Ибни Ҷавзӣ, Юсуф ибни Қазоуғлӣ, Тазкират-ул-хавос, Қум, Лайлӣ, 1426ҳ.қ.
  • Ибни Шаҳрошуб, Муҳаммад ибни Алӣ, Маноқибу оли Абитолиб, Қум, Аллома, 1379ҳ.қ.
  • Илали маҳдуд будани иттилооти торихӣ дар бораи Имом Ҳодӣ (а), вебгоҳи таҳлилии Нухбагон, дарҷи матлаб: 5 хурдоди 1391ҳ.ш., мушоҳида: 13 мурдоди 1402ҳ.ш.
  • Ирбилӣ, Алӣ ибни Исо, Кашф-ул-ғумма фи маърифат-ил-аимма, тасҳеҳи Сайидҳошим Расулии Маҳаллотӣ, Табрез, Баниҳошимӣ, 1381ҳ.қ.
  • Караҷӣ, Алӣ, Китобшиносии Имом Ҳодӣ (а), фарҳанги Кавсар, № 70, тобистони 1386ҳ.ш.
  • Кашшӣ, Муҳаммад ибни Умар, Риҷол-ул-Кашшӣ - ихтиёру маърифат-ир-риҷол, талхис: Муҳаммад ибни Ҳасани Тусӣ, тасҳеҳ: Ҳасани Мустафавӣ, Машҳад, муассисаи нашри донишгоҳи Машҳад, 1409ҳ.қ.
  • Кулайнӣ, Муҳаммад ибни Яъқуб, ал-Кофӣ, тасҳеҳ: Алиакбари Ғаффорӣ ва Муҳаммади Охундӣ, Теҳрон, Дорул-кутубил-исломия, 1407ҳ.қ.
  • Қазвинӣ, Сайид Муҳаммадкозим, ал-Имом-ул-Ҳодӣ мин-ал-маҳди ила-л-лаҳад, Қум, Маркази нашри осори шиа, 1413ҳ.қ.
  • Қаршӣ, Боқиршариф, Ҳаёт-ул-Имом Алии-н-Нақӣ, таҳқиқ: Боқиршариф Қаршӣ, Меҳри дилдор, 1429ҳ.қ./200м.
  • Қумӣ, Шайх Аббос, Мунтаҳа-л-омол, Қум, Далели мо, 1379ҳ.ш.
  • Масъудӣ, Алӣ ибни Ҳусайн, Исбот-ул-васият ли-л-Имом Алӣ ибни Абитолиб, Қум, Ансориён, 1426ҳ.қ.
  • Масъудӣ, Алӣ ибни Ҳусайн, Муруҷ-уз-заҳаб ва маодин-ул-ҷавҳар, Қум, маншуроти Дорул-ҳиҷрат, 1404ҳ.қ.
  • Маҳаллотӣ, Забеҳуллоҳ, Маосир-ул-кубро фи таърихи Сомирро, Қум, ал-мактабатул-Ҳайдария, 1384ҳ.ш./1426ҳ.қ.
  • Маҷлисӣ, Муҳаммадбоқир, Биҳор-ул-анвор, Дору эҳёил-туросил-арабӣ, Бейрут, чопи дувум, 1403ҳ.қ.
  • Муфид, Муҳаммад ибни Муҳаммад, ал-Иршод фи маърифати ҳуҷаҷиллоҳ ала-л-ибод, тасҳеҳи муассисаи Олулбайт (а), Қум, конгресси Шайхи Муфид, 1413ҳ.қ.
  • Навбахтӣ, Ҳасан ибни Мусо, Фирақ-уш-шиъа, Бейрут, Дорул-азвоъ, чопи дувум, бе то.
  • Наҷҷошӣ, Аҳмад ибни Алӣ, Риҷол-ун-Наҷҷошӣ, Қум, Ҷомеъаи мударрисини ҳавзаи илмияи Қум, 1365ҳ.ш.
  • «Охирин вазъияти проекти сохти зариҳи Ҳарами Имомайни Аскарияйн (а)», хабаргузории Форс, интишор: 18 озари 1391ҳ.ш., мушоҳида: 13 мурдоди 1402ҳ.ш.
  • Пешвоӣ, Маҳдӣ, Сираи пешвоён, Қум, муассисаи Имом Содиқ (а), 1372ҳ.ш.
  • Поянда, Абулқосим, тарҷумаи Муруҷ-уз-заҳаб ва маодин-ул-ҷавҳар, Теҳрон, интишороти илмӣ ва фарҳангӣ, чопи панҷум, 1374ҳ.ш.
  • Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, ат-Тавҳид, Қум, Ҷомеъаи мударрисин, 1398ҳ.қ.
  • Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, Илал-уш-шароиъ, Наҷаф, мактабатул-Ҳайдария, 1385ҳ.қ.
  • Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, Ман ло яҳзуруҳу-л-фақиҳ, тасҳеҳи Алиакбари Ғаффорӣ, Қум, Дафтари интишороти исломӣ, чопи дувум, 1413ҳ.қ.
  • Табарӣ, Муҳаммад ибни Ҷарир, Далоил-ул-имомат, Қум, Беъсат, чопи аввал, 1413ҳ.қ.
  • Табарсӣ, Фазл ибни Ҳасан, Эълом-ул-варо би аълом-ил-ҳудо, Қум, муассисаи Олулбайт (а) ли эҳёил-турос, 1417ҳ.қ.
  • Тусӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, Риҷол-ут-Тусӣ, тасҳеҳи Ҷавод Қайюмии исфаҳонӣ, Қум, муассисаи ал-нашрул-исломӣ, чопи сеюм, 1373ҳ.ш.
  • Тусӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, Таҳзиб-ул-аҳком, таҳқиқи Алиакбари Ғаффорӣ, Теҳрон, нашри Садуқ, чопи аввал, 1418ҳ.қ.
  • Тусӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, Феҳристи кутуб-иш-шиа ва усулуҳум, Қум, мактабатул-Муҳаққиқ ат-Таботабоӣ, 1420ҳ.қ.
  • Уторидӣ, Азизуллоҳ, Муснад-ул-Имом-ил-Ҳодӣ алайҳиссалом, Қум, ал-Муътамар-ул-оламӣ ли-л-Имомир-Ризо (а), 1410ҳ.қ.
  • Хомаёр, Аҳмад, Тахриби зиёратгоҳҳои исломӣ дар кишварҳои арабӣ, Қум, Дорул-аълом лимадрсати Аҳлил-Байт (а), 1393ҳ.ш.
  • Ҷабборӣ, Муҳаммадризо, Созмони ваколат ва нақши он дар асри аимма (а), Қум, муассисаи Имом Хумайнӣ (раҳ), 1382ҳ.ш.
  • Ҷаъфариён, Расул, Акзубату таҳриф-ил-Қуръон байна-ш-шиъати ва-с-суннаҳ, Теҳрон, Машъар, 1413ҳ.қ.
  • Ҷаъфариён, Расул, Ҳаёти фикрӣ ва сиёсии аимма, Қум, Ансориён, 1381ҳ.ш.
  • Ҷосим, Муҳаммадҳусайн, Таърихи сиёсии ғайбати Имоми дувоздаҳум, мутарҷим: Сайид Муҳаммадтақӣ Оятуллоҳӣ, сеюм, Теҳрон, Амири Кабир, 1385ҳ.ш.
  • Шукуҳи Сомирро: маҷмӯаи мақолот дар бораи Имом Ҳодӣ ва Имом Асгарӣ алайҳимос-салом, потуқ китоби фардо, мушоҳидаи 13 мурдоди 1402ҳ.ш.