Айюб ибни Нуҳ ибни Дарроҷ

Аз wikishia

Айюб ибни Нуҳ ибни Дарроҷи Нахаъии Куфӣ (арабӣ:اَیّوب بن نوح بن دَرّاج نَخَعی کوفی), фақеҳи имомӣ ва муҳаддиси қарни сеюми ҳиҷрии қамарӣ аст.

Ӯ аз Имом Ризо (а), Имом Ҷавод (а), Имом Ҳодӣ (а) ва Имом Аскарӣ (а) ривоят нақл кардааст. Айюб, вакили Имом Ҳодӣ (а) ва Имом Аскарӣ (а) буда ва назди ин ду Имом ҷойгоҳи хоссе доштааст. Риҷолиён ӯро шахсе, парҳезкору касирулъибодат донистаанд.

Падари Айюб, Нуҳ ибни Дарроҷ аз асҳоби Имом Содиқ (а) ва Имом Козим (а) ва қозии Кӯфа буд. Ҳамчунин гуфта шудааст, Ҷамил ибни Дарроҷ - амаки Айюб, шахси сиқа, вакил ва аз асҳоби Имом Содиқ (а) будааст.

Ҷойгоҳи риҷолӣ

Айюб ибни Нуҳ ибни Дарроҷи Нахаъӣ, фақеҳи имомӣ ва муҳаддис, куняаш Абулҳусайн ва дар шаҳри Кӯфа таваллуд шудааст.[1] Ба гуфтаи риҷолшиносони шиа, Айюб ибни Нуҳ аз асҳоби чаҳор имоми маъсум (а), Имом Ризо (а), Имом Ҷавод (а), Имом Ҳодӣ (а) ва Имом Ҳасани Аскарӣ (а) буд ва аз онҳо ривоят нақл кардааст.[2]

Наҷҷошӣ ва Кашшӣ ӯро амин, вакил ва дорои ҷойгоҳи хос назди Имом Ҳодӣ (а) ва Имом Аскарӣ (а) донистаанд.[3] Ҳамчунин мукотиботе аз ӯ бо Имом Ҳодӣ нақл шудааст.[4] Ба гуфтаи Наҷҷошӣ, Аҳмад ибни Муҳаммади Барқӣ китоби Наводирро ба Айюб ибни Нуҳ мунтасаб кардааст.[5]

Ривоёте аз ӯ дар бораи савоби зиёрати имоми маъсум ва низ дар абвоби фиқҳӣ ҳамчун таҳорат, талоқ, намоз, никоҳ ва ирс нақл шудааст.[6] Ба гуфтаи Оятуллоҳ Хуӣ (ваф.1371ҳ.ш.), номи Айюб дар санади 251 ривоят омада[7] ва Наҷҷошӣ, Кашшӣ, Тусӣ ва Барқӣ - риҷолиёни шиа ӯро сиқа медонанд.[8]

Дар ривояте аз Имом Ҳасани Аскарӣ (а) нақл шудааст, Айюб, аҳли биҳишт аст.[9] Ба гуфтаи Наҷҷошӣ, ӯ парҳезкор ва касирулъибодат будааст.[10]

Машоих

Айюб ибни Нуҳ аз афроди зер ҳадис нақл кардааст:

  • Муҳаммад ибни Абиумайр
  • Абдуллоҳ ибни Синон
  • Абдуллоҳ ибни Маскон
  • Ҳариз ибни Абдуллоҳи Сиҷистонӣ
  • Ҳасан ибни Алӣ Алвашшо
  • Ҳасан ибни Маҳбуб
  • Ҳусайн ибни Усмон
  • Сафвон ибни Исо
  • Алӣ ибни Нуъмони Розӣ
  • Муҳаммад ибни Синон
  • Ҳасан ибни Алӣ ибни Фаззол
  • Сафвон ибни Яҳё
  • Муҳаммад ибни Яҳё ас-Сайрафӣ
  • Меҳрон ибни Муҳаммад
  • Назр ибни Сувайд
  • Муҳаммад ибни Абиҳамза
  • Муҳаммад ибни Фузайл
  • Аббос ибни Омир
  • Абдуллоҳ ибни Муғайра[11]

Ровиён

Ровиён Бархе аз ровиёне, ки аз Айюб ибни Нуҳ ҳадис нақл кардаанд, иборатанд аз:

  • Муҳаммад ибни Алӣ ибни Маҳбуби Қумӣ
  • Аҳмад ибни Муҳаммад ибни Холиди Барқии Қумӣ
  • Саъд ибни Абдуллоҳи Ашъарии Қумӣ
  • Абдуллоҳ ибни Ҷаъфари Ҳимярӣ
  • Муҳаммад ибни Абдуллоҳ ибни Ҷаъфари Ҳимярӣ
  • Муҳаммад ибни Ҳасан Саффори Қумӣ
  • Абон ибни Усмон Аҳмарӣ
  • Алӣ ибни Маҳзиёр
  • Аҳмад ибни Муҳаммад ибни Абдуллоҳ
  • Ҳусайн ибни Саид
  • Ҳусайн ибни Муҳаммад
  • Ҳамдивайҳ ибни Насир
  • Саҳл ибни Зиёди Одамӣ
  • Алӣ ибни Ҳасан ибни Фаззол
  • Алӣ ибни Ҳасан ат-Таймӣ
  • Алӣ ибни Муҳаммад
  • Муҳаммад ибни Аҳмад
  • Муҳаммад ибни Аҳмад ибни Яҳё
  • Муҳаммад ибни Ҷаъфар Абулаббос
  • Муҳаммад ибни Ҳасан
  • Муҳаммад ибни Ҳасан Саффори Қумӣ
  • Муҳаммад ибни Ҳусайн
  • Муҳаммад ибни Алӣ ибни Маҳбуб
  • Муҳаммад ибни Исо
  • Муҳаммад ибни Мусо ас-Симон
  • Муҳаммад ибни Яҳё ал-Аттор
  • Мусо ибни Ҳасан[12]

Хонадон

Хонадони Айюб ибни Нуҳ муқими Кӯфа буданд ва бо қабилаи Нахаъ пайванди валоъ [Ёддошт 1] доштанд, ба ҳамин сабаб ӯро нахаъӣ ё мавло-н-нахаъ низ хондаанд.[13] Риҷолшиносони шиа, Нуҳ ибни Дарроҷ - падари Айюбро қозии Кӯфа, аз асҳоби Имом Содиқ (а) ва Имом Козим (а) ва саҳеҳул-эътиқод донистаанд.[14]

Марқади Нуҳ, атрофи Карбало ва байни нахлистонҳо дар заминҳои қабилаи Оли Масъуд воқеъ шудааст.[15] Ҳамчунин Ҷамил ибни Дарроҷ - амаки Айюбро шахси сақа, вакил ва аз асҳоби Имом Содиқ (а) медонанд.[16] Ба гуфтаи Алӣ Намозии Шоҳрудӣ (ваф.1364ҳ.ш.) дар китоби Мустадрикоти илми риҷол-ул-ҳадис, писарони Айюб, Ҳасан ва Муҳаммад ва ҳамчунин наберааш Аҳмад ибни Қосим ибни Айюб аз ровиёни ҳадис будаанд.[17]

Эзоҳ

  1. Наҷҷошӣ, Риҷоли Наҷҷошӣ, 1365ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.102.
  2. Барқӣ, Риҷоли Барқӣ, 1430ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.331; Амин, Аъён-уш-шиъа, 1403ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.527.
  3. Наҷҷошӣ, Риҷоли Наҷҷошӣ, 1365ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.102; Кашшӣ, Ихтиёру маърифат-ир-риҷол, 1404ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.842; Момақонӣ, Танқиҳ-ул-мақол, Наҷафи ашраф, ҷ.1, саҳ.159.
  4. Намозии Шоҳрудӣ, Мустадракоти илми риҷол, 1414ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.714.
  5. Наҷҷошӣ, Риҷоли Наҷҷошӣ, 1365ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.102.
  6. Хуӣ, Муъҷаму риҷол-ил-ҳадис, 1410ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.263; Раббонии Сабзаворӣ, “Айюб ибни Нуҳ”.
  7. Хуӣ, Муъҷаму риҷол-ил-ҳадис, 1410ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.263.
  8. Хуӣ, Муъҷаму риҷол-ил-ҳадис, 1410ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.264.
  9. Шуштарӣ, Қомус-ур-риҷол, 1410ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.242.
  10. Наҷҷошӣ, Риҷоли Наҷҷошӣ, 1365ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.102.
  11. Хуӣ, Муъҷаму риҷол-ил-ҳадис, 1410ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.263.
  12. Хуӣ, Муъҷаму риҷол-ил-ҳадис, 1410ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.263.
  13. Тусӣ, Риҷоли Тусӣ, 1427ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.352; Ибни Довуди Ҳиллӣ, Риҷоли Ибни Довуд, 1342ҳ.ш., саҳ.64.
  14. Наҷҷошӣ, Риҷоли Наҷҷошӣ, 1365ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.102; Ибни Довуди Ҳиллӣ, Риҷоли Ибни Довуд, 1342ҳ.ш., саҳ.64; Барқӣ, Риҷоли Барқӣ, 1430ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.331.
  15. Фақеҳи Баҳрулъулум, Зиёратгоҳҳои Ироқ, Созмони ҳаҷҷу зиёрат, ҳавзаи намояндагии валии фақиҳ дар умури ҳаҷҷу зиёрот, ҷ.1, саҳ.262.
  16. Ибни Довуди Ҳиллӣ, Риҷоли Ибни Довуд, 1342ҳ.ш., саҳ.64; Наҷҷошӣ, Риҷоли Наҷҷошӣ, 1365ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.102; Барқӣ, Риҷоли Барқӣ, 1430ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.331.
  17. Намозии Шоҳрудӣ, Мустадракоти илми риҷол, 1414ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.714.

Ёддошт


Сарчашма

  • Амин, Сайидмуҳсин, Аъён-уш-шиъа, Бейрут, Дорул-таъоруф лил-матбуъот, 1403ҳ.қ.
  • Барқӣ, Аҳмад ибни Муҳаммад, Риҷол-ул-Барқӣ, Қум, муассисатул-Имомис-Содиқ (а), 1430ҳ.қ.
  • Ибни Довуди Ҳиллӣ, Ҳасан ибни Алӣ ибни Довуд, Риҷоли Ибни Довуд, Теҳрон, донишгоҳи Теҳрон, 1342ҳ.ш.
  • Кашшӣ, Муҳаммад ибни Умар, Ихтиёру маърифат-ир-риҷол, Қум, муассисаи Олулбайт (а) ли эҳёил-турос, 1404ҳ.қ.
  • Момақонӣ, Абдуллоҳ, Танқиҳ-ул-мақол фи илм-ир-риҷол, Наҷафи Ашраф, бено, бе то.
  • Намозии Шоҳрудӣ, Алӣ, Мустадракоти илми риҷол-ул-ҳадис, Теҳрон, Шафақ, 1414ҳ.қ.
  • Наҷҷошӣ, Аҳмад ибни Алӣ, Риҷол-ун-Наҷҷошӣ, Қум, муассисаи ал-Нашрул-исломӣ, 1365ҳ.ш.
  • Раббонии Сабзаворӣ, Абулҳасан, “Айюб ибни Нуҳ”, фаслномаи Фарҳанги Кавсар, № 70, 1386ҳ.ш.
  • Тусӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, Риҷол-ут-Тусӣ, Қум, муассисаи ал-Нашрул-исломӣ, 1427ҳ.қ.
  • Фақеҳи Баҳрулъулум, Муҳаммадмаҳдӣ, Зиёратгоҳҳои Ироқ (муаррифии зиёратгоҳҳои машҳур дар кишвари Ироқ), ношир: Созмони ҳаҷҷу зиёрат, ҳавзаи намояндагии валии фақиҳ дар умури ҳаҷҷу зиёрот, Теҳрон, бе то.
  • Хуӣ, Сайид Абулқосим, Муъҷаму риҷол-ил-ҳадис ва тафсилу табақот-ир-рувот, Қум, маркази нашри Осоруш-шиъа, 1410ҳ.қ.
  • Шуштарӣ, Муҳаммадтақӣ, Қомус-ур-риҷол, Қум, муассисаи ал-Нашрул-исломӣ, 1410ҳ.қ.


Хатои ёдкард: <ref> tags exist for a group named "Ёддошт", but no corresponding <references group="Ёддошт"/> tag was found