Ҳадиси матрук
Ҳадиси матрук ҳадисе ки ровии он муттаҳам ба дурӯғгӯӣ буда ва ривоёташ мухолифи қоидаҳои равшан ва маълум бошад.
Ҳамчунин ба аҳодисе, ки ровиёнаш зиёд иштибоҳ карда ва аҳли фисқи фаровон бошанд, низ ҳадиси матрук гуфтаанд. Бархе муҳаққиқон, ҳадиси матрукро мутародифи ҳадиси матруҳ донистаанд; чунонки иддае ба он, ҳадиси мункар низ гуфтаанд.
Ҳадиси матрук, аз ақсоми ҳадиси мардуд аст ва фуқаҳо ба мазмуни он амал намекунанд. Риҷолшиносони шиа бархилофи аҳли суннат ба ин ҳадис камтар тавваҷуҳ кардаанд.
Ба ровиёни ин навъ аҳодис, матрук ё матрукул-ҳадис гуфта мешавад, ки дар бадтарин маротиби ҷарҳ ва поинтарин навъ аз аҳодиси заъиф, қарор дорад.
Муаррифии иҷмолӣ
Ҳадиси матрук, истилоҳе дар илми дироя аст[1] ва ба ҳадисе гуфта мешавад, ки ровии он муттаҳам ба кизб буда, ровии дигаре онро нақл накарда бошад ва мухолифи қоидҳои равшану маълум низ бошад;[2] ҳамчунин ба аҳодиси касоне ки ба дурӯғгӯӣ шинохта мешаванд низ ҳадиси матрук гуфта мешавад;[3] агарчӣ дурӯғгӯии ӯ дар ҳадис[4] ё ривоёти набавӣ[5] зоҳир набошад. Дар таърифи дигаре, ки бештар нозир ба таърифҳои аҳл суннат аст, ба ҳадисе гуфта мешавад, ки ровии он зиёд иштибоҳ карда ва ё аҳли фисқи зиёд ва ғафлати фаровон будааст.[6]
Ҳадиси матрук, аз ақсоми ҳадиси мардуд буда[7] ва фуқаҳо ба мазмуни он амал намекунанд.[8]
Иддае аз ҳадисшиносон, ба бархе аз мисдоқҳои ҳадиси матрук ишора кардаанд,[9] аҳодиси Умар ибни Шимр аз Ҷобири Ҷуъфӣ аз ин намунааст.[10]
Монандиҳо ва фарқиятҳо бо дигар маротиби ҷарҳ
Ба ҳадиси матрук, ҳадиси маҳҷур низ гуфта мешавад;[11] чунонки бархе аз муҳаддисон ба он, ҳадиси мункур ҳам гуфтаанд.[12] Бо инки ба ҳадиси мавзӯъ монандӣ дорад, вале муҳаддисон ба он, ҳадиси мавзӯъ намегӯянд; зеро танҳо иттиҳом ба дуруғгӯӣ наметавонад ин навъ аз ҳадисро дар зумраи аҳодиси мавзӯъ қарор диҳад.[13]
Ба гуфтаи Абдуллоҳ Момақонӣ (1290 - 1351ҳ.қ.)- риҷолнависи шиа, Шайх Тоҳир Ҷазоирӣ, матрукро мутародифи матруҳ донистаанд; ҳарчанд аксари муҳаққиқон байни ин ду, фарқ қоил шудаанд.[14]
Иддае далели ибҳом, тадохул ва шабоҳати бархе аз ин истилоҳотро адами тавзеҳот ва зикри далел ё санад барои бакоргирии ин навъ истилоҳот, дар кутуби риҷолӣ дониста [Ёддошт 1] ва муътақиданд, ки ҳеҷ роҳе барои шинохти ақидаи риҷолиён дар иртибот бо тавзеҳи ин вожаҳо вуҷуд надорад.[15]
Мартаба ва корбурд
Дар илми риҷол ба ровиёни ҳадиси матрук, матрук ё матрукул-ҳадис гуфта мешавад.[16] Ин иборат дар кутуби риҷолӣ дар канори алфозе чун «каззоби ваззоъ» далолат бар ҷарҳ ва қадҳи ровӣ мекунад.[17]
Матрук ё матрукул-ҳадис дар китобҳои риҷолии аҳли суннат корбурди зиёде дорад ва дар кутуби дироя ба тавзеҳи он пардохтаанд,[18] аммо ин истилоҳ дар манобеи риҷолии мутақаддими шиа чун Риҷоли Наҷошӣ ё Риҷоли Шайх Тусӣ мавриди тавваҷуҳ набуда [Ёддошт 2] ва танҳо дар Риҷоли Ибни Ғазоирӣ дар иртибот бо бархе аз афрод ба кор рафтааст;[19] ҳарчанд ибороти дигаре дар ростои ин мазмун, чун «و حدیثه لیس بذکر النقی»,[20] ё «کان مختلط الامر فی حدیثه»[21] ё «کان ضعیفا فی حدیثه»[22] ва ё «فی حدیثه نظر»[23] дар кутуби риҷолӣ вуҷуд дорад.
Бархе аз муҳаққиқони мутааххир, ҳадиси матрук ё матрукул-ҳадисро дар бахшҳое чун, ақсоми ҳадиси заъиф[24] ё муштаракоти ақсоми арбаъаи ҳадисӣ[25] ё ақсоми хабари воҳид[26] ва ё дар бахши маротиби ҷарҳ[27] зикр кардаанд.
Дар дастабандие, ки дар бархе китобҳои риҷолӣ ва ҳадисшиносии аҳли суннат барои маротиби алфози ҷарҳу таъдил баён шудааст,[28] бино бар назари Ибни Абиҳотам, иборати матрукул-ҳадис дар бадтарин маротиби ҷарҳ қарор дорад.[29] Ҳадиси матрукро поинтарин навъ аз аҳодиси заъиф низ донистаанд.[30]
Эзоҳ
- ↑ Ҷамъе аз пажӯҳишгарон, Фарҳанги фиқҳ, 1426ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.278.
- ↑ Субҳонӣ, Усул-ул-ҳадис, 1426ҳ.қ., саҳ.95.
- ↑ Хатиб, Усул-ул-ҳадис, 1428ҳ.қ., саҳ.229.
- ↑ Момақонӣ, Миқбос-ул-ҳидоя, 1411ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.315; Маръашлӣ, Улум-ул-ҳадис-иш-шариф, 1433ҳ.қ., саҳ.102.
- ↑ Маръашлӣ, Улум-ул-ҳадис-иш-шариф, 1433ҳ.қ., саҳ.102.
- ↑ Қосимӣ, Қавоид-ут-таҳдис, 1425ҳ.қ., саҳ.209, Субҳӣ Солеҳ, Улуми ҳадис ва истилоҳоти он, 1383ҳ.ш., саҳ.156. Ба нақл аз Алфияи Суютӣ, саҳ.94; Хатиб, Усул-ул-ҳадис, 1428ҳ.қ., саҳ.229.
- ↑ Қосимӣ, Қавоид-ут-таҳдис, 1425ҳ.қ., саҳ.209; Маръашлӣ, Улум-ул-ҳадис-иш-шариф, 1433ҳ.қ., саҳ.90.
- ↑ Ҷамъе аз пажӯҳишгарон, Фарҳанги фиқҳ, 1426ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.278.
- ↑ Барои иттилооти бештар руҷӯъ кунед ба: Қосимӣ, Қавоид-ут-таҳдис, 1425ҳ.қ., саҳ.209; Субҳӣ Солеҳ, Улуми ҳадис ва истилоҳоти он, 1383ҳ.ш., саҳ.156.
- ↑ Хатиб, Усул-ул-ҳадис улумуҳу ва мусталаҳуҳу, 1428ҳ.қ., саҳ.229.
- ↑ Ҷамъе аз пажӯҳишгарон, Фарҳанги фиқҳ, 1426ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.278.
- ↑ Қосимӣ, Қавоид-ут-таҳдис, 1425ҳ.қ., саҳ.209; Мудиршоначӣ, Дироят-ул-ҳадис, 1388ҳ.ш., саҳ.99, ба нақл аз: Суютӣ, Дироя мураввиҷ, саҳ.63.
- ↑ Маръашлӣ, Улум-ул-ҳадис-иш-шариф, 1433ҳ.қ., саҳ.102; Қосимӣ, Қавоид-ут-таҳдис, 1425ҳ.қ., саҳ.209.
- ↑ Момақонӣ, Миқбос-ул-ҳидоя, 1411ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.316.
- ↑ Барои намуна руҷӯъ кун ба: Маҳризӣ, Ҳадиспажӯҳӣ, 1390ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.113.
- ↑ Ибни Ғазоирӣ, ар-Риҷол, 1422ҳ.қ., саҳ.48, 78.
- ↑ Каҷурии Шерозӣ, ал-Фавоид-ур-риҷолийя, 1424ҳ.қ., саҳ.120.
- ↑ Момақонӣ, Миқбос-ул-ҳидоя, 1411ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.315.
- ↑ Ибни Ғазоирӣ, ар-Риҷол, 1422ҳ.қ., саҳ.48, 78.
- ↑ Наҷошӣ, Риҷол, 1365ҳ.ш., саҳ.19.
- ↑ Наҷошӣ, Риҷол, 1365ҳ.ш., саҳ.172.
- ↑ Тусӣ, Риҷол-ут-Тусӣ, 1415ҳ.қ., саҳ.48.
- ↑ Тусӣ, Риҷол-ут-Тусӣ, 1415ҳ.қ., саҳ.39.
- ↑ Субҳӣ Солеҳ, Улуми ҳадис ва истилоҳоти он, 1383ҳ.ш., саҳ.156; Хатиб, Усул-ул-ҳадис, 1428ҳ.қ., саҳ.229.
- ↑ Субҳонӣ, Усул-ул-ҳадису аҳкома, 1426ҳ.қ., саҳ.95.
- ↑ Ҷамъе аз пажӯҳишгарон, Фарҳанги фиқҳ, 1426ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.278.
- ↑ Ҷадидинажод, Дониши риҷол аз дидгоҳи аҳли суннат, 1381ҳ.ш., саҳ.157; Ҳофизиён, Расоил фи дироят-ил-ҳадис, 1384ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.228, 492.
- ↑ Ҷадидинажод, Дониши риҷол аз дидгоҳи аҳли суннат, 1381ҳ.ш., саҳ.157 - 161.
- ↑ Ҷадидинажод, Дониши риҷол аз дидгоҳи аҳли суннат, 1381ҳ.ш., саҳ.161.
- ↑ Хатиб, Усул-ул-ҳадис, 1428ҳ.қ., саҳ.230; Момақонӣ, Миқбос-ул-ҳидоя, 1411ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.315.
Ёддошт
Сарчашма
- Ибни Ғазоирӣ, Аҳмад ибни Ҳусайн, ар-Риҷол, Қум, муассисаи илмӣ-фарҳангии Дорул-ҳадис, 1422ҳ.қ.
- Каҷварии Шерозӣ, Муҳаммадмаҳдӣ, ал-Фавоид-ур-риҷолийя, Қум, муассисаи илмӣ- фарҳангии Дорул-ҳадис, 1424ҳ.қ.
- Қосимӣ, Ҷамолиддин, Қавоид-ут-таҳдис мин фунун-ил-мусталаҳ-ил-ҳадис, Бейрут, маншуроти Марвон Ризвон Деъбул, 1425ҳ.қ.
- Маръашлӣ, Юсуф, Улум-ул-ҳадис-иш-шариф, Бейрут, Дорул-маърифат, 1433ҳ.қ.
- Маҳризӣ, Маҳдӣ, Ҳадиспажӯҳӣ, Қум, муассисаи илмӣ-фарҳангии Дорул-ҳадис, чопи дувум, 1390ҳ.ш.
- Момақонӣ, Абдуллоҳ, Миқбос-ул-ҳидоя, Қум, муассисаи Олулбайт (а), 1411ҳ.қ.
- Мудиршоначӣ, Козим, Дироят-ул-ҳадис, Қум, Дафтари интишороти исломӣ, 1388ҳ.ш.
- Наҷошӣ, Аҳмад ибни Алӣ, Феҳристу асмои мусаннифи-ш-шиъа, Қум, муассисаи Нашри исломӣ, 1365ҳ.ш.
- Субҳӣ Солеҳ, Мусо, Улуми ҳадис ва истилоҳоти он, тарҷумаи Одил Нодиралӣ, Қум, интишороти Усва, 1383ҳ.ш.
- Субҳонӣ, Ҷаъфар, Усул-ул-ҳадис ва аҳкомуҳ фи илм-ил-дироя, Қум, муассисаи ал-Нашрул-исломӣ, 1426ҳ.қ.
- Тусӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, Риҷол-ут-Тусӣ, Қум, муассисаи Нашри исломӣ, 1415ҳ.қ.
- Хатиб, Муҳаммад Иҷоҷ, Усул-ул-ҳадис улумуҳу ва мусталаҳуҳу, Бейрут, Дорул-фикр, 1428ҳ.қ.
- Ҳофизиён, Абулфазл, Расоил фи дироят-ил-ҳадис, Қум, муассисаи илмӣ - фарҳангии Дорул-ҳадис, чопи дувум, 1384ҳ.ш.
- Ҷадидинажод, Муҳаммадризо, Дониши риҷол аз дидгоҳи аҳли суннат, Қум, муассисаи илмӣ - фарҳангии Дорул-ҳадис, 1381ҳ.ш.
- Ҷамъе аз пажӯҳишгарон, зери назари Сайидмаҳмуд Ҳошимии Шоҳрудӣ, Фарҳанги фиқҳ мутобиқи мазҳаби Аҳли Байт (а), Қум, муассисаи доиратулмаорифи фиқҳи исломӣ бар мазҳаби Аҳли Байт (а), 1426ҳ.қ.
Хатои ёдкард: <ref>
tags exist for a group named "Ёддошт", but no corresponding <references group="Ёддошт"/>
tag was found