Яҳё ибни Ҳарсама
Яҳё ибни Ҳарсама аз ровиёни Имом Ҳодӣ (а) аст.
Ӯ аз сӯи Мутаваккили Аббосӣ маъмурият ёфт, ки Имом Ҳодӣ (а)-ро аз Мадина ба Сомирро мунтақил кунад. Ӯ пайрави мазҳаби ҳашвия буд ва таҳти таъсири мушоҳидаи каромоте аз Имом Ҳодӣ дар ин сафар, шиа шуд. Дар манобеи ривоии шиа, ба нақли ӯ ривоёте аз Имом Ҳодӣ (а) дар заминаи ҷузъиёти сафар ва каромоти Имом, нақл шудааст.
Дар таърих ба роҳбонии масири Макка дар соли 233ҳ.қ., ҳукмронии ӯ бар Қум дар соли 243 ва сипас Исфаҳон дар соли 260ҳ.қ., низ ишора шудааст.
Зиндагинома
Яҳё ибни Ҳарсама фарзанди коргузор ва сардори машҳури Ҳорунар-Рашид ва Маъмуни Аббосӣ, ба номи Ҳарсама ибни Аъян будааст.[1] Аз таърихи дақиқи вилодат ва вафоти Яҳё хабаре дар даст нест. Ӯ дар соли 233ҳ.қ., роҳбонии масири Маккаро бар уҳда дошт.[2]
Бинобар нақли таърихи Қумӣ, Яҳё ибни Ҳарсама дар соли 243ҳ.қ., ва дар замони ҳукумати Мутаваккили Аббосӣ (206 - 247ҳ.қ.), ҳукмрони Қум шуд.[3] Вай дар ҷанги байни Мустаъин ва Муътаззи Аббосӣ дар соли 252ҳ.қ., ширкат дошт.[4] Бархе аз таърихнигорон ӯро волии Исфаҳон дар соли 260ҳ.қ., низ донистаанд.[5]
Ҳамроҳии Имом Ҳодӣ (а) аз Мадина ба Сомирро
Яҳё ибни Ҳарсама дар соли 233ҳ.қ. аз сӯи Мутаваккил маъмур шуд, ки Имом Ҳодиро аз Мадина ба Сомирро мунтақил кунад.[6] Агарчӣ Шайх Муфид дар китоби ал-Иршод ин дастури Мутаваккилро барои соли 243ҳ.қ. гузориш карда,[7] аммо Расули Ҷаъфариён - пажӯҳишгари таърихи Ислом, ин таърихро носаҳеҳ донистааст.[8]
Мутаваккили Аббосӣ ба хотири гузоришҳое мабнӣ бар эътиқоди мардуми Мадина ба имомати Имом Ҳодӣ (а)[9] ва ҳамчунин бадгӯӣ аз Имом тавассути Абдуллоҳ ибни Муҳаммад[10] ё Бурайҳаи Аббосӣ,[11] номае эҳтиромомез, тавассути Яҳё ибни Ҳарсама барои Имом ирсол кард ва ӯро ба Сомирро даъват намуд.[12] Бино бар ончӣ ки Сибт ибни Ҷавзӣ ба сиранигорон нисбат додааст, Мутаваккил буғзи Алӣ (а) ва авлодашро дошт ва аз шунидани хабари инки мардуми Мадина ба Имом Ҳодӣ (а) мутамойил шудаанд, эҳсоси хатар кард ва ба Яҳё маъмурият дод, ӯро аз Мадина ба Бағдод биоварад.[13]
Аз Яҳё ибни Ҳарсама нақл шудааст, ин маъмурият бо мухолифати мардуми Мадина рӯбарӯҳ шуд.[14] Онон чунон нолаю шеване ба роҳ андохтанд, ки то он замон нашунида будам.[15] Яҳё савганд ёд кард, ки ҷуз бо эҳтиром бо Имом Ҳодӣ (а) рафтор накунад.[16]
Мазҳаб
Бар пояи ончӣ ки аз Яҳё ибни Ҳарсама нақл шудааст, ӯ пайрави мазҳаби ҳашвия будааст, ки бо дидани каромоте аз Имом Ҳодӣ (а) дар ҳини ҳамроҳии ӯ аз Мадина ба Сомирро шиа шудааст.[17] Ба гуфтаи Муҳаммадсолеҳи Мозандаронӣ, ин матлаб дар китоби Риҷоли Фозили Астарободӣ низ омадааст.[18]
Дар манобеи ривоии шиа ривоёте тавассути ӯ аз Имом Ҳодӣ (а) ва баёни ҷузъиёти сафари эшон[19] ва бархе каромот нақл шудааст; аз ҷумла: мушоҳидаи зуҳури дарахт ва чашмаи об дар сарзамини гарму беобу алаф[20] ва ҳамчунин таҳияи либоси гарм барои сафар дар ҳавои гарми тобистон ва борон ва сармои ғайримунтазира.[21]
Ҷусторҳои вобаста
Эзоҳ
- ↑ Зириклӣ, ал-Аълом, 1989м, ҷ.8, саҳ.81.
- ↑ Табарӣ, Таърих-ул-умами ва-л-мулук, 1387ҳ.қ., ҷ.9, саҳ.163.
- ↑ Қумӣ, Таърихи Қум, 1361ҳ.ш., саҳ.103.
- ↑ Табарӣ, Таърих-ул-умами ва-л-мулук, 1387ҳ.қ., ҷ.9, саҳ.293.
- ↑ Қумӣ, Таърихи Қум, 1361ҳ.ш., саҳ.185.
- ↑ Яъқубӣ, Таърихи Яъқубӣ, Бейрут, ҷ.2, саҳ.484; Навбахтӣ, Фирақ-уш-шиъа, 1404ҳ.қ., саҳ.92; Ашъарии Қумӣ, ал-Мақолоту ва-л-фирақ, 1360ҳ.ш., саҳ.100; Қумӣ, Таърихи Қум, 1361ҳ.ш., саҳ.201.
- ↑ Шайх Муфид, ал-Иршод, 1413ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.310.
- ↑ Ҷаъфариён, Расул, Ҳаёти фикрӣ ва сиёсии аимма, 1381ҳ.ш., саҳ.503
- ↑ Яъқубӣ, Таърихи Яъқубӣ, Бейрут, ҷ.2, саҳ.484.
- ↑ Ибни Шаҳрошуб, Маноқибу Оли Абитолиб, 1379ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.417.
- ↑ Масъудӣ, Исбот-ул-васият, 1426ҳ.қ., саҳ.233.
- ↑ Барои дидани матни нома ниг.: Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.501.
- ↑ Ибни Ҷавзӣ, Тазкират-ул-хавос, 1418ҳ.қ., саҳ.322.
- ↑ Масъудӣ, Муруҷ-уз-заҳаб, 1409ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.84; Сибт ибни Ҷавзӣ, Тазкират-ул-хавос, 1418ҳ.қ., саҳ.32.
- ↑ Масъудӣ, Муруҷ-уз-заҳаб, 1409ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.84.
- ↑ Масъудӣ, Муруҷ-уз-заҳаб, 1409ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.85.
- ↑ Ирбилӣ, Кашф-ул-ғумма, 1381ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.392; Ибни Ҳамзаи Тусӣ, ас-Соқиб фи-л-маноқиб, 1419ҳ.қ., саҳ.552; Қутбиддини Ровандӣ, ал-Хароиҷ ва-л-ҷароиҳ, 1409ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.396.
- ↑ Мозандаронӣ, Шарҳи ал-Кофӣ, ал-усул ва-р-равза, 1382ҳ.қ., ҷ.7, саҳ.303.
- ↑ Барои намуна ниг.: Масъудӣ, Муруҷ-уз-заҳаб, 1409ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.84; Ирбилӣ, Кашф-ул-ғумма, 1381ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.390.
- ↑ Ибни Ҳамзаи Тусӣ, ас-Соқиб фи-л-маноқиб, 1419ҳ.қ., саҳ.531.
- ↑ Ибни Ҳамзаи Тусӣ, ас-Соқиб фи-л-маноқиб, 1419ҳ.қ., саҳ.551 - 552; Қутбиддини Ровандӣ, ал-Хароиҷ ва-л-ҷароиҳ, 1409, ҷ.1, саҳ.396; Омилии Наботӣ, ас-Сирот-ул-мустақим, 1384ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.202.
Сарчашма
- Ашъарии Қумӣ, Саъд ибни Абдуллоҳ, ал-Мақолоту ва-л-фирақ, Қум, Интишороти илмӣ ва фарҳангӣ, 1360ҳ.ш.
- Зириклӣ, Хайриддин, ал-Аълом, Бейрут, Дорул-илми лил-малоин, чопи ҳаштум, 1989м.
- Ибни Ҳамзаи Тусӣ, Муҳаммад ибни Алӣ, ас-Соқиб фи-л-маноқиб, таҳқиқ: Набил Ризо Алвон, Қум, Ансориён, 1419ҳ.қ.
- Ибни Ҷавзӣ, Абулфараҷ, ал-Мунтазам фи таърих-ил-умами ва-л-мулук, таҳқиқи Муҳаммад Абдуқодир Ато ва Мустафо Абдуқодир Ато, Бейрут, Дорул-кутубил-илмия, 1412ҳ.қ.
- Ибни Шаҳрошуби Мозандаронӣ, Муҳаммад ибни Алӣ, Маноқибу Оли Абитолиб, Қум, Аллома, 1379ҳ.қ.
- Ирбилӣ, Алӣ ибни Исо, Кашф-ул-ғумма фи маърифат-ил-аимма, таҳқиқи Сайидҳошим Расулии Маҳаллотӣ, Табрез, Баниҳошим, 1381ҳ.қ.
- Кулайнӣ, Муҳаммад ибни Яъқуб, ал-Кофӣ, таҳқиқи Алиакбари Ғаффорӣ ва Муҳаммади Охундӣ, Теҳрон, Дорул-кутубил-исломия, 1407ҳ.қ.
- Қумӣ, Ҳасан ибни Муҳаммад ибни Ҳасан, Таърихи Қум, тарҷумаи Ҳасан ибни Алӣ ибни Ҳасан Абдилмалики Қумӣ, таҳқиқи Сайид Ҷалолиддини Теҳронӣ, Теҳрон, Тус, 1361ҳ.ш.
- Қутбиддини Ровандӣ, Саид ибни Ҳибатуллоҳ, ал-Хароиҷ ва-л-ҷароиҳ, таҳқиқи муассисатул-Имоми-л-Маҳдӣ (аҷ), Қум, муассисаи Имом Маҳдӣ (аҷ), 1409ҳ.қ.
- Масъудӣ, Алӣ ибни Ҳусайн, Исбот-ул-васият ли-л-Имом Алӣ ибни Абитолиб, Қум, Ансориён, 1426ҳ.қ.
- Масъудӣ, Алӣ ибни Ҳусайн, Муруҷ-уз-заҳаб ва маодин-ул-ҷавҳар, таҳқиқи Асъад Доғир, Қум, Дорул-ҳиҷрат, чопи дувум, 1409ҳ.қ.
- Мозандаронӣ, Муҳаммадсолеҳ ибни Аҳмад, шарҳи ал-Кофӣ, ал-усул ва-р-равза, таҳқиқи Абулҳасан Шаъронӣ, Теҳрон, ал-Мактабатул-исломия, 1382ҳ.қ.
- Муфид, Муҳаммад ибни Муҳаммад, ал-Иршод фи маърифати ҳуҷаҷиллоҳ ала-л-ибод, таҳқиқи муассисаи Олулбайт (а), Қум, конгресси Шайх Муфид, 1413ҳ.қ.
- Навбахтӣ, Ҳасан ибни Мусо, Фирақ-уш-шиъа, Бейрут, Дорул-азвоъ, 1404ҳ.қ.
- Омилии Наботӣ, Алӣ ибни Муҳаммад, ас-Сирот-ул-мустақим ила мустаҳаққи-т-тақдим, таҳқиқи Михаил Рамазон, Наҷаф, ал-Мактабатул-Ҳайдария, 1384ҳ.қ.
- Сибт ибни Ҷавзӣ, Юсуф ибни Ҳисомиддин, Тазкират-ул-хавос, Қум, маншуроти ал-Шариф ал-Разӣ, 1418ҳ.қ.
- Табарӣ, Муҳаммад ибни Ҷарир, Таърих-ул-умами ва-л-мулук, таҳқиқи Муҳаммад Абулфазл Иброҳим, Бейрут, Дорул-турос, чопи дувум, 1387ҳ.қ.
- Яъқубӣ, Аҳмад ибни Абияъқуб, Таърихи Яъқубӣ, Бейрут, Дорусодир, бе то.