Үндана:Сарзамини Аҳқоф
Ин мақола дар бораи сарзамини Аҳқоф аст. Барои ошноӣ ба сурае бо ҳамин ном мақолаи сураи Аҳқофро бубинед.
Саризамини Аҳқоф (форсӣ: سرزمین احقاف) маконе дар Шибҳиҷазираи Арабистон аст, ки ҷойгоҳи зиндагии ҳазрати Ҳуд ва қавми Од будааст. Тибқи оятҳои Қуръон, ин сарзамин дар аввал сарсабзу обод буд ва Қуръон аз тамадуни бошукӯҳу беназири қавми Од дар он ёд кардааст,[1] вале пас аз нофармонӣ ва саркашии қавми Од дар баробари даъвати ҳазрати Ҳуд ба яктопарастӣ ва фуруд омадани азоби Илоҳӣ [2] ба минтақае хушк ва биёбонӣ табдил ёфт. Қуръон ба воқеаҳои қавми Од дар сураи Аҳқоф пардохтааст. [3]
Ба қавли Аллома Таботабоӣ, сарзамини Аҳқоф, ки дар ҷануби Шибҳиҷазираи Арабистон ҷойгир буда, аммо аз он асаре боқӣ намондааст.[4] Аммо дар таъини макони дақиқи он миёни таърихнигорон ва ҷуғрофидонон ихтилофи назар вуҷуд дорад.[5] Уммон ва сарзамини Маҳра дар Яман, регзорҳои наздики баҳр дар Яман, инчунин минтақаҳои байни Уммон то Ҳазрамавт эҳтимол дода шудааст.[6] Ҷуғрофидонони асрҳои миёна онро бо ҳамон биёбони Рубъ-ул-холӣ ё қисме аз он ҳамчун сарзамини Аҳқоф шинохтаанд.[7] Ба гуфтаи Абдулкарим Беозори Шерозӣ, бодиянишинони ҷануби Арабистони Саудӣ ба минтақаи кӯҳии аз Зуфор то Адан бо марказияти Ҳазрамавт, сарзамини Аҳқоф меноманд.[8] Дар ин сарзамин, маконе ба унвони қабри ҳазрати Ҳуд (а) шинохта мешавад.[9]
Эзоҳ
- ↑ Сураи Фаҷр, ояти 6–8
- ↑ Таботабоӣ, «ал-Мизон», 1309ҳ.қ., ҷ.18, саҳ.210
- ↑ «Донишномаи Қуръон ва қуръоншиносӣ», 1377ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.1250–1251
- ↑ Таботабоӣ, «ал-Мизон», 1309ҳ.қ., ҷ.18, саҳ.210
- ↑ Таботабоӣ, «ал-Мизон», 1309ҳ.қ., ҷ.18, саҳ.210
- ↑ Таботабоӣ, «ал-Мизон», 1309ҳ.қ., ҷ.18, саҳ.210; Табарсӣ, «Маҷмаъ-ул-баён», 1372ҳ.ш., ҷ.9, саҳ.135-136
- ↑ Беозори Шерозӣ, «Бостоншиносӣ ва ҷуғрофиёи таърихии қасаси Қуръон», 1380ҳ.ш., саҳ.307
- ↑ Беозори Шерозӣ, «Бостоншиносӣ ва ҷуғрофиёи таърихии қасаси Қуръон», 1380ҳ.ш., саҳ.308
- ↑ Беозори Шерозӣ, «Бостоншиносӣ ва ҷуғрофиёи таърихии қасаси Қуръон», 1380ҳ.ш., саҳ.307; Наҷҷор, «Қисас-ул-анбиё», 1406ҳ.қ., саҳ.54
Сарчашма
- «Донишномаи Қуръон ва қуръоншиносӣ», ҷ.2, ба кӯшиши Баҳоуддин Хуррамшоҳӣ, Теҳрон: Дӯстон-Ноҳид, 1377ҳ.ш.
- Беозори Шерозӣ, Абдулкарим, «Бостоншиносӣ ва ҷуғрофиёи таърихии қасаси Қуръон», Теҳрон: Дафтари нашри фарҳанг ва маорифи исломӣ, 1380ҳ.ш.
- Наҷҷор, Абдулваҳҳоб, «Қисас-ул-анбиё», Бейрут: Эҳё-ут-турос-ил-арабӣ, чопи нуҳум, 1406ҳ.қ.
- Табарсӣ, Фазл ибни Ҳасан, «Маҷмаъ-ул-баён фи тафсир-ил-Қуръон», Теҳрон: Носири Хусрав, 1372ҳ.ш.
- Таботабоӣ, Сайид Муҳаммадҳусайн, «ал-Мизон фи тафсир-ил-Қуръон», Бейрут: Муассисат-ул-аълами ли-л-матбуот, 1390ҳ.қ.