Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Үндана:Моҳҳои ҳаром

Аз wikishia


Моҳҳои ҳаром (форсӣ: ماه‌های حرام) моҳҳое, ки ҷанг дар онҳо ҳаром аст. Ин моҳҳо иборатанд аз: зулқаъда, зулҳиҷҷа, муҳаррам ва раҷаб. Дар Қуръон омадааст, ки ҳурмати ин моҳҳо бояд ҳифз шавад ва дар онҳо набояд биҷангед; магар он ки ҷанг, дифоӣ бошад; яъне мусалмонон оғозкунандаи ҷанг набошанд ва барои дифоъ аз худ маҷбур ба ҷанг шаванд. Аз аҳкоми фиқҳии моҳҳои ҳаром ин аст, ки агар касе қатли амдӣ ё ғайриамд дучор шавад, бояд сеяк бештар аз дияро бипардозад.

Ҳурмати ҷанг дар ин моҳҳо миёни арабҳои ҷоҳилият ҳам маъмул буд: аммо гоҳ ҳурмати яке аз ин моҳҳоро бармедоштанд ва моҳи дигарро ҳаром эълон мекарданд, то тавонанд дар моҳи ҳаром ҷанг кунанд. Ин амал «насӣ» номида шуда ва дар Қуръон гуноҳи бузург шумурда шудааст.

Моҳи ҳаром яъне чӣ ва кадом моҳҳо ҳароманд?

Дар Ислом, бар асоси оятҳои Қуръон ва ривоятҳо чаҳор моҳ бо унвони «моҳи ҳаром» хонда мешаванд.[1] Далели номгузории ин моҳҳо ба моҳҳои ҳаромро ҳаром будани ҷанг[2] ва ҳурмат доштани ин моҳҳо баён карданд.[3] Илова бар ин, Шайхи Тусӣ дар тафсири Тибён, ҳаром будани ин моҳҳоро ба ин маъно дониста, ки анҷоми кори ҳаром дар ин моҳҳо, шадидтар ва бадтар аз моҳҳои дигар аст.[4] Ҳамчунин ба гуфтаи уламои мусулмон, савоби ҳасанот дар ин моҳҳо афзоиш меёбад.[5]

Дар Қуръон ба ин масъала тасреҳ шудааст. Дар ояти 36 сураи Тавба омадааст теъдоди моҳҳо назди Худованд, дувоздаҳ моҳ аст ва аз миёни онҳо, чаҳор моҳ, ҳаром аст. Тибқи ривояте аз Пайғамбари акрам (с) аз чаҳор моҳи ҳаром, се моҳ, ба сурати пайиҳам меоянд, ки иборатанд аз: зулқаъда, зулҳиҷҷа ва муҳаррам ва як моҳ, яъне моҳи раҷаб, ҷудогона аст.[6]

Замони ташреъи моҳҳои ҳаром

Ба эътиқоди бештари муфассирон, ҳурмати моҳҳои ҳаром дар замони Иброҳими набӣ (а) ташреъ[7] ва то замони ҷоҳилият муҳтарам шумурда мешуд.[8] Ин эҳтиром чунон буд, ки агар шахсе қотили падари худро дар моҳи ҳаром медид, ба ӯ кордор намешуд.[9] Аҳмади Байҳақӣ, олими мусулмон (ваф.458ҳ.қ.), навиштааст аҳли ҷоҳилият дар моҳи раҷаб, аслиҳаҳои худро канор мегузоштанд, мардум дар оромиши комил ба сар мебурданд, дар роҳҳо амнияти комил барқарор буд ва ҳеҷ як аз мардум хавф ва ҳаросе аз якдигар надоштанд. [10] Ин суннати иброҳимӣ то зуҳури Ислом ҳамчунон дар миёни араб роиҷ ва муҳтарам буд, то ин ки Қуръон онро таъйид кард.[11]

Аҳкоми моҳҳои ҳаром

Аҳкоми фиқҳии моҳҳои ҳаром яке ин аст, ки ҷанг кардан дар ин моҳ ҳаром аст; агар ба мусалмонон ҳамла шавад, онҳо ҳаққи дифоъ аз худро доранд.[12] Ҳукми фиқҳии дигар ин аст, ки дияи қатл дар моҳ аз як се ҳисса бештар аз моҳҳои дигар аст;[13] фарқе ҳам надорад ки қатл, қасдан бошад ё шибҳи амд ё ғайриамд.[14]

Дар Қуръон ҳурмати ҷанг дар моҳҳои ҳаром баён шудааст. Дар ояти 217 сураи Бақара омадааст: «Ясъалунака ан-иш-шаҳр-ил-ҳароми қитолин фиҳ. Қул қитолун фиҳи кабир; Аз ту дар бораи моҳе, ки корзор дар он ҳаром аст мепурсанд. Бигӯ: корзор дар он, гуноҳест бузург.» Ҳамчунин омадааст: «Аш-шаҳр-ул-ҳарому би-ш-шаҳр-ил-ҳароми ва-л-ҳурумоту қисос. Фаман-иътадо алайкум фаътаду алайҳи би-мисли маътадо алайкум ва-т-тақуллоҳа ва-ъламу анналлоҳа маъа-л-муттақин; Моҳи ҳаром, дар баробари моҳи ҳаром. (Агар душманон, эҳтироми онро шикастанд, ва дар он бо шумо ҷанг карданд, шумо низ ҳақ доред муқобила ба мисл кунед.) ва тамоми ҳаромҳо, (қобили) қисос аст. Ва (ба таври куллӣ) ҳар кас ба шумо таҷовуз кард, ҳамонанди он бар ӯ тааддӣ кунед ва аз Худо бипарҳезед (ва зиёдаравӣ нанамоед) ва бидонед Худо бо парҳезгорон аст.»[15]

Насӣ

Насӣ ба маънои ба таъхир андохтани моҳҳои ҳаром аст.[16] Дар замони ҷоҳилият, гоҳе қабилае, ки мехост дар яке аз моҳҳои ҳаром биҷангад, бо пардохтани маблағе, аз мутаваллиёни Каъба дархост мекард, ки он моҳро ҳалол эълон кунанд ва ба ҷои он моҳи дигарро ҳаром гардонанд.[17] Моҳеро ки ҳурматаш бардошта мешуд «насӣ» меномиданд.[18] Қуръон дар ояти 36 ва 37 сураи Тавба, суннати насиро накӯҳида ва онро мояи афзоиши куфр ва гумроҳии инсон муаррифӣ кардааст.[19]

Фалсафаи ҳурмати моҳҳои ҳаром

Ба гуфтаи Макорими Шерозӣ, муфассири Қуръон, ҳурмати ҷанг дар моҳҳои ҳаром, яке аз роҳҳои поён додан ба ҷангҳои тӯлонимуддат буд то воситае барои даъват ба сулҳ ва оромиш бошад. Ҳангоме ки чаҳор моҳ аз сол, аслиҳаро канор мегузоранд, маҷоле барои тафаккур ва андеша ба вуҷуд меояд ва эҳтимоли поён додан ба ҷанг, бисёр зиёд аст.[20] Аллома Таботабоӣ низ муътақид аст бо даст кашидан аз ҷанг, амнияти умумӣ дар ҳама ҷо ҳукмфармо мешавад, то мардум бо фароҳам овардани васоили осоиш ба зиндагии худ бирасанд ва бо тоати Илоҳӣ ба қурби Парвардигори худ роҳ ёбанд.[21]

Эзоҳ

  1. ↑ Кошонӣ, Манҳаҷ-ус-содиқин, Теҳрон, ҷ.4, саҳ.265; Тусӣ, ат-Тибён, ҷ.5, саҳ.214; Суютӣ, ад-Дурр-ул-мансур, ҷ.4, саҳ.183; Тусӣ, Таҳзиб-ул-аҳком, ҷ.4, саҳ.161; Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, ҷ.55, саҳ.339.
  2. ↑ Тусӣ, ат-Тибён, ҷ.2, саҳ.149; Табарӣ, Ҷомеъ-ул-баён, ҷ.10, саҳ.56.
  3. ↑ Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, ҷ.2, саҳ.551.
  4. ↑ Тусӣ, ат-Тибён, ҷ.5, саҳ.214.
  5. ↑ Қумӣ, Тафсир ал-Қумӣ, ҷ.1, саҳ.67; Ҷассос, Аҳком-ул-Қуръон, ҷ.4, саҳ.308.
  6. ↑ Тусӣ, Таҳзиб-ул-аҳком, ҷ.4, саҳ.161; Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, ҷ.55, саҳ.339.
  7. ↑ Кошонӣ, Манҳаҷ-ус-содиқин, Теҳрон, ҷ.4, саҳ.267; Таботабоӣ, Тафсири ал-Мизон, ҷ.9, саҳ.271; Ибни Арабӣ, Аҳком-ул-Қуръон, ҷ.2, саҳ.943; Суютӣ, ад-Дурр-ул-мансур, ҷ.4, саҳ.188.
  8. ↑ Таййиб, Атяб-ул-баён, ҷ.8, саҳ.218.
  9. ↑ Тусӣ, ат-Тибён, ҷ.5, саҳ.214.
  10. ↑ Байҳақӣ, Шуъаб-ул-имон, ҷ.5, саҳ.338.
  11. ↑ Таботабоӣ, Тафсири ал-Мизон, ҷ.9, саҳ.266.
  12. ↑ Имом Хумайнӣ, Истифтоот, ҷ.1, саҳ.515.
  13. ↑ Имом Хумайнӣ, Таҳрир-ул-васила, ҷ.2, саҳ.530; «توضیح‌المسائل جامع», Пойгоҳи иттилоърасонии Дафтари Оятуллоҳ Систонӣ.
  14. ↑ «توضیح‌المسائل جامع», Пойгоҳи иттилоърасонии Дафтари Оятуллоҳ Систонӣ.
  15. ↑ Сураи Бақара, ояти 194.
  16. ↑ Ҷаъфарӣ, «بحثی درباره «نسیء» و رابطه آن با حج», саҳ.119.
  17. ↑ Субҳонӣ, Маншури ҷовид, ҷ.6, саҳ.35.
  18. ↑ Таботабоӣ, Тафсири ал-Мизон, ҷ.9, саҳ.271.
  19. ↑ Сураи Тавба, ояти 36 ва 37.
  20. ↑ Макорим, Тафсири намуна, ҷ.7, саҳ.408.
  21. ↑ Таботабоӣ, Тафсири ал-Мизон, ҷ.9, саҳ.268; ад-Дурр-ул-мансур, ҷ.4, саҳ.185.

Сарчашма

  • Байҳақӣ, Аҳмад ибни Ҳусайн, Шуъаб-ул-имон, таҳқиқ, Абдулалӣ Ҳомид, Ҳинд, Мактабат-ур-рушд, 1423ҳ.қ.
  • Ибни Арабӣ, Муҳаммад ибни Абдуллоҳ, Аҳком-ул-Қуръон, таҳқиқ, Алӣ Муҳаммад Баҷовӣ, Бейрут, Дор-ул-ҷил, чопи якум, 1408ҳ.қ.
  • Ибни Ошур, Муҳаммад ат-Тоҳир, ат-Таҳрир ва-т-танвир, Тунис, ад-Дор-ут-тунисия ли-н-нашр, 1984.
  • Имом Хумайнӣ, Сайид Рӯҳуллоҳ, Истифтоот, Дафтари интишороти исломӣ, тирамоҳи 1372.
  • Имом Хумайнӣ, Сайид Рӯҳуллоҳ, Таҳрир-ул-васила, Муассисаи танзим ва нашри осори Имом Хумайнӣ, баҳори 1379ҳ.ш. / рабиулаввали 1421ҳ.қ.
  • Кошонӣ, Фатҳуллоҳ, Манҳаҷ-ус-содиқин фи илзом-ил-мухолифин, Теҳрон, Китобфурӯшии исломӣ, чопи якум, бетаърих.
  • Қумӣ, Алӣ ибни Иброҳим, Тафсир ал-Қумӣ, таҳқиқи Сайид Таййиб Мусавии Ҷазоирӣ, Қум, Дор-ул-китоб, чопи сеюм, 1404ҳ.қ.
  • Макорими Шерозӣ, Носир, Тафсири намуна, Теҳрон, Дор-ул-кутуб-ил-исломия, чопи нуздаҳум, 1377ҳ.ш.
  • Маҷлисӣ, Муҳаммадбоқир, Биҳор-ул-анвор, Бейрут, Дор эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, чопи дуюм, 1403ҳ.қ.
  • Суютӣ, Абдурраҳмон, ад-Дурр-ул-мансур, Бейрут, Дор-ул-фикр, бетаърих.
  • Табарӣ, Муҳаммадибни Ҷарир, Ҷомеъ-ул-баён фи тафсир-ил-Қуръон, Бейрут, Дор-ул-маърифа, чопи якум, 1412ҳ.қ.
  • Табарсӣ, Фазл ибни Ҳасан, Маҷмаъ-ул-баён фи тафсир-ил-Қуръон, Теҳрон, Носири Хусрав, чопи сеюм, 1372ҳ.ш.
  • Таботабоӣ, Муҳаммадҳусайн, ал-Мизон фи тафсир-ил-Қуръон, Қум, Муассисат-ун-нашр-ил-исломӣ, чопи шашум, 1421ҳ.қ.
  • Таййиб, Абдулҳусайн, Атяб-ул-баён фи тафсир-ил-Қуръон, Теҳрон, нашри Ислом, чопи дуюм, 1369ҳ.ш.
  • Тусӣ, Муҳаммадибни Ҳасан, ат-Тибён фи тафсир-ил-Қуръон, Бейрут, Дор эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, бетаърих.
  • Тусӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, Таҳзиб-ул-аҳком, таҳқиқ, Ҳасан ал-Мусавӣ, Теҳрон, Дор-ул-кутуб-ил-исломия, чопи чаҳорум, 1407ҳ.қ.
  • Ҷассос, Аҳмадибни Алӣ, Аҳком-ул-Қуръон, таҳқиқи Муҳаммадсодиқ Қумҳавӣ, Бейрут, Дор эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, 1405ҳ.қ.
  • Ҷаъфарӣ, Яъқуб, «بحثی درباره «نسیء» و رابطه آن با حج» («Баҳсе дар бораи насӣ ва робитаи он бо ҳаҷ»), дар маҷаллаи Миқоти ҳаҷ, №3, баҳори 1372ҳ.ш.
  • توضیح‌المسائل جامع»، ج۴، مسئله ۱۳۶۱.» (Тавзеҳ-ул-масоили ҷомеъ, ҷ.4, масъалаи 1361.), Пойгоҳи иттилоърасонии Дафтари Оятуллоҳ Систонӣ, санаи боздид: 10 ноябри 2026.