Оятҳои Таҳаддӣ

Аз wikishia

Ин мақола дар бораи оятҳои Таҳаддӣ аст. Барои ошноӣ бо мафҳуми таҳаддӣ мадхали Таҳаддиро бубинед.

Оятҳои Таҳаддӣ
Маълумот дар бораи оят
Номи оятОятҳои Таҳаддӣ
Воқеъ дар сураиТур (34)Қасас (49)Исро (88)Ҳуд (13)Юнус (38)Бақара (23)
Ҷузъ1, 11, 12, 15, 20, 27
МавзуъЭъҷози Қуръон
Дар бораиТаҳаддӣ


Оятҳои Таҳаддӣ (арабӣ: آيات التحدي) шаш ояти Қуръон аст, ки мункирони Пайғамбари Исломро даъват мекунад, ки барои Қуръон ё бахше аз он ҳамонанде биёранд. Баъзе аз оятҳои Таҳаддӣ ба ҳамаи Қуръон, баъзе ба даҳ сура ва баъзеи дигар ба як сура таҳаддӣ кардаанд.

Ба эътиқоди баъзе муфассирон, таҳаддӣ ба Қуръон ба таври марҳалаӣ ва аз душвор ба осон анҷом шудааст; яъне аз таҳаддӣ ба тамоми Қуръон оғоз шуда, бо таҳаддӣ ба як сура поён ёфтааст, аммо иддае бар ин боваранд, ки тартиби нозил шудани оёти Қуръон, бар хилофи ин марҳалабандӣ аст.

Мафҳумшиносии таҳаддӣ ба Қуръон

Мақолаи аслӣ: Таҳаддӣ

Таҳаддӣ ҳамовард хостан ва ба мубориза талабидани рақиб барои ошкор шудани нотавонии ӯст.[1] Таҳаддӣ, як истилоҳе дар улуми қуръонӣ[2] ва каломи исломӣ[3] ва аз шароити муъҷиза аст,[4] ки бар асоси он, пайғамбарон мункирони набувваташонро ба мубориза металабанд, то монанде барои муъҷизоташ биоваранд.[5]

Дар Қуръон барои исботи муъҷиза будани Қуръон ва набуввати Пайғамбар (с), мункирон ба мубориза даъват шудаанд ва аз онҳо хоста шудааст, ки агар Қуръонро аз ҷониби Худо намедонанд, ҳамонанде барои он биоваранд,[6] ки ба он таҳаддӣ ба Қуръон гуфта мешавад.[7]

Ақсоми таҳаддӣ дар Қуръон

Қуръон дар шаш оят ба таҳаддӣ даъват кардааст, ки ба онҳо оёти Таҳаддӣ мегӯянд.[8] Ин оёт се даста ҳастанд: дар се оят ба кулли Қуръон, дар як оят ба даҳ сура ва дар ду оят ҳам ба як сура таҳаддӣ шудааст, ба ин шарҳ:

Таҳаддӣ ба кулли Қуръон

Дар се оят аз оёти Қуръони Карим, ба таҳаддӣ ба ҳамаи Қуръон даъват шудааст:

  • Ояти 34 сураи Тур:
  • Ояти 49 сураи Қасас:
  • Ояти 88 сураи Исро:

Таҳаддӣ ба даҳ сура

Дар ояти 13 сураи Ҳуд, кофирон даъват шудаанд, ки агар метавонанд даҳ сура монанди сураҳои Қуръон биоваранд:

Таҳаддӣ ба як сура

Дар ду оя аз Қуръон ба таҳаддӣ ба як сура даъват шудааст:

  • Ояти 38 сураи Юнус:
  • Ояти 23 сураи Бақара:

Ба гуфтаи Абдуллоҳ Ҷаводии Омулӣ - муфассири Қуръон, далели ин ки Қуръон ба як оят таҳаддӣ накарда ин аст, ки шуморе аз оёти Қуръон ҳуруф муқаттаа ҳастанд ки аз як, ду ва ё чанд ҳарф ташкил шудаанд монанди "مُدْهامَّتانِ” ва «ص». Дар ин сурат таҳадии мавриди назари Қуръон ки исботи эъҷоз ва ҳаққонияти Қуръон аст собит намешуд.[9]

Тартиби нузул

Бархе аз муфассирон бар ин боваранд, ки нузули оёти Таҳаддӣ, бар асоси сайре муназзам буда ва ҳамовардталабии Қуръон аз душвор ба осон воқеъ шудааст;[10] ба ин шакл, ки аввал, Худованд мункирони Қуръонро ба овардани ҳамонанде барои кулли Қуръон даъват кард, вале онон натавонистанд. Сипас аз онон хост, ки агар метавонанд даҳ сура, монанди сураҳои Қуръон биоваранд, вале боз ҳам натавонистанд, он гоҳ дар марҳалаи сеюм, аз онон даъват кард, ки як сура ҳамонанди Қуръон биоваранд.[11]

Дар муқобили ин дидгоҳ, бархе аз пажӯҳишгарон мегӯянд: тартиби нузули Қуръон ва ривоёти нақлшуда дар ин замина нишон медиҳад, ки оёти Таҳаддӣ, сайри нузули муназзаме надоштааст ва ба таври пароканда ва дар муносибатҳои мухталиф нозил шудааст.[12]

Эзоҳ

  1. Ҷамъе аз нависандагон, Шарҳ-ул-мусталаҳот-ил-каломия, 1415ҳ.қ., саҳ.64.
  2. Ҷавоҳирӣ, «Воковии милоки таҳаддӣ дар Қуръон ва нақди мантиқи таназзулӣ», саҳ.112.
  3. Ҷамъе аз нависандагон, Шарҳ-ул-мусталаҳот-ил-каломия, 1415ҳ.қ., саҳ.64.
  4. Боқлонӣ, Эъҷоз-ул-Қуръон, 1421ҳ.қ., саҳ.161
  5. Муаддаб, Эъҷози Қуръон дар назари Аҳли Байт, 1379ҳ.ш., саҳ.17.
  6. Хуррамшоҳӣ, Донишномаи Қуръон ва қуръонпажӯҳӣ, 1377ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.481.
  7. Муҳаққиқи Сабзаворӣ, Асрор-ул-ҳикам, 1383ҳ.ш., саҳ.472.
  8. Хуррамшоҳӣ, Донишномаи Қуръон ва қуръонпажӯҳӣ, 1377ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.481.
  9. Тафсири сураи Сод
  10. Замахшарӣ, ал-Кашшоф, 1407ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.383.
  11. Ҷассос, Аҳком-ул-Қуръон, 1405ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.34.
  12. Баҳҷатпур, «Баррасии сайри танзилии оёти Таҳаддӣ», саҳ.77; Баҳҷатпур, Тафсири танзилӣ, 1392ҳ.ш., саҳ.344.

Сарчашма

  • Баҳҷатпур, Абдукарим ва Заҳро Баҳҷатпур, «Баррасии сайри танзилии оёти Таҳаддӣ», дар нашрияи Қабасот, шумораи 77, поизи 1394.
  • Баҳҷатпур, Абдукарим, Тафсири танзилӣ (ба тартиби нузул), Қум, пажӯҳишгоҳи фарҳанг ва андешаи исломӣ, 1392ҳ.ш.
  • Боқлонӣ, Абубакр, Эъҷоз-ул-Қуръон, таълиқи Абуабдурраҳмон Увайза, Бейрут, Дорулкутубилъилмия, 1421ҳ.қ.
  • Замахшарӣ, Маҳмуд, ал-Кашшоф ан ҳақоиқи ғавомиз-ит-танзил, Бейрут, Дорулкитобилъарабӣ, 1407ҳ.қ.
  • Қуръони Карим, тарҷумаи Фулодванд.
  • Муаддаб, Сайидризо, Эъҷози Қуръон дар назари Аҳли Байти исмат ва бист нафар аз уламои бузурги Ислом, Қум, аҳсанулҳадис, 1379ҳ.ш.
  • Муҳаққиқи Сабзаворӣ, Муҳаммадбоқир, Асрор-ул-ҳикам, таҳқиқи Карим Файзӣ, Қум, матбуоти динӣ, 1383ҳ.ш.
  • Хуррамшоҳӣ, Баҳоуддин, Донишномаи Қуръон ва қуръонпажӯҳӣ, Теҳрон, нашри Ноҳид - дӯстон, 1377ҳ.ш.
  • Ҷавоҳирӣ, Сайидмуҳаммадҳасан, «Воковии милоки таҳаддӣ дар Қуръон ва нақди мантиқи таназзулӣ», пажӯҳишҳои қуръонӣ, шумораи 2, 1395ҳ.ш.
  • Ҷамъе аз нависандагон, Шарҳ-ул-мусталаҳот-ил-каломия, Машҳад, остони қудси Разавӣ, 1415ҳ.қ.
  • Ҷассос, Аҳмад ибни Алӣ, Аҳком-ул-Қуръон, таҳқиқи Муҳаммадсодиқи Қумҳовӣ, Бейрут, Дору эҳёилтуросилъарабӣ, 1405ҳ.қ.