Эъҷози ададии Қуръон

Аз wikishia

Эъҷози ададии Қуръон, назарияе аст, ки назми ададии эъҷозгунаи Қуръонро баён мекунад.

Тибқи ин назария, теъдоди ҳарфҳо ва калимоти Қуръон, аз назми бисёр дақиқе бархӯрдор аст ва аз онҷо ки ҳеҷ нависандае наметавонад дар нигориши китоб, чунин назмеро дар назар гирад, ин назм, нишонаи муъҷиза будани он аст.

Ин назария, ки нахустин бор тавассути Рашод Халифа - қуръонпажӯҳи мисрӣ матраҳ шуд, мухолифони фаровоне дорад. Мунтақидон, бештари омори ироашударо нодуруст дониста, мавориди нақзи фаровоне барои онҳо пайдо кардаанд.

Муаррифии назария

Тибқи назарияи эъҷози ададии Қуръон, теъдоди ҳарфҳо ва калимоти Қуръон аз назми бисёр дақиқе бархӯрдор аст ва аз онҷо ки ҳеҷ нависандае наметавонад дар нигориши китоб, чунин назмеро дар назар гирад, ин назм нишонаи эъҷози он аст.[1] Ин назария адади 19-ро калиди рамзи эъҷози Қуръон медонад.[2]

Бар асоси ин назария, Бисмиллоҳир-Раҳмонир-Раҳим нуздаҳ ҳарф дорад ва маҷмӯи теъдоди такрори калимоти он дар Қуръон, мазрабе аз адади нуздаҳ аст: Бисмиллоҳ 19, Аллоҳ 2698, Раҳмон 57 ва Раҳим 114 бор дар Қуръон истеъмол шудааст, ки ҳамааш мазрабҳои адади 19 ҳастанд. Ҳамчунин шумори ҳарфҳои ҳамаи сураҳои Қуръон, мазрабе аз адади 19 аст.[3]

Таърихчаи назария ва назарияпардозони он

Ба назари бархе аз пажӯҳишгарон, нахустин бор, дар китоби ал-Итқон, навиштаи Ҷалолиддини Суютӣ (849 - 911ҳ.қ.) - олими аҳли суннат, ба эъҷози ададии Қуръон ишора шудааст,[4] аммо ин назария ба сурати мушаххас ибтидо тавассути Рашод Халифа - қуръонпажӯҳи мисрӣ матраҳ шуд. Ӯ дар тӯли се сол, бо истифода аз компютер, дар заминаи Қуръон пажӯҳиш кард ва дар соли 1972, натоиҷи онро дар расонаҳо ироа дод. Дар соли 1983 низ китобаш бо номи Муъҷизат-ул-Қуръон-ил-Карим, дар Бейрут ва Амрико чоп шуд.[5] “Рашод Халифа» ҳатто муддаӣ шуд, ки таърихи вуқуъи қиёматро аз эҳтисоботи ададии Қуръон ба даст овардааст.[6]

Пас аз Рашод Халифа, Абдурразоқ Навфал - қуръонпажӯҳи дигари мисрӣ, роҳашро идома дод ва мавориди дигаре аз эъҷози ададии Қуръонро матраҳ кард; аз ҷумла инки вожаҳои мутазоде, ҳамонанди ҳаёту мавт, ва дунёву охират, ба теъдоди баробар дар Қуръон ба кор рафтаанд. Пас аз ӯ низ “Абуззаҳро ал-Наҷдӣ” - қуръонпажӯҳи шиа дарёфт, ки дар Қуръон, вожаи “соъат” ба теъдоди соъатҳои шабонарӯз; яъне 24 бор истеъмол шудааст. Ӯ ҳамчунин гуфт, вожаи шиа 12 бор (ба теъдоди имомони шиа) ба кор рафтааст.[7]

Мегӯянд, имрӯза назарияи эъҷози ададии Қуръон мавриди тавваҷуҳи бисёре аз қуръонпажӯҳон қарор дорад.[8]

Намунаҳои эъҷози ададии Қуръон

Бархе аз оморҳое, ки тарафдорони ин назария ироа додаанд, ба шарҳи зер аст:

  • Дар Қуръон ҳуруфи муқаттаъаи ҳар сура, нисбат ба дигар ҳуруфи он, бештар такрор шудааст.
  • Ҳуруфи муқаттаъаи ҳар сура, дар он сура, бештар аз дигар сураҳо такрор шудааст.
  • Теъдоди ҳуруфи муқаттаъаи ҳамаи сураҳои дорои ҳуруфи муқаттаъа, мазрабе аз адади 19 аст.
  • Ду вожаи «дунё» ва «охират» ба андозаи ҳам дар Қуръон ба кор рафтаанд.
  • Вожаи «ҳаёт» (зиндагӣ), ҳамроҳ бо муштақоташ, ба андозаи вожаи «мавт» (марг) истеъмол шудааст.
  • Вожаи «соъат» ба теъдоди соъатҳои шабонарӯз, яъне 24 бор ба кор рафтааст.
  • Вожаи «шаҳр» (моҳ), ба теъдоди моҳҳои сол; яъне 12 бор корбурд доштааст.
  • Иборати «ас-самовот-ус-сабъ» (осмонҳои ҳафтгона) 7 бор истеъмол шудааст.
  • Вожаи «саҷда» 34 бор дар Қуръон ба кор рафтааст, ки бо теъдоди саҷдаҳои намозҳои фарз баробар аст.[9]

Нақдҳо

Назарияи эъҷози ададии Қуръон бо мухолифатҳои бисёре мувоҷеҳ шудааст.[10] Мунтақидони ин назария муътақиданд, Худованд Қуръонро муъаммогуна ва хориҷ аз фаҳми мардум нозил накардааст.

Ин китоб барои ҳидояти инсонҳо аст ва ин суханон иртиботе ба амри ҳидоят надорад. Ҳамчунин ихтилофи қироъатҳои Қуръони Карим ва тавқифӣ набудани тартиби сураҳо, аз мушкилоте аст, ки доштани омори саҳеҳ аз теъдоди ҳуруф ва калимоти Қуръонро номумкин месозад.[11]

Илова бар ин, мунтақидон, бештари омори ироашуда аз сӯи мудофеъони ин назарияро нодуруст дониста[12] ва мавориди нақзи фаровоне барои онҳо пайдо кардаанд. Бархе аз онҳо иборат аст аз:

  • Теъдоди ҳуруфи муқаттаъаи сураи Ёсин; яъне ду ҳарфи ё ва син, камтарини такрорро дар ин сура доштаанд; дар ҳоле ки тибқи ин назария, теъдоди ҳуруфи муқаттаъаи ҳар сура аз дигар ҳарфҳои он бештар аст.
  • Теъдоди такрори ҳарфи «Қ» (ҳарфи муқаттаъаи сураи Қоф), дар сураҳои Шамс ва Қиёмат ва Фалақ, бештар аз теъдоди он дар сураи Қоф аст.
  • Ин муддао, ки теъдоди корбурди ҳамаи калимоти бисмиллоҳир-Раҳмонир-Раҳим, мазрабҳои адади нуздаҳ ҳастанд, танҳо дар хусуси калимаи «ар-Раҳмон» сидқ мекунад.
  • Теъдоди ҳуруфи сураи Нос мазраби адади нуздаҳ нест.
  • Шумори ҳуруфи муқаттаъаи сураҳои Қаламу Тоҳо мазраби адади нуздаҳ нест.[13]

Китобшиносӣ

Мақолаи «Китобшиносии эъҷози ададӣ ва риёзии Қуръон», китобшиносии муфассале дар заминаи эъҷози ададии Қуръон анҷом додааст. Ин мақола 118 китоб, 36 мақола ва 6 пойгоҳи интернетӣ дар ин замина муаррифӣ кардааст. Бархе аз китобҳои муаррифишуда дар ин мақола иборат аст аз:

  • Муъҷизат-ул-Қуръон-ил-Карим; Рашод Халифа
  • Муъҷизат-ул-арқоми ва-т-тарқим фи-л-Қуръон-ил-Карим; Абдурразоқ Навфал
  • Мин-ал-эъҷоз-ил-балоғӣ ва-л-ададӣ ли-л-Қуръон-ил-Карим; доктор Абузаҳро ал-Наҷдӣ
  • Ал-Муъҷиза: назариятун қуръонийя фи-л-эъҷоз-ил-қуръонӣ; Аднон Ғозӣ ал-Рафоъӣ
  • Эъҷози Қуръон, таҳлили омории ҳуруфи муқаттаъа; Рашод Халифа, тарҷумаи Сайидмуҳаммадтақӣ Оятуллоҳӣ
  • Ояти кубро, муъҷизаи ҷовиди Қуръони Карим; Сайидмуҳаммади Фотимӣ
  • Эъҷозотун ҳадиса, илмия ва рақамия фи-л-Қуръон; Рафиқ Абуссаъуд
  • Эъҷозҳо ва шигифтиҳои Қуръон; Муҳаммадалӣ Ризоии Исфаҳонӣ ва Муҳсин Муллокозимӣ
  • Эъҷози Қуръон; Сайидризо Муаддаб
  • Шигифтиҳо ва эъҷози Қуръон аз назари илмии пешгӯӣ ва ададӣ; Муҳаммадалии Парҳез
  • Партаве аз шигифтиҳои ададии Қуръон; Ҷаъфари Шоҳрудӣ[14]

Ҷусторҳои вобаста

Эъҷози Қуръон

Эъҷози илмии Қуръон

Эзоҳ

  1. Яздонӣ, “Эъҷози ададӣ ва назми риёзии Қуръон”, саҳ.62; Алавӣ Муқаддам, “Эъҷози Қуръон (2)”, саҳ.26.
  2. Наврӯзӣ, “Китобшиносии эъҷози ададӣ ва риёзии Қуръон”, саҳ.84.
  3. Яздонӣ, “Эъҷози ададӣ ва назми риёзии Қуръон”, саҳ.65.
  4. Алавӣ Муқаддам, “Эъҷози Қуръон (2)”, саҳ.26; Ризоии Исфаҳонӣ, Пажуҳише дар эъҷози илмии Қуръон, 1388ҳ.ш., саҳ.219.
  5. Ризоии Исфаҳонӣ, Пажуҳише дар эъҷози илмии Қуръон, 1388ҳ.ш., саҳ.220.
  6. Паҳлавон ва Шафақӣ, “Арзёбӣ ва нақди назарияи эъҷози ададии Қуръони Карим”, саҳ.57.
  7. Наврӯзӣ, “Китобшиносии эъҷози ададӣ ва риёзии Қуръон”, саҳ.84.
  8. Наврӯзӣ, “Китобшиносии эъҷози ададӣ ва риёзии Қуръон”, саҳ.83.
  9. Яздонӣ, “Эъҷози ададӣ ва назми риёзии Қуръон”, саҳ.65; Наврӯзӣ, “Китобшиносии эъҷози ададӣ ва риёзии Қуръон”, саҳ.84; Алавӣ Муқаддам, “Эъҷози Қуръон (2)”, саҳ.27.
  10. Наврӯзӣ, “Китобшиносии эъҷози ададӣ ва риёзии Қуръон”, саҳ.83.
  11. Паҳлавон ва Шафақӣ, “Арзёбӣ ва нақди назарияи эъҷози ададии Қуръони Карим”, саҳ.57.
  12. Яздонӣ, “Эъҷози ададӣ ва назми риёзии Қуръон”, саҳ.83.
  13. Яздонӣ, “Эъҷози ададӣ ва назми риёзии Қуръон”, саҳ.65, 66.
  14. Наврӯзӣ, “Китобшиносии эъҷози ададӣ ва риёзии Қуръон”, саҳ.85, 86, 88, 90, 91, 94.

Сарчашма

  • Алавӣ Муқаддам, Сайидмуҳаммад, “Эъҷози Қуръон (2)”, Паёми Қуръон, № 4, 1373ҳ.ш.
  • Наврӯзӣ, Муҷтабо, “Китобшиносии эъҷози ададӣ ва риёзии Қуръон”, Оинаи пажуҳиш, №27, 1390ҳ.ш.
  • Паҳлавон, Мансур ва Шафақӣ, Саид, “Арзёбӣ ва нақди назарияи эъҷози ададии Қуръони Карим”, дар дуфаслномаи Пажуҳишҳои Қуръон ва ҳадис, поиз ва зимистон, 1388ҳ.ш.
  • Ризоии Исфаҳонӣ, Муҳаммадалӣ, Пажуҳише дар эъҷози илмии Қуръон, Рашт, Китоби мубин, чопи панҷум, 1388ҳ.ш.
  • Яздонӣ, Аббос, “Эъҷози ададӣ ва назми риёзии Қуръон”, Кайҳони андеша, № 67, 1375ҳ.ш.