Назарияи сарфа

Аз wikishia

Назарияи сарфа назарияе дар бораи муъҷиза будани Қуръон аст, ки иллати муъҷиза будани Қуръонро дахолати Худованд ва боздоштани муъоризону мухолифон аз муқобила бо Қуръон медонад.

Ин назария тавзеҳ медиҳад, ки овардани китобе монанди Қуръон ғайримумкин нест ва аз қарни дувум то панҷуми қамарӣ низ бовармандоне доштааст, вале бештари олимони мусулмон мухолифи ин назария буда ва бархе онро дар муқобили эъҷози баёнии Қуръон дониста ва нақдҳои фаровоне бар он ворид кардаанд.

Иброҳим ибни Сайёри муътазилӣ аз нахустин назарияпардозони назарияи сарфа аст. Аз олимони шиа, Сайиди Муртазо, Абуссалоҳ Ҳалабӣ, Хаффоҷӣ ва Баёзӣ ба ин назария муътақид будаанд. Шайх Муфид ва Шайх Тусӣ низ дар бархе осорашон ин назарияро таъйид ва дар бархеи дигар рад кардаанд.

Бар асоси ин назария, Худованд мумкин аст ангезаи мардумро барои муқобила бо Қуръон аз байн бибарад ва ё дониши онҳоро аз онҳо бигирад ва ба таври иҷборӣ онҳоро аз муқобила бо Қуръон боздорад.

Тарафдорони сарфа муътақиданд, фасоҳат як ҳунаре аст, касонеки ба забону луғат огоҳӣ доранд, метавонанд ба он дастрасӣ дошта бошанд ва оёти Қуръон низ фасоҳате, ки фаротар аз тавони башар дошта бошад надоранд, илова бар ин ки оёти 31-и сураи Анфол ва 146-и Аърофро низ шоҳиди иддаои худ донистаанд.

Дар муқобил, Аллома Таботабоӣ тавзеҳ додааст, ки огоҳӣ ба як забон барои фасоҳат кофӣ нест. Чунон ки Қуръонпажӯҳони дигар низ табйин кардаанд, ки таҳаддии Қуръон ба ҳама оятҳояш нест, ва низ оёти сураи Анфол ва Аъроф тафсири дигаре доранд.

Муҳимтарин китоб дар дифоъ аз сарфа китоби «ал-Муваззаҳ ан ҷиҳати эъҷоз-ил-Қуръон» навиштаи Сайиди Муртазо аст. Ҷаъфари Субҳонӣ дар китоби «ал-Илоҳиёт» 10 посухи умумӣ дар радди ин назария баён кардааст.

Ҷойгоҳ ва аҳамият

Назарияи сарфа ба унвони қадимитарин назария ва ба навъе оғозгари баҳс дар бораи эъҷози Қуръон шуморида шудааст.[1] Ин назария дар бораи эъҷози адабии Қуръон ва ҷузви мабоҳиси улуми қуръонӣ аст,[2] ва дар донишҳои тафсири Қуръон[3] ва илми калом[4] низ ба он тавваҷуҳ шудааст.

Сайиди Муртазо - мутакаллим ва фақеҳи қарни чаҳорум як китоби мустақиле бо номи «ал-Муваззаҳ ан ҷиҳати эъҷоз-ил-Қуръон» бо ҳадафи исботи назарияи сарфа навиштааст.[5] Ин назария ба навъе, бо инкори эъҷози баёнии Қуръон ба унвони маъруфтарин ваҷҳи эъҷози Қуръон ҳамроҳ аст ва ҳатто Наззом ба унвони мубдиъи ин назария муттаҳам ба инкори набувват шуд.[6] Бо онки ин назария аз сӯи бештари соҳибназарони улуми қуръонӣ мардуд шинохта шудааст, вале аз онҷо ки ба пажӯҳиш дар заминаи эъҷози баёнии Қуръон осеб расондааст, аҳамияти таърихии худро ҳифз кардааст.[7]

Муҳаммадҳодии Маърифат - муҳаққиқи улуми қуръонӣ, пазириши назарияи сарфа ва ҷабрӣ будани эъҷози Қуръонро хатарнок тавсиф карда ва паёмади онро бадгӯӣ дар бораи дин ва норавоӣ дар ҳаққи Қуръон донистааст.[8]

Мафҳумшиносӣ

Назарияи сарфа (мунсариф кардан) баёнгари ин бовар аст, ки Худованд бо қудрати худ монеъи касоне мешавад, ки бихоҳанд китоб ё сурае ҳамонанд биоваранд. Ва ҳамин монеъ шудани Худованд, эъҷози Қуръон аст.[9] Бар асоси ин назария, овардани сухане ҳамонанди Қуръон ғайримумкин нест, ва бархе аз суханварони араби пеш аз беъсат суханоне монанди Қуръон доштаанд, сипас Худованд мардумро аз ҳамовардӣ ва муъориза бо он боздоштааст.[10]

Манъи Худованд дар калимоти мувофиқони сарфа се гуна тафсир шудааст;

  • Гирифтан ва аз байни бурдани ангезаи муқобила.[11]
  • Ситондани улуми мавриди ниёз барои муъориза, ки ба ду сурат метавонад муҳаққақ шавад:
  1. Ин улум дар зеҳни фарди муқобилакунанда вуҷуд дошта бошад ва Худованд онро аз байн барад.
  2. Худо аз асос ангезаи омухтани чунин маърифату донишеро аз байн барад.[12]
  • Боздоштани қаҳрӣ бо вуҷуди ангеза ва тавоноии илмӣ бар муъориза.[13]

Хостгоҳи назария

Сарфа аз нимаи қарни сеюм матраҳ шуда ва то авохири қарни чаҳорум назарияе муҳиму роиҷ дар миёни фирқаҳои мухталифи каломӣ будааст.[14] Андешмандони муътазилӣ ҳам чун Наззом (ваф.224ҳ.қ.) ва Исо ибни Сабиҳи Муздор мулаққаб ба «роҳиби муътазила» аз нахустин назарияпардозони сарфа муаррифӣ шудаанд.[15]

Муҳаммад Абузуҳра - Қуръонпажӯҳи мисрӣ, маншаи назарияи сарфаро вуруди андешаҳои ҳиндӣ ба ҷомеъаи исломӣ аз даврони Мансури Аббосӣ (ваф.156ҳ.қ.) ва пас аз ӯ медонад.[16] Ба гуфтаи Абузуҳра, ин бовари олимони бараҳмоии Ҳинд буд, ки муътақид буданд, ки бараҳмо мардумро аз овардани гуфторе монанди ашъори «ал-Фидо» манъ кардааст ва сипас файласуфнамоёни мусулмон бар он китоб даст ёфтаанд.[17] Қозизода дар пажӯҳиши худ дар бораи назарияи сарфа муътақид аст, сухани Абузуҳра ҳеҷ шоҳиди таърихие надорад ва Қуръонпажӯҳон ба он ишора накардаанд ва пеш аз даврони Мансур низ Ҷаъд ибни Дарҳам эъҷози баёнии Қуръонро қабул надошт.[18]

Дидгоҳи мувофиқон ва мухолифон

Абуисҳоқ Наззоми муътазилӣ (ваф.231ҳ.қ.) ва Ибни Ҳазми Анделусӣ (ваф.456ҳ.қ.) - аз аҳли суннат ва аз шиаён, Сайиди Муртазо (ваф.436ҳ.қ.) ва шогирдаш - Абуссалоҳ Ҳалабӣ, (ваф.447ҳ.қ.) Ибни Синони Хаффоҷӣ (ваф.466ҳ.қ.), аз соҳибони андешаи сарфа муаррифӣ шудаанд.[19] Шайх Муфид (ваф.413ҳ.қ.) дар китоби «Авоил-ул-мақолот»[20] ва Шайх Тусӣ (ваф.460ҳ.қ.) дар китоби Шарҳ-ул-Ҷамал низ назарияи сарфаро таъйид ва тақвият кардаанд.[21] Вале Қутби Ровандӣ сухане аз Шайх Муфид нақл кардааст, ки хилофи ин назария аст,[22] чунонки Шайх Тусӣ низ дар китоби ал-Иқтисоди худ аз ин назария бозгаштааст.[23] Алӣ ибни Муҳаммади Баёзӣ (ваф.877ҳ.қ.) - олими қарни нуҳум низ назарияи сарфаро пазируфтааст.[24]

Гуфта шудааст, бештари донишмандони мусулмон эъҷози адабии Қуръонро мустанад ба матни он дониста ва мухолифи назарияи сарфаанд.[25] Ва муътақидон ба сарфа андаке беш аз даҳ нафар ҳастанд.[26] Ба гузориши Муҳаммадҳодии Маърифат - олими шиа, касоне чун Шайх Тусӣ, Шайх Ҷаъфар Кошифулғито ва Ҳиббатуддини Шаҳристонӣ дар нақд ва баррасии назарияи сарфа сухан гуфтаанд.[27] Ҷаъфари Субҳонӣ низ дар китоби «ал-Илоҳиёт ала ҳуда-л-китоби ва-с-суннати ва-л-ақл» 10 посухи умумӣ дар радди ин назарияро баён кардааст.[28] Мустафо Хумайнӣ - фақеҳ ва муфассири шиа муътақид аст, назарияи сарфа бо қонуни омми иллийят низ носозгор аст; зеро Худованд бидуни вуҷуди бархе вижагиҳо дар Қуръон ба таври мустақим монеъи ҳамовардӣ намешавад.[29]

Назарияи сарфа ва фасоҳати адабӣ

Фасоҳат, ҳунаре дар дастрас аст

Сайиди Муртазо истидлол кардааст, ки фасоҳат ҳунаре аст, ки дар дастраси ҳама қарор дорад; зеро тамоми ҳуруфи алифбои арабӣ дар дастраси башар буда ва ҳамаи ҷумалот аз ин ҳуруф таркиб шудааст. Қуръон ҳам аз ҳамин ҳарфҳою калимаҳо ташкил шудааст. Пас ончи монеъ аз расидан ба сохторе монанди сохтори Қуръон мешавад, ноогоҳӣ ба фасоҳат ва чигунагии чиниши ҳуруф аст, ки он ҳам амре маҳолу ғайримумкин барои инсон нест.[30] Бо такя бар муқаддимоти ақлӣ ҳатто имкони офаридани каломи муъҷиза низ нафй мешавад; чун иродаи Худованд ба маҳоли зотӣ тааллуқ намегирад.[31]

Дар муқобил, Аллома Таботабоӣ фасоҳатро вобаста ба вуҷуди умуре донистааст, ки яке аз онҳо огоҳӣ аз алифбо ва луғат аст, вале тавони андешидану баёни андеша, ва низ латофати завқ дар дастраси ҳамагон нест.[32] Сайид Абулқосими Хуӣ низ тавоноӣ бар мавод ва алфозро сабаби тавонмандӣ бар таркибот намедонад. Чунонки ҳар касе метавонад хишт бар хишт бигузорад, вале ҳама наметавонанд кохи муҷаллале бисозанд.[33]

Муқоиса бо адабиёти пеш аз Ислом

Ба гуфтаи Наззом, дар назму насри араби пеш аз Ислом мавориде аз назм, фасоҳат ва балоғати олию сӯдманд вуҷуд дорад, ки тафовути хориқулъодаи Қуръон бо он ташхис дода намешавад ва имкони овардани сухане монанди Қуръон дар бораи онҳо дода мешавад.[34]

Касоне дар ҷавоб гуфтаанд, араби муосири Паёмбари Ислом ва ҳеҷ пажӯҳишгаре ба мавориди ҳамсатҳи Қуръон дар каломи араби ҷоҳилӣ истинод накарда ва Наззом низ барои иддаои худ намунае наёвардааст.[35] Ва низ агар араби пеш аз Ислом мутуне дар ҳадду андозаҳои Қуръон медошт, касоне чун Валид ибни Муғайра ва Утба ибни Рубайъа, ки дар ҳамон аср буданд, намегуфтанд, ки чунин каломе то кунун аз инсону ҷиниён шунида нашудааст.[36]

Сохтори ҷумалоти Қуръон оддӣ аст

Ба гуфтаи Ибни Ҳазм, нақли қавл аз дигарон, ва ба дунболи ҳам овардани номи чанд нафар (паёмбарон) ки дар Қуръон омадааст, наметавонад муъҷиза бошад; пас инки касе наметавонад монанди Қуръон биоварад, ношӣ аз ин аст, ки дар ҳақиқат Худованд онҳоро аз овардани монанди Қуръон мунсариф кардааст.[37]

Қозизода дар нақди ин далел мегӯяд, Ибни Ҳазм пиндоштааст, ки Қуръони Карим ба якояки оятҳои худ таҳаддӣ намудааст. Аммо ончӣ таҳаддӣ ба он тааллуқ гирифтааст, овардани мисли як сура, даҳ сура, ва ҳамаи Қуръон аст.[38] Ва низ бояд тавваҷуҳ дошт, ки Қуръон сухани дигаронро нақли ба мазмун кардааст, на нақли қавли мустақим, чунонки забони бисёре аз он афрод арабӣ набудааст.[39]

Тамассук ба Қуръон барои сарфа

Тарафдорони назарияи сарфа ба завоҳири бархе аз оёти Қуръон низ тамассук кардаанд.[40] Бар асоси ояти 31-и сураи Анфол, мушрикон мегӯянд «لَوْ نَشَاءُ لَقُلْنَا مِثْلَ هَٰذَا ۙ إِنْ هَٰذَا إِلَّا أَسَاطِيرُ الْأَوَّلِينَ» мо ҳам агар мехостем метавонистем аз ин афсонаҳо бигӯем, ва аз инҷо равшан мешавад, ки оёти Қуръон барои онон эъҷози зотӣ надоштааст.[41] Дар ояти 146-и Аъроф ҳам Худованд аз мунсариф кардани мушрикон аз оёти Илоҳӣ сухан гуфтааст,[42] ки агар манзури оят мунсариф кардани таквинӣ бошад ва ҳадафи он инсироф аз овардани мушобеҳи оёт бошад, метавон ба ин оят истидлол кард.[43]

Мухолифони сарфа дар ҷавоб гуфтаанд, ояти 31-и сураи Анфол худ нишонгари фасоҳати Қуръон аст, ки гӯяндагон тасаввур мекунанд, метавонанд ҳамовардӣ кунанд, вале дар амал наметавонанд ва низ мумкин аст онон барои раҷазхонӣ чунин иддаое карда бошанд,[44] чунонки дар ояти сураи Аъроф низ эҳтимолоти дигаре барои маънои инсироф вуҷуд дорад, илова бар ин ки Қуръон гуфтааст, дар оянда мунсариф мекунам, вале оёти Қуръон солҳо пеш аз нузули сураи Аъроф нозил шуда буд.[45]

Ҷусторҳои вобаста

Эъҷози ададии Қуръон

Эъҷози илмии Қуръон

Эзоҳ

  1. Қозизода, “Нигарише ба назарияи сарфа”, саҳ.53.
  2. Маърифат, ат-Тамҳид, 1428ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.138.
  3. Таботабоӣ, ал-Мизон, ҷ.1, саҳ.69.
  4. Аллома Ҳиллӣ, Кашф-ул-мурод, тақрири Ҷаъфари Субҳонӣ, саҳ.172.
  5. Ҳусайнӣ ва Аббосӣ, “Назарияи сарфа дар китоби ал-Муваззаҳ”, саҳ.39.
  6. Ҳусайнӣ ва Аббосӣ, “Назарияи сарфа дар китоби ал-Муваззаҳ”, саҳ.41.
  7. Насирӣ, Маърифати қуръонӣ, 1387ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.564.
  8. Маърифат, ат-Тамҳид, 1428ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.138.
  9. Маърифат, ат-Тамҳид, 1428ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.138.
  10. Субҳонӣ, ал-Илоҳиёт, ҷ.3, саҳ.339.
  11. Маърифат, ат-Тамҳид, 1428ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.139.
  12. Маърифат, ат-Тамҳид, 1428ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.140.
  13. Субҳонӣ, ал-Илоҳиёт, ҷ.3, саҳ.339; Маърифат, ат-Тамҳид, 1428ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.140.
  14. Аёзӣ, Эъҷози Қуръон, беҷо, саҳ.73.
  15. Беҳдор, “Эъҷози Қуръон”, саҳ.329; Дафтари Таблиғоти исломӣ, Фарҳангномаи улуми Қуръон, саҳ.3232.
  16. Абузуҳра, Муъҷизаи бузург, пажуҳише дар улуми қуръонӣ, Остони Қудси Разавӣ, саҳ.99 - 100.
  17. Абузуҳра, Муъҷизаи бузург, Остони Қудси Разавӣ, саҳ.99 - 100.
  18. Қозизода, “Нигарише ба назарияи сарфа”, саҳ.48.
  19. Маърифат, ат-Тамҳид фи улум-ил-Қуръон, 1428ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.142 - 154.
  20. Шайх Муфид, Авоил-ул-мақолот, 1413ҳ.қ., саҳ.63.
  21. Тусӣ, Шарҳу ҷумал-ил-илми ва-л-амал, 1419ҳ.қ., саҳ.179.
  22. Ровандӣ, ал-Хароиҷ ва-л-ҷароиҳ, 1409ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.981.
  23. Тусӣ, ал-Иқтисод, бе то, саҳ.173.
  24. Баёзӣ, Усрат-ул-манҷуд, 1428ҳ.қ., саҳ.233.
  25. Субҳонӣ, ал-Илоҳиёт, 1412ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.349.
  26. Қозизода, “Нигарише ба назарияи сарфа”, саҳ.54.
  27. Маърифат, ат-Тамҳид, 1428ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.182 - 191.
  28. Субҳонӣ, ал-Илоҳиёт, 1412ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.344 - 349.
  29. Ғаравиён, “Қавл ба сарфа аз дидгоҳи Оятуллоҳ Мустафо Хумайнӣ дар бораи таҳадии Қуръон”, саҳ.77.
  30. Сайиди Муртазо, ал-Муваззаҳ ан ҷиҳати эъҷоз-ил-Қуръон, Остони Қудси Разавӣ, 1399ҳ.ш., саҳ.138; Қозизода, “Нигарише ба назарияи сарфа”, саҳ.58.
  31. Қозизода, “Нигарише ба назарияи сарфа”, саҳ.58.
  32. Қозизода, “Нигарише ба назарияи сарфа”, саҳ.64.
  33. Хуӣ, ал-Баён, Дорул-Заҳро, саҳ.83.
  34. Дафтари таблиғоти улуми исломӣ, Фарҳангномаи улуми Қуръон, саҳ.3232.
  35. Субҳонӣ, ал-Илоҳиёт, 1412ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.344 - 345.
  36. Субҳонӣ, ал-Илоҳиёт, 1412ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.345.
  37. Ибни Ҳазми Анделусӣ, ал-Фасл, 1416ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.50 - 51.
  38. Қозизода, “Нигарише ба назарияи сарфа”, саҳ.65.
  39. Ҷавоҳирӣ, “Бозхонии назарияи сарфа”, саҳ.162.
  40. Қозизода, “Нигарише бар назарияи сарфа”, саҳ.60 - 61.
  41. Қозизода, “Нигарише бар назарияи сарфа”, саҳ.60 - 61.
  42. سَأَصْرِفُ عَنْ آيَاتِيَ الَّذِينَ يَتَكَبَّرُونَ فِي الْأَرْضِ
  43. Қозизода, “Нигарише бар назарияи сарфа”, саҳ.60 - 61.
  44. Ҷавоҳирӣ, “Бозхонии назарияи сарфа”, саҳ.160.
  45. Ҷавоҳирӣ, “Бозхонии назарияи сарфа”, саҳ.160 - 161.

Сарчашма

  • Абузуҳра, Муҳаммад, Муъҷизаи бузург; пажуҳише дар улуми қуръонӣ, тарҷумаи Маҳмуди Забеҳӣ, Остони Қудси Разавӣ, 1379ҳ.ш.
  • Аёзӣ, Эъҷози Қуръон, ношир: бено, беҷо.
  • Аллома Ҳиллӣ, Ҳасан ибни Юсуф, Кашф-ул-мурод фи шарҳи таҷрид-ил-эътиқод қисм-ул-илоҳиёт, тақрири Ҷаъфари Субҳонӣ, Қум, муассисаи Имом Содиқ, 1382ҳ.ш.
  • Баёзӣ, Алӣ ибни Муҳаммад, Усрат-ул-манҷуд фи илми-л-калом, таҳқиқ: Ҳусайн Шаҳсаворӣ, Қум, муассисаи Имом Содиқ (а), 1428ҳ.қ.
  • Беҳдор, Муҳаммадризо, “Эъҷози Қуръон”, Донишномаи каломи исломӣ, ҷилди як, Қум, муассисаи Имом Содиқ (а), 1398ҳ.ш.
  • Ғаравиён, Муҳсин, «Қавл ба сарфа аз дидгоҳи Оятуллоҳ Мустафо Хумайнӣ дар бораи таҳаддии Қуръон», моҳномаи Маърифат, № 35, 1379ҳ.ш.
  • Дафтари Таблиғоти исломӣ, Фарҳангномаи улуми Қуръон, 1394ҳ.ш.
  • Ибни Ҳазми Анделусӣ, Алӣ ибни Аҳмад, ал-Фасл фи-л-милали ва-л-аҳвои ва-н-ниҳал, ҷ.2, Бейрут, 1416ҳ.қ.
  • Қозизода, Козим, “Нигарише ба назарияи сарфа”, дар фаслномаи Номаи Муфид, № 3, 1374ҳ.ш.
  • Маърифат, Муҳаммадҳодӣ, ат-Тамҳид фи улум-ил-Қуръон, Қум, муассисаи фарҳангии интишоротии ат-Тамҳид, 1386ҳ.ш.
  • Насирӣ, Алӣ, Маърифати қуръонӣ (ёднигори Оятуллоҳ Муҳаммадҳодии Маърифат), ҷ.3, Теҳрон, 1387ҳ.ш.
  • Ровандӣ, Саид ибни Ҳибатуллоҳ, ал-Хароиҷ ва-л-ҷароиҳ, Қум, муассисатул-Имоми-л-Маҳдӣ, 1409ҳ.қ.
  • Сайиди Муртазо, Алӣ ибни Ҳусайн, ал-Муваззаҳ ан ҷиҳати эъҷоз-ил-Қуръон, таҳқиқи Муҳаммадризо Ансории Қумӣ ва дигарон, Машҳад, Остони Қудси Разавӣ, 1399ҳ.ш.
  • Субҳонӣ, Ҷаъфар, ал-Илоҳиёт ала ҳуда-л-китоби ва-с-суннати ва-л-ақл, Қум, марказул-оламӣ лил-диросотил-исломия, 1412ҳ.қ.
  • Таботабоӣ, Сайид Муҳаммадҳусайн, ал-Мизон фи тафсир-ил-Қуръон, Қум, Исмоилиён, 1373ҳ.ш.
  • Тусӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, ал-Иқтисод-ул-ҳодӣ ило тариқ-ир-рашод, Теҳрон, китобхона ва мадрасаи Чиҳил сутун, бе то.
  • Тусӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, Шарҳу ҷумал-ил-илми ва-л-амал, Теҳрон, Усва, 1419ҳ.қ.
  • Хуӣ, Сайид Абулқосим, ал-Баён фи тафсир-ил-Қуръон, Дорул-Заҳро, Бейрут, бе то.
  • Ҳусайнӣ, Сайида Хадиҷа; Аббосӣ, Меҳрдод, «Назарияи сарфа дар китоби ал-Муваззаҳи Сайиди Муртазо: пажуҳише дар бораи аҳамият, мабонӣ ва равиши исботи он», фаслномаи Таҳқиқоти улуми Қуръону ҳадис, № 44, зимистони 1397ҳ.ш.
  • Ҷавоҳирӣ, Сайид Муҳаммадҳасан, “Бозхонии назарияи сарфа”, фаслномаи Қабасот, № 66, зимистони 1391ҳ.ш.
  • Шайх Муфид, Муҳаммад ибни Муҳаммад, Авоил-ул-мақолот, Қум, ал-Муътамарул-оламӣ ли алфияти-ш-Шайхил-Муфид, 1413ҳ.қ.