Ҳиҷоб

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Пӯшиши зан)
Рисолаи амалия
Ин мақола як навиштори тавсифӣ дар бораи як мафҳуми фиқҳист ва наметавонад меъёре барои аъмоли динӣ бошад. Барои аъмоли динӣ ба манобеи дигар муроҷиа кунед.

Ҳиҷоб ба пӯшиши зан дар баробари марди номаҳрам гуфта мешавад.

Ба гуфтаи фақеҳон ва дигар олимони мусулмон, ҳиҷоб аз фаризаҳои мусаллам ва заруриёти дини Ислом ва заруриёти мазҳаб аст ва дар оёте аз Қуръон ва ҳадисҳое аз аимма (а), бар фарз будан ва аҳамияти он таъкид шудааст.

Фақеҳон бар фарз будани риояти ҳиҷоб барои занон дар баробари номаҳрам иҷмоъ доранд. Бархе пажӯҳишгарон фоидаҳоеро барои ин ҳукм баён кардаанд, ки аз он ҷумла аст: оромиши равонӣ, истеҳкоми пайванди хонаводагӣ, устувории иҷтимоъ ва арзишу эҳтиром ба зан.

Гуфта мешавад, баҳси илмӣ аз масъалаи ҳиҷоб дар кишвари Эрон, ҳамзамон бо ошноӣ бо ҷаҳони таҷаддуд ва наҳзати машрута матраҳ шудааст. Бо воқеаи кашфи ҳиҷоб, масъалаи ҳиҷоб аз як масъалаи мазҳабии сирф, ба падедае сиёсию фарҳангӣ табдил шуд ва бештарин осори илмӣ дар бораи ҳиҷоб, дар ин даврон ва давраҳои баъд аз он нигошта шуд.

Баъд аз Инқилоби Исломии Эрон, масъалаи ҳиҷоби иҷборӣ матраҳ шуд ва дар соли 1360ҳ.ш., қонуне ба тасвиб расид, ки тибқи он, беҳиҷобӣ қонуншиканӣ маҳсуб мешавад.

Дар тақвими Эрон, бисту якуми тирмоҳ, солрӯзи қиёми мардуми Машҳад алайҳи кашфи ҳиҷоб, «рӯзи ифоф ва ҳиҷоб» номгузорӣ шудааст.

Аҳамияти ҳиҷоб дар фарҳанги исломӣ

Ҳиҷоб ва лузуми пӯшидагии зан дар баробари марди номаҳрам аз масоили муҳими исломӣ аст ва гуфта мешавад, дар Қуръон ба ин масъала тасреҳ шудааст.[1] Фақеҳони шиа мегӯянд, масъалаи ҳиҷоб аз мусалламот ва воҷибот ва балки аз заруриёти дини Ислом аст.[2] Носир Макорими Шерозӣ мегӯяд, ба вижа дар замони ҳозир, ҳамаи касонеки бо мусулмонон муошират доранд, фаҳмидаанд, ки яке аз барномаҳои тамоми фирқаҳои муслимин, ҳиҷоб аст, ки рафта-рафта ба шиор табдил шуда ва ба он пойбанд ҳастанд.[3]

Дар фиқҳ, дар бобҳое чун талоқ[4] ва никоҳ зимни масъалаи нигоҳ ба номаҳрам, аз ҳиҷоб сухан гуфтаанд.[5] Дар мутуни фиқҳӣ ва ҳадисӣ, барои ишора ба маънои пӯшиш, ба ҷои калимаи ҳиҷоб, аз калимаи «сатр» истифода мешудааст[6] ва ба кор рафтани калимаи ҳиҷоб барои пӯшиши занон, истилоҳе аст, ки бештар дар асри ҳозир пайдо шудааст.[7]

Ҳиҷоб дар луғат ба маънои ҳоил, чизе ки байни ду чиз ҷудоӣ афканад ва пӯшиш аст.[8]

Аҳком

Бино ба иҷмоъи фақеҳони мусулмон,[9] бар занон фарз аст, ки бадан ва мӯи сари худро аз номаҳрам бипушонанд.[10] Бархе фақеҳон ин ҳукмро аз заруриёти дин ва заруриёти мазҳаб баршумурдаанд.[11] Дар бораи маҳдудаи пӯшиши фарз барои занон ду назари куллӣ ҳаст:[12]

  1. Вуҷуби пӯшондани бадан ғайр аз гирдии рӯй, ва дастҳо аз банди даст то сари ангуштон: бештари фақеҳон бар ин назаранд ва ин ду ҷо аз баданро, ба шарти онки эҳтимоли гуноҳ набошад, аз маҳдудаи пӯшиши воҷиб истисно кардаанд.[13]
  2. Вуҷуби пӯшондани тамоми бадан: фақеҳоне ҳамчун Фозили Миқдод[14] ва Сайид Абдулаъло Сабзаворӣ[15] пӯшондани ҳамаи бадан, ҳатто рӯй ва дастро барои занон фарз донистаанд.[16] Маръашии Наҷафӣ пӯшондани рӯй ва дастро барои занон, эҳтиёти воҷиб донистааст.[17] Сайид Муҳаммадкозими Таботабоии Яздӣ (Соҳиби Урва), дар ин хусус, ба эҳтиёти мустаҳаб қоил шудааст.[18]

Далелҳои шаръии фарз будани ҳиҷоб

Бархе аз далелҳое ки фақеҳон барои исботи ҳукми фарз будани ҳиҷоб ба он истинод кардаанд, ба баёни зер аст:

Қуръон

Мақолаҳои аслӣ: Ояти Ҷилбоб ва ояти Ҳиҷоб

Оёти 31 сураи Нур ва 59 сураи Аҳзоб муҳимтарин оёте ҳастанд, ки фақеҳони мусулмон барои исботи вуҷуби ҳиҷобу пӯшиш дар занон ба онҳо истидлол кардаанд.[19] Ба гуфтаи Макорими Шерозӣ, ҳаддиақал шаш оят аз оёти Қуръон бар фарз будани ҳиҷоб барои занон дар муқобили номаҳрам далолат мекунад.[20]

Ривоёт

Гуфта мешавад, ривоёте, ки бар лузуми ҳиҷоб барои занон дар муқобили номаҳрам далолат мекунад, тавотур доранд.[21] Макорими Шерозӣ ҳамаи ин ривоётро дар ҳафт гуруҳ дастабандӣ кардааст, ки бархе аз онҳо ба шарҳи зер аст:[22]

  1. Ривоёте, ки барои табйини бахше аз ояти 31 сураи Нур «وَلَا یُبْدِینَ زِینَتَهُنَّ إِلَّا مَا ظَهَرَ مِنْهَا; (ба занони боимон бигӯ) зинатҳои худашонро ба намоиш нагузоранд, магар зинатҳое, ки ошкор ҳастанд!», ворид шудааст.[23] Бо тавваҷуҳ ба ин ривоёт, манзур аз зинати ошкор дар оят, гирдии рӯй ва дастҳо (аз нуки ангуштон то бандаи даст) аст ва барои ғайри ин ду маврид, риояти ҳиҷоб лозим дониста шудааст.[24]
  2. Ривоёте, ки барои табйини ояти 60 сураи Нур омадааст ва дар онҳо бардоштан ҷилбоб (рӯймол) барои занони солхурда (алқавоъиду мин-ан-нисо) ки рағбате ба издивоҷи бо онон нест, ҷоиз дониста шудааст.[25] Пас, дар ғайр аз ин занон, бар занони дигар фарз аст, ки бадан ва мӯи сари худро бипӯшонанд.[26]
  3. Ривоёте, ки дар он аз ҳиҷоби канизон савол шудааст ва дар ҷавоб, маҳдудаи ҳиҷоби онон миқдоре озодтар баён шудааст.[27] Дар ин ривоёт, аз мавориди истисно (ҳиҷоби канизон) савол шудааст ва ин нишон медиҳад, ки асли масъала; яъне ҳиҷоб, мусаллам будааст.[28]
  4. Ривоёте, ки бар пояи онҳо, духтарон бояд аз сини булуғ ба баъд, ҳиҷоби худро риоят кунанд ва худашонро аз номаҳрам бипӯшонанд.[29] Дар ин ривоёт, аз замони лузуми риояти ҳиҷоб барои занону духтарон баҳс шудааст ва ин нишон медиҳад, ки асли масъалаи ҳиҷоб, мусаллам будааст.[30]

Фалсафаи ҳиҷоб дар Ислом

Муртазо Мутаҳҳарӣ ва ҷамъи дигаре ҳикматҳоеро барои лузуми пойбандӣ ба ҳиҷоби шаръӣ баршумурдаанд, ки бархе аз онҳо ба ин шарҳанд:

  • Оромиши равонӣ: набудани ҳарим байни зану мард ва озодии муоширатҳои бебандубор, сабаби бедор шудан ва афзоиши ҳаяҷонҳову илтиҳобҳои ҷинсӣ мешавад ва хоҳиши сексро монанди як ташнагии серобнашавандаи руҳӣ ва хостае серношоям мекунад. Аз тарафе ин хостаҳои номаҳдуду серношудании ҳамеша дастнаёфтанӣ ва мақрун ба навъе эҳсоси маҳрумият аст ва ин худ мунҷар ба ихтилолоти рӯҳӣ ва бемориҳои равонӣ мешавад.[31]
  • Истеҳкоми пайванди хонаводагӣ: риояти ҳиҷоби бонувон, сабаби таҳкими пайванди хонаводагӣ ва самимияти робитаи зану шавҳар дар конуни хонавода мешавад; чароки бо пӯшишу ҳиҷоб, аз комёбии ҷинсӣ аз ғайри ҳамсар пешгирӣ мешавад ва лаззатҳои ҷинсӣ ба муҳити хонавода ихтисос меёбад ва ин, пайванди занушавҳариро муҳкам месозад.[32]
  • Устувории иҷтимоъ: риоят накардани пӯшиши муносиб ва озодӣ дар равобити зану мард дар ҷомеъа, таматтуъоти ҷинсиро аз муҳити хона ба сатҳи иҷтимоъ мекашонад ва ин худ сабаби тазъифи неруи кору фаъолият дар иҷтимоъ мешавад.[33]
  • Арзиш ва эҳтироми зан: ба гуфтаи Муртазо Мутаҳҳарӣ, аз назари дини Ислом зан ҳар андоза бовиқортару афифтар бошад ва худро дар маърази намоиши мард нагузорад, бар арзиш ва эҳтироми ӯ афзуда мешавад.[34] Макорими Шерозӣ беҳиҷобиро сабаби суқути шахсияти зан дониста, гуфтааст, ҳангоме, ки ҷомеъа занро бо андоми бараҳна бихоҳад, табиъӣ аст, ки рӯз ба рӯз тақозои ороишу худнамоии бештаре аз ӯ дорад ва дар чунин ҷомеъае, шахсияти зан то ҳади матоъи беарзиш суқут мекунад ва арзишҳои инсониаш фаромӯш мешавад.[35]

Масъалаи ҳиҷоб дар Эрони муосир

Ба гуфтаи Расул Ҷаъфариён, дар кишвари Эрон, ҳамзамон бо наҳзати машрута ва бо мувоҷиҳа бо олами таҷаддуд, ҳиҷоб як масъалаи чолишбарангезе шуд, дар ҳоле ки пеш аз он, танҳо аз манзари масъалаи фиқҳӣ ва таклифи шаръӣ ба он нигоҳ мешуд.[36] Тайи наздик ба 60 сол, ба хусус аз солҳои 1329ҳ.ш., то 1348ҳ.ш., ҳаракати илмии густардае дар бораи ҳиҷоб дар Эрон сурат гирифт. Пеш аз ин, ҳеҷ рисолаи фиқҳии мустақиле дар бораи ҳиҷоб байни олимони шиа набуд,[37] аммо дар ин давра, бештарин рисолаҳоро дар дифоъ аз ҳиҷоб навиштанд.[38]

Ризошоҳ бо таъсирпазирӣ аз ғарб ва таҳаввулоту рухдодҳое, ки дар Туркия иттифоқ афтода буд, фармони кашфи ҳиҷобро дар 17 деймоҳи соли 1314ҳ.ш., ба унвони як қонун, ба таври расмӣ содир кард,[39] аммо рафтани ӯ ва пас аз талоши ҷиддии мароҷеъ ва олимон дар Эрону Ироқ, қонуни кашфи ҳиҷоб дар соли 1322ҳ.ш., аз ҳолати иҷборӣ хориҷ шуд.[40]

Пас аз Инқилоби Исломии Эрон, масъалаи ҳиҷоби иҷборӣ, бо баҳс дар бораи пӯшиши занони корманд дар идорот матраҳ шуд.[41] Дар соли 1360ҳ.ш., дар банди панҷи модаи 180 қонуни боздории неруии инсонии муассисоти давлатӣ ва вазоратхонаҳои вобаста ба давлат, беҳиҷобӣ тахаллуф ва қонуншиканӣ шинохта шуд.[42] Дар тақвими Эрон, бисту якуми тирмоҳ, солрӯзи қиёми мардуми Машҳад алайҳи кашфи ҳиҷоб, рӯзи ифофу ҳиҷоб номгузорӣ шудааст.[43]

Ҳиҷоб дар кишварҳои мухталифи исломӣ

Ҳиҷоб дар кишварҳои мухталифи исломӣ, шаклҳои гуногуне дорад.[44] Барои намуна, чодари сиёҳи сода дар кишвари Эрон ҳиҷоби расмӣ шинохта шудааст.[45] Бархе занон дар Эрон, чодари арабӣ ё або низ мепӯшанд. Ин навъи пӯшиш албатта бештар байни занони мусулмони вилоятҳои арабнишин роиҷ аст.[46]

Дар кишварҳои Ҳинду Покистон, бархе занони мусулмон, барои пӯшиш ва риояти ҳиҷоб, як навъ либоси суннатие ба номи дупатта (ба урдӯ: دوپَٹَّہ) мепӯшанд.[47] Дупатта баланд аст, то қузаки по мерасад ва рӯймоли калону баланди чандманзура дорад. Ин либос бештари вақтҳо, ҳамроҳи шалвор пӯшида мешавад.[48]

Ҳамчунин либоси роиҷ байни занони мусулмони Индонезия кат ё ҷомае кушод аст, ки ҷилбоб ном дорад. Ҷилбобҳои имрӯзӣ дар Индонезия маъмулан ғайр аз дастҳо, сару рӯй ва боқии баданро мепӯшонад ва сару гардан низ бо рӯймолу шол пӯшонда мешавад.[49]

Аз пӯшишҳои роиҷ назди занони кишвари Афғонистон, бурқаъ аст. Бурқаъ матоъе, аз болои сар то поёни рӯй аст, ки дар қисмати чашмҳо матои тӯрро истифода мебаранд, то ба биноӣ халал нарасонад.[50] Бурқа дар ҳукумати Толибон ҳамчун либоси асосӣ, байни занони афғон ба ҳисоб меравад.[51]

Гуфта мешавад, ки бархе аз занони мусалмон дар Лубнон чодари сиёҳ бо рӯймол мепӯшанд ва баъзеи дигар ба ҷои чодар монтуи дароз бо рӯймол ё ниқоб ба бар мекунанд.[52]

Китобшиносӣ

Китоби Расоил ҳиҷобийя, асари Расул Ҷаъфариён

Дар бораи ҳиҷоб китобҳоое навишта шудааст,[53] ки бархе аз онҳо ба шарҳи зер аст:

  • Ал-Ҳиҷобу фи-л-Ислом, навиштаи Муҳаммадқивом Вешнувии Қумӣ: ин китоб дар соли 1338ҳ.ш., аз сӯи интишороти ал-Ҳикмат, дар Қум ба чоп расид.
  • Масъалаи ҳиҷоб, асари Муртазо Мутаҳҳарӣ: муҳтавои ин китоб шомили силсилае аз баҳсҳову дарсҳост, ки дар ҷаласоти анҷумани исломии пизишкон баён шуда ва баъд аз танзим ва ислоҳи иборот ва афзудани бархе матолиб, ба сурати китоб даромадааст.[54]
  • Расоил ҳиҷобийя: навиштаи Расул Ҷаъфариён. Ин китоб дар ду ҷилд муштамил бар 33 унвон рисола дар бораи масъалаи ҳиҷоб аст. Дар ибтидои китоб, муқаддимае бо унвони «собиқаи бидъати кашфи ҳиҷоб» ба қалами нависанда навишта шудааст. Шаш пайваст ҳам дар поёни китоб омадааст.[55] Пайвасти нахуст аз ин шаш пайваст, «рисолаи мадания» аст, ки дар соли 1288ҳ.ш., дар бораи се мавзӯи тааддуди завҷот, ҳиҷоб ва талоқ аст. Пайвасти дувуму сеюм муштамил бар ду мақола аз Муҷтабо Минавӣ ва Алии Даштӣ аст, ки дар дифоъ аз кашфи ҳиҷоб аст. Пайвасти чаҳорум дар бораи ҳиҷоб ва зидди ҳиҷоб дар ашъори форсӣ аст ва пайвасти панҷум китобшиносии китобҳое аст, ки дар бораи ҳиҷоб нигошта шудааст.[56]
  • Ҳиҷоби шаръӣ дар асри Пайғамбар: унвони китобе дар 1017 саҳифа, навиштаи Амирҳусайн Туркошванд аст. Ин асар дар соли 1389ҳ.ш., барои судури муҷаввиз ба Вазорати иршоди исломӣ арза шуд, вале муҷаввизи судур дарёфт накард ва нависанда онро аз тариқи эмейл ва веблоги шахсии худ мунташир намуд.[57] Матолиби китоб дар се бахши умда ироа шудааст: бахши нахуст: ҳиҷоби пеш аз Ислом ва вокуниши мусулмонон (бо тавваҷуҳ ба аҳодис ва гузоришҳои таърихӣ), бахши дувум: ҳиҷоб дар сояи Қуръон (бар мабнои оёти Қуръон) ва бахши сеюм: мабоҳиси фиқҳӣ (баррасии татобуқи орои фиқҳӣ бо мизони ҳиҷоби шаръӣ дар асри Пайғамбар). Ҳадафи нависанда аз ин пажӯҳиш, истихроҷи мизони ҳиҷоби шаръӣ дар асри Пайғамбар аст то бар асоси он, дидгоҳҳое, ки имрӯза дар бораи маҳдуда ва мизони ҳиҷоби шаръӣ ироа шудааст, таҳлилу баррасӣ шаванд.[58]
  • Ҳиҷобшиносии чолишҳо ва ковишҳои ҷадид: навиштаи Ҳусайни Маҳдизода аст, ки дар соли 1381ҳ.ш., чоп шудааст. Бархе аз унвонҳои ин китоб иборатанд аз: тарвиҷ ва таблиғи фарҳанги ифофу ҳиҷоб; осори иҷтимоии ҳиҷоб; осебшиносии ҳиҷоб; аҳкоми ҳиҷоб; эътиқод ва пойбандӣ ба ҳиҷоб; таърихчаи ҳиҷобу пӯшиш; ҳиҷоб дар адён ва милал; ҳиҷоб ва робитаи он бо каромати зан; худнамоӣ ва ҷилбоб; зарурат ва фалсафаи ҳиҷоб; кайфияти пӯшиш; нигоҳ ва аҳкоми он.[59]

Эзоҳ

  1. Мутаҳҳарӣ, Масъалаи ҳиҷоб, 1386ҳ.ш., саҳ.15.
  2. Макорими Шерозӣ, Китоб-ун-никоҳ, 1424ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.53; «Тавзеҳул-масоили ҷомеъ: нигоҳ ба акс ё филм», сайти расмии Дафтари Оятуллоҳ Сайидалии Систонӣ.
  3. Макорими Шерозӣ, Китоб-ун-никоҳ, 1424ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.53.
  4. Муассисаи Доиратулмаорифи фиқҳи исломӣ, фарҳанги фиқҳи форсӣ, 1387ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.282.
  5. Барои намунаи нигоҳ кунед ба Таботабоии Яздӣ, ал-Урват-ул-вусқо, 1419ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.316; Сабзаворӣ, Муҳаззаб-ул-аҳком, Дорул-тафсир, ҷ.5, саҳ.228.
  6. Мутаҳҳарӣ, Масъалаи ҳиҷоб, 1386ҳ.ш., саҳ.73; Макорими Шерозӣ, Тафсири Намуна, 1374ҳ.ш., ҷ.17, саҳ.402.
  7. Мутаҳҳарӣ, Масъалаи ҳиҷоб, 1386ҳ.ш., саҳ.73; Макорими Шерозӣ, Тафсири Намуна, 1374ҳ.ш., ҷ.17, саҳ.402.
  8. Ҷавҳарӣ, ас-Сиҳоҳ, 1376ҳ.қ., зайли вожаи «ҳуҷб»; Ибни Манзур, Лисон-ул-араб, 1414ҳ.қ., зайли вожаи «ҳуҷб».
  9. Ҳаким, Мустамсак-ул-урват-ил-вусқо, 1387ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.239.
  10. Аллома Ҳиллӣ, Мухталаф-уш-шиъа, 1413ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.98; Таботабоии Яздӣ, ал-Урват-ул-вусқо, 1419ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.317.
  11. Барои намунаи нигоҳ кунед ба Сабзаворӣ, Муҳаззаб-ул-аҳком, Дорул-тафсир, ҷ.5, саҳ.229; Ҳаким, Мустамсак-ул-урват-ил-вусқо, 1387ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.239.
  12. Муассисаи Доиратулмаорифи фиқҳи исломӣ, фарҳанги фиқҳи форсӣ, 1387ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.283.
  13. Аллома Ҳиллӣ, Мухталаф-уш-шиъа, 1413ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.98; Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1362ҳ.ш., ҷ.29, саҳ.75; Таботабоии Яздӣ, ал-Урват-ул-вусқо, 1419ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.317; Хуӣ, Мавсуъат-ул-имом-ил-Хуӣ, муассисатул-Хуӣ-л-исломийя, ҷ.32, саҳ.42.
  14. Фозили Миқдод, Канз-ул-ирфон, 1373ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.222.
  15. Сабзаворӣ, Муҳаззаб-ул-аҳком, Дорул-тафсир, ҷ.5, саҳ.230 - 238.
  16. Вешнувии Қумӣ, ал-Ҳиҷобу фи-л-Ислом, 1379ҳ.қ., саҳ.1 - 2; Раҷоӣ, ал-Масоил-ул-фиқҳийя, 1421ҳ.қ., саҳ.13.
  17. Маръашии Наҷафӣ, Минҳоҷ-ул-муъминин, 1406ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.143.
  18. Таботабоии Яздӣ, ал-Урват-ул-вусқо, 1419ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.317.
  19. Раҷоӣ, ал-Масоил-ул-фиқҳийя, 1421ҳ.қ., саҳ.46; Макорими Шерозӣ, Китоб-ун-никоҳ, 1424ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.53.
  20. Макорими Шерозӣ, Китоб-ун-никоҳ, 1424ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.53.
  21. Макорими Шерозӣ, Китоб-ун-никоҳ, 1424ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.53.
  22. Макорими Шерозӣ, Китоб-ун-никоҳ, 1424ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.53.
  23. Ҳурри Омилӣ, Васоил-уш-шиъа, 1412ҳ.қ., ҷ.20, саҳ.201 - 202.
  24. Макорими Шерозӣ, Китоб-ун-никоҳ, 1424ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.55.
  25. Ҳурри Омилӣ, Васоил-уш-шиъа, 1412ҳ.қ., ҷ.20, саҳ.202 - 204; Субҳонӣ, Низом-ун-никоҳ фи-ш-шариъат-ил-исломийят-ил-ғарроъ, 1416ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.67 - 68.
  26. Макорими Шерозӣ, Китоб-ун-никоҳ, 1424ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.55.
  27. Ҳурри Омилӣ, Васоил-уш-шиъа, 1412ҳ.қ., ҷ.20, саҳ.207.
  28. Макорими Шерозӣ, Китоб-ун-никоҳ, 1424ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.55.
  29. Ҳурри Омилӣ, Васоил-уш-шиъа, 1412ҳ.қ., ҷ.20, саҳ.228 - 229.
  30. Макорими Шерозӣ, Китоб-ун-никоҳ, 1424ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.56.
  31. Мутаҳҳарӣ, Масъалаи ҳиҷоб, 1386ҳ.ш., саҳ.77 - 80; Макорими Шерозӣ, Тафсири Намуна, 1374ҳ.ш., ҷ.14, саҳ.443.
  32. Мутаҳҳарӣ, Масъалаи ҳиҷоб, 1386ҳ.ш., саҳ.81.
  33. Мутаҳҳарӣ, Масъалаи ҳиҷоб, 1386ҳ.ш., саҳ.84.
  34. Мутаҳҳарӣ, Масъалаи ҳиҷоб, 1386ҳ.ш., саҳ.86.
  35. Макорими Шерозӣ, Тафсири Намуна, 1374ҳ.ш., ҷ.14, саҳ.445 - 446.
  36. Ҷаъфариён, Достони ҳиҷоб дар Эрони пеш аз инқилоб, маркази асноди Инқилоби Исломӣ, саҳ.11 - 12.
  37. Ҷаъфариён, Расоил ҳиҷобийя, ҷ.1, саҳ.36.
  38. Ҷаъфариён, Рисола ҳиҷобийя, ҷ.1, саҳ.30 - 31.
  39. Ҳикмат, Сӣ хотира аз асри Фархунда Паҳлавӣ, 1355ҳ.ш., саҳ.90; Ҳоирӣ, Рӯзшумори шамсӣ, 1386ҳ.ш., саҳ.713.
  40. Ҷаъфариён, Расоил ҳиҷобийя, ҷ.1, саҳ.36.
  41. “Таърихчаи ҳиҷоб дар Эрон; аз пирӯзии Инқилоби Исломӣ то поёни ҷанги таҳмилӣ”, сайти хабаргузории Форс.
  42. “Сайри тасвиби қонуни ҳиҷоб ва ифоф дар Эрон”, сайти хабаргузории Тасним.
  43. “Ба муносибати бисту якуми тирмоҳи солрӯзи қиёми мардуми Машҳад алайҳи кашфи ҳиҷоб”, Вазорати фарҳанг ва иршоди исломӣ.
  44. “Анвоъи ҳиҷоб дар кишварҳои мусулмон”, сайти Машриқнюз.
  45. “Чодар дар фарҳанги исломӣ”, сайти муассисаи фарҳангӣ ва ҳунарии Машъар.
  46. “Анвоъи ҳиҷоб дар кишварҳои мусулмон”, сайти Машриқнюз.
  47. “Анвоъи ҳиҷоб дар кишварҳои мусулмон”, сайти Машриқнюз.
  48. For Pakistani women, dupattas are more than a fashion statement ", Los Angeles Times
  49. “Анвоъи ҳиҷоб дар кишварҳои мусулмон”, сайти Машриқнюз.
  50. “Бурқаъ” пӯшиши суннатии занони афғон бо давоми 10 сола”, сайти хабаргузории Форс.
  51. “Толибон истифода аз “бурқаъ”-ро барои занон иҷборӣ кард”, сайти хабаргузории Ҷумҳурии Исломӣ.
  52. “Ҳиҷоби лубнонӣ (ҳамаи чиз дар бораи ҳиҷоб дар кишвари Лубнон)”, сайти Миқнаа Хуршед.
  53. Саидзода, Китобшиносии ҳиҷоб.
  54. Мутаҳҳарӣ, Масъалаи ҳиҷоб, 1386ҳ.ш., саҳ.13.
  55. Ҷаъфариён, Расоил ҳиҷобийя, 1380ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.19 - 20.
  56. Ҷаъфариён, Расоил ҳиҷобийя, 1380ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.20.
  57. “Китоби “Ҳиҷоби шаръӣ дар асри Пайғамбар” асари Амирҳусайн Туркошванд”, сайти Садонет.
  58. Туркошванд, Ҳиҷоб дар асри Пайғамбар, 1389ҳ.ш., саҳ.7 - 8.
  59. “Тавлиди нармафзори “ҳиҷобшиносӣ, чолишҳо ва ковишҳои ҷадид””, хабаргузории Икно.

Сарчашма

  • For Pakistani women, dupattas are more than a fashion statement ", Los Angeles Times ", data: 23 February 2010, Visited in 16 July 2023
  • Аллома Ҳиллӣ, Ҳасан ибни Юсуф, Мухталаф-уш-шиъа, Қум, муассисаи ал-Нашрул-исломӣ, 1413ҳ.қ.
  • "Анвоъи ҳиҷоб дар кишварҳои мусулмон”, сайти Машриқнюз, таърихи дарҷи матлаб: 21 тири 1395ҳ.ш., таърихи боздид: 2 шаҳривари 1402ҳ.ш.
  • "Бурқаъ” пӯшиши суннатии занони афғон бо давоми 10 сола”, сайти хабаргузории Форс, таърихи дарҷи матлаб: 13 шаҳривари 1392ҳ.ш., таърихи боздид: 3 шаҳривари 1402ҳ.ш.
  • Вешнувии Қумӣ, Муҳаммадқивом, ал-Ҳиҷобу фи-л-Ислом, Қум, матбаатул-Ҳикмат, 1379ҳ.қ.
  • Ибни Манзур, Ҷамолиддин, Лисон-ул-араб, Бейрут, Дорусодир, 1414ҳ.қ.
  • "Китоби “Ҳиҷоби шаръӣ дар асри Пайғамбар” асари Амирҳусайни Туркошванд”, сайти Садонет, таърихи боздид: 10 шаҳривари 1402ҳ.ш.
  • Макорими Шерозӣ, Носир, Китоб-ун-никоҳ, Қум, мадрисатул-Имом Алӣ ибни Абитолиб (а), чопи аввал, 1424ҳ.қ.
  • Макорими Шерозӣ, Носир, Тафсири Намуна, Қум, Дорул-кутубил-исломия, 1374ҳ.ш.
  • Маръашии Наҷафӣ, Сайидшаҳобиддин, Минҳоҷ-ул-муъминин, Қум, китобхонаи умумии Оятуллоҳ Маръашии Наҷафӣ, 1406ҳ.қ.
  • Муассисаи Доиратулмаорифи ал-Фиқҳ-ул-исломӣ, фарҳанги фиқҳи форсӣ, Қум, муассисаи Доиратулмаорифи ал-Фиқҳ-ул-исломӣ, 1387ҳ.ш.
  • Мутаҳҳарӣ, Муртазо, Масъалаи ҳиҷоб, Қум, интишороти Садро, чопи ҳафтоду сеюм, 1386ҳ.ш.
  • Наҷафӣ, Муҳаммадҳасан, Ҷавоҳир-ул-калом, Бейрут, Дору эҳёил-туросил-арабӣ, чопи ҳафтум, 1362ҳ.ш.
  • Раҷоӣ, Сайидмуҳаммад, ал-Масоил-ул-фиқҳийя, Қум, интишороти Меҳр, 1421ҳ.қ.
  • Сабзаворӣ, Сайид Абдулаъло, Муҳаззаб-ул-аҳком, Қум, Дорул-тафсир, бе то.
  • Саидзода, Муҳсин, Китобшиносии ҳиҷоб, паёми зан, № 8, обони 1371ҳ.ш.
  • Субҳонӣ, Ҷаъфар, Низом-ун-никоҳ фи-ш-шариъат-ил-исломийят-ил-ғарроъ, , Қум, муассисаи Имом Содиқ (а), 1416ҳ.қ.
  • Таботабоии Яздӣ, Сайид Муҳаммадкозим, ал-Урват-ул-вусқо, Қум, муассисаи ал-Нашрул-исломӣ, чопи аввал, 1419ҳ.қ.
  • Тавлиди нармафзори “Ҳиҷобшиносӣ, чолишҳо ва ковишҳои ҷадид””, хабаргузории Икно, таърихи дарҷи матлаб: 26 меҳри 13990ҳ.ш., таърихи боздид: 4 меҳри 1402ҳ.ш.
  • "Толибон истифода аз "бурқаъ"-ро барои занон иҷборӣ кард», сайти хабаргузории Ҷумҳурии Исломӣ, таърихи дарҷи матлаб: 17 урдибиҳишти 1401ҳ.ш., таърихи боздид: 3 шаҳривари 1402ҳ.ш.
  • Туркошванд, Амирҳусайн, Ҳиҷоби шаръӣ дар асри Пайғамбар, Теҳрон, бено, 1389ҳ.ш.
  • Фозили Миқдод, Миқдод ибни Абдуллоҳ, Канз-ул-ирфон фи фиқҳ-ил-Қуръон, Теҳрон, интишороти Муртазавӣ, 1373ҳ.ш.
  • Хуӣ, Сайидабулқосим, Мавсуъат-ул-имом Хуӣ, Наҷаф, муассисатул-Хуӣ-л-исломийя, бе то.
  • Ҳаким, Сайидмуҳсин, Мустамсаку Урват-ил-вусқо, Бейрут, Дору эҳёил-туросил-арабӣ, чопи чаҳорум, 1391ҳ.қ.
  • Ҳиҷоби лубнонӣ (ҳамаи чиз дар бораи ҳиҷоб дар кишвари Лубнон)”, сайти Миқнаа Хуршед, таърихи дарҷи матлаб: 21 обони 1400ҳ.ш., таърихи боздид: 4 шаҳривари 1402ҳ.ш.
  • Ҳурри Омилӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, Васоил-уш-шиъа, Қум, муассисаи Олулбайт (а), 1412ҳ.қ.
  • Ҷавҳарӣ, Абунаср, ас-Сиҳоҳ: тоҷ-ул-луғати ва сиҳоҳ-ил-арабийя, таҳқиқи Аҳмад Абдулғафур Аттор, Бейрут, Дорл-илми лилмалоин, чопи чаҳорум, 1407ҳ.қ.
  • "Чодар дар фарҳанги исломӣ”, сайти муассисаи фарҳангӣ ва ҳунарии Машъар, таърихи дарҷи матлаб: 9 меҳри 1399ҳ.ш., таърихи боздид: 3 шаҳривари 1402ҳ.ш.