Каффораи ҷамъ

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Каффоратул-ҷамъ)
Рисолаи амалия
Ин мақола як навиштори тавсифӣ дар бораи як мафҳуми фиқҳист ва наметавонад меъёре барои аъмоли динӣ бошад. Барои аъмоли динӣ ба манобеи дигар муроҷиа кунед.

Каффораи ҷамъ ба озод кардани як барда, шаст рӯза ва итъом ба шаст фақир бо ҳам ишора дорад, ки бар асари шикастани рӯза бо ҳаром ва ё қатли амд фарз мешавад. Албатта бархе аз фақеҳон анҷоми каффораи ҷамъ дар ифтори рӯза бо ҳаромро мутобиқи эҳтиёт медонанд.

Дар каффораи ҷамъ, бояд сивуяк рӯз аз рӯзаҳо пай дар пай бошад, ва дар итъом, ба ҳар фақир ҳаддиақал як муд таом (750 грам гандум, ҷав ва монанди он) пардохт шавад. Бино ба фатвои фақеҳон агар анҷоми се каффора боҳам имкон надошт, ҳар кадом, ки мумкин астро бояд анҷом диҳад ва агар бар ҳеҷ кадом аз онҳо ва ба ҳеҷ андозае қудрат набуд, бояд истиғфор кард.

Мафҳумшиносӣ

Каффораи ҷамъ, анҷоми якҷояи чанд каффора бо ҳам аст, ки ба иллати анҷоми бархе аз корҳои ҳаром, фарз мешавад ва иборат аст аз озод кардани як барда, шаст рӯз рӯза ва ғизо додан ба шаст фақир.[1] Каффора, ҷаримаи молӣ ва бадание аст, ки дар ивази иртикоби бархе гуноҳон бояд анҷом дод.[2]

Мавориди вуҷуб

Каффораи ҷамъ дар мавориде чун ифтор кардани рӯза бо ҳаром ва қатли амд, фарз мешавад:

Шикастани рӯза бо ҳаром

Ба фатвои бархе аз фақеҳон, ифтори рӯза бо кори ҳароме монанди хӯрдани наҷосат, зино ва истимно сабаби вуҷуби каффораи ҷамъ мешавад;[3] хоҳ ончӣ ҳаром аст дар асл ҳаром бошад ва ё ба сабабе монанди ғасб намудан, наҷас шудан ва ё хӯрдани ғизои зараровар, ҳаром бошад.[4] Бар пояи ривояте, ки Имом Ризо (а) нақл шудааст, хӯрдани рӯза бо ҳаром мустаҳаққи каффораи ҷамъ аст.[5] Иддае ба истиноди қавоиди фиқҳӣ ва бархе ривоёти дигар, танҳо як каффораро дар ифтори рӯза бо ҳаром лозим донистаанд.[6] Оятуллоҳ Хоманаӣ[7] ва Оятуллоҳ Систонӣ[8] анҷоми каффораи ҷамъро бино бар эҳтиёти мустаҳаб медонанд. Баъзе низ дар ин масъала ба эҳтиёти воҷиб ҳукм кардаанд.[9]

Бино бар фатвои бархе мароҷеъи тақлид, каффораи ҷамъ барои ифтор бо ҳаром мухтас ба рӯзаи моҳи Рамазон нест ва рӯзаҳои воҷиби дигарро низ шомил мешавад.[10] Иддае низ фурӯ бурдани ахлоти сару синаро низ ба ин ҳукм пайванд додаанд.[11] Ҳамчунин фурӯ бурдани оби даҳон, ки хӯн дар он бошад, бар асоси фатвои бархе, мӯҷиби каффораи ҷамъ хоҳад шуд[12] ва ё бояд бино ба эҳтиёти воҷиб, каффораи сегонаро адо намуд.[13]

Бар асоси фатвои бархе мароҷеъ, дурӯғ бастан бар Худованд ва Пайғамбар (с) дар ҳоли рӯза, мӯҷиби каффораи ҷамъ мешавад; ҳарчанд ки ихтилофоте дар ин замина вуҷуд дорад.[14]

Қатли амд

Қатли амдии мусулмон каффораи ҷамъ дорад.[15] Ин ҳукм дар аҳодис омадааст.[16] Ҳамчунин бар асоси ривоёт, аз шароити қабулии тавбаи қотил, пардохти каффораи ҷамъ аст.[17]

Бархе мӯътақиданд, ки каффораи ҷамъ, дар сурате воҷиб аст, ки фард, худаш даст ба қатл зада бошад ва агар сабаби бовосита дар қатл буда ва ё ба он амр карда бошад, каффорае бар ӯ воҷиб нест.[18]

Каффораи қатл, дар қатли зан, мард, озод, барда, оқил, девона, болиғ ва кӯдаки мусулмон воҷиб аст.[19] Ин ҳукм шомили ҷанине, ки рӯҳ дар он дамида шудааст, низ мешавад.[20]

Дар вуҷуби каффораи ҷамъ бар девона ва ё тифле, ки даст ба қатл бизанд; ихтилоф аст; бархе навиштаанд, ки аксаран бар ин эътиқоданд, ки бояд аз амволи онҳо ҳазинаи итъом ва озод кардани барда бардошт шуда ва рӯзаро худ пас аз беҳбудӣ ва булӯғ бигирад.[21]

Аксари фуқаҳо мӯътақиданд, ки пас аз қисос ҳазинаи итъоми фуқаро ва анҷоми рӯза аз амволи қотил бардошта мешавад;[22] ҳамчунин агар қотил қабл аз додани каффора кушта шавад, ҳазинаи каффора аз моли ӯ бардошта мешавад;[23] агар қотил, шомили ҳукми қисос набошад; монанди қатли фарзанд ба дасти падар, каффораи ҷамъ бар ӯ воҷиб аст.[24]

Агар чанд нафар якҷоя касеро бикушанд, бар ҳар кадом каффораи ҷамъ воҷиб аст.[25] Дар бархе ривоёт омадааст, ки агар касе дар моҳҳои ҳаром, даст ба қатл бизанад, дар амал ба каффора, бояд дар ҳамон моҳҳо, рӯза бигирад.[26]

Аҳком

Бархе аз аҳкоми каффораи ҷамъ иборатанд аз:

  • Дар шаст рӯз, рӯза, ҳаддиақал сивуяк рӯзи он бояд пай дар пай бошад.[27]
  • Дар итъом ба ҳар фақире ҳаддиақал ба андозаи як муд таом (750 грам гандум, ҷав ва монанди он) пардохт шавад.[28] Албатта ба гуфтаи Аллома Маҷлисӣ байни як ва ё ду муд таом, дар байни фуқаҳо, ихтилофи назар вуҷуд дорад.[29]
  • Агар анҷоми се каффора боҳам имкон надошт, ҳар кадом, ки мумкин астро бояд анҷом диҳад ва агар бар ҳеҷ кадом аз онҳо ва ба ҳеҷ андозае қудрат надошт, бояд истиғфор намояд.[30]

Эзоҳ

  1. Шаҳиди Аввал, Ғоят-ул-мурод, 1414ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.459; Обӣ, Кашф-ур-румуз, 1417ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.259; Шаҳиди Аввал, ал-Лумъат-уд-димишқия, 1410ҳ.қ., саҳ.85.
  2. Мишкинӣ, Мусталаҳот-ул-фиқҳ, 1419ҳ.қ., саҳ.438.
  3. Шайхи Баҳоӣ, Ҷомеъи Аббосӣ, 1429ҳ.қ., саҳ.462; Баҳронӣ, Сидод-ул-ибод, 1421ҳ.қ., саҳ.229; Аллома Ҳиллӣ, Иршод-ул-азҳон, 1410ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.97; Имом Хумайнӣ, Тавзеҳ-ул-масоил (Муҳашшо), 1424ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.931.
  4. Фақъонӣ, Масоилу Ибни Тай, бе то, саҳ.178; Шаҳиди Сонӣ, Ҳошият-ул-мухтасар-ин-нофеъ, 1422ҳ.қ., саҳ.61; Имом Хумайнӣ, Тавзеҳ-ул-масоил (Муҳашшо), 1424ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.930–931.
  5. Шайхи Садуқ, Ман ло яҳзуруҳу-л-фақиҳ, 1413ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.378.
  6. Симарӣ, Ғоят-ул-маром, 1420ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.319.
  7. Хоманаӣ, Аҷвибат-ул-истифтоот, 1420ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.135.
  8. Систонӣ, Тавзеҳ-ул-масоил, 1393ҳ.ш., саҳ.298 - 299.
  9. Имом Хумайнӣ, Таҳрир-ул-васила, 1409ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.126; Имом Хумайнӣ, Тавзеҳ-ул-масоил, 1426ҳ.қ., саҳ.344.
  10. Фақъонӣ, Масоилу Ибни Тай, бе то, саҳ.178.
  11. Маҷлисӣ, Лавомеъу Соҳибқиронӣ, 1414ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.248; Шаҳиди Сонӣ, Ҳошият-ул-иршод, 1414ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.309.
  12. Кирмоншоҳӣ, Мақомиъ-ул-фазл, 1421ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.249.
  13. Имом Хумайнӣ, Тавзеҳ-ул-масоил, 1426ҳ.қ., саҳ.349.
  14. Имом Хумайнӣ, Тавзеҳ-ул-масоил (Муҳашшо), 1424ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.931.
  15. Баҳронӣ, Уюн-ул-ҳақоиқ-ин-нозира, 1410ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.310.
  16. Барои намуна нигоҳ кунед: Кулайнӣ, ал-Кофӣ, ҷ.7, саҳ.276; Тӯсӣ, Таҳзиб-ул-аҳком, 1407ҳ.қ., ҷ.10, саҳ.162 - 165; Садуқ, Ман ло яҳзуруҳу-л-фақиҳ, 1413ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.95 - 96; Ҳурри Омилӣ, Васоил-уш-шиъа, 1409ҳ.қ., ҷ.29, саҳ.34.
  17. Барои намунаи нигоҳ кунед ба: Фозили Миқдод, Канз-ул-ирфон, 1425ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.367; Ибни Идриси Ҳиллӣ, ас-Сароир-ул-ҳовӣ, 1410ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.33; Ҳурри Омилӣ, Ҳидоят-ул-уммат, 1412ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.467.
  18. Фахрулмуҳаққиқин, Эзоҳ-ул-фавоид, 1387ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.751; Маҷлисӣ, Ҳудуд ва қисос ва диёт, Теҳрон, саҳ.160.
  19. Обӣ, Кашф-ур-румуз, 1417ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.681; Маҷлисӣ, Ҳудуд ва қисос ва диёт, Теҳрон, саҳ.160.
  20. Ҳоирӣ, аш-Шарҳ-ус-сағир, 1409ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.520.
  21. Маҷлисӣ, Ҳудуд ва қисос ва диёт, саҳ.161.
  22. Маҷлисӣ, Ҳудуд ва қисос ва диёт, Теҳрон, саҳ.160.
  23. Фақъонӣ, ад-Дурр-ул-манзуд, 1418ҳ.қ., саҳ.333.
  24. Аллома Ҳиллӣ, Таҳрир-ул-аҳком-иш-шаръия, 1420ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.460.
  25. Ҳиллӣ, Иршод-ул-азҳон, 1410ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.97; Фахрулмуҳаққиқин,Эзоҳ-ул-фавоид, 1387ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.751; Маҷлисӣ, Ҳудуд ва қисос ва диёт, Теҳрон, саҳ.161.
  26. Ҳурри Омилӣ, Васоил-уш-шиъа, 1409ҳ.қ., ҷ.10, саҳ.380 - 381.
  27. Имом Хумайнӣ, Таҳрир-ул-васила, 1409ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.302.
  28. Макорими Шерозӣ, Тавзеҳ-ул-масоил, 1429ҳ.қ., саҳ.263.
  29. Маҷлисӣ, Ҳудуд ва қисос ва диёт, Теҳрон, саҳ.160.
  30. Имом Хумайнӣ, Тавзеҳ-ул-масоил (Муҳашшо), 1424ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.930–931.

Сарчашма

  • Обӣ, Ҳасан ибни Абитолиб, Кашф-ур-румуз фи шарҳи мухтасар-ин-нофеъ, таҳқиқи Алипаноҳ Иштиҳордӣ ва Ҳасани Яздӣ, Қум, Дафтари интишороти исломӣ, 1417ҳ.қ.
  • Ибни Идриси Ҳиллӣ, Муҳаммад ибни Мансур, ас-Сароир-ул-ҳовӣ литаҳрир-ил-фатово, Қум, Дафтари интишороти исломӣ, 1410ҳ.қ.
  • Имом Хумайнӣ, Сайидрӯҳуллоҳ, Таҳрир-ул-васила, Қум, муассисаи матбуоти дорулъилм, 1409ҳ.қ.
  • Имом Хумайнӣ, Сайидурӯҳуллоҳ, Тавзеҳ-ул-масоил (Муҳашшо), таҳқиқи Сайидмуҳаммадҳусайн Баниҳошимӣ, Қум, Дафтари интишороти исломӣ, 1424ҳ.қ.
  • Имом Хумайнӣ, Сайидрӯҳуллоҳ, Тавзеҳ-ул-масоил, таҳқиқи Муслим Қулипури Гелонӣ, бе ҷо, 1426ҳ.қ.
  • Баҳронӣ, Ҳусайн ибни Муҳаммад, Сидод-ул-ибод ва рашод-ул-ибод, таҳқиқи Муҳсин Олиусфур, Қум, китобфурӯшии Маҳаллотӣ, 1421ҳ.қ.
  • Баҳронӣ, Ҳусайн ибни Муҳаммад, Уюн-ул-ҳақоиқ-ин-нозира фи татмим-ил-ҳадоиқ, Қум, Дафтари интишороти исломӣ, Қум, 1410ҳ.қ.
  • Ҳоирӣ, Сайидалӣ, аш-Шарҳ-ус-сағир фи шарҳи мухтасар-ун-нофеъ – ҳадиқат-ул-муъмнин, таҳқиқи Сайидмаҳдии Раҷоӣ, Қум, интишороти китобхонаи Оятуллоҳ Маръашии Наҷафӣ, 1409ҳ.қ.
  • Ҳурри Омилӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, Васоил-уш-шиъа, Қум, муассисаи Олулбайт (а), 1409ҳ.қ.
  • Ҳурри Омилӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, Ҳидоят-ул-уммат ило аҳком-ил-аимма - мунтахабулмасоил, Машҳад, маҷмаъулбуҳусил-исломия, 1412ҳ.қ.
  • Хоманаӣ, Сайидалӣ, Аҷвибат-ул-истифтоот, Бейрут, алдорул-исломия, 1420ҳ.қ., чопи сеюм.
  • Систонӣ, Сайидалӣ, Тавзеҳ-ул-масоил, Машҳад, Дафтари ҳазрати Оятуллоҳилъузмо Систонӣ, 1393ҳ.ш.
  • Шаҳиди Аввал, Муҳаммад ибни Маккӣ, ал-Лумъат-уд-димишқия фи фиқҳ-ил-имомия, таҳқиқи Муҳаммадтақии Марворид ва Алиасғари Марворид, Бейрут, Дорултурос, 1410ҳ.қ.
  • Шаҳиди Аввал, Муҳаммад ибни Маккӣ, Ғоят-ул-мурод фи шарҳи нукат-ил-иршод, таҳқиқи Ризо Мухторӣ, Қум, Дафтари таблиғоти исломӣ, 1414ҳ.қ.
  • Шаҳиди Сонӣ, Зайниддин ибни Алӣ, Ҳошият-ул-иршод, таҳқиқи Ризо Мухторӣ, Қум, Дафтари таблиғоти исломӣ, 1414ҳ.қ.
  • Шаҳиди Сонӣ, Зайниддин ибни Алӣ, Ҳошият-ул-мухтасар-ин-нофеъ, Қум, Дафтари таблиғоти исломӣ, 1422ҳ.қ.
  • Шайхи Баҳоӣ, Баҳоуддин, Ҷомеъи Аббосӣ ва такмили он муҳашшо, чопи ҷадид, Қум, Дафтари интишороти исломӣ, 1429ҳ.қ.
  • Шайхи Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, Ман ло яҳзуруҳу-л-фақиҳ, Қум, Дафтари интишороти исломӣ, 1413ҳ.қ.
  • Симарӣ, Муфлиҳ ибни Ҳасан, Ғоят-ул-маром фи шарҳи шароеъ-ил-Ислом, таҳқиқи Ҷаъфари Кавсаронӣ, Бейрут, Дорулҳодӣ, 1420ҳ.қ.
  • Тӯсӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, Таҳзиб-ул-аҳком, Теҳрон, Дорулкутубил-исломия, 1407ҳ.қ.
  • Аллома Ҳиллӣ, Ҳасан ибни Юсуф, Иршод-ул-азҳон ило аҳком-ил-иимон, Қум, Дафтари интишороти исломӣ, 1410ҳ.қ.
  • Аллома Ҳиллӣ, Ҳасан ибни Юсуф, Таҳрир-ул-аҳком-иш-шаръия ала мазҳаб-ил-имомия, таҳқиқи Иброҳими Баҳодурӣ, Қум, муассисаи Имом Содиқ, 1420ҳ.қ.
  • Аллома Маҷлисӣ, Муҳаммадбоқир, Ҳудуд ва қисос ва диёт, таҳқиқи Алии Фозил, Теҳрон, муассисаи нашри осори исломӣ, бе то.
  • Фозили Миқдод, Миқдод ибни Абдуллоҳ, Канз-ул-ирфон фи фиқҳ-ил-Қуръон, Қум, интишороти Муртазавӣ, 1425ҳ.қ.
  • Фахрулмуҳаққиқин, Муҳаммад ибни Ҳасан, Эзоҳ-ул-фавоид фи шарҳи мушкилот-ил-қавоъид, таҳқиқи Сайидҳусайн Мӯсавии Кирмонӣ, Қум, муассисаи Исмоилиён, 1387ҳ.қ.
  • Фақъонӣ, Алӣ ибни Алӣ, ад-Дурр-ул-манзуд фи маърифати сияғ-ин-ниёт ва-л-иқоъоти ва-л-уқуд, таҳқиқи Муҳаммад Баракат, Қум, мактабат Имом-ил-Аср (аҷ) алъилмия, 1418ҳ.қ.
  • Фақъонӣ, Алӣ ибни Алӣ, Масоилу Ибни Тай – ал-масоил-ул-фиқҳия, истинсох аз силсилаи Янобиъ-ул-маваддат, бе то.
  • Кирмоншоҳӣ, Муҳаммадалӣ, Мақомиъ-ул-фазл, Қум, муассисаи Аллома муҷаддид Ваҳиди Беҳбаҳонӣ, 1421ҳ.қ.
  • Кулайнӣ, Муҳаммад ибни Яъқуб, ал-Кофӣ, таҳқиқи Алиакбари Ғаффорӣ, Теҳрон, Дорулкутубил-исломия, чопи чаҳорум, 1407ҳ.қ.
  • Маҷлисӣ, Муҳаммадтақӣ, Лавомеъу Соҳибқиронӣ, Қум, муассисаи Исмоилиён, 1414ҳ.қ.
  • Макорими Шерозӣ, Носир, Тавзеҳ-ул-масоил, Қум, интишороти мадрасаи Имом Алӣ ибни Абитолиб (а), чопи панҷоҳу дувум, 1429ҳ.қ.