Нушуз
Ин мақола дар бораи мафҳуми нушуз аст. Барои ошноӣ бо нушуз дар Қуръон, мадхали оёти нушузро бибинед.
Ин мақола як навиштори тавсифӣ дар бораи як мафҳуми фиқҳист ва наметавонад меъёре барои аъмоли динӣ бошад. Барои аъмоли динӣ ба манобеи дигар муроҷиа кунед.
Нушуз ба арабӣ: نُشوز, сарпечӣ аз вазоифи шаръӣ, нисбат ба ҳамсар. Ба фатвои фақеҳон, тамкин накардан аз мард ва туршрӯии бидуни далел, аз нишонаҳои нушузи занон ва напардохтани нафақа ва озор додани зан аз нишонаҳои нушузи мардон аст. Дар китобҳои фиқҳӣ, бештар, дар бораи нушузи занон баҳс шудааст.
Дар сурати нушузи зан, пардохти нафақа бар шавҳар воҷиб нест. Бино бар назари фақеҳон, шавҳар бояд ибтидо зани ношизаро насиҳат кунад ва агар фоиданок набуд, бистарашро аз ӯ ҷудо кунад ва агар боз асар накард, ӯро танбеҳи баданӣ кунад. Агар нушуз аз тарафи мард бошад, зан бояд ибтидо ӯро насиҳат кунад ва ҳуқуқашро бихоҳад ва агар таъсир надошт, ба ҳокими шаръ руҷӯъ кунад.
Таърифи фиқҳӣ ва ҷойгоҳ дар фиқҳ
Нушуз, як истилоҳе дар фиқҳ, ба маънои сарпечӣ аз анҷоми вазоифи шаръӣ, нисбат ба ҳамсар аст.[1] Тамкин накардани зан аз мард[2] ва пардохт накардани нафақа аз сӯи мард аз намунаҳои нушузанд.[3]
Ба зане, ки аз анҷоми вазоифи заношӯӣ нисбат ба шавҳараш, худдорӣ кунад «ношиза» ва ба марде, ки аз ифои вазоифи заношӯӣ нисбат ба ҳамсари хеш, худдорӣ кунад «ношиз» гуфта мешавад.[4]
Аз нушуз ва аҳкоми он, дар боби никоҳи китобҳои фиқҳӣ баҳс мешавад.[5] Албатта дар кутуби фиқҳӣ, бештар, аз аҳкоми нушузи зан сухан рафтааст.[6]
Нишонаҳои нушузи зан
Бархе аз чизҳое, ки фақеҳон нишонаҳои нушузи зан донистаанд, ба шарҳи зер аст:
- Тамкин накардан; яъне бароварда накардани хостаҳои машрӯъи ҷинсии шавҳар[7]
- Ибрози бе алоқагӣ ба шавҳар ва туршрӯӣ бо ӯ[8]
- Риоят накардани назофат ва оростагии зоҳирӣ, ба ҳадде, ки бо истимтоъ аз зан носозгорӣ бошад[9]
- Хуруҷ аз манзил бидуни иҷоза ва итилоъи шавҳар.[10]
Нишонаҳои нушузи мард
Фақеҳон мавориди зерро аз нишонаҳои нушузи мард шуморидаанд:
- Худдорӣ аз пардохти нафақа[11]
- Задан ва озор додани ҳамсар бидуни далел.[12]
- Риоят накардани ҳаққи қасм (тақсими шабҳо байни ҳамсарон), агар мард чанд ҳамсар дорад.[13]
- Вазоифи зану шавҳар дар баробари нушузи дигаре
- Ба фатвои фақеҳон, дар сурати ношиза будани зан, шавҳар ибтидо бояд ӯро насиҳат кунад ва агар сӯдманд воқеъ нашуд, дар бистар ба ӯ пушт кунад ва ё бистарашро аз ӯ ҷудо кунад ва агар ҳамчунон фоидае надошт ӯро танбеҳи баданӣ кунад.[14] Агар нушуз аз тарафи мард бошад, зан мебоист шавҳарашро мавъиза карда, ҳуқуқи худро мутолиба кунад ва дар сурате, ки асар надошт, ба ҳокими шаръ руҷӯъ кунад.[15]
Аҳкоми дигари нушуз
Бархеи дигар аз аҳкоми нушуз иборатанд аз:
- Дар сурати ношиза будани зан, пардохти нафақа бар шавҳар воҷиб нест.[16]
- Дар сурати нушузи мард, зан ҳақ надорад вазоифи заношӯияшро нисбат ба ӯ тарк кунад,[17] ё ӯро танбеҳи баданӣ кунад.[18]
- Танбеҳи бадании зан набояд сангин бошад ва мӯҷиби шикастагӣ, ҷароҳат ва кабудии бадан шавад.[19]
- Худдории зан аз анҷоми корҳое, ки бар ӯ воҷиб нест, монанди пухтупаз, дузандагӣ ва назофати хона, аз нишонаҳои нушуз нест.[20]
- Хуруҷи зан аз манзил бидуни иҷозати шавҳар, барои касби маорифи эътиқодӣ ва аҳкоми шаръӣ ба миқдори лозим,[21] ё барои муолиҷаи беморӣ, дар сурате, ки имкони дармон дар манзил нест,[22] ё барои фирор аз зарарҳои ҷонӣ, молӣ ва обрӯӣ, нушуз маҳсуб намешавад.[23]
Ҷусторҳои вобаста
Эзоҳ
- ↑ Шаҳиди Сонӣ, ар-Равзат-ул-баҳия, 1386ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.427; Муҳаққиқи Ҳиллӣ, Мухтасар-ун-нофеъ, 1410ҳ.қ., саҳ.191.
- ↑ Шаҳиди Сонӣ, ар-Равзат-ул-баҳия, 1386ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.427.
- ↑ Хуӣ, Минҳоҷ-ус-солеҳин, муассисаи ал-Хуӣ-л-исломия, ҷ.2, саҳ.289.
- ↑ Макорими Шерозӣ, Аҳкоми хонавода, 1389ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.219.
- ↑ Шаҳиди Сонӣ, ар-Равзат-ул-баҳия, 1386ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.427.
- ↑ Барои намуна нигоҳ кунед ба Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1362ҳ.ш., ҷ.31, саҳ.200 - 209.
- ↑ Фозил Ҳиндӣ, Кашф-ул-лисом, 1416ҳ.қ., ҷ.7, саҳ.524; Софии Гулпойгонӣ, Ҳидоят-ул-ибод, 1416ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.174.
- ↑ Шаҳиди Аввал, ал-Лумъат-уд-димишқия, Дорулфикр, саҳ.174.
- ↑ Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1362ҳ.ш., ҷ.31, саҳ.205; имом Хумайнӣ, Таҳрир-ул-васила, 1390ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.305.
- ↑ Фозил Ҳиндӣ, Кашф-ул-лисом, 1416ҳ.қ., ҷ.7, саҳ.524.
- ↑ Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1362ҳ.ш., ҷ.31, саҳ.207.
- ↑ Баҳронӣ, Ҳадоиқ-ун-нозира, муассисаи ан-Нашрул-исломӣ, ҷ.24, саҳ.614.
- ↑ Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1362ҳ.ш., ҷ.31, саҳ.195.
- ↑ Барои намуна нигоҳ кунед ба Муҳаққиқи Ардабилӣ, Зубдат-ул-баён, алмактабатул-Муртазавия ли эҳёил осорил-Ҷаъфария, саҳ.537.
- ↑ Шаҳиди Сонӣ, Равзат-ул-баҳия, 1386ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.429.
- ↑ Фозил Ҳиндӣ, Кашф-ул-лисом, муассисаи ан-Нашрул-исломӣ, ҷ.7, саҳ.524; Фозил Ҳиндӣ, Кашф-ул-лисом, муассисаи ан-Нашрул-исломӣ, ҷ.7, саҳ.576.
- ↑ Хонсорӣ, Ҷомеъ-ул-мадорик, 1405ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.433.
- ↑ Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1362ҳ.ш., ҷ.31, саҳ.207.
- ↑ Макорими Шерозӣ, Аҳкоми хонавода, 1389ҳ.ш., саҳ.219.
- ↑ Имом Хумайнӣ, Таҳрир-ул-васила, 1390ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.305.
- ↑ Фозили Ланкаронӣ, Ҷомеъ-ул-масоил, 1383ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.431.
- ↑ Макорими Шерозӣ, Аҳкоми хонавода, 1389ҳ.ш., саҳ.210.
- ↑ Фозили Ланкаронӣ, Ҷомеъ-ул-масоил, 1383ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.431.
Сарчашма
- Имом Хумайнӣ, Сайидрӯҳуллоҳ, Таҳрир-ул-васила, Наҷаф, Дорулкутубилъилмия, 1390ҳ.қ.
- Баҳронӣ, Юсуф ибни Аҳмад, Ҳадоиқ-ун-нозира, Қум, муассисаи ан-Нашрул-исломӣ, бе то.
- Хонсорӣ, Сайид Аҳмад, Ҷомеъ-ул-мадорик фи шарҳи мухтасар-ин-нофеъ, Теҳрон, мактабатус-Садуқ, чопи дувум, 1405ҳ.қ.
- Хуӣ, Сайид Абулқосим, Минҳоҷ-ус-солеҳин, Наҷаф, муассисаи ал-Хуӣ-л-исломия, бе то.
- Шаҳиди Аввал, Муҳаммад ибни Маккӣ, ал-Лумъат-уд-димишқия, Бейрут, Дорултурос, 1410ҳ.қ.
- Шаҳиди Сонӣ, Зайниддин ибни Алӣ, ар-Равзат-ул-баҳия фи шарҳ ал-Лумъат-уд-димишқия, Наҷаф, маншуроти ҷомеъатун- Наҷаф аддиния, 1386ҳ.қ.
- Софии Гулпойгонӣ, Лутфуллоҳ, Ҳидоят-ул-ибод, Қум, Дорул-Қуръонил-Карим, 1416ҳ.қ.
- Фозили Ланкаронӣ, Муҳаммад, Ҷомеъ-ул-масоил, Қум, интишороти Амир, чопи ёздаҳум, 1383ҳ.ш.
- Фозил Ҳиндӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, Кашф-ул-лисоми ва-л-ибҳом ан қавоид-ил-аҳком, Қум, муассисаи ан-Нашрул-исломӣ, 1416ҳ.қ.
- Муҳаққиқи Ардабилӣ, Аҳмад ибни Муҳаммад, Зубдат-ул-баён, Теҳрон, алмактабатул-Муртазавия ли эҳёил осорил-Ҷаъфария, бе то.
- Муҳаққиқи Ҳиллӣ, Ҷаъфар ибни Ҳасан, Мухтасар-ун-нофеъ, Теҳрон, қисмуддиросотил-исломия фи муассисатил беъсат, чопи сеюм, 1410ҳ.қ.
- Макорими Шерозӣ, Носир, Аҳкоми хонавода, Қум, Имом Алӣ ибни Абитолиб алайҳиссалом, чопи дувум, 1389ҳ.ш.
- Наҷафӣ, Муҳаммадҳасан, Ҷавоҳир-ул-калом, Бейрут, дору эҳёилтуросилъарабӣ, чопи ҳафтум, 1362ҳ.ш.