Үндана:Сиқти ҷанин
Мақолаҳои Викишиа бо рӯйкарди иртибот бо мактаби ташайюъ навишта мешаванд. Барои огоҳӣ аз паҳлӯҳои дигари мавзуъ, манобеи дигарро ҷӯё шавед. |
Сиқти ҷанин (форсӣ: سقطِ جنین), иҷҳоз (форсӣ: اِجهاض) ё исқоти ҳамл (форсӣ: اسقاط حمل) андохтани ҷанин пеш аз комил шудани он аст. Қасдан исқот намудани ҳамл аз назари баъзе мактабҳои ахлоқӣ, ҳуқуқӣ ва фиқҳи исломӣ, ҷурм ё гуноҳ ҳисоб мешавад. Фуқаҳои шиа муътақиданд қасдан сиқт намудани ҷанин пас аз инъиқоди нутфа ва қарор гирифтани он дар раҳими модар, ҳаром аст; ҳарчанд дар бораи мавориди хос монанди хатари ҷонӣ барои модар, нуқси ҷанин ё ҷанини номашруъ, миёни онон ихтилофи назар вуҷуд дорад.
Аз ҷиҳати ҳуқуқӣ дар баъзе кишварҳои исломӣ ва қонунгузории Тоҷикистон, сиқти ҷанин ҷурм ҳисобида мешавад ва барои он муҷозотҳое монанди дия, таъзир, ҷаримаи молӣ ва маҳрум сохтан аз озодӣ муқаррар шудааст, ба ҷуз дар ҳолатҳое ки боқӣ мондани ҷанин ҳаёти модарро таҳдид мекунад.
Мафҳумшиносӣ ва ҷойгоҳ
Сиқти ҷанин, исқоти ҳамл ё иҷҳоз, андохтани ҷанин пеш аз комил шудани он аст.[1] Аз назари пизишкӣ, сиқти ҷанин поёни ҳомилагӣ пеш аз ҳафтаи бистум ё ҷанине бо вазни камтар аз 500 грамм аст.[2] Дар сарчашмаҳои фиқҳӣ ва ҳуқуқӣ, вожаи ҷанин, шомили давраи бордорӣ аз ибтидои лиқоҳ то таваллуд аст.[3]
Сиқти ҷанин дар ҳавзаҳои ахлоқ, бахусус ахлоқи пизишкӣ,[4] ҳуқуқ[5] ва фиқҳи исломӣ дар бобҳои никоҳ, ҳудуд, қисос, диёт, ирс ва низ масоили мустаҳдаса[6] мавриди баҳс қарор гирифтааст.
Ҳукми таклифии сиқти ҷанин
Аз назари фуқаҳои шиа, қасдан исқот намудани ҷанин ҳаром аст[7] ва дар ин ҳукм байни фуқаҳо ихтилофе вуҷуд надорад.[8] Ҳурмати сиқти ҷанин шомили тамоми мароҳили ҷанин пас аз инъиқоди нутфа мешавад[9] ва тафовуте миёни ҷанини машруъ ё номашруъ (ношӣ аз зино) вуҷуд надорад.[10]
Барои исботи ҳурмати сиқти ҷанин ба оятҳои Қуръон, аз ҷумла ояти 151 сураи Анъом, ки бар ҳаром будани қатл дилолат дорад[11] ва ҳамчунин ривоёти нақлшуда аз имомон (а), ки аз сиқти ҷанин наҳй кардаанд, истиндод шудааст.[12]
Ҳукми фиқҳии мавориди хос
Ҷанини ноқис
Агар ҷанин ноқис ё маъюб бошад ва пас аз таваллуд ба таври қатъӣ муҷиби усру ҳараҷи волидон шавад, фақиҳоне монанди Мирзо Ҷаводи Табрезӣ[13] Макорими Шерозӣ,[14] Муҳаммад Исҳоқи Файёз[15] ва Сайид Алӣ Хоманаӣ[16] сиқти онро танҳо пеш аз дамидани рӯҳ ҷоиз донистаанд; аммо пас аз дамидани рӯҳ, сиқти онро ҷоиз намедонанд; зеро ҷанине ки рӯҳ дар он дамида шуда, ҳукми инсони комилро дорад ва далелҳои ҳурмати қатли нафс шомили он мешавад.[17]
Дар муқобил фақиҳоне монанди Имом Хумайнӣ,[18] Сайид Абулқосим Хуӣ[19] ва Сайид Алӣ Систонӣ,[20] сиқти ҷанини ноқисро ҳатто пеш аз дамидани рӯҳ низ ҷоиз намедонанд.
Хатари ҷонӣ барои модар
Агар идомаи бордорӣ, ҷони модарро таҳдид кунад, миёни фуқаҳои шиа дар бораи раво будан ё набудани сиқти ҷанин ихтилофи назар вуҷуд дорад.[21] Бештари фақиҳон сиқти ҷанинро пеш аз дамида шудани рӯҳ, ҷоиз медонанд;[22] дар ин дидгоҳ, ҳифзи ҷони модар бар ҳифзи ҷанине, ки ҳанӯз дорои ҳаёти инсонии комил талаққӣ намешавад, авлост.[23] Бо ин ҳол баъзе фақиҳон аз ҷумла Соҳиби Урва,[24] Сайид Абдулаъло Сабзаворӣ[25] ва Лутфуллоҳ Софии Гулпойгонӣ[26] сиқти ҷанинро пас аз дамида шудани рӯҳ раво намедонанд ва дар ин вазъият, миёни ҳифзи ҷони модар ва ҷанин авлавияте қоил нестанд.[27] Ба назари Сайид Абулқосим Хуӣ, агар бақои ҷанин муҷиби марги модар шавад ва пизишкон сиқти ҷанинро иҷозат дода бошанд, миёни вуҷуби ҳифзи ҷони модар ва вуҷуби ҳифзи ҷанин тазоҳум эҷод мешавад ва дар сурати набудани тарҷеҳ, модар дар интихоб миёни ҳифзи ҷанин ва наҷоти ҷони худ аз тариқи сиқти ҷанин ихтиёр дорад.[28] Дар сурати анҷоми сиқт, пардохти дияи ҷанин бар ӯҳдаи омили сиқт хоҳад буд.[29]
Ҷанини номашруъ
Дар мавриди сиқти ҷанине, ки аз роҳи номашруъ эҷод шудааст, дидгоҳҳои мутафовите вуҷуд дорад. Бар асоси фатвои Сайид Абулқосим Хуӣ, агар пеш аз дамида шудани рӯҳ, бақои ҷанин барои модар муҷиби усру ҳараҷ шавад ва имкони интиқол ба маҳалли дурдаст барои вазъи ҳамл вуҷуд надошта бошад, сиқти ҷанин ҷоиз аст;[30] аммо пас аз дамида шудани рӯҳ, сиқти ҷанин ҷоиз нест ва зани бордор метавонад барои зоймон ба маҳалли дурдасттар равад.[31] Носир Макорими Шерозӣ, сиқти ҷанинро дар сурате, ки ҷони модар аз тарафи хонавода дар хатар бошад ва ҷанин ба чормоҳагӣ нарасида бошад, раво донистааст.[32] Дар муқобил, Сайид Абдулаъло Сабзаворӣ сиқти ҷанини номашруъро, ҳатто дар мавориде ки ҳифзи ҷон ё обрӯи зан ба он вобаста бошад, ҷоиз намедонад.[33]
Муҷозоти сиқти ҷанин
Дидгоҳи фуқаҳо дар бораи муҷозоти сиқти ҷанин ба шарҳи зерин аст:
Қисос
Бар асоси назари машҳури фақиҳони шиа, қасдан сиқт намудани ҷанин пас аз дамида шудани рӯҳ, муҷиби қисос аст.[34] Бо ин ҳол Хуӣ бо истиндод ба ривояте аз Имом Боқир (а), қотили ҷанинро монанди касе ки кӯдаки хурдсол ё шахси девонаро куштааст, мустаҳаққи қисос намедонад[35] ва фақат дияро бар ӯ фарз медонад.[36]
Гурӯҳе аз фақиҳони қарни понздаҳуми ҳиҷрӣ, монанди Оятуллоҳ Гулпойгонӣ,[37] Оятуллоҳ Фозили Ланкаронӣ,[38] Оятуллоҳ Мунтазирӣ,[39] Оятуллоҳ Ваҳид Хуросонӣ[40] ва Оятуллоҳ Макорими Шерозӣ,[41] низ қотили ҷанине, ки рӯҳ дар он дамида шударо сазовори қисос намедонанд ва танҳо дияро бар ӯ воҷиб медонанд.
Дия
Бар асоси назари фуқаҳо дияи ҷанин бар ӯҳдаи касест, ки сиқт ба дасти ӯ ё бо феъли ӯ анҷом шудааст.[42] Миқдори он бо таваҷҷуҳ ба мароҳили рушди ҷанин мутафовит аст.[43] Бештари фуқаҳо дияи ҷанини комилро барои писар (ҳазор динор) ва барои духтар пансад динор дар назар гирифтаанд.[44] Имом Хумайнӣ дар ин маврид миёни писар ва духтар тафовуте қоил нашудааст.[45]
Каффора
Агар сиқт, пеш аз дамида шудани рӯҳ бошад, каффора лозим нест;[46] аммо агар пас аз дамида шудани рӯҳ анҷом шавад, каффораи қатл воҷиб мешавад, ки шомили озод кардани банда, ду моҳ рӯза ва итъоми шаст фақир аст.[47]
Сиқти ҷанин аз нигоҳи ахлоқӣ
Сиқти ҷанин яке аз масоили муҳим дар ахлоқи пизишкӣ аст.[48] Баъзе файласуфон муътақиданд ҷанин пас аз расидан ба марҳилае ки тавоноии эҳсоси дард ва лаззат дорад (маъмулан семоҳаи аввал), ба мисли инсони комил аст ва исқоти он пас аз ин давра ҷоиз нест.[49] Баъзе дигар бар ин боваранд, ки танҳо «ашхоси ахлоқӣ» аз ҳуқуқе монанди ҳаққи ҳаёт, бархӯрдоранд[50] ва аз он ҷо ки ҷанин вижагиҳое монанди огоҳӣ, тааққул ва худогоҳиро надорад, шомили ин ҳуқуқ намешавад.[51] Дар муқобил дидгоҳи дигар, ҷанинро аз лаҳзаи лиқоҳ инсони комил ва узви ҷомеаи башарӣ медонад, ки қатли ӯ аз назари ахлоқӣ нодуруст аст.[52]
Дар қонунҳои кишварҳои исломӣ
Қонунҳо дар кишварҳои исломӣ дар бораи ҷурм донистани сиқти ҷанин ва муҷозотҳои марбут ба он мутафовит аст, бо вуҷуди он ки дар бораи ғайриқонунӣ будани он (ба ҷуз дар ҳолатҳои истисноӣ) иттифоқи умумӣ вуҷуд дорад.
Дар Миср, қонуни муҷозот ба таври сареҳ сиқти ҷанинро ҷурм эълон кардааст ва фақат он ҳолатеро, ки барои наҷоти ҷони модар зарурӣ бошад, истисно мекунад. Ҳар касе, ки амали исқоти ҳамли зани ҳомиларо анҷом диҳад, ба ҳабс маҳкум мешавад; агар ин корро қобила анҷом диҳад, муҷозот сахттар мешавад. Ҳамчунин зан низ, дар сурате, ки ба ин амал ризоят диҳад ва он боиси исқоти ҷанин шавад, муҷозот мешавад.[53]
Дар Ироқ, исқоти ҳамл бо ризояти зан ҷинояти сабук (ҷунҳа) ҳисобида мешавад, ки муҷозоташ ҳабс ё дия аст, аммо агар исқоти ҳамл боиси марги зан шавад, ҷиноят ба ҷинояти вазнин (ҷиноят) табдил меёбад, новобаста аз воситаи истифодашуда.[54]
Дар Эрон, қонуни муҷозоти исломӣ исқоти ҷанинро ҷурм мешуморад ва барои он муҷозотҳое, аз қабили дия ва таъзир, муқаррар карда,[55] ба истиснои ҳолати наҷоти ҷони модар, ки дар ин ҳол дия[56] ва арзиши он вобаста ба марҳилаи рушди ҷанин мутафовит аст.[57]
Дар моддаҳои 123 ва 124 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳти унвонҳои Исқоти ғайриқонунии ҳамл (аборт) ва Ба исқоти ҳамл маҷбур сохтани зан сиқти ҷанинро ҷурм ва муҷозотҳои ҷарима, маҳрум сохтан аз шуғл ва ё маҳрум сохтан аз озодӣ муаян намудааст.[58]
Эзоҳ
- ↑ Муассисаи Доират-ул-маорифи фиқҳи исломӣ, Фарҳанги фиқҳ мутобиқи мазҳаби Аҳли Байт (а), ҷ.4, саҳ.487.
- ↑ Қодипошо ва Аминиён, «بررسی مجوزهای سقط جنین صادرشده در اداره کل پزشکی قانونی استان کرمان در سال ۱۳۸۴ش و مقایسه اجمالی با سالهای قبل», саҳ.148.
- ↑ Алломаи Ҳиллӣ, Тазкират-ул-фуқаҳо, ҷ.1, саҳ.326.
- ↑ Шакур ва дигарон, «ابعاد اخلاقی سقط جنین در آموزش پزشکی», саҳ.25.
- ↑ Қонуни муҷозоти исломӣ, мусаввабаи 1392ҳ.ш, моддаи 718.
- ↑ Муассисаи Доират-ул-маорифи фиқҳи исломӣ, ал-Мавсуъат-ул-фиқҳия, ҷ.5, саҳ.395; Муассисаи Доират-ул-маорифи фиқҳи исломӣ, Фарҳанги фиқҳ мутобиқи мазҳаби Аҳли Байт (а), ҷ.4, саҳ.487.
- ↑ Систонӣ, Минҳоҷ-ус-солеҳин, ҷ.3, саҳ.115.
- ↑ Муассисаи Доират-ул-маорифи фиқҳи исломӣ, ал-Мавсуъат-ул-фиқҳия, ҷ.5, саҳ.394.
- ↑ Сабзаворӣ, Муҳаззаб-ул-аҳком, ҷ.25, саҳ.251; Хуӣ, ал-Масоил-уш-шаръия, ҷ.2, саҳ.310; Табрезӣ, Сирот-ун-наҷот, ҷ.1, саҳ.332.
- ↑ Сабзаворӣ, Муҳаззаб-ул-аҳком, ҷ.25, саҳ.251.
- ↑ Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, ҷ.42, саҳ.8; Сабзаворӣ, Муҳаззаб-ул-аҳком, ҷ.29, саҳ.112.
- ↑ Шайхи Садуқ, Ман ло яҳзуруҳу-л-фақиҳ, ҷ.4, саҳ.171; Сабзаворӣ, Муҳаззаб-ул-аҳком, ҷ.25, саҳ.253.
- ↑ Хуӣ, Аҳкоми ҷомеи масоили пизишкӣ, ҷ.1, саҳ.234.
- ↑ Макорими Шерозӣ, Буҳус фиқҳия ҳомма, ҷ.1, саҳ.293 - 294.
- ↑ Файёз, Минҳоҷ-ус-солеҳин, ҷ.3, саҳ.440.
- ↑ Хоманаӣ, Аҷвибат-ул-истифтоот, ҷ.2, саҳ.66.
- ↑ Макорими Шерозӣ, Буҳус фиқҳия ҳомма, ҷ.1, саҳ.295 - 296.
- ↑ Хумайнӣ, Истифтоот, ҷ.3, саҳ.291.
- ↑ Хуӣ, ал-Масоил-уш-шаръия, ҷ.2, саҳ.310.
- ↑ Ҳаким, ал-Фатова-л-муяссара, ҷ.1, саҳ.432.
- ↑ Муассисаи Доират-ул-маорифи фиқҳи исломӣ, ал-Мавсуъат-ул-фиқҳия, ҷ.4, саҳ.488.
- ↑ Хумайнӣ, Истифтоот, ҷ.3, саҳ.291; Гулпойгонӣ, Иршод-ус-соил, саҳ.173; Мунтазирӣ, Аҳкоми пизишкӣ, саҳ.103; Хоманаӣ, Аҷвибат-ул-истифтоот, ҷ.2, саҳ.66.
- ↑ Сабзаворӣ, Муҳаззаб-ул-аҳком, ҷ.25, саҳ.253; Муассисаи Доират-ул-маорифи фиқҳи исломӣ, ал-Мавсуъат-ул-фиқҳия, ҷ.5, саҳ.399.
- ↑ Таботабоӣ Яздӣ, ал-Урват-ул-вуско, ҷ.2, саҳ.118.
- ↑ Сабзаворӣ, Муҳаззаб-ул-аҳком, ҷ.25, саҳ.254.
- ↑ Софӣ Гулпойгонӣ, Истифтооти пизишкӣ, саҳ.65 - 66.
- ↑ Сабзаворӣ, Муҳаззаб-ул-аҳком, ҷ.25, саҳ.254.
- ↑ Ғаравӣ Табрезӣ, ат-Танқиҳ фи шарҳ ал-Урват-ил-вусқо, ҷ.9, саҳ.317; Хуӣ, Мабони такмилат-ул-минҳоҷ, ҷ.2, саҳ.13.
- ↑ Хуӣ, Аҳкоми ҷомеи масоили пизишкӣ, ҷ.1, саҳ.230.
- ↑ Хуӣ, Аҳкоми ҷомеи масоили пизишкӣ, ҷ.1, саҳ.232.
- ↑ Хуӣ, Аҳкоми ҷомеи масоили пизишкӣ, ҷ.1, саҳ.231.
- ↑ «حکم سقط جنین نامشروع به خاطر خوف از کشته شدن», Пойгоҳи иттилорасонии Дафтари Оятуллоҳ Макорими Шерозӣ.
- ↑ Сабзаворӣ, Муҳаззаб-ул-аҳком, ҷ.25, саҳ.253.
- ↑ Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, ҷ.43, саҳ.381; Сабзаворӣ, Муҳаззаб-ул-аҳком, ҷ.29, саҳ.112.
- ↑ Хуӣ, Мабони такмилат-ул-минҳоҷ, ҷ.2, саҳ.72.
- ↑ Хуӣ, Мабони такмилат-ул-минҳоҷ, ҷ.2, саҳ.417.
- ↑ Гулпойгонӣ, Маҷмаъ-ул-масоил, ҷ.3, саҳ.291.
- ↑ Фозил Ланкаронӣ, Ҷомеъ-ул-масоил, ҷ.1, саҳ.541.
- ↑ Мунтазирӣ, ал-Аҳком-уш-шаръия, саҳ.562.
- ↑ Ваҳид Хуросонӣ, Минҳоҷ-ус-солеҳин, ҷ.3, саҳ.589.
- ↑ Макорими Шерозӣ, Буҳус фиқҳия ҳомма, саҳ.290 - 292.
- ↑ Ниг.: Хуӣ, Масоили пизишкӣ, ҷ.1, саҳ.230; Хумайнӣ, Таҳрир-ул-васила, ҷ.2, саҳ.598; Макорими Шерозӣ, Буҳус фиқҳия ҳомма, ҷ.1, саҳ.299.
- ↑ Муассисаи Доират-ул-маорифи фиқҳи исломӣ, Фарҳанги фиқҳ мутобиқи мазҳаби Аҳли Байт (а), ҷ.4, саҳ.489.
- ↑ Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, ҷ.43, саҳ.356; Ваҳид Хуросонӣ, Минҳоҷ-ус-солеҳин, ҷ.3, саҳ.587.
- ↑ Хумайнӣ, Таҳрир-ул-васила, ҷ.2, саҳ.597.
- ↑ Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, ҷ.43, саҳ.364; Сабзаворӣ, Муҳаззаб-ул-аҳком, ҷ.29, саҳ.316.
- ↑ Систонӣ, «کفاره جمع», Пойгоҳи иттилоърасонии Дафтари Оятуллоҳ Сайидалӣ Ҳусайнии Систонӣ.
- ↑ Шакур ва дигарон, «ابعاد اخلاقی سقط جنین در آموزش پزشکی», саҳ.29.
- ↑ Исломӣ, «رهیافتهای اخلاقی به سقط جنین؛ یک بررسی موردی», саҳ.325.
- ↑ Ҷамшедӣ ва дигарон, «بررسی و نقد دیدگاه پیتر سینگر درباره اخلاقی بودن سقط جنین», саҳ.236.
- ↑ Атрак, «دلایل فلسفی موافقان و مخالفان سقط جنین (سقط جنین در فلسفه اخلاق)», саҳ.56.
- ↑ Палмер, Масоили ахлоқӣ, саҳ.94; Муваҳҳидӣ ва Гулзор, «بررسی سقط جنین از دو دیدگاه وظیفهگرایانه و غایتگرایانه», саҳ.18.
- ↑ «الإجهاض في مصر... تحريم قطعي وسجال لا ينتهي», Сайти Индипендент арабия.
- ↑ «القضاء العراقي يشرح بالتفصيل العقوبات المترتبة على إجهاض المرأة الحامل», Сайти Шафақ.
- ↑ Қонуни муҷозоти исломӣ, мусаввабаи 1392ҳ.ш; Китоби панҷуми Қонуни муҷозоти исломӣ (таъзирот), мусаввабаи 1375ҳ.ш, моддаҳои 622, 623 ва 624.
- ↑ Қонуни муҷозоти исломӣ, мусаввабаи 1392ҳ.ш, моддаи 718.
- ↑ Қонуни муҷозоти исломӣ, мусаввабаи 1392ҳ.ш, моддаи 716.
- ↑ КОДЕКСИ ҶИНОЯТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, Портали интернетии иттилооти ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон; Исқоти ҳамл, Сомонаи Фараҳ.
Сарчашма
- Алломаи Ҳиллӣ, Ҳасан ибни Юсуф, Тазкират-ул-фуқаҳо, Қум, Муассиса Ол-ил-Байт ли-эҳё-ит-турос, 1414ҳ.қ.
- Атрак, Ҳусайн, «دلایل فلسفی موافقان و مخالفان سقط جنین (سقط جنین در فلسفه اخلاق)» («Далоили фалсафии мувофиқон ва мухолифони сиқти ҷанин (сиқти ҷанин дар фалсафаи ахлоқ)»), Маҷаллаи Ахлоқ ва таърихи пизишкӣ, №3, 1387ҳ.ш.
- Ваҳид Хуросонӣ, Ҳусайн, Минҳоҷ-ус-солеҳин, Қум, Мадраса ал-Имом Боқирулъулум (алайҳиссалом), бетаърих.
- Гулпойгонӣ, Сайид Муҳаммадризо, Иршод-ус-соил, Бейрут, Интишороти Дор-ус-сафва, чопи якум, 1413ҳ.қ.
- Гулпойгонӣ, Сайид Муҳаммадризо, Маҷмаъ-ул-масоил, Қум, Дор ал-Қуръон ал-карим, 1413ҳ.қ.
- Ғаравӣ Табрезӣ, Алӣ, ат-Танқиҳ фи шарҳ ал-Урват-ил-вусқо, Қум, Интишороти Дор ал-Ҳодӣ, чопи сеюм, 1410ҳ.қ.
- Исломӣ, Ҳасан, «رهیافتهای اخلاقی به سقط جنین؛ یک بررسی موردی» («Раҳёфтҳои ахлоқӣ ба сиқти ҷанин; як баррасии мавридӣ»), Фаслномаи Борварӣ ва ноборварӣ, тирамоҳи 1384ҳ.ш.
- Қодипошо, Масъуд; Аминиён, Заҳро, «بررسی مجوزهای سقط جنین صادرشده در اداره کل پزشکی قانونی استان کرمان در سال ۱۳۸۴ش و مقایسه اجمالی با سالهای قبل» («Баррасии муҷаввизҳои сиқти ҷанин содиршуда дар идораи кулли пизишкии қонунӣ вилояти Кирмон дар соли 1384ҳ.ш. ва муқоисаи иҷмолӣ бо солҳои қабл»), Маҷаллаи Донишгоҳи улуми пизишкии Кирмон, №2, 1386ҳ.ш.
- Қонуни муҷозоти исломӣ, мусаввабаи 1392ҳ.ш.
- Макорими Шерозӣ, Носир, Буҳус фиқҳия ҳомма, Қум, Мадраса ал-Имом Алӣ ибни Абитолиб алайҳиссалом, чопи якум, 1380ҳ.ш.
- Муассисаи Доират-ул-маорифи фиқҳи исломӣ, ал-Мавсуъат-ул-фиқҳия, Қум, Муассисаи Доират-ул-маорифи фиқҳи исломӣ, 1423ҳ.қ.
- Муассисаи Доират-ул-маорифи фиқҳи исломӣ, Фарҳанги фиқҳ мутобиқи мазҳаби Аҳл Байт алайҳимуссалом, Қум, Муассисаи Доират-ул-маорифи фиқҳи исломӣ, 1387ҳ.ш.
- Муваҳҳидӣ, Муҳаммадҷавод;Гулзори Исфаҳонӣ, Можгон, «بررسی سقط جنین از دو دیدگاه وظیفهگرایانه و غایتگرایانه» («Баррасии сиқти ҷанин аз ду дидгоҳи вазифагароёна ва ғоятгароёна»), Фаслномаи илмии тахассусии Ахлоқ, №1, 1390ҳ.ш.
- Мунтазирӣ, Ҳусайналӣ, ал-Аҳком-уш-шаръия, Қум, Интишороти Тафаккур, чопи якум, 1413ҳ.қ.
- Мунтазирӣ, Ҳусайналӣ, Аҳкоми пизишкӣ, Қум, нашри Соя, чопи сеюм, 1427ҳ.қ.
- Муҳаққиқи Ҳиллӣ, Ҷаъфар ибни Ҳасан, Шароиъ-ул-ислом фи масоил-ил-ҳалол ва-л-ҳаром, Қум, Муассисаи Исмоилиён, чопи дуюм, 1408ҳ.қ.
- Наҷафӣ, Муҳаммадҳасан, Ҷавоҳир-ул-калом фи шарҳи шароиъ-ул-ислом, Бейрут, Дор эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, чопи ҳафтум, 1362ҳ.ш.
- Палмер, Майкл, Масоили ахлоқӣ, тарҷума: Алиризо Оли Буя, Теҳрон, Интишороти Самт, чопи дуюм, 1389ҳ.ш.
- Сабзаворӣ, Сайид Абдулаълӣ, Муҳаззаб-ул-аҳком, Қум, Интишороти Дор-ут-тафсир, 1413ҳ.қ.
- Систонӣ, Сайид Алӣ, Минҳоҷ-ус-солеҳин, Қум, Интишороти Меҳр, 1414ҳ.қ.
- Систонӣ, Сайид Алӣ, «کفاره جمع» (Каффораи ҷамъ), Пойгоҳи иттилорасонии Дафтари Оятуллоҳ Сайид Алӣ Ҳусайнии Систонӣ, санаи боздид: 11 ноябри 2026.
- Софӣ Гулпойгонӣ, Лутфуллоҳ, Истифтооти пизишкӣ, Қум, Дор ал-Қуръон ал-карим, чопи якум, 1415ҳ.қ.
- Таботабоӣ Яздӣ, Сайид Муҳаммадкозим, ал-Урват-ул-вуско, Қум, Муассисат-ун-нашр-ил-исломӣ, чопи якум, 1417ҳ.қ.
- Табрезӣ, Ҷавод, Сирот-ун-наҷот, Қум, Муассисаи Салмони Форсӣ, 1416ҳ.қ.
- Файёз, Муҳаммадисҳоқ, Минҳоҷ-ус-солеҳин, Қум, Мактаб самоҳа Оятуллоҳ ал-узмо ал-ҳоҷ аш-Шайх Муҳаммадисҳоқ ал-Файёз, бетаърих.
- Фозил Ланкаронӣ, Муҳаммад, Ҷомеъ-ул-масоил, Қум, Интишороти Амир, чопи ёздаҳум, 1383ҳ.қ.
- Хоманаӣ, Сайид Алӣ, Аҷвибат-ул-истифтоот, Кувайт, Дор-ун-набаъ, чопи якум, 1415ҳ.қ.
- Хуӣ, Сайид Абулқосим, ал-Масоил-уш-шаръия, Қум, Муассиса ал-Хуӣ ал-исломия, Хуӣ, бетаърих.
- Хуӣ, Сайид Абулқосим, Аҳкоми ҷомеи масоили пизишкӣ, Қум, Дор ас-Сиддиқа аш-шаҳида, чопи якум, 1432ҳ.қ.
- Хуӣ, Сайид Абулқосим, Мабони такмилат-ул-минҳоҷ, Қум, Муассисаи эҳёи осори Имом Хуӣ, бетаърих.
- Хумайнӣ, Сайид Рӯҳуллоҳ, Истифтоот, Қум, Ҷомеаи мударрисини Ҳавзаи илмияи Қум, чопи якум, 1372ҳ.ш.
- Хумайнӣ, Сайид Рӯҳуллоҳ, Таҳрир-ул-васила, Наҷафи Ашраф, Дор-ул-кутуб-ил-илмия, чопи дуюм, 1390ҳ.қ.
- Ҳаким, Абдулҳодӣ, ал-Фатова-л-муяссара, Фоиқ-ул-малвана, 1417ҳ.қ.
- Ҷамшедӣ, Фотима ва дигарон, «بررسی و نقد دیدگاه پیتر سینگر درباره اخلاقی بودن سقط جنین» («Баррасии ва нақди дидгоҳи Питер Сингер дар бораи ахлоқӣ будани сиқти ҷанин»), Дуфаслномаи илмӣ-пажӯҳишии Таамулоти фалсафӣ, №41, тирамоҳ ва зимистони 1397ҳ.ш.
- Шайхи Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, Ман ло яҳзуруҳу-л-фақиҳ, Қум, Ҷамоат-ул-мударрисин фи-л-ҳавзат-ил-илмия, 1404ҳ.қ.
- Шакур, Маҳсо ва дигарон, «ابعاد اخلاقی سقط جنین در آموزش پزشکی» («Абъоди ахлоқии сиқти ҷанин дар омӯзиши пизишкӣ»), Маҷаллаи Ахлоқ ва таърихи пизишкӣ, №5, озари 1392ҳ.ш.
- Китоби панҷуми Қонуни муҷозоти исломӣ (таъзирот), мусаввабаи 1375ҳ.ш.
- КОДЕКСИ ҶИНОЯТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, Портали интернетии иттилооти ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, санаи боздид: 11 ноябри 2026.
- «حکم سقط جنین نامشروع به خاطر خوف از کشته شدن» («Ҳукми сиқти ҷанини номашруъ ба хотири хавф аз кушта шудан»), Пойгоҳи иттилорасонии Дафтари Оятуллоҳ Макорими Шерозӣ, санаи боздид: 11 ноябри 2026.
- Исқоти ҳамл, Сомонаи Фараҳ, санаи дарҷи матлаб: 28 ноябри 2020, санаи боздид: 10 ноябри 2026.
- «القضاء العراقي يشرح بالتفصيل العقوبات المترتبة على إجهاض المرأة الحامل» (Мақомоти қазоии Ироқ ба таври муфассал муҷозотҳои марбут ба исқоти ҳамли зани ҳомиларо шарҳ медиҳад), Сайти Шафақ, санаи боздид: 11 ноябри 2026.
- «الإجهاض في مصر... تحريم قطعي وسجال لا ينتهي» (Исқоти ҳамл дар Миср... ҳурмати қатъӣ ва баҳси бепоён), Сайти Индипендент арабия, санаи боздид: 11 ноябри 2026.