Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Хумси арбоҳи макосиб

Аз wikishia


Хумси арбоҳи макосаб (форсӣ: خُمس اَرباح مَکاسب) аз панҷ як ҳиссаи судҳои ҳосилшуда аз касбу кор аст,[1] ки пардохти он дар фиқҳи шиа, пас аз кам кардани хароҷоти маъмулии солона (мауна) воҷиб аст.[2] Ин ҳукм даромадҳои ҳосилшуда аз тиҷорат, кишоварзӣ, саноат, нависандагӣ, дӯзандагӣ, иҷораи амвол ва дигар касбу корҳоро дарбар мегирад.[3] Бо вуҷуди ин, дар бораи шомили хумс будани мавориде чун маҳрия, туҳфа, ҷоиза ва мерос миёни фақеҳон ихтилофи назар вуҷуд дорад.[4]

Фақеҳони аҳли суннат арбоҳи макосабро шомили хумс намедонанд.[5] Дар муқобил, фақеҳони шиа барои исботи вуҷуби хумс ба ривоёти Аҳли Байт (а)[6] ва ояти хумс истинод мекунанд ва бовар доранд, ки вожаи ғанимат дар ин оят маъное умум дорад ва ҳар гуна даромад ва судро дар бар мегирад.[7] Ба гуфтаи баъзе пажӯҳишгарон, ҳарчанд гузорише аз гирифтани хумси арбоҳи макосаб дар даврони Пайғамбар (с) ва Имом Алӣ (а) дар сарчашмаҳои таърихӣ вуҷуд надорад,[8] аммо фақеҳони шиа бар ин боваранд, ки вуҷуби он аз ибтидои Ислом собит буда, лекин ба сабаби камбизоатии мусалмонон, иҷрои он ба таъхир афтодааст.[9]

Тибқи назари фақеҳон, хумси арбоҳи макосаб пас аз гузаштани як сол аз оғози соли хумсӣ пардохт мешавад.[10] Оғози соли хумсӣ низ бо аввалин даромад ё оғози фаъолияти иқтисодии шахс муайян мегардад.[11]

Эзоҳ

  1. Муассисаи доиратулмаорифи фиқҳи исломӣ, Фарҳанги фиқҳ мувофиқи мазҳаби Аҳли Байт, ҷ.1, саҳ.364.
  2. Қумӣ, ал-Ғоят-ул-қусво, ҷ.2, саҳ.258; Макорми Шерозӣ, Анвор-ул-фақоҳа, Китоб-ул-хумс ва-л-анфол, саҳ.290.
  3. Ҳасанпур, «Мутааллақи хумси арбоҳи макосаб то мутлақи фоида» саҳ.56; Баниҳошимии Хумайнӣ, Тавзеҳ-ул-масоили мароҷеъ, саҳ.7 - 125; Баниҳошимии Хумайнӣ, Рисолаи Тавзеҳ-ул-масоили мароҷеъ, саҳ.468 - 498.
  4. Баниҳошимии Хумайнӣ, Тавзеҳ-ул-масоили мароҷеъ, саҳ.7 - 125.
  5. Қуртубӣ, ал-Ҷомеъ ли аҳком-ил-Қуръон, ҷ.8, саҳ.1.
  6. Мунтазирии Наҷафободӣ, Мабонии фиқҳии ҳукумати исломӣ, тарҷумаи Салавотӣ ва Шакурӣ, ҷ.6, саҳ.197.
  7. Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, ҷ.4, саҳ.468; Мусавии Гулпойгонӣ, Маҷмаъ-ул-масоил, ҷ.1, саҳ.390.
  8. Мунтазирии Наҷафободӣ, Мабонии фиқҳии ҳукумати исломӣ, тарҷумаи Салавотӣ ва Шакурӣ, ҷ.6, саҳ.142.
  9. Макорми Шерозӣ, Анвор-ул-фақоҳа, Китоб-ул-хумс ва-л-анфол, саҳ.291.
  10. Баниҳошимии Хумайнӣ, Рисолаи Тавзеҳ-ул-масоили мароҷеъ, саҳ.468 - 498.
  11. Баниҳошимии Хумайнӣ, Рисолаи Тавзеҳ-ул-масоили мароҷеъ, саҳ.468 - 498.

Сарчашма

  • Баниҳошимии Хумайнӣ, Сайид Муҳаммад Ҳасан, Тавзеҳ-ул-масоили мароҷеъ, Қум, Дафтари интишороти исломии Ҷомеаи мударрисини Ҳавзаи илмияи Қум, 1392ҳ.ш.
  • Қумӣ, Шайх Аббос, ал-Ғоят-ул-қусво фи тарҷимат-ил-Урват-ил-вусқо, Қум, Субҳи пирӯзӣ, 1423ҳ.қ.
  • Қуртубӣ, Муҳаммад ибни Аҳмад, ал-Ҷомеъ ли аҳком-ил-Қуръон, Теҳрон, Носири Хусрав, 1364ҳ.ш.
  • Макорми Шерозӣ, Носир, Анвор-ул-фақоҳа, Китоб-ул-хумс ва-л-анфол, Қум, Мадрасат-ул-Имом Алӣ ибни Абитолиб (а), 1416ҳ.қ.
  • Муассисаи доиратулмаорифи фиқҳи исломӣ, Фарҳанги фиқҳ мувофиқи мазҳаби Аҳли Байт (а), зери назари: Сайид Маҳмуд Ҳошимии Шоҳрудӣ, Қум, Муассисаи доиратулмаорифи фиқҳи исломӣ, 1382ҳ.ш.
  • Мунтазирии Наҷафободӣ, Ҳусайналӣ, Мабонии фиқҳии ҳукумати исломӣ, тарҷумаи Маҳмуд Салавотӣ ва Абулфазл Шакурӣ, Қум, Муассисаи Кайҳон, 1409ҳ.қ.
  • Мусавии Гулпойгонӣ, Сайид Муҳаммадризо, Маҷмаъ-ул-масоил, Қум, Дор-ул-Қуръон-ил-карим, 1409ҳ.қ.
  • Табарсӣ, Фазл ибни Ҳасан, Маҷмаъ-ул-баён фи тафсир-ил-Қуръон, Бейрут, Муассисат-ул-аъламӣ ли-л-матбуот, 1415ҳ.қ.
  • Ҳасанпур, Довуд, «Мутааллақи хумси арбоҳи макосаб то мутлақи фоида», дар маҷаллаи Пажӯҳиши динӣ, №33, тирамоҳ ва зимистони 1395ҳ.ш.