Садақаи воҷиб
Ин мақола як навиштори тавсифӣ дар бораи як мафҳуми фиқҳист ва наметавонад меъёре барои эъмоли динӣ бошад. Барои эъмоли динӣ ба манобеи дигар муроҷиа кунед.
Ин мақола дар бораи садақаи воҷиб аст. Барои ошноӣ бо мафҳуми садақа, мадхали садақаро бибинед.
Садақаи воҷиб, ба воҷиботи молии Ислом чун закоти мол, закоти Фитра ва каффорот гуфта мешавад. Садақаи воҷиб унвони мустақил дар фиқҳ надорад ва аз ҳаряк аз масодиқи он ҷудогона баҳс мешавад. Як ҳукми куллӣ дар бораи садақаи воҷиб, аз дидгоҳи бархе фақеҳон, ин аст, ки бархилофи садақаи мустаҳабӣ, беҳтар аст ба сурати аланӣ пардохт шавад.
Таърифи садақаи воҷиб
Садақа ба ин маъност, ки моли худро барои Худо дар ихтиёри дигарон қарор диҳем.[1] Садақа бар ду қисм аст: мустаҳаб ва воҷиб. «Ҳиба» ё бахшидани мол ба дигарӣ, агар ба қасди қурбат анҷом шавад, аз садақоти мустаҳаб аст. Садақаи воҷиб ҳам шомили мавориде чун закоти мол, закоти Фитра ва каффорот мешавад, ки воҷиб аст пардохт шаванд.[2]
Аҳком
Дар китобҳои фиқҳӣ, ҳаряк аз садақоти воҷиб аҳкоме махсус ба худ доранд ва аҳкомашон ҷудо баррасӣ мешавад. Барои мисол закоти мол, закоти Фитра ва каффорот, ҳаряк дорои унвони мустақил дар фиқҳанд ва аз онҳо дар бахшҳои мустақил баҳс мешавад.[3] Бо ин ҳама дар бархе навиштаҳои фиқҳӣ, аз садақаи воҷиб ба таври куллӣ ҳам баҳс шудааст, барои намуна соҳиб Ҷавоҳир (1202 - 1266ҳ.қ.) дар бахше аз китоби Ҷавоҳир-ул-калом бо унвони «вақф ва садақа», як масъала дар бораи садақаи воҷиб ҳам матраҳ кардааст. Он ин аст, ки бархе аз фақеҳон бо истиноде ба ривоёте, гуфтаанд беҳтар аст, садақаи воҷиб ошкоро пардохт шавад; бархилофи садақаи мустаҳаббӣ, ки беҳтар аст пинҳонӣ дода шавад.[4] Аммо бархе низ гуфтаанд пардохти ҳар садақае, чӣ воҷиб ва чӣ мустаҳаб, беҳтар аст дар хафо сурат гирад.[5] Муҳаммадсолеҳи Мозандаронӣ, аз фақеҳони қарни ёздаҳуми қамарӣ, далели дидгоҳи дувумро ин баён кардааст, ки пардохти садақа ба сурати пинҳонӣ моро аз риё дур нигаҳ медорад.[6]
Эзоҳ
- ↑ Маръо, ал-Қомус-ул-фиқҳӣ, 1413ҳ.қ., саҳ.124; Мураввиҷ, Истилоҳоти фиқҳӣ, 1379ҳ.ш., саҳ.309 - 310.
- ↑ Муассисаи доиратумаорифи фиқҳи исломӣ, фарҳанги фиқҳ, 1392ҳ.ш., ҷ.5, саҳ.65.
- ↑ Барои намуна, нигоҳ кунед ба Хуӣ, Мавсуъат-ул-имом Хуӣ, 1418ҳ.қ., ҷ.23, саҳ.2, ҷ.24, саҳ.360, ҷ.21, саҳ.305; Кошифулғито, Анвор-ул-фақоҳат, 1422ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.1, 125, ҷ.4, саҳ.25.
- ↑ Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1404ҳ.қ., ҷ.28, саҳ.132.
- ↑ Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1404ҳ.қ., ҷ.28, саҳ.132.
- ↑ Мозандаронӣ, Шарҳ-ул-кофӣ, 1342ҳ.ш., ҷ.6, саҳ.219.
Сарчашма
- Хуӣ, Сайидабулқосим, Мавсуъат-ул-имом Хуӣ, Қум, муассисаи эҳёу осор-ил-имом Хуӣ, чопи аввал, 1418ҳ.қ.
- Кошифулиғто, Ҳасан, Анвор-ул-фақоҳат, Наҷаф, муассисаи Кошифулғитоилъома, 1422ҳ.қ.
- Мозандаронӣ, Муҳаммадсолеҳ, Шарҳи ал-Кофӣ, Теҳрон, алмактабатулисломия линнашри ваттавзиъ, 1342ҳ.ш.
- Маръо, Ҳусайн, ал-Қомус-ул-фиқҳӣ, Бейрут, Дорул-Муҷтабо, 1413ҳ.қ.
- Мураввиҷ, Ҳусайн, Истилоҳоти фиқҳӣ, Қум, Бахшоиш, 1379ҳ.ш.
- Муассисаи доиратулмаорифи фиқҳи исломӣ, фарҳанги фиқҳ мутобиқ бо мазҳаби Аҳли Байт алайҳимуссалом, чопи аввал, 1392ҳ.ш.
- Наҷафӣ, Муҳаммадҳасан, Ҷавоҳир-ул-калом фи шарҳи шароеъ-ил-Ислом, тасҳеҳ: Аббоси Қучонӣ ва Алии Охундӣ, Бейрут, Дору эҳёилтуросилъарабӣ, чопи ҳафтум, 1404ҳ.қ.