Соли хумсӣ
| Бахше аз аҳкоми амалӣ ва фиқҳӣ |
|---|
Соли хумсӣ (форсӣ: سال خُمسی), даврае яксола барои ҳисоб ва пардохти хумс аст, ки аз замони нахустин даромади мукаллаф оғоз мешавад. Дар поёни ин давра, зиёдии даромади солона пас аз касри хароҷоти маъмулии зиндагӣ (мауна) ҳисоб шуда ва панҷяки он ҳамчун хумс пардохт мешавад.[1] Ин истилоҳ дар сарчашмаҳои фиқҳии мутақаддими шиа ҳамчун Ҷавоҳир-ул-калом, Урват-ул-вусқо ва Таҳрир-ул-васила ба кор нарафта ва бештар дар адабиёти фиқҳӣ аз нимаи дуюми қарни чордаҳуми ҳиҷрии шамсӣ, ба вижа дар рисолаҳои амалия, роиҷ шудааст.[2]
Бар асоси фиқҳи шиа, воҷиб аст як сол пас аз дарёфти нахустин даромад, аз панҷ як ҳиссаи зиёдии он ҳамчун хумс пардохт шавад.[3] Оғози соли хумсӣ бо назар ба навъи даромад мухталиф аст; барои касбҳо (бозоргонон) аз замони шурӯъи фаъолият, барои маошгирон аз нахустин дарёфти маош ва барои кишоварзон аз замони бардошти нахустин маҳсул ҳисоб мешавад.[4] Дар фиқҳи имомия, фарқе миёни соли қамарӣ ва шамсӣ дар асли ҳисоби хумс вуҷуд надорад,[5] ҳарчанд баъзе фуқаҳо, бинобар эҳтиёт, риояти соли қамариро воҷиб донистаанд.[6] Ҳамчунин тағйири соли хумсӣ дар баъзе маворид ҷоиз шумурда шудааст;[7] машрут ба риояти ҳуқуқи мустаҳиққони хумс[8] ё бо изни ҳокими шаръ.[9]
Ҷусторҳои вобаста
Эзоҳ
- ↑ Баниҳошимии Хумайнӣ, Тавзеҳ-ул-масоили мароҷеъ, ҷ.2, саҳ.8.
- ↑ Ниг.: Имом Хумайнӣ, Тавзеҳ-ул-масоил, саҳ.630; Фозили Ланкаронӣ, Тафсил-уш-шариа, саҳ.139; Хоманаӣ, Аҷвибат-ул-истифтоот, ҷ.1, саҳ.163.
- ↑ Шайхи Ансорӣ, Китоб-ул-хумс, саҳ.71.
- ↑ Баниҳошимии Хумайнӣ, Тавзеҳ-ул-масоили мароҷеъ, ҷ.2, саҳ.18.
- ↑ Баниҳошимии Хумайнӣ, Тавзеҳ-ул-масоили мароҷеъ, ҷ.2, саҳ.18.
- ↑ Ваҳиди Хуросонӣ, Тавзеҳ-ул-масоил, аҳкоми хумс, саҳ.520, масъалаи 1783.
- ↑ Ниг.: Баниҳошимии Хумайнӣ, Тавзеҳ-ул-масоили мароҷеъ, ҷ.2, саҳ.18.
- ↑ Хоманаӣ, Аҷвибат-ул-истифтоот, ҷ.1, саҳ.164-163.
- ↑ Имом Хумайнӣ, Тавзеҳ-ул-масоил, саҳ.630; Макорими Шерозӣ, Истифтиёти ҷадид, ҷ.1, саҳ.110.
Сарчашма
- Баниҳошимии Хумайнӣ, Сайид Муҳаммадҳасан, Тавзеҳ-ул-масоили мароҷеъ; мувофиқ бо фарвои шонздаҳ нафар аз мароҷеи тақлид, Қум, Дафтари интишороти исломӣ вобаста ба Ҷомеаи мударрисини Ҳавзаи илмияи Қум, 1392ҳ.ш.
- Беҳбаҳонӣ, Муҳаммадалӣ, «درس خارج فقه» («Дарси хориҷи фиқҳ»), Вебгоҳи мактаби фақоҳат, санаи дарҷ: 19 ноябри 2023, санаи боздид: 5 июни 2024.
- Ваҳиди Хуросонӣ, Ҳусайн, Тавзеҳ-ул-масоил, Қум, Мактабат-ул-имом Боқир-ул-улум, 1426ҳ.қ./1384ҳ.ш.
- Имом Хумайнӣ, Тавзеҳ-ул-масоил, тасҳеҳ: Муслими Қулипури Гелонӣ, 1426ҳ.қ.
- Макорими Шерозӣ, Носир, Истифтиёти ҷадид, таҳқиқ: Абулқосими Алиённажодӣ, Қум, Мактаби Имом Алӣ ибни Абутолиб алайҳиссалом, 1427ҳ.қ.
- Фозили Ланкаронӣ, Муҳаммад, Тафсил-уш-шариа фи шарҳи Таҳрир-ил-васила, таҳқиқ: Ҳусайни Восеқӣ ва дигарон, Қум, Маркази фиқҳии Аиммаи Атҳор, 1423ҳ.қ.
- Хоманаӣ, Сайидалӣ, Аҷвибат-ул-истифтоот, Бейрут, ад-Дор-ул-исломия, 1420ҳ.қ.
- Шайхи Ансорӣ, Муртазо, Қум, Кунгураи бузургдошти Шайхи Аъзам Ансорӣ, 1415ҳ.қ.