Саҳмайн
Саҳмайн (ар. سَهمَین)ба маънои ду саҳм, ишора ба саҳми имом ва саҳми содот дар хумс дорад.[1] Саҳм дар луғат ба маънои насиб[2] ва баҳра аст.[3]
Фақиҳони шиа муътақиданд хумс бар ду саҳми куллӣ саҳми имом ва саҳми содот тақсим мешавад:[4]
- Саҳми содот ба муҷтаҳиди ҷомеъушшароит ё бо изн ӯ ба сайиди фақир ё сайиди ятим ва ё сайиде, ки дар роҳ монда, дода мешавад.
- Саҳми имом дар замони ғайбати имоми маъсум ба муҷтаҳиди ҷомеъушшароит таҳвил ё дар роҳе ки ӯ иҷоза медиҳад, масраф мешавад.[5]
Шайхи Тӯсӣ дар ал-Мабсут,[6] Шаҳиди Аввал дар Лумъат-уд-Димишқийя[7] ва Шаҳиди Сонӣ дар Шарҳи лумъа[8] аз фақиҳони шиа хумсро бар асоси ояти хумс бар шаш қисм тақсим кардаанд ва онро қавли машҳури шиа донистаанд;[9] албата ин шаш саҳм низ ба ду саҳм бармегардад; се саҳми он яъне саҳми Худо, Паёмбар ва завилқурбо, барои имом аст ва се саҳми дигар, яъне саҳми ятимон, фуқаро ва дарроҳмондагон, барои наздикони Паёмбар (с) аст, ки аз он ба саҳми содот ёд мешавад.[10]
Иллати тақсими дугонаи хумс, ривоёт дониста шудааст.[11] Имом Мӯсо ибни Ҷаъфар (а) дар ривояте хумсро тавзеҳ дода, саҳме барои ҳоким (имом) ва саҳми дигарро махсуси ятимон, тиҳидастон ва дарроҳмондагон аз наздикони Паёмбар (с) қарор додааст.[12]
Эзоҳ
- ↑ Муҳаққиқи Ҳиллӣ, ал-Мухтасар, 1418ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.63
- ↑ Бустонӣ, Фарҳанги абҷадӣ, 1375ҳ.ш., саҳ.503, зайли вожаи саҳм
- ↑ Ибни Форс, Муъҷами мақоис-ул-луғат, 1404ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.111, зайли вожаи саҳм
- ↑ Таботабоии Яздӣ, ал-Урват-ул-вусқо, 1419ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.303
- ↑ Имом Хумайнӣ, Тавзеҳ-ул-масоил, бахши хумс, 1424ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.59
- ↑ Шайхи Тӯсӣ, ал-Мабсуту фи фиқҳ-ил-имомийя, 1387ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.262
- ↑ Шаҳиди Аввал, ал-Лумъат-уд-Димишқийя, 1410ҳ.қ., саҳ.55
- ↑ Шаҳиди Сонӣ, ар-Равзат-ул-баҳийя, 1412ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.137
- ↑ Шаҳиди Сонӣ, ар-Равзат-ул-баҳийя, 1412ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.137
- ↑ Муғния, Фиқҳ-ус-Содиқ (а), 1421ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.2
- ↑ Наҷафободӣ, ал-Хумсу ва-л-анфол, бе то, саҳ.261; Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1404ҳ.қ., ҷ.16, саҳ.85
- ↑ Ҳурри Омилӣ, Такмилат-ул-васоил, 1418ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.146
Сарчашма
- Бустони, Фуод Афром, Фарҳанги абҷадӣ, Теҳрон, Исломӣ, чопи дуввум, 1375ҳ.ш.
- Ибни Форс, Аҳмад ибни Форс, Муъҷаму мақоис-ул-луғат, Қум, Мактаб-ул-аълом-ул-исломӣ, 1404ҳ.қ.
- Имом Хумайнӣ, Сайид Рӯҳуллоҳ, Тавзеҳ-ул-масоил, Қум, дафтари интишороти исломӣ вобаста ба Ҷомеъаи мударрисини Ҳавзаи илмияи Қум, чопи ҳаштум.
- Муғния, Муҳаммадҷавод, Фиқҳ-ул-иомом-ис-Содиқ (а), муассисаи Ансориён, Қум, 1421ҳ.қ.
- Мунтазирӣ, Ҳусайнъалӣ, ал-Хумсу ва ал-анфол, Қум, 1431ҳ.қ.
- Муҳаққиқи Ҳиллӣ, Ҷаъфар ибни Ҳасан, ал-Мухтасар, Қум, муассисат-ул-матбуот-ид-диния, чопи шашум, 1418ҳ.қ.
- Наҷафӣ, Муҳаммадҳасан, Ҷавоҳир-ул-каломи фи шарҳи шроеъ-ил-Ислом, таҳқиқи Аббоси Қучонӣ ва Алии Охундӣ, Бейрут, дору эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, чопи ҳафтум, . 1404ҳ.қ.
- Таботабойии Яздӣ, Сайид Муҳаммадкозим, ал-Урват-ул-вусқо фи мо тауммм биҳи-л-балво, дафтари Интишороти исломии вобаста ба Ҷомеъаи мударрисини Ҳавзаи илмияи Қум.
- Ҳурри Омилӣ, Муҳамад ибни Ҳасан, ал-Фусул-ул-муҳиммати фи усул-ил-аимма - тикмилат-ул-васоил, муассисаи маорифи исломии Имом Ризо алайҳиссалом, Эрон.
- Шаҳиди Аввал, Муҳамад ибни Маккӣ, ал-Лумъат-уд-Димишқийяти фи фиқҳ-ил-имомийя, Муҳаммадтақии Мурворид, Бейрут, дор-ут-турос - ад-дор-ул-исломийя, 1410ҳ.қ.
- Шаҳиди Сонӣ, Зайнуддин ибни Алӣ, ар-Равзат-ул-баҳийя, шарҳи Султонулъуламо, Қум, интишороти Дафтари таблиғоти исломии Ҳавзаи илмияи Қум, 1412ҳ.қ.