Мислӣ ло юбойиу мислаҳ
| Мавзуъ | байъат накардан бо золимон ва кофирон |
|---|---|
| Содиршуда аз | Имом Ҳусайн (а) |
| Сарчашмаи шиа | Луҳуф ва Мусир-ул-аҳзон |
| Сарчашмаи суннӣ | Мақтал ал-Ҳусайн (Хоразмӣ) |
Мислӣ ло юбойиу мислаҳ (арабӣ: مِثْلِی لَا يُبَايِعُ مِثْلَه ба маънои "Мисли мане бо мисли Язиде байъат намекунад") фарозе аз каломи Имом Ҳусайн (а) ки дар посух ба Марвон ибни Ҳакам барои байъат гирифтан бо Язид ибни Муовия баён шудааст.[1] Ба гузориши сарчашмаҳои таърихӣ, баъд аз фавти Муовия, Язид аз волии Мадина хост аз Имом Ҳусайн (а) байъат бигирад, ки бо мухолифати Имом (а) рӯ ба рӯ шуд ва тақозои ӯро рад кард; сипас Марвон ибни Ҳакам бо таҳдид аз Имом Ҳусайн (а) дархости байъат кард, ки Имом (а) дар ҷавоби ӯ ҷумлаи «Мислӣ ло юбойиу мислаҳ»-ро баён кард.[2]
Ба гуфтаи Ҷаводии Омулӣ, олими шиа, ривояти «Мислӣ ло юбойиу мислаҳ» тақобули ҳамешагии байни ҳақ ва ботилро баён мекунад[3] Ба гуфтаи ӯ, ҳар касе, ки ҳамонанди Имом Ҳусайн (а) фикр кунад, бо золимон созиш намекунад[4] ва ҳукумати тоғутиёнро намепазирад ва зери бори зиллат намеравад.[5]
Оятуллоҳ Сайид Алӣ Хоманаӣ, дувумин Раҳбари Ҷумҳурии исломии Эрон, дар охирин суханронӣ қабл аз шаҳодаташ, бо истинод ба ин ривоят муътақид буд, ки мардуми Эрон бо ин тамаддун, фарҳанг ва маорифи олӣ, ҳеҷ гоҳ бо сардамдорони фосиди Амрико байъат намекунанд.[6]
Ривояти «Мислӣ ло юбойиу мислаҳ» дар сарчашмаҳои гуногуне ҳамчун Ал-Футуҳ[7] ва Мақтал ал-Ҳусайн (Хоразмӣ)[8] ва Мусир-ул-аҳзон[9] ва Луҳуф[10] зикр шудааст. Дар бархе манобеи аҳли суннат, ба ҷойи ин ҷумла, иборати «Инна мислӣ ло юбойиу сирран» омадааст.[11]
Эзоҳ
- ↑ Хоразмӣ, Мақтал ал-Ҳусайн (а), 1423ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.267
- ↑ Хоразмӣ, Мақтал ал-Ҳусайн (а), 1423ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.267
- ↑ Ҷаводии Омулӣ, Ҳамоса ва ирфон, 1384ҳ.ш., саҳ.174
- ↑ Ҷаводии Омулӣ, Шукуфоии ақл, 1388ҳ.ш., саҳ.197
- ↑ Ҷаводии Омулӣ, Суруши ҳидоят, Исро, ҷ.2, саҳ.204
- ↑ Хоманаӣ, «بیانات در دیدار مردم آذربایجان شرقی», Вебгоҳи Дафтари ҳифз ва нашри осори Оятуллоҳ Хоманаӣ
- ↑ Ибни Аъсам, Ал-Футуҳ, 1411ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.14
- ↑ Хоразмӣ, Мақтал ал-Ҳусайн (а), 1423ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.267
- ↑ Ибни Намо Ҳиллӣ, Мусир-ул-аҳзон, 1406ҳ.қ., саҳ.24
- ↑ Ибни Товус, Ал-Луҳуф, 1348ҳ.ш., саҳ.23
- ↑ Барои намуна ниг.: Балозурӣ, Ансоб-ул-ашроф, 1400ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.302; Ибни Абдулбар, Ал-Истиоб, 1412ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.396; Ибни Асир, Ал-Комил, 1385ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.15
Сарчашма
- Ибни Асир, Алӣ ибни Абилкарам, Ал-Комил фи-т-таърих, Байрут, Дор Содир, 1385ҳ.қ.
- Ибни Аъсам, Аҳмад, Ал-Футуҳ, таҳқиқи Алӣ Шерӣ, Байрут, Дор-ул-азво, чопи аввал, 1411ҳ.қ.
- Ибни Намо Ҳиллӣ, Ҷаъфар ибни Муҳаммад, Мусир-ул-аҳзон, таҳқиқи мадрасаи Имом Маҳдӣ (а), Қум, Мадрасаи Имом Маҳдӣ (а), чопи севум, 1406ҳ.қ.
- Ибни Товус, Алӣ ибни Мусо, Ал-Луҳуф ало қатла-т-туфуф, тарҷумаи Аҳмад Феҳрии Занҷонӣ, Теҳрон, нашри Ҷаҳон, чопи аввал, 1348ҳ.ш.
- Ибни Абдулбар, Юсуф ибни Абдуллоҳ, Ал-Истиоб фи маърифат-ил-асҳоб, таҳқиқи Алӣ Муҳаммад Ал-Баҷовӣ, Байрут, Дор-ул-Ҷил, чопи аввал, 1412ҳ.қ.
- Балозурӣ, Аҳмад ибни Яҳё, Ансоб-ул-ашроф, таҳқиқи Эҳсон Аббос, Байрут, Ҷамъият-ул-мусташриқин-ал-алмония, 1400ҳ.қ.
- Ҷаводии Омулӣ, Абдуллоҳ, Ҳамоса ва ирфон, таҳқиқи Муҳаммад Сафоӣ, Қум, Исро, чопи ҳаштум, 1384ҳ.ш.
- Ҷаводии Омулӣ, Абдуллоҳ, Суруши ҳидоят, Қум, Исро, чопи панҷум, бетаърих.
- Ҷаводии Омулӣ, Абдуллоҳ, Шукуфоии ақл дар партави наҳзати Ҳусайнӣ, таҳқиқи Саид Бандаалӣ, Қум, Исро, чопи панҷум, 1388ҳ.ш.
- Хоманаӣ, «بیانات در دیدار مردم آذربایجان شرقی» («Баёнот дар дидори мардуми Озарбойҷони Шарқӣ»), Вебгоҳи Дафтари ҳифз ва нашри осори Оятуллоҳ Хоманаӣ, санаи дарҷи матлаб: 17 феврали 2026, санаи боздид: 18 марти 2026
- Хоразмӣ, Муваффақ ибни Аҳмад, Мақтал ал-Ҳусайн алайҳиссалом, Қум, Анвор-ул-ҳудо, чопи дувум, 1423ҳ.қ.
Пайванд ба берун
- ««مثلی لا یبایع مثله» یعنی چه؟/ تاملی در پاسخ معروف امام حسین(ع)» (««Мислӣ ло юбойиу мислаҳ» яъне чӣ?/ Тааммуле дар посухи маъруфи Имом Ҳусайн (а)»)