Мадян (қабила)

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Қабилаи мадян)
Нақшаи шаҳри Мадян

Ин мақола дар бораи қабила мадян аст. Барои итилоъ аз шаҳри Мадян, мадхали Мадян (шаҳр)-ро бубинед.

Мадян (арабӣ: مَدْیَن) қавме араб, ки ҳазрати Шуайб барои ҳидояти онон мабъус шуд ва ҳазрати Мусо (а) чанд соле байни онон зиндагӣ кард. Бархе муҳаққиқон, ин қабиларо ба Мадян - фарзанди ҳазрати Иброҳим (а), ва бархеи дигар ба ҳазрати Исмоил (а) мансуб донистаанд. Ин қавм дар шаҳри Мадян дар наздикии халиҷи Ақаба зиндагӣ мекарданд. Қавми мадян ба хотири имон наёвардан ба Худованд, ба азоби Илоҳӣ дучор шуданд.

Таборнома

Мадян қабилае аз нажоди араб буд.[1] Калимаи «мадян» даҳ бор дар Қуръон омадааст,[2] ки дар бархе аз онҳо қабилаи Мадян[3] ва дар бархе дигар, шаҳри Мадян мақсуд аст.[4] Дар бораи насаби қабилаи Мадян, ихтилофоте вуҷуд дорад:

Бархе муҳаққиқон ва муаррихон, қабилаи мадянро мансуб ба Мадян бен Иброҳим донистаанд.[5] Бинобар гузориши Таврот[6] ва бархе манобеи исломӣ[7], ҳазрати Иброҳим (а) пас аз вафоти ҳамсараш Сора, бо зани дигаре издивоҷ кард ва аз он зан соҳиби фарзандоне аз ҷумла Мадян (Мидён) шуд. Мадян бо духтари ҳазрати Лут издивоҷ кард ва аз ин тариқ насли онҳо идома ёфт.[8]

Ҳамчунин Ибни Касир қабилаи мазкурро аз насли Мадян бен Мадён ибни Иброҳим[9] ва бархеи дигар аз муҳаққиқон онҳоро аз насли ҳазрати Исмоил (а) донистаанд.[10]

Ҷои зиндагӣ

Мақолаи аслӣ: Шаҳри Мадян

Қавми Мадян дар шаҳри Мадян зиндагӣ мекарданд ва номи шаҳр аз номи қабила гирифта шуда буд.[11] Ин шаҳрро дар шарқи халиҷи Ақаба[12] бар каронаи дарё ва ободу сарсабз донистаанд.[13] Ин шаҳр дар наздикии минтақаи Табук[14] ва ҳамчунин дар наздикии шаҳри қавми Лут будааст.[15] Шайхи Садуқ Мадянро қарияи майдае донистааст, ки беш аз чиҳил хона дар он вуҷуд надошт.[16]

Бархе муҳаққиқон ин шаҳрро ҷузви шаҳрҳои Шом ба ҳисоб овардаанд[17] ва эҳтимол додаанд, имрӯза шаҳри Маон дар кишвари Урдун[18] дар макони он сохта шудааст.[19] Бархеи дигар муътақиданд, ки Мадян дар Арабистони имрӯзӣ қарор доштааст.[20]

Даргирӣ бо Банӣ Исроил

Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ

Нигар ба Мӯсои Имрон ки аз бари модар Ба Мадян омаду з-он роҳ гашт ӯ мавло

Бинобар тасреҳи Қуръон[22] ва Таврот[23] ҳазрати Мусо (а) пас аз он ки аз Миср фирор кард ба Мадян рафт ва дар он ҷо бо духтари Шуайб издивоҷ кард[24] ва солҳо дар он ҷо ва дар миёни қабилаи Мадян[25] ба чӯпонӣ машғул буд.[26]

Қабилаи Мадян дар давраҳое аз таърихи худ бо Банӣ Исроил даргир буданд. Дар китоби Доварон аз китобҳои Муқаддаси яҳудиён, достони даргириҳои мадяниҳо (қабилаи Мадян) бо Банӣ Исроил нақл шудааст, ки дар ниҳоят Банӣ Исроил баъд аз солҳо шикасту таҳқир, бар мадяниҳо пирӯз шудаанд.[27]

Вокуниш ба пайғамбарии Шуайб

Худованд барои ҳидояти қавми Мадян, ҳазрати Шуайбро ба пайғамбарӣ мабъус кард.[28] Шуайб аз қабилаи мадян буд.[29]

Ҳазрати Шуайб солҳо дар миёни қавми худ ба таблиғи дини Илоҳӣ пардохт; онҳоро ба тавҳид[30], инсоф ва дурустӣ дар муомила[31] дурӣ аз фасод бар рӯи замин[32] ва тарс аз азоби қиёмат[33] даъват мекард. Дар сураи Аъроф гуфтугӯи ҳазрати Шуайб ва мухолифонаш омадааст.[34]

Азоб

Бисёре аз афроди қабилаи мадян, аз қабули даъвати Шуайб (а) худдорӣ карда ва ба азоби Илоҳӣ гирифтор шуданд.[35] Бинобар оёти Қуръон, қавми мадян тавассути зилзилае нобуд шуданд;[36] чунонки гӯё ҳаргиз дар он шаҳр сукунат надоштанд.[37]

Эзоҳ

  1. Балоғӣ, Ҳуҷҷат-ут-тафосир, 1386ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.267.
  2. Қурашӣ, Қомуси Қуръон, 1371ҳ.ш., ҷ.6, саҳ.245.
  3. Ҳусайнии Шерозӣ, Табйин-ул-Қуръон, 1423ҳ.қ., саҳ.243.
  4. Барои намуна: сураи Ҳуд, ояти 84.
  5. Шуббар, Тафсир-ул-Қуръон-ил-Карим, 1412ҳ.қ., саҳ.178; Табарӣ, Ҷомеъ-ул-баён, 1412ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.166.
  6. Китоби Муқаддас, пайдоиш, 25: 1.
  7. Буруҷердӣ, Тафсири ҷомеъ, 1366ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.432.
  8. Табарсӣ, Тафсири Ҷавомеъ-ул-ҷомеъ, 1377ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.451.
  9. Ибни Касир, ал-Бидоя ва-н-ниҳоя, 1986м., ҷ.1, саҳ.185.
  10. Макорими Шерозӣ, Тафсири Намуна, 1374ҳ.ш., ҷ.9, саҳ.200.
  11. Ёқути Ҳамавӣ, Муъҷам-ул-булдон, 1995м., ҷ.5, саҳ.77.
  12. Макорими Шерозӣ, Тафсири Намуна, 1374ҳ.ш., ҷ.9, саҳ.200.
  13. Деҳхудо, Луғатнома, вожаи мадян.
  14. Ёқути Ҳамавӣ, Муъҷам-ул-булдон, 1995м., ҷ.1, саҳ.291.
  15. Қурашӣ, Қомуси Қуръон, 1371ҳ.ш., ҷ.6, саҳ.245.
  16. Шайхи Садуқ, Камол-уд-дин, 1395ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.220.
  17. Макорими Шерозӣ, Тафсири Намуна, 1374ҳ.ш., ҷ.6, саҳ.249.
  18. Қурашӣ, Қомуси Қуръон, 1371ҳ.ш., ҷ.6, саҳ.245.
  19. Балоғӣ, Ҳуҷҷат-ут-тафосир, 1386ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.267.
  20. Луғатномаи Деҳхудо, вожаи мадян.
  21. Мавлавӣ, Девони Шамс, Ғазалиёт, ғазали 214
  22. Сураи Қасас, ояти 22.
  23. Китоби Муқаддас, хуруҷ, 2: 15.
  24. Сураи Қасас, ояти 27 - 28.
  25. Сураи Тоҳо, ояти 40.
  26. Китоби Муқаддас, хуруҷ, 1: 1.
  27. Китоби Муқаддас, доварон, боби 6 - 8.
  28. Сураи Аъроф, ояти 85.
  29. Фахри Розӣ, Мафотиҳ-ул-ғайб, 1420ҳ.қ., ҷ.14, саҳ.313.
  30. Сураи Аъроф, ояти 85.
  31. Сураи Аъроф, ояти 85.
  32. Сураи Анкабут, ояти 36.
  33. Сураи Ҳуд, ояти 84.
  34. Сураи Аъроф, ояти 85 - 90.
  35. Макорими Шерозӣ, Тафсири Намуна, 1374ҳ.ш., ҷ.12, саҳ.112.
  36. Сураи Аъроф, ояти 91.
  37. Сураи Аъроф, ояти 92.

Сарчашма

  • Балоғӣ, Сайид Абдулҳуҷҷат, Ҳуҷҷат-ут-тафосир ва балоғ-ул-иксир, Қум, интишороти ҳикмат, 1386ҳ.қ.
  • Буруҷердӣ, Сайид Муҳаммадиброҳим, Тафсири ҷомеъ, Теҳрон, интишороти Садр, чопи шашум, 1366ҳ.ш.
  • Ёқути Ҳамавӣ, Шаҳобиддин, Муъҷам-ул-булдон, Бейрут, Дорусодир, чопи дуввум, 1995м.
  • Ибни Касир, Исмоил ибни Умар, ал-Бидоя ва-н-ниҳоя, Бейрут, Дор-ул-фикр, 1986м.
  • Қурашӣ, Сайидалиакбар, Қомуси Қуръон, Теҳрон, Дор-ул-кутуб-ил-исломия, чопи шашум, 1371ҳ.ш.
  • Мавлавӣ, Девони Шамс.
  • Макорими Шерозӣ, Носир, Тафсири Намуна, Теҳрон, Дор-ул-кутуб-ил-исломия, чопи аввал, 1374ҳ.ш.
  • Табарӣ, Абуҷаъфар Муҳаммад ибни Ҷарир, Ҷомеъ-ул-баён фи тафсир-ил-Қуръон, Бейрут, Дор-ул-маърифат, чопи аввал, 1412ҳ.қ.
  • Табарсӣ, Фазл ибни Ҳасан, Маҷмаъ-ул-баён фи тафсир-ил-Қуръон, муқаддима, Балоғӣ, Муҳаммадҷавод, Теҳрон, Носири Хисрав, чопи сеюм, 1372ҳ.ш.
  • Табарсӣ, Фазл ибни Ҳасан, тафсири Ҷавомеъ-ул-ҷомеъ, Теҳрон, интишороти донишгоҳи Теҳрон, мудирияти ҳавзаи илмияи Қум, чопи аввал, 1377ҳ.ш.
  • Фахри Розӣ, Абуабдуллоҳ Муҳаммад ибни Умар, Мафотиҳ-ул-ғайб, Бейрут, Дору эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, чопи сеюм, 1420ҳ.қ.
  • Ҳусайнии Шерозӣ, Сайид Муҳаммад, Табйин-ул-Қуръон, Бейрут, Дор-ул-улум, 1423ҳ.қ.
  • Шайхи Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, Камол-уд-дин ва тамом-ун-неъмат, муҳаққиқ ва мусаҳҳеҳ: Алиакбари Ғаффорӣ, Теҳрон, Дор-ул-кутуб-ил-исломия, чопи дувум, 1395ҳ.қ.
  • Шуббар, Сайид Абдуллоҳ, Тафсир-ул-Қуръон-ил-Карим, Бейрут, Дор-ул-балоға ли-т-табоъати ва-н-нашр, чопи аввал, 1412ҳ.қ.