Лайлат-ул-мабит

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Лайлатулмабит)
Лайлат-ул-мабит
Наққошии нафси Расул, асари Ҳасан Руҳуламин дар бораи Лайлат-ул-мабит
Наққошии нафси Расул, асари Ҳасан Руҳуламин дар бораи Лайлат-ул-мабит
Шарҳи моҷароШабе, ки Имом Алӣ (а) барои наҷоти ҷони Пайғамбар (с) дар бистари он ҳазрат хобид.
ТарафайнИмом Алӣ (а) ва мушрикони Макка
Замон1 рабиулаввали соли 1ҳ.қ.
ДавраСадри Ислом
МаконХонаи Пайғамбар дар Макка
НатиҷаҲифзи ҷони Пайғамбар
ДахлдорОяти Лайлат-ул-мабит


Ин мақола дар бораи достони Лайлатул-мубит аст. Барои ошноӣ бо ояте ба ҳамин ном, мадхали Ояти Лайлат-ул-мабитро бубинед.

Лайлат-ул-мабит (арабӣ: لَیلَةُ‌المَبیت) шабе, ки Имом Алӣ (а) барои наҷоти ҷони Пайғамбар (с) дар бистари он ҳазрат хобид. Дар ин шаб мушрикон нақша доштанд, ки дастаҷамъӣ ба хонаи Пайғамбар (с) ҳамла карда он ҳазратро бикушанд. Имом Алӣ (а) бо амри Худо ва бо дархости Пайғамбар (с) дар бистари Пайғамбар (с) хобид, ки дар натиҷа мушрикон набудани Пайғамбар (с)-ро нафаҳмиданд ва Расули Худо (с) тавонист дар он шаб ба Мадина ҳиҷрат кунад. Бисёре аз муфассирон, сабаби нозил шудани ояти Широъ ё ояти “Лайлат-ул-мабит”-ро ин фидокории Имом Алӣ (а) дар воқеаи лайлат-ул-мабит медонанд. Таърихи ин ҳодиса шаби аввали рабиулаввали соли аввали қамарӣ зикр шудааст.

Ҷойгоҳ ва аҳамият

Лайлат-ул-мабит ба рӯйдоде гуфта мешавад, ки дар он Имом Алӣ (а) ба хотири наҷоти ҷони Пайғамбар, ба ҷои ӯ дар бистараш хобид. Ин рӯйдод аз фазоили Имом Алӣ (а) ба шумор меравад ва Имом Алӣ (а) дар шӯрои шашнафара, барои исботи ҳаққонияти худ, ба он эҳтиҷоҷ кардааст.[1] Муфассирон, нузули ояти Широъ ё ояти Лайлат-ул-мабитро марбут бо ин воқеа ва дар шаъни Имом Алӣ (а) медонанд.[2]

Ба гузориши Сайид ибни Товус, Пайғамбар (с) дар хутбаи Ғадир ба ин воқеа ишора карда, онро маъмурияте аз ҷониби Худо ба Имом Алӣ (а) донист.[3] Ҳамчунин бар пояи ривоёт, вақте Алӣ (а) дар бистари Пайғамбар (с) хобида буд, Ҷабраил болои сари ӯ ва Микоил дар поёни поиш омаданд. Ҷабраил гуфт: «Хушо ба ҳоли касоне чун ту, эй фарзанди Абутолиб, ки Худо назди фариштагон ба ту мубоҳот мекунад!»[4]

Бартарии фидокории Алӣ (а) бар таслими Исмоил

Сайид ибни Товус хобидани Имом Алӣ дар бистари Пайғамбар (с)-ро бо таслими Исмоил фарзанди Иброҳими набӣ, дар ҳодисаи забҳ муқоиса кардааст. Аз назари ӯ, фидокории Имом Алӣ аз таслими Исмоил бартар аст; чароки Исмоил омода буд, то ба дасти падараш забҳ шавад, аммо Имом Алӣ (а) худро барои кушта шудан ба дасти душманонаш омода карда буд.[5]

Нақшаи қатли Пайғамбар (с)

Ба гузориши манобеи таърихӣ, ҷамъе аз куффори Қурайш дар Дор-ун-надва ҷамъ шуданд, то дар бораи навъи бархӯрд бо Пайғамбар (с) тасмим бигиранд. Дар ин ҷаласа тасмим бар ин шуд, ки аз ҳар қабила як нафар интихоб шаваду шабона ба Пайғамбар (с) ҳамла карда, дастаҷамъӣ ӯро дар хонааш бикушанд; зеро дар ин сурат, хуни ӯ байни ҳамаи қабилаҳо пароканда мешуд ва Банӣ Ҳошим, ки хонадон ва хунхоҳони Пайғамбар буданд, наметавонистанд бо ҳамаи тоифаҳои Қурайш биҷанганд ва маҷбур мешуданд ба гирифтани хунбаҳо ризоят диҳанд.[6]

Дар пайи ин тасмим, Ҷабраил бар Пайғамбар (с) нозил шуду ӯро аз нақшаи мушрикон огоҳ кард.[7] Аз ин рӯ, Пайғамбар (с) тасмим гирифт пеш аз омадани мушрикон, хонаи худро ба тарафи Мадина тарк кунад.[8]

Хобидани Алӣ (а) дар бистари Пайғамбар (с)

Тибқи ривояти Маҷлисӣ, Пайғамбар ба Алӣ (а) фармуд: «Мушрикон мехоҳанд имшаб маро ба қатл бирасонанд, оё ту дар бистари ман мехобӣ?» Имом Алӣ (а) гуфт: «Дар ин сурат шумо солим мемонед?», Пайғамбар (с) фармуд: «Бале!». Имом Алӣ (а) табассуме кард, саҷдаи шукр ба ҷо овард ва вақте сар аз саҷда бардошт, гуфт: «Он чизеро ки маъмур шудаӣ, анҷом деҳ, ки чашм, гӯш ва қалбам фидои ту бод!».[9] Пайғамбар (с), Алӣ (а)-ро дар оғӯш гирифту ҳарду гиря карданд ва аз якдигар ҷудо шуданд.[10]

Мушрикон аз ибтидои шаб, хонаи Пайғамбар (с)-ро муҳосира карда буданд. Қарор буд дар нимашаб ҳамла кунанд, аммо Абулаҳаб гуфт, дар ин вақт, занону фарзандон дар даруни хона ҳастанд ва баъдҳо араб дар бораи мо мегӯянд, ҳурмати фарзандони амаки хешро шикастанд.[11] Онон бо санг ба Алӣ (а) ки дар бистар хобида буд, заданд, то мутмаин шаванд касе дар бистар хобидааст ва шак надоштанд, ки ӯ Расули Худост.[12] Субҳ, ки ба хона ҳуҷум бурданд, вақте Алӣ (а)-ро дар бистари Расули Худо (с) диданд, гуфтанд, Муҳаммад (с) куҷост? Алӣ (а) посух дод: «Оё ӯро ба ман супурда будед, ки аз ман мехоҳед?! Коре кардед, ки ӯро маҷбур кард хонаро тарк кунад!». Дар ин ҳангом, ба Алӣ (а) ҳамла карда, ӯро озурданд ва сипас ӯро аз хона берун кашида, латукӯб карданд. Соате ҳам дар Масҷидулҳаром зиндониаш карданд ва сипас озодаш карданд.[13]

Дар нақли дигаре омадааст, ки ҳазрати Алӣ (р) чун дид, ки онҳо шамшер кашида, ба сӯи ӯ меоянд, шамшери Холид ибни Валидро, ки аз ҳама пештар буд, бо тарфанде гирифта, онҳоро аз худ дур кард. Онҳо гуфтанд, ки мо бо ту кор надорем, вале бигӯй, ки Муҳаммад (с) куҷост? Алӣ ҷавоб дод: Ман аз ӯ хабар надорам. Сипас қурайшиён ба ҷустуҷӯи Пайғамбар (с) шурӯъ карданд.[14]

Ояти Лайлат-ул-мабит
وَ مِنَ النَّاسِ مَن یشْرِی نَفْسَهُ ابْتِغَاءَ مَرْضَاتِ اللَّـهِ وَ اللَّـهُ رَءُوفٌ بِالْعِبَادِ

Ва байни мардум касе аст, ки ҷони худро барои талаби хушнудии Худо мефурӯшад, ва Худо нисбат ба [ин] бандагон меҳрубон аст.

Шайхи Тусӣ дар китоби Мисбоҳ-ул-мутаҳаҷҷид, замони ин воқеаро шаби аввали рабиулаввали соли аввали ҳиҷрати Пайғамбар (с) гузориш кардааст.[16]

Нузули ояти Широъ дар шаъни Алӣ (а)

Мақолаи аслӣ: Ояти Лайлат-ул-мабит

Уламои шиа[17] ва гуруҳе аз уламои аҳли суннат[18] муътақиданд, ояти Лайлат-ул-мабит ё ояти Широъ (ояти 207 сураи Бақара) дар шаъни Алӣ (а) дар моҷарои Лайлат-ул-мабит нозил шудааст.

Ибни Абилҳадид дар шарҳи Наҳҷ-ул-балоға аз устодаш, Абуҷаъфар нақл мекунад, ки бо тавотур собит шудааст, ин оят дар бораи Имом Алӣ (а) нозил шуда ва ҳар кас онро инкор кунад ё девона аст ё бо мусулмонон ҳеҷ гуна иртиботе надорад.[19]

Дар ояти Широъ, Худованд касонеро сутудааст, ки ҳозиранд ҷони худро дар ивази ба даст овардани ризояти Худованд фидо кунанд.[20]

Осори ҳунарӣ

Шеър

Дар бораи Лайлат-ул-мабит, шеърҳое суруда шудааст. Ҳасан ибни Алӣ Ҳабал, машҳур ба амирушшуъарои Яман, дар соли 1076ҳ.қ., шеъре бо унвони «Нафсӣ фидо-ул-ғаро/نَفْسی فِداءُ الغری» сурудааст, ки дар Девон-ул-Ҳабал нақл шудааст. Бархе аз байтҳояш ба ин шарҳ аст:

Ашъоре низ ба ҳазрати Алӣ низ мансуб аст:

Мустанади Лайлат-ул-мабит

Мустанаде аст, ки дар мадҳи Алӣ (а) ва фидокории ӯ дар шаби воқеаи Лайлат-ул-мабит тавлид шудааст. Ин мустанад, ки ба намоиши асаре аз ибтиҳоли Шайх Муҳаммад Тавхӣ дар мадҳ ва фидокории Имом Алӣ мепардозад, дар обони 1396 ба таҳиякунандагии Сайид Муҳаммади Қосимиён аз шабакаҳои телевизиюнии Эрон пахш шуд. Сайидҳасан Саодат Мустафавӣ, дар ин мустанад, воқеаи Лайлат-ул-мабит ва нақши Алӣ дар онро ташреҳ кардааст.[23]

Наққошӣ

Ҳасан Руҳуламин (тав.1364ҳ.ш.), ҳунарманди эронӣ хобидани Имом Алӣ дар бистари Пайғамбарро дар наққошии Нафиси Расул ба тасвир кашидааст.[24]

Эзоҳ

  1. Садуқ, ал-Хисол, 1362ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.560.
  2. Ибни Абилҳадид, Шарҳи Наҳҷ-ул-балоға, 1404ҳ.қ., ҷ.13, саҳ.262.
  3. Сайид ибни Товус, ал-Яқин, бе то, саҳ.350.
  4. Тусӣ, ал-Амолӣ, 1414ҳ.қ., саҳ.469; Ҳасконӣ, Шавоҳид-ут-танзил, 1411ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.123.
  5. Сайид ибни Товус, Иқбол-ул-аъмол, 1409ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.595 - 596.
  6. Табарсӣ, Эълом-ул-варо, 1417ҳ.қ., саҳ.145.
  7. Ибни Асир, ал-Комил, 1417ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.694.
  8. Ҳалабӣ, ас-Сират-ул-ҳалабийя, Дорулмаърифат, ҷ.2, саҳ.32.
  9. Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.19, саҳ.60.
  10. Тусӣ, ал-Амолӣ, 1414ҳ.қ., саҳ.466.
  11. Ҳалабӣ, ас-Сират-ул-ҳалабийя, Дорулмаърифат, ҷ.2, саҳ.32.
  12. Тусӣ, ал-Амолӣ, 1414ҳ.қ., саҳ.466 - 467.
  13. Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.19, саҳ.92.
  14. Тусӣ, ал-Амолӣ, 1414ҳ.қ., саҳ.467.
  15. Сураи Бақара, ояти 207
  16. Тусӣ, ал-Мисбоҳ-ул-мутаҳаҷҷид, 1411ҳ.қ., саҳ.791.
  17. Барои намуна ниг.: Айёшӣ, Тафсир-ул-Айёшӣ, мактабат илмиятил-исломийя, ҷ.1, саҳ.101; Тусӣ, ат-Тибён, Дору эҳёил-туросил-арабӣ, ҷ.2, саҳ.183; Таботабоӣ, ал-Мизон, 1973м., ҷ.2, саҳ.99 - 100.
  18. Барои намуна ниг.: Ҳокими Нишобурӣ, ал-Мустадраку ала-с-саҳеҳайн, Дорул-кутубил-илмийя, ҷ.3, саҳ.5; Ҳасконӣ, Шавоҳид-ут-танзил, 1411ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.123 - 131; Заркашӣ, ал-Бурҳон, 1957м., ҷ.1, саҳ.206; Фахри Розӣ, ат-Тафсир-ул-кабир, 1420ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.350.
  19. Ибни Абилҳадид, Шарҳи Наҳҷ-ул-балоға, 1404ҳ.қ., ҷ.13, саҳ.262.
  20. Ниг.: сураи Бақара, ояти 207.
  21. Ҳабал, Девон-ул-Ҳабал, 1407ҳ.қ., саҳ.122.
  22. Кароҷакӣ, ат-Таъаҷҷуб мин ағлот-ил-омма фи масъалат-ил-имомат, 1421ҳ.қ., саҳ.123.
  23. «پخش مستند «لیلة المبیت» نخستین بار از تلویزیون», хабаргузории Садо ва симо.
  24. «نفس رسول», Конуни ҳунари шиъӣ.

Сарчашма

  • Қуръони Карим.
  • Айёшӣ, Муҳаммад ибни Масъуд, Тафсир-ул-Айёшӣ, таҳқиқи Сайидҳошим Расулии Маҳаллотӣ, Теҳрон, Мактабат илмиятил-исломийя, бе то.
  • Заркашӣ, Муҳаммад ибни Абдуллоҳ, ал-Бурҳон фи улум-ил-Қуръон, таҳқиқи Муҳаммад Иброҳим, Бейрут, Дору эҳёл-кутубил-арабия, чопи аввал, 1957м.
  • Ибни Абилҳадид, Абдулҳамид ибни Ҳибатуллоҳ, Шарҳи Наҳҷ-ул-балоға, тасҳеҳи Иброҳим Муҳаммад Абулфазл, Қум, мактабат Оятуллоҳ ал-Маръашӣ ан-Наҷафӣ, 1404ҳ.қ.
  • Ибни Асир, Алӣ ибни Абилкарам, ал-Комил фи-т-таърих, таҳқиқи Умар Абдусалом Тадмурӣ, Бейрут, Дорул-кутубил-арабӣ, чопи аввал, 1417ҳ.қ.
  • Кароҷакӣ, Муҳаммад ибни Алӣ, ат-Таъаҷҷуб мин ағлот-ил-омма фи масъалат-ил-имомат, тасҳеҳи Карим Форис Ҳассун, Қум, Дорул-Ғадир, чопи аввал, 1421ҳ.қ.
  • Маҷлисӣ, Муҳаммадбоқир, Биҳор-ул-анвор, Бейрут, Дорул-вафо, 1403ҳ.қ.
  • «نفس رسول», Конуни ҳунари шиъӣ, мушоҳида: 28 шаҳривари 1402ҳ.ш.
  • Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, ал-Хисол, тасҳеҳи Алиакбари Ғаффорӣ, Қум, Ҷомеъаи мударрисин, 1362ҳ.ш.
  • Сайид ибни Товус, Алӣ ибни Мусо, الیقین فی اختصاص مولانا علی(ع) بإمرة المؤمنین, бе то.
  • Сайид ибни Товус, Алӣ ибни Мусо, Иқбол-ул-аъмол, Теҳрон, Дорул-кутубил-исломия, чопи дувум, 1409ҳ.қ.
  • Табарсӣ, Фазл ибни Ҳасан, Эълом-ул-варо би аълом-ил-ҳудо, Қум, муассисаи Олулбайт ли эҳёил-турос, чопи аввал, 1417ҳ.қ.
  • Таботабоӣ, Сайид Муҳаммадҳусайн, ал-Мизон фи тафсир-ил-Қуръон, Бейрут, муассисатул-Аъламӣ лил-матбуъот, чопи сеюм, 1973м.
  • Тусӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, ал-Амолӣ, Қум, Дорул-сақофат лил-табоъа, 1414ҳ.қ.
  • Тусӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, ат-Тибён фи тафсир-ил-Қуръон, тасҳеҳи Аҳмад Ҳабиб Омилӣ, Бейрут, Дору эҳёил-туросил-арабӣ, чопи аввал, бе то.
  • Тусӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, Мисбоҳ-ул-мутаҳаҷҷид, Бейрут, муассисаи фиқҳуш-шиъа, ал-табъатул-уло, 1411ҳ.қ./1991м.
  • Фахри Розӣ, Муҳаммад ибни Умар, ат-Тафсир-ул-кабир (Мафотиҳ-ул-ғайб) Бейрут, Дору эҳёил-туросил-арабӣ, чопи сеюм, 1420ҳ.қ.
  • Ҳабал, Ҳасан ибни Алӣ, Девон-ул-Ҳабал, таҳқиқи Аҳмад ибни Муҳаммад Шомӣ, ал-дорул-ямина, чопи дувум, 1407ҳ.қ./1987м.
  • Ҳалабӣ, Алӣ ибни Иброҳим, ас-Сират-ул-ҳалабийя, Бейрут, Дорулмаърифат, бе то.
  • Ҳасконӣ, Убайдуллоҳ ибни Абдуллоҳ, Шавоҳид-ут-танзил лиқавоъид-ит-тафзил, таҳқиқи Муҳаммадбоқир Маҳмудӣ, Теҳрон, Вазорати фарҳанг ва иршод, чопи аввал, 1411ҳ.қ.
  • Ҳокими Нишобурӣ, Муҳаммад ибни Абдуллоҳ, ал-Мустадраку ала-с-саҳеҳайн, таҳқиқи Мустафо Абдулқодир Ато, Бейрут, Дорул-кутубил-илмийя, бе то.