Боқӣ мондан бар тақлид аз майит
| Бахше аз аҳкоми амалӣ ва фиқҳӣ |
|---|
Ин мақола як навиштаи тавсифӣ дар бораи як мафҳуми фиқҳист ва наметавонад меъёре барои аъмоли динӣ бошад. Барои аъмоли динӣ ба манбаъҳои дигар муроҷиат намоед. |
Боқӣ мондан бар тақлид аз майит (форсӣ: باقی ماندن بر تقلید از میِّت) ё бақо бар майит (форсӣ: بقا بر میِّت) ба идомаи тақлид аз муҷтаҳиди ҷомеъ-уш-шароит, пас аз даргузашти ӯ гуфта мешавад. Бар асоси назари фақеҳон, мукаллаф метавонад пас аз фавти муҷтаҳиде, ки дар замони ҳаёт аз ӯ тақлид мекард, ба тақлид аз ӯ идома диҳад.
Сираи уқало ва истисҳоби ҳукм аз далелҳои раво будани бақо бар тақлид аз майит зикр шудааст. Яке аз шартҳои бақо бар майит, иҷозат аз муҷтаҳиди зинда аст.
Фуқаҳо эътиқод доранд агар касе шароити бақо бар майитеро дошта бошад вале ба марҷаи зинда руҷӯъ кунад, дигар наметавонад боз аз муҷтаҳиди фавтшуда тақлид кунад, магар он ки муҷтаҳиди фавтшуда аълам аз муҷтаҳиди зинда бошад.
Мафҳумшиносӣ ва ҷойгоҳ
Боқӣ мондан бар тақлид аз майит ё бақо бар майит, ба идомаи тақлид аз муҷтаҳиди ҷомеъ-уш-шароите ишора дорад ки аз дунё рафтааст.[1]
Ин баҳс дар китобҳои фиқҳӣ дар бахши иҷтиҳод ва тақлид матраҳ шудааст[2] ва ба гуфтаи Ҷаъфари Субҳонӣ, пешинаи он ба қарни сенздаҳуми ҳиҷрӣ, дар асри Соҳиби Фусул ва Соҳиби Ҷавоҳир бармегардад.[3]
Далелҳои раво будан ё набудани бақо бар майит
- Раво будани бақо бар майит: Қоилони раво будан ба итлоқоти адиллаи лафзия истинод мекунанд, монанди ояти нафр, аҳл-уз-зикр, китмон ва ривоёте ҳамчун тавқеъи руҷуъ ба фуқаҳо дар асри ғайбат,[4] ки бар ҳуҷҷияти фатвои муҷтаҳид далолат доранд ва маҳдуд ба зинда будани муҷтаҳид нестанд.[5] Ҳамчунин сираи уқало, истисҳоби аҳкоми пешин ва сираи муташарриа аз далелҳои дигари ин гурӯҳ аст.[6]
- Раво набудани бақо бар майит: Гурӯҳе, монанди Соҳиби Кифоя, тақлид аз муҷтаҳиди даргузаштаро ҷоиз намедонанд, зеро бар асоси урф, фатво вобаста ба ҳаёти муҷтаҳид аст ва пас аз фавти ӯ эътибор надорад.[7] Ҳамчунин, ба бовари Шайхи Ансорӣ, иҷмоъ бар раво набудани тақлиди ибтидоӣ аз майит, шомили боқӣ мондан бар тақлид низ мешавад.[8]
Назарияҳои фуқаҳо дар бораи чогунагии бақо бар майит
Миёни фуқаҳо ихтилофи назар аст, ки оё боқӣ мондан бар тақлид аз майит машрут ба амали муқаллид ба фатвои муҷтаҳид дар замони ҳаёти ӯст ё не:
- Машрут ба амал: Муқаллид бояд дар замони ҳаёти муҷтаҳиди фавтшуда, ба фатвои ӯ амал карда бошад, ҳарчанд ба як масъала, то битавонад ба тақлид аз ӯ идома диҳад. Имом Хумайнӣ,[9] Оятуллоҳ Хоманаӣ[10] ва Нурии Ҳамадонӣ[11] бар ин назаранд.
- Фақат дар масоиле ки амал шуда: Муқаллид танҳо дар масоиле, ки ба фатво амал карда, метавонад пас аз фавти муҷтаҳид ба тақлид идома диҳад ва дар дигар масоил бояд ба муҷтаҳиди зинда руҷуъ кунад.[12] Кошифулғито, Оятуллоҳ Буруҷердӣ,[13] Муҳаммадтақии Баҳҷат (ваф.1388ҳ.ш.)[14] ва Макорими Шерозӣ[15] ин дидгоҳро пазируфтаанд.
- Бидуни шарти амал: Амали мукаллаф дар замони ҳаёти муҷтаҳид шарти раво будани бақо бар майит нест ва метавонад дар тамоми масоил ба тақлид идома диҳад.[16]Оятуллоҳ Хӯӣ,[17] Ваҳиди Хуросонӣ[18] ва Систонӣ [19] аз қоилин ба ин назарияанд.
Шартҳои бақо бар майит
- Иҷозати марҷаи зинда: Муқаллид барои бақо бар майит ниёзманди фатво ё иҷозати муҷтаҳиди зиндаест, ки иҷозати боқӣ мондан бар тақлид аз майитро таъйид кунад.[20]
- Аъламияти муҷтаҳиди фавтшуда: Агар муҷтаҳиди фавтшуда олимтар аз муҷтаҳиди зинда бошад, тақлид аз ӯ бар муқаллид воҷиб аст.[21] Аз назари Имом Хумайнӣ, эҳтиёти воҷиб он аст, ки агар муҷтаҳиди зинда аълам бошад, бақо бар майит ҷоиз нест.[22]
- Ба ёд доштани фатвоҳои муҷтаҳид: Оятуллоҳ Хӯӣ (ваф.1371ҳ.ш.) эътиқод дорад муқаллид бояд фатвоҳои муҷтаҳиди фавтшударо ба ёд дошта бошад. Агар фатвои муҷтаҳид фаромӯш шуда ё ёд гирифта нашуда бошад, бояд ба муҷтаҳиди зинда руҷуъ кунад.[23]
Бозгашт ба майит пас аз руҷуъ ба муҷтаҳиди зинда
Таботабоии Яздӣ эътиқод дорад, ки агар муқаллид пас аз фавти муҷтаҳид ба муҷтаҳиди зинда руҷуъ кунад, дигар наметавонад ба тақлид аз майит бозгардад.[24] Аммо Оқо Зиёи Ироқӣ бар ин бовар аст, ки агар муҷтаҳиди фавтшуда олимтар аз муҷтаҳиди зинда бошад, бозгашт ба тақлид аз майит ҷоиз аст.[25]
Эзоҳ
- ↑ Муассисаи Доират-ул-маорифи фиқҳи исломӣ, Фарҳанги фиқҳ, 1387ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.121
- ↑ Ниг.: Таботабоии Яздӣ, ал-Урват-ул-вуcқо (ал-муҳашшо), 1419ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.17
- ↑ Субҳонии Табрезӣ, ар-Расоил-ул-арбаъ, 1415ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.183
- ↑ Шайхи Садуқ, Камол-уд-дин ва тамом-ун-неъма, 1395ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.484
- ↑ Фозили Ланкаронӣ, Эзоҳ-ул-кифоя, 1385ҳ.ш., ҷ.6, саҳ.428
- ↑ Фозили Ланкаронӣ, Эзоҳ-ул-кифоя, 1385ҳ.ш., ҷ.6, саҳ.428
- ↑ Охунди Хуросонӣ, Кифоят-ул-усул, 1409ҳ.қ., саҳ.477
- ↑ Шайхи Ансорӣ, Маҷмуаи расоил, 1404ҳ.қ., саҳ.58
- ↑ Имом Хумайнӣ, Таҳрир-ул-васила, 1392ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.9
- ↑ Хоманаӣ, Аҷвибат-ул-истифтоот, 1420ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.6
- ↑ Нурии Ҳамадонӣ, Тавзеҳ-ул-масоил, 1373ҳ.ш., саҳ.14
- ↑ Таботабоии Яздӣ, ал-Урват-ул-вуcқо (ал-муҳашшо), 1419ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.18
- ↑ Таботабоии Яздӣ, ал-Урват-ул-вуcқо (ал-муҳашшо), 1419ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.18
- ↑ Баҳҷат, Тавзеҳ-ул-масоил, 1378ҳ.ш., саҳ.11
- ↑ Макорими Шерозӣ, Рисолаи тавзеҳ-ул-масоил, 1424ҳ.қ., саҳ.9
- ↑ Таботабоии Яздӣ, ал-Урват-ул-вуcқо (ал-муҳашшо), 1419ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.17
- ↑ Хӯӣ, ат-Танқиҳ, 1407ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.87-88
- ↑ Ваҳиди Хуросонӣ, Тавзеҳ-ул-масоил, 1421ҳ.қ., саҳ.194
- ↑ Систонӣ, Тавзеҳ-ул-масоил, 1415ҳ.қ., саҳ.8
- ↑ Таботабоии Яздӣ, ал-Урват-ул-вуcқо (ал-муҳашшо), 1419ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.42; Имом Хумайнӣ, Таҳрир-ул-васила, 1392ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.9
- ↑ Таботабоии Яздӣ, ал-Урват-ул-вуcқо (ал-муҳашшо), 1419ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.17
- ↑ Имом Хумайнӣ, Таҳрир-ул-васила, 1392ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.9
- ↑ Хӯӣ, Тавзеҳ-ул-масоил, 1422ҳ.қ., саҳ.3
- ↑ Таботабоии Яздӣ, ал-Урват-ул-вуcқо (ал-муҳашшо), 1419ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.18
- ↑ Таботабоии Яздӣ, ал-Урват-ул-вуcқо (ал-муҳашшо), 1419ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.18
Сарчашма
- Баҳҷат, Муҳаммадтақӣ, Тавзеҳ-ул-масоил, Қум, Интишороти Шафақ, 1378ҳ.ш.
- Ваҳиди Хуросонӣ, Ҳусайн, Тавзеҳ-ул-масоил, Қум, Мадрасаи Боқир-ул-улум (а), 1421ҳ.қ.
- Имом Хумайнӣ, Сайид Рӯҳуллоҳ, Таҳрир-ул-васила, Теҳрон, Муассисаи танзим ва нашри осори Имом Хумайнӣ (раҳ), 1392ҳ.ш.
- Макорими Шерозӣ, Носир, Рисолаи тавзеҳ-ул-масоил, Қум, Мадрасат-ул-имом Алӣ ибни Абитолиб (а), 1424ҳ.қ.
- Муассисаи Доират-ул-маорифи фиқҳи исломӣ, Фарҳанги фиқҳ мувофиқи мазҳаби Аҳли Байт (а), Қум, Муассисаи доират-ул-маорифи исломӣ, нашри аввал, 1387ҳ.ш.
- Охунди Хуросонӣ, Муҳаммадкозим, Кифоят-ул-усул, Қум, Муассисаи Олу-л-байт (а), 1409ҳ.қ.
- Систонӣ, Сайид Алӣ, Тавзеҳ-ул-масоил, Қум, Нашри Меҳр, 1415ҳ.қ.
- Субҳонии Табрезӣ, Ҷаъфар, ар-Расоил-ул-арбаъ қавоид усулия ва фиқҳия, тақрир: Муҳсин Ҳайдарӣ, Қум, Муассисаи Имом Содиқ (а), 1415ҳ.қ.
- Таботабоии Яздӣ, Сайид Муҳаммадкозим, ал-Урват-ул-вуcқо фимо таумму биҳи-л-балво (ал-муҳашшо), тасҳеҳ: Аҳмад Муҳсинӣ Сабзворӣ, Қум, Дафтари нашри исломӣ, 1419ҳ.қ.
- Фозили Ланкаронӣ, Муҳаммад, Эзоҳ-ул-кифоя, Қум, Нашри Нуҳ, 1385ҳ.ш.
- Хоманаӣ, Сайид Алӣ, Аҷвибат-ул-истифтоот, Бейрут, Дор-ул-исломия, 1420ҳ.қ.
- Хӯӣ, Сайид Абулқосим, ат-Танқиҳ фи шарҳи ал-урвати-л-вуcқо, тасҳеҳ: Алӣ Ғаравии Табрезӣ, Қум, Нашри Лутфӣ, 1407ҳ.қ.
- Хӯӣ, Сайид Абулқосим, Тавзеҳ-ул-масоил, Қум, Муассисаи эҳёи осори имом ал-Хӯӣ, 1422ҳ.қ.
- Шайхи Ансорӣ, Муртазо, Маҷмуату расоил фиқҳия ва усулия, таҳқиқ: Аббос Ҳоҷиёнӣ Даштӣ, Қум, Мактабат-ул-муфид, 1404ҳ.қ.
- Шайхи Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, Камол-уд-дин ва тамом-ун-неъма, тасҳеҳ: Алиакбари Ғаффорӣ, Теҳрон, Нашри Исломия, 1395ҳ.қ.