Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Ғаллаҳои чоргона

Аз wikishia


Ғаллаҳои чоргона (форсӣ: غلّه‌های چارگانه) ё ғаллоти арбаа (форсӣ: غَلّات اَربَعه), дар фиқҳи шиа ба чаҳор маҳсулоти гандум, ҷав, хурмо ва кишмиш гуфта мешавад, ки закот ба онҳо тааллуқ мегирад. Вуҷуби закот дар ин маҳсулот ба расидани ҳадди нисоб (тақрибан 847 то 885 килограмм) ва моликият дар замони тааллуқ машрут аст ва замони тааллуқ, миқдори закот ва наҳваи ҳисоб кардани он бар асоси шароите чун навъи обёрӣ ва касри хароҷоти истеҳсол таъйин мешавад.

Миқдори закот вобаста ба шеваи обёрӣ, даҳяк (табиӣ) ё бистяк (ҳамроҳи хароҷот) аст ва дар ҳолати таркибӣ ба нисбат ҳисоб мешавад.

Шарти закоти ғаллоти арбаа

Ғаллоти арбаа ба чаҳор маҳсулоти кишоварзӣ иборат аз гандум, ҷав, хурмо ва кишмиш гуфта мешавад, ки закот ба онҳо тааллуқ мегирад. Ин чаҳор маврид аз нуҳ чизи дигарест, ки закот дар онҳо воҷиб аст.

Вуҷуби закот дар ғаллоти арбаа илова бар шароити умумии закот, расидани маҳсулот ба ҳадди нисоб ва моликияти он дар замони тааллуқи закот шарт аст.[1] Нисоби закоти ғаллот панҷ васқ аст, ки ҳар васқ баробари шаст соъ ба шумор меравад. Ин миқдор, бо таваҷҷӯҳ ба ихтилоф дар мабнои соъ, тақрибан 847 то 885 килограмм баровард шудааст.[2]

Замони вуҷуби закот

Дар фиқҳи шиа, дар бораи замони тааллуқи закот ба ғаллоти арбаа дидгоҳҳои мутафовите вуҷуд дорад. Бино бар қавли машҳур, замони тааллуқ дар гандум ва ҷав ҳангоми басташавии дона; дар хурмо ҳангоми зард ё сурх шудан ва дар ангур ҳангоми ғӯра шудани маҳсулот дониста шудааст.[3] Дар муқобил, баъзе замони тааллуқро ҳангоме мебинанд, ки унвони ниҳоии маҳсулот (гандум, ҷав, хурмо ё ангур) бар он сидқ кунад.[4]

Замони пардохти закот

Замони пардохти закоти ғаллот, пас аз марҳилаест, ки маҳсулот омодаи бардошт ва таҳвил мешавад; аз ин рӯ, дар гандум ва ҷав пас аз дарав ва ҷудо кардани дона аз коҳ, ва дар хурмову кишмиш пас аз чидан ва хушк шудан пардохт анҷом мегирад.[5] Дар сурати худдорӣ кардани молиκ аз пардохт дар замони имкон, вай зомин хоҳад буд.[6]

Миқдори закот

Миқдори закот бо дарназардошти шеваи обёрӣ фарқ мекунад: дар обёрии табиӣ (монанди борон ё обҳои ҷорӣ) даҳяки маҳсулот, ва дар обёрии ҳамроҳи хароҷот (монанди истифодаи абзор ва мошинҳо) бистяки он тааллуқ мегирад. Дар сурати истифода аз ҳарду равиш, меъёр равиши ғолиб аст ва дар сурати баробарӣ, закот ба сурати таркибӣ ҳисоб мешавад.[7]

Мавориди истисно дар ҳисоби закот

Бар асоси назари машҳури фақеҳон, закот пас аз касри баъзе маворид аз ҷумлаи саҳмҳои ҳукуматӣ (монанди муқосама)[8] ва хароҷоти истеҳсол воҷиб мешавад.[9] Ҳарчанд дар ҷузъиёти ин маворид, аз ҷумлаи шумули хироҷ (андози замин) ва низ наҳваи ҳисоби нисоб пеш ё пас аз касри хароҷот, ихтилофи назар вуҷуд дорад. Дар ин миён, дар бораи ин ки оё хироҷ ҳукми муқосамаро дорад ё хайр, дидгоҳҳои мухталифе матраҳ шудааст ва қавл ба шумули он ба муқосама ба машҳури фақеҳон нисбат дода шудааст.[10] Машҳури фақеҳон эътиқод доранд, ки нисоби закот бояд пас аз касри хароҷот ҳисоб гардад.[11]

Эзоҳ

  1. Таботабоии Яздӣ, ал-Урват-ул-вусқо, ҷ.4, саҳ.64; Ҳаким, Мустамсак-ул-урва, ҷ.9, саҳ.137-138.
  2. Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1404ҳ.қ., ҷ.15, саҳ.207-209 ва 222; Биниҳошимии Хумайнӣ, Тавзеҳ-ул-масоили мароҷеъ, 1424ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.113.
  3. Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1404ҳ.қ., ҷ.15, саҳ.213-214; Таботабоии Яздӣ, ал-Урват-ул-вусқо, ҷ.4, саҳ.64.
  4. Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1404ҳ.қ., ҷ.15, саҳ.213-214; Таботабоии Яздӣ, ал-Урват-ул-вусқо, ҷ.4, саҳ.64.
  5. Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1404ҳ.қ., ҷ.15, саҳ.220.
  6. Муассисаи Доират-ул-маорифи фиқҳи исломӣ, Фарҳанги фиқҳ, 1382ҳ.ш., ҷ.4, саҳ.243.
  7. Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1404ҳ.қ., ҷ.15, саҳ.236-238.
  8. Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1404ҳ.қ., ҷ.15, саҳ.223.
  9. Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1404ҳ.қ., ҷ.15, саҳ.233.
  10. Хӯӣ, Мавсуъа ал-Хӯӣ, 1418ҳ.қ., ҷ.23, саҳ.347.
  11. Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1404ҳ.қ., ҷ.15, саҳ.233.

Сарчашма

  • Биниҳошимии Хумайнӣ, Сайид Муҳаммадҳасан, Тавзеҳ-ул-масоили мароҷеъ, Қум, Дафтари интишороти исломии Ҷомеаи мударрисини ҳавзаи илмияи Қум, 1424ҳ.қ.
  • Муассисаи Доират-ул-маорифи фиқҳи исломӣ, Фарҳанги фиқҳ мувофиқи мазҳаби аҳли байт (а), зери назар: Сайид Маҳмуди Ҳошимии Шоҳрӯдӣ, Қум, Муассисаи Доират-ул-маорифи фиқҳи исломӣ, 1382ҳ.ш.
  • Наҷафӣ, Муҳаммадҳасан, Ҷавоҳир-ул-калом фи шарҳи шароеъ-ил-ислом, тасҳеҳ: Аббос Қӯчонӣ ва Алӣ Охундӣ, Байрут, Дор эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, чопи ҳафтум, 1404ҳ.қ.
  • Таботабоии Яздӣ, Сайид Муҳаммадкозим, ал-Урват-ул-вусқо фимо таумму биҳ-ил-балво (ал-муҳашшӣ), таҳқиқ: Аҳмад Муҳсинии Сабзворӣ, Қум, Дафтари интишороти исломӣ, чопи аввал, 1419ҳ.қ.
  • Таботабоии Яздӣ, Сайид Муҳаммадкозим, ал-Урват-ул-вусқо, Байрут, Муассисат-ул-аъламӣ ли-л-матбуот, чопи дувум, 1409ҳ.қ.
  • Хӯӣ, Сайид Абулқосим, Мавсуъа ал-Имом ал-Хӯӣ, Қум, Муассисаи эҳёи осори Имом Хӯӣ, чопи аввал, 1418ҳ.қ.
  • Ҳаким, Сайид Муҳсин, Мустамсак-ул-урват-ул-вусқо, Қум, Мактаба Оятуллоҳ ал-Мараъашӣ ан-Наҷафӣ, 1388-1391ҳ.қ.

Пайванд ба берун