Нақдайн
Зоҳир
| Бахше аз аҳкоми амалӣ ва фиқҳӣ |
|---|
Нақдайн (форсӣ: نَقدَین) дар фиқҳи шиа ба тилло ва нуқраи сиккашуда (маскук) гуфта мешавад.[1] Ин мавзуъ дар бахшҳои рибо[2] ва закот[3] мавриди баҳс қарор мегирад. Рибо ба навъҳое тақсим мешавад: рибои муомилаӣ ва қарзӣ.[4] Рибои муомилаӣ яъне муомилаи ду колои ҳамҷинс ба шарте ки дар як тараф зиёдӣ дарёфт шавад. Рибои қарзӣ низ ба маънои қарз додан бо шарти дарёфти зиёдӣ аст.[5]
Барои он ки закот ба тилло ва нуқра тааллуқ гирад, се шарт зарур аст:
- Расидан ба ҳадди нисоб: Нисоби тилло: бист динор, ки закоти он ним динор (даҳ қирот) аст; ва чаҳор динор, ки закот ду қирот аст. Ба 24 динор, ним динор ва ду қирот закот тааллуқ мегирад ва ҳар чаҳор динори илова бар бист динор, ду қирот закот дорад, то чиҳил динор, ки закоти он як динори комил мешавад.[6] Нисоби нуқра: дусад дирҳам, ки закоти он панҷ дирҳам аст; ва чиҳил дирҳам, ки закоти он як дирҳам аст. Закоти 240 дирҳам, шаш дирҳам аст. Аз он ба баъд, ҳар чиҳил дирҳами илова, як дирҳам закот дорад.[7]
- Маскук будан: Тилло ва нуқра бояд ба шакли сикка зарб шуда бошанд. Барои вуҷуби закот, зарур нест, ки дар замони ҳол бо он сиккаҳо муомила шавад; ҳамин ки дар гузашта маъмул будаанд, кофист.[8] Аммо агар дар ҳоли ҳозир ҳеҷ ривоҷи муомила надошта бошанд, баъзе фақеҳон закотро воҷиб намедонанд.[9]
- Гузашти сол: Яъне ёздаҳ моҳи қамарӣ сипарӣ шавад ва моҳи дувоздаҳум фаро расад. Агар дар миёни сол, ҳар яке аз шароити закот аз байн биравад, ҳисоби сол барҳам мехӯрад ва закот воҷиб намешавад.[10]
Шахсе, ки закот бар ӯ воҷиб шудааст, метавонад аз худи тилло ва нуқра ҳамчун закот бипардозад ё муодили қимати онро.[11]
Эзоҳ
- ↑ Деҳхудо, Луғатнома, зайли вожаи «Нақдайн».
- ↑ Имом Хумайнӣ, Китоб-ул-байъ, 1421ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.541-542.
- ↑ Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1404ҳ.қ., ҷ.15, саҳ.65.
- ↑ Имом Хумайнӣ, Китоб-ул-байъ, 1421ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.541-542.
- ↑ Барои намуна ниг.: Муҳаққиқи Каракӣ, Ҷомеъ-ул-мақосид, 1414ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.265; Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1404ҳ.қ., ҷ.23, саҳ.334; Ибни Барроҷ, ал-Муҳаззаб, 1406ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.362; Ибни Идриси Ҳиллӣ, ас-Сароир, 1410ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.253.
- ↑ Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1404ҳ.қ., ҷ.15, саҳ.168-172; Ҳаким, Мустамсак-ул-урва, 1391ҳ.қ., ҷ.9, саҳ.115-119.
- ↑ Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1404ҳ.қ., ҷ.15, саҳ.172; Ҳаким, Мустамсак-ул-урва, 1391ҳ.қ., ҷ.9, саҳ.119-120.
- ↑ Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1404ҳ.қ., ҷ.15, саҳ.180-181.
- ↑ Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1404ҳ.қ., ҷ.15, саҳ.182-183.
- ↑ Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1404ҳ.қ., ҷ.15, саҳ.182.
- ↑ Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1404ҳ.қ., ҷ.15, саҳ.125; Ҳаким, Мустамсак-ул-урва, 1391ҳ.қ., ҷ.9, саҳ.83-85.
Сарчашма
- Деҳхудо, Алиакбар, Луғатнома, Теҳрон, Муассисаи интишорот ва чопи Донишгоҳи Теҳрон, 1377ҳ.ш.
- Ибни Барроҷ, Қозӣ Абдулазиз, ал-Муҳаззаб, Қум, Интишороти исломӣ, 1406ҳ.қ.
- Ибни Идрис, Муҳаммад ибни Мансур, ас-Сароир-ул-ҳовӣ ли таҳрир-ил-фатовӣ, Қум, Интишороти исломӣ, 1410ҳ.қ.
- Имом Хумайнӣ, Сайид Рӯҳуллоҳ, Китоб-ул-байъ, Теҳрон, Муассисаи танзим ва нашри осори Имом Хумайнӣ, 1421ҳ.қ.
- Муҳаққиқи Каракӣ, Алӣ ибни Ҳусайн, Ҷомеъ-ул-мақосид фи шарҳ-ил-қавоид, Қум, Муассисаи Ол-ил-Байт (а), 1414ҳ.қ.
- Наҷафӣ, Муҳаммадҳасан, Ҷавоҳир-ул-калом фи шарҳи шароеъ-ил-ислом, тасҳеҳ: Аббос Қӯчонӣ ва Алӣ Охундӣ, Бейрут, Дор эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, чопи ҳафтум, 1404ҳ.қ.
- Ҳаким, Сайид Муҳсин, Мустамсак-ул-урват-ул-вусқо, Қум, Нашри Мактаба Оятуллоҳ ал-Мараъшӣ ан-Наҷафӣ, 1388-1391ҳ.қ.