Фиқҳ

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Фиқҳи исломӣ)
Рисолаи амалия

Фиқҳ (арабӣ: الفقه) донише барои ба даст овардани таклифи динии мусулмонон аст. Мавзуи илми фиқҳ, афъоли ихтиёрии мукаллафон аст. Барои мисол, аъмоле чун намоз, рӯза, закот, ҳаҷ, хариду фуруш, издивоҷ ва талоқ аз масоилеанд, ки дар фиқҳ аз аҳкомашон баҳс мешавад.

Фақиҳон ҳадаф аз тадвини фиқҳро пешкаш намудани масъалаҳо барои сомон бахшидан ба зиндагии дунявии мукаллафон ва саодати ухравии онон, аз рӯй манобеъе монанди Қуръон ва суннат медонанд. Ба гуфтаи бархе аз онҳо, илми фиқҳ, пас аз маърифат ба Худованд, аз беҳтарин улум аст. Ба ҳамин далел гуфта шуда таҳсили илми фиқҳ, бо тавваҷуҳ ба ояти нафр, воҷиби кифоӣ аст.

Дар бораи қаламрави илми фиқҳ ду назар ироа шудааст; дар як назар, фиқҳро нозир ба тамоми ҷанбаҳои иҷтимоӣ, сиёсӣ, низомӣ ва фарҳангии мукаллафон донистаанд ва бар асоси назаре дигар, дониши фиқҳ фақат ӯҳдадори баёни ҳукми бахше аз масоили зиндагист. Гуфта мешавад дар замони ҳаёти Пайғамбар (с) ки асри таъсиси фиқҳ ё асри ташреъ номгузорӣ шуда, мусулмонон аҳкоми шаръии худро аз Қуръону суннати Пайғамбар, дарёфт мекарданд. Пас аз реҳлати Пайғамбари Ислом ва бо шаклгирии ду фирқаи шиа ва суннӣ, ду гароиши умда дар фиқҳи исломӣ падид омад.

Шиаён Имом Алӣ (а) ва имомони маъсум (а) аз насли вайро дар имтидоди вуҷуди Пайғамбар (с) ва муфассирони Қуръону суннати Пайғамбар медонистанду аҳкоми шаръии худро аз онони мегирифтанд; дар ҳоле, ки аҳли суннат суроғи саҳоба рафтанд ва саҳоба бо руҷуъ ба Қуръону суннати Пайғамбар ва аз тариқи иҷтиҳод, фатво содир мекарданд.

Мазҳаби фиқҳии шиа пас аз асри ташреъ ва асри ҳузури имомони маъсум (а), дар мактабҳои фиқҳии Қум, Рай, Бағдод, Ҳилла, Ҷабалиомил, Исфаҳон, Карбало ва Наҷаф то асри ҳозир, давраҳои мухталиферо аз назари рукуду пешрафт дар иҷтиҳоди фиқҳӣ, сипарӣ кардааст. Мазҳаби фиқҳии аҳли суннат низ пас аз саҳоба ва тобеъин (аз аввалҳои қарни дувум то аввалҳои қарни чорум) аз миёни мазҳабҳои фиқҳии бисёр, ба чор мазҳаби фиқҳии машҳури ҳанафӣ, моликӣ, шофеӣ ва ҳанбалӣ, даромад. Ғайр аз мазоҳиби фиқҳии шиа ва аҳли суннат, ду мазҳаби фиқҳии абозия ва зайдия низ дорои фиқҳи мудавван ҳастанду имрӯза пайравоне доранд.

Аҳамият

Илми фиқҳ аз ҷумлаи улуме аст, ки мавриди тавваҷуҳи ҳамаи мазоҳиби исломист.[1] Ҳаҷвии Саъолибӣ (фақиҳу усулии моликимазҳаб), илми фиқҳро аз ифтихороти бузурги ҷаҳони Ислом дониста ва бар ин назар аст, ки ҳаёти ҷомеъаи исломӣ ба фиқҳ вобаста аст ва бидуни он давом надорад.[2] Алломаи Ҳиллӣ дар муқаддимаи китоби Таҳрир-ул-аҳком дар баёни аҳамияту манзалати илм фиқҳ гуфтааст бо фазилаттарин илм пас аз шинохти Худованд, илми фиқҳ аст; зеро сомондиҳандаи умури маошу маъоди мардум аст.[3] Вай ҳамчунин таҳсили илми фиқҳро бо тавваҷуҳ ба ояти нафр, воҷиби кифоӣ донистааст.[4]

Соҳиби Маъолим низ илми фиқҳро пас аз маърифати Худованд, шарифтарин ва бартарини улум донистааст; зеро шинохти аҳкоми Илоҳӣ ки шарифтарин маълумот аст, бо ин илм ҳосил мешавад, ҳамчунин илми фиқҳ зиндагии амалии инсонро ҳам аз ҷиҳати фардӣ ва ҳам аз ҷиҳати иҷтимоӣ сомон мебахшад ва мояи камолу тараққӣ инсон аст.[5]

Имом Хумайнӣ дар баёни аҳамияту ҷойгоҳи илм фиқҳ гуфтааст, ки ин илм теории воқеӣ ва комили идораи инсон аз гаҳвора то гӯр аст.[6]

Таъриф

Фақиҳони мусулмон,[7] фиқҳро илм ба аҳкоми шаръии фаръӣ аз рӯй адиллаи тафсилии он таъриф кардаанд.[8] Мақсуд аз адиллаи тафсилӣ, Қуръон, суннат, иҷмоъ, ақл ва усули амалия монанди истисҳоб, тахйир, бароат ва эҳтиёт аст.[9]

Дар таърифе дигар, фиқҳ донише муаррифӣ шуда ки ба ду навъи мавзуъ мепардозад:

Мавзуи фиқҳ ва ғояти он

Илми фиқҳ аз аҳкоми панҷгонаи вуҷуб, ҳурмат, истиҳбоб, кароҳат, ибоҳа ва ҳамчунин аз сиҳҳату бутлон баҳс мекунад.[11] Ба ҳамин ҷиҳат, мавзуи илми фиқҳро афъолу рафтори ихтиёрии мукаллафон медонанд.[12]

Ба гуфта фақиҳон, ҳадафи илми фиқҳ ироаи масоиле дар ҷиҳати танзими зиндагии дунявӣ (дар ҷиҳати фардӣ ва иҷтимоӣ) ва расидан ба саодати ухравӣ аст.[13]

Манобеи фиқҳ

Муҳимтарин манбаъ барои истинботи аҳкоми шаръӣ, назди ҳамаи фуқаҳои мусулмон, Қуръон аст.[14] Дар бораи дигар манобеи фиқҳӣ, дар миёни мазоҳиби мухталиф, ихтилофи назар вуҷуд дорад:

Шиа

Фуқаҳои шиа барои истинботи ҳукми шаръӣ, илова бар Қуръон, ба суннат, иҷмоъ ва ақл низ руҷуъ мекунанд.[15] Албатта ахбориҳо гурӯҳе аз фақиҳони шиа ба шумор мераванд, ки фақат Қуръону суннатро манобеи истинботи ҳукми шаръӣ медонанд.[16] Бархе аз онон ҳамчун Муҳаммадамини Астарободӣ дар чанг задан ба зоҳири Қуръон низ тардид доранд ва бар ин боваранд, ки мухотабони Қуръон танҳо Аҳли Байт (а) ҳастанд ва муҷтаҳид наметавонад барои даст ёфтан ба ҳукми шаръӣ ба зоҳири Қуръон истинод кунад.[17] Дар муқобил, бархе низ монанди Муҳаммад Содиқии Теҳронӣ (фақиҳ ва муфассири шиа: 1305 - 1390ҳ.ш.) Қуръонро танҳо манбаи истинботи ҳукми шаръӣ ба шумор меоварад ва суннатро бар меҳвари Қуръон, муътабар медонад.[18]

Аҳли суннат ва фарқашон бо шиа

Фақиҳони мазоҳиби чоргонаи аҳли суннат илова бар Қуръон, аз суннат, иҷмоъ ва қиёс барои истинботи ҳукми шаръӣ истифода мекунанд.[19] Суннат аз назари фуқаҳоии аҳли суннат, фақат дар қавл, феъл ва тақрири Пайғамбар (с) аст;[20] дар ҳоле ки фуқаҳоии шиа, қавл, феъл ва тақрири имомони маъсум (а)-ро монанди суннати Пайғамбар (с) ҳуҷҷат ва муътабар мешуморанд ва онҳоро манбаи муътабаре барои расидан ба аҳкоми шаръӣ медонанд.[21] Фақиҳони аҳли суннат муътақиданд иҷмоъ ба худии худ ҳуҷҷат ва манбаи мустақилле барои истихроҷи ҳукми шаръист;[22] аммо назди фуқаҳоии шиа, танҳо дар сурате муътабар аст, ки кошиф аз қавли имоми маъсум бошад.[23]

Аҳли суннат ҳамчунин ба манобеи фаръии дигаре назири истеҳсон, масолеҳи мурсала ва садди зароеъ барои истинботи ҳукми шаръӣ тамассук мекунанд.[24] Албатта Муҳаммад ибни Идриси Шофеӣ (муассиси мактаби Шофеӣ дар фиқҳи аҳли суннат), аз ин се, танҳо садди зароеъро мепазирад.[25] Аз назари фуқаҳои шиа, ҳеҷ як аз инҳо барои истинботи ҳукми шаръӣ эътибор надоранд.[26]

Ба гуфтаи Муҳаммади Абузуҳра (ваф.1395ҳ.қ.) фақиҳ ва муаррихи аҳли суннат, фақиҳони зайдия ки аз мазоҳиби шиа аст, ба табаъият аз мазҳаби фиқҳии ҳанафия, дар истинботи бархе аҳком аз қиёс, истеҳсон ва масолеҳи мурсала низ истифода мекунанд.[27]

Қаламрави дониши фиқҳ

Ба гуфта Маҳдии Меҳризӣ (тав.1341ҳ.ш.) фиқҳпажӯҳи аҳли Эрон, ихтилофе дар ин нест, ки фиқҳ ҳам аъмоли фардӣ ва ҳам аъмоли иҷтимоии мукаллафонро дар бар мегирад; аммо дар ин ки оё ба ҳамаи умури иҷтимоии инсон назар дораду ҳукми онро баён мекунад ё фақат ба бархе аз онҳо мепардозад, ихтилофи назар вуҷуд дорад.[28]

Бино ба дидгоҳи Имом Хумайнӣ, аҳкоми фиқҳии нозир бар тамоми ҷанбаҳои зиндагии иҷтимоии мукаллафин аст. Вай ҳукуматро нишондиҳанда ҷанбаи амалии фиқҳ дар бархӯрд бо тамомии муъзалоти иҷтимоӣ, сиёсӣ, низомӣ ва фарҳангӣ медонад.[29] Ҳамчунин дар китоби Мавсуат-ил-фиқҳийят-ил-кувайтийя (мавсуае дар фиқҳи аҳли суннат дар 45 ҷилд) иддао шудааст ки илми фиқҳ барои ҳамаи мушкилоту масоили башарӣ роҳи ҳал дорад; зеро ҳеҷ феъле аз инсон содир намешавад, магар он ки дорои ҳукми шаръист ва илми фиқҳ ӯҳдадори баёни он аст.[30]

Дар мухолифат бо ин дидгоҳ, бархе аз навандешони динии муосир монанди Абдукарими Сурӯш ва Муҳаммад Муҷтаҳиди Шабистарӣ, мункири посухгӯии дониши фиқҳ ба ҳамаи ниёзҳои фардӣ ва иҷтимоии зиндагии инсон шудаанд.[31] Ба эътиқоди Сурӯш, танҳо бахше аз масоили ҷомеъа, аз синхи масоил фиқҳианд. Масоили дигаре монанди бисёре аз масоили марбут ба сиёсату иқтисод вуҷуд дорад ки фиқҳ барои ҳаллашон барномае надорад ва ҳалли онҳо дар ҷомеа, ниёзманд ба улумест, ки маҳсули ақлоният ва таҷрибаи башаранд.[32]

Муҷтаҳиди Шабистарӣ ҳам гуфтааст мутуни динӣ дар боби сиёсат, яъне умури марбут ба ҳудуд, диёт, қисос, қизоват ва монанди онро бояд бо рӯйкарди таърихӣ тафсир кард; зеро бештарашон нозир ба пурсишҳоест, ки дар асри судур буда ва далолати онҳо ба аҳкоми асри ҳозир, пазируфта нест.[33]

Маҳдудаи фиқҳ дар хусуси мавзуот

Мавзуоте ки ҳукми шаръӣ ба онҳо таъаллуқ мегирад ба ду қисми куллӣ тақсим мешаванд:

  • Мавзуоти «сирфа»: Мавзуоте ки ташхиси онҳо ниёзманди истидлол нест ва ба қадре возеҳанд ки ҳар кас онро мефаҳмад.[34] Монанди мафҳуми об ки барои ҳама равшан асту иҷтиҳод кумаке ба фаҳми он намекунад.[35] Бино ба назари ҳамаи фуқаҳои мусулмон, шарҳи ин мавзуот хориҷ аз ӯҳдаи фақиҳ аст.[36]
  • Мавзуоти мустанбата: Мавзуоте ки барои ҳамагон равшан несту ташхиси мафҳуму шиносоии ҳудудашон ниёзманди бурҳон ва истидлол аст.[37] Ин мавзуот худ, ба се даста тақсим мешаванд:
  1. Мавзуоти шаръӣ: Мавзуоте ки шореъ онҳоро эҷод кардааст; монанди намоз, вузӯ, ғусл ва таяммум.[38] Бино ба назари ҳамаи фақиҳон, табйини ин даста аз мавзуот ва ҳукми шаръии онҳо ба ӯҳдаи фақиҳ аст.[39]
  2. Мавзуоти урфӣ: Мавзуоте ки ташхиси мафҳуму шиносои ҳудудашон ба ӯҳдаи урф аст.[40]
  3. Мавзуоти луғавӣ: Мавзуоте ки шиносоии ҳудуди онҳо барои ҳама муяссар нест ва ниёзманди руҷуъ ба қавоиди луғавӣ ва завобити муайян назди аҳли забони хос аст.[41]

Дар бораи вазифаи фақиҳ дар хусуси шиносоии мавзуоти мустанбатаи урфӣ ва луғавӣ, ихтилофи назар вуҷуд дорад.[42] Фақиҳоне ҳамчун Мирзои Қумӣ,[43] Муҳаммадкозим Таботабоии Яздӣ[44] ва Соҳби Ҷавоҳир[45] баёни ин мавзуотро хориҷ аз ҳитаи вазоифи фақиҳ донистаанд. Дар муқобил, фақиҳоне монанди Сайид Муҳсини Ҳаким ва Сайид Абулқосими Хуӣ, бар нақши фақиҳ дар баёни ин гуна мавзуот таъкид кардаанд.[46]

Кошифулғито мавзуоти урфӣ ва луғавии печидаро аз мавзуоти басит, ҷудо карда гуфтааст қисми нахуст ҷуз бо руҷуъ ба далелҳои шаръӣ, қобили ташхис нест. Бинобар ин ҳамчун мавзуоти шаръӣ, ба ӯҳда фақиҳ аст.[47]

Макотиби фиқҳӣ

Ду мазҳаби умдаи фиқҳӣ дар ҷаҳони Ислом, яъне мазҳаби фиқҳии шиа ва мазҳаби фиқҳии аҳли суннат, ҳар кадом мактабҳои мухталифе доранд, ки аз назари мабонӣ бо ҳам мутафовитанд:[48]

Макотиби фиқҳии шиа

Макотиби фиқҳии шиа, пас аз асри ҳузури момони маъсум (пас аз ғайбати кубро) иборатанд аз:[49]

номи мактаб санаи таъсис фақиҳони маъруф муҳимтарин асарҳои фиқҳӣ вижагиҳо
1 Қум ва Рай миёнаҳои нимаи аввали қарни чорум то нимаи аввали қарни панҷуми қамарӣ Алӣ ибни Иброҳими Қумӣ, Муҳаммад ибни Яъқуби Кулайнӣ, Алӣ ибни Бобавайҳи Қумӣ, Шайхи Садуқ ал-Кофӣ, аш-Шароеъ, Ман ло яҳзуруҳ-ул-фақиҳ, ал-Муқниъ тадвин ва табвиби манобеи ривоӣ, ривоҷи фиқҳи ривоӣ
2 Бағдод қарни чоруми қамарӣ Ибни Ақили Уммонӣ , Ибни Ҷунайди Искофӣ , Шайхи Муфид , Сайиди Муртазо , Шайхи Тӯсӣ ал-Аҳмадию фи-л-фиқҳ-ил-муҳаммадӣ, ал-Мутамассику биҳабли Оли ар-Расул, ал-Муқниъа, ал-Мабсут оғози тадвини илми усул, истифода аз далели ақлӣ дар истинботи аҳком
3 Ҳилла аз охирҳои қарни шашуми қамарӣ Ибни Идриси Ҳиллӣ, Муҳаққиқи Ҳиллӣ, Аҳмад ибни Товуси Ҳиллӣ, Яҳё ибни Саиди Ҳиллӣ, Алломаи Ҳиллӣ ас-Сароир, ал-Муътабар, Шароеъ-ул-ислом, ал-Ҷомеъ-уш-шароеъ, Таҳрир-ул-аҳком, Мухталаф-иш-шиа таълифи мутуни фиқҳи истидлолӣ, пешрафти дониши усули фиқҳ, дастабандии ҷадиди абвоби фиқҳӣ
4 Ҷабалиомил қарни ҳаштуми қамарӣ Шаҳиди Аввал, Шаҳиди Сонӣ, Ҳасан ибни Зайниддини Омилӣ, Сайид Муҳаммад Мӯсавии Омилӣ ал-Лумъат-уд-димишқия, Масолик-ул-афҳом, Мадорик-ул-аҳком, Мунтақа-л-ҷумон тадвини қавоиди фиқҳӣ, танқеҳи аҳодиси кутуби арбаа, тарҳи дубораи баҳсҳои риҷолӣ, танқеҳу танзими баҳсҳои усулӣ, тамаркуз бар санади аҳодис
5 Исфаҳон қарни даҳуми қамарӣ Муҳаққиқи Каракӣ, Шайхи Баҳоӣ, Муҳаммадтақии Маҷлисӣ, Муҳаммадбоқири Маҷлисӣ, Муҳаққиқи Хонсорӣ, Фозли Ҳиндӣ, Муҳаққиқи Ардабилӣ, Физи Кошонӣ Ҷомеъ-ул-мақосид, Равзат-ул-муттақин, Маҷмаъ-ул-фоидати ва-л-бурҳон, Мафотиҳ-уш-шароеъ, Кашф-ул-лисом тадвини мавсуаҳои равоӣ, тавваҷуҳ ба фиқҳи сиёсӣ
6 Карбало қарни дувоздаҳуми қамарӣ Муҳаммадбоқир Ваҳиди Беҳбаҳонӣ, Сайид Алии Таботабоӣ, Сайид Ҷавод Ҳусайнии Омилӣ, Мулломаҳдии Нароқӣ, Муллоаҳмади Нароқӣ, Мирзои Қумӣ, Сайид Муҳсини Аъраҷӣ Риёз-ул-масоил, Мустанад-уш-шиа, Ҷомеъ-уш-шатот, Мифтоҳ-ул-каромат мубориза бо ахборигарӣ, эҳёи фақоҳати иҷтиҳодӣ, боландагии дониши усули фиқҳ
7 Наҷаф қарни сездаҳуми қамарӣ Муҳаммадҳасани Наҷафӣ, Шайхи Ансорӣ, Охунди Хуросонӣ, Сайид Муҳаммадкозим Таботабоии Яздӣ, Оқо Ризои Ҳамадонӣ, Сайид Муҳсини Ҳаким, Сайид Абулқосими Хуӣ Ҷавоҳир-ул-калом, Макосиб, Урват-ул-вусқо, Мисбоҳ-ул-фақиҳ, Мустамсаку фи шарҳи ал-Урват-ул-вусқо, ат-Танқиҳ таҳаввул дар фақоҳати истидлолӣ, навовариҳои фиқҳӣ ва усулӣ, пайдоиши тақрирот дар фиқҳ ва усули фиқҳ
8 Қум қарни чордаҳуми қамарӣ Шайх Абдукарим Ҳоирии Яздӣ, Сайид Ҳусайн Буруҷердӣ, Сайид Рӯҳуллоҳи Хумайнӣ, Муҳаммадалии Арокӣ, Сайид Муҳаммадризои Гулпойгонӣ, Муҳаммад Фозили Ланкаронӣ, Ҳусайнъалии Мунтазирӣ Таҳрир-ул-васила, ад-Дурр-ул-манзуди фи аҳком-ил-ҳудуд, Диросотун фи вилоят-ил-фақиҳи ва фиқҳ-ид-давлат-ил-исломия, Тафсил-уш-шариат тавваҷуҳ ба мабоҳиси фиқҳи сиёсӣ, вуруди масоили фиқҳӣ дар арсаи қонунгузорӣ, пардохтан ба масоили навзуҳур монанди банк, суғурта ва масоили ҷадиди фиқҳи пизишкӣ

Макотиби фиқҳии аҳли суннат

Фиқҳи аҳли суннати ҳам макотиби фиқҳии бисёре дошта, ки бархе аз байн рафтаанд.[50] Онҳо ки то имрӯз мондагор будаанд, чор мазҳаби фиқҳии ҳанафӣ, моликӣ, шофеӣ ва ҳанбалӣ ҳастанд:[51]

номи мактаб асосгузор фақиҳони маъруф асарҳои фиқҳии маъруф вижагиҳо
1 Ҳанафӣ Абуҳанифа(ваф.150ҳ.қ.) Абуюсуф, Муҳаммад ибни Ҳасани Шайбонӣ, Абдуллоҳ ибни Ҳасани Насафӣ, Муҳаммад ибни Алии Ҳаскафӣ, Шамсулаиммаи Сарахсӣ ал-Осор, ал-Мабсут, Канз-уд-дақоиқ (фи фиқҳ-ил-Ҳанафӣ), ад-Дурр-ул-мухтор Таваҷҷуҳ ба қиёс, истеҳсон ва масолеҳи мурсала дар сурати набудани ҳукм дар Қуръон ва суннати қатъии Расули Худо ва саҳоба
2 Моликӣ Молик ибни Анас (ваф.179ҳ.қ.) Абдурраҳмон ибни Қосим, Асад ибни Фуроти Тунисӣ, Абубакри Боқилонӣ, Ибни Рушд, Шотибӣ, Абулбаракот Аҳмад ибни Муҳаммади Дардир Муваттаъ, ал-Асадия, ал-Инсоф, Бидоят-ул-муҷтаҳиди ва ниҳоят-ул-муқтасид, ал-Мувофиқот, аш-Шарҳ-ул-кабир таваҷҷуҳ ба амали аҳли Мадина дар канори Қуръон, суннат ва иҷмоъ дар истинботи ҳукм ва дар мартабаи баъд ба қиёсу масолеҳи мурсала
3 Шофеӣ Муҳаммад ибни Идриси Шофеӣ (ваф.204ҳ.қ.) Исмоил ибни Яҳёи Музанӣ, Ибни Ҳаҷари Ҳайсамӣ, Иброҳим ибни Муҳаммади Дасуқӣ, Ҷалолуддини Суютӣ, Алӣ ибни Муҳаммади Мовардӣ, Яҳё ибни Шарафи Нававӣ ал-Умм, Мухтасар-ул-Музанӣ, ал-Ҳови-л-кабир, ал-Иқноъу фи-л-фиқҳ-иш-шофеӣ, ат-Танбиҳу фи-л-фиқҳ-иш-шофеӣ, Равзат-ут-толибин амал бар асоси қиёс дар сурате ки реша дар Қуръону суннат дошта бошад, ҳуҷҷат набудани истеҳсон ва масолеҳи мурсала
4 Ҳанбалӣ Аҳмад ибни Ҳанбал (ваф.241ҳ.қ.) Абулхаттоби Бағдодӣ, Ибни Қуддомаи Муқаддасӣ, Ибни Таймияи Ҳарронӣ, Мансур ибни Юнуси Баҳутӣ ал-Ҳидоя, ал-Муғнӣ, Кашшоф-ул-қиноъ Ҳадисгароӣ ва амал ба фатвои саҳоба, авло донистани ҳадис, ҳатто ҳадиси заиф ва ҳадиси мурсал, бар қиёс[52]

Сохтори дониши фиқҳ

Мақолаи аслӣ: Бобҳои фиқҳ

Илми фиқҳ дорои масъалаҳои гуногунест[53] ва барои ироаи муназзам ва дақиқи масоили ин илм, дар ҷавомеъи фиқҳӣ, масъалаҳо зайли унвони бобҳои фиқҳӣ ё «китобҳои фиқҳӣ» ироа шудааст.[54]

Боббандии Муҳаққиқи Ҳиллӣ дар китоби Шароеъ-ул-ислом аз машҳуртарин дастабандиҳо дар фиқҳи шиа буда ва бар фақиҳони пас аз худ таъсир гузоштааст.[55] Вай ҳамаи аҳкоми фиқҳиро дар чор дастаи куллии ибодот, уқуд, иқоъот ва аҳком тақсим карда ва зайли ҳар даста бобҳои фиқҳии марбут ба онро гирдоварӣ кардааст.[56]

Абуҳомиди Ғаззолӣ дар китоби Эҳёу улум-ид-дин,[57] Ибни Ҷизйи Калбӣ (фақиҳи моликии қарни ҳаштум) дар китоби «ал-Қавонин-ул-фиқҳия»,[58] Маҳмуди Шалтут дар китоби «ал-Ислому ақидатун ва шариат»,[59] Мустафо Аҳмад аз-Зарқо дар китоби «Мадхалу ал-фиқҳий-ил-ом»[60] ва Ваҳбаи Зуҳайлӣ дар китоби «ал-Фиқҳ-ул-исломӣ ва адиллатиҳ»[61] аз ҷумлаи олимону фақиҳони аҳли суннат ҳастанд, ки боббандиҳое барои масоили фиқҳӣ ироа кардаанд.

Таърихчаи фиқҳи исломӣ

Аҳкоми фиқҳӣ бо зуҳури дини Ислом пайдо шуд.[62] Мусулмонони ҳамъасри Пайғамбари Ислом (с), дар амал ба аҳкоми Илоҳӣ, ба Қуръон ва суннат(қавл, феъл ва тақрир)-и вай амал мекарданд. Дар ин давра, Пайғамбар (с) танҳо марҷаъи дарёфти ҳукми шаръӣ ба шумор мерафт;[63] Аз ин рӯ бархе муҳаққиқон, асри Пайғамбарро асри таъсиси фиқҳ ё асри ташреъ номидаанд.[64] Пас аз даргузашти Пайғамбар (с) ва бо гузашти замон ва пайдо шудани масоили ҷадид, аҳли суннат ба саҳоба ва тобеъин муроҷиа мекарданд ва онҳо низ бо руҷуъ ба Қуръону суннати набавӣ, аҳкоми шаръиро баён мекарданд. Агар ҳам барои мавзуе дар Қуръону суннат ҳукме намеёфтанд, иҷтиҳод мекарданд ва фатво медоданд.[65]

Шиа илова бар Қуръону суннати Пайғамбар, ба имомонашон ҳам руҷуъ мекарданд ва каломи онҳоро ба манзалаи каломи Пайғамбар (с) медонистанд.[66] Аз ин ҷо ду мазҳаби умда дар фиқҳи исломӣ, яъне мазҳаби фиқҳи имомия ва фиқҳи аҳли суннат падид омад.[67]

Мазҳаби фиқҳии аҳли суннат пас аз саҳоба ва тобеъин (аз аввалҳои қарни дувум то аввалҳои қарни чорум) аз миёни мазоҳиби фиқҳӣ бисёр, ба чор мазҳаби фиқҳии машҳури ҳанафӣ, моликӣ, шофеӣ ва ҳанбалӣ тақсим шуд.[68] Пас аз он, аз аввалҳои қарни чорум то қарни сездаҳуми қамарӣ, ҳаракати иҷтиҳодӣ дар фиқҳи аҳли суннат, ба сабаби тақлид аз мазоҳиби чоргона, дучори рукуд шуд ва бо вуҷуди ин ки дар ин давра фақиҳоне зуҳур карданду даст ба таълифи осори фиқҳӣ заданд, пешрафти чандоне ҳосил накард.[69]

Бо қудрат гирифтани давлати усмонӣ дар қарни сездаҳуми қамарӣ (аз соли 1387ҳ.қ.)[70] ва ба сабаби вусъати доираи қонунгузорӣ дар ҷиҳати танзими умури ҷомеъа ва давлат, бо таъсиси маҷаллаи «ал-Аҳком-ул-адлийя», фиқҳи ҳанафӣ мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифту рушд ва тавсеа ёфт.[71] Солиёни тӯлонӣ маҷомеъи фиқҳӣ ва маҷолиси фатво дар маҳдудаи мазҳаби ҳанафӣ, ки мазҳаби расмии давлати усмонӣ буд, фатво содир мекарданд то он ки ҷамъе аз муслеҳону андешмандон ин инҳисорро шикастанд ва барои қонунгузории исломӣ, аз ҳамаи мазҳабҳо истифода карданд.[72]

Бино ба назари бархе муҳаққиқон, мазҳаби фиқҳии шиа пас аз асри ташреъ, яъне асри ҳузури имомони шиа, то асри ҳозир, ҳафт давраи таърихиро сипарӣ кардааст.[73] Ин ҳафт давра иборатанд аз: асри шаклгирӣ ё ҳамон «табвиб»-и фиқҳ (аз миёнаҳои қарни чорум то миёнаҳои қарни панҷуми қумӣ), асри таҳаввул дар арсаи фақоҳату иҷтиҳод (қарни панҷум), асри рукуду тақлид (аз нимаи дувуми қарни панҷум то поёни қарни шашум), асри эҳёи фиқҳӣ (аз охирҳои қарни шашум то аввалҳои қарни ёздаҳум), пайдоиши ҳаракати ахборигарӣ (қарни ёздаҳум то поёни қарни дувоздаҳум), асри эҳёи иҷтиҳод (қарни сездаҳум), асри навовариҳои фиқҳӣ (аз қарни сездаҳум) ва асри вуруди фиқҳ ба арсаҳои гуногуни иҷтимоӣ (қарни чордаҳум то ба имрӯз).[74]

Илова бар ду мазҳаби фиқҳии шиа ва аҳли суннат, абозия ва зайдия низ мазоҳиби фиқҳии мудавван доранд ва то асри ҳозир боқӣ мондаанд.[75] Мустафо Аҳмад Зарқо, фақиҳу олими аҳли суннат, мазоҳиби фиқҳии абозия ва зайдияро дар мабоонӣ, наздик ба фиқҳи аҳли суннат донистааст.[76]

Эзоҳ

  1. Фазлӣ, Мабодиу илм-ил-фиқҳ, 1416ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.19
  2. Ҳаҷвӣ, ал-Фикр-ус-сомӣ фи таърих-ил-фиқҳ-ил-исломӣ, 1416ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.68 - 71
  3. Алломаи Ҳиллӣ, Таҳрир-ул-аҳком, 1420ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.40
  4. Алломаи Ҳиллӣ, Мунтаҳа-л-матлаб, 1412ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.8
  5. Омилӣ, Маъолим-уд-дини ва малозз-ил-муҷтаҳидин, 1374ҳ.қ., саҳ.28 - 29
  6. Хумайнӣ, Саҳифаи Имом, 1389ҳ.ш., ҷ.21, саҳ.289
  7. Фазлӣ, Мабодиу илм-ил-фиқҳ, 1416ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.11
  8. Алломаи Ҳиллӣ, Мунтаҳа-л-матлаб, 1412ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.7; Шаҳиди Аввал, Зикра-ш-шиа, 1419ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.40; Шаҳиди Сонӣ, Тамҳид-ул-қавоид, 1416ҳ.қ., саҳ.32; Омилӣ, Маъолим-уд-дини ва малозз-ил-муҷтаҳидин, 1374ҳ.қ., саҳ.33; Ҳаҷвӣ, ал-Фикр-ус-сомӣ фи таърих-ил-фиқҳ-ил-исломӣ, 1416ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.61; аз-Зуҳайлӣ, ал-Фиқҳ-ул-исломӣ ва адиллатиҳ, 2017м, ҷ.1, саҳ.30; Шиблӣ, ал-Мадхалу фи-т-таърифи би-л-фиқҳ-ил-исломӣ ва қавоид-ил-милкийяти ва-л-уқуди фиҳ, 1382ҳ.қ., саҳ.22; Зарқо, ал-Мадхал-ул-фиқҳий-ил-ом, 1425ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.65
  9. Лутфӣ, Мабодии фиқҳ, 1380ҳ.ш., саҳ.20
  10. Шиблӣ, ал-Мадхалу фи-т-таърифи би-л-фиқҳ-ил-исломӣ ва қавоид-ил-милкийяти ва-л-уқуди фиҳ, 1382ҳ.қ., саҳ.17
  11. Омилӣ, Маъолим-уд-дини ва малозз-ил-муҷтаҳидин, 1374ҳ.қ., саҳ.38
  12. Омилӣ, Маъолим-уд-дини ва малозз-ил-муҷтаҳидин, 1374ҳ.қ., саҳ.38; Ҳаҷвӣ, ал-Фикр-ус-сомӣ фи таърих-ил-фиқҳ-ил-исломӣ, 1416ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.61; аз-Зуҳайлӣ, ал-Фиқҳ-ул-исломӣ ва адиллатиҳ, 2017м, ҷ.1, саҳ.30; Аърофӣ, Мӯсавӣ, «Густариши мавзуи фиқҳ нисбат ба рафторҳои ҷавониҳӣ», саҳ.104 - 105
  13. Аз-Зуҳайлӣ, ал-Фиқҳ-ул-исломӣ ва адиллатиҳ, 2017м, ҷ.1, саҳ.33; Шиблӣ, ал-Мадхалу фи-т-таърифи би-л-фиқҳ-ил-исломӣ ва қавоид-ил-милкийяти ва-л-уқуди фиҳ, 1382ҳ.қ., саҳ.23; Ҷамъе аз нависандагон, ал-Мавсуат-ул-фиқҳийят-ул-кувайтийя, 1427ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.22; Алломаи Ҳиллӣ, Мунтаҳа-л-матлаб, 1412ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.5; Шаҳиди Аввал, Зикра-ш-шиа, 1419ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.40; Зиёифар, «Аҳдофи илми фиқҳ: дунявӣ ва ухравӣ будани илми фиқҳ», саҳ.18 - 19
  14. Зарқо, ал-Мадхал-ул-фиқҳий-ил-ом, 1425ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.73; Музаффар, Усул-ул-фиқҳ, 1405ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.47
  15. Мутаҳҳарӣ, Куллиёти улуми исломӣ: усули фиқҳ ва фиқҳ, 1394ҳ.ш., саҳ.16 - 17
  16. Буҳронӣ, ад-Дурар-ун-наҷафийя, 1423ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.290; Алипур, ал-Мадхалу ило таърихи илм-ил-усул, 1430ҳ.қ., саҳ.189
  17. Буҳронӣ, ад-Дурар-ун-наҷафийя, 1423ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.290
  18. Содиқии Теҳронӣ, Илми усул дар тарозуи нақд, Қум, саҳ.5
  19. Ҷизонӣ, Маъолму усул-ил-фиқҳи инда аҳл-ис-суннати ва-л-ҷамоат, 1429ҳ.қ., саҳ.68; Ҳорисӣ, ал-Уқуд-ул-физзийти фи усул-ил-абозийя, 1438ҳ.қ., саҳ.6
  20. Зарқо, ал-Мадхал-ул-фиқҳий-ил-ом, 1425ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.75
  21. Музаффар, Усул-ул-фиқҳ, 1405ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.57; Садр, ал-Маъолим-ил-ҷадидати ли-л-усул, 1437ҳ.қ., саҳ.73
  22. Фахри Розӣ, ал-Маҳсул, 1418ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.35
  23. Муҳаққиқи Ҳиллӣ, Маориҷ-ул-усул, 1423ҳ.қ., саҳ.180 - 181
  24. Барои намуна ниг.: Зарқо, ал-Мадхал-ул-фиқҳий-ил-ом, 1425ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.87 - 107
  25. Шиблӣ, ал-Мадхалу фи-т-таърифи би-л-фиқҳ-ил-исломӣ ва қавоид-ил-милкийяти ва-л-уқуди фиҳ, 1382ҳ.қ., саҳ.154
  26. Музаффар, Усул-ул-фиқҳ, 1405ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.178 - 180
  27. Абузуҳра, ал-Имом Зайд, 1425ҳ.қ., саҳ.507
  28. Меҳризӣ, «Даромаде бар қаламрави фиқҳ», саҳ.212
  29. Хумайнӣ, Саҳифаи Имом, 1389ҳ.ш., ҷ.21, саҳ.289
  30. Ҷамъе аз нависандагон, ал-Мавсуат-ул-фиқҳийят-ул-кувайтийя, 1427ҳ.қ.
  31. Меҳризӣ, «Даромаде бар қаламрави фиқҳ», саҳ.213 - 214
  32. Сурӯш, «Хадамот ва ҳасаноти дин», саҳ.13
  33. Муҷтаҳиди Шабистарӣ, «Бистари маънавӣ ва уқалоии илми фиқҳ», саҳ.9
  34. Буҳронӣ, ал-Муъҷам-ул-усулӣ, 1426ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.539
  35. Алавии Гунободӣ, «Пажӯҳише дар бораи нақши иҷтиҳод дар ташхиси мавзуоти аҳком», саҳ.104
  36. Яздӣ, ал-Урват-ул-вусқо, 1409ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.25; Ҳаким, Мустамсаку ал-Урват-ул-вусқо, Дору эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, ҷ.1, саҳ.105; Ғаравии Табрезӣ, ат-Танқиҳу фи шарҳ-ил-Урват-ил-вусқо, 1407ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.349; Буҳутии Ҳанбалӣ, Кашшоф-ил-қиноъи ан матн-ил-иқноъ, Дор-ул-кутуб-ил-ъилмийя, ҷ.1, саҳ.307; Десуқӣ, Ҳошият-уд-Десуқӣ ала-ш-шарҳ-ил-кабир, Дор-ул-фикр, ҷ.1, саҳ.526; Рамлӣ, Ниҳоят-ул-муҳтоҷи ило шарҳ-ил-минҳоҷ, 1404ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.438
  37. Буҳронӣ, ал-Муъҷам-ул-усулӣ, 1426ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.539
  38. Буҳронӣ, ал-Муъҷам-ул-усулӣ, 1426ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.539
  39. Барои намуна ниг.: Яздӣ, ал-Урват-ул-вусқо, 1409ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.25; Ҳаким, Мустамсаку ал-Урват-ул-вусқо, Дору эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, ҷ.1, саҳ.105; Ғаравии Табрезӣ, ат-Танқиҳу фи шарҳ-ил-Урват-ил-вусқо, 1407ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.349
  40. Буҳронӣ, ал-Муъҷам-ул-усулӣ, 1426ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.539
  41. Буҳронӣ, ал-Муъҷам-ул-усулӣ, 1426ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.540
  42. Меҳризӣ, «Даромаде бар қаламрави фиқҳ», саҳ.212
  43. Мирзои Қумӣ, ал-Қавонин, 1430ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.57 - 58
  44. Яздӣ, ал-Урват-ул-вусқо, 1409ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.25
  45. Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, Дору эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, ҷ.27, саҳ.284
  46. Кошифулғито, Кашф-ул-ғито, 1420ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.212; Ҳаким, Мустамсаку ал-Урват-ул-вусқо, Дору эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, ҷ.1, саҳ.105; Ғаравии Табрезӣ, ат-Танқиҳу фи шарҳ-ил-Урват-ил-вусқо, 1407ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.349
  47. Кошифулғито, Кашф-ул-ғито, 1420ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.212
  48. Барои намуна ниг.: Раббонии Бирҷандӣ, Макотиби фиқҳӣ, 1395ҳ.ш., саҳ.81 - 213; Шиблӣ, ал-Мадхалу фи-т-таърифи би-л-фиқҳ-ил-исломӣ ва қавоид-ил-милкийяти ва-л-уқуди фиҳ, 1382ҳ.қ., саҳ.128 - 165
  49. Ниг.: Гурҷӣ, Таърихи фиқҳ ва фуқаҳо, 1398ҳ.ш., саҳ.117 - 293; Макорими Шерозӣ, Доиратулмаорифи фиқҳи муқоран, 1427ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.108 - 132
  50. Шиблӣ, ал-Мадхалу фи-т-таърифи би-л-фиқҳ-ил-исломӣ ва қавоид-ил-милкийяти ва-л-уқуди фиҳ, 1382ҳ.қ., саҳ.129; Макорими Шерозӣ, Доиратулмаорифи фиқҳи муқоран, 1427ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.137
  51. Шиблӣ, ал-Мадхалу фи-т-таърифи би-л-фиқҳ-ил-исломӣ ва қавоид-ил-милкийяти ва-л-уқуди фиҳ, 1382ҳ.қ., саҳ.129
  52. Барои намуна ниг.: Шиблӣ, ал-Мадхалу фи-т-таърифи би-л-фиқҳ-ил-исломӣ ва қавоид-ил-милкийяти ва-л-уқуди фиҳ, 1382ҳ.қ., саҳ.128 - 165
  53. Исломӣ, Даромаде бар фиқҳи исломӣ, 1385ҳ.ш., саҳ.111
  54. Исломӣ, Даромаде бар фиқҳи исломӣ, 1385ҳ.ш., саҳ.112 - 113; Яъқубнажод, «Улгуворае навин дар сохторшиносии фиқҳ», саҳ.9
  55. Мутаҳҳарӣ, Куллиёти улуми исломӣ (усули фиқҳ, фиқҳ), 1394ҳ.ш., саҳ.106; Макорими Шерозӣ, Доиратулмаорифи фиқҳи муқоран, 1427ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.150
  56. Муҳаққиқи Ҳиллӣ, Шароеъ-ул-Ислом, 1409ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.5 - 7; Мутаҳҳарӣ, Куллиёти улуми исломӣ (усули фиқҳ, фиқҳ), 1394ҳ.ш., саҳ.106
  57. Ғаззолӣ, Эҳёу улум-ид-дин, Дор-ул-маърифат, ҷ.1, саҳ.2 - 4
  58. Ибни Ҷавзӣ, ал-Қавонин-ул-фиқҳия, 1434ҳ.қ., саҳ.22 - 23
  59. Шалтут, ал-Ислому ақидатун ва шариат, 1407ҳ.қ., саҳ.73 - 74
  60. Зарқо, Мадхал-ул-фиқҳий-ил-ом, 1425ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.50 - 58
  61. Аз-Зуҳайлӣ, ал-Фиқҳ-ул-исломӣ ва адиллатиҳ, 2017м, ҷ.1, саҳ.231
  62. Залмӣ, Хостгоҳҳои ихтилоф дар фиқҳи мазоҳиб, 1387ҳ.ш., саҳ.33
  63. Шиблӣ, ал-Мадхалу фи-т-таърифи би-л-фиқҳ-ил-исломӣ ва қавоид-ил-милкийяти ва-л-уқуди фиҳ, 1382ҳ.қ., саҳ.47 - 48
  64. Шиблӣ, ал-Мадхалу фи-т-таърифи би-л-фиқҳ-ил-исломӣ ва қавоид-ил-милкийяти ва-л-уқуди фиҳ, 1382ҳ.қ., саҳ.39
  65. Ҷамъе аз нависандагон, ал-Мавсуат-ул-фиқҳийят-ул-кувайтийя, 1427ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.27 - 28; аз-Зуҳайлӣ, ал-Фиқҳ-ул-исломӣ ва адиллатиҳ, 2017м, ҷ.1, саҳ.32; Залмӣ, Хостгоҳҳои ихтилоф дар фиқҳи мазоҳиб, 1387ҳ.ш., саҳ.34
  66. Ҳошимии Гулпойгонӣ, Мабоҳис-ул-алфоз: тақрироти дарси усули Оятуллоҳ Систонӣ, 1441ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.47
  67. Субҳонӣ, Таърих-ул-фиқҳ-ил-исломийи ва адвориҳ, 1419ҳ.қ., саҳ.21
  68. Барои намуна ниг.: аз-Зуҳайлӣ, ал-Фиқҳ-ул-исломӣ ва адиллатиҳ, ҷ.1, саҳ.43 - 52
  69. Субҳонӣ, Таърих-ул-фиқҳ-ил-исломийи ва адвориҳ, 1419ҳ.қ., саҳ.75; Макорими Шерозӣ, Доиратулмаорифи фиқҳи муқоран, 1427ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.143
  70. Зарқо, ал-Мадхал-ул-фиқҳий-ил-ом, 1425ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.199
  71. Зарқо, ал-Мадхал-ул-фиқҳий-ил-ом, 1425ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.226 - 227; Макорими Шерозӣ, Доиратулмаорифи фиқҳи муқоран, 1427ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.148
  72. Макорими Шерозӣ, Доиратулмаорифи фиқҳи муқоран, 1427ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.149
  73. Макорими Шерозӣ, Доиратулмаорифи фиқҳи муқоран, 1427ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.105
  74. Барои намуна ниг.: Макорими Шерозӣ, Доиратулмаорифи фиқҳи муқоран, 1427ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.105 - 132
  75. Ҷамъе аз нависандагон, Мавсуат-ул-фиқҳ-ил-исломӣ, 1410ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.34 - 35
  76. Зарқо, ал-Мадхал-ул-фиқҳий-ил-ом, 1425ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.191

Сарчашма

  • Аз-Зуҳайлӣ, вҳбаҳ, ал-Фиқҳ-ул-исломӣ ва адиллатиҳ, Димишқ, Дор-ул-фикр-ил-муосир, 2017м.
  • Алавии Гунободӣ, Сайид Ҷаъфар ва Муҳаммадтақии Фахъалӣ, «Пажӯҳише дар бораи нақши иҷтиҳод дар ташхиси мавзуоти аҳком», Мутолиъоти исломӣ: фиқҳу усул, №1/28, баҳору тобистони 1388ҳ.ш.
  • Алипур, Маҳдӣ, ал-Мадхалу ило таърихи илм-ил-усул, Қум, интишороти Ҷомеъат-ул-Мустафо, 1430ҳ.қ.
  • Алломаи Ҳиллӣ, Ҳасан ибни Юсуф, Мунтаҳа-л-матлаб, Машҳад, 1412ҳ.қ.
  • Алломаи Ҳиллӣ, Ҳасан ибни Юсуф, Таҳрир-ул-аҳкоми алшръиаҳи алии мазҳаби аломомиаҳ, Қум, Муассисаи Имом Содиқ (а), 1420ҳ.қ.
  • Аърофӣ, Алиризо ва Сайид Нақии Мӯсавӣ, «Густариши мавзуи фиқҳ нисбат ба рафторҳои ҷавониҳӣ», маҷаллаи Фиқҳ, №70, даймоҳи 1390ҳ.ш.
  • Буҳронӣ, Муҳаммадсанқур, ал-Муъҷам-ул-усулӣ, Қум, маншуроти Нақш, чопи дувум, 1426ҳ.қ.
  • Буҳронӣ, Юсуф, ад-Дурар-ун-наҷафийя, Бейрут, Дор-ул-Мустафо, 1423ҳ.қ.
  • Буҳутии Ҳанбалӣ, Ибни Идрис, Кашшоф-ил-қиноъи ан матн-ил-иқноъ, Бейрут, Дор-ул-кутуб-ил-ъилмийя, бе то.
  • Ғаззолӣ, Абуҳомид, Эҳёу улум-ид-дин, Дор-ул-китоб-ил-ъарабӣ, беҷо, бе то.
  • Ғаравии Табрезӣ, Алӣ, ат-Танқиҳу фи шарҳ-ил-Урват-ил-вусқо, Қум, интишороти Лутфӣ, 1407ҳ.қ.
  • Гурҷӣ, Абулқосим, Таърихи фиқҳ ва фуқаҳо, Теҳрон, интишороти САМТ, чопи ҳафдаҳум, 1398ҳ.ш.
  • Десуқии Моликӣ, Аҳмад ибни Арафа, Ҳошият-уд-Десуқӣ ала-ш-шарҳ-ил-кабир, Бейрут, Дор-ул-фикр, бе то.
  • Залмӣ, Мустафо Иброҳим, Хостгоҳҳои ихтилоф дар фиқҳи мазоҳиб, тарҷумаи Ҳусайни Собирӣ, Машҳад, Бунёди пажӯҳишҳои исломӣ, 1387ҳ.ш.
  • Зарқо, Мустафои Аҳмад, Мадхал-ул-фиқҳий-ил-ом, Димишқ, Дор-ул-қалам, 1425ҳ.қ.
  • Зиёифар, Саид, «Аҳдофи илми фиқҳ: дунявӣ ва ухравӣ будани илми фиқҳ», маҷаллаи Фиқҳ, № 3, пойизи 1387ҳ.ш.
  • Ибни Ҷавзӣ, Муҳаммад ибни Аҳмад, ал-Қавонин-ул-фиқҳия, Бейрут, Дору Ибни Ҳазм, чопи аввал, 1434ҳ.қ.
  • Исломӣ, ризо, Даромаде бар фиқҳи исломӣ, Қум, интишороти маркази мудирияти ҳавзаи илмияи Қум, чопи аввал, 1385ҳ.ш.
  • Кошифулғито, Ҷаъфар, Кашф-ул-ғитои ани мубҳамоти шариат-ил-ғарро, Қум, Дафтари таблиғоти исломӣ, 1420ҳ.қ.
  • Лутфӣ, Асадуллоҳ, Мабодии фиқҳ, Қум, муассисаи интишороти Ҳиҷрат, 1380ҳ.ш.
  • Макорими Шерозӣ, Носир, Анвор-ул-фақоҳа (ал-Байъ), Қум, 1425ҳ.қ.
  • Макорими Шерозӣ, Носир, Доиратулмаорифи фиқҳи муқоран, Қум, чопи аввал, 1427ҳ.қ.
  • Меҳризӣ, Меҳдӣ, «Даромаде бар қаламрави фиқҳ», Нақду назар, №2, соли 1375ҳ.ш.
  • Мирзои Қумӣ, Сайиди Абулқосим, ал-Қавонин-ул-муҳкамати фи-л-усул, Қум, чопи аввал, 1430ҳ.қ.
  • Музаффар, Муҳаммадризо, Усул-ул-фиқҳ, Қум, Дафтари таблиғоти исломӣ, 1405ҳ.қ.
  • Мутаҳҳарӣ, Муртазо, Куллиёти улуми исломӣ (усули фиқҳ, фиқҳ), Қум, интишороти Садро, 1394ҳ.ш.
  • Муҳаққиқи Ҳиллӣ, Ҷаъфар ибни Ҳасан, Маориҷ-ул-усул, Қум, интишороти Сарвар, 1423ҳ.қ.
  • Муҳаққиқи Ҳиллӣ, Ҷаъфар ибни Ҳасан, Шароеъ-ул-Ислом, Қум, интишороти Истиқлол, чопи дувум, 1409ҳ.қ.
  • Муҷтаҳиди Шабистарӣ, Муҳаммад, «Бистари маънавӣ ва уқалоии илми фиқҳ», маҷаллаи Киён, №46, 1378ҳ.ш.
  • Наҷафӣ, Муҳаммадҳасан, Ҷавоҳир-ул-калом, Бейрут, Дору эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, бе то.
  • Омилӣ, Шайх Ҳасан ибни Зиниддин, Маъолим-уд-дини ва малозз-ил-муҷтаҳидин, Қум, чопи аввал, 1374ҳ.қ.
  • Раббонии Бирҷандӣ, Муҳаммадҳасан, Макотиби фиқҳӣ, Машҳад, Донишгоҳи улуми исломии разавӣ, 1395ҳ.ш.
  • Рамлӣ, Шамсиддин, Ниҳоят-ул-муҳтоҷи ило шарҳ-ил-минҳоҷ, Бейрут, Дор-ул-фикр, 1404ҳ.қ.
  • Садр, Сайид Муҳаммадбоқир, ал-Маъолим-ил-ҷадидати ли-л-усул, Қум, чопи чорум, 1437ҳ.қ.
  • Субҳонӣ, Ҷаъфар, Таърих-ул-фиқҳ-ил-исломийи ва адвориҳ, Бейрут, чопи аввал, 1419ҳ.қ.
  • Сурӯш, Абдукарим, «Хадамот ва ҳасаноти дин», маҷаллаи Каён, № 27, соли 1374ҳ.ш.
  • Фазлӣ, Абдуллоҳодӣ, Мабодиу илм-ил-фиқҳ, Бейрут, 1416ҳ.қ.
  • Хумайнӣ, Сайид Рӯҳуллоҳ, Саҳифаи Имом, Теҳрон, муассисаи танзиму нашри осори Имом Хумайнӣ, чопи панҷум, 1389ҳ.ш.
  • Ҳаким, Сайид Муҳсин, Мустамсаку ал-Урват-ул-вусқо, Бейрут, Дору эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, бе то.
  • Ҳаҷвии Саъолибӣ, Муҳаммад ибни ал-Ҳасан, ал-Фикр-ус-сомӣ фи таърих-ил-фиқҳ-ил-исломӣ, Бейрут, Дор-ул-кутуб-ил-ъилмийя, 1416ҳ.қ.
  • Ҳорисӣ, Солим ибни Муҳаммад, а-Уқуд-ул-физзийти фи усул-ил-абозийя, Уммон, 1438ҳ.қ.
  • Ҳошимии Гулпойгонӣ, Сайид Ҳошим, Мабоҳис-ул-алфоз: тақрироти дарси усули Оятуллоҳ Систонӣ, Қум, Исмоилён, чопи аввал, 1441ҳ.қ.
  • Ҷамъе аз нависандагон, ал-Мавсуат-ул-фиқҳийят-ул-кувайтийя, Кувайт, 1427ҳ.қ.
  • Ҷамъе аз нависандагон, Мавсуат-ул-фиқҳ-ил-исломӣ, Қоҳира, 1410ҳ.қ.
  • Ҷизонӣ, Маъолму усул-ил-фиқҳи инда аҳл-ис-суннати ва-л-ҷамоат, Мадинаи Мунаввара, Дору Ибни Ҷавзӣ, 1429ҳ.қ.
  • Шалтут, Маҳмуд, ал-Ислому ақидатун ва шариат, Қоҳира, чопи дувоздаҳум, 1421ҳ.қ.
  • Шаҳиди Аввал, Муҳаммад ибни Маккӣ, Зикра-ш-шиаи фии аҳком-иш-шариат, Қум, муассисаи Ол-ил-Байт (а), чопи аввал, 1419ҳ.қ.
  • Шаҳиди Сонӣ, Зайниддин ибни Алӣ, Тамҳид-ул-қавоид, Қум, дафтари таблиғоти исломӣ, 1416ҳ.қ.
  • Шиблӣ, Муҳаммад Мустафо, ал-Мадхалу фи-т-таърифи би-л-фиқҳ-ил-исломӣ ва қавоид-ил-милкийяти ва-л-уқуди фиҳ, Миср, 1382ҳ.қ.
  • Яздӣ, Сайид Муҳаммадкозим, ал-Урват-ул-вусқо, Бейрут, 1409ҳ.қ.
  • Яъқубнажод, Муҳаммадҳодӣ, «Улгуворае навин дар сохторшиносии фиқҳ», маҷаллаи Фиқҳ, № 2, тобистони 1397ҳ.ш.