Маҳмуд Шалтут

Аз wikishia
Шайх Маҳмуд Шалтут

Маҳмуд Шалтут (арабӣ:محمود شَلْتوت)(1310 - 1383ҳ.қ.) машҳур ба Шайх Шалтут олим ва муфассири аҳли суннат ва аз устодони раисони донишгоҳи Алазҳари Миср буд.

Ӯ мудофеъи тақриб ва аз муассисони "Дорул-тақриб байнал-мазоҳибил-исломӣ" буд ва фатвои ҷавози амал бар асоси мазҳаби шиаро содир кард. Курсии тадриси фиқҳи муқоран ва иртибот бо уламои шиа аз дигари иқдомоти тақрибии ӯ буд.

Ҳузур дар инқилоби мардуми Миср дар соли 1919 мелодӣ, эътироз ба воқеаи 15 хурдод дар Эрон ва мухолифат бо иқдоми давлати Эрон дар ба расмият шинохтани давлати Исроил дар соли 1326ҳ.ш., аз мавзеъгириҳои сиёсии ӯ ба шумор меравад.

Зиндагинома

Маҳмуд Шалтут дар соли 1310 ҳиҷрии қамарӣ, баробар бо 1893 мелодӣ дар яке аз бахшҳои Буҳайраи Миср таваллуд шуд. Вай дар донишгоҳи Искандария таҳсилоти худро шурӯъ ва баъд аз фароғат аз таҳсил дар 25 солагӣ ба унвони устод дар ин донишгоҳ тадрис кард.[1]

Шалтут дар соли 1919 мелодӣ ҳамзамон бо инқилоби Миср бо навиштани мақолот ва суханронӣ бо мардум ҳамроҳ шуд.[2]

Вай дар соли 1346 ҳиҷрии қамарӣ, ба даъвати Шайх Мустафо ал-Мароғӣ, раиси вақти донишгоҳи Алазҳар ба тадрис дар ин донишгоҳ машғул шуд, вале баъд аз канорагирии ал-Мароғӣ аз раёсати Алазҳар ба далели ихтилоф бо дарбори Миср, Шалтут низ аз тадрис дар ин донишгоҳ канора гирифт ва ба ваколат дар маҳоким шаръӣ пардохт.

Шайхи Шалтут дар соли 1355 ҳиҷрии қамарӣ, бо бозгашти Шайх Мустафо ал-Мароғӣ ба донишгоҳи Алазҳар дубора ба тадрис фарохонда шуд. Вай дар соли 1377ҳ.қ., тавассути раиси ҷумҳури Миср ба унвони раёсати донишгоҳи Алазҳар интихоб шуд[3] ва то замони вафотш дар соли 1383ҳ.қ., дар Қоҳира дар ин мансаб боқӣ монд.[4]

Иқдомоти тақрибӣ

Фатвои Шайх Шалтут дар ҷавози амал бар асоси мазҳаби шиа

“Мактаби Ҷаъфарӣ маъруф ба мазҳаби имомии исноъашарӣ, мактабе аст, ки шаръан пайравӣ аз он монанди пайравӣ аз мактабҳои аҳли суннат ҷоиз аст. Сазовор аст мусулмонон ин ҳақиқатро дарёбанд ва аз таассуби ноҳақ ва норавое, ки нисбат ба мактаби муайяне доранд, дурӣ гузинанд!».

Таърихи бойгонӣ, Беозори Шерозӣ, Ҳамбастагии мазоҳиби исломӣ, 1377ҳ.ш., саҳ.344.

Шайх Шалтут дар заминаи тақриб ва ваҳдати байни мазоҳиби исломӣ фаъолиятҳое дошт, ки муҳимтарини онҳо иборатанд аз:

  1. Ташкили Дорут-тақриби байнал-мазоҳибил-исломӣ: Шайх Шалтут ба ҳамроҳии шайх Мустафо ал-Мароғӣ, Муҳаммадтақии Қумӣ, Мустафо Абдурразоқ ва Абдулмаҷид Салим ҷамоати тақриби мазоҳиби исломиро бо ҳадафи ваҳдати байни мазоҳиби исломӣ дар соли 1367ҳ.қ., дар Қоҳира таъсис карданд.[5]
  2. Судури фатвои ҷавози амал бар асоси мазҳаби шиа: Шайх Шалтут дар 17 рабиъулаввали соли 1378ҳ.қ. (9 меҳри 1337ҳ.ш.) бо ҳузури намояндагони мазоҳиби мухталифи исломӣ фатвое мабнӣ бар ҷавози пайравӣ аз мазҳаби шиаро содир кард.[6] [Ёддошт 1] Вай дар ҷавоби истифтое дар мавриди қарор додани макотиби шиаи исноъашарӣ ва зайдия дар байни макотиби исломӣ муътақид аст, ки Ислом дар пайравӣ аз мактаби хоссе мунҳасир нест ва метавон аз як мактаб ба макотиби дигар мунтақил шуд.[7]
  3. Иртибот бо уламои шиа: Шайх Шалтут барои тақриби байни шиа ва аҳли суннат бо олимони шиа иртибот барқарор кард. Номанигориҳои ӯ бо Оятуллоҳ Буруҷердӣ, сафар ба Эрон ва дидор бо Оятуллоҳ Буруҷердӣ ва иқтидо дар намози ҷамоат ба имомати Муҳаммадҳусайн Кошифулғито дар конфаронси Қудс аз ҷумлаи ин иқдомот буд.[8]
  4. Таъсиси курсии фиқҳи муқоран: Шайх Шалтут бо ҳадафи мутолиа ва таҳқиқ дар фиқҳи мазоҳиби исломӣ иқдом ба таъсиси курсии фиқҳи муқоран дар донишгоҳи Алазҳар кард.[9] Аз дигар иқдомоти тақрибии Шайх Шалтут таъсиси маҷаллаи «Рисолатул-Ислом»,[10] навиштани муқаддима бар тафсири Маҷмаъ-ул-баён аз тафосири шиа ва баргузории маросими Ошуро дар донишгоҳи Алазҳар буд.[11]
  5. Мухолифат бо такфир: Шайх Шалтут бо такфири пайравони мазоҳиби исломӣ мухолиф буд. Ӯ салоҳ ва хайри мазоҳиби исломиро дар ин медонист, ки ба ҷои мушрик хондану такфири мардум, иҳонат ба рӯҳи бузургони дин ва итлоқи бут ба зариҳи шахсиятҳои бузурги Ислом, бояд афроди авому ноогоҳро огоҳ кард.[12]

Мавзеъҳои сиёсӣ

Шайх Шалтут нисбат ба вақоеъи сиёсӣ, ба хусус дар ҷаҳони Ислом, ҳассос буд ва мавзеъгириҳое дошт, аз ҷумла:

  • Судури эъломия дар бораи қиёми 15 хурдод: Шалтут дар қиёми 15 хурдоди 1342ҳ.ш., дар Эрон нисбат ба дастгирии имом Хумайнӣ ва кушта шудани иддае аз мардуми Эрон эътироз кард. Ӯ дар номае аз мусулмонон хост, ки аз уламои муҷоҳиди Эрон пуштибонӣ кунанд. Ҳамчунин тайи телегрофе аз Муҳаммадризошоҳ хост, ки аз таҷовуз ба «ҳарими рӯҳоният» худдорӣ кунад.[13]
  • Маҳкумияти ба расмият шинохтани Исроил: Шайх Шалтут дар эътироз ба иқдоми давлати Эрон дар ба расмият шинохтани Исроил дар соли 1326ҳ.ш., зимни радди иртиботи кишварҳои исломӣ бо Исроил, бо навиштани номае ба Оятуллоҳ Буруҷердӣ ва Оятуллоҳ Сайид Муҳсини Ҳаким, ин иқдоми давлати Муҳаммадризошоҳро маҳкум кард.[14]

Осори илмӣ

Шайх Шалтут осоре дар тафсир, фиқҳ ва улуми дигар навиштааст, ки муҳимтарини онҳо иборатанд аз:

  1. Тафсир-ул-Қуръон-ил-Карим: ҷамъоваришудаи мақолоте аст, ки тайи чаҳордаҳ сол дар маҷаллаи Рисолатул-Ислом дарҷ шудааст. Ин китоб зимни пардохтан ба баҳсҳои суннатии тафсир, ниёзҳои ҷадид ва муқтазиёти замону маконро мавриди тавваҷуҳ қарор додааст ва фароҳам кардани заминаҳои ваҳдати исломӣ ва тақриб аз аҳдофи он аст. Ин китоб дар соли 1379ҳ.ш., тавассути Маҷмаъул-тақриб байнал-мазоҳбил-исломия чоп шудааст.[15]
  2. Муқоринат-ул-мазоҳиб фи-л-фиқҳ: дар бораи фиқҳи муқорин аст, ки дидгоҳҳои мазоҳиби мухталиф дар бораи масъалаи фиқҳиро зикр карда, сипас ба ироаи назари мутаносиб бо замону макон ва адилла мепардозад.[16]

Вай осори дигаре чун «ал-Ислом ақидатун ва-ш-шариъат», «Мин тавҷеҳот-ил-Ислом», ал-Фатово», «Мин ҳудо-л-Қуръон», «ал-Масъулият-ул-маданийяту ва-л-ҷиноийяту фи-ш-шариъат-ил-исломийя ва «Фиқҳ-ул-Қуръони ва-с-суннат» низ дорад.[17]

Такнигорӣ

Дар бораи Шайх Маҳмуд Шалтут осоре навишта шудааст, бархе аз онҳо иборатанд аз:

  • Китоби “Шайх Маҳмуд Шалтут талоядори тақриб», навиштаи Абдукарим Беозори Шерозӣ аст, ки тавассути Маҷмаъи ҷаҳонии тақриби мазоҳиби исломӣ дар 1376ҳ.ш., чоп ва мунташир шудааст.
  • Шайх Маҳмуд Шалтут, ояти шуҷоат, асари Алӣ Аҳмадӣ аст, ки Маҷмаъи ҷаҳонии тақриби мазоҳиби исломӣ онро дар 1383ҳ.ш. мунташир ва чоп кардааст.

Ҷусторҳои вобаста

Муҳаммадҷавод Шерӣ

Муҳаммадтақии Қумӣ

Эзоҳ

  1. Салҳаб, аш-Шайх Маҳмуд Шалтут, 2008м., саҳ.21.
  2. Салҳаб, аш-Шайх Маҳмуд Шалтут, 2008м., саҳ.21.
  3. Аҳмадӣ, Шайх Маҳмуд Шалтут, ояти шуҷоат, 1383ҳ.ш., саҳ.19 - 30.
  4. Салҳаб, аш-Шайх Маҳмуд Шалтут, 2008м., саҳ.23.
  5. Хисравшоҳӣ, Саргузашти тақриб, 1389ҳ.ш., саҳ.33 - 37.
  6. Салҳаб, аш-Шайх Маҳмуд Шалтут, 2008м., саҳ.154.
  7. Беозори Шерозӣ, Ҳамбастагии мазоҳиби исломӣ, 1377ҳ.ш., саҳ.344.
  8. Аҳмадӣ, Шайх Маҳмуд Шалтут, 1383ҳ.ш., саҳ.75 - 78.
  9. Аҳмадӣ, Шайх Маҳмуд Шалтут, ояти шуҷоат, 1383ҳ.ш., саҳ.85.
  10. Салҳаб, аш-Шайх Маҳмуд Шалтут, 2008м., саҳ.93.
  11. Аҳмадӣ, Шайх Маҳмуд Шалтут, ояти шуҷоат, 1383ҳ.ш., саҳ.30, 90.
  12. Беозори Шерозӣ, Шайх Маҳмуд Шалтут талоядори тақриб, 1385ҳ.ш., саҳ.30 - 31.
  13. Аҳмадӣ, Шайх Маҳмуд Шалтут, ояти шуҷоат, 1383ҳ.ш., саҳ.37 - 42.
  14. Аҳмадӣ, Шайх Маҳмуд Шалтут, ояти шуҷоат, 1383ҳ.ш., саҳ.42 - 48.
  15. Каримӣ, “Шахсияти илмии Шайх Шалтут ва равиши тафсирии вай”, саҳ.37, саҳ.38.
  16. Аҳмадӣ, Шайх Маҳмуд Шалтут, ояти шуҷоат, 1383ҳ.ш., саҳ.110.
  17. Салҳаб, Шайх Маҳмуд Шалтут, 2008м., саҳ.57 - 71.

Ёддошт

Сарчашма

  • Аҳмадӣ, Алӣ, Шайх Маҳмуд Шалтут, ояти шуҷоат, Теҳрон, Маҷмаъи ҷаҳонии тақриби мазоҳиби исломӣ, 1383ҳ.ш.
  • Беозори Шерозӣ, Абдукарим, Маҳмуд Шалтут талоядори тақриби ақоид.., Теҳрон, Маҷмаъи ҷаҳонии тақриби мазоҳиби исломӣ, 1385ҳ.ш.
  • Беозори Шерозӣ, Абдукарим, Ҳамбастагии мазоҳиби исломӣ (мақолоти Дорул-тақриб), Теҳрон, Созмони фарҳанг ва иртибототи исломӣ, 1377ҳ.ш.
  • Каримӣ, Маҳмуд, “Шахсияти илмии Шайх Шалтут ва равиши тафсирии вай”, дар маҷаллаи Мутолиъоти Қуръону ҳадис, Теҳрон, донишгоҳи Имом Содиқ (а), соли аввал, шумораи дувум, 1387ҳ.ш.
  • Салҳаб, Ҳасан, аш-Шайх Маҳмуд Шалтут қироатун фи таҷрибат-ил-ислоҳи ва-л-ваҳдат-ил-исломийя, Бейрут, 2008м.
  • Хисравшоҳӣ, Сайидҳодӣ, Саргузашти тақриб, Теҳрон, Маҷмаъи ҷаҳонии тақриби мазоҳиби исломӣ, 1389ҳ.ш.


Хатои ёдкард: <ref> tags exist for a group named "Ёддошт", but no corresponding <references group="Ёддошт"/> tag was found