Сайид Исмоили Хатиб
| Номи комил | Сайид Исмоили Воизӣ |
|---|---|
| Зодгоҳ | Қоинот, воқеъ дар Хуросони Ҷанубӣ, Эрон |
| Санаи шаҳодат | 18 марти 2026 |
| Маҳалли шаҳодат | Теҳрон |
| Маҳалли дафн | Остони қудси разавӣ |
| Сиёсӣ | Вазири иттилооти Ҷумҳурии исломии Эрон (2021 – 18 марти 2026) |
Сайид Исмоили Воизӣ (форсӣ: سید اسماعیل واعظی 1961 – 2026) маъруф ба Сайид Исмоили Хатиб (форсӣ: سید اسماعیل خطیب), рӯҳонии шиа ва вазири иттилооти ҳукумати сездаҳум ва чордаҳуми Ҷумҳурии исломии Эрон буд[1] ки дар 18 марти 2026 дар давоми ҷанги Рамазон ҳамроҳ бо оилааш террор шуд ва ба шаҳодат расид.[2] Ҷанозаи ӯ пас аз ташйиъ дар Теҳрон,[3] Қум[4] ва Машҳад[5] дар ҳарами Имом Ризо (а) дафн шуд.
Дар пайи шаҳодати ӯ Сайид Муҷтабо Хоманаӣ, Раҳбари вақти Ҷумҳурии исломии Эрон ва баъзе аз мароҷеъи тақлид монанди Ҳусайн Нурии Ҳамадонӣ, ба мардуми Эрон таслият гуфтанд.[6]
Дар бахше аз васиятномаи мансуб ба Хатиб, ки дар 29 марти 2026 нашр шуд, вай интихоби Сайид Муҷтабо Хоманаӣ ба унвони Раҳбари Ҷумҳурии Исломии Эронро ҳадияи Илоҳӣ тавсиф карда ва пайравӣ аз ӯро ба навъе адои шукри ин неъмат донистааст.[7]
Хатиб дар 1975 вориди Ҳавзаи илмияи Қум шуд[8] ва 1980 ҳамзамон бо оғози ҷанги Ироқ бо Эрон ба узвияти Сипоҳи посдорон даромад ва дар воҳиди иттилооти амалиёт фаъолият намуд ва дар 1985 вориди вазорати иттилооти Ҷумҳурии исломии Эрон шуд.[9]
Ӯ собиқаи ҳузур дар дарси хориҷи устодоне чун Муҳаммад Фозили Ланкаронӣ ва Носир Макорими Шерозӣ дар Қум ва дарси хориҷи фиқҳи Сайид Алӣ Хоманаӣ дар Теҳронро дорад.[10]
Дар даврони вазорати ӯ, дар 9 сентябри 2022 бо туҳмати даст доштан дар ҳамалоти сайберӣ алайҳи зерсохтҳои якчанд кишвар аз ҷумла Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Албания аз сӯи Амрико таҳрим шуд.[11]
Аз дигар масъулиятҳои ӯ метавон ба мавориди зер ишора кард:
- Мудири кулли иттилооти Қум соли 1991;
- Фаъолият дар дафтари Раҳбари Ҷумҳурии исломии Эрон соли 2010 мелодӣ;
- Раияти маркази ҳифозат ва иттилооти қувваи қазоия аз 2012 то 2019;
- Раиси ҳиросати Остони қудси разавӣ 2019 то 2021 мелодӣ.[12]
Эзоҳ
- ↑ «بیوگرافی سید اسماعیل خطیب؛ وزیر پیشنهادی اطلاعات», Сайти шабакаи Ал-Олам
- ↑ «سید اسماعیل خطیب وزیر اطلاعات به شهادت رسید», Сайти агентии хабарии Тасним
- ↑ «پیکر حجت الاسلام خطیب، وزیر اطلاعات بر روی دوش نمازگزارن تهرانی تشییع شد», Сайти агентии хабарии Донишҷӯ
- ↑ «تشییع پیکر شهید سید اسماعیل خطیب در قم», Сайти агентии хабарии Меҳр
- ↑ «تشییع پیکر شهید "سید اسماعیل خطیب" در مشهد», Сайти агентии хабарии Машриқ
- ↑ Хоманаӣ, «پیام رهبر انقلاب خطاب به رئیسجمهور محترم در پی شهادت حجتالاسلام سید اسماعیل خطیب وزیر اطلاعات», Пойгоҳи иттилоърасонии Дафтари ҳифз ва нашри осори Оятуллоҳ Хоманаӣ; Нурии Ҳамадонӣ, «پیام تسلیت آیتالله نوری همدانی در پی شهادت وزیر اطلاعات و رئیس سازمان بسیج مستضعفین», Сайти агентии хабарии ИСНА
- ↑ «بخشهایی از وصیت نامه وزیر شهید اطلاعات», Сайти агентии хабарии Тасним
- ↑ «سید اسماعیل خطیب کیست؟ بیوگرافی + سوابق وزیر اطلاعات», Сайти агентии хабарӣ-таҳлилии Шаҳри бурс
- ↑ «سید اسماعیل خطیب کیست؟ بیوگرافی + سوابق وزیر اطلاعات», Сайти агентии хабарии таҳлилии Шаҳри бурс
- ↑ «سید اسماعیل خطیب», Пойгоҳи иттилоърасонии Давлат
- ↑ «سید اسماعیل خطیب کیست؟ بیوگرافی + سوابق وزیر اطلاعات», Сайти агентии хабарии таҳлилии Шаҳри бурс
- ↑ «سید اسماعیل خطیب را بیشتر بشناسید», Бошгоҳи хабарнигорони донишҷӯии Эрон
Сарчашма
- Нурии Ҳамадонӣ, Ҳусайн, «پیام تسلیت آیتالله نوری همدانی در پی شهادت وزیر اطلاعات و رئیس سازمان بسیج مستضعفین» («Паёми таслияти Оятуллоҳ Нурии Ҳамадонӣ дар пайи шаҳодати вазири иттилоот ва раиси созмони Басӯҷи мустазъафин»), Сайти агентии хабарии ИСНА, 18 марти 2026, санаи боздид: 5 апрели 2026
- Хоманаӣ, Сайид Муҷтабо, «پیام رهبر انقلاب خطاب به رئیسجمهور محترم در پی شهادت حجتالاسلام سید اسماعیل خطیب وزیر اطلاعات» («Паёми раҳбари инқилоб хатооб ба раисҷумҳури муҳтарам дар пайи шаҳодати Ҳуҷҷатулислом Сайид Исмоил Хатиб вазири иттилоот»), дафтари ҳифз ва нашри осори Оятуллоҳ Хоманаӣ, 19 марти 2026, санаи боздид: 28 марти 2026
- «سید اسماعیل خطیب وزیر اطلاعات به شهادت رسید» («Сайид Исмоил Хатиб вазири иттилоот ба шаҳодат расид»), Сайти агентии хабарии Тасним, 18 марти 2026, санаи боздид: 28 марти 2026
- «سید اسماعیل خطیب» («Сайид Исмоил Хатиб»), Пойгоҳи иттилоърасонии давлат, санаи дарҷи матлаб: 11 сентябри 2021, санаи боздид: 27 марти 2025
- «بیوگرافی سید اسماعیل خطیب؛ وزیر پیشنهادی اطلاعات» («Биографияи Сайид Исмоили Хатиб; вазири пешниҳодии иттилоот»), Сайти шабакаи Ал-Олам, санаи дарҷи матлаб: 11 августи 2024, санаи боздид: 27 марти 2025
- «سید اسماعیل خطیب کیست؟ بیوگرافی + سوابق وزیر اطلاعات» («Сайид Исмоил Хатиб кист? Биография + савооби вазири иттилоот»), Сайти агентии хабарӣ-таҳлилии Шаҳри бурс, санаи дарҷи матлаб: 29 декабри 2024, санаи боздид: 29 марти 2026
- «پیکر حجت الاسلام خطیب، وزیر اطلاعات بر روی دوش نمازگزارن تهرانی تشییع شد» («Пайкари Ҳуҷҷатулислом Хатиб, вазири иттилоот бар рӯи дӯши намозгузорони теҳронӣ ташйеъ шуд»), Сайти агентии хабарии Донишҷӯ, 19 марти 2026, санаи боздид: 28 марти 2026
- «سید اسماعیل خطیب را بیشتر بشناسید» («Сайид Исмоил Хатибро бештар бишносед»), Бошгоҳи хабарнигорони донишҷӯии Эрон, санаи дарҷи матлаб: 3 ноябри 2021, санаи боздид: 27 марти 2025
- «تشییع پیکر شهید "سید اسماعیل خطیب" در مشهد» («Ташйеъи пайкари шаҳид "Сайид Исмоил Хатиб" дар Машҳад»), Сайти агентии хабарии Машриқ, 23 марти 2026, санаи боздид: 28 марти 2026
- «تشییع پیکر شهید سید اسماعیل خطیب در قم» («Ташйеъи пайкари шаҳиди Сайид Исмоил Хатиб дар Қум»), Сайти агентии хабарии Меҳр, 21 марти 2026, санаи боздид: 28 марти 2026
- «بخشهایی از وصیت نامه وزیر شهید اطلاعات» («Бахшҳое аз васиятномаи вазири шаҳиди иттилоот»), Сайти агентии хабарии Тасним, 29 марти 2026, санаи боздид: 28 марти 2026