Улулъазм

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Паёмбарони улулъазм)

Улулъазм ба маънои соҳибони азм, ки ба панҷ тан аз пайғамбарони соҳиби шариъат (Нӯҳ, Иброҳим, Мусо, Исо ва Муҳаммад) гуфта мешавад. Таъбири улулъазм як бор дар Қуръон дар сураи Аҳқоф ба кор рафтааст. Дар инки улулъазм оё дорои рисолати ҷаҳонӣ ҳастанд ё рисолати эшон маҳдуд буда, дидгоҳҳои мухталифе ироа шудааст.

Мақсуд аз улулъазм

«Улу/ба арабӣ: اولو» ба маънои соҳибон ва «азм/ба арабӣ: عزم» дар луғат ба маънои иродаи муҳкам ва устувор аст. Ба гуфта Роғиби Исфаҳонӣ дар Муфрадот, азм ба маънои тасмим гирифтан бар анҷоми коре аст.[1]

Дар бораи инки мақсуд аз улулъазм чист ва анбиёи улулъазм чӣ касоне ҳастанд, се назария матраҳ шудааст:

Соҳибони сабр

Бархе азмро ба маънои сабр донистаанд ва пайғамбарони улулъазмро ба пайғамбарони дорои сабру таҳаммул дар муқобили сахтиҳову мушкилоти таблиғи аҳкоми илоҳӣ тафсир намудаанд; чароки дар ояти улулъазм аз байни сифот, сифати сабр ба унвони як сифати барҷаста барои пайғамбарони улулъазм матраҳ шудааст.[2]

Соҳибони аҳд

Баъзе аз муффасирин бо истинод ба бархе аз оёту ривоёт, азм дар калимаи улулъазмро ба маънои аҳд дониста ва ин маъноро аз баъзе оёти Қуръон ҳамчун ояти 7 сураи Аҳзоб бардошт кардаанд. Дар ин оят омадааст:

وَإِذْ أَخَذْنَا مِنَ النَّبِيِّينَ مِيثَاقَهُمْ وَمِنكَ وَمِن نُّوحٍ وَإِبْرَاهِيمَ وَمُوسَى وَعِيسَى ابْنِ مَرْيَمَ وَأَخَذْنَا مِنْهُم مِّيثَاقًا غَلِيظًا

Дар ин оят ба масъалаи гирифтани аҳду мисоқ аз анбиёи бузурге чун Нӯҳ, Иброҳим, Мусо, Исо, ва Муҳаммад алайҳимус салом ишора шудааст. Бархе аз муффасирин муътақиданд, ки манзур аз мисоқ дар ин оят, мисоқи хосси пайғамбарон аст, ки ба масъалаи набуввати онҳо иртиботи мустақим дорад ва далели зикри номи ин 5 пайғамбар, шаън ва мақоми рафиъи онҳо ба воситаи улулъазм ва соҳиби шариъат буданашон мебошад.[3]

Бинобарин, ки азм ба маънои аҳд ва мисоқ бошад[4] манзур аз улулъазм пайғамбароне ҳастанд, ки Худованд аз онҳо бар убудийят ва итоати томаи хеш[5] ё бар вилояти Пайғамбари Хотам ва Аҳли Байти эшон[6] паймон гирифтааст.

Соҳибони шариъат

Иддаи дигаре аз муффасирин бо тавваҷуҳ ба бархе аз оёту ривоёт, анбиёи улулъазмро ба анбиёи дорои китобу шариъат тафсир кардаанд.[7]

Яке аз муҳимтарин оёт дар ин замина ояти 13 сураи Шуро аст, ки Худованд дар ин оят номи ин пайғамбаронро ба унвони пайғамбарони соҳиби шариъат овардааст

«شَرَعَ لَكُمْ مِنَ الدِّينِ مَا وَصَّىٰ بِهِ نُوحًا وَالَّذِي أَوْحَيْنَا إِلَيْكَ وَمَا وَصَّيْنَا بِهِ إِبْرَاهِيمَ وَمُوسَىٰ وَعِيسَىٰ»

Аллома Таботабоӣ дар тафсири ин оят, ки номи ин пайғамбарон оварда шуда муътақид аст, ки «шариатҳои илоҳӣ ва он адёне, ки мустанад ба ваҳй ҳастанд, танҳо ҳамин шариатҳои мазкур дар оятанд, яъне шариъати Нӯҳ, Иброҳим, Мусо, Исо ва Муҳаммад (салавотуллоҳи алайҳим), чун агар шариъати дигаре мебуд, бояд дар ин мақом, ки мақоми баёни ҷомеияти шариъати Ислом аст, ном бурда мешуд».[8] Ин мафҳум ҳамчунин дар ривоёт низ таъйид шудааст, ба унвони намуна дар ривояте аз Имом Ризо (а) суол шуд, ки чаро баъзе анбиё улулъазм шуданд, ҳазрат фармуд: зеро Нӯҳ ҳамроҳ бо китобу шариъат мабъус шуд ва ҳар кас баъд аз эшон омад, тибқи китоб, шариъат ва равиши ӯ амал кард, то инки Иброҳим бо китоб ва суҳуфи ҷадид омад ва ҳар пайғамбаре баъд аз эшон омад, тибқи шариъати ҳазрати Иброҳим амал кард, сипас ҷаноби Мусо омаду авротро, ки китоби ҷадиде буд овард ва баъд аз он ҳам Масеҳ бо Инҷил, ки шариъати ҷадиде буд, омад ва то замони Пайғамбари Ислом, ҳама тибқи шариъати ҳазрати Исо амал мекарданд, Пайғамбари Ислом бо Қуръон ва шариъати ҷадиде омад, ки ҳарому ҳалоли он то рӯзи қиёмат ба ҳамон сурат боқӣ хоҳад монд.[9]

Бархе анбиёи илоҳӣ агарчи дорои китоби осмонӣ буданд, вале китобашон китоби аҳком ва шариъати мустақил ва ҷадиде набуд, чунон ки ҳазрати Одам, Шис, Идрис ва Довуд (а) ҳам дорои китоб буданд, вале улулъазм набуданд.[10]

Адади анбиёи улулъазм

Дар мавриди теъдод ва масодиқи пайғамбарони улулъазм байни муффасирин ихтилофоте вуҷуд дорад:

Ҳамаи расулони илоҳӣ

Гуруҳе аз муффасирон эътиқод доранд, ки калимаи «мин/ ба арабӣ: مِن» дар ояти «улулъазми минар-русул / арабӣ: اولوالعزمِ مِنَ الرُّسل» баёнӣ аст (яъне мақсуд аз иборати қабл аз худро возеҳ мекунад) ва сабру пойдорӣ ва мавриди озмоиши илоҳӣ қарор гирифтан, хусусияти ҳамаи расулони илоҳӣ аст.[11]

Баъзе аз расулони илоҳӣ

Бештари муффасирон бар онанд, ки калимаи «ман/ مِن» дар ояти боло барои табъиз аст ва ба ин тартиб танҳо гуруҳи хоссе аз расулон, улулъазм ба шумор меоянд.[12]

Бархе улулъазмро ҳаждаҳ расуле донистаанд, ки номашон дар оёти 82 то 90 сураи Анъом омадааст, Худованд баъд аз номи ин анбиё фармуда аст: «فَبِهُداهُمُ اقتَدِه»: Пас, ба ҳидояти онон иқтидо кун! Ва бархе бар асоси баъзе ривоёт, анбиёи улулъазмро 9 нафар дониста ва бархеи дигар онҳоро 6 ё 7 нафар муаррифӣ кардаанд.[13]

Аллома Таботабоӣ ва баъзе дигар аз муффасирон, улулъазмро панҷ пайғамбари соҳиби шариъат, яъне Нӯҳ, Иброҳим, Мусо, Исо ва Муҳаммад донистаанд[14] ва муътақиданд ривоёти далолатгари бар ин матлаб дар ҳадди мустафиз аст.[15] Аммо дар муқобил, баъзе дигар муътақиданд ба далели он ки ин ривоёт ба ҳадди тавотур намерасад, яқиновар нест ва аз оёти Қуръон далолати қатъӣ бар инҳисори пайғамбарони соҳибшариъат дар панҷ нафар дар даст нест.[16][17]

Пайғамбарони улулъазм ва рисолати ҷаҳонӣ

Бинобарин ки мақсуд аз анбиёи улулъазм анбиёи дорои шариъат бошад, ин масъала матраҳ шуда аст, ки оё рисолати эшон ҷаҳонӣ буда ё он ки ҳар кадом ба сӯи қавми хоссе мабъус шудаанд? Албатта дар мавриди ҷаҳонӣ будани рисолати Пайғамбари Ислом (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) тардид ва ихтилофе вуҷуд надорад, аммо дар мавриди дигар анбиёи улулъазм се назария матраҳ шудааст:

Рисолати ҷаҳонии ҳамагӣ

Бархе монанди Аллома Таботабоӣ муътақиданд, рисолати анбиёи улулъазм ҷаҳонӣ буда аст. Эшон барои исботи муддаои фавқ шавоҳиде аз оёт ироа карда[18] ва тавзеҳ додаанд, ки анбиёи улулъазм ва соҳиби китоб ду гуна даъват доштаанд: 1- даъват ба Худопарастӣ, тавҳид ва нафйи ширк, 2- даъват ба аҳком ва шароеъи хос. Даъвати нахуст ҷаҳонӣ буда аст, бар хилофи даъвати дувум, ки ба қавми хоссе ихтисос доштааст ва он қавм мукаллаф мешуданд ба он аҳком амал кунанд.

Рисолати ҷаҳонии баъзе

Рисолати анбиёи улулъазм рисолати ҷаҳонӣ набуда аст. Барои мисол Мусо (а) ва Исо (а) ба сӯи Банӣ Исроил барангехта шуданд ва даъвати онон ба ин қавм ихтисос дошт. Зоҳири бархе оёт низ муаййиди ин муддаост, монанди ояти 49 сураи Оли Имрон (ورسولاً إلی بنی إسرائیل) ва низ мазмуни зоҳири оёти дигаре ҳамчун ояти 6 сураи Саф, ояти 101 сураи Исро, ояти 47 сураи Тоҳо, ояти 17 сураи Шуаро ва ояти 53 сураи Ғофир. Бинобар ин, байни ин ки пайғамбаре соҳиби шариъат (улулъазм) бошад ва рисолаташ, рисолати ҷаҳонӣ бошад, талозуме нест. [ниёзманди манба ]

Тафсил

Назарияи сеюм он аст, ки агар маънои ҷаҳонӣ будан он бошад, ки пайғамбар муваззаф аст рисолати хешро на танҳо ба қавми хеш, ки ба ҳамаи ақвому милали умдаи ҷаҳон бирасонад, рисолати бисёре аз пайғамбарон, ҳатто Мусо (алайҳис салом) ва Исо (алайҳис салом) ҷаҳонӣ набуда аст. Аммо агар ҷаҳонӣ буданро ба маънои лузуми иблоғи рисолат дар сурати мувоҷиҳа бо дигар ақвом ва лузуми пайравии ҳамаи касоне ки бо дини ҷадид ошно мешуданд, бигирем, рисолати ҳамаи пайғамбарон ҷаҳонӣ буда аст. Бинобарин ба як маъно аз ҷаҳонӣ будан, даъвати бисёре аз анбиё ҷаҳонӣ набуда ва ба маънои дигар рисолати ҳамаи анбиё ҷаҳонӣ аст.[19]

Мавзӯи анбиёи улулъазм ва пайванди он бо вилояти имомон (а) дар ривоёти мутаъаддиде мавриди баҳс воқеъ шудааст,[20] аз ҷумла ривояте, ки имомон (а)-ро ворисони илм, муъҷизот ва фазилати пайғамбарони улулъазм муаррифӣ мекунад.[21]

Мутолиаи бештар

  • Роҳ ва роҳнамошиносӣ, Мисбоҳи Яздӣ, Муҳаммадтақӣ, интишороти муассисаи омӯзишӣ ва пажӯҳишии имом Хумайнӣ

Адабиёт

  1. Роғиби Исфаҳонӣ, Муфрадоти Роғиб, зери калимаи азм.
  2. Тафсири Омилӣ, ҷ.7, с.533/ Тафсири оёт-ул-аҳком, с.680/ тафсири Мароғӣ, ҷ.21, с.132/ ат-Таҳрир ва ат-танаввур, ҷ.26, с.57).
  3. Ал-Мизон, ҷ.16, с.415 – 416/ Тафсири намуна, ҷ.17, с.211.
  4. Тафсири ал-Қуръон ал-азим, ҷ.6, с.342 ва Канз-уд-дақоиқ, ҷ.8, с.360.
  5. Биҳор-ул-анвор, ҷ.11, с.35/ тафсири ал-Қуръони ал-карим, ҷ.6, с.342.
  6. Биҳор-ул-анвор, ҷ.11, с.35/ ал-Мизон, ҷ.2, с.213/ тафсири ас-Софӣ, ҷ.3, с.342/ тафсири Қумӣ, ҷ.2, с.66/ Канз-уд-дақоиқ, ҷ.8, с.360.
  7. Ал-Мизон, ҷ.2, с.213/ Ҷавомеъ-ул-ҷомеъ, ҷ.6, с.27 ва 29/ Рӯҳ-ул-баён, ҷ.8, с.495/ Канз-уд-дақоиқ, ҷ.12, с.203/ Тафсир-ул-мубин, с.550.
  8. Ал-Мизон, ҷ.18, с.29.
  9. Ал-Бурҳон фи тафсирил Қуръон, ҷ.5, с.51/ ас-Софӣ, ҷ.5, с.19/ Канз-уд-дақоиқ, ҷ.12, с.206/ тафсири ал-Бурҳон, ҷ.4, с.80/ Уюну ахбор-ир-Ризо, ҷ.2, с.178.
  10. Ал-Мизон, ҷ.2, с.142/ тарҷумаи ал-Мизон, ҷ.2, с.213.
  11. Танвир..., 426/ Шайх Тусӣ, ҷ.9, с.287/ Замахшарӣ, ҷ.4, с.313, Фахриддин, ҷ.27, с.35.
  12. Танвир..., 426/ Шайх Тусӣ, ҷ.9, с.287/ Замахшарӣ, ҷ.4, с.313 ; Фахриддин, ҷ.27, с.35.
  13. Ал-Мизон, ҷ.18, с.333/ Рӯҳ-ул-маъонӣ, ҷ.26, с.34 ва 35.
  14. Ал-Мизон, ҷ.2, с.213/ ал-Бурҳон, ҷ.3, с.776/ Тафсири Мароғӣ, ҷ.21, с.132 ва ҷ.26, с.29.
  15. Ал-Мизон, ҷ.2, с.145 ва 146 ва ҷ.18, с.220.
  16. Рӯҳ-ул-маъонӣ, ҷ.18, с.333.
  17. Роҳ ва роҳнамошиносӣ, ҷ.5, с.329.
  18. Ал-Мизон, ҷ.2, с.141 ва 142.
  19. Роҳ ва роҳнамошиносӣ, ҷ.5, с.46.
  20. Саффор, 61/ Кулайнӣ, ҷ.1, с.416/ Маҷлисӣ, ҷ.26, с.382, ҷ.44, с.226.
  21. Биҳор-ул-анвори ҷ.2, с.205

Сарчашма

  • Биҳор-ул-анвор, Маҷлисӣ, Муҳаммадбоқир, Теҳрон, алмактабат алисломия.
  • Ал-Бурҳон фи тафсирил Қуръон, Буҳронӣ, Сайидҳошим, Қум, дорулкутубил илмия, 1339 қ.
  • Ат-Таҳрир ва ат-танвир, Ибни Ошур, Муҳаммад ибн Тоҳир, бе но.
  • Тафсири Оёт-ул-аҳком, Соис, Муҳаммадалӣ, бе но.
  • Тафсири ас-Софӣ, Файзи Кошонӣ, Муломуҳсин, интишороти садр, Теҳрон, 1415 қ.
  • Тафсир-ул-Қуръонил азим, Ибни Касир, Исмоил, Бейрут, дорул Анделус, 1416 қ.
  • Тафсир-ул-мубин, Муғния, Муҳаммадҷавод, бунёди беъсат, Қум.
  • Тафсири Омилӣ, Омилӣ, Иброҳим, Теҳрон, интишороти Садуқ, 1360 ш.
  • Тафсири Қумӣ, Қумӣ, Алӣ ибн Иброҳим, Қум, дорулкитоб, 1367 қ.
  • Тафсири Мароғӣ, Мароғӣ, Аҳмад ибн Мустафо, дору эҳёит-туросил арабӣ, Бейрут.
  • Тафиср-ул-Қуръонил-карим, Ибни Қайими Ҷавзӣ, Муҳаммад ибни Абубакр, Бейрут, дорумактабат алҳилол.
  • Ҷавомеъ-ул-ҷомеъ, Табарсӣ, Фазл ибни Ҳасан, донишгоҳи Теҳрон, Теҳрон, 1377 ш.
  • Роҳ ва роҳнамошиносӣ, Мисбоҳ, Муҳаммадтақӣ, маркази мудирияти ҳавзаи илмияи Қум, 1376 ш.
  • Рӯҳ-ул-баён, Ҳаққӣ Бирусавӣ, Исмоил, дорулфикр, Бейрут, бе то.
  • Рӯҳ-ул-маъонӣ, Олусӣ, Сайидмаҳмуд, Бейрут, дорулкутубил илмия, 1415 қ.
  • Уюну ахбор-ир-Ризо, Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, Теҳрон, интишороти ҷаҳон.
  • Фарҳанги имлои хати форсӣ, Содиқӣ, Алӣ Ашраф, фарҳангистони забон ва адаби форсӣ, чопи чаҳорум, 1391 ш.
  • Канз-уд-дақоиқ, Қумии Машҳадӣ, Муҳаммад ибни Муҳаммадризо, вазорати иршоди исломӣ, Теҳрон, 1368 ш.
  • Ал-Мизон, Таботабоӣ, Муҳаммадҳусайн, Бейрут, муассисат алаъламӣ, 1393 қ.
  • Тафсири намуна, Макорими Шерозӣ, Носир, дорулкутубил исломия, Теҳрон, 1374 ш.

Пайванд ба берун