Ҳадис

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Ривоёт)
Ал-Кофӣ, асари Кулайнӣ, аз кутуби арбаъаи ҳадисии шиа

Ҳадис (арабӣ: الحديث) суханест, ки аз гуфтор ё рафтор ё тақрири Пайғамбари Ислом (с) ва дигар маъсумон (а) нақл мекунад. Ҳадис, баъд аз Қуръон, дуввумин сарчашмаи шинохти таълимоти динӣ буда, дар фаҳмиши мусалмонон аз дин ва шаклгирии улуми исломие ҳамчун фиқҳ, усул, калом ва тафсир нақши муҳим бозидааст.

Дар оғоз, раванди сабт ва интиқоли ҳадисҳо шифоҳӣ буд. Баъд, ба шакли навишта шуд. Китобати ҳадисро муҳимтарин сабаби ҳифз ва интиқоли ҳадисҳои маъсумон медонанд. Навиштани ҳадис, дар як даврае, ба иллати вазъи сиёсати манъи ҳадис тавассути ду халифаи аввал мамнуъ будааст, аммо баъди сад сол, бо фармони Умар ибни Абдулазиз, халифаи ҳаштуми Умавиён ин қонун расман лағв шуд ва навиштани ҳадис роиҷ шуд.

Албатта, ба гуфтаи ҳадиспажуҳони шиа, шиаҳо бо дархости имомҳо аз ҳамон аввал ҳадисро сабт мекарданд ва мегӯянд, ки нахустин китоби ҳадисие ки дар Ислом навишта шуд, Китоби Алӣ ё Ал-Ҷомеа аст. Марҳилаҳои таълифи ҳадисҳои шиа сабти ҳадис, табвиб ва ба низом даровардани ҳадис ва сипас гирдоварии ҳадисҳо дар ҷавомеи ҳадисиро дарбар мегирад.

Муҳимтарин сарчашмаҳои ҳадисӣ ё ҷомеъҳои ривоии шиаи имомӣ иборатанд аз: «Ал-Кофӣ» навиштаи Кулайнӣ (ваф. 329ҳ.қ.), «Ман ло яҳзуруҳу-л-фақиҳ» навиштаи Шайхи Садуқ (305-381ҳ.қ.) ва Тахзиб-ул-аҳком ва Истибсор навиштаи Шайхи Тусӣ (460-385ҳ.қ.). Ин китобҳо бо номи кутуби арбаа маъруфанд. «Ал-Вофӣ», таълифи Файзи Кошонӣ (1007-1091ҳ.қ.), «Биҳор-ул-анвор»-и Аллома Маҷлисӣ (1037-11103ҳ.қ.) ва «Васоил-уш-шиа»-и Ҳуррӣ Омилӣ (1033-1104ҳ.қ.) ҳам аз дигар маҷмуаҳои ҳадисии шиа ҳастанд, ки дар асрҳои баъдӣ навишта шудаанд.

Аҳли суннат ба ҷамъоварии ҳадисҳои Пайғамбар аз миёнаҳои асри дуввуми қамарӣ шуруъ карданд. Онҳо дар асри сеюми қамарӣ «Сиҳоҳи ситта»(китобҳои саҳеҳи шашгона)-ро навиштаанд, ки аз маъруфтарин ҷавомеъи ривоии аҳли суннат мебошанд: Саҳеҳи Бухорӣ, Саҳеҳи Муслим, Ҷомеъи Тирмизӣ, Сунани Абудовуд, Сунани Насоӣ ва Сунани Ибни Моҷа.

Ҳадис қисмҳои гуногуне дорад, ки аз ҷумлаи онҳо хабари воҳид ва ҳадиси мутавотир аст. Худи хабари воҳид қисмҳои мухталифе дорад, ба монанди саҳеҳ, ҳасан, мувассақ ва заиф. Олимони мусалмон ҳар ҳадисеро қабул намекунанд. Онҳо ҳадиси мутавотир ва хабари воҳидеро, ки бо қароини илмовар ҳамроҳ аст, ҳуҷҷат медонанд. Дар бораи хабари воҳиде, ки илмъовар набошад, ихтилофи назар доранд. Бештари фақеҳони шиа ва суннӣ, чунин хабари воҳидеро, агар аз шахси сиқа (боваринок) ривоят шуда бошад, қабул мекунанд. Барои санҷидани мизони эътибори ҳадис ва дастабандӣ ва шеваи фаҳмиши онҳо илмҳое ба вуҷуд омадааст, ки баъзе аз онҳо аз ин қарор аст: риҷол, дироят-ул-ҳадис ва фиқҳ-ул-ҳадис.

Ҳадис дар адабиёт ва санъат низ таъсири бузурге гузоштааст. Мегӯянд, ки дар ашъори шоирони зиёд истифода шудааст. Он инчунин дар санъат ба монанди наққошӣ ва хаттотию хушнависӣ истифода шудааст.

Таърифи ҳадис

Ҳадис ба сухане гуфта мешавад, ки аз гуфтор, рафтор ё тақрири маъсум [Ёддошт 1] ҳикоят мекунад;[1] монанди ривоятҳое ки аз Пайғамбар (с) ва ҳамчунин ба эътиқоди шиаён, имомон аст.[2] Бар пояи навиштаҳои олимони мусулмон, ба ҳадис «хабар»,[3] «ривоят»[4] ва «асар»[5] ҳам гуфта мешавад.

Аҳамияти ҳадис назди мусулмонон

Ба навиштаи Абдулҳодии Фазлӣ (1314 - 1392ҳ.ш.), баъд аз Қуръон, ҳадис дуввумин манбаи мусулмонон барои дарёфти шариат аст. Илова бар ин, аз назари каммият, густардатар аз Қуръон аст ва таълимоти динии бисёр бештареро дарбар гирифтааст. Аз ин рӯ, фарогирии дониши ҳадис, муқаддима ва асоси иҷтиҳод ва истинботи аҳкоми шаръӣ аст.[6]

Козими Мудиршоначӣ (ваф. 1381ҳ.ш.) - ҳадиспажӯҳ, дар муқаддимаи китоби Илм-ул-ҳадис навиштааст, ҳамаи улуме, ки дар Ислом падид омада, бар ҳадис мубтанӣ буда ва бидуни ҳадис ба камол намерасид: илми тафсир, дар оғоз танҳо шомили ривоёт мешудааст. Фиқҳ ва усул ҳамвора бо ҳадис ҳамроҳ буда ва дар илми калом ва мунозираи фирқаҳои исломӣ бо якдигар, аҳодиси Пайғамбар (с) таъйинкунанда буд ва дурустию нодурустии як андешаро мушаххас мекард. Таърих ва сира ҳам чизе набуд, ҷуз ривоёте, ки бо силсилаи санад нақл мешуд. Дар адабиёт ҳам суханони Пайғамбар шоҳид гирифта мешуд.[7]

Китобати ҳадис

Мақолаи аслӣ: Китобати ҳадис

Ба гуфтаи ҳадиспажӯҳон, забт ва интиқоли аҳодис, дар ибтидо, шифоҳӣ буд ва сипас ба шакли навишта даромад.[8] Онҳо навиштани ривоятҳои Пайғамбари Ислом (с) ва Аҳли Байт (а)-ро омили муҳими ҳифзи ривоёти исломӣ медонанд.[9] Нуриддини Итр - ҳадисдони аҳли суннат, навиштааст: китобати ҳадис муҳимтарин василаи ҳифзи ҳадис ва интиқоли он ба наслҳои оянда будааст.[10]

Бар пояи ривоёт, имомони шиа (а) ба китобати ҳадис тавсия кардаанд.[11] Тибқи сухани Сайид Муҳсини Амин - нависандаи китоби Аъён-уш-шиа, шиаён аз замони Имом Алӣ (а) то давраи Имом Аскарӣ (а) 6600 китоби ҳадисӣ таълиф карданд.[12]

Шаҳиди Сонӣ, ба иллати он ки дар давраи ӯ китобҳои динӣ ба миқдори кофӣ вуҷуд надошт, навиштани ҳадисро фарзи айн медонист.[13]

Манъи навиштани ҳадис

Ал-Истибсор, асари Шайхи Тусӣ, аз кутуби арбаъаи ҳадисии шиа
Мақолаи аслӣ: Манъи ҳадис

Манъ аз навиштани ҳадис, ба пешгирӣ аз навиштан ва нақли аҳодиси Пайғамбар гуфта мешавад. Ин кор пас аз реҳлати Пайғамбар ва аз давраи хилофати Абубакр ва Умар ибни Хаттоб оғоз шуд[14] ва то сад сол идома ёфт, то ин ки Умар ибни Абдулазиз - ҳаштумин халифаи умавӣ, дар номае ба Абубакр ибни Ҳазм - ҳокими Мадина, аз ӯ хост аҳодиси Пайғамбарро бинависад; зеро хавфи он ҳаст, ки илм ва аҳли он аз байн биравад.[15]

Уламои аҳли суннат мегӯянд, хулафои аввалу дуввум нақл ва навиштани ҳадисро ба ин далелҳо мамнуъ карданд: эҳтимоли омехта шудани ҳадис бо Қуръон,[16] пешгирӣ аз ихтилофи мусулмонон[17] ва тарс аз саргарм шудани мардум ба чизе ғайр аз Қуръон.[18]

Аммо ба гуфтаи Сайид Алии Шаҳристонӣ, бештари олимони шиа бар ин боваранд, ки иллати манъи ҳадис, пешгирӣ аз нашри суханони Пайғамбар дар бораи фазоили Имом Алӣ (а) ва фарзандонаш ва имомати онон будааст.[19] Ба эътиқоди шиаён, манъи китобати ҳадис муҷиби ҷаъли ҳадис,[20] нобудии нахустин матнҳои ҳадисӣ,[21] пайдоиши мазоҳиби мухталиф[22] ва тағйири суннати Пайғамбари Ислом[23] шудааст.

Таърихи тадвини ҳадис

Таҳзиб-ул-аҳком, асари Шайхи Тусӣ, аз кутуби арбаъаи ҳадисии шиа

Ба гуфтаи Маҷиди Маориф, дар китоби Таърихи умумии ҳадис, ҳадиси шиа фарозу нишебҳои бисёреро паси сар кардааст. Ӯ ин таҳаввулотро ба ду давраи мутақаддимон ва мутааххирон тақсим кардааст: давраи мутақаддимон, панҷ асри аввали қамариро шомил мешавад. Дар ин давра, имомони шиа аҳодисро содир карданд ва асҳобашон навиштанд ва донишмандони баъдӣ, дастабандӣ карданд, то ин ки «муҳаддисони сегонаи аввал»; яъне Кулайнӣ (ваф. 329ҳ.қ.), Шайхи Садуқ (305 - 381ҳ.қ.) ва Шайхи Тусӣ (385 - 460ҳ.қ.) онҳоро дар кутуби арбаа ҷой доданд.[24]

Давраи мутааххирон аз ибтидои асри шашум то давраи муосир аст ва дар он «маҷомеъи такмилӣ»-и ҳадисии шиа шакл гирифтанд. Давраи мутааххирон, дар воқеъ, табақабандӣ, такмил ва таҳлили осори мутақаддимон аст.[25]

Давраи мутақаддимон

Давраи мутақаддимон худ ба чаҳор мақтаъ тақсим мешавад:

1. Даврони Имом Алӣ то Имом Саҷҷод (қарни аввал)

Дар ин давра ба хотири вуҷуди сиёсати манъи ҳадис ва фишори сиёсӣ бар зидди шиаён ва сиёсати тақияи имомон, ҳадис равнақи чандоне надошт.[26] Бо ин ҳол, китобҳое дар ин давра навишта шуд, ки аз он ҷумла, Китоби Алӣ аст.[27] Ин китобро аввалин китоби ҳадисии шиа медонанд.[28] Наҳҷулбалоға, ки дар он замон ба сурати китобҳое бо унвонҳои «Хутаби Амирулмуъминин» ё «Хутаби Алӣ» дар дасти шиаён буд[29] ва Саҳифаи Саҷҷодия аз дигари китобҳои ҳадисии ин давраанд.[30]

2. Асри Имом Боқир ва Имом Содиқ (қарни дуввум)

Ин давра, нақшии муҳиме дар шаклгирии ҳадиси шиа дорад ва осори ҳадисии арзишманде дар он тадвин шудааст.[31] Ин замон, асри тадвини улум ва рафъи мамнуияти нигориши ҳадис буд. Имом Боқир (а) ва Имом Содиқ (а) бо истифода аз ин мавқеъият, бо барпоии маҷолиси умумӣ, тадрис дар манзил, дидорҳо, мунозираҳо ва маҷолиси хусусии тадриси фиқҳ ва ҳадис, таъсири бисёре бар шаклгирии фиқҳ ва ҳадиси шиа гузоштанд.[32] Яке аз муҳимтарин дастовардҳои ин давраро тадвини усули чаҳорсадгонаи ҳадисӣ медонанд, ки ба усули арбаамиа маъруфанд.[33] Асл, ба китоби ҳадисие мегӯянд, ки нависандаи он аҳодисро мустақиман ё бо як восита, аз маъсум шунида ва навиштааст.[34]

3. Асри Имом Козим то авохири Ғайбати Суғро

Дар ин давра, хулафо имомонро маҳдуд мекарданд ва бар шиаён фишор меоварданд.[35] Аз ин рӯ, аҳодиси бисёр камтаре нисбат ба давраи қабл, аз имомон содир шуд.[36] Дар ин давра ба танзими китобҳои ҳадисии қабл тавваҷуҳ шуд ва муҳаддисон усул ва ривоёти барҷоймонда аз давраи қаблро барҳасби мавзуоти фиқҳӣ табвиб (боббандӣ) ва китобҳои муфассалтаре тадвин карданд.[37]

4. Асри пайдоиши ҷавомеъи ҳадисӣ

Дар ин давра ба хотири фаъол будани тадриси ҳадис дар марокизи илмӣ, ин ниёз ба вуҷуд омад, ки китобҳои ҷомеътаре дар заминаи ҳадис навишта шавад. Ин масъала, сабаби ба вуҷуд омадани ҷавомеъи ҳадисие шуд, ки бархе ҳамаи мавзуоти динӣ аз ҷумла фиқҳ ва ақоидро дарбар мегирифт, монанди ал-Кофӣ, навиштаи Кулайнӣ ва бархе ба сурати тахассусӣ шомили фиқҳ ё ақоид мешуд; монанди китобҳои Тавҳид, Уюну ахбори-р-Ризо ва Камол-уд-дин аз Шайхи Садуқ ва ал-Ғайбат ва Амолӣ аз Шайхи Тусӣ.[38] Кутуби арбаъаи ҳадисии шиа дар ин давра таълиф шуд.[39] Ин китобҳо ки муҳимтарин ҷавомеъи ривоии шиаи имомиянд иборатанд аз: ал-Кофӣ, навиштаи Кулайнӣ (ваф. 329ҳ.қ.), Ман ло яҳзуруҳу-л-фақиҳ навиштаи Шайхи Садуқ (305 - 381ҳ.қ.) ва Таҳзиб-ул-аҳком ва Истибсор навиштаи Шайхи Тусӣ (385-460ҳ.қ).[40]

Давраи мутааххирон

Ибтидои ин давра, яъне аз қарни шашум то қарни ёздаҳуми қамарӣ, таълифи китобҳои ҳадисӣ дучори рукуд шуд, аммо аз қарни ёздаҳум, бо зуҳури Файзи Кошонӣ (1007-1091ҳ.қ.), Аллома Маҷлисӣ (1037-1110ҳ.қ.) ва Ҳурри Омилӣ (1033 - 1104ҳ.қ.) тадвини китобҳои ҳадисӣ равнақ гирифт. Муҳимтарин маҷомеъи ҳадисии ин давра иборатанд аз: ал-Вофӣ навиштаи Файзи Кошонӣ, Биҳор-ул-анвор, навиштаи Аллома Маҷлисӣ ва Васоил-уш-шиа навиштаи Ҳурри Омилӣ.[41] Дар давраи муосир, яъне сад соли ахир ҳам олимоне ба ҷамъоварӣ, дастабандӣ ва гузиниши ривоёти саҳеҳ пардохтанд. Муҳимтарин китобҳои ин давра ба ин шарҳ аст: Мустадрак-ул-васоил, Сафинат-ул-биҳор, Ҷомеъу аҳодис-иш-шиа, Осор-ус-содиқин, Мизон-ул-ҳикмат ва ал-Ҳаёт.[42]

Таърихи тадвини ҳадис дар аҳли суннат

Абдуллоҳодии Фазлӣ таърихи ҳадиси аҳли суннатро ба се марҳала тақсим кардааст:

  • Марҳалаи ҷамъоварии аҳодис: аз нимаи қарни дуввум оғоз шуд. Дар ин давра, бузургони аҳли суннат ба ҷамъоварии ривоёт пардохтанд ва онҳоро ҳамроҳ бо фатвоҳои саҳоба ва тобеъин дар китобҳое гирд овараданд. Китоби ал-Муваттаъ, навиштаи Молик ибни Анас дар ин давра навишта шуд.[43]
  • Марҳалаи муснадҳо: муснадҳо китобҳое ҳастанд, ки дар онҳо танҳо аҳодиси Пайғамбар (с) омадааст.[44] Аз охири қарни дуввум, бархе аз пешвоёни аҳли суннат ба таълифи муснад машғул шуданд. Муснади Аҳмад ибни Ҳанбал аз китобҳои ин давра аст.[45]
  • Марҳалаи «саҳеҳҳо»: саҳеҳ ба китобе мегӯянд, ки нависанда, дар он, танҳо аҳодисеро овардааст, ки интисобашон ба Пайғамбарро саҳеҳ ташхис додааст.[46] Аввалин касе дар ин замина китоб навишт, Муҳаммад ибни Исмоили Бухорӣ (194 - 256ҳ.қ.) буд. Саҳеҳ Бухорӣ ва Саҳеҳ Муслим аз китобҳои ҳадисии ин давраанд.[47]

Тақсимоти ҳадис ва ҳуҷҷияти онҳо

Ҳамчунин бубинед: Хабари воҳид ва Ҳадиси мутавотир

Аҳодисро барои баррасии ҳуҷҷият ё эътибори онҳо ба ақсоми мухталифе тақсим мекунанд. Дар тақсиме онҳоро ду навъи “воҳид” ва “мутавотир” медонанд: хабари воҳид ба ҳадисе мегӯянд, ки теъдоди ровиёнаш ба андозае нест, ки ба судури он аз маъсум яқин пайдо шавад.[48] Хабари воҳид дар муқобили ҳадис мутавотир қарор дорад. Мутавотир ба ҳадисе мегӯянд, ки шумори ровиёнаш ба ҳадде аст, ки яқин пайдо мекунем аз маъсум нақл шудааст.[49]

Хабари воҳид, худ, ақсом ва дастабандиҳои мухталифе дорад.[50] Дар як дастабандӣ бо назар ба вижагиҳои ровиёнаш, онро ба чаҳор қисми аслӣ тақсим кардаанд: саҳеҳ, ҳасан, мувассақ ва заиф.[51]

Дар дастабандии дигаре, бо назар ба яқинӣ ё заннӣ (гумонӣ) будан, хабари воҳидро ба ду қисм тақсим мекунанд: хабаре ки қароине ба ҳамроҳ дорад, ки инсон ба судури он аз маъсум яқин пайдо мекунад ва хабаре чунин нест.[52] Аз ҷумлаи қароине, ки ба ақидаи бархе олимони шиа мӯҷиби яқинӣ будани хабари воҳид мешавад, иборат аст аз: мутобиқат бо ақл, мутобиқат бо Қуръон, мутобиқат бо иҷмоъи мусулмонон ё шиаён.[53]

Хабари мутавотирро ҳам дар ду қисми лафзӣ ва маънавӣ ҷой медиҳанд: мутавотири лафзӣ он аст, ки мазмунеро бо алфоз ва ибороти яксон ривоят кунанд; монанди ҳадиси «ман кунту мавлоҳ, фаҳозо Алиюн мавлоҳ/ مَن کُنتُ مولاه فهذا علی مولاه». Мутавотири маънавӣ он аст, ки як мазмуни муштарак, бо иборот ва алфози гуногун нақл шавад;[54] монанди аҳодиси марбут ба зуҳури Маҳдӣ (а) ки алфозашон мухталиф аст ва ба ҳадди тавотур намерасад, аммо мазмуни муштаракашон дар хусуси зуҳури Маҳдӣ мутавотир аст.[55]

Ҳадисҳои муътабар

Баҳс аз ҳуҷҷият ва эътибори аҳодис, масъалае аст дар ҳавзаи дониши усули фиқҳ.[56] Ба гуфта Абдуллоҳодии Фазлӣ, усулиҳо дар хусуси ҳуҷҷияти ҳадиси мутавотир, аз онҷо ки яқиновар аст, иттифоқи назар доранд.[57] Усулиён ҳамчунин ҳуҷҷияти хабари воҳидеро, ки ҳамроҳ бо қароини илмовар бошад, мепазиранд ва шакке дар он надоранд.[58] Аммо дар бораи хабари воҳиде, ки ҳамроҳ бо қароини илмовар набошад, ихтилофи назари фаровон доранд:[59]

Гурӯҳе аз фақеҳони мутақаддими шиа, аз ҷумла Сайид Муртазо ва Ибни Идрис, чунин ҳадисеро ҳуҷҷат намедонистанд.[60] Аммо ба гуфтаи Шайхи Ансорӣ аксари тақрибан ҳамаи фақеҳони шиа, хабари воҳидро ба таври куллӣ ҳуҷҷат медонанд,[61] вале меъёрҳое барои пазириши он матраҳ мекунанд ва дар хусуси ин меъёрҳо ихтилофи назар доранд.[62]

Ба бархе аз ахбориён нисбат медиҳанд, ки ҳамаи ахбори воҳидеро ки дар китобҳои муътабари ҳадисии шиа омада бошад, муътабар медонанд.[63] Касоне илова бар ин шарт, меъёри мухолиф набудани ҳадис бо машҳурро матраҳ кардаанд.[64] Ҷамъе дигар мегӯянд, ҳадисеро қабул мекунем, ки ровиёнаш одил бошанд.[65] Ба гузориши Абдуллоҳодии Фазлӣ, дидгоҳи бештари олимони шиа ин аст, ки хабари воҳиде ҳуҷҷият дорад, ки силсилаи ровиёни он сиқа бошанд.[66]

Дидгоҳи аҳли суннат

Ба гузориши Шавконӣ, фақеҳи суннӣ (ваф. 1250ҳ.қ.), олимони аҳли суннат низ дар ҳуҷҷияти хабари мутавотир сухане надоранд ва онро илмовар медонанд,[67] аммо дар бораи ҳуҷҷияти хабари воҳиди саҳеҳ[68] ихтилоф доранд. Бештарашон, аз ҷумла, Аҳмад ибни Ҳанбал[69] бар ин боваранд, ки муътабар аст.[70] Бархеи дигар ҳамчун Низом мегӯянд, эътибор надорад, магар он ки қаринае хориҷ аз худи ҳадис боис шавад ба сидқи он яқин пайдо кунем.[71]

Иснод

Мақолаи аслӣ: Иснод

Манзур аз иснод ин аст, ки тамоми силсилаи ровиёни ҳадис то маъсум зикр шавад; ба иборати дигар, санади ҳадис баён шавад.[72] Исноди ҳадис ё зикри санади он, аз ин рӯ аҳамият дорад, ки яке аз абзорҳои шинохти эътибори ҳадис аст.[73] Мегӯянд, ба ҳамин ҷиҳат, имомони шиа ва низ олимони аҳли суннат ҳамеша бар навиштани санади аҳодис супориш кардаанд.[74]

Ҷаъли ҳадис

Мақолаи аслӣ: Ҷаъли ҳадис

Ҷаъли ҳадис ба маънои он аст, ки ҳадисеро бисозем ва онро ба Пайғамбар (с) ё имоми маъсум нисбат диҳем.[75] Ҳадисеро, ки ба ин шакл сохта мешавад «ҳадиси мавзуъ» низ мехонанд.[76] Мегӯянд, ҷаъли ҳадис бештар дар мавзуоти эътиқодӣ, ахлоқӣ, таърихӣ, пизишкӣ, фазоил ва адъия рӯй медодааст.[77]

Ҷаъли ҳадиси шеваҳои мухталифе доштааст: гоҳ ҳадисе ба таври комил сохта мешуд, гоҳ алфозе ба ҳадисе аз Пайғамбар ё имомон афзуда мешуд ва гоҳе низ алфози ҳадисро тағйир медоданд.[78]

Яке аз намунаҳои ҷаъли ҳадисро даст бурдани Мансури Давониқӣ, халифаи аббосӣ дар ин ҳадис аз Пайғамбар медонанд ки мегӯяд: «Худованд, марде аз аҳли байтамро бармеангезад, ки номаш номи ман аст».[79] Мансури Давониқӣ, иборати «ва номи падараш, номи падари ман аст»-ро ба ҳадис изофа кард, то писараш Муҳаммадро мисдоқи ҳадис муаррифӣ кунад; зеро номи Мансур, монанди номи падари Пайғамбар (с), Абдуллоҳ буд.[80]

Ба бовари бархе, пешинаи ҷаъли ҳадис ба даврони ҳаёти Пайғамбари акрам бармегардад.[81] Касоне ҳам муътақиданд, ҷаъли ҳадис баъд аз давраи хулафои рошидин, яъне баъд аз шаҳодати Имом Алӣ (а) оғоз шудааст. Дар ин давра, фирқаҳое шакл гирифтанд, ки барои таъйиди худ, ҳадис ҷаъл мекарданд.[82]

Мегӯянд, дар замони Муовия, ҷаъли ҳадис густариш ёфт.[83] Ибни Абилҳадид - шореҳи Наҳҷулбалоға дар қарни ҳафтум, навиштааст, Муовия аз ровиёне, ки дар фазилати Усмон ва дигар саҳоба ва айбҷӯӣ аз Имом Алӣ (а) ҳадис ҷаъл мекарданд, ҳимоят мекард.[84]

Китобҳо ва ҷавомеъи ҳадисии муҳим

Мақолаи аслӣ: Ҷомеъи ҳадисӣ
Муҳимтарин китобҳои ҳадисӣ
Шиа

ал-КофӣМан ло яҳзаруҳу-л-фақиҳТаҳзиб-ул-аҳкомал-Истибсору фи мо ихталафа мин-ал-ахбор

Аҳли суннат

Саҳеҳи БухорӣСаҳеҳи МуслимСунани АбидовудСунани Ибни МоҷаСунани ТирмизӣСунани Нисоӣ

Ҷавомеъи ҳадисӣ, дар таърифе, ба китобҳои ҳадисие мегӯянд, ки дарбардорандаи ҳамаи мавзуоти диние ҳамчун ақоид, аҳком, сира ва тафсир бошанд.[85] Дар таърифи дигар, ба китобҳое гуфта мешавад, ки шомили ҳама ё бештари масоил дар як мавзуи хос бошад.[86]

Муҳимтарин ҷавомеъи ривоии шиа ба ин шарҳ аст: ал-Кофӣ навиштаи Яъқуби Кулайнӣ, Ман ло яҳзуруҳу-л-фақиҳ, навиштаи Шайхи Садуқ, Таҳзиб-ул-аҳком ва Истибсор, навиштаи Шайхи Тусӣ.[87] Инҳоро кутуби арбаъа ё усули арбаъамиа номанд.[88] Дигар ҷавомеъи ҳадисии машҳури шиа иборат аст аз: ал-Вофӣ асари Файзи Кошонӣ, Биҳор-ул-анвор, таълифи Аллома Маҷлисӣ, Васоил-уш-шиъа, навиштаи Ҳурри Омилӣ,[89] Мустадрак-ул-васоил, навиштаи Мирзоҳусайни Нурӣ, Мизон-ул-ҳикмат, таълифи Муҳаммади Райшаҳрӣ ва ҳамкорон, Ҷомеъу аҳодиси-ш-шиъа, асари гурӯҳе аз нависандагон, ал-Ҳаёт, навиштаи Муҳаммадризо Ҳакимӣ ва Осор-ус-содиқин, таълифи Содиқи Эҳсонбахш.[90]

Муътабартарин ва машҳуртарин ҷавомеъи ривоии аҳли суннатро ҳам ин ҳашт китоб медонанд: Муваттаи Молик, Муснади Аҳмад ибни Ҳанбал, Саҳеҳ Бухорӣ, Саҳеҳ Муслим, Ҷомеъи Тирмизӣ. Сунани Абудовуд, Сунани Насоӣ ва Сунани Ибни Моҷа.[91] Шаш китоби ахир ба сиҳоҳи ситта (саҳеҳҳои шашгона) маъруфанд.[92]

Улуми ҳадис

Гуфтаанд, аз ҳамон қарнҳои нахустини исломӣ, улуми мухталифе дар бораи ҳадис ба вуҷуд омадааст, ки дар онҳо, аҳодисро аз ҷанбаҳое монанди матн ва санадашон баррасӣ мекунанд.[93] Бархе аз ин улум ба шарҳи зер аст:

  • Риҷол: ровиёнро муаррифӣ мекунад ва он даста аз сифоташон монанди адолат ва имонро баррасӣ мекунад, ки дар пазируфтан ё напазируфтани ривоят аз онҳо нақш дорад.[94]
  • Дироятулҳадис ё мусталаҳулҳадис: дар бораи ақсоми ҳадис, истилоҳоти ҳадисӣ дар бораи санад ва матни ҳадис, роҳҳо ва шароити таҳаммули ҳадис (шунидан ва дарёфти ҳадис) ва одоби нақли ҳадис аст.[95]
  • Мухталафулҳадис: аҳодиси мутаориз ва роҳҳои рафъи таъорузашонро баррасӣ мекунад.[96]
  • Носиху мансух: дар бораи аҳодис мутаоризе аст, ки роҳе барои ҳалли таъорузашон ёфт нашудааст. Дар ин сурат, ҳадисеро ки пештар содир шуда, мансух ва ҳадиси мутааххирро носих меноманд.[97]
  • Фиқҳулҳадис: аз мабонӣ ва завобити фаҳми мутуни ривоёт баҳс мекунад.[98]

Таъсири ҳадис бар ҳунар ва адабиёт

Қитъаи хушнивисии ҳадиси «Ано мадинат-ул-илм, ба хати Ғуломҳусайн Амирхонӣ

Ба гуфта Козими Мудиршоначӣ, ҳадис бар адабиёти форсӣ таъсир гузошта ва онро ғанитар карда, густариш додааст. Камтар шоири форсизабоне ёфт мешавад, ки дар ашъораш, ҳадис ба кор набурда бошад. Нуктаҳои адабие ки дар онҳо ба ҳадисе ишора шудааст, ҷузви беҳтарин осор дар адабиёти форсӣ аст ва аҳамияти омӯзишӣ ва ахлоқии бисёре дорад.[99] Омехтагии ҳадис дар осори шоироне чун Носир Хисрав, Саноӣ, Аттори Нишобурӣ, Хоқонӣ, Низомӣ, Мавлавӣ ва Саъдӣ чунон аст, ки бидуни ошноӣ бо ҳадис фаҳми ашъорашон мумкин нест.[100]

Барои мисол, Саноӣ дар шеъри зер ба ду ҳадиси Ано мадинатулъилм ва Сақалайн ишора кардааст:

Чун ҳамедонӣ, ки шаҳри илмро Ҳайдар дар аст,
Хуб набувад ҷуз ки Ҳайдар миру меҳтар доштан...
Ҷуз Китобуллоҳу Итрат з-Аҳмади мурсал намонд,
Ёдгоре к-он тавон то рӯзи маҳшар доштан.[101]


Мавлавӣ низ ингуна аз ҳадиси «Ман кунту мавлоҳу фаҳозо Алиюн мавлоҳ», дар шеъраш ёд кардааст:

З-ин сабаб Пайғомбар бо иҷтиҳод,
Номи худ в-они Алӣ мавло ниҳод.
Гуфт: ҳар к-ӯро манам мавлову дӯст,
Ибни амми ман Алӣ мавлои ӯст.[102]


Саъдӣ низ бо ишора ба ҳадиси «Ло фато илло Алӣ» (ҷавонмарде ҷуз Алӣ нест) сурудааст:

Таблуии Ло фато илло Алӣ, асари Ҳасан Рӯҳуламин, ки дар он саҳнае аз ҷанги Уҳуд ба тасвир кашида шудааст.
Касро чӣ зӯру заҳра, ки васфи Алӣ кунад,
Ҷаббор дар маноқиби ӯ гуфта Ҳал ато.
Зурозмои қалъаи Хайбар, ки банди ӯ,
Дар якдигар шикаст ба бозуи Ло фатоٰ.[103]

Осори ҳунарӣ

Аз аҳодис дар осори ҳунарӣ ҳам истифода шудааст. Барои мисол Ҳасан Рӯҳуламин дар соли 1396 ҳиҷрии шамсӣ таблуеро бо муҳтавои ҳадиси ”Ло фато илло Алӣ” тарроҳӣ кард.[104] Ҳамчунин Ҷурҷ Ҷурдоқ мегӯяд: «Ман дар хонаводаи масеҳӣ бузург шудаам. Падарам сангтарош буд. Сангеро ба сардари хонаамон овехта буд, ки рӯи он санг, ин ҷумла ҳак шуда буд: «Ло фато илло Алӣ, ло сайфа илло зулфиқор».[105]

Ғуломҳусайни Амирхонии хушнавис ҳам ҳадиси «Ано мадинатулъилм»-ро ба хати настаълиқ, китобат кардааст.[106]

Эзоҳ

  1. Субҳонӣ, Усул-ул-ҳадис ва аҳкомуҳ, Дору эҳёилтуросилъарабӣ, саҳ.19.
  2. Мудир Шоначӣ, Илм-ул-ҳадис, 1381ҳ.ш., саҳ.20.
  3. Маҳдавии Род, “Тадвини ҳадис (1)”, саҳ.39 - 40; Мудир Шоначӣ, Илм-ул-ҳадис, 1381ҳ.ш., саҳ.20;
  4. Мудир Шоначӣ, Илм-ул-ҳадис, 1381ҳ.ш., саҳ.20.
  5. Маҳдавии Род, “Тадвини ҳадис (1)”, саҳ.43, 44.
  6. Фазлӣ, Усул-ул-ҳадис, 1420ҳ.қ., саҳ.14.
  7. Мудиршоначӣ, Илм-ул-ҳадис ва дироят-ул-ҳадис, 1378ҳ.ш., саҳ.1 - 2.
  8. Фазлӣ, Усул-ул-ҳадис, 1420ҳ.қ., саҳ.14.
  9. Маориф, “Баррасии сайри торихии китобати ҳадис дар шиа”, саҳ.74.
  10. Итр, Манҳаҷ-ун-нақд фӣ улум-ил-ҳадис, 1418ҳ.қ., саҳ.39 - 40.
  11. Барои намуна ниг.: Кулайнӣ, Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.52, ҳадиси 8, 9 ва 10; Ибни Шуъба, Туҳаф-ул-уқул, 1404ҳ.қ., саҳ.36.
  12. Амин, Аъён-уш-шиа, 1403, ҷ.1, саҳ.140.
  13. Шаҳиди Сонӣ, Мунят-ул-мурид, 1409ҳ.қ., саҳ.339.
  14. Муттақии Ҳиндӣ, Канз-ул-уммол, 1401ҳ.қ., ҷ.10, саҳ.285; Табарӣ, Таърих-ул-умами ва-л-мулук, 1387ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.204.
  15. Бухорӣ, Саҳеҳ Бухорӣ, 1401ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.33.
  16. Муттақии Ҳиндӣ, Канз-ул-уммол, 1401ҳ.қ., ҷ.10, саҳ.291 - 292, ҳадиси 29474.
  17. Заҳабӣ, Тазкират-ул-ҳуффоз, 1419ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.9.
  18. Ғаззолӣ, Эҳё-ул-улум, ҷ.10, саҳ.79 ба нақл аз Диёрии Бегдилӣ, «Нақд ва баррасии илал ва ангезаҳои манъи нигориши ҳадис», саҳ.44.
  19. Шаҳристонӣ, Манъу тадвин-ил-ҳадис, 1430ҳ.қ./2009м., саҳ.67.
  20. Ҳусайнӣ, “Паёмадҳои манъи нақли ҳадис”, саҳ.62.
  21. Субҳонӣ, Фарҳанги ақоид ва мазоҳиби исломӣ, 1378ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.91; Муттақии Ҳиндӣ, Канз-ул-уммол, 1401ҳ.қ., ҷ.10, саҳ.285.
  22. Ҳусайнӣ, “Паёмадҳои манъи нақли ҳадис”, саҳ.68.
  23. Ҳусайнӣ, “Паёмадҳои манъи нақли ҳадис”, саҳ.67.
  24. Маориф, Таърихи умумии ҳадис, 1377ҳ.ш., саҳ.202.
  25. Маориф, Таърихи умумии ҳадис, 1377ҳ.ш., саҳ.202.
  26. Маориф, Таърихи умумии ҳадис, 1377ҳ.ш., саҳ.207 - 209.
  27. Маориф, Таърихи умумии ҳадис, 1377ҳ.ш., саҳ.213.
  28. Фазлӣ, Усул-ул-ҳадис, 1420ҳ.қ., саҳ.46.
  29. Маориф, Таърихи умумии ҳадис, 1377ҳ.ш., саҳ.216 - 217.
  30. Маориф, Таърихи умумии ҳадис, 1377ҳ.ш., саҳ.221.
  31. Маориф, Таърихи умумии ҳадис, 1377ҳ.ш., саҳ.227.
  32. Маориф, Таърихи умумии ҳадис, 1377ҳ.ш., саҳ.228 - 234.
  33. Маориф, Таърихи умумии ҳадис, 1377ҳ.ш., саҳ.255.
  34. Фазлӣ, Усул-ул-ҳадис, 1420ҳ.қ., саҳ.47.
  35. Маориф, Таърихи умумии ҳадис, 1377ҳ.ш., саҳ.307.
  36. Маориф, Таърихи умумии ҳадис, 1377ҳ.ш., саҳ.310.
  37. Маориф, Таърихи умумии ҳадис, 1377ҳ.ш., саҳ.348 - 350.
  38. Маориф, Таърихи умумии ҳадис, 1377ҳ.ш., саҳ.355.
  39. Маориф, Таърихи умумии ҳадис, 1377ҳ.ш., саҳ.355.
  40. Муаддаб, Таърихи ҳадис, 1388ҳ.ш., саҳ.86.
  41. Маориф, Таърихи умумии ҳадис, 1377ҳ.ш., саҳ.400 - 402.
  42. Маориф, Таърихи умумии ҳадис, 1377ҳ.ш., саҳ.434 - 439.
  43. Фазлӣ, Усул-ул-ҳадис, 1420ҳ.қ., саҳ.43.
  44. Фазлӣ, Усул-ул-ҳадис, 1420ҳ.қ., саҳ.43.
  45. Фазлӣ, Усул-ул-ҳадис, 1420ҳ.қ., саҳ.43 - 44.
  46. Фазлӣ, Усул-ул-ҳадис, 1420ҳ.қ., саҳ.44.
  47. Фазлӣ, Усул-ул-ҳадис, 1420ҳ.қ., саҳ.44.
  48. Фазлӣ, Усул-ул-ҳадис, 1420ҳ.қ., саҳ.83.
  49. Фазлӣ, Усул-ул-ҳадис, 1420ҳ.қ., саҳ.72 - 73.
  50. Нигоҳ кунед ба Шаҳиди Сонӣ, ал-Бидоя фӣ илм-ил-дироя, 1421ҳ.қ., саҳ.23то39.
  51. Шаҳиди Сонӣ, ал-Бидоя фӣ илм-ил-дироя, 1421ҳ.қ., саҳ.23 ва 24.
  52. Фазлӣ, Усул-ул-ҳадис, 1420ҳ.қ., саҳ.84 - 85.
  53. Фазлӣ, Усул-ул-ҳадис, 1420ҳ.қ., саҳ.84 - 85.
  54. Субҳонӣ, Усул-ул-ҳадис ва аҳкомуҳ, Дору эҳёилтуросилъарабӣ, саҳ.35.
  55. Фазлӣ, Усул-ул-ҳадис, 1420ҳ.қ., саҳ.80.
  56. Фазлӣ, Усул-ул-ҳадис, 1420ҳ.қ., саҳ.81.
  57. Фазлӣ, Усул-ул-ҳадис, 1420ҳ.қ., саҳ.81 - 82; барои намуна нигоҳ кунед ба Шайх Ансорӣ, Фароид-ул-усул, 1428ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.238; Охунди Хуросонӣ, Кифоят-ул-усул, 1430ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.311.
  58. Барои намуна ниг.: Шайх Ансорӣ, Фароид-ул-усул, 1428ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.238; Охунди Хуросонӣ, Кифоят-ул-усул, 1430ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.311; Музаффар, Усул-ул-фиқҳ, 1430ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.72.
  59. Музаффар, Усул-ул-фиқҳ, 1430ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.72; Фазлӣ, Усул-ул-ҳадис, 1420ҳ.қ., саҳ.88.
  60. Ҷаннотӣ, Манобеи иҷтиҳод аз дидгоҳи мазоҳиби исломӣ, 1370ҳ.ш., саҳ.105 - 106; Охунди Хуросонӣ, Кифоят-ул-усул, 1430ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.311 - 312.
  61. Шайх Ансорӣ, Фароид-ул-усул, 1428ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.237.
  62. Шайх Ансорӣ, Фароид-ул-усул, 1428ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.240 - 241.
  63. Шайх Ансорӣ, Фароид-ул-усул, 1428ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.240 - 241.
  64. Шайх Ансорӣ, Фароид-ул-усул, 1428ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.241.
  65. Шайх Ансорӣ, Фароид-ул-усул, 1428ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.241.
  66. Фазлӣ, Усул-ул-ҳадис, 1420ҳ.қ., саҳ.89 - 90.
  67. Шавконӣ, Иршод-ул-фуҳул, 1419ҳ.қ./1999м., ҷ.1, саҳ.128.
  68. Шавконӣ, Иршод-ул-фуҳул, 1419ҳ.қ./1999м., ҷ.1, саҳ.137.
  69. Шавконӣ, Иршод-ул-фуҳул, 1419ҳ.қ./1999м., ҷ.1, саҳ.133.
  70. Шавконӣ, Иршод-ул-фуҳул, 1419ҳ.қ./1999м., ҷ.1, саҳ.134.
  71. Шавконӣ, Иршод-ул-фуҳул, ҷ.1, 1419ҳ.қ./1999м., саҳ.134 - 135.
  72. Таботабоӣ, Муснаднависӣ дар таърихи ҳадис, 1377ҳ.ш., саҳ.30 - 31.
  73. Таботабоӣ, Муснаднависӣ дар таърихи ҳадис, 1377ҳ.ш., саҳ.31.
  74. Таботабоӣ, Муснаднависӣ дар таърихи ҳадис, 1377ҳ.ш., саҳ.31 - 32.
  75. Ниг.: Момқонӣ, Миқбос-ул-ҳидоят, 1385ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.292; Шаҳиди Сонӣ, Шарҳ-ул-бидоя фӣ илм-ил-дироя, бето, ҷ.1, саҳ.155
  76. Барои намуна нигоҳ кунед ба Момқонӣ, Миқбос-ул-ҳидоят, 1385ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.292; Шаҳиди Сонӣ, Шарҳ ал-Бидоя фӣ илм-ил-дироя, бето, ҷ.1, саҳ.155.
  77. Рафиъӣ, Дарсномаи вазъи ҳадис, 1384ҳ.ш., саҳ.163.
  78. Рафиъӣ, Дарсномаи вазъи ҳадис, 1384ҳ.ш., саҳ.162 - 166.
  79. Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.51, саҳ.82.
  80. Рафиъӣ, Дарсномаи вазъи ҳадис, 1384ҳ.ш., саҳ.165; Шуштарӣ, ал-Ахбор-уд-дахила, 1415ҳ.қ., саҳ.229.
  81. Аҳмад Амин, Фаҷр-ул-Ислом, 2012ҳ.қ., саҳ.231.
  82. Маъруф Ҳасанӣ, ал-Мавзуъот фи-л-осори ва-л-ахбор, 1407ҳ.қ., саҳ.90 - 91.
  83. Рафиъӣ, Дарсномаи вазъи ҳадис, 1384ҳ.ш., саҳ.60.
  84. Нигоҳ кунед ба Ибни Абиҳадид, Шарҳи Наҳҷулбалоға, 1404ҳ.қ., ҷ.11, саҳ.45.
  85. Ал-Ғаврӣ, Муъҷам-ул-мусталаҳот-ил-ҳадисия, 1428ҳ.қ., саҳ.274.
  86. Таботабоӣ, Муснаднависӣ дар таърихи ҳадис, 1377ҳ.ш., саҳ.45.
  87. Муаддаб, Таърихи ҳадис, 1388ҳ.ш., саҳ.86.
  88. Муаддаб, Таърихи ҳадис, 1388ҳ.ш., саҳ.86.
  89. Муаддаб, Таърихи ҳадис, 1388ҳ.ш., саҳ.129.
  90. Муаддаб, Таърихи ҳадис, 1388ҳ.ш., саҳ.148 - 152.
  91. Фазлӣ, Усул-ул-ҳадис, 1420ҳ.қ., саҳ.44.
  92. Ал-Ғаврӣ, Муъҷам-ул-мусталаҳот-ил-ҳадисия, 1428ҳ.қ., саҳ.435 - 436
  93. Маориф, Таърихи умумии ҳадис, 1377ҳ.ш., саҳ.184 - 185.
  94. Насирӣ, Ҳадисшиносӣ, 1383ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.111.
  95. Насирӣ, Ҳадисшиносӣ, 1383ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.18.
  96. Маориф, Таърихи умумии ҳадис, 1377ҳ.ш., саҳ.190
  97. Маориф, Таърихи умумии ҳадис, 1377ҳ.ш., саҳ.191.
  98. Насирӣ, Ҳадисшиносӣ, 1383ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.214.
  99. Мудир Шоначӣ, Илм-ул-ҳадис ва дироят-ул-ҳадис, 1378ҳ.ш., саҳ.2 - 3.
  100. Мудир Шоначӣ, Илм-ул-ҳадис ва дироят-ул-ҳадис, 1378ҳ.ш., саҳ.2 - 3.
  101. Саноӣ, Девони Ҳакими Саноии Ғазнавӣ, 1381ҳ.ш., саҳ.245 - 246.
  102. Мавлавӣ, Маснавии маънавӣ, «дафтари шашум, бахши 129».
  103. Саъдӣ, Мавоъиз, «қасоид, қасидаи 1».
  104. «Рӯнамоӣ аз таблуи Ло фато илло Алӣ».
  105. «Он рӯз ки як масеҳӣ ошиқи Алӣ алайҳиссалом шуд».
  106. «Хушнависӣ /Ано мадинатулъилм ва Алиюн бобуҳо».

Ёддошт


Сарчашма

  • Ал-Ғаврӣ, Сайид Абдулмоҷид, Муъҷам-ул-мусталаҳот-ил-ҳадисия, Димишқ, Бейрут, Дору Ибни Касир, чопи аввал, 1428ҳ.қ./2007м.
  • Амин, Муҳсин, Аъён-уш-шиъа, Бейрут, Дорултаъоруф лилматбуъот, 1403ҳ.қ.
  • Атр, Нуриддин, Манҳаҷ-ун-нақд фӣ улум-ил-ҳадис, Димишқ, Дорулфикр, 1418ҳ.қ.
  • Аҳмад Амин, Фаҷр-ул-Ислом ябҳасу ан-ил-ҳаёт-ил-ақлия фи садр-ил-Ислом ила охир-ид-давлат-ил-умавия, Қоҳира, муассисаи Ҳиндовӣ лилтаълими вассақофат, 2012ҳ.қ.
  • Бухорӣ, Муҳаммад ибни Исмоил, Саҳеҳ Бухорӣ, Бейрут, Дорулфикр, 1401ҳ.қ.
  • Диёрии Бидгулӣ, Муҳаммадтақӣ, «Нақд ва баррасии илал ва ангезаҳои манъи нигориши ҳадис», дар пажӯҳишҳои фалсафӣ - каломӣ, шумораи 1, поизи 1378ҳ.ш.
  • Заҳабӣ, Муҳаммад ибни Аҳмад, Тазкират-ул-ҳуффоз, Бейрут, Дорулкутубилъилмия, 1419ҳ.қ.
  • Ибни Абилҳадид, Абдулҳамид ибни Ҳибатуллоҳ, Шарҳи Наҳҷулбалоға, тасҳеҳи Муҳаммад Абулфазл Иброҳим, Қум, мактабат Оятуллоҳил Маръашӣ ал-Наҷафӣ, 1404ҳ.қ.
  • Ибни Шуъбаи Ҳарронӣ, Ҳасан ибни Алӣ, Туҳаф-ул-уқул, Қум, дафтари интишороти исломӣ, 1404ҳ.қ.
  • Кулайнӣ, Муҳаммад ибни Яъқуб, ал-Кофӣ, Теҳрон, Дорулкутубил-исломия, 1407ҳ.қ.
  • Мавлавӣ, Ҷалолиддин Муҳаммад, Маснавии маънавӣ, «дафтари шашум, бахши 129».
  • Маориф, Маҷид, “Баррасии сайри торихии китобати ҳадис дар шиа”, дар маҷаллаи улуми ҳадис, шумораи 37 ва 38, поиз ва зимистони 1384ҳ.ш.
  • Маориф, Маҷид, Таърихи умумии ҳадис бо рӯйкарди таҳлилӣ, Теҳрон, кавир, чопи аввал, 1377ҳ.ш.
  • Маҳдавии Род, Муҳаммадалӣ, “Тадвини ҳадис (1)”, дар нашрияи улуми ҳадис, шумораи 1, 1375ҳ.ш.
  • Маҷлисӣ, Муҳаммадбоқир, Биҳор-ул-анвор-ил-ҷомеъа лидурари ахбор-ил-аиммат-ил-атҳор, Бейрут, Дору эҳёилтуросилъарабӣ, чопи дувум, 1403ҳ.қ.
  • Маъруф ал-Ҳасанӣ, Ҳошим, ал-Мавзуъот фи-л-осори ва-л-ахбор, Бейрут, Дорултаъоруф лилматбуъот, 1987м./1407ҳ.қ.
  • Момқонӣ, Абдуллоҳ, Миқбос-ул-ҳидоят фи илм-ид-дироя, Қум, далели мо, 1385ҳ.ш.
  • Муаддаб, Ризо, Таърихи ҳадис, Қум, маркази байналмилалии тарҷума ва нашри ал-Мустафо, чопи дувум, 1388ҳ.ш.
  • Мудир Шоначӣ, Козим, Илм-ул-ҳадис ва дироят-ул-ҳадис, Қум, дафтари интишороти исломӣ, 1378ҳ.ш.
  • Мудир Шоначӣ, Козим, Илм-ул-ҳадис, Қум, дафтари интишороти исломӣ, чопи шонздаҳум, 1381ҳ.ш.
  • Музаффар, Муҳаммадризо, Усул-ул-фиқҳ, Қум, муассисаи алнашрул-исломӣ алтобеъати лиҷамоъатилмударрисин би Қум, чопи панҷум, 1430ҳ.қ.
  • Муттақии Ҳиндӣ, Алӣ ибни Ҳисомиддин, Канз-ул-уммол, таҳқиқи Бакрӣ Ҳаёнӣ ва Сафва Ассаққо, муассисатуррисолат, 1401ҳ.қ./1981м.
  • Насирӣ, Алӣ, Ҳадисшиносӣ, Қум, Санобул, 1383ҳ.ш.
  • Он рӯз ки як масеҳӣ ошиқи Алӣ алайҳиссалом шуд», дар маҷаллаи Мавъуд, шумораи 94, озари 1387ҳ.ш., баргирифта аз вебгоҳи пойгоҳи итилоърасонии Ҳавза, таърихи боздид: 9 хурдоди 1402ҳ.ш.
  • Охунди Хуросонӣ, Кифоят-ул-усул, Қум, муассисаи Олулбайт, чопи аввал, 1409ҳ.қ.
  • Рафиъии Муҳаммадӣ, Носир, Дарсномаи вазъи ҳадис, Қум, маркази ҷаҳонии улуми исломӣ, 1384ҳ.ш.
  • Рӯнамоӣ аз таблуи Ло фатто илло Алӣ», вебгоҳи хабаргузории садо ва симо, таърихи дарҷи матлаб: 11 шаҳривари 1306, таърихи боздид: 9 хурдоди 1402ҳ.ш.
  • Саноӣ, Маҷдуд ибни Одам, Девони Ҳакими Саноии Ғазнавӣ бар асоси муътабартарин нусхаҳо, гирдоваранда: Парвизи Бобоӣ ва Бадиъуззамон Фурузонфар, Теҳрон, нашри озодмеҳр, чопи аввал, 1381ҳ.ш.
  • Саъдӣ, Муслеҳ ибни Абдуллоҳ, Мавоъиз, «қасоид, қасидаи 1»
  • Субҳонӣ, Ҷаъфар, Усул-ул-ҳадис ва аҳкомуҳ, Бейрут, Дору эҳёилтуросилъарабӣ, бе то.
  • Субҳонӣ, Ҷаъфар, Фарҳанги ақоид ва мазоҳиби исломӣ, Қум, тавҳид, 1378ҳ.ш.
  • Табарӣ, Муҳаммад ибни Ҷарир, Таърих-ул-умами ва-л-мулук, таҳқиқи Иброҳим, Муҳаммад Абулфазл, Бейрут, Дорултурос, чопи дувум, 1387ҳ.қ.
  • Таботабоӣ, Сайидкозим, Муснаднависӣ дар таърихи ҳадис, Қум, маркази интишороти дафтари таблиғоти исломӣ, чопи аввал, 1377ҳ.ш.
  • Фазлӣ, Абдулҳодӣ, Усул-ул-ҳадис, Бейрут, муассисаи Уммулқуро, чопи дувум, 1420ҳ.қ.
  • Хушнависӣ/ано мадинатулъилм ва Алиюн бобуҳо», вебгоҳи ҷаҳоннюз, таърихи дарҷи матлаб: 15 урдибиҳишти 1394ҳ.ш., таърихи боздид: 9 хурдоди 1402ҳ.ш.
  • Ҳусайнӣ, Сайидҷавод, “Паёмадҳои манъи нақли ҳадис”, дар нашрияи фарҳанги Кавсар, Қум, остонаи муқаддаси ҳазрати Маъсума (с), шумораи 75, поизи 1387ҳ.ш.
  • Ҷаннотӣ, Муҳаммадиброҳим, Манобеи иҷтиҳод аз дидгоҳи мазоҳиби исломӣ, Теҳрон, Кайҳон, 1370ҳ.ш.
  • Шавконӣ, Муҳаммад ибни Алӣ, Иршод-ул-фуҳул ило таҳқиқ-ил-ҳақ мин илм-ил-усул, таҳқиқи Аҳмад Аззу Иноя, Димишқ, Дорулкитобилъарабӣ, чопи аввал, 1419ҳ.қ./1999м.
  • Шайх Ансорӣ, Фароид-ул-усул, Қум, маҷмаъулфикрил-Ислом‏, чопи нуҳум, 1428ҳ.қ.
  • Шаҳиди Сонӣ, Зайниддин ибни Алӣ, Шарҳ ал-Бидоя фӣ илм-ил-дироя, бено, бе то.
  • Шаҳиди Сонӣ, Зайнулъобидин бен Алӣ, ал-Бидоя фӣ илм-ил-дироя, таҳқиқи Сайидмуҳаммадризо Ҳусайнии Ҷалолӣ, Қум, интишороти Маҳаллотӣ, чопи аввал, 1421ҳ.қ.
  • Шаҳристонӣ, Сайидалӣ, Манъу тадвин-ил-ҳадис; қироатун фи манҳаҷат-ил-фикр ва усули мадрасатайи-л-ҳадис инда-л-муслимин, Қум, муассисаи ар-Рофид, чопи чаҳорум, 1430ҳ.қ./2009м.
  • Шуштарӣ, Муҳаммадтақӣ, ал-Ахбор-уд-дахила, таълиқи Алиакбари Ғаффорӣ, Теҳрон, мактабатус-Садуқ, 1415ҳ.қ.


Хатои ёдкард: <ref> tags exist for a group named "Ёддошт", but no corresponding <references group="Ёддошт"/> tag was found