Иброҳим (пайғамбар)

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Ҳазрати Иброҳим)
Иброҳим
Минётури партоб кардани Иброҳим (а) дар оташ
Нақш Паёмбар
Зодрӯз қарни 20 пеш аз мелод
Зодгоҳ Бобил
Мадфан Ҳабрун
Маҳалли зиндагӣ Бобил
Лақабҳо
хешу табор
Падар Торух ё Торах
Ҳамсарон
Фарзандон
Тули умр 179 ё 200 сол
Пайғамбарон
‌‌Одам (а) . Нӯҳ (а) . Идрис (а) . Ҳуд (а) . Солеҳ (а) . Иброҳим (а) . Лут (а) . Исмоил (а) . Алясаъ (а) . Зулкифл (а) . Илёс (а) . Юнус (а) . Исҳоқ (а) . Яъқуб (а) . Юсуф (а) . Шуайб (а) . Мусо (а) . Ҳорун (а) . Довуд (а) . Сулаймон (а) . Айюб (а) . Закариё (а) . Яҳё (а) . Исо (а) . Муҳаммад (с)


Ҳазрати Иброҳим машҳур ба Иброҳими халил (ба арабӣ: حضرت ابراهیم), дуюмин пайғамбари улулъазм аст. Иброҳим дар Байн-ун-наҳрайн ба пайғамбарӣ мабъус шуд ва Намруд, ҳокими замони худ ва мардуми он ноҳияро ба оини тавҳид даъват кард. Шумори каме даъвати ӯро пазируфтанд ва чун ӯ аз имон овардани онҳо маъюс шуд, ба Фаластин муҳоҷират кард.

Бино бар оёти Қуръон, қавми бутпарасти Иброҳим, ӯро ба хотири он ки бутҳояшонро шикаста буд, дар оташ андохтанд, аммо оташ ба фармони Худо сард шуд ва Иброҳим аз он солим берун омад.

Исмоил (а) ва Исҳоқ (а) ду фарзанди Иброҳим ва ҷонишинони ӯ ҳастанд. Насаби қавм Банӣ Исроил, ки пайғамбарони зиёде аз онҳо зуҳур кард ва ҳамчунин ҳазрати Марям (а) модари ҳазрати Исо (а), аз тариқи Исҳоқ ба Иброҳим (а) мерасад. Пайғамбари Ислом ҳазрати Муҳаммади Мустафо (с) ҳам ба Исмоил фарзанди дигари ӯ насаб мебарад.

Қуръон, бинои хонаи Каъба ва даъвати мардум ба маносики ҳаҷро ба Иброҳим нисбат дода ва ӯро халилуллоҳ (дӯсти Худо) муаррифӣ кардааст. Тибқи оёти Қуръон, ӯ пас аз имтиҳон шудан бо балоҳо, аз ҷумла забҳи фарзандаш ба фармони Худо, илова бар набувват ба мақоми имомат ҳам ноил шудааст.

Зиндагинома

Вилодат ва вафот

Бештари муҳаққиқон, садаи 20 пеш аз мелодро таърихи вилодати Иброҳим (а) донистаанд ва бархе аз онҳо рақами дақиқтар 1996 қабл аз мелодро зикр кардаанд. Дар китоби ”Ҳаводис-ул-айём” рӯзи таваллуди ӯ, даҳуми муҳаррам навишта шудааст. Бархе муваррихин рӯзи аввали зилҳаҷҷаро рӯзи таваллуди ӯ донистаанд.

Мазори ҳазрати Иброҳим (а) дар шаҳри Алхалили Фаластин

Дар манобеи исломӣ чандин шаҳр ба унвони зодгоҳи Иброҳим (а) зикр шудааст. Ба гуфтаи Таърихи Табарӣ, бархе Бобул ё Кавсо аз ноҳияҳои Саводи Ироқро, ки дар он замони Намруд дар онҳо ҳукумат мекарда, зодгоҳи Иброҳим донистаанд ва бархе дигар ҷои таваллуди ӯро ал-Варкоъ (Урук), ё Ҳаррон баён карда, гуфтаанд баъдан падараш ӯро ба Бобул ё Кавсо бурд. Дар ривояте аз Имом Содиқ (а), «Кавсо» зодгоҳи Иброҳим ва ҷои истиқрори Намруд зикр шудааст. Ибни Батута, ҷаҳонгарди қарни шашуми қамарӣ, аз маҳалле ба номи Бурас мибайни Ҳилла ва Бағдод дар Ироқ ёд карда, ки гуфтаанд зодгоҳи Иброҳим будааст.

Иброҳим (а) 179 ё 200 сол умр кард ва дар Ҳибрун- воқеъ дар Фаластин, ки имрӯза Алхалил номида мешавад, аз дунё рафт.

Падари Иброҳим

Дар бораи номи падари Иброҳим ихтилоф аст. Дар Аҳди атиқ ин ном, Тураҳ навишта шудааст, ки дар манобеи таърихии мусулмонон, Торух, ё Тораҳ зикр шудааст. Дар Қуръон омадааст: «Ва ҳангоме ки Иброҳим ба падараш Озар гуфт..» («وَ إِذْ قالَ إِبْراهِیمُ لِأَبِیهِ آزَرَ»). Бар асоси ин оят бархе аз муффасирони аҳли суннат Озарро падари ҳазрати Иброҳим донистаанд, аммо муффасирони шиа калимаи «аб»-ро дар ин оят ба маънои падар намедонанд. Ба гуфтаи онҳо калимаи «аб» дар арабӣ, илова бар падар, дар хусуси амак, бобо, сарпараст ва монанди инҳо низ ба кор меравад.

Бар асоси гузориши манобеи таърихӣ, дар соле, ки Иброҳим (а) ба дунё омад, ба дастури Намруд ҳар навзодеро, ки ба дунё меомад, сар ба нест мекарданд; чароки ситорашиносон пешбинӣ карда буданд дар ин сол кӯдаке ба дунё меояд, ки бо дини Намруд ва пайравонаш мухолифат карда, бутҳоро мешиканад. Барои ҳамин модари ҳазрати Иброҳим, аз тарси намрудиён, ӯро даруни ғоре дар наздикии хонааш гузошт ва баъд аз понздаҳ моҳ, шабона аз ғор берун овард.

Издивоҷ ва фарзандон

Ҳамсари аввали Иброҳим Сора аст ва Иброҳим (а) бино ба нақли Таврот дар Уркалдониён бо ӯ издивоҷ намуд. Аз Таврот фаҳмида мешавад, ки ӯ хоҳари нотании Иброҳим будааст, аммо мутобиқ бо ривоёти шиа, Сора духтархолаи Иброҳим ва хоҳари Лути пайғамбар (а) будааст. Тибқи яке аз ин ривоёт, Иброҳим (а) дар Кавсо бо ӯ издивоҷ намуд ва ӯ соҳиби моли фаровоне буд, ки пас аз издивоҷи ҳазрати Иброҳим бо ӯ, ба номи Иброҳим (а) даромад ва ҳазрати Иброҳим онҳоро зиёдтар намуд, ба наҳве, ки дар маҳалли зисти ӯ касе ба андоза ӯ молу сарвату ҳашам надошт.

Иброҳим аз Сора фарзанддор намешуд, аз ин рӯ, Сора, канизи худ Ҳоҷарро ба ӯ бахшид ва Иброҳим аз ӯ соҳиби фарзанде ба номи Исмоил шуд. Иброҳим пас аз чанд сол аз Сора ҳам соҳиби фарзанд шуд, ки номи ӯро Исҳоқ гузоштанд. Таваллуди Исҳоқ 5 ё 13 сол баъд аз Исмоил дониста шудааст. Бино ба бархе нақлҳо, ҳангоми таваллуди Исҳоқ, Иброҳим (а) беш аз 100 сол син дошта ва Сора 90 сола будааст ва тибқи нақли дигар Исҳоқ сӣ сол баъд аз Исмоил таваллуд шуд ва Иброҳим (а) дар он замон 120 сол син дошт.

Гуфтаанд Иброҳим (а) пас аз фавти Сора бо ду зани дигар издивоҷ кард, ки аз яке соҳиби 4 писар ва аз дигаре соҳиби 7 писар шуд ва маҷмӯи фарзандони ӯ ба 13 писар расид.

Иброҳим (а) дар Қуръон

Дар Қуръон 69 мартаба аз Иброҳим ёд шудааст. Сурае ҳам ба хотири пардохтан ба достони зиндагии Иброҳим, ба номи ӯ номгузорӣ шудааст. Қуръон дар хусуси Иброҳим аз ҷумла ба набувват ва даъвати ӯ ба тавҳид, имомати ӯ, забҳи фарзанд, муъҷизаи зинда шудани чаҳор паранда пас аз мурдан ва сард шудани оташ пардохтааст.

Набувват, имомат ва халилуллоҳӣ

Дар оёте чанд аз Қуръон, аз набуввати ҳазрати Иброҳим ва даъвати ӯ ба тавҳид сухан омадааст. Ҳамчунин дар ояти 35 сураи Аҳқоф аз пайғамбарони улулъазм ном бурда шудааст, ки тибқи ривоёт, Иброҳим аз ҷумлаи онон ва дуюмин пайғамбари улулъазм пас аз ҳазрати Нӯҳ (а) аст.

Мутобиқ бо ояти 124 сураи Бақара, Худованд ҳазрати Иброҳим (а)-ро пас аз чанд имтиҳон ба мақоми имомат насб кард. Ба назари Аллома Таботабоӣ мақоми имомат дар ин оят ба маънои ҳидояти ботинӣ аст; мақоме, ки расидан ба он, лозимаи бархӯрдорӣ аз камоли вуҷудӣ ва мақоми маънавии вижае аст, ки пас аз муҷоҳидатҳои бисёр ба даст меояд.

Бар асоси оёти Қуръон, Худованд Иброҳимро ба унвони халил (дӯст) баргузидааст. Аз ин рӯ, ба «халилуллоҳ» мулаққаб шудааст. Тибқи ривоёте, ки дар китоби «Илалушшароеъ» нақл шуда, саҷдаи зиёд, рад накардани хостаи дигарон ва дархост накардан аз ғайри Худо, таом додан ва ибодати шаб аз далоили интихоби ӯ ба унвони халил аз сӯи Худо будааст.

Иброҳим, падари пайғамбарон

Тибқи Қуръон, Иброҳим падаркалони шуморе аз пайғамбарони баъд аз худ аст. Фарзанди ӯ Исҳоқ ҷад ва падаркалони Банӣ Исроил аст, ки аз насли ӯ пайғамбароне аз ҷумла Яъқуб, Юсуф, Довуд, Сулаймон, Айюб, Мусо, Ҳорун ва дигар пайғамбарони Банӣ Исроил ба вуҷуд омаданд.

Ҳамчунин насаби ҳазрати Исо (а) аз тариқи модараш Марям (а) ба ҳазрати Яъқуб фарзанди Исҳоқ мерасад. Бино бар ривоёти исломӣ, насаби ҳазрати Муҳаммад (с) ба Исмоил писари дигари Иброҳим (а) мерасад. Ба ҳамин хотир ӯро «абуланбиё», яъне падари пайғамбарон, лақаб додаанд.

Муъҷизаҳо

Тибқи оёти Қуръон, сард шудани оташ ва зинда шудани чаҳор паранда аз муъҷизоти ҳазрати Иброҳим (а) будаанд:

  • Сард шудани оташ: тибқи оёти 57 то 70 сураи Анбиё, ҳазрати Иброҳим, пас аз он ки дид қавмаш аз парастиши бутҳо дастбардор нестанд, бутҳоро шикаст ва ин корро ба бути бузург нисбат доду гуфт: агар бут сухан мегӯяд, аз ӯ бипурсед! Бутпарастон дар муқобили истидлоли ӯ нотавон монданд, аммо аз эътиқоди худ даст набардошта, ӯро ба сабаби шикастани бутҳо дар оташ андохтанд, аммо оташ ба фармони Илоҳӣ бар ӯ сард шуд.
  • Зинда шудани чаҳор паранда: бино ба ояти 260 сураи Бақара, Худованд дар посух ба дархости ҳазрати Иброҳим (а) барои дидани зинда шудани мурдагон, ӯро маъмур намуд, ки чаҳор парандаро забҳ, ва бо ҳам махлут карда, бар болои чанд кӯҳ қарор диҳад. Ӯ ин корро анҷом дода, сипас парандагонро фарохонд. Онҳо зинда шуда, ба сӯи ӯ омаданд.

Ҳиҷрат

Дар ояти 71 сураи Анбиё роҷеъ ба ҳазрати Иброҳим (а) омадааст: «Мо ӯро ҳамроҳи Лут ба сарзамине бурдем, ки дар он барои ҷаҳониён баракат ниҳодаем!». Бархе китобҳои тафсирӣ сарзамини мавриди ишора дар ин оятро Шом, ё Фаластин ва Байтулмуқаддас гуфтаанд. Дар ривояти Имом Содиқ (а) низ Байтулмуқаддас ба унвони мақсади ҳиҷрати Иброҳим (а) муаррифӣ шудааст.

Бинои Каъба

Дар ояти 127 сураи Бақара омадааст, ки ҳазрати Иброҳим бо ёрии фарзандаш Исмоил, Каъбаро бино кард ва бо фармони Худо мардумро ба маносики ҳаҷ даъват кард. Мутобиқи бархе ривоёт, Каъба аввалин бор тавассути ҳазрати Одам (а) сохта шуд ва ҳазрати Иброҳим (а) онро бозсозӣ кард.

Забҳи фарзанд

Навиштори аслӣ: Забеҳуллоҳ

Яке аз имтиҳонҳои илоҳии ҳазрати Иброҳим (а) маъмур шудани ӯ ба забҳи фарзандаш буд. Тибқи гузориши Қуръон, Иброҳим дар хоб дид, ки фарзандашро забҳ мекунад. Ин мавзӯъро бо писараш дар миён гузошт, фарзандаш аз ӯ хост, ки ба фармони Худо амал кунад, аммо ҳангоме, ки Иброҳим, фарзандашро дар қурбонгоҳ хобонд, то забҳ кунад, нидо омад: «Эй Иброҳим, хобатро таҳаққуқ додӣ. Ба ростӣ, мо некӯкоронро ингуна подош медиҳем [ки нияти поку холисашонро ба ҷои амал мепазирем]. Ба яқин ин имтиҳони равшан буд ва мо фарзандатро дар ивази қурбонии азиме [аз забҳ шудан] наҷот додем!».

Қуръон, номи фарзанди Иброҳимро, ки ба забҳи ӯ маъмур шуд, наовардааст. Дар боари он, ҳам байни шиаён ва ҳам байни аҳли суннат, ихтилофи назар вуҷуд дорад. Бархе мегӯянд Исмоил буда ва бархе дигар онро Исҳоқ медонанд. Шайхи Тусӣ муътақид аст аз ривоёти шиа бармеояд, ки Исмоил будааст. Муллосолеҳи Мозандаронӣ дар шарҳи Фуруи кофӣ ин назарро дидгоҳи машҳур байни уламои шиа донистааст. Дар зиёрати ғуфайла‏ (зиёрати махсуси Имом Ҳусайн (а) дар нимаи Раҷаб) низ омадааст :... Салом бар ту, эй вориси Исмоили забеҳуллоҳ!».

Иброҳим (a) дар Аҳдайн

Дар Аҳди атиқ (китоби муқаддаси аҳли китоб), аввал аз ҳазрати Иброҳим бо номи Ибром ёд шудааст, аммо дар боби 17 омадааст: «Аммо инак аҳди Ман бо ту аст ва ту падари умматҳои бисёре хоҳӣ буд ва номи ту баъд аз ин Ибром хонда нашавад, балки номи ту Иброҳим хоҳад буд; зеро ки туро падари умматҳои бисёр гардонидам!».

Бино бар ривояти Аҳди атиқ, Иброҳим ба қабоили оромие, ки аз Ҷазират-ул-араб ба каронаҳои Фуроти шимоли Сурия кӯч карда буданд, насаб мебарад. Тибқи боби 11 «Сифри пайдоиш», Тораҳ, падари Иброҳим, ҳамроҳи Иброҳим, Сора ва Лут аз Уркалдониён ба тарафи Канъон сафар кард ва чун ба Ҳаррон расид, дар он ҷо таваққуф кард ва ҳамон ҷо мурд. Бархе аз ин матлаб натиҷа гирифтаанд, ки зодгоҳи Иброҳими Уркалдониён будааст, бо ин ҳама дар ибтидои боби 12 Ҳаррон, зодгоҳи Иброҳим ва сарзамини падарии ӯ муаррифӣ шудааст.

Тибқи Таврот, Иброҳим то 75-солагӣ дар Ҳаррон монд ва баъд аз он ба амри Худованд аз Ҳаррон ба Канъон рафт ва ҳамсараш Сора, бародарзодааш Лут ва бархе аз мардуми Ҳарронро низ бо худ бурд ва дар он ҷо дар шарқи Байтъил чодар заданд ва ҷое барои забҳ бино карданд. Пас аз он ба хотири вуқуи қаҳтӣ ночор ба Миср кӯч карданд, аммо пас аз чанде аз Миср ба Байтъил бозгаштанд ва баъдан ба Ҳибрун (Алхалил) кӯч карда, дар он ҷо сокин шуданд.

Дар Таврот омадааст, ки Иброҳим ҳангоми вуруд ба Миср, ҳамсари худ Сораро ба унвони хоҳари худ муаррифӣ кард, то худро аз осеби мисриён ба тамаи дастёбӣ ба ҳамсараш дур нигаҳ дорад. Дар натиҷа, Фиръавни Миср, ки мафтуни зебоии ӯ шуда буд, ӯро бемонеъе ба ҳамсарӣ гирифт ва ба хотири ӯ ба Иброҳим некӣ намуд. Аммо Худованд, Фиръавн ва аҳли хонаи ӯро ба хотири он ба балоҳои сахте мубтало намуд. Аллома Таботабоӣ ин бахш аз достони Иброҳим дар Тавротро бо истинод ба муносиб набудани он бо мақоми набувват ва рӯҳи тақво, бо таорузоти дигари Таврот дар достони Иброҳим (а), далеле бар таҳрифи Таврот медонад.

Аҳди атиқ, Исҳоқ (а)-ро фарзанди забеҳи Иброҳим муаррифӣ намудааст. Дар мавориде ҳам забеҳ танҳо фарзанди Иброҳим дониста шудааст. Ҳамчунин дар Таврот омадааст, ки Худованд дар Канъон бо ҳазрати Иброҳим аҳд баст, ки аз Нил то Фуротро ба фарзандони ӯ, ки аз насли Исҳоқ ба вуҷуд меоянд, ато кунад.

Дар Аҳди ҷадид низ аз Иброҳим дар 72 мавзеъ ёд шуда ва насаби Исои Масеҳ (а) аз тариқи Исҳоқ (а) бо 39 восита (Матто, 1: 1 - 7) ё 54 восита (Луқо, 3: 24 - 25) ба ӯ пайванд шудааст. Имони Иброҳим (а) дар Аҳди ҷадид ба унвони олитарин имон ёд шудааст; зеро ғарибона дар Фаластин - ки сарзамини ӯ набуд - ба фармони Худо зист ва фарзанди худро ба қурбонгоҳ бурд.

Такнигорӣ

Китоби «Қаҳрамони тавҳид», шарҳ ва тафсири оёти марбут ба ҳазрати Иброҳим (а) навиштаи Носир Макорими Шерозӣ аз интишороти Мадрасаи Имом Алӣ ибни Абӯтолиб (а), зиндагӣ, андеша ва амалкарди эшонро дар 224 саҳифа тавзеҳ додааст.

Эзоҳ

Сарчашма